Фанни Фалсафа

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Филасофия

  • Забон, «бозихои забони», манзараи забонии олам

    Дар бораи «чӣ будан»-и сухану калима ҳанӯз дар замони атиқа масъалагузорӣ шуда буд. Аз замони Демокрит (асри V-IV то мелодӣ), ки калима-номро аз ашёҳо ҷудо карда буд, баҳс дар атрофи ин масъала ривоҷ гирифт: худи номи ашё чист? Афлотун дар муколамаи «Кратил» барои наслҳои ояндаи файласуфон вазифа-саволро ифода намуд: калима…

    Муфассалтар »
  • Шархдихи, фахмиш, тафсир дар илмхои ичтимои ва гуманитари

    1. ШАРҲДИҲИИ ИЛМӢ ВА НАВЪҲОИ ОН Аз нимаи асри ХХ ин суол васеъ муҳокима карда мешавад: оё усулҳои табиатшиносӣ ягона методҳои илмӣ мебошанду бинобар ин, метавонанд бе қайду шарт барои пажӯҳиши масъалаҳои инсон ва ҷамъият тадбиқ шаванд? Ҳалли ин масъала мантиқшиносон, методологҳо, файласуфони илмро дар давоми зиёда аз ним аср…

    Муфассалтар »
  • Табиати арзишҳо, нақши онҳо дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

    11.1. МАФҲУМИ «АРЗИШ» Барои фаҳмиши масъалаи мазкур ба намунаҳои маънидодкунии мафҳумҳои дар фалсафа устуворгаштаи «арзиш» ва «аксиология» муроҷиат менамоем, то ки зуҳуротҳои бо ин мафҳумҳо дар парадигмаи муайян ифодашавандаро тассаввур намуда, омӯзиши масъалаҳои фалсафаи илмро идома диҳем. Дар яке аз луғатҳои фалсафӣ (ниг.: Философский энциклопедический словарь. – М., 1989.) мафҳуми…

    Муфассалтар »
  • Хусусияти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

    10.1. МОНАНДӢ ВА ФАРҚИЯТИ «ИЛМ ДАР БОРАИ ТАБИАТ» ВА «ИЛМ ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТ»: ФАҲМИШИ МУОСИРИ МАСЪАЛА. ХУСУСИЯТИ ОБЪЕКТИ МАЪРИФАТИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ Илмҳо дар бораи табиатро табиатшиносӣ меноманд. Дар ин илмҳо табиат ҳамчун макони ҳукмронии қонунҳо ва қонуниятҳо, ки кашфи онҳо мақсади фанҳои табиатшиносиро ташкил медиҳад, тасаввур мегардад. Илмҳо дар бораи ҷамъият…

    Муфассалтар »
  • Фанҳои илмии иҷтимоӣ-гуманитарӣ

    9.1. ПРЕДМЕТИ ИЛМҳОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ. ФАЛСАФА — ШАКЛИ ҶАМЪБАСТИИ ДОНИШҳОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ ҳамаи илмҳо ҷанбаҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам гуманитарӣ доранд, зеро ҳар кадом илм маҳсули фаъолияти инсон ё гурӯҳи олимон, ҷамоаи илмӣ ва ғайра мебошад. Бинобар ин, илмҳо бо тарзҳои гуногун бо ҷамъият алоқамандӣ дошта, сабабиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ доранд. Ғайр аз ин,…

    Муфассалтар »
  • Илм хамчун ниходи ичтимои

    8.1. ИНКИШОФИ ТАЪРИХИИ ШАКЛҳОИ НИҳОДИШАВИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ Эпистемалогияи муосир се ҷанбаи ҳастии илмро ҷудо мекунад: а) ҳамчун низоми махсуси донишҳо; ҳамчун фаъолияти маърифатӣ бо «технология»-ҳо ва усулҳои худ; в) ҳамчун ниҳоди (институти) иҷтимоӣ. Мафҳуми ниҳоди иҷтимоӣ, ки дар сотсиология васеъ истифода мегардад, ташкили муайяни фаъолияти ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро ифода…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои давраи муосири инкишофи илм

    7.1. НАҚШИ СИНЕРГЕТИКА ДАР ИНКИШОФИ ТАСАВВУРОТҳОИ МУОСИР ДОИР БА НИЗОМҳОИ ТАЪРИХАН ИНКИШОФЁБАНДА ВА СТРАТЕГИЯҳОИ НАВИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ Тасаввурот роҷеъ ба он, ки ҳамаи ашёву падидаҳои олам намудҳои мухталифи низомҳои гуногунтаркиб мебошанд, асоси принсипи фалсафии низомнокӣ аст, ки ин принсип ғояҳои низомнокӣ, томият ва умумияти алоқаву муносибатҳо, хусусиятҳои таносуби байни ҷузъу…

    Муфассалтар »
  • Анъанаҳои илмӣ ва инқилобҳои илмӣ

    Навъҳои ақлонияти илмӣ 6.1. АНЪАНАҳОИ ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛА ВА ПАЙДОИШИ ДОНИШҳОИ НАВ Бо кадом роҳ пайдо шудани донишҳои нав дар илм дар таърихи илм яке масъалаҳои асоситарини фалсафаи илм шуморида мешавад. Ба ин хотир, аксар олимон ақида доранд, ки навоварӣ дар илм берун аз анъанаҳои илмӣ имконнопазир аст. Анъана – ин…

    Муфассалтар »
  • Рушди илм ҳамчун раванди тавлидёбии дониши нав

    5.1. РУШДИ ДОНИШҳОИ ИЛМӢ, МОДЕЛҳОИ ОН Масъалаи рушди дониши илмӣ – масъалаи марказии фалсафаи илм мебошад. Механизми рушд ва инкишофи дониши илмӣ кадом аст? Методологҳои муосир барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо якчанд навъи моделҳоро пешниҳод менамоянд. Дар фалсафаи илми муосири ғарбӣ масъалаи рушди донишро, алалхусус, фаъолона, ҷонибдорони постпозитивизм, ки…

    Муфассалтар »
  • Сохтори маърифати илмӣ

    4.1. ДАРАҶАҳОИ ТАҶРИБАВӢ ВА НАЗАРИЯВИИ МАЪРИФАТИ ИЛМӢ Маърифати илмӣ ду дараҷаи ба ҳам алоқаманд, вале тафовутдошта — таҷрибавӣ ва назариявиро дар бар мегирад. Дар сатҳи таҷрибавӣ мушоҳидаи зинда (маърифати ҳиссӣ) бартарӣ дорад. Шаклҳои зеҳнӣ бошад, (мафҳумҳо, муҳокимаҳо ва ғ.) нуфузи тобеъшаванда доранд. Объекти таҳқиқшаванда бештар аз ҷиҳати муносибатҳо ва зуҳуроти…

    Муфассалтар »
  • Илм дар фарҳанги тамаддуни муосир

    3.1. ГУНОГУНИИ ШАКЛҳОИ ИЛМ ВА ТАВСИФИ ОНҳО Мураккабӣ ва гуногунрангии раванду ҳодисаҳои воқеият гуногунии шаклҳои дониши илмӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, муқаррарӣ, бозӣ, шахсӣ ва ҳамчунин гурeҳи калони донишҳои қарибиилмӣ (паранаука), аз ҷумлаи махфию пeшидагӣ (эзотерика), тилисмгарӣ (оккултизм) сеҳру ҷодугарӣ (магия) ва монанди инҳоро ба вуҷуд меоварад. Шаклҳои дониш бо…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши илми фалсафа ва давраҳои таҳаввули таърихии он

    2.1 ТОИЛМИЯТ ВА ИЛМ: ДУ СТРАТЕГИЯИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ДОНИШ Пайдоиши илми аврупоии асри ХVII-ро чӣ тавр маънидод кард, ки дар он замона илми хитоиён ва арабҳо (риёзиёт, нуҷум, тиб, оптика, физика ва uайра) завол ёфтанд, анъанаҳои хирадгароиро ҳамчун моҳияти илми муосир қабул карда натавонистанд? Он далелро, ки хусусияти тамаддуни…

    Муфассалтар »
  • Предмет ва назариёти асосии фалсафаи илми муосир

    1.1. СЕ ҶАНБАИ ҳАСТИИ ИЛМ Илм дар ҳастии таҷрибавии худ дар бисёр масъалаҳо ҳамчун объекти пурихтилоф зуҳур мекунад. Ин гуфтаҳо ба ҳастии таърихии илм бо назардошти ҳолати имрeзаи он алоқаманд аст. Яке аз масъалаҳои зиддиятнок ин масъалаи мантиқан номувофиқ будани шаклҳои гуногуни «илм» аст: 1) давраи тоилмии шарқи бостонӣ (бобулӣ-шумерӣ,…

    Муфассалтар »
  • Мактабхои фалсафи Хинди кадим

    Нақшаи кор: Маълумот дар бораи мактабҳои фалсафи Ҳинди қадим.Шарҳи мактабҳои номбаршудаи Ҳинди Қадим Адабиёти истифода шуда; 1.Маълумот дар бораи мактабҳои фалсафи Ҳинди қадим Фалсафа дар Ҳинд дар асри VIII-VI то м. ба вуҷуд омадааст. Таълимоти динии Хиндустони Кадимро брахмания, яъне таълимоти брахманхо меноманд, ки он дар таълимоти худ ба Ведахо…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи баъдиклассикии асри XIX

    Фалсафаи материализми диалектикӣ Фалсафаи ҳаёт. Фалсафаи позитивизм. Фалсафаи Навкантгароӣ (Неокантианство) Охири асри XX барои фалсафаи классики олмонӣ марҳалаи охирин буд. Ин марҳила, ки онро шартан «баъдиклассикӣ» гуфтан мумкмн аст, барои чунин ҷараёнҳои фалсафе монанди: марксизм, фалсафаи ҳаёт, позитивизм ва навкантчигӣ марҳилаи оғоз гардид. Фалсафаи материализми диалектикӣ Фалсафаи материализми диалектикӣ дар…

    Муфассалтар »
  • Соҳаҳои модӣ ва маънавии ҳаёти ҷомеа

    Ҷомеа як навъ маҷмуи таърихан ташаккулёфтаи одамонест, ки бо ҳамдигар тавассути фаъолияти муштаракашон барои расидан ба аҳдофи барояшон умумӣ алоқаманданд ва дар ин раванд байни онҳо муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ ташаккул меёбад. Сохтори ҷомеаро маҳз муносибатҳои гуногунранги дар раванди фаъолияти муштарак шаклгирифтаву табақабандона бунёдшудаи байни одамон ташкил медиҳанд. Ҷомеа чун…

    Муфассалтар »
  • Ҷамъият. Моҳити мафҳуми ҷамъият.

    Ҳамбастагии ҷамъият ва табиат. Хусусияти баррасии ва методологии масоили бахамтаъсиррасонии табиат ва ҷомеа ба зарурияти дарки масъалаҳое алоқамандӣ дорад, ки дар маҷмуъ метавон дар шакли зерин тасвир намуд: ҷомеа дар ташкил ва рушди материя, характер ва қонуниятҳои умумии равобити байни табиату ҷомеа: таносуби қонуниятҳои табиӣ ва чамъиятӣ дар равобити…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми озодӣ ва ихтиёри инсон

    Барои инсон аз озодӣ дида дигар арзиши азизтару болотаре нест. То имрӯз ду фаҳмиш дар бораи озодӣ вуҷуд дорад. Ба маънои маҳдуд озодӣ худмухтории инсон, мустақилияти ӯ ва фишор наовардан ба он аст. Ин фаҳмиши на умумию мутлақ ва бе сабаб муайян кардани озодӣ аст. Вале дар олам ягон…

    Муфассалтар »
  • Маънои ҳаёт ва рисолати инсон

    Маънои ҳаёт масъалаест, ки ҳамеша барои инсон пеш меояд, ҳам вақти кору амалӣ муқарарии ҳаррӯза, ҳам вақти маърифати талаботу манфиатҳо, ҳам вақти андешарониҳо дар хусусӣ зиндагии кунунӣ ва ояндаи наздику дури он… Инсон ҳамеша дар андешаи он аст, ки барои чӣ ӯ зиндагӣ мекунад, ҳол он ки ӯро дар…

    Муфассалтар »
  • Масъалаи инсон, шахсият дар фалсафа

    Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда аст. Инсон падидаи беназиру пурасрори эволютсияи табиӣ ва таърихӣ аст. Табиати инсон чигуна аст, моҳияти инсонии вай чи тавр сурат…

    Муфассалтар »
  • Таснифи шаклҳои дониш

    маърифати ҳиссӣ маърифати ақлӣ (зеҳнӣ) Ба шаклҳои маърифати ҳиссӣ дохил мешаванд: эҳсос, идрок, тасаввур. Эҳсос — инъикоси хосияти алоҳидаи объект, ки ҳангоми таъсир расонидани он ба узвҳои ҳисс пайдо мешавад. Кулли иттилооти ибтидоӣ дар бораи олам ба шуури инсон тавассути эҳсос мерасад. Дуруст аст, ки узвхои хисси инсон на хамаи…

    Муфассалтар »
  • Намуд ва сохтори дониш

    Дониш ин иттилоот дар бораи ягон предмет аст. Бояд қайд намоем, ки чунин таърифи мухтасар хеле назарфиреб аст, чунки дар он на ҳамаӣ хосиятҳои дониш ифода карда шудаанд. Ба таҳлили баҳси файласуфон, ки дар атрофи ин мавзӯъ доман паҳн намудааст, дода нашуда, фақат баъзе иловаҳо ба таърифи мазкурро қайд…

    Муфассалтар »
  • Маърифат ҳамчун мавзӯъи таҳлили фалсафӣ

    Маърифат раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишхои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди ичтимоӣ-таърихии фаъолияти эчодии одамон аст. Дар ҷараёни он қишрҳои мухталифи ҳастӣ, тарафу чиҳатҳои дохилӣ за берунаи зуҳуроту предметҳо маълум карда мешаванд, инчунин худи субъекти ҳамин фаъолият (яъне инсон ва…

    Муфассалтар »
  • Қонунҳои асосии диалектика.

    Дар байни усулҳои фаҳмиши диалектикаи инкишоф- қонунҳо, категорияҳо, принсипҳо асоситаринашон қонунҳои диалектикӣ мебошанд. Қонун ин алоқаҳои объективӣ (новобаста аз ихтиёри инсон), умумӣ, устувор, зарурӣ ва такроршаванда байни мавҷудот ва дохили ҳар як мавҷуд мебошад. Қонунҳои диалектика аз қонунҳои дигар илмҳо (физика, химия, математика ва ғ.) бо умумӣ будани худ…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракат ва инкишоф

    Таълимот оид ба ҳаракат дар тулии таърихи фалсафа ҳамеша мавриди баррасии донишмандон буд. Алакай дар давраҳои ибтидоии инкишофи маърифати инсонӣ донишмандони дунёи қадим ба таъғирпазирии ҳастӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Анаксимандр оиди табдили апейрон ба чор унсур ва гузариши байниҳамдигарии онҳо андешаронӣ намудааст. Асосгузори диалектикаи қадим Гераклит таълим медод, ки…

    Муфассалтар »
  • Низоми ҳастӣ

    Зери мафҳуми низоми ҳастӣ чунин мақсад дар назар аст, ки ҳамаи мавҷудот ба таври беартибона берун аз низоми муайян мавҷуд набуда, балки дорои низом ва тартиби муайяне мебошанд. Ҳамаи онҳо бо ҳам дар алоқамандӣ қарор доранд. Олам як сохтори мураккабе мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёд, ки дар алоқамандии…

    Муфассалтар »
  • Гуногунӣ ва ягонагии ҳастӣ

    Масъалаи ҷавҳарият (субстанция) Ҳастӣ категорияи аввалинӣ фалсафа ба шумор рафта, ҳамаи мавҷудоти оламро фаро мегирад. Дар қаъри Замин ва дар рӯи он қариб 30 ҳазор минералҳо вуҷуд дорад. Дар иқлимҳои гуногуни саёраи мо наздики 500 ҳазор намуди ҳайвонот ва миллионҳо намуди растанӣ вуҷуд дорад. Кишварҳои гуногун, маданият ва тамаддунҳои…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи ҳастӣ Мафҳум ва мазмуни ҳастӣ

    Дар раванди дарки олам фалсафа мафҳумҳои бунёдӣ- категорияҳро ба кор мебарад, ки хусусият ва муносибатҳои мавҷудаи воқеъиятро муайян мекунанд. Категорияе, ки ба воситаи он ин дарккунӣ оғоз меёбад «Ҳастӣ» ном дорад. Маънии ҳастӣ вуҷуд, мавҷуд, вуҷуд доштанро дорад. Хастӣ бо маънии буд низ дар таълимоти донишмандони гузаштаамон дучор меояд, масалан:…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи сулҳ

    Дар мақола идеяҳои фалсафаи сиёсӣ оид ба равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ зери таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллифон кўшиш намудаанд, ки нақши давлат ва субъектҳои сиёсиро дар ташаккули сулҳ миёни миллатҳо нишон диҳанд. Рушди инсоният асоси сулҳ маънидод карда мешавад. Калидвожаҳо: бархўрди тамаддунҳо, гуфтугўи тамаддунҳо, шуур, модернизм, глобализатсия, интегратсия, сулҳ. «Чуноне, ки…

    Муфассалтар »
  • Худшиносии ҷамъиятӣ ва рўҳияи ҷамъиятӣ дар таълимоти Розӣ

    Дар ҳамаи давру замон фикри одамони беҳтарини таърихиро масъалаҳои худшиносӣ, худсозӣ, худбарқароркунӣ, озодӣ, ирода, баробарӣ, адолат, муҳаббат, ҷанг ва сулҳ барин падидаҳои умумиинсонӣ ба худ ҷалб намудааст. Закариёи Рози низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои таърихӣ буда, андешаҳое баён кардааст, ки барои ҳамаи замонҳо яксон аст. Мо рушди принсипҳои худшиносӣ…

    Муфассалтар »