Фанни Фалсафа

Фалсафа, доираи проблемаҳо ва нақши он дар ҷомеа

  1. Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ-таърихии ҷаҳонбинӣ
  2. Таркиб ва зинаҳои ҷаҳонбинӣ
  3. Шаклҳои (тип, навъ) таърихии ҷаҳонбинӣ
  1. Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ-таърихии ҷаҳонбинӣ

Ҷаҳонбинӣ як қисмати таркибии шуур ва маърифати инсон мебошад.

Ҷаҳонбинӣ-маҷмӯи ақоиди умумӣ роҷеъ ба воқеият, табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа, тазоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти онҳо мебошад.

Мафҳуми ҷаҳонбинӣ нисбат ба фалсафа васеъ буда, онро низ фаро мегирад.

  • Таркиб ва зинаҳои ҷаҳонбинӣ

Ҷаҳонбинӣ дорои ду миқёс: васеъ ва маҳдуд аст.

Ҷаҳонбинии васеъ дар ин ё он марҳилаи инкишофи таърихӣ бартарӣ пайдо кардани ин ё он эътиқод, усули маърифат, мақсад ва меъёрҳои куллии зиндагӣ дар назар дошта мешавад.

Ҷаҳонбинии маҳдуд дар шуури мушаххас ташаккул ёфтан ва аз ҷониби шахсияту гуруҳҳои иҷтимоӣ истифода шудани он мебошад.

Ҷаҳонбинӣ ду ҷиҳат дорад: ҳиссӣ-равонӣ ва маърифатӣ-ақлӣ. Ҷиҳати ҳиссӣ-равонӣ руҳияю ҳисро дарбар гирифта, дарки ҳиссии оламро ташкил медиҳад.

Шаклҳои (тип, навъ) таърихии ҷаҳонбинӣ

Навъҳои таърихии ҷаҳонбинӣ ба се қисм тақсим мешаванд:

  1. Ҷаҳонбинии асотирӣ;
  2. Ҷаҳонбинии динӣ;
  3. Ҷаҳонбинии фалсафӣ.

Одамони давраи ибтидоӣ низ дорои ҷаҳонбинӣ буданд ва худро бошуурона аз олами атроф ҷудо карда, дар бораи муносибаташон ба он фикру андеша мекарданд. Дар он айём фалсафа пайдо нашуда буд ва аз ин рӯ, ҷаҳонбинии ҷомеаи қадимро асотир ташкил медод.

Асотир (аз калимаҳои юнонии mifos – афсона, қисса ва logos – мафҳум, таълимот, илм) аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои афсона, ҳикоя, қисса, достонро дорад.

Дар шуури одам ба таври афсонавӣ инъикос ёфтани воқеият асотир ном дорад.

Асотир -ҷаҳонбинии ҷомеаи қадим аст, ки воқеияти муҳитро дар шуури инсони ибтидоӣ муштаракан; ҳам ба таври хаёлӣ ва ҳам реалӣ (воқеӣ) инъикос менамояд;

Ҷиҳати ҷолиби асотир дар он аст, ки табиат зуҳури инсонӣ ёфта; худоҳои тахаюлӣ бо одамон дар муколламаю ҳамдастӣ қарор дошта; афкори абстрактӣ сарфи назар мегардад ва асотир ба ҳалли вазифаҳои ҳастӣ нигаронида шуда бошанд ҳам; сужетҳои асотирӣ якхелаю рӯякиянд.

Асотирҳоро ба ду қисм тақсим мекунанд:

  1. Асотирҳо дар бораи оламу одам;
  2. Асотирҳо дар бораи фарзандони барӯъманди халқ (қаҳрамонҳо).

Баробари аз байн рафтани шакли ибтидоии ҳаёти ҷомеа асотир аз байн меравад ва ба ҷои он дин ва фалсафа пайдо мешаванд.

Дин — чунин шакли ҷаҳонбиниест, ки дар он омӯзиши олам тавассути ба ду қисм тақсим намудани он – индунёӣ ва ондунёӣ сурат мегирад.

Дин шакли ҷаҳонбиниест, ки ба эътиқод бунёд ёфта; зуҳуру таъсири нерӯҳои фавқултабиӣ ва тахаюлиро ба ҳаёти инсон ва олами муҳит ба эътибор мегирад.

Ҷаҳонбинии динӣ инъикоси хаёлии олам буда, ба бисёр аҳкому ақидаҳое асос ёфтааст, ки онҳоро аз рӯи ақлу мантиқ исбот кардан душвор аст.

Тафовути ҷаҳонбинии динӣ аз фалсафӣ дар он аст, ки агар дар ҷаҳонбинии асотирӣ андешаи тахаюлӣ ба ҳаёти рӯзмарра омехта тасвир шаваду элементи марказии он фантазия бошад, дар ҷаҳонбинии динӣ зуҳури муқаддасот аз ҳаёти ҳаррӯза алоҳида тасвир шуда, элементи марказии он эътиқод аст;

Гузашта аз ин, агар дар ҷаҳонбинии динӣ такяи асосӣ ба таълимотҳои динӣ кунанд, дар ҷаҳонбинии фалсафӣ такя ба илм ва донишҳои дақиқ мекунанд.

Ҷаҳонбинии динию фалсафӣ унин умумият доранд, ки манзараи тасвири оламро ба таври худ таҳия намуда; маъною моҳияти олам ва ҳаётро шарҳ дода; низоми муайяни арзишҳоро пешниҳод менамоянд.

Динҳои асосии ҷаҳонӣ маъмулан инҳоянд: буддоия; масеҳият (насронӣ); ислом. Динҳои бештар паҳншудаи миллӣ инҳоянд: синтоизм, ҳиндуизм, яҳудизм

Фалсафа (Философия) аз калимаҳои юнонии fileo (phileo)– дӯст медорам ва sofia (sophia) – ҳикмат гирифта шуда, маънии ҳикматдӯстӣ, муҳаббат ба муҳокимарониҳои амиқро дорад

Фалсафа илмест, ки қонунҳои умумитарини инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккурро меомӯзад.

Ҷаҳонбинии фалсафӣ дар таҳияи манзараи олам ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаи мутобиқи низоми мантиқӣ такя намуда, ба воситаи мафҳуму мақулаҳо (категорияҳо) принсипҳои афкори фалсафиро баён намуда, ҳатто муқаррароти бебаҳсу тасдиқшудаи андешаи солимро низ мавриди шакку шубҳа қарор медиҳад.

Фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинӣ чунин марҳилаҳои ташаккул (эволютсия)-ро тай кардааст: космосентризм, теосентризм, антропосентризм.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *