Мавзуҳои тоҷикӣ

Категорияҳои фалсафа

Қонунҳои объективиро эҳсос кардан, дидан, шунидан мумкин нест. Онҳоро фақат дарк кардан мумкин аст. «Пункти (нуқтаҳои) дарккунӣ» — и қонунҳои объективӣ, «зинаҳои дониши инсонӣ», «зинаҳои маърифат» категорияҳои фалсафӣ мебошанд, ки ба воситаи онҳо дониши ҳақиқии олами материалиро ҳосил мекунанд. Онҳо характери таърихӣ доранд. Бо пайдоиши илму дониш ва фарҳанг ташаккул дода мешаванд. Ташаккулёбии онҳо бо ду роҳ ба амал оварда мешаванд: 1 – бо роҳи абстраксиякунӣ; 2 – бо роҳи ҷамъбасткунии тафаккур.

Абстраксиякунӣ – ҷудо кардани моҳияти муайян ва асосии тарафҳои ҳодиса ва предмет дар тафаккур, ҷамъбаст кардани ҷиҳатҳои умумӣ ва такроршавандаи чизҳо мебошад. Масалан, аз байни ҳазорҳо мавҷудоти ҷангалу боғу токзорҳо одамон дар тафаккур бо ин роҳ категорияи (мафҳуми) «дарахт» — ро абстраксия карда баровардаанд, ки ҳамаи чиҳатҳои куллию умумии онҳоро ифода мекунад, ё ин ки мафҳумҳои «мева», «одам», «ҳайвонот» ва ғайра.

Ҷамъбасткунии тафаккур. Дар тафаккур ҷамъбаст кардани моҳияту чизу ҳодисаҳои гуногун, таҳлил намудани онҳо ва аз онҳо хулосаи умумӣ ва маънавӣ баровардан аст. Масалан, як вақтҳо дар замони тафаккури пасти одамон мафҳумҳои «сахт», «сиёҳ», «мудаввар», «гарм», «барф» ва ғайраҳоро ҷамъбаст карда, ифода карда наметавонистанд. Бинобар ин онҳо маҷбур буданд, ки «сахт» — ро монанди санг, «сиёҳ» — ро монанди шаб, «мудаввар» — ро монанди моҳ, «гарм» — ро монанди офтоб, «барф» — ро сафедии аз осмон рехта истода гуянд.

Категорияҳои фалсафиро бо се роҳ ташаккул дода, мукаммалтар карда мешавад: 1 – бо роҳи истифода бурдани мафҳуму категорияҳои куҳнаи мавҷуда; 2 – бо роҳи пурра такмил додани мафҳуму категорияҳои нав; 3 – бо роҳи аз нав кор карда баромадани категория ва мафҳумҳои нави илмии замонавӣ.

Аввалин мутафаккире, ки ба проблемаи тадқиқи категорияҳо аҳамият дода буд Афлотун буд, ки 5 – тои онҳоро муайян карда буд: мавҷудият, ҳаракат, оромӣ, айният, моҳият. Баъдтар Арасту ба масъалаи категорияҳо рисолаи махсус «категорияҳо» — ро бахшида, 10 – категорияҳоро муайян кард: миқдор, сифат, моҳият, вақт, фазо, тасарруф ва ғайраҳо. Ба ташаккули категорияҳои фалсафӣ файласуфи немис И. Кант низ машғул шуда, ба системаи муайян даровардани онҳоро мақсад монда буд, аммо вай аз доираи системаи Арасту баромада натавонист, фақат 12 – тои онро нишон дод. Дар ин бора хизмати Гегел калон аст. Вай қариб ҳамаи категорияҳои фалсафии замонашро дар асоси идеалистӣ ба тартиб даровард, ки аҳамияти калони Амалию назариявӣ доштанд.

Категорияҳои фалсафӣ аз категорияҳои илмҳои дигар фарқи калон доранд. Онҳо нисбат ба мафҳумҳои фанҳои махсус абстраксияҳои куллитару олитар мебошанд. Масалан, аз иқтисоди сиёсӣ – мол, пул, сармоя ва ғайра, аз биология – ҳаёт, намуд, насл, афзоиш, тағйирот ва ғайра, аз тиб – саломатӣ, беморӣ, этимология, симптом ва ғайраҳо.

Қатегорияҳои фалсафиро аз руи ҳаҷм, таъсир ва моҳияташон ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: категорияҳои умумӣ, универсалӣ, ба монанди ҳастӣ, нестӣ, материя, ҳаракат, фазо, вақт, сабаб, шуур ва ғайраҳо; категорияҳои тоқа, алоҳида, ба монанди кулл, махсус, фард, система, элемент, том, ҷузъ ва ғайраҳо; категорияҳои ҷуфт, ба монанди шакл ва мазмун, моҳият ва зуҳурот, зуҳурот ва тасодуф, имконият ва воқеият, сабаб ва оқибат ва ғайраҳо.

Баъзе катигорияҳо мазмунан характери қонунро доранд. Масалан, мафҳуми сабаб аз ҷиҳати моҳият ва мазмунаш ба ҳуқуқи қонун моли каст. Он нуқта ки ҳамаи ҳодисаҳои олам сабабгоре доранд, бесабаб намешаванд, қонуни сабабиятро ифода мекунад. Файласуфҳое, ки ин қонунро эътироф карда, амали онро дар тамоми ҳодисаҳо ҷорӣ медонанд детерминист (аз калимаи лотинии determinare – муайян кардан) номида мешаванд. Файласуфҳое, ки қонуни сабабиятро инкор мекунанд – идетерминист ном доранд. Қонуни сабабият шарҳи табиии ҳамаи ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро талаб карда, имконият бо ёрии қувваҳои фавқуттабиӣ эзоҳ додани онҳоро рад менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *