Фанни Фалсафа

Методи диалектики ва материализм

Бунёдгузорони марксизм диалектикаи Гегелро ҳамчун таълимоти ҳамаҷониба, ғанимазмун ва амиқ оид ба инкишоф баҳогузорӣ карда, онро бузургтарин бозёфти фалсафаи классики немис арзёбӣ намуданд. Хидмати бузурги Гегелро дар он диданд, ки ӯ бори аввал тамоми олами табиӣ- таърихӣ ва маънавиро ҳамчун протсесс, яъне дар ҳаракати муттасилу беист, тағйирот, инкишофу табодул дида, кӯшидааст то робитаи дохилии ин ҳаракатро ифшо созад. Вале, Гегел ҳамчун идеалист ҳама чизро, «аз сар ба пой гузошт» ва барои ӯ андешаҳои инсонӣ на инъикоси ашёҳою равандҳо, балки баръакс ашёҳою протсессҳо ҳамчун инъикоси татбиқшудаи идеяи мутлақ, ки ҳанӯз то офариниши олам вуҷуд дошт, тасвир мешуд. Ф.Энгелс дар яке аз мақолаҳояш бо номи «Диалектика», ки дар доираи асари ӯ «Диалектикаи табиат» ба нашр расидааст, тартиби низоми қонунҳо ва ҷараёни амалӣ шудани ин қонунҳои диалектикаро чунин ба қалам додаст: « Ҳамин тавр, таърихи табиат ва чамъияти инсонӣ- ана аз куҷо қонунҳои диалектика бармеоянд. Онҳо айнан чизе нестанд, ҷуз қонунҳои нисбатан умумии ин марҳилаҳои инкишофи таърих, инчунин худи тафаккур. Моҳиятан онҳо ба се қонуни зайл ҷамъбаст мегарданд:

Қонуни гузаштани миқдор ба сифат ва баръакс.

Қонуни ба ҳамдигар гузаштани мутазодҳо.

Қонуни инкори инкор.

Ҳамаи ин се қонун аз ҷониби Гегел дар заминаи майлони идеалистии ӯ, танҳо ҳамчун қонунҳои тафаккур инкишоф дода шудаанд: аввалӣ- дар қисми якуми «Мантиқ» — дар таълимот дар бораи ҳастӣ; дуюмӣ тамоми қисми дуюм ва қисматҳои муҳимтарини «Мантиқ»- таълимот дар бораи моҳиятро дар бар мегирад; дар охир сеюмӣ ба сифати қонуни асосӣ зимни эҷод кардани тамоми система ҳузур дорад. Иштибоҳ дар он нуҳуфта аст, ки ӯ ин қонунҳоро аз табиат ва аз таърих содир накарда, балки онҳоро аз мофавқ чун қонунҳои тафаккур, ҳукм мекунад».[1] Ифодаи махсуси характери мутазоди инкишоф ин қонуни табдилёбии тағйиротҳои миқдорӣ ба сифатӣ мебошад, ки дар «Илми мантиқ»-и Гегел бо ҳама ҷузъиёташ таҳия шудааст. Мундариҷаи ин қонунро аз пусти ирфонии он озод намуда, марксизм зимни таҳлили равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ онро истифода мебарад. Ф.Энгелс тавсифи материалистии масъалаи асосии фалсафаро дода, қонуни асосии диалектика- қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зиддҳоро дар ҷараёни инкишофи таъриху табиат тавзеҳ медиҳад.

Мақоми махсусро дар низоми қонунҳои диалектика қонуни инкори инкор соҳиб аст. Ин қонун механизми пайдо шудани чизи навро аз кӯҳна, тавассути «баровардану бардоштан»(снятие) ё инкори диалектикии марҳилаи гузаштани инкишоф ифшо намуда, ба самти умумии инкишофи низоми табиию таърихии ҷамъият, ишора мекунад. Аз нуқтаи назари Энгелс предмети диалектикаи материалистӣ ё материализми диалектикӣ ин омӯзиши қонунҳои умумитарин, қонунҳои диалектикии табиат, таърих(ҷамъият) ва маърифат, қабл аз ҳама тафаккур мебошад.

Ба хотири эҷоди фалсафаи «нав» Марксро зарур омад, ки ҳамзамон ба кашфу ҷустуҷӯи асоси методологии мувофиқи он машғул шавад. Дар ҳамаи осори аввала Маркс методи диалектикии Гегелро танқидӣ таҳлил намуда, ҳамзамон аз муқаррароти диалектикаи материалистии худ огоҳӣ медод. Дар «Идеологияи немис» зимни таҳлили зуҳуротҳои иҷтимоӣ «усулҳои оддитарини» диалектикаи Гегелро мавриди истифода қарор медиҳад. Ӯ диққати махсусро ба масъалаҳои диалектика солҳои 50-уми асри 19, вақте, ки ба тадқиқи проблемаҳои иқтисоди сиёсӣ машғул мешавад, ҷудо мекунад. Нодида набояд гирифт, ки Маркс чунин мафҳумҳои диалектикаи гегелиро аз қабили зиддият, робитаи мутақобила, худҳаракатёбиро хело васеъ истифода намудааст. Маркс ҳарчӣ бештар дар фалсафаи таърихи хеш «инкори инкори» Гегелро ба эътибор гирифта, онро барои тавзеҳи таърихи умумиҷаҳонӣ истифода мебарад, ки бо ёрии триада (салоса, сегона)-и гегелӣ ( тезис, антитезис, синтез) хусусиятҳои онро шарҳ медиҳад.

Маркс асари махсусе дар бораи диалектика нанавиштааст, ҳарчанд ки нияти чунин асар навиштанро гоҳе изҳор мекунад. Дар ҷилди якуми «Капитал» чунин категорияҳои иқтисодӣ ва зуҳуротҳои ба он мувофиқи ҳаёти ҷамъиятиро аз қабили мехнат, капитал, мол, пул, арзиши изофа, арзиш, арзиши истеъмолӣ, истисмор, истеҳсолот, музди кор, андӯхт, тақсимот, «қувваи коргарӣ» ва ғайраро таҳлил намуда, Маркс робитаи мутақобила ва зиддият, эволютсия ва инкишофи онҳоро арзёбӣ намуда, ҳамаи инро ҳамчун ягонагии тасвири олам медонад, ки диалектикаи Гегел чунин тарз эҷод кардааст ва ӯ ҳанӯз дар ҷавонӣ ин назари диалектикиро аз худ намуда буд. Усулҳои методи Гегелро, ки барои таҳлили равандҳои воқеии табиат, ҷамъият, шуур ва ҳаёти ҳаррӯза мувофиқанд, Маркс мавриди истифода карор медиҳад, ҳарчанд ки айнияти методи хешро ба методи Гегел эътироф намекунад. « Методи диалектикии ман, менависад ӯ, дар бунёди худ на танҳо аз методи гегелӣ фарқ дорад, балки мутазодди бевоситаи он аст. Барои Гегел раванди тафаккур, ки ӯ таҳти номи идеяҳо ба субъекти мустақил табдил медиҳад, ин демиурги (холиқу офаранда ) воқеият аст… Барои ман бошад, баръакс, идеалиёт чизе нест, ҷуз материалиёте, ки ба сари инсон гузоштаю онҷо тағйир дода шудааст».[2] Кашфи гениалии Гегел – ин методи диалектикии ӯст, ки ба системаи идеалистии фалсафиаш аз бисёр ҷиҳатҳо зиддият дорад. Идеализми Гегелро бартараф намуда, Маркс ва Энгелс ба материализм, на ба материализми метафизикию механикии асри 17, балки ба материализми диалектикӣ омаданд. Нақши бузургро дар бартараф намудани тасаввуротҳои идеалистӣ ба Маркс ва Энгелс фалсафаи Фейербах бозид. Танқиди идеализм ҳамчун ҷаҳонбинии нозуку нафиси динӣ аз ҷониби Фейербах, дар муқобили идеализм гузоштани «материализми ҳақиқӣ» ё материализми ҷаҳонфаҳмӣ як қадами пештаре дар муқоиса ба материализми асри 17 буд, ки онро К.Маркс ҳамчун хидмати таърихии Фейербах қадршиносӣ мекунад. Маҳдудияти материализми антропологии Фейербахро рафъ намуда, бунёдгузорони фалсафаи марксизм дар баробари ягонагии табиату инсон шартҳои ягонагии иҷтимоии инсон ва табиатро тадқиқ намуданд. Ҳамин тавр, Маркс ва Энгелс материализми диалектикиро эҷод намуданд, ки бунёди он диалектикаи материалистӣ мебошад. Комилан нодуруст мебуд, агар раванди жҷод шудани марксизмро ҳамчун пайвастсозии механики ду ҷузъиёт- диалектикаи Гегел ва материализми Фейербах баҳогузорӣ кунем. Ҳар яке аз ин қисматҳо ба коркарду баррасии моҳиятӣ фарогир шудааст. Материализми диалектикӣ ҳамчун ягонагии узвии метод ва назария моҳиятан аз фалсафаи пешомади худ, аз ҷумла аз сарчашмаҳои идеявии худ фарқ дорад., ҳарчанд, ки идомаёбанда ва инкишофи бевоситаи он ҳам бошад. Аз нигоҳи Маркс диалектика дар ҳадди ратсионалии худ дар ҳар фаҳмиши позитивии мавҷуд фаҳмиши инкори он, яъне ҳалокати ногузир, ҳар шакли татбиқшавии онро дар ҳаракат дида, зикр мекунад, ки инкишофи диалектикӣ дар тағйирёбии хеш пеши чизе итоат надорад ва моҳиятан интиқодӣ ва инқилобист. Бунёдгузорони марксизм борҳо таъкид мекунанд, ки барои фалсафаи диалектикӣ ҳеҷ чизе абадан муқарраршуда, бидуни шарт ва муқаддас вуҷуд надорад. Дар ҳама чиз ӯ муҳри фаношавии ногузирро дида ва ҳеҷ чизе пеши он наметавонад устувор бошад, ҷуз раванди бетанафуси пайдошавию нестшавӣ, болошавии беохир аз сатҳи поён ба олӣ. Ҳамин тавр диалектика, барои Маркс, ин «илм дар бораи қонунҳои умумии ҳаракати чӣ олами беруна ва чӣ тафаккури инсонӣ» мебошад. Методи диалектикӣ ҳатман дар худ назари таърихиро ба тавлиди таърихи воқеӣ ва тасодуфҳои он фарогир аст. Манбаи инкишофи диалектикаи материалистиро бунёдгузорони марксизм дар ҷамъбаст ва дарк намудани таҷрибаи ҷамъиятию таърихӣ, дастовардҳои табиатшиносӣ ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ мебинанд. Энгелс дар назар дошт, ки бо ҳар як кашфи бузург, табиатшиносӣ шакли худро дигар мекунад. Кашфиётҳои бузург дар табиатшиносии асри 19, пеш аз ҳама кашфи ҳуҷайра, қонуни бақо ва табдили энергия, таълимоти эволютсионии Дарвин шарҳи худро аз мавқеи материализми диалектикӣ дарёфт карда, аз бисёр ҷиҳат шакли табиатшиносиро дигаргун сохтанд. Дар заминаи ин кашфиётҳо Энгелс тезисро дар бораи ягонагии материалии олам таҳия намуда, шаклҳои асосии ҳаракати материя ва робитаи мутақобилаи онро ном мегирад. Ҳамаи ин имкон дод, ки манзараи низоми ягонаи табиат мутобиқ ба тасаввуротҳои илмии охири асри 19 таҳия гардад. Материализми диалектикиро Маркс ва Энгелс таҳия намуда, ба ғайр аз диалектикаи субъективӣ (ё бошуурона) дар бораи диалектикаи объективӣ, ки дар тамоми табиат ҳоким аст, ҳарф заданд. Диалектикаи субъективӣ, диалектикаи тафаккур танҳо инъикоси ҳамон ҳаракати зиддиятҳои дар табиат ҳоким будааст, ки ҳаёти ҳамеша дар мубориза қарор доштаи табиат ва раванди ба якдигар табдил ёфтани ин зиддиятҳоро, мусоидат менамояд.[3]


[1] Ф. Энгельс. Диалектика природы. М., «Политиздат», 1982. с.44.

[2] К.Маркс. Капитал, том.1. Послесловие к 2 изд.// К.Маркс, Ф.Энгелс. Соч. том. 23. с. 21.

[3] Ф. Энгельс. Диалектика природы. // К.Маркс, Ф.Энгельс. Соч. том. 20, с. 526.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *