Фанни Фалсафа

Ҷомеа чун низоми инкишофёбанда

  1. Мафҳуми ҷомеа. Фаҳмиши материалистӣ-диалектикии ҷомеа.
  2. Мафҳуми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тарзи истеҳсолот.
  3. Диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ.
  4. Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ. Таносуби фаҳмиши форматсия ва тамаддун дар инкишофи ҷомеа.
  5. Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои он.
  6. Инкишофи ҷомеа чун низоми табиӣ-таърихӣ.
  7. Тарзҳои инқилобӣ ва таҳаввули инкишофи ҷомеа.
  8. Моҳияти пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ ва меъёрҳои он.
  9. Навъҳои таърихии пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ.
  10. Мафҳуми сохтори сиёсии ҷомеа ва унсурҳои он.
  11. Мафҳуми субъект ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи таърихӣ.
  12. Таносуби зарурат ва фаъолияти бошууронаи одамон дар раванди таърих.
  1. Мафҳуми ҷомеа. Фаҳмиши материалистӣ-диалектикии ҷомеа.

Таърихи ҷамъият бо таърихи ташаккули инсон робита дорад. Пайдоишу ташаккули ҷомеа натиҷаи фаъолияти меҳнатии инсон, муносибатҳои мухталифи ҷамъият, ташаккули забон, муошират ва шуур мебошад. Азбаски маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ моҳияти инсонро ташкил медиҳанд, инкишофи онҳо боиси ташаккули инсон мегардад ва ӯ дар навбати худ ба сифати эҷодкори муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад карда, онҳоро такмил медиҳад. Бидуни чунин робитаи мутақобил вуҷуди инсон ва ҷамъият номумкин аст.

Ҷамъият дар шакли низомҳои айнию воқеие баромад мекунад, ки нисбат ба табиат мустақил мебошанд. Мафҳуми «ҷамъият» ба маънои васеаш маҷмӯи шаклҳои таърихан таркибёфтаи фаъолияти якҷояи одамонро ифода мекунад. Дар маънои маҳдуд дар зери мафҳуми «ҷамъият» навъи мушаххаси таърихии низоми иҷтимоӣ, ки шаклҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ дорад, фаҳмида мешавад.

Дар таълимоти Афлотун пайдоиши ҷамъият (давлат, политсия) бо шарофатии он аст, ки одамон барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба якдигар эҳтиёҷ доранд. Арасту мавҷудияти алоқаҳои ҷамъиятӣ ва давлатро ба амалиёти душманонаи одамон, нобаробарии қобилият, инчунин гуногунии вазифаҳои иҷтимоӣ вобаста медонад. Ба ақидаи Т. Гоббс ва Ж.Ж. Руссо одамон дар зери фишори шароитҳо маҷбуранд, ки назоратро аз болои амалиёташон ба дасти ҷамъият диҳанд ва боиси бегонашавии озодии худ гарданд. Гегел фарзияи шартномавиро рад карда, идеяи «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро дар соҳаи иқтисодӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, ки соҳаҳои ба ҳам алоқаманду вобаста барои ҳама мебошанд, ба миён гузошт.

Ба ақидаи намояндагони материализми таърихӣ (К. Маркс ва Ф. Энгелс) фаъолияти ҷамъиятӣ натиҷаи тамоми алоқаҳои гуногунсоҳаи иҷтимоии муносибатҳои истеҳсолии моддӣ мебошад, ки новобаста ба ирода ва шуури одамони ҷудогона ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои идеологӣ таъсири муайян мерасонанд ва бо ҳамин сохтори объективии организми бутуни ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.

  • Мафҳуми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тарзи истеҳсолот.

Бидуни ҷараёни доимии истеҳсол ҷамъият вуҷуд дошта, тараққӣ карда наметавонад. Маҳз дар рафти истеҳсолоти моддӣ фаъолияти инсон ҳамчун мавҷудоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар худ истеҳсолоти алоқаҳои ҷамъиятии одамон, истеҳсоли худи одам ва истеҳсолоти арзишҳои моддӣ ва маънавиро дарбар мегирад.

Дар байни ин унсурҳои сохтори истеҳсолоти ҷамъиятӣ унсури истеҳсолоти моддӣ ба сифати асоситарин баромад мекунад, зеро ки маҳз дар он шароити моддии ҳастии одамон чун шарти асосии худи таърихи инсоният ва худи қобилияти одамон ба эҷод кардани таърих муҳайё мегардад. Ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ бошад, ҳамеша характери ҷамъиятӣ дорад. Меҳнати якҷояи фардҳо аввалин асоси характери ҷамъиятии истеҳсолот буда, дар заминаи он шаклҳои коллективонаи робитаҳои ҷамъият, тарзи кору бор ва тамоми тарзи ҳаёти мардум пайдо шуда, такмил меёбад.

Аз нигоҳи материализми таърихӣ мафҳуми «истеҳсолот» дар маънои васеъ ҳамчун фаъолияти ҳаёти ҷамъият, ҳамчун истеҳсолоти ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад, ки дар он ҳаёти моддӣ нақши асосӣ ва муайянкунандаро иҷро мекунад. Маънои мафҳуми «истеҳсолоти ҷамъиятӣ» аз он иборат аст, ки одамон на танҳо неъматҳои моддӣ ва дигар чизҳои пурқиммат истеҳсол мекунанд, балки онҳо дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ иштирок намуда, ҳаёти иҷтимоии худ: муносибатҳои ҷамъиятӣ, гуруҳҳои иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳо, яъне дар ниҳояти ҳол ҷамъият ва моҳияти ҷамъиятии хеш меофаранд.

Диалектикаи қувваҳои истехсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ.

Қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ бо ҳамдигар робитаи диалектикӣ дошта, танҳо дар бутунӣ, мувофиқати якдигар моҳияти тарзи истеҳсолотро ифода мекунанд. Қувваҳои истеҳсолкунанда чун моҳияти истеҳсолотро ифода мекунанд, серҳаракат мебошанд ва ин табиист, чун истеҳсолот ҳеҷ гоҳ дар як ҷой намеистад. Истеҳсолот доимо афзуда, инкишофу такмил меёбад.

Қувваҳои истеҳсолкунанда ҳамчун ҷузъи таркибии тарзи истеҳсолот маҷмӯи олоти меҳнат (ашёҳое, ки одамон ба мақсади таъсир расонидан ба олами беруна офаридаанд), предмети меҳнат (предмети меҳнат, фулузот, сарватҳои зеризаминӣ ва ғ.) ва субъекти меҳнатро (одамон) дарбар мегиранд.

Қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ маҷмӯи воситаҳои истеҳсолоти (олоти меҳнат ва предмети меҳнат) ҷамъиятӣ ва одамон мебошанд, ки онҳоро ба кор дароварда, неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунанд.

Амали қувваҳои истеҳсолкунанда, ки дар истеҳсолот амри воқеӣ мегардад ду навъи меҳнатро дарбар мегирад.

  1. Меҳнати таҷассумёфта, ки низоми воситаҳои истеҳсолоти мавҷударо дарбар мегирад ва онро базаи моддӣ-техникӣ низ мегӯянд.
  2. Меҳнати зиндаи одамон (қувваи корӣ), ки ба меҳнати таҷассумёфта (базаи моддӣ-техникӣ) таъсир расонида, ҷараёни истеҳсолотро таъмин мекунанд.

Дар олами муосир инкишофи илму техника такмили технологияи истеҳсолот яке аз унсурҳои басо муҳими таркибии қувваҳои истеҳсолкунанда баромад мекунад.

Яке аз усулҳои ба табиат таъсир расонидан воситаҳои техникӣ ба ҳисоб мераванд. Техника гуфта (аз калимаи юнонии techne-маҳорат, ҳунар) низоми олоти истеҳсолоти инсон, ҳамчун тарзу усулҳо, маҳорату ҳунари ҷараёни меҳнат фаҳмида мешаванд. Савияи инкишофи теҳникӣ нишонаи дараҷаи қувваҳои табиатро аз бар кардани инсон аст. Агар дар ибтидо меҳнати зинда зиёдтар истифода мешуд, имрӯз рушди техникӣ меҳнати зиндаи инсонро кам кард. Баробари тараққӣ кардани меҳнат худи инсон низ тағйир ёфт.

Оғози давраи аз ҳама пуравҷи инкишофи илму техника ба асрҳои XVI-XVIII рост меояд. Эҳтиёҷоти савдо, баҳргардӣ, истеҳсолоти мануфактурӣ ва ғ. зарурати аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ ҳал намудани ин масъалаҳоро ба вуҷуд овард. Инқилоби илмию техникӣ дар давраҳои инкишифи худ се марҳиларо паси сар кардааст:

  1. Марҳилаи механиконӣ, мошинӣ шудани истеҳсолот, ки одамро аз меҳнати хастаю абгоркунандаи ҷисмонӣ раҳоӣ бахшида, маҳсули онро чандин бор афзун кард. Дар ин давра ҷараёни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда афзуда, олотҳои меҳнат такмил ёфтанд.
  2. Дар истеҳсолот ҷорӣ гардидани автоматика, электроника, техникаи ҳисоббарор. Гузаштан ба шаклҳои олии автоматикунонӣ имконият фароҳам овард, ки ҷараёни истеҳсолот дар миқёси васеътар автоматонида, ҳосилнокии меҳнат баланд бардошта шавад. Гузашта аз ин, такмили ихтисос ва касбу кор ба вуҷуд омад.
  3. Инкишофи пуравҷи микроэлектроника, информатика, биотехнология, сохтмони роботтехника, компютеркунонӣ ва ғайра ба вуҷуд омад. Пешрафти илму техника ба мустаҳкамшавии иттифоқи байни истеҳсолот ва комёбиҳои физика, математика, химия, биология ва дигар илмҳо оварда, раванди муттаҳидгардонии онҳоро тезонид.
  • Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ. Таносуби фаҳмиши форматсия ва тамаддун дар инкишофи ҷомеа.

Категорияи форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ категорияи фалсафӣ ва таърихӣ мебошад. Категорияҳои фалсафӣ умумитарин хусусиятҳои муҳими воқеияти айниро инъикос мекунанд. Форматсия бо мантиқи умумии рушди ҷомеаи инсонӣ робита дошта, аз падидаҳои алоҳида ва тасодуфӣ абстраксия карда мешавад.

Мафҳуми форматсия (аз кал. лот. formatio–навъ, таксимкунӣ) дар илми ҷамъиятӣ аввалин маротиба аз ҷониби К. Маркс дохил карда шудааст. Дар асарҳои Маркс, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд, чунин мафҳумҳо ба монанди «форматсияи ҷамъиятӣ», «форматсияи таърихӣ», «форматсияи иқтисодӣ», «форматсияи истеҳсолоти ҷамъиятӣ», «форматсияи иқтисодии ҷамъиятӣ» вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо дар тарҷумаи Ленин В.И. чун «форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ» ном гирифтаанд.

Форматсия мафҳуми хронологӣ ё ҷуғрофӣ набуда, мафҳуми иҷтимоӣ-фалсафӣ мебошад.

Мувофиқи фаҳмиши марксистӣ, форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ин навъи мушаххаси таърихӣ, низоми бутуну ҳаракаткунанда ва инкишофёбандаи ҷамъият аст, ки дар асоси қонунҳои ба худ хоси объективӣ амал мекунад.

Ҳар кадом форматсия низоми бутун мебошад. Сифати махсуси он аз маҷмӯи муносибатҳои моддӣ, яъне базис (зербино, поёнсохт, поя) вобаста буда, танҳо ба воситаи он форматсияҳо характери мушаххаси-таърихии навъи муайяни ҷамъиятӣ: ҷомеаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, сармоядорӣ ва коммунистиро гирифтаанд. Ба форматсия, инчунин қувваҳои истеҳсолкунанда дохил мешаванд, ки якҷоя бо муносибатҳои истеҳсолӣ асоси моддии онро ташкил медиҳанд. Таркиби форматсияро дар баробари базис надстройка (рубино, болосохт)-и ба он мувофиқ ташкил медиҳад. Ба таркиби форматсия ҳамчунин субъекти иҷтимоӣ-шаклҳои таърихии одамон: қавму қабила, табақаю синф, халқияту миллат, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба характери навъи форматсия мувофиқанд, дохил мешаванд.

Форматсия бо мантиқи таърих робита дошта, ягонагӣ ва гуногунрангии онро нишон медиҳад. Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ дар худ тамоми падидаҳои дар ҷамъият бударо (моддӣ, маънавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ ва ғ.) фаро мегирад. Асоси форматсияро тарзи истеҳсолоти ҳаёти моддӣ дар ягонагӣ бо қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳад. Форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ин таърихан ҷомеаи мушаххас дар давраи муайяни рушди он мебошад. Ҳар як форматсия организми иҷтимоии махсус буда, дар асоси қонунҳои табиии худ ташаккул меёбад. Дар баробари ин форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ин дараҷаи муайян дар рушди раванди таърихии болораванда мебошад.

К. Маркс тамоми таърихро ба панҷ форматсия: ҷомеаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, сармоядорӣ ва коммунистӣ ҷудо кардааст. Маркс форматсияҳоро ба таври дигар низ тақсим мекунад:

1. Форматсияҳои аввалиндараҷа (ҷомеаи ибтидоӣ);

2. Форматсияҳои дуюмдараҷа (ғуломдорӣ, феодалӣ, сармоядорӣ);

3. Форматсияҳои сеюмдараҷа (коммунистӣ).

Аз нигоҳи Маркс ҳар як форматсияи дар оянда омада, нисбат ба пештара прогрессивӣ (пешраванда) мебошад. Гузашта аз ин, Маркс мафҳуми тарзи истеҳсолоти осиёгиро истифода кардааст. Аз солҳои 20-уми асри XX оғоз карда, дар адабиётҳо ин мафҳум бисёр баҳсҳоро ба миён овард, ки ягон натиҷа надоданд. Мафҳуми тарзи осиёгӣ чунин сохтори ҷамъиятӣ-иқтисодиро ифода мекард, ки дар он моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот вуҷуд надошт, пеш аз ҳама ба замин, синфи истисморкунанда нест, обшинаҳое ҳастанд, ки заминро дар ихтиёри худ доранд, лекин аз тарафи давлат истисмор мешаванд. Ҳокимият хусусияти истибдодӣ (деспот) дорад. Дар дасти монарх тамоми фишангҳои ҳокимият (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра) сафарбар шудаанд. Дар Шарқ сабабҳои пайдоиши тарзи осиёгиро Маркс аз шароитҳои вазнини иқлим, зарурати корҳои обёрикунӣ медонист, ки аз уҳдаи онҳо танҳо давлат мебаромад.

Аз ҷониби Маркс тақсимкунии таърих ба форматсияҳои муайян сарфи назар аз он, ки дастоварди бузургест дар илми фалсафаю таърих, лекин он руякӣ (содда, оддӣ, схематизм) низ мебошад. Аз ин рӯ, таърихчиён дар бисёр мавридҳо дар вақти истифодаи тарҳҳои умумӣ ба воқеияти мушаххас ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, тафовути сифатии қувваҳои истеҳсолкунандаи форматсияи ғуломдориро аз қувваҳои истеҳсолкунандаи форматсияи феодалӣ муайян кардан душвор аст. Ҷаҳиши (Гузариши) давлатҳои гуногун ба форматсияҳои мухталиф низ таҳлили амиқро талаб мекунад.

Олимон маҳдудиятҳои консепсияи форматсиониро ба чунин қисматҳо тақсим мекунанд:

  1. Руякӣ будани он (схематизм);
  2. Фаҳмиши ормонӣ (утопикӣ)-и форматсияи коммунистӣ;
  3. Бор кардани рушди ягонаи ростхатта.

Ақидае, ки таърихи ҷаҳонӣ танҳо аз бозори сармоядорӣ оғоз шудааст, баҳснок мебошад. Чун Александрия, Миср, Юнон, Ҳиндустон, Чин ҳеҷ гоҳ дар ҷудоӣ (изоляция) набуданд.

Фаҳмиши тамаддунӣ аз таъсири низомҳои иҷтимоӣ озод мебошад. Инро идеяи бутунӣ ва ягонагии олам тасдиқ мекунад. Мақулаи тамаддун табиат ва дараҷаи рушди маданияти моддӣ ва маънавӣ, натиҷаи фаъолияти инсонро дар бунёди «табиати дуюм», вуруд кардани элементҳои ноосфераро ба ҳастии ҷомеаи муосир фаро мегирад.

Тамаддун маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маънавии ҷомеаи инсонӣ мебошад. Категорияи «тамаддун» дар доираи илмҳои гуногун истифода карда мешавад ва аз ин рӯ фаҳмиши он ба маъниҳои мухталиф истифода карда мешавад:

  1. Дар маънии умумифалсафӣ – чун шакли иҷтимоии ҳаракати материя;
  2. Ҳамчун хислати умумии иҷтимоӣ-фалсафӣ раванди ҷаҳонӣ-таърихӣ ва дараҷаи сифатан муайяни рушди он мебошад;
  3. Ҳамчун навъи маданӣ-таърихӣ хусусиятҳои хоси минтақавӣ-анъанавии рушди ҷомеаро ифода мекунад;
  4. Ҳамчун ифодакунандаи ҷомеаҳои тамаддунӣ, ки дар тулии зиёди таърихӣ бутунии ҳаётии худро ҳифз кардаанд (майя, шумерҳо, инкҳо, этрускҳо).

Мазмуни асосии категорияи «тамаддун» дар он аст, ки равандҳои мухталифи таърихӣ аз дараҷаи хурд, минтақавӣ оғоз шуда, то ба умумиҷаҳонӣ рафта мерасанд.

Ба масъалаи тамаддун Арнолд Тойнбӣ (1889-1975) диққати калон додааст. Дар таълимоти Тойнбӣ таърихи ҷомеаи инсонӣ рушди росхатта надошта, дар намуди чанд тамаддунҳо сурат мегирад, ки ҳар яки он пайдо мешавад, рушд мекунад ва аз байн меравад.

Ғишти бунёди таърихи инсониятро Тойнбӣ тамаддун меҳисобад. Зери мафҳуми тамаддун умумияти устувори одамон фаҳмида мешавад, ки пеш аз ҳама бо анъанаҳои маънавӣ (рӯҳонӣ) ва меъёрҳои ҷуғрофӣ муттаҳид шудаанд. Анъанаҳои маънавӣ маросимҳои динӣ мебошанд, ки дар ҳар як ҷомеаи муайян бартарӣ доранд. Дар таърих чунин тамаддунҳо ба монанди шумерӣ, вавилонӣ, эллинӣ, масеҳӣ, ҳиндуӣ, исломӣ ва ғайра вуҷуд дорад.

Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои он.

Ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеа вуҷуд дорад, ки дар давраи сохтори ҷамъиятии рушдёфтаи муътадил ба ҳаёти мо тамоми имконоти хубро ба миён меорад. Баръакс, дар дар шароити таназзули иқтисодиёт, беқурбшавии пул ва бекорӣ ҳаёти мо ғайриқаноатбахш мешавад.

  • Инкишофи ҷомеа чун низоми табиӣ-таърихӣ.
  • Тарзҳои инқилобӣ ва таҳаввули инкишофи ҷомеа.

Инқилоби иҷтимоӣ ин маънои табадулоти чуқури сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии ҳаёти ҷамъиятиро дорад. Дар натиҷаи инқилоби иҷтимоӣ синфҳои ҳукмрон, навъи давлатдорӣ иваз мешаванд, муносибатҳои истеҳсолии кӯҳна барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо муносибатҳои нав барқарор мегарданду ақидаҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳо ба таври куллӣ тағйир меёбанд.

Инқилоби иҷтимоӣ ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки ҷараёни табиӣ- қонунӣ мебошад, ки аз вазъияти шароити моддии ҳаёти ҷамъиятӣ дар зинаҳои муайяни тараққиёташ ва зиддиятҳои дохилии ба он хос сар зада мебароянд. Барои ба вуҷуд омадани инқилоб омилҳои объективӣ ва субъективӣ зарур мебошанд. Муборизаи синфӣ асоси сиёсии инқилоб аст. Маҷмӯи шароитҳои объективие, ки буҳрони иқтисодию сиёсии ҷамъиятиро ифода мекунанд, вазъияти инқилобиро ба вуҷуд меоранд.

Ба вазъияти инқилобӣ омилҳои зерин дохил мешаванд:

  1. Ҳукмронии худашонро дар як ҳолат нигоҳ доштани синфҳои ҳукмрон номумкин мегардад; дар натиҷаи пайдо шудани ин ё он буҳрони «табақаҳои болоӣ», дар буҳрони сиёсати синфи ҳукмрон рахнае пайдо мешавад ва норозигию ошуби синфҳои мазлум аз ҳамин рахна берун зада мебарояд. Барои фаро расидани инқилоб одатан зиндигии тарзи кӯҳнаро «нахостани табақаи поёнӣ» кифоя накарда, инчунин ба тарзи кӯҳна зиндагӣ карда «натавонистани табақаҳои болоӣ» ҳам лозим аст.
  2. Мӯҳтоҷӣ ва мусибатҳои синфҳои мазлум ба дараҷаи баланд шиддат мегиранд.
  3. Аз ин сабаб фаъолияти омма хеле қувват мегирад ва ин омма дар давраи «осоишта» ба ғорат шудани худ бемалол роҳ медиҳад, вале давраҳои пурҷӯшу хурӯш чӣ ба воситаҳои тамоми вазъияти буҳрон ва чӣ ба воситаи худи «табақаи болоӣ» ба хурӯши мустақилонаи таърихӣ кашида мешаванд.

Барои ғалабаи инқилоби иҷтимоӣ мавҷудияти танҳо вазъияти инқилобӣ кифоя нест. Ин ғалаба ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки ба омилҳои объективӣ омилҳои субъективӣ ҳамроҳ шаванд. Чуноне, ки Ленин В.И. мегуфт: «агар ҳукумати кӯҳна ғалтонда нашавад, худаш намеафтад».

Вазифаи омилҳои субъективӣ аз он иборат аст, ки ба вазъияти инқилобӣ сарфаҳм раванд, роҳу шаклҳои муборизаро муайян ва баҳри амалӣ гардидани мақсадҳои инқилоб оммаро сафарбар намоянд.

Инқилоби иҷтимоӣ ин тағйироти куллии сифатии сохти ҷамъиятӣ, гузаштан аз як форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ба дигар форматсияи баландтар мебошад.

Вазифаҳои инқилоби иҷтимоии баамаломада инҳоянд:

  1. Дар соҳаи иқтисодӣ – барҳам додани муносибатҳои истеҳсолии кӯҳна, аз байн бурдани шакли кӯхнаи моликият ба олот ва воситаҳои истеҳсолот, барпо намудани муносибатҳои нави истеҳсолӣ, низоми нави хоҷагидорӣ, ки нисбат ба пештара дараҷаи баланди ҳавасмандӣ ва тараққиётро таъмин кунад.
  2. Дар соҳаи иҷтимоӣ – ҳукмронии синфҳои дорои воситаҳои истеҳсолот барҳам дода шуда, тадриҷан аз арсаи таърих мераванд ва ба ҷои онҳо синфҳои нави ҳукмрон меоянд.
  3. Дар соҳаи сиёсӣ – ба даст овардани ҳукумати давлатӣ мебошад.

Мақсади асосии инқилоби иҷтимоиро аз байн бурдани сохти кӯҳнаи давлатӣ ва ба ҷойи он барпо намудани сохтори нави давлатдорӣ ташкил медиҳад, зеро ки бидуни барпо нмудани чунин сохти нави давлатдорӣ ягон масъалаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъиятиро ҳал намудан номумкин мегардад. Мубориза барои ҳокимияти давлатӣ ва барпо нмудани сохти нави давлатдорӣ моҳияти инқилоби иҷтимоиро ташкил медиҳад. К. Маркс инқилоби иҷтимоиро «локомотивҳои таърих» ном гузошта буд. Бидуни инқилоби иҷтимоӣ гузаштан ба форматсияи нави нисбатан баландтар номумкин мегардад.

Характери инқилобҳои иҷтимоӣ аз рӯйи он муайян карда мешавад, ки он чӣ гуна мақсад ва вазифа гузоштааст, кадом муносибатҳо барҳам дода мешавад ва барои инкишофи муносибатҳои нав чӣ гуна шароитҳо муҳайё карда шуда, то чӣ андоза қувваҳои ҷамъиятӣ дар он иштирок мекунанд. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инқилоб синфҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ ҳисоб мешаванд. Агар дар инқилоб халқ иштирок кунад, чунин инқилобҳоро халқӣ-демократӣ меноманд.

Чунин навъҳои инқилоби иҷтимоӣ вуҷуд дорад:

  1. Инқилоби буржуазӣ – чунин инқилобест, ки мақсади барҳам додани муносибатҳои феодалӣ, маҳрум кардани феодалон аз ҳокимияти давлатӣ ва ба ҳокимият омадани синфи сармоядорро дорад.
  2. Инқилоби буржуазӣ-демократӣ – бо инқилоби буржуазӣ монандӣ дошта, оммаи халқро ҷалб карда, сохти кӯҳнаро аз байн мебарад.
  3. Инқилоби демократӣ – дар натиҷаи он гузариш ба муносибатҳои нави омехта сурат мегирад. Дар баробари моликияти давлатӣ моликияти хусусӣ пайдо шуда, ҳокимияти сиёсӣ ба дасти қувваҳои демократии ҷамъият мегузарад.
  4. Инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ – мақсади мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти миллиро дорад.
  5. Инқилоби сотсиалистӣ – дар рафти он гузариш аз капитализм ба сотсиализм ба амал бароварда мешавад.

Дар баробари инқилобҳои иҷтимоӣ, инчунин инқилобҳои дигар ба монанди инқилобҳои илмӣ-техникӣ, маданӣ ва ғайра вуҷуд доранд, ки тамоман дигар мақсадро доранд.

Инқилобҳои иҷтимоӣ бо ду роҳ: осоишта ва ғайриосоишта сурат мегиранд, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам дар табиати он унсурҳои зурӣ ва маҷбуркунӣ мушоҳида мешавад.

  • Моҳияти пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ ва меъёрҳои он.
  • Навъҳои таърихии пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ.
  1. Мафҳуми сохтори сиёсии ҷомеа ва унсурҳои он.

Таркиби сиёсии ҷамъият аз унсурҳои ба ҳам алоқаманду гуногунмақсад иборат аст, ки онҳо дар доираи рубино (надстройка)-и ҷамъиятӣ амал карда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Муҳимтарин аломатҳои рубино дар ҷамъияти синфӣ давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра мебошанд. Унсури аз ҳама муҳимтарини рубино давлат ба ҳисоб меравад.

Мафҳуми давлат дар ду маънӣ: васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад.

Дар маънии васеъ давлатро бо ҷомеа ё мамлакати муайян монанд мекунанд. Дар маънии маҳдуд давлатро чун яке аз институтҳои системаи сиёсии дар ҷомеа ҳокимияти сиёсиро соҳиббуда меҳисобанд.

Давлат унсури асосии ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, фаъолияту муносибатҳои одамон, умумиятҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муташаккил сохта, онҳоро ба самти зарурӣ равона карда, аз болояшон назорат менамояд.

Назарияҳои пайдоиши давлат инҳоянд:

  1. Назарияи теологии пайдоиши давлат. Ин назария давлатро офаридаи Худо меҳисобад.
  2. Назарияи патриархалии пайдоиши давлат. Асосгузори ин назария файласуфи асри XVIII Роберт Филмер мебошад. Ба ақидаи ӯ давлат дар натиҷаи ба таври механикӣ муттаҳид гаштани авлодҳо, ба қабилаҳо табдил ёфтани онҳо ва ба умумиятҳои бузургтар муттаҳид гаштани қабилаҳо пайдо шудааст.
  3. Назария «шартномаи ҷамъиятӣ». Мувофиқи он давлат дар асоси шартномаи байни ҳокимон ва мазлумон пайдо шудааст. Намояндагони ин назария Т. Гоббс ва Ж. Ж. Руссо мебошанд.
  4. Назарияи «тобеъ намудан»-и пайдоиши давлат. Ин назария дар асри XIX пайдо шуда, беҳтарин намояндааш Людвиг Гумплович мебошад. Ба ақидаи ӯ («Муборизаи нажодҳо») нажодҳо (дар ин ҷо миллатҳо) аз аввали пайдоишашон якдигарро бад мебинанд ва он муносибати байни гуруҳҳо, халқҳо ва умумиятҳои дигарро муайян мекунад.
  5. Назарияи марксистии пайдоиши давлат. Сабабҳои пайдоиши давлатро пайдоиши моликияти хусусӣ ва тақсимшавии ҷомеа ба синфҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Барои фаҳмидани дурусти моҳият ва хусусиятҳои давлат зарурати дарки аломатҳои асосӣ ва вазифаҳои давлат пайдо мешавад. Аломатҳои асосию муҳими давлат инҳоянд:

  1. Умумият. Давлат ҳамаи одамонеро, ки дар ҳудуди он маскунанд дарбар мегирад. Умумияти давлатӣ ҳатто, шаҳрвандони хориҷиро низ фаро мегирад, яъне онҳо низ вазифадоранд, ки қоидаҳои умумии рафтор ва низоми сиёсию ҳуқуқии давлати мазкурро ба инобат бигиранд.
  2. Ҳуқуқи истифодаи зӯрӣ. Давлат аз шакҳои дигари ташкилоти одамон бо он фарқ менамояд, ки дорои қувваи ҳарбӣ ва судию ҷазодиҳӣ мебошад. Ин ҳуқуқи мутлақи давлат аст. Он ба таври қонунӣ ба амал омада, баҳри ҳимояи кулли бошандагони ҷомеа ба амал бароварда мешавад.
  3. Истиқлол. Суверенитет яке аз аломатҳои асосии давлат аст. Вай хосияти умумӣ дошта, маънои ҳокимияти давлат аз болои навъҳо ва шаклҳои дигари ҳокимият дар ҳудудҳои давлатро дорад. Суверенитети давлатӣ дар замири принсипҳо ва меъёрҳои ягонагӣ ва тақсимнашавандагии ҳудуд, дахлнопазирии сарҳадот ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлат бунёд мегардад.
  4. Маҷбурнамоӣ. Ҳеҷ як фард наметавонад аз давлат берун бошад, ё ба ҳокимият итоат нанамояд. Одамон ба давлат аз рӯи зарурати ҷамъиятӣ вобастаанд, яъне маҷбуранд, ки ба давлат итоат намоянд, тартиботи сиёсию ҳуқуқиро ба инобат гиранд. Бедавлатӣ (Апатридизм)ҳамчун ҳодисаи зиёновар ва манфӣ маънидод мегардад.
  5. Системаи муайяни тартиботи ҳуқуқӣ. Системаи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама таҷассуми моҳият, мақсади асосӣ ва принсипҳои сохтори давлатӣ мебошад. Системаи ҳуқуқӣ аз Конститутсия оғоз карда, ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро фаро мегирад.

Вазифаҳои давлатро ба дохилӣ ва берунӣ (хориҷӣ) ҷудо мекунанд.

Вазифаҳои дохилии давлат аз ҷиҳатҳои зерин иборат аст: ташкили ҳаёти хоҷагию иқтисодии ҷомеа, ташкили ҳаёти иҷтимоӣ ва танзими он, маданию тарбиявӣ, таъмини қонунӣ будани ҳокимият, ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, муттаҳиднамоии ҷомеа, арбитражи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист.

Вазифаҳои хориҷии давлат чунин инъикос меёбанд: иштирок намудан дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, таъмини амнияти миллӣ, ривоҷи ҳамкории самарабахш бо мамлакатҳои дигар, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ.

Вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлат ба ҳам алоқаманд буда, яке дигареро пурра мекунанд.

Давлат ба навъҳо ва шаклҳои мухталифи фаъолият ва идораи ҷомеа ҷудо мегардад. Се шакли асосии давлат мавҷуд аст:

  1. Шакли идоракунӣ.
  2. Шакли сохти давлатӣ.
  3. Режими сиёсӣ.

Шакли идоракунӣ ташаккули ҳокимияти давлатӣ, мақомоти он, таркиби тартиботи ташаккули онҳо, баҳамалоқамандии онҳо бо аҳолӣ, сатҳи иштироки аҳолӣ дар ташаккули мақомоти мазкурро дарбар мегирад. Шакли идоракунӣ ба ду қисм тақсим мешавад:

  1. Монархия.
  2. Ҷумҳурӣ (Респулика).

Монархия (аз калимаи юнонии monarchia — яккаҳукмронӣ) – чунин шакли ҳукрониест, ки дар он ҳокимияти олӣ пурра ё қисман дар дасти сардори ягона – монарх (шоҳ, подшоҳ, султон, амир) қарор дорад. Монархия ҳокимияти як шахс буда, хосияти меросӣ дорад.Монарх ба табақаҳои болоӣ, ба элитаи ҷомеа такя мекунад.

Монархия чунин намудҳо дорад:

  1. Монархияи мутлақ – ҳокимияти сиёсӣ бидуни ягон маҳдудият пурра дар дасти як шахс қарор дорад (Қатар, Уммон, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо).
  2. Монархияи маҳдуд (конститутсионӣ) – салоҳиятимонарх аз ҷониби конститутсия маҳдуд карда шудааст (Британияи Кабир, Дания, Норвегия, Испания ва ғайраҳо). Дар аксари давлатҳои рушдкардаи демократӣ монарх нақши рамзӣ мебозад.
  3. Монархияи теократӣ – монарх ҳам сардори давлат ва ҳам роҳбари динӣ ҳисоб мешавад (Уммон, Қатар ва ғайраҳо).

Ҷумҳурӣ (Республика аз калимаҳои лотинии res – кор, фаъолият ва publikus – ҷамъиятӣ, умумихалқӣ) – чунин шакли идоракунии давлат аст, ки дар он сарчашмаи ҳокимият аксари халқ ҳисоб шуда, мақомотҳои асосии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мешаванд.

Ҷумҳурӣ ба чунин навъҳо тақсим мешавад:

  1. Ҷумҳурии парламентӣ – мақомоти олии ҳокимият парламент ҳисоб шуда, ҳукуматро ташкил мекунад, қонунҳо мебарорад, буҷаи давлатиро муайян мекунад ва ғайраҳо. Шахси якум дар давлат сардори ҳукумат (сарвазир, канслер ва ғ.) ҳисоб мешавад, сарфи назар аз он, ки расман вай сардори давлат ҳисоб намешавад. Президент дар чунин ҷумҳуриҳо аслан нақши расмиятро бозӣ мекунад (Австрия, Италия, Ҳиндустон, Швейтсария, Олмон ва ғ.).
  2. Ҷумҳурии президентӣ – президент дар ин давлатҳо на бо усули парламентӣ, балки бо усули интихоботҳои бевосита ё бавосита интихоб карда мешавад. Президент сардори давлат ва сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ ҳисоб шуда, ҳукуматро ташкил карда фаъолияти онро назорат мекунад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муқаррар мекунад (ИМА, Россия, Мексика, Бразилия, Тоҷикистон).
  3. Ҷумҳурии нимпрезидентӣ (ҷумҳурии президентӣ-парламентӣ) – ҳокимияти пурзӯри президент бо назорати самараноки парламент аз болои ҳукумат омехта мешавад (Фаронса). Ду институти ҳокимият дар баробари якдигар нисбатан мустақил мебошанд.

Шакли сохти давлатӣ ба унитарӣ, федеративӣ ва конфедеративӣ ҷудо мешавад.

Давлати унитарӣ чунин сохтори давлатдориест, ки аз маркази ягона идора карда мешавад. Субъектҳо ҳокимияти марказро эътироф менамоянд. Қарордодҳо ва нишондодҳои онро амалӣ мегардонанд. Худи мафҳуми «унитарӣ» низ маънои ягонагӣ ва муттаҳидиро дорад.

Мафҳуми «feoderatio» (федератсия) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои иттифоқ, иттиҳодро дорад. Федератсия яке аз шаклҳои сохтори давлатӣ мебошад, ки дар натиҷаи муттаҳид гаштани якчанд давлат ташаккул меёбад. Ҳудудҳои муайяне, ки ҳудудҳои давлатҳои мустақили собиқро ташкил медоданд ҳудуди ягонаи федератсияро ба вуҷуд меоранд.

Мафҳуми «confeoderatio» — аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои пайваст намуданро дорад. Конфедертсия иттифоқи давлатҳои мустақиле мебошад, ки баҳри мутобиқ намудани баъзе соҳаҳои фаъолияти худ мутаҳид мешаванд. Конфедератсия ҳудуд ва шаҳрванди ягона надорад. Қарорҳое, ки мақомоти конфедеративӣ қабул менамояд барои ҳамаи аъзоёни он ҳатмӣ ва иҷрошаванда нестанд.

Дар давлатҳои демократии муосир, махсусан дар ИМА ва Россия нисбати президент ва дигар ходимони сиёсӣ импичмент вуҷуд дорад.

Импичмент (аз калимаи англисии impeachment) низоми муайяни ба ҷавобгарӣ кашидани президент ва ходимони сиёсӣ дар сурати содир кардани гуноҳи сиёсӣ мебошад. Барои ба ҷавобгарӣ кашидан корро палатаи поёнии парламент пешниҳод мекунаду палатаи болоии парламент онро мавриди иҷроиш қарор медиҳад.

Мафҳуми «режим» аз забони франсузӣ (regime) ва лотинӣ (regimen) гирифта шуда, маънои идоракунӣ ё тартиботи сиёсиро дорад.

«Режими сиёсӣ – яке аз шаклҳои системаи сиёсии ҷомеа буда, мақсад, восита ва методҳои амалишавии ҳокимияти сиёсии ба худ хосро соҳиб мебошад».

Режими сиёсӣ оиди моҳияти ҳокимияти давлатии дар давлат дар як давраи муайяни таърихӣ ҷоришударо тасаввурот пайдо мекунад.

Режими сиёсӣ тамоми масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои сиёсӣ, шуури сиёсӣ ва умуман, муҳит ва шароити ҳаёти сиёсии одамонро дарбар мегирад.

Таркиби режими сиёсиро ҷиҳатҳои гуногун ташкил медиҳанд. Дар идоракунии равандҳо, муносибатҳои сиёсӣ ва умуман дар танзимнамоии ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми асосиро унсурони давлат ва махсусан, сарвари он мебозад. Бори масъулият пеш аз ҳама ба сарвари давлат меафтад. Фақат ӯ ба ҳамсафонаш дар назди қонун ва халқ оид ба вазъи ҷомеа масъулияти бевосита доранд.

Дар таркиби режими сиёсӣ мақомоти фишороварӣ, зӯроварии муташаккил, тартиби системаи интихоботӣ аҳамияти калон дорад.

Дар таркиби режими сиёсӣ нақши муҳимро муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва адолати судӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии сохтори давлатӣ, муассисаҳои намояндагӣ ва унсурони онҳо ташкил медиҳанд.

Режими сиёсӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, хосиятҳои феълӣ ва воқеии одамонро низ фаро мегирад.

Режимҳои сиёсии муосирро ба 2 навъ тақсим мекунанд:

  1. Режимҳои сиёсии демократӣ.
  2. Режимҳои сиёсии ғайридемократӣ.

Ба режимҳои сиёсии ғайридемократӣ режимҳои авторитарӣ, тоталитарӣ, фашистӣ ва ғайра дохил мешаванд.

  1. Мафҳуми субъект ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи таърихӣ.

Пайдоишу инкишофи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ натиҷаи фаъолияти одамон аст. Саволе ба миён меояд, ки одамонро чӣ ба ҳаракат дароварда, ба фаъолияти иҷтимоӣ водор мекунад.

Ба ақидаи Арасту одамро ба фаъолият манфиат водор мекунад. Проблемаи манфиатҳо моҳият, нақш ва ба гуруҳҳо тақсим намудани онҳо дар таълимотҳои файласуфони асрҳои XVII-XIX мақоми хос дошт. Аммо фаҳмишу маънидоди идеалистии ҷамъият ба мутафаккирон имкон надод, ки бисён ақидаҳои худрооиди манфиатҳо ба дараҷаи материализм бардоранд.

12. Таносуби зарурат ва фаъолияти бошууронаи одамон дар раванди таърих.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *