Месяц: Август 2017

  • Калимаҳои аслан тоҷикӣ ва иқтибосӣ

    Чунон ки  маълум аст, мувофиқи барномаи солҳои охир идомаи боби «Калима (луғат)» дар синфи VII  таҳти унвони «Калима ва фразеология (таъбирҳо)»* зимни 14 соат таълим дода мешавад, ки бо истифода аз ин миқдори соатҳо ба хонандагон дар бораи калимаҳои аслан тоҷикӣ, иқтибосӣ, калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ (касбӣ), таърихи  баромад (этимология)-и…

    Муфассалтар »
  • Антонимҳо

    Таълими ин мавзӯъ нисбат  ба таълими мавзӯи «Омонимҳо» ва ҳатто дар муқоиса  ба таълими  мавзӯи «Синонимҳо»  на он қадар  душвор аст. Зеро дар  нутқи аксари хонандагон  нисбат ба синониму омонимҳо калимаҳои антонимӣ бештар мавриди истифода мебошанд.  Масалан,  мушоҳидаҳо собит менамояд, ки ҳар доим хонандагон дар нутқашон калимаҳои антонимии калон- хурд,…

    Муфассалтар »
  • Синонимҳо

    Таълими ин  мавзӯъ, ба шарте ки дар заминаи мисолҳои барҷаставу маълумоти  мушаххаси назариявӣ ва иҷрои супоришҳои системанок  ба роҳ монда шавад, аз ҷумлаи яке аз мавзӯҳои шавқовар ба шумор хоҳад рафт. Барои ин, то ин ки дар рафти таълими мавзӯи мазкур шавқу рағбати  хонандагон    ба вуҷуд оварда шавад,  аз методу…

    Муфассалтар »
  • Калимаҳои сермаъно

    Таълими  калимаҳои сермаъно хонандагонро бо паҳлӯҳои дигар, вале муҳими лексикаи забони тоҷикӣ шинос намуда, донишу малакаи онҳоро марбут ба тобишҳои маъноии як силсила калимаҳо, ки дар илми забоншиносӣ  бо истилоҳи сермаъноии калимаҳо ном мебаранд, афзун хоҳад кард. То ин  ки дар қиёс бо дигар ҳодисаҳои лексикӣ силсилаи махсуси луғавии забон…

    Муфассалтар »
  • Маънои аслӣ ва маҷозии калима

    Дар дарси навбатӣ, ки ба  мавзӯи «Маънои аслӣ ва маҷозии калима» бахшида мешавад, дар  маҷмӯъ низ донишу тасаввуроти хонандагон  марбут ба маънои луғавии калимаҳо афзун гардонида мешавад. Зимни ин дарс бояд хонандагон амалан дарк намоянд,ки як силсила калимаҳои дорои маънои луғавӣ буда ба ҷуз маънои ҳақиқиро ифода намудан, дар ҷумла…

    Муфассалтар »
  • Калима ва маънои луғавии он

    Мувофиқи тартиби баррасии мавзӯъҳои барномаи синфи V марбут ба ин қисмати забон – «Калима» (луғат) дар аввал ба хонандагон дар бораи калима  ва маънои луғавӣ (лексикӣ)-и он маълумот додан талаб карда мешавад. Дар ин дарс додани маълумот дар бораи таърихи мафҳум ва ё истилоҳи калима, фарқи он аз овоз, луғат…

    Муфассалтар »
  • Таҳлили фонетикӣ

    Самаранок ташкил намудани таҳлили фонетикӣ  ва дар ин амал дар хонандагон тарбия намудани маҳорату малака аз ҷумлаи яке аз усулҳои натиҷабахш ва мустаҳкам намудани донишҳои фонетикии онҳо дониста мешавад. Албатта, гузаронидани ҳар як навъи таҳлил, марбут ба ин ё он ҳодисаи забон система ё худ низоми худро доро мебошад, ки…

    Муфассалтар »
  • Баъзе мулоҳизаҳо доир ба масъалаҳои асосии таълими фонетика

    1.Дар дарси аввал ба хонандагон доир ба асли баромад ва маънои луғавии истилоҳи фонетика,  таърифи он, дастгоҳи гуфтор, яъне узвҳои нутқ ва вазифаҳои онҳо дар ҳосил шудани овозҳо ва (агар синф пурқувват бошад) доир ба мафҳуми овоз ва ҳарф маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, фаҳмондан лозим аст, ки фонетика аз…

    Муфассалтар »
  • Вазифа ва мақсади таълими фонетика

    Чунон ки маълум аст, фонетика илмест, ки овозҳои нутқ ва ё системаи овозии забонро меомӯзад. Ин фан дар мактаб, аввал, ҳамчун фасли махсус, омӯхта шуда, сипас, дар рафти таълими морфология ва синтаксис ҷузъиёти он давра ба давра такрор ва мустаҳкам карда мешавад. Ҳаҷман маводи назариявии ин қисмати забон дар муқоиса…

    Муфассалтар »
  • Намунаи дарсҳо (план -конспекти намунавии дарсҳо)

    Акнун, то ки масъалаи хел, сохту лаҳзаҳои дарс ва дар заминаи ҳар як лаҳзаи дарс вобаста ба хели он (дарс) чиҳо дар мадди назар буданаш аз тарафи муаллими ҷавону оянда дақиқтар тасаввур карда шавад, дар зер намунаи нақша (ё худ план-конспект) -и се хели асосии дарс: дарси додани дониши нав,…

    Муфассалтар »
  • Пурсиши хонандагон аз забони тоҷикӣ

    Пурсиши хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикӣ низ аз лаҳзаҳои муҳим ба шумор меравад. Он ҳам мисли санҷиши вазифаи хонагӣ (санҷиши натиҷаи машқу супоришҳои хаттии додашуда) воситаи  ҳам санҷиши дараҷаи дониши назариявию шифоҳии хонандагон ва ҳам воситаи мустаҳкам намудани ҳамон донишҳои дар дарси гузашта омӯхтаи онҳо ба шумор меравад. Пурсиш, инчунин,…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи хонагӣ аз забони тоҷикӣ

    Яке аз муваффақиятҳои ҷараёни таълим дар кори доимии омӯзгорон ба он ҳам вобаста аст, ки агар онҳо ба лаҳзаи супориши вазифаи хонагӣ ҳам эътибори ҷиддӣ диҳанд. Чунки дар ҷараёни таълим вазифаи хонагӣ яке аз қисматҳои муҳими таълими забони модарӣ маҳсуб меёбад.[1] Аз ин рӯ, методистон яке аз сабабҳои паст будани…

    Муфассалтар »
  • Дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон

    Ин навъи дарс, гарчи хели сеюми дарсҳои забони тоҷикӣ ҳисоб ёбад ҳам, ҳама вақт пас аз дарси такрори боби калон (ё чанд боби хурд), дар охири чорякҳо, пас аз такрори аввали сол ва такрори  солона (пас аз такрори пурраи фаслу бобҳои дар давоми соли хониш таълим додашуда), яъне дар охири…

    Муфассалтар »
  • Дарси мустаҳкам намудани дониш ва малакаи хонандагон

    Дар таълими забони тоҷикӣ ин хели дарс, яъне дарси мустаҳкам намудани дониши хонандагон, аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки маҳз тавассути самаранок ташкил намудани он дониши дар рафти баёни мавзӯи нав гирифтаи онҳо тадриҷан мустаҳкам гардида, оқибат, аз маҳорат ба малака табдил меёбад. Барои ҳамин ҳам, онро дарси мустаҳкам…

    Муфассалтар »
  • Баёни мавзӯи нав

    Баёни мавзӯи нав лаҳзаи асосӣ ва муҳими дарси додани дониши нав (ё худ дарси донишдиҳанда) аст, ки дар ҷараёни он ба хонандагон доир ба грамматика (морфология ва синтаксис), орфография ва аломатҳои китобат, фонетика, лексика, услубҳои нутқ ва ғайра маълумот дода мешавад. Вале омӯхтани маводи нав аз ин қисматҳои назариявии забони…

    Муфассалтар »
  • Сохту лаҳзаҳои дарсҳои забони тоҷикӣ

    Сохту лаҳзаҳои дарс ва тартиби ҷобаҷогузории лаҳзаҳои дарс ба ин ду масъала-мақсади дарс  ва  хусусияти мавзӯи дарс вобаста аст. Аз ин рӯ, агар муаллим мақсади ҳар як дарс ва хусусияти мавзӯъ ва ё маводи онро ба назар гирад, тарз ё усули ташкил ва гузаронидани онро ҳам дуруст муайян мекунад. Бояд…

    Муфассалтар »
  • Хелҳо (типҳо)-и дарси забони тоҷикӣ

    Шаклҳои кор ё худ системаи машғулиятҳо дар мактаб доир ба ҳар як фанни таълимӣ, аз ҷумла марбут ба таълими забони тоҷикӣ ба навъҳои зерин ҷудо карда мешаванд: а) машғулиятҳои синфӣ, ки дар шакли дарс гузаронида мешаванд; б) машғулиятҳои факултативӣ, ки махсус, вале бо шумораи на камтар аз 11-12 нафар хонандагоне,…

    Муфассалтар »
  • Истифодаи воситаҳои техникӣ

    Истифодаи воситаҳои техникӣ – магнитофон, радио, телевизор, филмҳои таълимӣ, кодоскоп, эпидиоскоп, патифон, диафилмҳо ва компютер дар дарсҳои забони тоҷикӣ мисли аёнияти графикии таълим (таблитса ва схемаҳои гуногун) нақши муҳимеро доро буда, барои аёнӣ ва ҳам шавқовар ташкил намудани машғулиятҳо имкониятҳои хубро фароҳам оварда, дар баланд бардоштани фаъолияти забономӯзии хонандагон, ба…

    Муфассалтар »
  • Истифодаи варақчаҳо (карточкаҳо)

    Ба ҷуз аз машқҳои дар китоби дарсӣ буда дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз варақчаҳо ё худ карточкаҳо ҳам самаранок, вале ба маврид истифода бурдан мумкин аст. Яъне тавассути истифода аз варақчаҳо мазмуну мундариҷаи маводи ҳар як параграфи ба мавзӯи дарс дахлдор васеътар фаро гирифта шуда, ҳамзамон,  донишҳои назариявии хонандагон амалан…

    Муфассалтар »
  • Методикаи кор бо китоби дарсӣ

    Методи кор бо китоби дарсӣ ё худ исифодаи китоби дарсиро ба хонандагон омӯзонидан, умуман, яке аз вазифаҳои аввалини омӯзгорон, алалхусус, вазифаи муаллими забони тоҷикӣ ҳам ба шумор меравад. Ин нукта ҳар доим дар баромаҳои таълими забони тоҷикӣ низ таъкид ёфта меистад. Аз ҷумла, дар «Макуби эзоҳӣ»-и барномаи соли 1973 чунин…

    Муфассалтар »
  • Интихоби матн барои таҳлили грамматикӣ

    Барои таҳлили грамматикӣ калима, ибора, ҷумлаҳои ҷудогона ва матни алоқаманд, ки аз якчанд ҷумла иборат бошад, интихоб карда мешавад. Ҳар як мисоле, ки барои таҳлили грамматикӣ интихоб карда мешавад, бояд аз ҳар ҷиҳат — ҳам аз ҷиҳати маънову мазмун, ҳам мавзӯъ, ҳам услуб ва ҳам аз ҷиҳати методӣ санҷида шавад.…

    Муфассалтар »
  • Методи таҳлили  забон

    Дар заминаи истифода аз ин  метод ҳама вақт  ин ё он ҳодисаи забон чи дар  алоҳидагӣ ва чи дар таркиби ибора ё ҷумла ва чи  дар матн  мавриди муҳокима қарор мегирад. Бояд донист, ки дар рафти чи истифода аз усули мушоҳида  ва чи усули таҳлил ҳодисаҳои гуногуни забон муайян ва…

    Муфассалтар »
  • Методи таҳлили забон

    Дар заминаи истифода аз ин метод ҳама вақт ин ё он ҳодисаи забон чи дар алоҳидагӣ ва чи дар таркиби ибора ё ҷумла ва чи дар матн мавриди муҳокима қарор мегирад. Бояд донист, ки дар рафти чи истифода аз усули мушоҳида ва чи усули таҳлил ҳодисаҳои гуногуни забон муайян ва…

    Муфассалтар »
  • Усули муқоиса дар таълими забони тоҷикӣ

    Муқоиса ё худ муқоисакунӣ яке аз усулҳои (приёмҳо) — и таълим ва ҳам амалиёти фикрӣ ба шумор меравад.[1] Ба фикри акад. А.В. Текучев, «Муқоиса ва муқоисакунӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини дарк намудани, умуман ҳақиқату воқеият, аз ҷумла, дар омӯзиши забон ҳам дониста мешавад.»[2] Ба ифодаи дигар, муқоисаи ҳодисаҳои лексикӣ, фонетикӣ,…

    Муфассалтар »
  • Методи сӯҳбат

    Сӯҳбат, ё ки саволу ҷавоб, яке аз методҳоест, ки дар дарсҳои забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин методи таълим дар ҳамаи типҳо(хелҳо) — и дарс – ҳам дар дарси додани дониши нав (дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав), ҳам дарси мустаҳкам намудани дониш (марбут ба як дарси гузашта)…

    Муфассалтар »
  • Методи нақли муаллим

    Методи нақли муаллим ё сухани ӯ барои баёни мавзӯи нав, ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои хонандагон ва дар дарсҳои ба ном такрори умумии маводи гузашта доир ба як боби калон ё чанд бобу фасли хурд ва дар дарсҳои такрори аввали сол ва солона (дар охири соли таҳсил) зарурат дорад. Дар…

    Муфассалтар »
  • Барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ

    Барномаи забони тоҷикӣ чун ҳамаи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳуҷҷати давлатӣ ба ҳисоб рафта, пурра таълим додани маводи дар он нишондодашуда ва қатъӣ риоя намудани талаботи он, пеш аз ҳама, ба ҳар як омӯзгори ин фан шарт ва ҳатмист, ҳатто дар чунин ҳолатҳо ҳам: а) агар ба ягон мавзӯи…

    Муфассалтар »
  • Аз таърихи методикаи таълими забони тоҷикӣ

    Ҳар як омӯзгори забони тоҷикиро лозим аст, ки бо назарияи таълими забони модарӣ шиносоии амиқ дошта бошад. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, барои ӯ донистани мероси методии гузаштагон марбут ба вазъи ҷараёни пайдоиш ва таҳаввулоти методу усулҳои таълими забони тоҷикӣ шарти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Зеро донистани мероси методӣ,…

    Муфассалтар »
  • Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар

    Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар Фанни методика, азбаски ба силсилаи фанҳои педагогӣ маҳсуб аст, чун педагогика предмети ҷамъиятӣ ҳам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, методикаи таълими забони тоҷикӣ, сараввал, бо фанҳои ҷамъиятӣ (философия, забоншиносии умумӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик, шевашиносӣ, педагогика ва таърихи он, психология, адабиёт…

    Муфассалтар »
  • Предмет, вазифа ва мақсади методикаи таълими забони тоҷикӣ

    Фанни методикаи забони тоҷикӣ чун методикаи таълими фанҳои дигар ба зумраи фанҳои педагогӣ[1] мансуб буда, барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таълими самараноки забони тоҷикӣ ва  дониши амиқ додан ба хонандагон аз ин фан яке аз воситаҳои пурзӯр ба шумор меравад. Чунки он–методикаи таълими забони тоҷикӣ — ба…

    Муфассалтар »