Мавзуҳои тоҷикӣ

Маълумоти умумӣ оид ба воситаҳои ҳозиразамони зарбазан

Саволҳои таълимӣ:

  1. Яроқи ядроӣ;
    1. Яроқи кимиёвӣ;
    1. Яроқи биологӣ;
    1. Намудҳои нави яроқҳои ҳозиразамони зарбазан.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с.

Намудҳои яроқи қатли ом ва мухофизат аз онҳо.

Башарият дар таърихи дуру дарози худ бисёр ҷангҳоро аз сар гузаронидааст. Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст, ҷанг ин мусибат аст ба ҷуз харобиҳои маънавӣ, моддӣ ва иқтисодӣ ягон фоидае намеорад. Алалхусус ду ҷанги ҷаҳоние, ки дар қарни гузашта тамоми давлатҳои Европаро фаро гирифта буд, гувоҳи он аст. Бояд қайд кард, ки дар ин ҷангҳои ҷаҳонӣ яроқҳое истифода мешуданд, ки танҳо миқдори муайяни одамонро нест мекарданд, воситаҳои таркандае истифода мешуд, ки танҳо иншоотҳои муайянеро вайрон мекарданд, ё ин ки сӯхторҳои ҳудудии на он қадар даҳшатнок ба амал меомаданд.

Мисол: ШМА 5 ва 9 августи соли 1945 аввалин маротиба яроқи ядроиро ба кор бурданд. Самолётҳои онҳо ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки бомбахои атоми партофтанд. Дар натиҷа зиёда аз 313 ҳазор аҳолӣ ҳалок гардида ва 238 ҳазор одам ярадор шуд.

Соли 1953 дар собиқ ИҶШС низ чунин як бомбаи термоядроӣ мавриди озмоиш қарор дода шуда буд. Он дам аз даҳшати ба амал омадани чунин таркишҳо олимон ба хулосае омаданд, ки ба асал баровардани ин гунна аслиҳаҳои ядроӣ хатари бузургеро ба инсоният пеш меорад. Ин дар мавриде, буд, ки нуқтаҳои мушоҳидавӣ аз маркази таркиш дар масофаи 25 км дуртар ҷойгир буданд. Тавснони таркиш, ки бузург буд, ба харобиҳои зиёд ва хато ба марги одамон оварда расонид. Олими намоён ва физики бузурги рус А.Курчатов, ки ихтирокори асосии он бомбаҳои атомию термоядрои буд, манъи истифодаи чунин яроқро пешниҳод намуд А.Д.Сахаров низ бар ин ақида буд. Бомбаи атомиро асосан соли 1911 олими англис Резерфорд ихтиро кардааст. Ҳанӯз соли 1896 оид ба радиоактивият маълумоти нахустин ба даст оварда шуда буд. Франсуз Беккерал яке аз ихтирокороне буд, ки оид ба радиоактивияти моддаҳои урандор нигоштаҳои аввалинро рӯи чоп оварда буд.

Радиоактивият аз калимаи лотини «Радиус»- нур мебошад. Баъдан соли 1898 Мария Складовская-Кюри ва Пъер-Кюри тадқиқотҳое гузаронда ба хулоса омаданд, ки торий ва полоний афканишоти радиоактивӣ доранд. Дар замони ҳозира бошад, яроқҳои гуногуни маҳви умум истеҳсол шудааст, ки хатари бениҳоят азиме доранд:

Ба ин воситаҳои қатли умум дохил мешаванд:

  1. Яроқи ядрои.
  2. Яроқи кимёвӣ.
  3. Яроқи бактериологӣ.

Яроқи ядроӣ – ин чунин яроқест, ки аз рӯи хусусиятҳои зараровариаш аз ҳама пуриқтидор аст ва таркиши он дар натиҷаи пайдо шудани реаксияи занҷири дохилии элементҳои вазнин ба вуҷуд меояд. Вобаста ба хусусиятҳои таркишиашон яроқи ядроиро дар баландии ҳаво, рӯи замин, зери замин ва зери об метарконанд.

  1. Таркиши атомие, ки дар баландии зиёда аз 30000 м ба амал меояд, таркиши баландӣ меноманд. Ин гуна бомбаи атоми барои несту нобуд сохтани ракетаҳои балластикӣ, байниконтинентӣ, тайёраҳои баландсуръати ҳарбӣ истифода мешаванд.
  2. Таркиши рӯи заминӣ – чунин таркишест, ки дар амали рӯй додани он нурҳои равшании он заминро фаро гирифта, баъди баланд шудани манбаи рӯшноидиҳанда ториктар шуда, ба абри сунъӣ мубаддал гашта бо худ гарду ғуборе ба амал оварда, ба фазо хезонда, шакли замбӯруғро мегирад. Ин абри сунъӣ манбаи заҳролудшавиро ба миён меорад. Чи қадаре, ки қувваи таркиш зиёд бошад, ҳамон қадар ин абри сунъӣ калон шуда, як чоҳи сунъӣ аз сабаби ин таркиш ба амал меояд, ки ба садҳо метр мерасад таркиш барои несту нобуд сохтани ҳайати шахсии душман, техникаи он, лавозимотҳои ҷангӣ, маҳали зисти одамон, иншоотҳои маданию маишӣ; хулласи гап барои нобуд сохтани инфраструктураи маҳал равона шудааст. Бояд қайд кард, ки маҳз чунин намуди таркиш аз ҳама даҳшатовар ба ҳисоб меравад.
  3. Таркиши зери замин – таркишест, ки дар зери замин ба амал меояд. Дар вақти таркиши зеризаминӣ хоктӯдаи бисёре ба баландии чандин километр партофта шуда, дар ҷои таркиш чуқурии калоне ба вуҷуд меояд. Дар вақти таркишҳои зеризаминӣ заминларзаҳои калоне ба амал меоянд.
  4. Таркиши зери обӣ — дар зери об ба амал меояд. Дар вақти рӯй додани таркиши зериобӣ мадду ҷазр, (мавҷ) яъне обхезии азиме ба вуҷуд меояд, ки ҳамаи манбаи заҳролудшавии минтақа ҳисоб мешавад ва барои зарар расонидан ба пойгоҳҳои (базаи) ҳарбӣ – баҳрӣ, истифода мешавад. Омилҳои зарбаи таркиши ядроӣ инҳоянд:
  5. ЗАРБАИ МАВҶНОКИ ТАРКИШ (Ударная волна).
  6. НУРАФКАНИИ ШУЪОДИҲАНДА (Световое излучение).
  7. РАДИАТСИЯИ ГУЗАРАНДА
  8. ИМПУЛСИ ЭЛЕТРОМАГНИТӢ
  9. ЗАҲРОЛУДШИВИИ РАДИОАКТИВӢ

Ҳамаи омилҳои номбаршуда хусусиятҳои зарароварии худро доранд.

ЗАРБАИ МАВҶНОКИ ТАРКИШ (Ударная волна).

Дар вақти ба амал омадани таркиши рӯи заминӣ зарбаи мавҷноки он, ки намуди нимдавраро дорад ба замин ҳаракати параллелӣ дошта бо суръати баланд поён мешавад. Хусусияти асосии зарбаи мавҷноки таркиш ин фишори зиёдатии баланд ба ҳисоб меравад.

Фишори зиёдатӣ (избыточное давление) – ин дигаргунии фишори атмосфера пеш аз самти мавҷнок ва фишори баландтарин дар самти зарбаи мавҷнок ба ҳисоб меравад. Муддати амалиёти фишори зиёдатӣ (Г+) бо сонияҳо чен карда мешавад. Ҳар кадаре, ки зарбаи мавҷноки таркиш бисёртар амал кунад, ҳамон қадар қувваи даҳшатноки он зиёд аст. Зарбаи мавҷнок дар сонияҳои аввал ҷисми одамро фаро гирифта, аз ҳар тараф сахт фишор меорад. Вай хосияти партофтани дошта метавонад. Вай ба одамону ҳайвонот зарари аз ҷиҳати вазниниаш гуногун оварда, биною иншотҳоро вайрон мекунад. Таъсири зараровари он аз маркази таркиш ҳар қадар дур равад, ҳамон қадар сустар мешавад. Ҷароҳатҳое, ки инсон дар натиҷаи таъсири зарбаи таркиш мегирад ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Ҷароҳатҳои ниҳоят вазнин зиёда аз 1кг/см2 — ин намуд ҷароҳатҳо ба ҳалокшавии одамон ва ҳайвонот оварда мерасонанд;
  2. Ҷароҳати вазнин 0,6-0,8кг/см2 (шикастани дасту пой, хунравиҳо аз гӯшу бинӣ, ҷароҳатҳои умумии организм);
  3. Ҷароҳатҳои миёна 0,4-0,6кг/см2 (кар шудани гӯш, контузияи умумӣ,аз ақл бегона шудан);
  4. Ҷароҳатҳои сабук, дар натиҷаи фишори зиёдатии 0,2-0,4кг/см2 (лат хӯрдан, баромадани устухони дасту пой).

Асоси муҳофизати инсон, ин иншоотҳои муҳофизатӣ, паноҳгоҳҳо, тагҳонаҳо ба ҳисоб мераванд. Яке аз хусусиятҳои асосии зарбаи таркиш ин аст, ки ҳангоми ҳаракат кардан, вай дар пеши роҳаш ба масъалаҳои зиёде дучор мегардад ва дар натиҷа зарбаи инъикосӣ ба амал меояд..

НУРАФКАНИИ ШУОЪДИҲАНДА – ин ҷараёни пуриқтидори нурҳоест, ки аз атоми таркиши ядроӣ ба амал меояд ва аз нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх иборат аст. Вай пӯсти бадани одам ва ҳайвоноти муҳофизатнащударо месӯзонад, ба чашмон зарар меоварад, сӯхтори калон ба амал меоварад.

РАДИАТСИЯИ ГУЗАРАНДА – ин ҷараёни гамма – нурҳо ва нейтронҳо мебошад, ки аз минтақаи таркиши ядроӣ дар зарфи якчанд сония ба гирду атроф паҳн мешавад.

Манбаи радиатсияи гузаранда ин реаксияи ядроӣ ва парокандашавии маҳсулоти радиоактивии таркиши ядроӣ буда, асоси он ба ҳисоб меравад. Мӯҳлати ба амал омадани радиатсияи гузаранда 10-15 сонияи таркишро ташкил мекунад. Ин нурафканиҳо метавонанд то 3 км тавассути ҳаво ба гирду атроф паҳн шаванд, яъне, ки ҳангоми таркиши бомбаи атомӣ радиатсияи гузаранда дар сонияҳои аввалин миқдори зиёди одамонро ба ҳалокат мерасонад. Ба ғайр аз ин абри сунъии радиоактивӣ ба баландии ниҳоят азим баромада, ҳаворо заҳролуд мекунад.

ЗАҲРОЛУДШАВИИ РАДИОАКТИВӢ – хусусияти чоруми таркиши ядроӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи таркиши ядроӣ абри сунъии занбӯруғшакл ба амал меояд, ки метавонад на танҳо минтақаи ба таркиш дучоршуда, балки ноҳияҳои дурдастро низ ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад.

ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТ АЗ ЯРОҚИ ЯДРОӢ- дар ҷангҳои ҳозиразамони ракетию ядроӣ усулҳои гуногуни аз яроқи қатли Ом муҳофизат намудани аҳолӣ истифода карда мешаванд. Аз онҳо асосиаш инҳоянд: воситаҳои муҳофизати коллективӣ – иншоотҳои муҳофизатӣ барои паноҳ кардани аҳолӣ истифода намудани воситаҳои муҳофизати фардӣ, тахлияи аҳолӣ. Ғайр аз ин, ҳар кас бояд хусусиятҳои муҳофизатии маҳал ва чизҳои гирду атрофро истифода карда тавонад. Пинҳонгоҳҳо одамонро ҳангоми таркиши ядроӣ аз зарбаи таркиш, тафбоди таркиш, радиатсияи гузаро ва сирояти радиоактивӣ, аз моддаҳои заҳрнок ва воситаҳои бактериологӣ, инчунин аз ҳарорати баланду газҳои зарарнок дар минтақаи сӯхтор бо эътимод муҳофизат мекунад. Паноҳгоҳҳои зидди радиатсия одамонро аз таъсири берунии шӯоъ ва нури шӯоъ, аз чанги радиоактивӣ пурра муҳофизат мекунанд ва таъсири зарбаи таркиши ядроиро суст менамоянд. Онҳоро одатан дар таҳхона ё худ ошёнаи якуми биноҳо ва иншоотҳо метаҷҳизонанд. Ҷарӣ, ҷойҳои кофтагӣ ва хусусан конҳои камбар, чуқур ва каҷу килеб одамонро нағз муҳофизат мекунанд. Теппаҳои ростбаромада, ҷариҳои чуқур, хоктӯдаҳо, ҳавзҳои беоб, деворҳои пасти сангин ва дигар паноҳгоҳҳои табиию сунъӣ, ки соя меафкананд, аз таъсири тафбоди таркиш ва радиатсияи гузаро муҳофизи хуб мебошанд. Чуқуриҳои хурду рӯяк, сой ва ҷуйҳо ҳам ба як андоза хусусиятҳои аз омилҳои зарароварӣ таркиши ядроӣ муҳофизаткунӣ доранд. Агар дар лаҳзаи таркиши ядроӣ берун аз пинҳонгоҳ монед, дар паси деворҳои пасти сангин, дар даруни ҷӯй, чуқурӣ, обдав, дар паси кундаи дарахт, хоктӯдаи роҳҳои мошингарду роҳи оҳан, ба замин бару дароз кашидан лозим аст. Ҳангоми шӯълаваршавии таркиши ядроӣ зуд чашмонро пӯшидан лозим, бо ҳамин онҳоро аз таъсири тафбоди таркиш муҳофизат кардан мумкин аст. Барои он ки ҷойҳои бараҳнаи бадан насӯзад, онҳоро бо ягон хел матоъ пӯшонидан лозим аст. Барои муҳофизат кардан аз дохилшавии моддаҳои радиоактивию заҳрнок ва бактериологӣ воситаҳои муҳофизатии фардӣ пешбинӣ карда шудааст. Онҳоро ба воситаҳои муҳофизатии узвҳои нафаскашӣ ва воситаҳои муҳофизатии пӯст тақсим мекунанд. Пакети фардии зиддикимиёвӣ ва аптечкаи фардӣ (АИ) низ ба ҷумлаи онҳо дохил мешаванд.

Яроқи кимиёвӣ – ин чунин намуди яроқ мебошад, ки асоси онро моддаҳои заҳрнок ташкил дода, ба одамон, ҳайвонот, ҳаво, маҳал ва чизҳои гирду атроф, аз ҷумла хӯрокворӣ ему хошок ва манбаи обро заҳролуд мекунанд.

Таркиби яроқи кимиёвӣ имконият медиҳад, ки моддаҳои заҳррнок дар намуди чакраҳои моеъ ( барои заҳролуд кардани маҳал), дар намуди буғу, дуд( барои захролуд кардани ҳаво) истифода бурда мешавад. Бинобар ин одам ҳангоми аз ҳавои заҳролуд нафас кашидан, ҳангоми ба пусти бадан, либос расидани МЗ ва инчунин ҳангоми хӯрдани хӯрок ё нӯшидани оби заҳрнок заҳролуд мешавад.

Нахустин шуда, чунин моддаҳои пуртаъсири заҳролуд дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон истифода шуда буданд. Дар охири моҳи сентябри соли 1914, Германия конференсияи ГААГАРО (соли 1899 №907) поймол карда, снарядҳои кимиёвиро истифода бурд. Дар вақти ҷанги якуми ҷаҳони фақат Германия зиёда аз 34млн. снарядҳои кимиёвӣ истеҳсол кард. Умуман, ҳамаи он давлатҳое, ки дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок доштанд, зиёда аз 180000 т моддаҳои заҳролуди пуртаъсир (МЗП) тайёр карданд, ки 125000т-и он истифода шуда, зиёда аз 1300 ҳазор одам заҳролуд шуд. Баъди ҷанги 1-уми ҷаҳон дар зери таъсири башарият 17июни соли 1925 дар Женева намояндагони 37-давлати ҷаҳон протоколи манъ кардани истифодаи маводҳои заҳрнок, газҳои буғикунандаро имзо карданд. Аммо ба ғайр аз Иттиҳоди Шӯравӣ ягон давлати дигар эътибор надод (тасдиқ накарданд). Штатҳои Муттаҳидаи Амрико тавассути яроқҳои кимиёвӣ ва бактериологӣ дар бисёр давлатҳои Осиё, хусусан дар Корея ва Ветнам зиёда аз 2млн. одамро заҳролуд карда, 360 ҳазор гектар замини корам, 0.5млн. ҷангалзорҳоро нобуд сохт.

Иқтисодиёти ҳарбии давлатҳои мутараққӣ он қадар моддаҳои тарканда (бомбаҳои атомӣ, термоядроӣ, нейтронӣ) истеҳсол кардааст, ки кураи Заминро 15 маротиба аз нав несту нобуд сохтан мумкин аст.

Моддаҳои заҳрнок аз рӯи хусусияти ба организм таъсир карданашон ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  • асабонию фалаҷкунанда (V- газҳо, зарин, зоман);
  • ба пӯст зараркунанда (иприт, люизит);
  • заҳролудкунандаи умумӣ (кислотаи синен, хлорциан);
  • буғикунанда (фосген, дифосген);
  • рӯҳафтодакунанда (диэтиламиди кислотаҳои лизергенӣ, би-зед); — мутаасиркунанда (си-эс, хлорацетофенон).

АСАБОНИЮ ФАЛАҶКУНАНДА – инҳо моеъҳои беранг буда, дар инсон ва ҳайвон системаи асабро фалаҷ мекунанд. Таъсири онҳо бениҳоят баланд аст. Ҳатто як қатра «заман» агар ба пӯсти инсон расад ба ҳалокат мерасонад. Нишонаҳои якуми таъсири ин моддаҳо танг шудани гавҳараки чашмҳо, нафаскашии вазнин (мушкил), рафтани оби даҳон, ҷудошавии балғам аз органҳои нафаскашӣ, партофтан, арақкунӣ мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо организм фалаҷ шуда, ба ҳалокат мерасад.

МОДДАҲОИ ЗАҲРНОКИ БА ПӮСТ ЗАРАРКУНАНДА (иприт, люизит) – дар натиҷаи ба пӯсти инсон ё ҳайвон чакидан аввало ба варамкунӣ расонда, сипас ҳуҷайраҳоро мекушанд. Дар ҳолати бо хӯрок ба даруни инсон дохил шудан системаи узвҳои дил, нафаскашӣ ва хӯрокҳазмкуниро вайрон мекунад.

МОДДАҲОИ ЗАҲРНОКИ БУҒИКУНАНДА (фосген, дифосген) – дар

вақти нафасгирӣ дар даҳон як ҳиссиёти нофорами ширине пайдо мешавад. Сипас нафаскашӣ тез мешавад, сар чарх мезанад, сулфа пайдо шуда, организми инсон тамоман беҳол мешавад. Дар вақти аз ҷои заҳролудшуда дур шудан, ин ҳиссиётҳо гум мешаванд, аммо пас аз 4-6 соат саломатии инсон метавонад якбора вайрон шавад.

МОДДАҲОИ ЗАҲРОЛУДКУНАНДАИ УМУМӢ (синил, хлорциан) – асосан ба системаи асаб таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи нафаскашии ин заҳрҳо ҳиссиёт баланд шуда, инсон аз ҳама чиз метарсад, гавҳаракҳои чашм калон мешаванд, бесаранҷомӣ, нафаскашӣ мушкил мешавад ва аз нафасгир шудан инсон ба ҳалокат мерасад.

МОДДАҲОИ ЗАҲРНОКИ МУТААСИРКУНАНДА (хлорацетафенон,

Си-Эс, адамсит дифенил, хлорарсин) ба органҳои нафаскашӣ ва чашм таъсири сахт мерасонанд. Нишонаҳои аввали таъсири ин газҳо чунин аст: чашмҳо сурх мешаванд, нисбати равшани тарс пайдо мешавад, узвҳои нафаскашӣ ноором шуда, инсон ба сулфа дучор мешавад, пӯст сурх мешавад. Ин нишонаҳо пас аз 1-3 дақиқаи баъди заҳролудшавӣ пайдо мешаванд.

МОДДАҲОИ ЗАҲРОЛУДКУНАНДАИ РӮҲАФТОДАКУНӢ (Би-Зед)

– асосан ба системаи асаб таъсир менамоянд. Нишонаҳои аввали таъсири ин заҳрҳо васеъшавии гавҳараки чашм ва дилбеҳузуршавӣ мебошад. Ин заҳрҳо дар натиҷаи ба пӯст расидан, бо воситаи хӯрок ба организм дохил шудан ва нафас кашидан, таъсири худро мерасонанд.

Яроқи бактериологӣ- гуфта ҳар гунна аслиҳаи ҷангӣ, асбоб ва ҷиҳозро мегӯянд, ки андарунӣ худ воситаи бактериологӣ дорад.

Душман яроқи бактериологиро барои нобуд кардани одамон, чорво ва зироат ба кор мебаранд. Хусусияти ҷангии яроқи бактериологи ҳамин аст, ки одамон ва ҳайвонотро саросар касал мекунад ва мудати зиёд таъсир мерасонад. Ғояи истифодаи микроорганизмҳои касалиовар ба сифати воситаҳои маҳв дар натиҷае ба вуҷуд омад, ки касалиҳои сирояткунанда ҳама вақт одамонро ба ҳалокат мерасонданд ва эпидемияҳои дар замони ҷангҳо ба вуқӯъ омада, сабаби талафоти калони қӯшунҳо мегардид. Масалан, дар соли 1741 дар ҷанги ишғолгаронаи Мексика ва Перу аз 27 ҳазор солдати Бритониявӣ 20 ҳазор солдат аз касалии табларза ба ҳалокат расиданд. Аз соли 1755 то 1865 дар ҷангҳои Европа зиёда аз 8 миллион одам талаф шуд, ки аз онҳо ҳамагӣ 1.5млн. талафи ҷангӣ ва 6.5млн. одам аз сабаби касалиҳои сироятӣ ба ҳалокат расид. Муваффақиятҳои соҳаи биологияро солҳои авали асри ХХ сар карданд. Соли 1941 дар Ш.М.А. бо мақсади ҳарбӣ барои эҳтимоли истифодаи воситаҳои бактериологӣ хадамоти махсуси ҳарбии илми- тадқиқотӣ, лабораторияҳои калони тадқиқотӣ, лабораторияҳои таҷрибавӣ дар шаҳри Миссисипӣ, корхона оиди истеҳсол ва нигоҳдошти воситаҳои бактериологӣ дар ш. Арканзас, машқгоҳи — машқҳои санҷишӣ дар ш. Юга ташкил шуданд.

Эпидемия— ин дар муддати вақт ва фазо фаъолнок шудани бемориҳои сирояткунандаи одамон.

Эпизотия— паҳншавии яквақтаина ё худ сарораии бемориҳои сирояткунанда миёни як ва ё шумораи бисёри намудҳои ҳайвонот аст. Эпитофитотия— ин паҳнашвии васеъи бемориҳои сирояткунандаи растаниҳо ва сабзавоти хоҷагии қишлоқ дар ҳудуди калон ва дар як вақти муайян аст.

Хусусияти махсуси воситаҳои бактериологӣ ин барангехтани баъзе касалиҳои сирояткунанда аз одами касал ба сиҳат, мебошад.

Барангезандагоне, ки чунин хосият доранд, контагиоз ном доранд.

Барангезандагони касалиҳои сирояткунандаро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: Гурӯҳи якум— контагиозҳои баландсифат, ки сирояти ниҳоят вазнинро ба вуҷуд меоранд; (вабо, нағзаки натуралӣ, тоун, оқсил, тоуни африкои ҳайвонот).

Гурӯҳи дуюм — контагиозҳои, барангезандагони касалиҳои сӯхтанӣ, сап, домана (тиф);

Гурӯҳи сеюм — неконтагиозӣ (бруцеллоз, туляремия ва ғайра) ва таксинҳо.

Ба ақидаи мутахассисони хориҷӣ, ба сифати яроқи бактериологӣ воситаҳоеро истифода мебаранд, ки онҳо касалиҳои сирояткунандаи оммавӣ, ки бо тариқи осон аз организми касал ба сиҳат мегузаранд, дар муҳити берунӣ устувор ҳастанд ва дар тадқиқоти лабораторӣ муайян карданашон хеле мушкил мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *