Мавзуҳои тоҷикӣ

Номаи фарзанде, ки модарашро гум кардааст

Салом. Салом, ай модари ман. Салом, ай модаре, ки маро танҳо гузаштиву худ ба дуриҳои дур рафтӣ. Модарҷон, ёдат ҳаст вақте ки ман хурд будам ту аз хандаҳои тифлонаи ман меболидӣ? Оё гуфта метавонӣ, ки ман дар тифлиам туро чӣ қадар дӯст медоштам? Агар муҳаббати нисбати ту доштаамро ман рӯи варақ орам ҳазорҳо китоб рӯйи чоп меояд, зеро ту баъди Худо ягонаӣ. Ту ягонаӣ, очаҷон. Чи орзуҳое дар дили хеш мепарваридам…, доимо дар хаёлам давр мезаниву давр мезанӣ, модар. Медонам, ки кӯдакиам дар домони поки ту гузаштааст ва ин туйи, ки дасти маро гирифта по ба по бурди, модарҷон. Афсӯс, ки дилу орзуҳои туро фаҳмида наметавонистам, зеро кӯдаки хурд будам, ба бозиҳои тифлона овора будам, хокбозиву харсаворӣ мекардам ва баъзан вақт туро гӯш намекардам, маро бубахш.

Ёдам омад. Он шабе, ки рафти маро ёд омад. Намедонистам гиребони киро бигирам. Киро ба сӯи худ кашаму киро тела диҳам, аммо дар он лаҳзаҳо тамоман нотавон будам, тавоноиву мадор ҷисми хурдамро тарк карда буданд. Хаёл мекардам, ки тамоми кӯҳу дашту биёбон баробари ман ашк мерезанд, хаёлам сиришки талхи паррандаю чарранда ва хазандаву дарранда ҳама барои модари азизи ман буд. Диди, ки фарзандат барои ту худро ба кадом даре набошад мезад, бидон, ай модари азиз, ки ҷигарбандат бе болу пар монд, меваат ночору ҳайрон дар кӯча фитодаву зери пойи мазлуму золимон аст.

Медонистам,ятим зистан кори осон нест. Ту худ бароям мегуфти, аз рӯзгори худ афсонаҳо мехондӣ. Ёдам омад, вақте суханеро муқаддима мебахшидӣ ашк дар чашмонат ҳалқа мезад, дастони нозанинат меларзиданд. Ман ҳис мекардам, ки ҷаҳон меларзад, мани кучак ба чашмони ту нигариста хобам мебурд. Дар оғӯши ту ғунӯдан орзӯи ҳамешагии ман буд. Оғӯши меҳрборат офтоберо мемонд, ки аз нураш ҳаловат мебурдам. Намедонам боз чӣ гӯям, гиря гулӯгирам мекунад, қалам аз дастам меларзаду ғалтиданист. Ашки чашмонро мегӯӣ?! Маро ҳаргиз гӯш намекунанд, беихтиёр рӯи саҳфаро тар мекунанд. Мисли қатраи борон аз рӯй ба варақ таққос зада меғалтанду худро рӯи калимаи «модар» парешон мекунанд, очаҷони азизам:

Охир, ба гӯши ман нарасад хандаҳои ту,

Охир, ба гӯши ту нарасад нолаҳои ман.

Бедор намешавӣ, ки дар оғӯш гирамат,

Эй модари ҷафокашу бемуттакои ман.

Ба хотири номи поки туст ва поси муҳаббатҳои беподош, ҷашни туст, модар, шоми хотираест руйи хоксори мазори туст. Хумори оғӯши гармат ва дастони нармат гирифтааст. Чӣ кунам, ки ту нестӣ, модар? Ту нестӣ, ту аз ман дуриву дур. Вале бо он ки нестӣ ҳамеша бо манӣ. То он даме, ки дом ҳасту дона, парранда ҳасту лона, замин ҳасту осмон, ситора ҳасту Каҳкашон номи ту, модар, ҷории лаб дар қалби ман хоҳад буд. Ёдат ба хайр модар.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *