Мавзуҳои тоҷикӣ

Тартиби истифодабарии воситаҳои ҳифзи инфидорӣ ва дастаҷамъӣ ҳангоми ба муҳити атроф ихроҷ гардидани моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда

Саволҳои таълимӣ

  1. Хатарноки паст – аммиак, оксиди карбон;
  2. Воситаҳои ҳифзи узвҳои нафаскашӣ, чашм, пӯсти рӯй;
  3. Воситаҳои оддии ҳифзи узвҳои нафаскашӣ;
  4. Воситаҳои ҳифзи пӯст;
  5. Тартиби рафтори аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

АММИАК- ин буғи беранг буда, каме бӯи спирти навшотирро дорад, ҳудуди қабулкунии заҳролудшавиаш 0,037 мг/л мебошад. Аммиакро ҳусусан дар истеҳсолоти яхдонбарорӣ ва барои ҳосил намудани ғизоҳои азоти истифода мебаранд. Аммиак дар об хуб ҳал мешавад. Дар консентратсияи баланд аммиак метавонад системаи марказии асабро хароб карда ба рагкаши гирифтор намояд.

Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ узвхои нафас, чашм, рӯй ва тамоми баданро аз таъсири моддаҳои заҳролуди пуртаъсир, чанги радиоактивӣ, яроқи бактериологӣ ва кимиёвӣ ҳимоя мекунад.

Ин воситаҳои муҳофизати ба одамон имкон медиҳад, ки дар маҳали сирояти бемалол гарданд, ва ба наҷоти зарардидагон машғул шаванд. Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ се намуд мешаванд, воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас, воситаҳои ҳифзи пуст ва воситаҳои ҳифзи тиббӣ. Ба воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас пеш аз ҳама ниқоби зиддигазӣ дохил мешавад. Баъдан дар сурати набудани ниқоби зиддигазӣ аҳолӣ бо воситаҳои намуди респиратор ва бини бандҳои докаву пахтагӣ чун воситаи ҳимоявӣ истифода бурда мешавад, ки як миқдор одамро аз моддаҳои заҳролуд ҳимоя мекунад.

Ниқоби зиддигазӣ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд.

  1. Ниқоби зиддигазии ҳавополон ( филткунанда).
  2. Ниқоби зиддигазии дамполон ( изолатсионӣ).

Ниқоби зиддигазии ҳавополон воситаи асосии ҳифзи узвҳои нафаскашӣ аҳолӣ мебошад, вай ҳаворо аз берун гирифта ба воситаи қутии тозакунанда аз моддаҳои заҳролуд тоза намуда баъд ба узвҳои нафас медиҳанд.

Ниқоби зиддигазии дамполон ҳаворо аз берун намеград, балки ба узвҳои нафас ҳавои тозаро медиҳад, ки он ҳаво дар дохили ниқобҳои зиддигазӣ мавҷуд аст.

Имрӯзхо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ниқобҳои зиддигазӣ:

  1. Барои калонсолон: ГП-5, ГП-7, ГП-5М, ГП-7М.
  2. Барои наврасон аз 1,5 сола боло ПДФ-Ш, ПДФ-2Ш ДП.
  3. Барои кудакон аз 1,5 сола хурд: КЗД-4, КЗД-6 истифода мешаванд.

Ниқоби зиддигазӣ аз се қисми асосӣ иборат аст:

  1. қутии тозакунанда;
  2. ниқоби рӯй;
  3. халта барои ниқоб.

1. Қутии тозакунанда дар навбати худ иборат аст:

-аз метали доирашакли сурохидор барои даромад ва баромади ҳаво, -се қабати филтр, қабати якум аз филтри дудтозакунанда, ки он чанг, дуд, туман ва ғайраро ба худ кашида мегиранд. Қабати дуюм ангишти намноки кимиёвӣ (катализатор) дар инҷо буғҳо, моддаҳои заҳролуд, радиатсияро ба худ ҷабида мегирад. Қабати сеюм боз филтри дудтозакунанда, ки заррачаҳои мондаро тоза намуда баъдан ҳавои тоза ба роҳҳои нафас дохил мешавад. 2. Ниқоби рӯй иборат аст: аз чор қисм:

  • резини махсус;
  • ду айнак;
  • сурохии клапандор барои дохил шудани ҳаво; — сурохии клапандор барои баромади ҳаво.

3. Халта иборат аст:

  • тасмаи ба гардангирӣ;
  • тасмаи миёнбанд;
  • аз ду тарф кисаҳо барои ҷой кардани воситаҳои тиббӣ ва қуттии плёнкадор, барои об нагирифтани айнакҳо истифода мешаванд, дар он қоғаз ва плёнкаҳо ҷойгиранд, ки бо қоғаз пок намуда пленкаро мегузаранд, ва айнак об намегирад.

Воситаҳои муҳофизати пуст дар ҷойҳое, ки бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ

олуда шудааст, на танҳо узвҳои нафас балки тамоми баданро муҳофизат кардан лозим аст.

Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ узвхои нафас, чашм, рӯй ва тамоми баданро аз таъсири моддаҳои заҳролуди пуртаъсир, чанги радиоактивӣ, яроқи бактериологӣ ва кимиёвӣ ҳимоя мекунад.

Ин воситаҳои муҳофизати ба одамон имкон медиҳад, ки дар маҳали сирояти бемалол гарданд, ва ба наҷоти зарардидагон машғул шаванд. Воситаҳои ҳифзи инфиродӣ се намуд мешаванд, воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас, воситаҳои ҳифзи пуст ва воситаҳои ҳифзи тиббӣ. Ба воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафас пеш аз ҳама ниқоби зиддигазӣ дохил мешавад. Баъдан дар сурати набудани ниқоби зиддигазӣ аҳолӣ бо воситаҳои намуди респиратор ва бини бандҳои докаву пахтагӣ чун воситаи ҳимоявӣ истифода бурда мешавад, ки як миқдор одамро аз моддаҳои заҳролуд ҳимоя мекунад.

Воситаҳои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ, ки ба он ниқобҳои зиддигазӣ, респираторҳо ва воситаҳои оддитарин – ниқобҳои аз чанг нигоҳдорандаи латтагӣ ва бандинаҳои докаю пахтагин дохил мешавад.

Востиаҳои муҳофизатии пуст ду намуд мешавад:

  1. Воситахои махсуси муҳофизатӣ.
  2. Воситахои муқаррарии муҳофизатӣ.

Воситаҳои махсуси муҳофизатиро аъзоёни гуруҳҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми дар махали ҳодисаи сироятнок амал кардан истифода мебаранд.

Воситаҳои махсуси муҳофизати инҳоянд:

  1. Комбинезони муҳофизати (камзул бо шимаш).
  2. Костюми сабуки муҳофизатӣ Л-1.
  3. Мӯза ва даспушакҳои муҳофизатӣ.
  4. Пешгирак (фартук).

Ин воситаҳои муҳофизатиро аз моддаҳои синтетикӣ обу ҳавоногузар (каучук, қатрони сунъи, сафедаҳо, пластмасса) ва ғайра тайёр мекунанд. Комбинезони муҳофизатӣ, мӯзаю, даспушакҳои резинӣ ва кулоҳро вақти кор дар маҳалле мепушанд, ки сахт заҳролуд шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *