Фанни Фалсафа

Навъхои таърихии фалсафа

Фалсафаи антиқа.

  1. Пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва заминаҳои фарҳангӣ-таърихии он.
  2. Хусусиятҳои кайҳонмарказии фалсафаи атиқа.
  3. Таълимот оид ба ҳастӣ.
  4. Ташаккули диалектикаи атиқа.

1. Пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва заминаҳои фарҳангӣ-таърихии он.

Пайдоиши фалсафа амалан ба қарни VI то милод рост меояд, ки дар давлатҳои Шарқи Қадим (Ҳиндустон ва Чин) ва Юнон интиқол аз ҷаҳонбинии мифологӣ ба тафаккури фалсафӣ ба миён омад.

Фалсафа дар се тамаддуни бостонӣ-Ҳиндустон, Чин ва Юнон рушд кард. Омилҳое, ки боиси пайдоиши афкори фалсафӣ шудаанд интиқол аз олоти биринҷӣ ба фулуз, пайдоиши муносибатҳои молию пулӣ, харобии сохти қавмию қабилавӣ, пайдоиши давлатҳои аввалин, афзоиши донишҳои илмӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Фалсафаи Ҳиндустони қадим

Таърихи пайдоиши таълимотҳои фалсафии Ҳиндустони қадимро то кунун муайян кардан номумкин аст. Умуман онҳоро ба се давра тақсим мекунанд:

1. Давраи Ведҳо — асрҳои XV-V то милод;

2. Давраи классикӣ — асрҳои V то милод X милодӣ;

3. давраи ҳиндуӣ – аз асри X ин ҷониб.

Қадимтарин ёдгории Ҳиндустон Ведҳо мебошанд. Вед маҷозан маънояш дониш буда, қадимтарин ҷаҳонбинии диние мебошад, ки дар мавриди оламу одам ва муносибатҳои ахлоқӣ маълумот медиҳад. Ведҳо ба чор гуруҳ тақсим мешаванд: САМХИТҲО, БРАҲМАНҲО, УПАНИШАДҲО, АРАНИЯКҲО.

Вобаста ба таъсири ведҳо тамоми таълимотҳои Ҳиндустонро ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд:

  1. Маъмул ё ортодоксӣ, ки таъсири ведҳоро эътироф мекунанд. Ба он таълимотҳои веданта, миманса, санкхя, йога, няя, вайшешика дохил мешаванд.
  2. Ғайримаъмул, ки нуфузи ведҳоро қабул надоранд ва ба он ҷайния, буддоия ва чорвакҳо-лакаятаҳо дохил мешаванд.

Фалсафаи Чини Қадим

Кишвари Чин дар таърихи тамаддуни башарӣ саҳми босазое дорад. Пайдоиши илми риёзӣ, харита, компас ва қоғазу борут низ авалин маротиба дар Чин сурат гирифта аст. Хусусияти асосии фалсафаи Чин дар он аст, ки чиниён зиндагиро болотар аз дин мегузоранд, яъне таълимотҳои онҳо хусусияти материалистӣ доштанд.

Ҷараёнҳои асосии фалсафӣ дар Чини Қадим инҳоянд:

— Конфутсиячигӣ

— Мотсӣ

— Лоатсӣ

Конфутсӣ аввалин файласуфи Чин, поягузори таълимоти ахлоқию сиёсӣ ва инсонгароӣ мебошад. Ин ҷараён аз номи асосгузори он Конфутсӣ (551 – 484 то милод) гирифта шудааст. Сарчашмаҳои динию фалсафии конфутсиячигӣ ду навъанд:

  1. Панҷкитоб (утзин);
  2. Чоркитоб (сушу).

Таълимоти Конфутсӣ аслан масоили ахлоқӣ, сиёсӣ ва тарбиявии инсони комилро фаро мегирад. Конфутсӣ пеш аз ҳама муаллими ахлоқӣ аст. Усули ахлоқии ӯ бар пояи қоидаи умумии “Ли” марбут аст. Истилоҳи «ли»-ро ба маънои гуногун истифода кардааст. Аз ҷумла ба маънои покиву таҳорат, адабу инсоният, ташрифот ва расму ибодати динӣ ва ғайра истифода кардааст.

Тамоми таълимоти ахлоқии Конфутсиро метавон чунин хулоса кард:

1. “Ли”- омили асосӣ дар назму тартиби корҳо ва робитаи инсонӣ, ки иборатанд аз 5 то:

  • робитаи султон бо раият;
  • робитаи падар ба фарзанд;
  • робитаи шавҳар ба зан;
  • робитаи бародари бузург ба бародари хурдӣ;
  • робитаи дӯст ба дӯст;

2. Сунатҳои номбурда ҳамон вақти “Ли” амалӣ мегирад, ки дар саросари давлат эътидол бошад.

3. Таъкид мешавад, ки тамоми одоби ташрифоти иҷтимоӣ тибқи усули “Ли” мутобиқи расму одатҳо ва суннатҳои гузаштагон анҷом дода шавад.

Китоби ӯ «Лун юй» ном дорад, ки аз ҷониби шогирдонаш таълиф шудааст. Мафҳуми асосии таълимоти Конфутсиро «жен» (инсонгароӣ) ном усули ахлоқие ташкил медод, ки муносибати одамонро дар ҷамъият ва оила муайян карда, ҳурмату эҳтироми инсонро вобаста ба синну сол ва мавқеи ҷамъиятияш зарур медонад.

Маотсӣ аввалин мутафаккире ҳаст, ки зидди ақоиди идеалистии Конфутсӣ баромада аст. Вай бо пайравонаш кушиш мекард, ки категорияҳои ҳастӣ: фазо, вақт, сифат, ҳастӣ ва сабабу натиҷаро маънидод намоянд.

Дигар таълимоти бонуфузи Чин даосия ном таълимоти Лаотсӣ аҳамияти бузург дорад. Маънии «дао» роҳи ашё аст. Ба ақидаи Лаотсӣ, табиату одамонро «иродаи осмонӣ» не, балки дао идора мекунад. Тибқи ақидаи Лаотсӣ, дар олам ҳама чиз дар ҳоли ҳаракату тағйирот буда, қонунан ба таззоди хеш табдил мепазирад.

Фалсафаи бостонии мардуми тоҷику форс

Асрҳои VII то милод VII милодиро фалсафаи бостонии мардуми тоҷику форс меноманд. Дар ин давра бисёр таълимотҳои фалсафӣ аз қабили таълимотҳои зардуштия, монавия, маздакия, зурвония, даҳрия ва табоия вуҷуд доштанд, ки сетои аввала характери идеалистӣ ва сетои минбаъда характери материалистӣ доштанд.

ЗАРДУШТИЯ

Зардуштия таълимоти динӣ-фалсафиест, ки асосгузори он Зардушт мебошад. Зардушт аз хонадони Спитама буда, номи падараш Парушасл ва номи модараш Доғду (Дуғдова) буд. Китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад, ки аз 21 қисм иборатбуда, то замони мо панҷ қисми он боқӣ мондааст:

  1. Ясно – оид ба масоили шаръия ва давраҳо буда, «Готҳо» (сурудҳо)-ро низ дарбар мегирад.

2. Яштҳо – ситоишу ниёиши Аҳуромаздо

  • Виспарад – маҷмӯи намозҳо ва матнҳои маросимӣ.
  • Вандидод – қонуни зидди девҳо ва дар хусуси беҳдошт ва аҳкоми ҳуқуқӣ баҳс менамояд.

5. Хурд-Авасто – дар бораи дуоҳо ва намозҳост.

Масъалаҳои ҳастишиносию аслияти он аз масъалаҳои асосии фалсафаи зардуштия мебошанд. Мувофиқи ин таълимот дар олам ду мабдаи ҳастӣ: хайр ва шарр вуҷуд дорад. Худои некӣ-Аҳуромаздо ва Худои бадӣ-Аҳриман мебошанд. Зардуштияи ибтидоӣ ҷаҳонбинии санавист (дуалистӣ) ва санавияти он аз санавияти мазҳаби қадимии маздаясно сарчашма мегирад.

Ҷанбаи ахлоқии онро гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек ташкил медиҳад. Чизҳои муқаддас-об, оташ ва хок мебошанд.

Масъалаи дигари зардуштия оиди инсон ва мақоми ӯ, инчунин ҳуқуқҳои одилона оиди он мебошад. Мувофиқи таълимоти зардуштия олам майдони разми Аҳуромаздо ва Аҳриман, хайр ва шарр аст. Дар ин разм инсон, ки махлуқи Аҳуромаздост, бояд майли ӯ дошта бошад, то дар олам хайр ва адл пойдор гардад. Таркиби инсонро ду унсур ё мабдаъ: унсури моддӣ ва руҳонӣ ташкил медиҳад. Мабдаи моддӣ ё ҷисмонӣ тани инсонро ташкил медиҳад, ки чун аз рӯҳ холӣ шуд ба лошаи наҷас ва палиде мубаддал табдил меёбад. Мабдаи рӯҳонӣ ё осмонии инсон нафси уст. Нафс нисбат ба бадан чунин бартарӣ дорад, ки бино, шунаво, гӯё ва ҳассос аст. Маҳз ба туфайли нафс тан соҳиби фаъолияти бошуурона мегрдад.

Зардуштия ҷомеаро ба чор қисм тақсим мекунад:

  1. Руҳониён, ки сарвар шоҳ мебошад.
  2. Ҷанговарон
  3. Пешоварон (аҳолии шаҳр)
  4. Кишоварзон

Кишоварзӣ ва чорводорӣ аз шарифтарин машғулиятҳо баҳисоб мераванд. Бунёди оилаи солеҳ дар зардуштия махсус қайд карда шудааст. Мувофиқи он зану мард баробарҳуқуқ мебошанд…

МОНАВИЯ

Монавия-таълимоти мазҳабӣ-ахлоқӣ ва фалсафиест, ки дар қарни сеюми милодӣ ба миён омадааст ва асосгузори он Монӣ мебошад. Номи аслии Монӣ КРИКУ мебошад, ки 14 апрели соли 216-и милодӣ дар Мордину (Ҷануби Бобил) таваллуд шуда, соли 278 дар давраи салтанати Баҳроми IV дар зиндони Ҷундишопур ба қатл расонида шуд. Падараш Фатак (Патиг) ва модараш Нушит ном доштанд.

Асарҳои таълифкардаи Монӣ – «Шопургон», «Каниз-ул-аҳиббо», «Сафар-ул-асрор», «Сафар-ул-ҷабобира», «Заҳҳотиё», «Фароиз-ус-соин», «Инҷил», «Аржанг» мебошанд.

Масъалаи илоҳию роҳҳои васл ба он масъалаҳои асосии монавияро ташкил медиҳанд. Монавия оламро аз ду сарманшаъ: нур ва зулмот иборат медонад, ки дар се марҳилаи ҳастӣ: гузашта, ҳозира ва оянда сурат мегиранд (Соибин-ҷамоате буданд мушрик ва меҳрпараст, ки нурро худои хайр ва зулматро худои шарр медонистанд. Азбаски бисёр шустушӯ мекарданд, дар байни арабҳо бо онми муғтасила ё худ шӯяндагон машҳур шуда буданд).

Монӣ бунёди оиларо чун зардуштия кори нек наҳисобида, баръакс кори зишт медонист.

МАЗДАКИЯ

Маздакия таълимоти динӣ-фалсафӣ ва ахлоқию иҷтимоиест, ки тақрибан дар қарни IV-V-и милодӣ пайдо шудааст. Асосгузори он Маздаки Бомдод мебошад, ки соли 460-и милодӣ тавллуд шудааст. Маздак шоҳ Қубодро ба дини худ гарвонида, ба ин васила мазҳабашро густариш дод. Лекин гаравиш ба мазҳаби маздакия ва ҳимояти ӯ, сабаб шуд, ки Қубод ба зиндон афтад. Қубод чун дубора бо кумаки Хусрави Анушервон дар соли 528 ё 529 тахти салтанатро соҳиб шуд Маздак ва 12-ҳазор пайравони ӯро ба қатл расонид. Фалсафаи маздакия ба ду самт-ҳикмати назарӣ ва амалӣ равон аст. Мувофиқи ақидаи Маздак-нур ва зулмот ду омили асосии ҳастӣ ва офаринишаст…

ЗУРВОНИЯ

Зурвон дар Авесто-zrvana, дар забони паҳлавӣ-zurvana-маънии замонро дорад. Дар Авесто Зурвон номи худои марг ва нигаҳбони роҳи пули Сирот мебошад. Тахминан зурвония дар асрҳои IV-V то милод пайдо шудааст. Зурвония ба ду қисм: зурвонияи мазҳабӣ ва зурвонияи материалистӣ ҷудо мешавад.

Зурвония мабдаи тамоми ҳастиро зурвони беканора-замони беканора, ҷавҳари ба асли зоти худ пойдор медонад. Замон ба шакли низом ва қонуни табиӣ дар тамоми ҳастӣ таъсири қавӣ дорад. Аз ин зурвони беканора зурвони беканораи ҷаҳони моддӣ пайдо шудааст. Худи олами моддӣ, моддаи нахустин, ҳаюлои нахустин ё моддае аст, ки тамоми мавҷудот аз он падид омадааст. Аз ин моддаи нахустин, аввал сурати нахустин ё унсурҳои чаҳоргона: об, оташ, бод ва хок пайдо шудааст.

Эътирофи зурвони беканора аз он дарак медиҳад, ки зурвониён ба азалӣ ва абадӣ будани замон ва модда эътиқод доштаанд ва собит мекарданд, ки замон на дар гузашта оғозе, на дар оянда анҷоме дорад.

ДАҲРИЯ

Оиди таълимоти даҳрия ва намояндагони он маълумот намондааст, лек онҳоро таълимоти материалистӣ мешуморанд. Оиди даҳрия маълумоти каме дар Қуръон дастрасӣ кардан мумкин аст, ки дар оғози зуҳури ислом пайдо шуда, мухолифи он будааст.

Даҳрия оламро қадим ва абадӣ медонистааст, ки бисёр нуқтаи назари таълимоти фалсафиаш бо зурвония мувофиқат мекардааст.

Усули асосии даҳрия инкори Худо, ҳаёти охират, вуҷуди руҳонӣ, эътирофи сабабияти моддӣ, ҷовидонии олами моддӣ ва ғайра будааст.

Тибқи назарияи даҳриён, нафси мардум пас аз он, ки аз ҷисм ҷудо шавад, ночиз шавад, ҳамчун нафсҳои наботӣ ва ҳайвонӣ ва беҷасад ӯро вуҷуде нест.

Дар масъалаи ахлоқ даҳриён тарафдори ишратпарстӣ (гедонизм) буда, лаззату хушиҳои ҳаётро ғанимат медонистанд.

Ақлро сифати аълои одамӣ медонистанд ва ақл аломати асосии фарқунандаи инсон аз ҳайвон аст.

ТАБОИЯ

Аҳли табоеъ оламро азалӣ медонистанд ва чор нахустасосро эътироф мекарданд: гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ.

Фалсафаи табоия бо даҳрия бисёр наздикӣ дорад, чун онҳо низ оламро ҷисмонӣ ва дар тағйироти доимӣ дониста, барои он офаридгореро эътироф намекунанд.

Таносуби тану нафсро аз мавқеи материалистӣ шарҳ додаанд.

Дар баёни масъалаи субстансия (ҷавҳар) ва аксиденсия (араз) назари материалистӣ доранд.Ба ақидаи онҳо ҷавҳар дар ҳастии худ ба араз эҳтиёҷ надорад, лек араз дар ҳастияш ба ҷавҳар эҳтиёҷ дорад

2. Хусусиятҳои кайҳонмарказии фалсафаи атиқа.

Фалсафаи Юнони кадим ва Рими Қадимро фалсафаи антиқа меноманд.

Таълимотҳои фалсафии Юнони кадим шартан ба 4 давра тақсим карда мешаванд:

  1. Давраи то Суқрот, ки асрҳои VII – V то милодро дарбар мегирад. Ин давра ба пайдоиш ва ташаккули маданияти хоси полисҳои юнонӣ- шаҳр-давлатҳо вобастагӣ дорад. Дар ин давра тафаккури фалсафи ташаккул ёфта, аввалин мактабҳои фалсафӣ пайдо мешаванд ва масъалаҳои бунёдии фалсафӣ муайян мешаанд.Ба ин давра чунин мактабҳои фалсафӣ ба монанди Милет (Фалес, Анаксимен, Анаксимандр), Элей (Парменид, Занон аз Элей), Эфес, пифагориён ва ғайраҳо дохил мешаванд. Хусусиятҳои асосии ин давра чунинанд:

а) космологизм, яъне кушиши дарки моҳияти табиат, кайҳон, олам дар маҷмӯъ;

б) онтологизм – масъалаи марказии фалсафӣ масъалаи ҳастӣ қарор мегирад.

  • Давраи классикӣ, ки қарнҳои V то охири IV-ро дарбар мегирад. Беҳтарин файласуфони ин давра Суқрот, Афлотун ва махсусан Арасту мебошанд.
  • Давраи сеюм эллинистӣ ном дорад, ки охири асрҳои IV — II то милодро дарбар мегирад. Дар ин давра мактабҳои перипатетикҳо, фалсафаи академикӣ (Академияи Афлотун), стоикҳо, эпикуриён, скептитсизм вуҷуд доштанд. Беҳтарин намояндагони ин давра Теофраст ва Эпикур буданд.
  • Давраи Рим, ки асрҳои I то милод V-VI-и милодиро фаро мегирад. Дар ин давра империяи Рим хеле пурзур мешавад ва Юнон низ ба зери тасарруфи он медарояд. Фалсафаи Рим дар зери таъсири фалсафи Юнон, махсусан давраи эллинистӣ ташаккул меёбад. Вобаста ба ин дар фалсафи Рим се ҷараёни асосиро дидан мумкин аст: стоитсизм (Сенека, Эпиктет, Марк Аврелий), эпикуризм (Тит Лукретсий Кар), скептитсизм (Секст Эмпирик).

Дар асрҳои III – V- милодӣ дар фалсафи Рим навафлотуния пайдо мешавад, ки намояндаи намоёни он Плотин буд. Навафлотуния на танҳо ба масеҳияти ибтидоӣ, инчунин ба тамоми фалсафи асримиёнагӣ таъсир расонидааст.

Дар даврони ибтидоии ташаккули фалсафаи юнон аслан ба омӯзиши моҳияти табиат, кайҳон ва умуман олам машғул буданд.

4. Ташаккули диалектикаи атиқа.

Диалектика маҳсули натурфайласуфони қадим мебошад. Онҳо коинотро ба ҳайси томе, ки ҳамеша дар ҳоли тағйир аст, баррасӣ карданд, ки дар он мабдаи тағйирнопазир дар шаклҳои мухталиф зоҳиршуда, ин ё он табдилоти имконпазирро эҳсос мекунад.

Аввалин файласуфи юноние, ки диалектикаро мавриди омӯзиш қарор додааст Гераклит аз Эфес (520-460 то милод) мебошад. Ба ақидаи ӯ тамоми ашёҳо доимо аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузаранд: «ҳама чиз ҷорист, ҳама чиз тағйир меёбад»; «ба худи ҳамон дарё ду бор даромадан мумкин нест…»; дар олам ягон чизи беҳаракат нест: сард гарму гарм сард, тар хушку хушк тар мешавад. Ба ақидаи Гераклит олам ягона буда, онро худое ё касе аз одамон наофаридааст, балки аз оташи абадзинда, ки буд, ҳаст ва хоҳад монд пайдо шудааст.

Арасту диалектикаро аз аналитика, яъне илми эҳтимол ва илми исбот фарқ кардааст. Ба ақидаи ӯ, таззод шарти зарурии ба тафаккур водор намудани нафси инсон аст. Афлотун маҳз ҳамин гуна санъатро диалектика меномад.

Суқрот аввалин шуда мафҳуми диалектикаро истифода кардаст. Ӯ диалектикаро чунин санъате меномад, ки ба воситаи он ақидаҳои зид оштӣ шуда, ҳақиқат ошкор мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *