Фанни Фалсафа

Назария (консепсия)-и диалектикии инкишоф

  1. Диалектика ҳамчун таълимот дар бораи робитаҳои кулл ва инкишоф.
  2. Мафҳуми қонун ва категорияҳо.
  3. Таснифи умумии категорияҳои диалектика.
  4. Робитаҳои таркибии ҳастӣ (ҷузъ ва том), унсур ва система (низом), мазмун ва шакл.
  5. Робитаҳои сабабӣ. Назарияи сабабият.
  6. Категорияҳои ғояи маърифатидошта (фард, махсус, кулл, моҳият ва зуҳурот).
  7. Категорияҳои айният, тафовут, ваҳдат. Баҳамзидҳо ва зиддият.
  8. Зиддиятҳои диалектикӣ. Типҳои асосии зиддият.
  9. Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо.
  10. Категорияҳои сифат, миқдор, андоза ва ҷаҳиш. Шаклҳои ҷаҳиш.
  11. Диалектикаи тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ.
  12. Категорияҳои инкор ва инкори инкор.
  13. Қонуи инкори инкор. Характери спиралии инкишоф.
  1. Диалектика ҳамчун таълимот дар бораи робитаҳои кулл ва инкишоф.

Мафҳуми диалектика (аз калимаи юнонии dialektike techne – санъати баҳс, мунозира, сӯҳбат) дар таърихи фалсафа ба маъниҳои мухталиф истифода карда шудааст. Бори аввал диалектика ҳамроҳи демократия дар Юнони қадим пайдо шудааст. Он вақт ҳунари баҳс, исбот ва мӯътақид сохтани дигарон ва ба ин васила дар муҳокимаҳои корҳои давлатӣ, маҳкамавӣ ва ғайра пайдо намудани ҷонибдоронро диалектика меномиданд.

Диалектика таълимотест, ки оламро бо тамоми робитаю муносибати мураккабаш, таъсири мутақобили чиз, воқеа ва равандҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Диалектика назарияи умумии инкишоф, таълимот дар бораи инкишоф ва робитаҳои ҳастӣ мебошад. Вай сабабҳои инкишоф, механизм ва ҷараёнҳои онро меомӯзад. Дар мавриди омӯзиши робитаҳо диалектика аслан ба робитаҳои умумитарин, устувор, такроршаванда ва зарурӣ диққат медиҳад.

Мафҳуми «диалектика»-ро аввалин маротиба Суқрот истифода кардааст. Суқрот методи диалектикии худро маевтика (калимаи юнонии maieutike — ҳунари момодоягӣ, ба шарофатии модараш Фенерита) номида буд. Ба ақидаи Суқрот диалектика чунин методи муҳокимарониест, ки дар натиҷаи он зиддиятҳои ниҳонии (дохилӣ) фикри рақиб муайян мешаванд, ё дар муҳокимаҳо ақидаҳое, ки ба натиҷаи зид оварда мерасонанд, сарфи назар карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки нуқтаи назари ба донишу ҳақиқат наздик муқаррар карда шаванд.

Типҳои таърихии диалектика инҳоянд:

  1. Диалектикаи стихияви (соддалавҳона)-и антиқа. Пеш аз калимаи диалектика ва арзиши он чун метод дар фалсафаи антиқа назарияи диалектикӣ пайдо шуда буд. Файласуфони қадим кайҳонро чун чизи бутун тасаввур мекарданд, ки дар ҳолати оромӣ мебошад ва дар дохили он тамоми динаргунию тағйиротҳо ба миён меомаданд.

Тағйирёбии умумии ҳастӣ ҳамчун табдилёбии як нахустасос ба дигараш фаҳмида мешуд. Масалан, замин ба об, обба ҳаво, ҳаво ба оташ, оташ ба эфир ва баръакс.

Асосгузори назарияи диалектикаро Гераклит (540-483 то милод) ҳисоб мекунанд. Ба ақидаи ӯ сарчашмаи тағйирот мубориза, «ҷанг» мебошад. Гераклит мегӯяд, ки «Ҷанг падар ва модари ҳамаи чизҳост». Барои Гераклит ҳануз мафҳуми «баҳамзидҳо» маълум набуд ва онро баъдтар Арасту истифода кард. Гераклит «баҳамзидҳо»-ро бо мафҳумҳои ихтилоф, муборизабаранда, дуршавӣ ва ғайра истифода мекард.

Тағйирёбӣ дар фалсафаи антиқа ба таври абстрактӣ ифода мешуд, яъне такроршавии чизҳои нав мушоҳида шуда, сифати наве, ки дар дигар чизҳо бошад дида намешуд.

  • Диалектикаи асримиёнагӣ. Фалсафаи схоластики асримиёнагӣ масъалаи индивидуатсия (омӯзиши падидаҳои монанд, на якхела)-ро меомӯхт, ки ҳануз аз стоикҳо оғоз шуда буд. Схоластикҳо асоси ягонагии ҳамон як ашё, монандии худи онро бо худ дар инкишоф ҷуста, масъалаи меросиятро дар инкишоф ҳал мекарданд. Омӯзиши ин масъала аз Фомаи Аквинагӣ оғоз шуда, то Г. Лейбнитс идома ёфт.
  • Диалектикаи замони Эҳё ва Замони Нав. Аз Лейбнитс оғоз карда масъалаи индивидуатсия аз мавриди омӯзиши васеъ қарор мегирад. Сарчашмаи индивидуатсия (ташаккули ашёҳои монанд дар худи онҳо) дар худи динамикаи инкишоф ҷуста шуда, робата ва муносибати тарафайн бо худро дар давраҳои гузашта ва оянда омӯхта мешавад. «Принсипи ҳаётӣ» ҷуста мешавад, на қонуни статистикӣ.
  • Диалектикаи Г. Гегел, К. Маркс, В. И. Ленин.

Типҳои таърихии диалектикаро ба таври дигар низ тақсимбандӣ мекунанд:

  1. Диалектикаи антиқа, ки хусусияти соддалавҳона дошта, ба таҷрибаи ҳамарӯзаиодамон ва мушоҳидаҳои одамони алоҳида (Гераклит, Суқрот, Афлотун, Арасту ва дигарон) такя мекард.
  2. Диалектикаи файласуфони классикии немис, ки аз ҷониби И. Кант, И. Фихте, Ф. Шеллинг ва махсусан Г. Гегел кор карда шудааст.
  3. Диалектикаи материалистӣ, ки ба он К. Маркс, Ф. Энгелс ва В. Ленин асос гузоштанд.

Диалектика дар ҳамаи типҳои таърихиаш ба омӯзиши масъалаи марказии худ – инкишоф машғул буд.

Инкишоф – категорияи фалсафиест, ки раванди ҳаракат, тағйирёбии низомҳои бутуни органикӣ: моддӣ ва маънавиро ифода мекунад.

Инкишоф хосияти универсалӣ ва фундаменталии ҳастӣ ва атрибути он ҳисоб мешавад. Аз оне, ки сарчашмаи асосии инкишоф зиддият (баҳамзидҳо) ҳисоб мешавад, раванди мазкур худинкишофёбӣ (худҳаракткунӣ) ном дорад.

  • Мафҳуми қонун ва категорияҳо.

Принсипи қонунмандӣ хислати мунтазам ва бонизоми муносибатҳои детерминизмро муайян кардааст. Хислати қонунмандии воқеият маънии онро дорад, ки ҳамаи падидаҳо вобаста ба пайдоиш ва моҳияташон тобеи қонунҳои айнӣ (объективӣ) мебошанд.

Қонун пеш аз ҳама робита (ё муносибат) мебошад, ки ба робитаи мафҳуми қонун бо мафҳуми детерминизм нишон медиҳад. Лекин на ҳамаи робита ё муносибат қонун шуда метавонад. Қонун робитаи оддӣ не, балки муҳим мебошад. Қонун муносибати моҳиятӣ ё байни моҳиятӣ мебошад.

Қонун – навъи робитаи муҳим, устувор, такроршаванда ва зарурии ҳаводиси олами атроф мебошад.

Аз таърифи қонун, ки он робитаи муҳим аст бармеояд, ки тамоми атрибутҳои моҳиятӣ дар қонун паҳн мешаванд. Бинобар он ки қонун робитаи муҳим аст, дар навбати худ чун робитаи умумитарин баромад мекунад. Робитае, ки ба қонун таалуқ дорад хоси на предметҳои алоҳида буда, балки ба ҳамаи предметҳо ва падидаҳои намуди муайян дохил мешавад. Муносибати қонунӣ чун муносибати томи муайяне, ки онро ҳамчун умумитарин нишон медиҳад, баромад мекунад. Хислати хоси қонун такроршаванда ва зарурӣ мебошад.

Қонунҳо дар маҷмӯъ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд:

  1. Қонунҳо объективӣ (айнӣ).
  2. Қонунҳои субъективӣ (зеҳнӣ).

Тафовути қонунҳои табиат аз ҷамъият инҳоянд:

  1. Қонунҳои табиат абадӣ мебошанд ва қонунҳои ҷамъият-таърихӣ, яъне қонунҳое дар марҳилаи муайяни ҷамъият пайдо мешаванду қонунҳое аз байн мераванд.
  2. Қонунҳои табиат худ аз худ манфиатҳои ин ё он синф ё гуруҳи иҷтимоии одамонро ифода карда наметавонанд. Қонунҳои ҷамъият ҳам принсипҳои умумиинсонӣ, ҳам манфиатҳо ва зарурати гуруҳи одамони алоҳидаро ифода мекунанд.
  3. Қонунҳои табиат ба таври стихиявӣ сурат мегиранд. Қонунҳои ҷамъият ба воситаи фаъолияти бошуурона ва мақсадноки одамон пайдо шуда, амалӣ мешаванд.

Ягонагии қонунҳои табиат ва ҷамъият дар он аст, ки дар асоси талаботҳои онҳо мумкин аст, ки ояндаро пешбинӣ кард (ҳам табиат ва ҳам ҷамъиятро) ва равандҳои табиӣ ва иҷтимоиро идора кард.

Вобаста ба шаклҳои гуногуни муносибат ва фаъолияти тарафайн дар воқеияти айнӣ, ки асоси объективӣ дорад шаклҳои гуногуни қонун вуҷуд доранд, ки аз рӯи ин ё он меъёр тасниф карда мешаванд. Аз рӯи ҳаракати материя қонунҳо ба механикӣ, физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ ҷудо мешаванд. Қонунҳо аз рӯи доираҳои асосии воқеият ба қонунҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур ҷудо мешаванд. Аз рӯи дараҷаи умумияти онҳо, аниқтараш вобаста ба фарогирии фаъолияти онҳо ба ҷузъӣ, махсус ва умумитарин ҷудо мешаванд. Яъне, қонунҳои айниро дар фалсафа вобаста ба амалашон ба 3 гуруҳ ҷудо мекунанд:

  1. Қонунҳои ҷузъӣ (алоҳида).
  2. Қонунҳои махсус (умумӣ, хос).
  3. Қонунҳои кулл (умумитарин, универсалӣ, куллӣ).

Қонунҳои ҷузъӣ қонунҳое мебошанд, ки доираи амалашон маҳдуд буда, ин ё он бахши муайянро дарбар гирифта, аз ҷониби илмҳои мушаххас омӯхта мешаванд. Масалан, қонуни Кулон, Ҷоул, Архимед ва ғайраҳо.

Қонунҳои махсус гуфта қонунҳоеро мегӯянд, ки доираи амалашон ё табиат ё ҷамъиятро фаро мегиранд. Масалн, қонуни бақо ва табдили энергия (табиат), қонуни ба дараҷа ва хислати инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа мувофиқат кардани муносибатҳои истеҳсолӣ (ҷамъият) ва ғайраҳо.

Қонунҳои умумитарин гуфта қонунҳоеро меноманд, ки доираи амалашон ниҳоят васеъ буда, тамоми ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро фаро мегиранд. Мисол. Қонунҳои асосии диалектика.

Қонунҳои умумисотсиологӣ инҳоянд:

  1. Қонунҳои оид ба нақши муайянкунанда доштани ҳастии ҷамъиятӣ нисбат ба шуури ҷамъиятӣ.
  2. Қонунҳои оид ба нақши муайянкунанда доштани тарзи истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар сохт ва инкишофи ҷамъият.
  3. Қонуни мувофиқ омадани муносибатҳои истеҳсолӣ ба характери қувваҳои истеҳсолкунанда.
  4. Қонуни ба базис (поя, поёнсохт)-и иқтисодӣ тобеъ будани надстройка (рӯбино, болсохт)-и ҷамъиятӣ.
  5. Қонуни инқилоби иҷтимоӣ (сотсиалӣ) ҳамчун қонуни гузариш аз як форматсия ба дигараш.

Категория – мафҳуми аз ҳад умумӣ ва универсалие мебошад, ки робитаҳои умумитарин ва муносибатҳои воқеиятро инъикос мекунад.

Категорияҳои диалектика – мафҳумҳое мебошанд, ки хосиятҳои умумитарин ва муҳим, робита ва муносибатҳои воқеияти айнӣ ва маърифатро дар асоси фаъолияти ҳиссӣ-моддии одамон ва амалияи ҷамъиятӣ инъикос мекунанд.

Категорияҳоро дар фалсафа ба се қисм тақсим мекунанд:

  1. Категорияҳои универсалӣ-умумӣ, ки ба он категорияҳои ҳастӣ, материя, ҷомеа, шуур, маърифат, ҳаракат, фазо, вақт ва ғайраҳо дохил мешаванд.
  2. Категорияҳои алоҳида, ки ба он категорияҳои сифат, миқдор, андоза, ҷаҳиш, айният, тафовут ва ғайраҳо дохил мешаванд.
  3. Категорияҳои ҷуфт-ҷуфт, ки ба он категорияҳои сабаб ва натиҷа, имконият ва воқеият, моҳият ва зуҳурот, зарурат ва тасодуф ва ғайраҳо дохил мешаванд.
  • Таснифи умумии категорияҳои диалектика.

Сабаб ва натиҷа

Робитаи сибабӣ яке аз шаклҳои муҳими муносибат ва таъсири мутақобилаи ҳодисаҳоитабиат ва ҷмаъият мебошад.

Ҳодиса ё маҷмӯи ҳодисаҳое, ки онҳо пеш аз дигар ҳодиса буда, ҳодисаи дигарро ба вуҷуд меоранд, сабаб номида мешаванд.

Масалан, бо тафсонидани ҷисм ҳаҷми вай васеъ мешавад. Тафсонидани ҷисм сабаб аст, чунки вай васеъ шудани ҳаҷми ҷисмро ба вуҷуд меорад.

Ҳодисае, ки бо таъсири сабаб ба вуҷуд меояд, натиҷа ном дорад.

Дар мисоли дар боло овардашуда васеъ шудани ҳачми ҷисм натиҷа аст, зеро ки вай баъди тафсидани ҷисм ҳамчун натиҷаи он ба миён меояд.

Донистани сабабият барои дуруст фаҳмидани ҳодисаҳои олам, дарк намудани қонунҳои инкишофи он ва ба туфайли он пешбинӣ кардани ҳодисаҳое, ки минбаъд рӯй хоҳанд дод, имконият медиҳад.

Робитаи сабабӣ характери умумӣ дорад. Вай ҳамаи ҳодисоти табиат ва ҷамъиятро фаро мегирад. Дар табиат ягон ҳодисае нест, ки вай бидуни сабаб ба вуҷуд омада бошад. Ҳамаи ҳодисаҳои олам бо ягонсабаб ба вуҷуд меоянд. Ҳодисаи бе сабаб нест.

Робитаи байни сабаб ва натиҷа зарурӣ мебошад. Вакте ки сабаб ва шароитҳои зарурии зуҳуроти он мавҷуд бошад, пас, хоҳу нохоҳ натиҷа ба миён меояд. Агар натиҷа ба миён омада бошад, пас, ҳатман сабаб вуҷуд дорад.

Зарурат ва тасодуф

Зарурат ҳамон аст, ки ногузир аз робитаҳои дохилӣ ва муҳими ҳодисоту равандҳо сар зада мебарояд.

Тасодуф чунин ҳодисаест, ки вай аз моҳияти ҳодисот сар намезанад, дар натиҷаи тараққиёти қонунии равандҳо ба миён намеояд, балки ба туфайли робитаҳои берунӣ ва муваққатӣ ба миён меояд.

  • Робитаҳои таркибии ҳастӣ (ҷузъ ва том), унсур ва система (низом), мазмун ва шакл.
  • Робитаҳои сабабӣ. Назарияи сабабият.

Ҳамаи падидаю равандҳои воқеият дар робитаи байниҳамдигарӣ буда, дар ин ё он низом бо якдигар робита дошта, бо ин ё он усул сабаби ҳамдигар мешаванд. Ин ҳолат бо мафҳуми лотинии «determino» — «муайян мекунам» ифода карда мешавад.

Детерминизм низоми ақоид оиди робитаҳои айнӣ, қонунмандӣ ва умумитарин сабаби ҳаводиси олами атроф мебошад. Дар муқобили детерминизм индетерминизм қарор дорад. Индетерминизм сабабияти айниро ё эътироф намекунад, ё хосияти умумитаринро рад карда, ҳатто дар маҷмӯъ сабабиятро инкор мекунад. Пайравони индетерминизм ба чунин ақоиданд, ки чунин вазъият ва ҳолатҳое ҳастанд, ки барои онҳо сабаб вуҷуд надорад ё нишон дода намешавад.

  • Категорияҳои ғояи маърифатидошта (фард, махсус, кулл, моҳият ва зуҳурот) (Робитаҳои куллии ҳастӣ).

Эътирофи робитаҳои куллии универсалӣ дар олами айнӣ, яке аз хислатҳои сифатан нави тафаккури фалсафиест, ки савияҳои таърихиро паси сар кардааст. Кашфи робитаҳои мунтаззаму пайдарҳами чизҳою ашё, устуворию зарурии онҳо самараи муҳимтарини маърифати инсонӣ буда, мақулаҳое, ки чунин робитаҳоро ифода менамоянд, инъикоси зинаҳои қонуниятҳои умумитарини олами воқеӣ ва маърифат мебошанд.

Фард, махсус ва кулл

Олами моддӣ аз маҷмӯи чизҳо ва ҳодисаҳои фардӣ иборат аст. Ҳар як ҳодиса ва предмет дар шуури инсон ҳамчун фард танҳо инъикос меёбад. Предмет, чиз, ҳодиса, воқеаи танҳо фард мебошад.

Фард – чиз, ашё, ҳодиса, раванд ва воқеаҳои алоҳидаест, ки аз ҳамдигар аз рӯи хосиятҳои замонӣ, маконӣ ва ғайра аз чизу ашё ва падидаҳои дигар, аз ҷумла монанд фарқ мекунанд.

Кулл тавсифест, ки мавҷудияти айнӣ, шабоҳати чизҳои ҷузъӣ ба ин ё он гуруҳи ҳодисаҳо ё низоми ягонаи робита нисбат доштанро ифода мекунад.

Кулл чизҳои бисёр, ҷинси ҳодисотро дарбар мегирад. Масалан, «беди лаби ҳавзи боло», «мактаби рақами даҳи шаҳри Душанбе», «хонаи мазкур» ва ғайраҳо категорияҳои фардиро фаҳмонанд, «дарахт», «мактаб», «шаҳр», «хона» категорияи кулл мебошанд.

Чизи фардӣ тамоман алоҳида, бидуни робита бо чизҳои дигар вуҷуд надорад. Фард ва кулл ба ҳам алоқаманд мебошанд. Риштае, ки фард ва куллро ба ҳам мепайвандад, категорияи махсус мебошад. Махсус категорияи мобайнист.

Махсус ифодаи андоза ва тарзи иттиҳоди куллу фард дар як ҳодиса мебошад.

Махсус нисбат ба фард – кулл ва нисбат ба кулл – фард мебошад. Масалан, «беди лаби ҳавзи боло» — фард, «дарахти бед» — махсус ва «дарахт» — кулл аст. «Дарахти бед», ки махсус аст, нисбат ба «беди лаби ҳавзи боло»- кулл ва нисбат ба умуман дарахт- фард аст. Фарқ миёни кулл, махсус ва фард нисбӣ мебошад.

Моҳият ва зуҳурот

Ашёҳо ва падидаҳои олами моддӣ тарафу хосиятҳои дохилӣ ва буруниро доранд. Гузашта аз ин, предметҳоро яку-якбора пура донистан номумкин аст ва аз ин рӯ маърифат (донистан)-и предмет аз як сохтори он ба дигараш сурат мегирад. Ҳамаи тафовутҳо дар сохт ва хусусиятҳои предметҳо, давраҳо ва тафовутҳои таркибии дониш дар категорияҳои моҳият ва зуҳурот инъикос мешаванд. Аз нигоҳи материалистӣ, моҳият ва зуҳурот савияҳои гуонгуни воқеияти айнӣ мебошанд.

Моҳият ва зуҳурот ҳастӣ ва маърифатро дар робитаи ногусастанӣ инъикос мекунанд.

Моҳият – категорияест, ки робитаҳо ва муносибатҳои дохилиро инъикос карда, аломатҳои асосӣ ва тамоюли инкишофи низомро муайян мекунад.

Моҳият ба худ тарафи устувори предмету равандҳоро тобеъ мекунад.

Зуҳурот – категорияест, ки тарафҳои беруна, мушоҳидавӣ, ҳиссӣ-эҳсосии предмету равандҳоро инъикос мекунад.

Моҳият ва зуҳурот зидҳое мебошанд, ки дорои робитаи диалектикӣ буда, ҳамдигарро такмил медиҳанд, вале баъзан бо ҳам мувофиқат намекунанд. Ягонагии моҳият ва зуҳурот чун хусусияти объективии ҳастӣ ва маърифат дар он зуҳур мешавад, ки агар ин категорияҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунем моҳияти худро гум мекунанд.

Моҳият худро дар зуҳурот пайдо мекунад, зуҳурот тазоҳури моҳият мебошад. Маърифати моҳият аз тариқи маърифати зуҳурот сурат гирифта, беш аз пеш амиқтар мешавад ва аз моҳияти дуюм ва ғайра интиқол меёбад. Мафҳумҳои моҳият ва зуҳурот нисбӣ мебошанд. Моҳият ҳеҷ гоҳ инъикоси қатъии ин ё он савияи воқеият ё баъзе ҳудудҳои маърифатро дар назар надорад. Маърифати инсон аз зуҳурот ба моҳият ҳаракат карда, тадриҷан робитаҳои сабабӣ, қонуният ва тамоюлҳои тағйиру инкишофи ин ё он бахши воқеиятро ошкор мекунад.

На ҳамаи падидаҳо моҳиятро дуруст инъикос мекунанд.

Категорияҳои айният, тафовут, ваҳдат. Баҳамзидҳо ва зиддият.

Барои дуруст дарк кардани қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо донистани категорияҳои айният ва тафовут ба маврид мебошад.

Айният муносибатест, ки тарафҳои он хусусият, қувва ва тамоюлҳое доранд, ки ба ҳамдигар мувофиқ меоянд.

Муайян аст, ки ашёҳо якхела, ба худ монанд монанд ҳам, дар навбати худ тағйир меёбанд, вайрон мешаванд. (Инсон пир мешавад, мошин кӯҳна мешавад, яъне объектҳои олами моддӣ тағйир меёбанд.)

Тафовут муносибатест, ки тарафҳои он хусусият, қувва ва тамоюлҳоеро дорост, ки байни ҳамдигар мувофиқ нестанд.

Дараҷаи тафовути байни предметҳо дар сатҳи гуногун қарор дорад. Тафовути онҳо муҳим ва ғайримуҳим мешаванд.

Масалан, аксари ҳизбҳои демократии Тоҷикистон дар барнома ва баромадҳои худ бартарии «ислоҳот»-ро барои пешрафти ҷомеаи тоҷик қайд мекунанд. Барои интихобкунандагон дар байни онҳо тафовути ғайримуҳим вуҷуд дорад.

Тафовут ташаккул ёфта, то ба баҳамзидҳо рафта мерасад. Тафовути ба дараҷаи муайян расида, баҳамзидҳоро ташкил медиҳад.

Баҳамзидҳо муносибати тафовутие мебошад, ки тарафҳои он қувва ва тамоюлҳое ҳастанд, ки якдигарро истисно мекунанд.

Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо

Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо яке аз қонунҳо универсалии диалектика мебошад. Қонун дар табиат, ҷамъият ва тафаккур фаъолият мекунад.

Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо сарчашмаи инкишофро нишон медиҳад ва ба саволи «барои чӣ инкишоф ба миён меояд?» ҷавоб медиҳад.

Моҳияти қонун он зуҳур мешавад, ки вай инкишофро маҳз чун худҳаракаткунӣ, худинкишофёбӣ маънидод мекунад. Мувофиқи ин қонун ба ҳамаи объектҳо ва равандҳои моддию маънавии ҳастӣ тарафу тамоюлҳои ба ҳам зид хос мебошад. Онҳо дар як вақт ҳам дар ягонагӣ ва ҳам дар мубориза мебошанд. Муборизаи тарафҳои объект ҳамон вақт ба миён меояд, ки баҳамзидҳо дар ягонагианд ва аз ин рӯ объектҳо вайрон намешаванд. Вайроншавии андоза байни ягонагӣ ва истиснои баҳамзидҳо ба худҳаракаткунӣ, худинкишофдиҳӣ такон мебахшад. Ин ба аз байн рафтани сифати кӯҳнаю тавлиди нав бурда мерасонад.

Барои х

Категорияҳои сифат, миқдор, андоза ва ҷаҳиш. Шаклҳои ҷаҳиш.

Қонуни дуюми диалектика низ инкишофро меомӯзад. Он ба саволи «дар кадом шакл, чӣ хел сифати нав ба вуҷуд меояд?» ҷавоб медиҳад.

Дар табиат ва ҷамъият ҳамаи ашёҳо дар ҳаракату тағйирёбианд. Ин тағйирёбиҳо чӣ хел ба вуҷуд меоянд мавзӯи баҳси қонуни гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс мебошанд. Барои дуруст дарк кардани моҳияти ин қонун донистани категория (мақула)-ҳои миқдор, сифат, андоза, ҷаҳиш ба маврид аст.

Сифат – категорияи фалсафиест, ки устувории нисбии предмету падидаҳои оламро инъикос мекунад.

Миқдор – категорияи фалсафиест, ки чунин муайянии предметро ифода мекунад, ки тағйиротҳои дар дохили он бавуҷуд омада, маънии гузариши предметро ба дигарашро надорад.

Андоза – категорияи фалсафиест, ки ягонагии бутуни сифатӣ ва муайянии миқдории предметро ифода мекунад.

Ҷаҳиш – категорияи фалсафиест, ки хусусияти гузариши ашёро аз тағйироти миқдорӣ ба сифатӣро ифода карда, дигаргунии асосӣ ва таркибиро дар раванди инкишоф таъмин мекунад.

Диалектикаи тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ.

Қонуни инкори инкор. Характери спиралии инкишоф.

Қонуни инкори инкор тамоюлоти инкишоф, самти инкишоф, шакли пайвастагӣ ва идоматро дар инкишоф муайян мекунад. Ҳар як ҳодисаю предмети олам оғози пайдоиш дорад, баъд аз он меафзояд, инкишоф меёбад ва дар охир мемирад, нест мешавад, ё худ инкор мешавад. Аз ин рӯ мафҳуми «инкор» раванди доимии аз байн рафтани чизи кӯҳнаю ба вуҷуд омадани чизи навро ифода мекунад.

Инкор танҳо маънои нобуд кардани чизро надорад. Албатта, инкор пеш аз ҳама фанои ҳодисаро мефаҳмонад. Аммо моҳияти аслии инкор ҳодисаи кӯҳнаро иваз кардани ҳодисаи нав мебошад. Бидуни ин гунна ивазшавии чизи кӯҳна бо чизи нав инкишоф ба миён намеояд.

Метафизикҳо инкор гуфта, ба туфайли сабабҳои берунаю тасодуфӣ фано шудани чизро мефаҳманд. Аз рӯи фаҳмиши метафизикӣ инкор комилан, тамоман нобуд шудани предмет мебошад.

Инкори диалектики предмет чунин фанои он мебошад, ки ин гунна фано ба туфайли сабабҳои дохилӣ, таъсири зиддиятҳои дохилӣ ба амал меояд. Мувофиқи фаҳмиши диалектикӣ дар раванди инкор ҳодисаю предмет танҳо нисбатан нобуд мешавад. Чизе нестмешавад, аммо қувваи худро, ҳаёти худро ба сифати нави баландтар мебахшад. Предмету ҳодисаи нав тамоми ҷиҳатҳои мусбату пурқимати чизи кӯҳнаи инкоршударо нигоҳ медорад ва аз худ мекунад. Инкор, аз як тараф нобуд шудан, нест шудани чизи кӯҳна ва аз дигар тараф, тавлид ёфтани чизи нав, ба ҷои кӯҳна пайдо шудани предмети нав мебошад.

Инкор характери прогрессивӣ ва болораванда доштани инкишофро ифода мекунад.

Дар асоси инкори инкор 3 зинаи бавуҷуд меояд.

  1. Зинаи аввал, оғози инкишоф аст, ки онро тезис (ниҳода) меноманд.
  2. Зинаи дуюм, инкори зинаи якум мебошад, ки он антитезис (баробарниҳода) ном дорад.
  3. Зинаи сеюм, инкори зинаи дуюм буда, синтез (ҳамниҳода) ном дорад, ки вай тамоми ҷиҳатҳои беҳтарину мусбати зинаҳои инкишофи гузаштаро дарбар мегирад ва дараҷаи баландтарини тараққиётро ташкил медиҳад.

Ин гунна инкишофи седараҷа, сезинадор – инкишофи сегона ном дорад.

Гегел тамоми инкишофи ҳаводиси олам ва тафаккури инсониро бо чунин усул маънидод мекард.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *