Мавзуҳои тоҷикӣ

Ба худ ва ҳамдигар расонидани ёрии аввалин ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, садама, фалокат ва рафти амалиётҳои ҷангӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Тартиби расонидани ёрии аввалин дар мавриди садама;
    1. Тартиби расонидани ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ;
    1. Тартиби расонидани ёрии аввалин ҳангоми шикастан;
    1. Расонидани ёрии аввални ҳангоми сӯхтан, хомӯш намудани оташи либоси дар бадани одамон сӯхтаистода бо ашёҳои мавҷудбуда.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с. 5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Барои ташкили муҳофизати тиббӣ аҳолӣ дар вақти ҳамла овардан аз тарафи душман бо яроқҳои ҳозиразамони қатли умум, инчунин дар минтақаҳои зарардида аз офатҳои табии, садамаҳои калони истеҳсолӣ ва фалокатҳо дар системаи Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти тиббии мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст. Ин хадамот барои иҷрои вазифаҳои дар назди худ гузошта, ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурӣ ё ноҳияҳои тобеи он ба вуқуъ омада, таъсис дода шудааст.

Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми cap задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табии ва техногенӣ дошта

Ёрии аввалин чораҳои соддатарини фаврӣ мебошад, ки барои наҷот додани ҳаёт ва саломатии зарардидагон ва осебдидагон ҳодисаҳои фалокатовар ва касалиҳои ногаҳони равона карда шудаанд. Ин ёри бевосита дар ҷои ҳодиса то расида омадани ёрии таъҷилии тиббӣ ё ин ки расонидани осебдида ба беморхона расонида мешавад.

Ёрии аввалин саршавии табобат ба ҳисоб меравад, чунки ин амал чунин оқибатҳои вазнинро ба монанди хунравӣ, инкишофи касалиҳои сироятӣ, шикастани узвҳои бадан, (устухонҳо) ва дигар равандҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид менамоянд, пешгирӣ менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ табобати ояндаи касалҳоро ба монанди захм, осебҳо осон мегардонад. Ҳангоми зарари начандон калон ёрии аввалини тиббӣ метавонад зарардидаро аз оқибатҳои вазнини эмин нигоҳ дорад. Лекин ҳангоми зарари ҷиддӣ расонидан (шикасти узвҳои бадан, хунравӣ, зарар дидани узвҳои дарунӣ ва дигарон) ёрии аввалини тиббӣ чорабинии асосии расонидани ёрӣ ба шумор меравад. Ёрии аввалини тиббӣ ҳолати хасостарин ба шумор меравад, лекин дар ягон маврид ёрии пурраи тиббиро иваз карда наметавонад. Ҳангоми расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ягон маврид кушиш накунед, ки осебдидаро ба таври пурра муолиҷа намоед, чунки ин омил кори мутахассисони соҳаи тиб мебошад. Хунравӣ дар натиҷаи гирифтани садама (травма) ва инчунин дар натиҷаи баъзе бемориҳо мушоҳида мешавад. Хунравии давомноку пуршиддат, сироятшавӣ ва беҳолшавӣ сабаби фавтидани бемор мегардад. Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки новобаста аз намуди хунравӣ тавонем ба шахси осебгирифта ёрии аввалини тиббиро расонем. Дар ҳамаи ҳолат мо дорои тасмаи ёзанда (резинаи кашишхуранда) ва бандинаҳои осептики нестем, барои ин мо бояд аз тамоми имкониятҳое, ки дар зери даст дорем истифода барем. Ба ҷои тасма ёзанда, руймолча, миёнбанд (ремент) ё ин ки бандтоб истифода бурда мешавад.

Тартиби бастани бандинаҳое, ки хунравиро манъ мекунанд:

  • бандина аз қабати болои захм ва ё ҷои осебдида баста мешавад, то ки он пурра раги хунгардро фишурда намояд.
  • бандина дар он ҳолат истифода мешавад, ки қисми осебдидаи узви бадан каме бардошта шуда дар зери он ягон намуд матои маҳин (порчаи докагӣ (бинт), либос, руймолча ва ғайраҳо пахш карда шавад. Бандина тариқи чубча ва ё ягон намуд ашёи дигар бандинаро то манъ шудани хунравӣ тоб медиҳанд. Тобҳои бандина бояд, ки ҳамвор буда ба қабати он латапораҳо ворид нашаванд. Қисматҳои канораи бандинаро бо ёрии халқаҳо маҳкам мекунанд. Тарзи дуруст бастани бандина (жгут) бояд, ки хунравиро манъ намояд.
  • бо бандина ҳатман варақаи махсусро ҳамроҳ менамоянд, ки дар он вақти бастани бандина нишон дода мешавад. Бандина ба муҳлати 1,5-2

соат ва ҳангоми фасли хунуки сол на зиёдтан аз 1 соат баста мешавад. Ø дар дигар мавридҳо вақте, ки муҳлати бастани бандина вақти дуру- дарозро талаб мекунанд, зарур аст, ки он баъди вақти муайяншуда кушода шуда ба муҳлати 5-10 дақиқа суст карда шавад. Дар ин маврид ҷой осебдида ба ҷой бандина ба ангуштон фишурда мешавад. Ин амалиётро бояд якачанд маротиба такрор кард, лекин дар ин маврид муҳлати амалиёти гузаронида шуда назар ба пештара 1,5-2 баробар кам карда мешавад. Бандина бояд тарзе баста шавад, ки у намоён бошад. Осебдидае, ки ба e бандина баста шудааст, ҳатман ба беморхона равона карда шавад. Ҳангоми расонидани ёрии аввал ба шахси гирифтори хунравӣ дар ёд бояд дошт, ки ёри харчи тезтар расонида шавад, то ки пеши оқибатҳои номатлуби зайл гирифта шавад.

Намудҳои хунравӣ:

Артериявӣ (шараёнӣ) -ҳангоми осеб дидани рагҳои хунгарди асоси ба амал омада, аз ҷои ҷароҳат берун шудани хуни лоларанг бо суръати баланд, ки ин яке аз ҷароҳатҳои хатарнок ба шумор меравад.

Ёрии аввалин барои манъ намудани ин намуди хунравӣ ҷои осебдида бо бандина аз оринҷ баландтар баста мешавад. Ҳангоме, ки чунин хунравӣ аз дигар қисматҳои бадан рух додаст, бояд ки бо ангуштон ҷои аз ҳама мулоимро ёфта онро, харчӣ сахтар фишор додан лозим.

Венагӣ (вариди) ҳангоми осеб дидани деворҳои вена (варид) хунравӣ ба амал меояд, яъне аз ҷои захм беист хуни сиёҳ чакидан мегирад. Қать намудани хунравӣ тариқи боло бардоштани қисми захмдидаи бадан ва қать кардани он бо ягон бандина (руймолча, бинт) ё бастани ҷойи хунравӣ. Ҳангоми хунравии сахти вариди рагҳои хунгард бо ангуштон пахш карда мешаванд.

Капилярӣ (осеб дидани рагҳои муякии хунгард) — ҳангоми зарар дидани қабатҳои хунгарди хурд пайдо мешавад. Аз ҳама қисмати захмҳо хун мешорад. Дар ин маврид аз бандинаҳои фишурда истифода мебаранд. Дар қисми хунравии узви бадан, руймолчаи тоза, дока (бинт), ё ин ки матои тозаро пахш мекунанд.

Дохилӣ (дохили)-ҳолатҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки хунрави намуди дохилӣ дорад.Баъзан хун аз бадан хориҷ мешавад, баъзан вақт дар дохили бадан мемонад, ки сабаби пайдоиши дард ва беҳушшавӣ мегардад.Хунравии дохили баъзан бе ягон аломати зоҳири ҷараён мегирад.Ҳангоми беҳушшавӣ, шахс ягон захме надошта бошад ҳам, хунравии дохилӣ аз эҳтимол дур нест.

Хунравии зоҳирӣ (беруна)

Дар мавриде, ки ҳангоми муолиҷаи ҷабрдида манбаи хунравӣ аз бадан аён аст (масалан аз захми пуст) хунравии зоҳирӣ номида мешавад. Захми хунравии начандон калон бошад, захмро зери оби равон тоза шуед ва онро бараҳна монед, то ки хушк шавад ва бовари ҳосил намоед, ки хунравӣ қатъ гардида аст.

Захм ҳаҷман калон бошад ва хунравӣ шиддатнок бошад: Бо мақсади қатъ намудани хунравӣ ҷои буридаро бо даст сахт пахш намуда даст ё пойи захмдорро боло бардоред ва захмро бо матои тоза пушида захмбанди кунед.

  • хунравӣ давом кунад ҷароҳатбанди аввалро накушода, такроран ҷароҳатбанди кунед ва ба ангуштҳо эътибор диҳед. Агар ангуштҳо сард шаванд, ҷароҳатбандиро саҳл суст кунед, то ки гардиши хун муътадил гардад.
  • барои духтани захми хунрав ва эмкуни шахси захминро ба шифохона

равон кунед.

Дар мавридҳое, ки дар захми кушоди хунрав ҷисми бегона намудор аст, чорабиниҳои зайлро иҷро намоед.

  • канорҳои захмро ба худи захм фишор наоварда ба якдигар наздик кунед. Захм ва ҷисми бегонаро бо дока ё матои тоза чунон пушонед, ки захм ва ҷисми бегона фишор наоварад. Ба атрофии ҷисми бегона матои маҳин гузошта захмро бандед. Ҷисми бегона ҳаргиз аз дохили захм накашед.

Хунравӣ аз бинӣ

  • шахси ҷабрдидаро хоҳиш намоед, ки шинад ва сарашро ба пеш хам кунад, то ки хун ба гулу наравад. Биниашро бо ангуштонаш фишурад, сарашро ба пеш хам кунад ва бо даҳон нафас кашад ва e дар ҳамин ҳолат дар давоми 10 дақиқа шинад.
  • пас аз қатъ гаштани хунравӣ ба ҷабрдида таъкид кунед, ки дар давоми якчанд соат бо бинни нафас кашад ва биниашро даст нарасонад.

Ҳангоми хунравӣ аз гуш

  • шахси ҷабрдидаро хоҳиш намоед, ки хобад ва сарашро тавре гузорад, ки гуше, ки аз он хун рехта истодааст, дар поён бошад. Ба гуше, ки аз он хун рехта истодааст, бандина гузоред. Ба дохили гуш гузоштани тампон (пахта, дока, латта) мумкин нест.

Ҳангоми хунравӣ аз чаккаи руй — фишурдани раги хунгард пеш аз баногуш дар зери устухони рухсора сурат мегирад.

Ҳангоми хунравӣ аз рухсора — рагҳои хунгардро бояд аз канори чоғи поёни фишурдан лозим аст.

Ҳангоми хунравӣ аз руй, забон, қисми муйдори cap— раги хунгарди хоб бояд ба сутунмуҳраи гардан аз қисми пеши мушаки қафаси сина ва обхураки пистонмонанди қисмати миёна фишурда шаванд.

Ҳангоми хунравӣ аз банди даст ва ҷои қатъшавии бозу — раги хунгарди банди дастро аз қабати дохилии мушаки дусараи китф (бицепс) ба устухони китф мебанданд:

Ҳангоми хунравӣ аз соқи пой — фишурдашавӣ аз қабати горизонтали устухони зери ноф дар нуқтае, ки аз қабати поёнии зери ноф ҷойгир шудааст, пахш карда мешавад.

Барои манъ намудани хунравӣ панҷаҳо ва ангуштон кам истифода мешавад. Ин амал танҳо дар ҳолатҳои расонидани ёрии аввалини таббӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҳама тарзи мақбули (қабул) манъ намудани хунравии сахт дар қабатҳои болои ва поёни канорҳои бадан ин бастани бандинаҳо пеши роҳи хунравиро мегирифта истифода бурдан аз манфиат холи нест.

Баромадани устухон

Ин беҷошавии қисман ва ё пурраи қисмҳои устохонҳои узви бадани инсон мебошад, ки моҳияти соишхурданро вайрон мекунад.

Аломатҳои баромадани устухон:

-пайдо шудани дарди бетоқат (ҷонкоҳ) дар майдони узвҳои осебдида.

-вайрон шудани функсияҳои майдони соиш.

Дар ин мавридҳо зарардида ҳаракати озод карда наметавонад ва узвҳои осебдида шакли аввалияи худро гум мекунанд.

-ҷойивазкунии гарданаки устухон ва гум кардани моҳияти ҳаракат кардани устухони узвҳои бадан.

Баромадани устухони узвҳои бадан ёрии аввалини тиббиро талаб мекунанд. Сари вақт расонидани ёриии тиббӣ ҳангоми баромадани устухон ва табобати дурусти он метавонад осеби расонидашударо пурра шифо дихад.

Ёрии аввалин — аз муайян намудани майдони осебдида, додани маводҳо ва доруҳои дардро пасткунанда, инчунин осебдидаро ба муассисаҳои табобати равона сохтан иборат мебошад.

Ҷои шикасташударо бо бандина ва ё бо маводҳои зеридасти бастан лозим аст. Ҳангоми расонидани ёрии аввалини тибби дар холатхое, ки маълум кардани чои шикастани узвхои бадан номаълум мемонад, дар ин маврид тарзе рафтор кардан зарур аст, ки гуё устухон баромадаги нею шикастаги бошад. Дар ин маврид рафтори шахе ёрии аввалини тибби расонидашуда нисбатан дуруст мебошад.

Шикасти устухон Вайроншавии устухони бутунро шикаст меноманд.

Шикасти устухон 2 намуд мешавад: шикасти ноаён ва шикасти айён, -шикасти ноаён, яъне устухон шикастаасту аммо пуст осеб надидааст. Ёрии аввалин дар чунин ҳолат, таъмин намудани беҳаракатии ҷойи шикаст мебошад. Бо ин мақсад шинаҳоро ё ин ки аз фанери стандарта, сим ё дигар лавозимотҳои зеридасти тайёр кардан мумкин аст ва тавре гузоред, ки ақалан беҳаракатии ду буғумро аз самти боло ва поёнии ҷой шикаста таъмин намояд.

  • шикасти айён, яъне устухон шикаста пустро кушодааст. Ёрии аввалин: дар мавриде, ки захми кушоди хунрав бо шикасти устухон якҷоя аст, захм ва устухони намудро бо дока ё дигар матои тоза пушонед. Бо ёрии бандина (жгут) хунравиро манъ намоед, бандина ба болои як қабат матоъ баста мешавад ва он набояд суст ё сахт баста шавад.

Беҳолшавӣ (шок) сабабҳои беҳолшавӣ (шок) ин зарбаи ногаҳони аз неруи барқ, талафи миқдори зиёди моъеи дохили бадан, реаксияҳои аллергиявӣ, ваҳму харос ва таре мебошад.

Намудҳои беҳолшавӣ:

  • ранги пусташ мепарад, пардаҳои луоби баданаш хокистаранг мешавад;
  • ҳарорати баданаш паст мешавад, пусташ хунук ва намнок мешавад;
  • нафаскашиаш зуд-зуд ва кутоҳ мегардад;
  • ноором мегардад, ҳамеша ҳамёза мекашад ва гоҳ-гоҳ чуқур нафас мегирад; -ташнагии шадид пайдо мешавад, худро бемадор ҳис мекунад, қай кардан пайдо мешавад;
  • шахсе беҳуш мешавад ва агар ёриии тиббӣ расонида нашавад, метавонад ба ҳалокат рассад.

Ёрии аввалин : ҷабрдидаро тавре хобонед, ки сараш нисбати баданаш поёнтар бошад ва пойҳояшро ба қадри имкон боло бардоред. Пас аз он ки пойҳои ҷабрдидаро боло бардоштед, кушиш намоед, ки онҳоро дар ин ҳолат нигоҳ доред. Бо пурпа ё либос пушонед, то ки гармии баданаш нигоҳ дошта шавад. Ба ҷабрдидае, ки дар ҳолати беҳолшавӣ қарор дорад, додани хурок ва нушокӣ манъ аст.

Нафасдиҳӣ

Агар дил аз кор монда бошаду шахсе нафас накашад, фавран ба нафасдиҳии сунъи шуруъ намоед. Нафасдиҳии сунъи дар тамоми ҳолатҳое, ки нафаси шахси зарардида қатъ мегардад (ғарқшавӣ, таъсири қувваи барқ, заҳролудшавӣ) иҷро карда мешавад.

Вай бо се намуд расонида мешавад:

  1. «Аз даҳон ба даҳон», «аз даҳон ба бинӣ »
  2. Сильвестор (дар ҳолати заҳролудшавӣ )
  3. Шеффер (дар ҳолати заҳролудшавӣ )

Нафасдиҳии сунъи «Аз даҳон ба даҳон» нисбатан сермаҳсул аст. Ба таги китфи зарардида ягон чиз (курта, болишт) гузошта, сарашро ба ақиб мегардонанд. Биниашро бо ангуштҳо маҳкам мекунед, то ки ҳавоӣ пуфкардаистода ба роҳҳои нафас ворид гардад. Даҳонро бо даструймол ё порчаи дока мепушонанд ва бо лабҳо сахт зер карда ҳаво мефиристанд (дар 1 дақиқа 16 маротиба).

  • агар наҷотдиҳанда 1 нафар бошад 2-бор нафас медиҳад ва 15-бор ба болои қафаси сина пахш мекунад.
  • агар наҷотдиҳанда 2 нафар бошанд 1 нафарашон 1-бор нафас медиҳад нафари дигар 5-бор пахш мекунанд.

Дар ин ҳолат шуши шахси зарардида васеъ мегардад, яъне нафасгири ба амал меояд, ҳамон замон махси номустақими дилро иҷро бояд кард.

2. Силвьвестор ном дорад, як ё ду нафар иштирок мекунад. Дар мавриди охирин як нафар нафаскашии сунъи ба вуҷуд орад, дигараш забони зарардидаро медорад, то ,ки вай якбора ба ақиб рафта роҳи нафасро маҳкам накунад. Ба нуги забон дока ё руймолча мепечонанд. Нафари зарардидаро рӯболо мехобонанд ва ба зери шонаҳояш аз либосаш болишт тайёр намуда мегузоранд. Як нафар аз болои сари зарардида ду зонӯ нишаста, аз ду банди дастизарардида аз оринҷ боло медорад. Бо як ду гуфтан, дасти зарардидаро дастони зарардидаро ба паҳлуҳои тан сахт мефишорад.

Дар ин вақт нафасбарорӣ ба амал меояд. Сони бо се чор гуфтан дасти зарардидаро ба тарафи сараш боло кардан ин вақт нафаскаши ба амал меояд. Дастони зарардидаро дар ин ҳолатҳо 2-3 сония нигоҳ доштан даркор аст. Ёридиҳанда бояд ритмики, яъни зудии ҳаракатро аз рӯи нафаси худаш муратаб кунад(дар як дақиқа 10-15 ҳаракат). 3.Шеффер ном дорад ин намуд ҳамон вақт ба кор бурда мешавад, кидастони шахси зарардида маҷруҳ шуда бошанд.Зарардидаро рӯ ба замин хобонда, сарошро яктарафа мекунанд ва дастонашро аз оринҷаш қат карда ба зери рӯяш мегузоранд, ва бохабар бошанд, ки забонаш ба гулуяш наравад. Ёридиҳанда дар болои пойҳои зарардида дузону нишаста, кафи дастонашро ба болои тахтапушти ӯ тавре мегузорад, ки қабурғаҳои пойёнро фаро гирад. Бо як ду гуфтан қафаси синаи зарардидаро пахш мекунем. Дар чунин ҳаракат нафасбарори ба амал меояд. Бо 3-4 гуфтан дастамонро озод мегирем, дар ин ҳолат нафасгири сандуқи сина озод шуда нафас мегирад. Ин намуди нафасдиҳӣ то дами барқарор шудани нафас давом медиҳанд.

Ёрии аввалин ҳангоми сухтан

Сухта — зарарбинии қисми бадан аз таъсири ҳарорати баланди шуъла, аз таъсири омилҳои физикавӣ, кимиёвӣ, буғ, оби ҷeш, қувваи барқ, оташи кушод, маводҳои гармидиҳанда, хуроки гарм, равғани гарм кардашуда, чароғи керосини, дазмол мебошад.

Ба кудакон набояд иҷозат дод, ки ба оташ, воситаҳои гармидиҳанда, чароғ, гугирд ва дастгоҳҳои барқи наздик шаванд.

Сухтан аз оташ, ё оби ҷуш, яке аз сабабҳои паҳншудани захмҳои вазнини кудакони синни ҷавони ба ҳисоб меравад ва аз ин ру онҳо бояд аз робита бо плитаҳои ошхона, оби ҷeш, хуроки гарм ва дарзмол эҳтиёт карда шаванд. Сухта — аксаран боиси захмҳои вазнин гардида, пай он муддати тулони боқӣ мемонад, баъзе ҷароҳатҳои вазнин сабаби марг мегардад.

Аксари ҳодисаҳои сухтаро метавон пешгирӣ кард, эҳтиёти кудак аз сухта: -оташи кушод, гугирд ва сигоретҳо бояд дар ҷои дастнорас гузошта шаванд;

  • плиткаҳо бояд дар ҷои ҳамвор, дар сатҳи баланд ва барои кудакон дастнорас гузошта шаванд;
  • дастаи дегча дар плита бояд ба тарафе тоб дода шавад, ки барои кудакон дастнорас бошад;
  • бензин, керосин, чароғ, гугирд, шамъ, оташгирон, дарзмоли гарм ва сими барқ бояд барои кудакон дастнорас бошад.

Дараҷаи вазнини ҷароҳатро хаҷм ва чуқурии сухта муайян мекунад. Ёрии аввалин — ба қисми сухтаи бадан оби хунук рехта ё зери оби хунук нигоҳ доред, ки ин каме дардро пас мекунад.

Дар шароити хона мо бояд фурацилини обаки ё ин, ки таблеткаи фурацилин ва крахмал дошта бошем. Тарзи тайёр кардани таблетка оби ҷушонидашударо хунук карда бо таблетка омехта карда ба болои ҷой сухта каме резед. Боз метавонем картошкаро пора карда ба болои сухта монед. Луобчаҳои пайдо шударо то кафиданаш нарасед.

Зарарбинӣ аз неруи барқ ба беҳолшавӣ, сухтани бадан ва сабаби марг шуда метавонад. Кудакон ангушт ё дигар асбобро ба розеткаҳои барқ гузошта, метавонанд зарари ҷидди бинанд ва аз ин ру онҳоро бояд бо сарпуши махсус маҳкам кард. Сими барқ бояд барои кудакон дастнорас бошад. Махсусан симҳои луч ниҳоят хатарноканд.

Ёрии аввалин: неруи барқ хануз таъсир карда истода бошад, таъсири неруи барқро қатъ намоед, яъне симро аз васлак кашед ё умуман интиқоли барқро қатъ намоед. Агар интиқоли барқро қатъ карда натавонед ҷабрдидаро аз манъбаи барқ халос кунед;

— ба болои тагпояи тахтагин, бо пойафзоли резини ва калтаги чубин ё маводи ғайриноқил аз бадани ҷабрдида сими барқро дур кунед. — дар ҳолате, ки нафаси ҷабрдида қатъ гардидааст яъне забон дарун рафтааст, забонро бо қошуқи чубин кашида бароред ва нафаси сунъи диҳед.

Бояд гуфт, ки аз он давре, ки инсоният арзи хасти дорад садама, осеб, латхури буд ҳает ва мемонад.

Сабаби садамагири зиёданд ин пеш аз ҳама аз беэҳтиётии худи шахсе, риоя накардани қойдаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо воситаҳои техникӣ, бе назорат гузоштани кудакону наврасон дар кучаю роҳҳо, ҳангоми бозиҳои варзиши ва ғайраҳо.

Ғайр аз ин дар зиндаги боз ҳолатҳои фавқулоддае ба амал меояд, ки сабаби осебҳои гуногун гирифтани ҷабрдидагон мебошад. Мисол: ҳангоми заминларзаҳо, обхезиҳо, таркишҳо, садамаҳои нақлиёти ва истеҳсолӣ.

Ёрии аввалини тиббӣ дар вақти садама ва фалокатҳо «САДАМА» — вазъияти фавқулоддаи хусусияти техногенӣ дошта мебошад, ки бо сабабҳои истехсолӣ, иқтисодӣ, конструктивӣ, технологӣ, истифодабарӣ ё ин, ки дар натиҷаи сар задании таъсири беруна ба амал омада аз кор баромадани таҷҳизотҳо, вайроншавии техникӣ ва иншоот гардидааст.

Садамаи истеҳсоли — ин ногаҳон аз кор мондан ё хароб гаштани процесси истеҳсолӣ дар корхонаи саноатӣ, дар нақлиёт ё дигар корхонаҳои хоҷагии халқ мебошад, ки ба вайроншави ё аз байн рафтани модиёт, шикаст ё марги инсон мерасонад.

Яке аз садамаҳои хусусиятнок, ки оқибатҳои хеле вазнин доранд, ин таркишҳо, сухторҳо, заҳролудшавии боду ҳаво, муҳит, маҳаллҳо, гирду атроф бо моддаҳои заҳролуди пуртаъсир ва радиоактивӣ мебошад. Садамаҳои калони истеҳсолии азим оқибатҳои чиддии зарарнок ба бор меорад, аз ин сабаб барои тез ва бо самар бартараф намудани он, қувва ва таҷҳизоти зиёд зарур аст. Кумаки аввалия ба шахсони зарардида ба зуди бояд расонида шавад, корҳои наҷотдиҳи ва кумак ба осебдидагон аз тарафи сардори мудофиаи гражданӣ ин корхона бояд сурат гирад. Баъдан кумаки тиббии аввалияро ба осебдидагон ҳайати тиббии корхона ва дружинаи санитарии мерасонад ва сипас ба муассисаҳои табобатии системаи тандурусти мерасонад.

Садамаи нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони камтаҷриба ҳангоми бо нақлиёт роҳгардӣ рух медиҳанд.

«Фалокати нақлиётӣ ва истеҳсолӣ» — ин садамаи бузурге мебошад, ки ба инсон хатарнок аст ва боиси ҳисороти зиёд ва марги одамон гардидааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *