Мавзуҳои тоҷикӣ

Роҳбарӣ ва идоракунии МГ

Саволхои таълимӣ:

  1. Принсипхои умумии ташкилёби ва сохтори мудофиаи гражданӣ;
  2. Идоракунӣ ва рохбарии мудофиаи гражданӣ..

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Дукшанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Принсипхои умумии ташкилёби ва сохтори МГ

Асосҳои ташкил ва ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ дар ҶТ дар асоси моддаи 4 – Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» амалӣ карда мешавад.

Ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданӣ дар тамоми қаламрави ҶТ аз рӯи принсипи худудию истеҳсолӣ ва бо назардошти хусусиятҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ташкиллотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданӣ пешакӣ дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷум ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, амалӣ карда мешавад. Ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҶТ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, амалан оғоз ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти ҶТ эълон намудани вазъияти ҳарбӣ дар қаламрави ҶТ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он оғоз меёбад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ.

Масъалаҳо марбут ба роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар ҶТ дар

асоси моддаи 14- и Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» оварда шудаанд.

Рохбарии мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон —

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи гражданиро дар асоси нишондодҳои Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохта, фармондеҳи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби вазирон, роҳбарони идораҳо ва ташкилотхо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вазорату идорахо ва ташкилотхо мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Роҳбарӣ ва идораи МГ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз ҷониби раисони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, ки мутобиқан сардорони МГ-ии вилоятҳо шаҳрҳо ва ноҳияҳо мебошанд, амалӣ карда мешаванд. Сардорони ситодҳо оид ба Ҳолатҳои фавқулода ва МГ вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд, муовини аввали сардорони МГ-ии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарии ҳамарӯза ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави вилоят ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозад.

Ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят,

шаҳр ва ноҳияҳо хизматчиёни ҳарбие аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба вазифа таъин мешаванд, роҳбарӣ менамоянд.

Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо идораҳо ва ташкилотҳо-муовини аввали сардори корхона мебошад.

Роҳбарони вазоратҳо ва ташкилотҳое, ки ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб дониста шудааст ё ин ки дар базаи онҳо хадамоти мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти ҳаёти мамлакат аҳамияти бағоят муҳим дорад, онҳо вазифадоранд, ки дар ҷадвали штати корманди масъул, сармутахасис оид ба мудофиаи гражданӣ дар доираи ҳуқуқҳои сардори шӯъба бо иҷрои вазифаҳои муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дошта бошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *