Мавзуҳои тоҷикӣ

Хадамотҳои мудофиаи гражданӣ

Вазифаҳои онҳо ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда.

Саволҳои таълимӣ:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи

Низомномаи хадамотҳои МГ» аз 3 июни соли 2006 №229;

2.Тартиби таъсис додани хадамотҳои мудофиаи гражданӣ;

  • Роҳбарӣ ва идоракунии хадамотҳои мудофиаи гражданӣ;
  • Вазифаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Дукшанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Хадамотҳои мудофиаи гражданӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» бо Қарори Ҳукумати ҶТ №192 аз 30 апрели соли 2002»Дар бораи таъсис додани комиссияҳо ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ» барои гузаронидани чорабиниҳои муҳандисию техникӣ,тиббӣ ва дигар чорабиниҳои махсуси мудофиаи гражданӣ ва барои омода намудани қувваю воситаҳо, инчунин барои таъмини омодагии ҷузъу томҳо, таъсис дода мешавад.

Хадамотҳо вазифаҳои худро дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти мудофиаи гражданӣ, дар замони осоишта ва замони ҷанг, дар ҳолатҳои таҳдиди ҳуҷуми душман, гузаронидани чорабиниҳои наҷотдиҳию корҳои дигари таъхирнопазир дар манотиқи зарар дида, иҷро менамояд.

Роҳбарии умумии хадамоти мудофиаи граждании ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия – Сардори мудофиаи граждании ноҳия, иҷро карда мешавад.Роҳбарии бевоситаи хадамоти мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо,ташкилотҳо ва идораҳо аз тарафи вазирон, роҳбарони идораю ташкилотҳо, ки дар айни замон сардорони мудофиаи граждании ин вазорату идораҳо ва ташкилот мебошанд, дар заминаи онҳо ин хадомот ташкил карда шудааст, сурат мегирад. Масъулияти омодагии хадамоти мудофиаи гражданӣ ба зимаи роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои зикрёфта вогузошта мешавад.

  1. Хадамоти хабардоркунӣ ва алоқа— дар шабакаҳои телефонии шаҳрӣ таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти хабардоркунӣ ва алоқа- Сармуҳандиси Шабакаҳои телфонии шаҳрӣ мебошад.

Хадамот дар якҷояги бо Кумитаи телевизион ва радиои назди

Ҳукумати ҶТ, мақомоти идораи мудофиаи гражданиро бо алоқа дар замони ҷанг, ташкил намудан ва зери назорат гирифтани истифодабарии техникаи хизматрасонии ғайрисайёрии воситаҳои алоқаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия, инчунин таъмини омодагии доимии воситаҳои алоқа, ташкил намудани таъминоти техники қабул ва интиқоли бонги хабардоркунӣ аз руи дастур, Ситодҳои мудофиаи граждании дахлдорро таъмин менамояд.

  • Хадамоти тиббӣ— Дар дармонгоҳи щаҳри таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти тиббӣ –Сардухтури дармонгоҳи шаҳрӣ мебошад. Хадамоти тиббӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои тиббии мудофиаи гражданӣ, ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳои табобати — эвакуатсионӣ, санитарию беҳдоштӣ ва зидди эпидемиявӣ, ки аз доштани саломатии аҳолӣ, ҳайати шахсии кисмҳои ҳарбӣ ва қисмҳои мудофиаи гражданӣ иборат буда, инчунин аз расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ба зарардидагон, бо мақсади табобати онҳо ва баргардонидани онҳо бо фаъолияти меҳнатӣ, кам намудани миқдори маъюбону фавтидагон пешгирӣ намудани пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сирояткунанда равон шудааст.

3.Хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ — дар Шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳия таъсис дода мешавд. Сардори хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ—Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия мебошад. Хадамот ҷиҳати нигаҳдории ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои терористӣ дар ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, иншоотҳои иқтисодӣ, мавзеъҳои зарардида , роҳҳо ва барои ташкил намудани хадамоти комендантӣ, муқаррар карда шудааст.

  • Хадамоти оташнишонӣ — дар қисмҳои мустақили харбикунонидашудаи Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия таъсис дода мешавад. Сардори мудофиаи гражданӣ хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия мебошад. Вазифаҳои асосии хадомот аз гузаронидани назорат оид ба истифодаи саривақтии чорабиниҳои техникӣ.

Ташкили пешгирии сухтор, ки дар баланд бардоштани устувории зиддисухтории ноҳия, дигар нуқтаҳои аҳолинишин, иншоотҳои иқтисодӣ. Пешгирӣ ва хомӯшкунии сӯхтор вақти гузарониданни корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир дар манбаъҳои зарардида. Дар минтақаҳои аз офати табии ва техногенӣ зарардида. Инчунин дар натиҷаи рух додани садамаҳо ва фалокатҳо иборат мебошад.

  • Хадамоти нақлиётӣ — дар Корхонаи камуналии воҳиди давлатӣ «Автобус» таъсис дода мешавд. Сардори хадамоти нақлиёт- Сардори Корхонаи комуналлии воҳиди давлатии «Автобус» мебошад.

Хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти нақлёти роҳи оҳан ва нақлёти роҳи

ҳавои таъмини ҳамлу нақли масолеҳ барои сохтмони иншоотҳои муҳофизатӣ, ҷобаҷокунӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ бурдан ва овардани одамон аз басти корӣ, ба ҷойи бехавф баровардани молҳои қиматбаҳо, таҷҳизотҳои нодир хӯрока ва дигар ашё, ба минтақаҳои зарардида расонидани қувва ва воситаҳо ҳангоми иҷрои корҳои наҷотдиҳию таъхирнопазир, аз минтақаҳо баровардани аҳолии зарардидаро таъмин ненамояд.

  • Хадамоти роҳ -дар муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти роҳ- Сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия мебошад.

Хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти роҳсозӣ масъалаҳои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияро таъмин менамояд.

  • Хадамоти комунали- техникӣ -Сардори Сарраёсати хоҷагӣ — манзилии коммуналии ноҳия мебошад.

Хадамот ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ чорабиниҳо оид ба устуворгардонии кори шабакаҳои хоҷагии ноҳияро ташкил дода мегузаронад, инчунин барои бартараф намудани садамаҳои шабакаҳои хоҷагии комуналӣ. Рафъи модаҳои заҳрнок ва нест кардани микробҳои сирояткунанда дар манотиқи зарардида, иншоотҳои гуногун, техника ва воситаҳои нақлиёт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

  • Хадамоти муҳандисӣ— дар Шуъбаи сохтумон, нақлиёт ва алоқаи дастгоҳи Раиси ноҳия таъсис дода мешавад.Сардори хадамоти муҳандисӣ- Мудири Шуъбаи сохтмон ва нақлиёт ва алоқаи дастгоҳи Раиси ноҳия мебошад.

Хадамот ҷиҳати ташкил намудан ва зери назорат гирифтани фоидаҳои захиравии иншоотҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта ва замони ҷанг, таҳия ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳои сохтмони босуръати фоидаҳои захиравии иншоотҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта ва замони ҷанг ва омада намудани қисмҳои дахлдори хадамот барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, инчунин таъиноти муҳандисии нерӯҳои мудофиаи гражданӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ ҳангоми ҳаракат ба суйи маҳалҳои зарардида ва иншоотҳои корӣ иборат мебошад. Дар замони осоишта қувваи хадамот барои гузаронидан ва таъмин намудани корҳои муҳандисӣ, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табӣ, садамаҳои ва фалокатҳои калон равона шуда метавонад.

Хадамоти коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос

— дар Маркази назорати давлатии санитарии-эпидемиологии ноҳия таъсис дода мешавад.

Сардори хадамоти коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос — Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарии- эпидемиологии ноҳия мебошад.

Вазифаҳои асосии хадамот ташкил ва гузаронидани коркарди

санитарии шахсоне, ки аз маркази маҳалли зарардида баровардаанд, безараргардонии сару либос ва воситаҳои ҳимояи инфиродии мухофизатӣ иборат мебошад.

  1. Хадамоти савдо ва озуқа — дар Корхонаи хӯроки умумии ноҳия таъсис дода мешавад. Хадамот дар якҷоягӣ бо Иттифоқи Ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони «Тоҷикматлубот» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳо»-и шаҳр ва ноҳия, ҷиҳати таҳия ва амали сохтани чорабиниҳо оид ба ҳифзи захираи озуқа ва молҳои ниёзи мардум, ташкил намудани захираҳои моддии дар паногоҳҳо ва нуқтаҳои идоракунӣ, мардуми эвакуатсияшуда ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳо шахсони дар маҳалҳо зарардида ва шахсони зарардидаи дар отрядҳои ёрии аввали тиббӣ бударо бо маводи озуқа таъмин намудан ва барои таъмини нуқтаҳои махсуси коркарди санитарӣ ва отрядҳо ёрии аввали тиббӣ бо пойафзол ва сару либос фаъолият мекунад.
    1. Хадамоти ҳифзи ҳайвонот— дар Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти ҳифзи ҳайвонот.

Мутахасиси РНДБ (райёсати назорати давлатии бойтори)-и шаҳрӣ мебошад. Хадамот ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори истеҳсолоти кишоварзӣ дар замони осоишта бо гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳайвонот, манбаҳои оби нушокӣ, хуроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар иншооти он амал мекунад. Дар замони ҷанг коркарди ветеренарӣ ва табобати чорвои зарардида, чарогоҳҳо ва маҳсулоти чорводориро анҷом медиҳад.

  1. Хадамоти ҳифзи растаниҳо — дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти ҳифзи растаниҳо — Сардори Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мебошад. Хадамот ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи осоишта бо гузаронидани чорабиниҳо оид ба растаниҳо, наботот ва дигар иншооти он амалӣ мекунад. Дар давраи ҷанг коркарди безараргардонидани заминҳои кишт, дарахтҳо ва растанипарвариро анҷом медиҳанд.
    1. Хадамоти таъмирию техникӣ-дар Ҷамъияти саҳоми кушоди «Авторем» таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти таъмирию техникӣ Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авторем» мебошад. Хадамот техникие, ки барои ниёзи мудофиаи граждани пешбинӣ шудааст, доимо дар ҳолати дуруст омодагӣ нигоҳ дошта барои ташкили таъмири техникае, ки дар вақти гузаронидани чорабининиҳои мудофиаи гражданӣ аз кор баромадааст. Бурда расонидани техникаи аз кор баромада, ба нуқтаҳои ҷамъоварии техникаи харобгашта ва корхонаҳои таъмири техника. Таъмини корхонаҳои таъмири техникӣ ва ҷузъу томҳои хадамот бо қисмҳои эҳтиётӣ мусоидат менамояд.
    1. Хадамоти энергетикӣ — дар Шабакаҳои барқи ноҳия таъсис дода мешавад. Сардори хадамоти энергетикӣ — Сардори Шабакаҳои барқи ноҳия мебошад.

Хадамот устувории кори шабакаҳои энергетикиро дар замони ҷанг таъмин менамояд ва ҷиҳати бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои барқӣ ва хати интиқоли барқ, кори манбаҳои автаномии барқи ва фаъолияти ҷузъу томҳоро ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои зарардида таъмин менамояда. Дар таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пинҳонкунии равшании иншооти иқтисодии ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин иштирок мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *