Фанни Фалсафа

Тарз ва шаклҳои мавҷудияти материя

  1. Мафҳуми ҳаракат. Ҳаракат ва материя.
  2. Типҳо ва шаклҳои асосии ҳаракат.
  3. Фаҳмиши фалсафии фазо ва вақт.

1. Мафҳуми ҳаракат. Ҳаракат ва материя.

Дар фалсафа, таҳти мафҳуми ҳаракат ҳамаи шаклҳои тағйирёбӣ, аз оддитарин ҷойивазкунии маконии предметҳо оғоз карда, то тафаккури инсоният фаҳмида мешавад.

Ҳаракат тарзи мавҷудияти материя, хосияти асосӣ ё худ атрибути материя мебошад. Мавҷудияти ҳамаи объектҳои олами моддӣ фақат бо шарофатии ташкили робитаи байниҳамдигарии элементҳои он мумкин аст.

Ашёҳо аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузашта, бо ҳамин тағйироти тамоми оламро таъмин мекунанд.

Идеалистон зери мафҳуми мабдаи олам иродаи Худо, хиради ҷаҳонӣ ё «руҳи мутлақ»-ро мефаҳманд. Ба андешаи онҳо материя карахту беҷон ва ғайрифаъол буда, барои он, ки қобили ҳаракат бошад, ба мабдаи рӯҳӣ эҳтиёҷ дорад.

Ин ақидаро на танҳо Афлотун, инчунин Сино низ дастгирӣ мекунад. Сино сарфи назар аз он, ки ҳаракатро ба камию кайфӣ (миқдорию сифатӣ) тақсим мекунад, инчунин ӯ муҳаррики аввалро низ эътироф мекунад.

Томас Гоббс таълимоти Ф. Бэконро давом дода, тамоми тағйироти ҷисмҳоро ба ҳаракат вобаста мекунад. Ба ақидаи ӯ ҳамаи ашёҳои табиат дар натиҷаи ҳаракат пайдо шудаанд.

Материализми диалектикӣ дар баробари ҳаракат оромиро низ эътироф мекунад. Вай оромии мутлақ, оромии аз ҳаракат ҷудоро эътироф намекунад.

Оромӣ ва устуворӣ характери нисбӣ доранд ва беҳаракат вуҷуд дошта наметавонанд. Оромӣ ва устувории нисбӣ лаҳзаҳои ҳаракати абадӣ мебошанд.

Оромӣ ва ҳаракат ба ҳам алоқаманд буда, ду ҷиҳати ба ҳам вобастаи мавҷудияти материя мебошанд. Ҳаракат характери мутлақ ва оромӣ характери нисбӣ дорад.

Оромӣ аз чанд ҷиҳат характери нисбӣ дорад:

  1. Оромӣ фақат лаҳзаи тағйирёбӣ ва инкишофи материя аст;
  2. Оромӣ фақат ба объектҳои моддӣ таалуқ дорад, на ба ҳамаи материя;
  3. Ҷисм меавонад нисбат ба ягон шакли муайяни ҳаракат ором бошад. Масалан, ҷисми дар рӯи замин оромхобида, ҳаргиз мутлақо ором нест. Вай ҳамроҳи замин дар ҳаракати мураккаби он иштирок мекунад. Инчунин молекула ва атомҳои ҷисм, зарраҳои он ҳамеша дар ҳаракатанд.

Диалектика нисбат ба метафизика ҳаракатро ба як шакли он, яъне каму зиёдшавӣ, ё дар фазо ҷойивазкунӣ маҳдуд намекард. «Ҳаракат,- навишта буд Ф. Энгелс,- агар ба материя нисбат дода шавад, ин умуман тағйирёбист».

Материалистони асрҳои XVII – XVIII мекӯшиданд, ки тамоми тағйироти оламро бо ҳаракати механикӣ маънидод кунанд. Механитсизм яке аз маҳдудиятҳои таърихии материализми он давра буд. Ин маҳдудиятро материализми диалектикӣ бартараф кард.

  • Типҳо ва шаклҳои асосии ҳаракат.

Типҳои асосии ҳаракат инҳоанд:

  1. Ҳаракате, ки сифати ҷисмро нигоҳ медорад. Ашёҳо ва падидаҳо дорои лаҳзаҳои устувору пойдоранд. Сарфи назар аз он, ки онҳо ҳама вақт тағйир меёбанд, боз то муддате муайянии худро нигоҳ медоранд.
  2. Тағйири сифатии ҷисм. Чунин ҷиҳати ҳаракат хоси ҳам равандҳои табиӣ ва ҳам фаъолияти бошууронаи инсон мебошад.

Шаклҳои асосии ҳаракати материяро Энгелс муайян кардааст. Силсилабандии (классификатсия) шаклҳои ҳаракати материя дар пояи чунин принсипҳо қарор доранд:

  1. Ҳар як дараҷаи ташкилии материя бо шакли муайяни махсуси ҳаракат мувофиқ аст.
  2. Байни шаклҳои ҳаракат робитаи генетикӣ вуҷуд дорад, яъне шакли олии ҳаракат дар асоси пояи (база) шакли поёнии он ба миён меояд.
  3. Шаклҳои олии ҳаракат сифатҳои ба худ хосро дошта, бо шаклҳои поёнии он мувофиқ нестанд.

Ба ин принсипҳо ва дастовардҳои илмии замони худ такя карда, Ф.Энгелс чунин шаклҳои ҳаракатро ҷудо мекунад:

  1. Ҳаракати механикӣ. Ин шакли оддитарини ҳаракат ҷойивазкунии оддии ҷисм дар фазо мебошад. Ҳаракати механикӣ ба тамоми ҳолатҳои сохтории материя хос аст.
  2. Ҳаракати физикӣ. Ин шакли ҳаракат ҳодисаҳои гуногуни физикӣ: гармӣ, электрик, равандҳои дохилиатомӣ, таъсири мутақобилаи зарраҳо ва зарраю майдонро дарбар мегирад.
  3. Ҳаракати химиявӣ. Ин шакли ҳаракат аз реаксияҳои кимиёвӣ вобаста аст. Ҳаракати кимиёвӣ назар ба ҳаракати физикӣ мураккабтар аст, зеро ки дар натиҷаи он савияи баландтарини шакли сохтории материя (молекула) ҳосил мешавад.
  4. Ҳаракати биологӣ. Ин шакл нисбати дигар шаклҳо мураккаб аст ва қонунҳои ба худ хосро дорад. Барандагони аввалиндараҷаи он сафедаҳо, ДНК ва РНК мебошанд.
  5. Ҳаракати иҷтимоӣ. Бо ин шакл тағйироти дар ҳаёти ҷамъиятии инсон рӯйдиҳандаро ифода мекунад.

Шаклҳои ҳаракати материя хоси чунин савияҳои инкишофи материя мебошанд:

  1. Савияи субмикроэлементарӣ.
  2. Савияи органикӣ.
  3. Савияи ҷамъият.

Материя бе ҳаракат ва ҳаракат бе материя намешаванд. Дар таърихи физика ва фалсафа равияе бо номи энергетизм вуҷуд дорад, ки ҳаракатро аз материя ҷудо мекунад.

Асосгузори энергетизм В.Освалд (1853-1932) буд. Ӯ мекӯшид, ки материяро бо энергия иваз кунад ва бо ҳамин дуализми материя ва рӯҳро аз байн барад.

Ҳаракат бе материя вуҷуд дошта наметавонад ва инро илми муосир ва пештар Ленин В.И. («Материализм ва эмпириокрититсизм») исбот карданд.

3.Фаҳмиши фалсафии фазо ва вақт.

Тамоми ҳаракат дар доираи фазо ва вақт (замон ва макон) сурат мегирад. Фазо ва вақт ба ҳайси шакли мавҷудияти модда ба таври айнӣ, яъне берун ва новобаста аз шуур вуҷуд доранд.

Фазо шакли мавҷудияти материя буда — тулоният, сохторият, мавҷудият ва алоқамандии унсурҳои онро дар ҳамаи низомҳои моддӣ маънидод мекунад.

Фазо гуфта, таносуби нисбати якдигар ҷойгир будани ҳодисаҳои олами воқеиро мегӯянд.

Фазо дорои 3 ченак мебошад:

  1. Баландӣ
  2. Дарозӣ
  3. Паҳноӣ

Вақт шакли мавҷудияти материя буда, тулонияти мавҷудияти низомҳои моддиро инъикос намуда, ҷойивазкунии ҳолатҳо ва тағйирёбии ин низомҳоро дар раванди инкишоф таъмин мекунад.

Хусусиятҳои фазо ва вақтро ба универсалӣ (умумитарин) ва махсус ҷудо кардан мумкин аст.

Ба хусусиятҳои универсалии фазо ва вақт дохил мешавад:

  1. Объективӣ.
  2. Робитаи ногусастании байни ягдигарии онҳо.
  3. Робита бо ҳаракати материя.
  4. Абадият (беохирӣ, беинтиҳоӣ).

Хусусиятҳои махсуси фазо ва вақт инҳоанд:

  1. Фазо 3 ченак дораду вақт як ченак.
  2. Якҷинсагӣ ва изотропии (изотропность) фазо ва анизотропии (анизотропия) вақт.
  3. Пайдарпаи (муттасилӣ)-и фазо ва вақт.

Дар таърихи фалсафа оид ба фазо ва вақт ду нуқтаи назари ба ҳам зид вуҷуд дорад:

  1. Ақидаи мабдаӣ ё ҷавҳарӣ (субстансионалӣ). Ба ақидаи пайравони он фазо ва вақт ба ҳайси моҳиятҳои мустақил новобаста аз материя вуҷуд доранд (Демокрит, Эпикур, Нютон). Онҳо фазою вақт ва материяро ҷавҳари мустақил номида, ба равандҳои олами моддӣ робита доштани онҳоро рад мекунанд.
  2. Ақидаи релятсионӣ (аз лотинии relation, relatives – муносибат, «нисбӣ»). Пайравони он (Арасту, Лейбнитс, Гегел) ба чунин ақидаанд, ки фазо ва вақт мабдаи мустақил набуда, балки низоми муносибатҳои хосе мебошанд, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи чизҳои моддӣ арзи вуҷуд кардаанд.

Заминаи онҳо ҳануз дар даврони антиқа, дар осори Афлотун ва Арасту гузошта шуда буд. Ифодаи классикии худро онҳо дар охири қарни XVII ва ибтидои қарни XVIII дар асарҳои И. Нютон ва Г. В. Лейбнитс касб кардаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *