Фанни Фалсафа

Марги инсон ва марги инсон

Инсон ягона мавҷудест, ки миранда будани худро медонад, вале маргро бартараф карда наметавонад. Фаҳмишу маънидодкуниҳои гуногуни марг вуҷуд доранд. Яке аз фаҳмишу маънидодкунии марг аз мавқеи динӣ аст, ки мувофиқи он зиндагии муқаррарии индунёӣ худ аз худ бе бақо аст, одамон ба дунё меоянд, меҳнат мекунанд, касал мешаванд, азобу шиканҷа мекашанд…ва охиран мемуранд. Зиндагӣ гузарост, ин дунё барои инсон бебақо ва фонист. Вале дар рӯҳу ҷони инсон, ки миранда нестанд, ғояҳои абадӣ, некӣ, адолат, ғояи худо — манбаи ҳамаи корҳои накӯ ҷой гирифтааст. Агар мо фақат фардҳои ҷисмонӣ-эмпирикӣ ва муваққатӣ мебудем, ба абадият майлу рағбат ва дилбастагӣ намедоштем. Маънои зиндагӣ дар худо аст ва ҷони абадӣ вуҷуд дорад, ки ҳамҷоя барои мо пешомадҳои хубу некро муайян мекунанд. Ин фикрро дар таълимотҳои динӣ дар бораи марг илоҳиётшиноси рус Бердяев ин тавр баён кардааст. Ҳаёт дар дунё ба ҳамон андоза маъно дорад, ки марги инсон дорост. Агар дар олам марг намебуд, ҳаёт маънои худашро гум мекард. Ҳаёт, ба фикри Бердяев, аз он сабаб наҷибу арзишнок аст, ки дар он марг ниҳон аст. Ҳаёт интиҳо дорад ва ин ба он далолат мекунад, ки инсон барои зиндагии дигар — «зиндагии олӣ», яъне ондунёӣ таъинот дорад. Дар таълимотҳои динӣ маънои ҳаёт бо муносибати инсон ба худи инсон алоқамандии зич дорад ва тасаввуроти ӯро дар бораи вуҷуд доштан: интизорӣ барои аз тарафи худо наҷот додани ӯ аз марг, эмин нигоҳ доштани ӯ аз бадбахтиҳо ва мусибатҳои пешомада, мусоидат кардан ба зиндагии серу пур, пурғановату муътадилро дар бар мегирад.

Дар воқеияти эмпирикӣ ва рӯзмарраи худ зиндагии инсон аз иҷро кардани муайяноту муқаррароти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, динӣ, сиёсӣ, аз эҳсосоту сатҳи шуурнокӣ, фаъолияти касбӣ, масъулиятшиносии шахсӣ, ташаккули қобилиятҳо, қонеъ гардонидани талаботҳои шахсӣ, муносибати ӯ ба зиндагӣ, тарзу шаклҳои дар ҷамъият хукмрони маънавият, маърифат ва ахлоқ, тарбия ва ба камол расондану ба роҳҳои мухталифи зиндагиву фаъолият гузоштани фарзандон, кулли муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар худуди онҳо зиндагиву кор мекунад ва осори дар зиндагӣ мегузоштагии ӯ сурат мегирад. Зиндагии инсонӣ тарзу зуҳуротҳои бешумори фардӣ ва шахсӣ дорад, ки дар ҳудуду сатҳҳои барои ҳар яки онҳо хосса зоҳир мешаванд. Худи зиндагӣ гӯё чунин ҳукм мекунад, ки баъзеҳо умри дароз надида, пас аз сари худ осори назаррасу гаронбаҳое боқӣ мегузоранд, дигарон умри дароз дида, ягон осори назаррас боқӣ намегузоранд, ба ҷуз ҷасади худ, ё осоре боқӣ мегузоранд, ки созанда ва арзанда нест, ба пешрафти иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангии инсоният мусоидат намекунад. Чунин одамон аз зиндагӣ ҳамчун инъоми табиӣ, арзишҳои иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангӣ истифода мебаранд ва ба он ягон чизи эҳсосшаванда ва назаррас ҳамроҳ намекунанд. Ҳаёти абадии ҳар як фарди алоҳида хилофи қонунҳои биологӣ аст. Мувофиқи ин қонунҳо, қобилияти тақсимшавии ҳуҷайраҳои организми инсон аз 50.000 зиёд нест. Дар давоми зиндагии инсон ин ҳуҷайраҳо аз миқдори зикршуда зиёд тақсим намешаванд, бинобар ин ба ҳисоби миёна инсон аз 110 сол зиёд умр намебинад. Пиршавии бадани органикии инсон протсесси табиӣ-физиологиест, ки дар натиҷаи он имкону захираҳои организми инсон рӯ ба харобшавӣ, ниҳоятан, рӯ ба нестӣ меоварад. Марг барои ҳар як каси фавтида чун аз даст додани шахсияту моҳияти инсонӣ ва иҷтимоии ӯ аст. Хотима ёфтани ҳаёту фаъолияти мақсадноку бошууронаи инсон ҳамчун мавҷуди зинда марҳилаи қонунӣ ва зинаи ниҳоии вуҷуддории он аст. Марг барои мавҷудоти хунгарм ва инсон хотима ёфтани нафасгирӣ ва гардиши хун, фарорасии тағйиротҳои барнагарданда дар организм, ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои он, дар навбати аввал, дар системаи олии асаб аст. Асоси фаҳмиши материалистии маргро тасаввурот дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва маънавии одам ҳамчун шахс, робитаи он бо ҷамъият ва инсоният ташкил медиҳад. Дар заминаи ин робита аҳамият ва нотакрории ҳар як кас арзиши волотарин аст. Барои ҳамин ҳам, хотима ёфтани ҳастии ҳар як кас фоҷиа аст, фоҷиаест, ки онро бо ҳеҷ васила пешгирӣ кардан мумкин нест. Марги инсон, аз байн рафтани нотакрории шахсияти ӯ аст. Моҳияти инсонро на тарсу ҳарос, масъулият «дар он дунё», балки масъулият дар назди моҳияти иҷтимоии худи инсон ташкил медиҳад.

Марг зиндагиро беқадр намегардонад, чунки арзишҳои зиндагӣ, маъно ва моҳияти он ба воситаи меросияти иҷтимоӣ, маънавӣ, маданӣ ва фарҳангӣ ба наслҳои ояндаву ҳамдигарро ивазкунандаи зоти инсон мегузаранд.

ГЕДОНИЗМ

Маънои ҳаётро ба тарзҳои гуногун мефаҳмонанд. Яке аз ин фаҳмишҳо — фаҳмиши гедонистӣ (аз калимаи юнонии hedone — ҳаловат) аст, ки ҳаловатпарастиро дар зиндагии инсон нисбат ба ҳаргуна зуҳуроти он муболиға мекунад ва дар ҷои аввал мегузорад. Гедонизм як навъ таълимоти ахлоқиест, ки мувофиқи он ҳаловатпарастӣ инсонро аз азобу азият, нохушиҳои зиндагӣ раҳо медиҳад, бино бар ин ҳамаи муносибатҳои байни адамон ба воситаи ҳаловатҷӯӣ ва ҳаловатпарастӣ ба роҳ монда шаванд. Гедонизм ба одамон талқин мекунад, ки ҳарчӣ бештар аз хушиҳои зиндагӣ истифода баранд, то ки ҳаловатманд бошанд. Гедонизм ҳамчун таълимот аввалин бор аз тарафи Аристид асоснок карда шуда буд. Ба таъбири ӯ ҳамаи он чие некӣ аст- ҳаловат аст. Тарафдорони он ҳаргуна ҳаловат, аз ҷумла ҳаловатҳои манфии аз ахлоқу накукорӣ бегонаро ҳаловат ҳисоб мекарданд. Дар Юнони қадим пайравони гедонизм ҳаловатро арзиши аз ҳама волову олии зиндагӣ ҳисоб мекарданд. Дар байни таълимотҳои гедонистии Юнони қадим таълимоти Эпикур фарқ дорад. Ӯ ҳаргуна ҳаловатпарастиро қабул надошт ва мегуфт, ки фақат ҳаловати табиӣ ва зарурӣ сазовори инсон аст, чунки ҳолати ботинии рӯҳу ҷони инсонро вайрон намесозад. Ӯ тарафдори ҳаловатгароии оқилона буд, ки асоси онро идеали фардии раҳо ёфтан аз азобу маҳрумиятҳо, ба даст овардани оромиву хушҳолии рӯҳии инсонӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ, барои инсон на фаъолиятмандӣ, балки оромиву осоиш оқилонатар аст. Ба замми он, Эпикур ба ҳаловати ҷисмонӣ, нигоҳу бин ва тарбияи бадан аҳамияти хосса медод.

Дар замони Эҳё ғояҳои аввалаву қадимаи классикии гедонистӣ тағйир ёфта, мазмуни инсондӯстиву инсонпарварӣ пайдо карданд, арзишҳои волои инсониро тарғиб менамуданд. Барои маорифпарварон, хусусан Гассенди, Ламетри ва Голбах, гедонизм ба сифати воситаи мубориза ба муқобили ҷаҳонбинии динӣ-догматикӣ истифода бурда мешуд. Яке аз шаклҳои гедонизм утилитаризми (назарияи нафъу манфиатҷӯии) Бентам ва Ж.С.Милл буд.

Принсипи асосии гедонизм ҳамчун таълимот дар бораи ҳолати ақлӣ-рӯҳӣ ва тарзи зиндагӣ ин аст: «ҳамеша тарзе рафтор кун, ки то ҳадди имкон хоҳиши худро қонеъ гардонӣ ва ҳар чи бештар ҳаловат барӣ». Чи хеле ки аз мантиқу психологияи гедонистӣ маълум мегардад, шууру рафторе, ки ба айшу ишратпарастӣ нигаронида шудааст, ба ягон маҳдудият дар ҳаловатпарастӣ роҳ намедиҳад, ба ягон назорат ба ҳаловатгароӣ тоқат надорад, ҳаловатҷӯйӣ ва ҳаловатпарастиро сифату ҳирси аз ҳама воло ва аъло ҳисоб мекунанд. Амалия ва назарияву психологияи ҳаловатгароӣ дар замони муосир дар таълимотҳо доир ба «ҷамъияти истеъмолӣ» ва «психологияи истеъмолгароӣ» васеъ паҳн гардидаанд. Дар ҷамъияти пасошӯравӣ, аз ҷумла ҷамъияти муосири тоҷик, амалияи зиндагии буржуйҳои навбаромад васеъ истифода бурда мешавад. Ба оқибатҳои манфии ҳаловатпарастӣ дар замони худ Суқрот аҳамият дода буд. Ба ақидаи ӯ, зиндагие, ки ба ҳаловату айшпарастӣ дода шудааст, ба бадбахтӣ ва ҷунунӣ оварда мерасонад. Таълимоте дигаре бо номи эвдомонизм (калимаи юнони маънояш «бахт» аст) вуҷуд дорад, ки хилофи гедонизм аст. Эвдомонизм – рӯ гардонидан аз ҳаловатпарастӣ аст. Барои шуури гедонистӣ ӯҳдадориҳои транстендентӣ вуҷуд надорад, идеали ахлоқии гедонистҳо – ҳаловат, эҳсосоту таасуротест, ки талаботи инсонро ҳамчун мавҷуди зинда қонеъ мегардонад. Аҳамияти биологии ҳаловат ва азобу нороҳатӣ, яъне он чие, ки ҳаловат намебахшад, бо он муайян мегардад, ки одамро дар протсесси мутобиқшавӣ ба муҳит ба фаъолиятнокӣ водор месозад, фаъол мегардонад, то ки ин ё он амалеро аз худ содир кунад. Ҳаловат аз ҷиҳати психикӣ одамро орому осуда мегардонад, беқарории ботинии ӯро мӯътадил ва таъсиррасониҳои манфии берунаро бартараф мегардонад. Аз ҷиҳати субъективӣ ҳаловат ба одам хушҳолӣ, осудагӣ ва оромӣ меоварад. Бисёр мутафаккирони гузашта чунин ҳисоб мекарданд, ки ҳаловату ҳаловатҷӯӣ ба бартараф сохтани азобу нооромӣ, сарсониву саргардонӣ имкон медиҳад. Барои ҳамин ҳам ҳаловатро ҳамчун яке аз зуҳуроти табиати инсон ва сабаби ваҷҳи амалҳои ӯ муайян мекунанд.

Гедонизм назар ба маънавиёту рӯҳоният бештар ба ҳаловатҳои моддӣ-ҷисмонӣ – талаботҳои ҷисмонӣ, талабот ба хӯрду хӯрок, ба истироҳату маишат бартарӣ медиҳад. Вале муболиға кардану бартарӣ додан ба ин шаклҳои ҳаловат, аз ҳама боло гузоштани онҳо боиси ба назар нагирифтану паст задани арзишҳои маънавӣ, рӯҳиву ақлонӣ ва ахлоқӣ мегардад. Ҳоло он ки таҷрибаи зиндагӣ ва фарҳангии халқу миллатҳои дунё нишон медиҳад, ки бахту саодат, болидарӯҳии инсонро бе арзишҳои иҷтимоӣ, бадеӣ эстетикӣ, илмӣ ва ахлоқӣ тасаввур кардан мумкин нест. Ҳаловатро ба ҳаловати «хуб» ва «ганда» ҷудо кардан мумкин нест. Меъёри маънавӣ ва ахлоқии ҳаловатро дар худи ҳаловат дидан ва дарёфтан мумкин нест. Меъёру андозаҳое, ки нисбат ба ҳаловат татбиқ гардонида мешаванд, маънои маҳдудкунӣ ва ба стандартҳои гуногун тобеъ кардани онро дорад. Дигар хел гӯем, татбиқи фақат як ё якчанд меъёр нисбат ба ҳаловат маънои аз он даст кашиданро дорад. Бартарӣ додан ба ин ё он ҳаловатпарастӣ меъёри умумии муайяни онро дода наметавонад, чун ки он зуҳуроти бешумори ҷузъӣ дорад. Муайян намудани меъёри ягонаи ҳаловат агар барои як кас қобили қабул бошад, пас барои каси дигар қобили қабул нест, ӯро қонеъ намегардонад. Масалан, шаҳватпарастиву фоҳишагӣ, майпарастӣ ва нашъамандӣ барои баъзеҳо ҳаловат бошад, барои дигарон бадбахтӣ ва нафратовар аст. Дар протсесси иҷтимоишавии фардҳо назорати маҳдудкунӣ ва фарҳангӣ гардидани ҳаловатҳои табиӣ-инстинктӣ ба вуҷуд меояд. Муошират ва муносибатҳои фарҳангӣ ва ахлоқии байни фардҳо аз онҳо қобилияти назорат кардани ҳаловатҳои аз ин муносибатҳо беруниро талаб мекунад. Аз ҳад зиёд дода шудан ба ҳаловатгароӣ ва айшпарастӣ аз инсон ба ҳамон андоза масъулиятшиносӣ ва худназораткуниро талаб мекунад. Аз нуқтаи назари гуманистӣ, инсон сазовори ҳаргуна ҳаловат аст, ба шарте, агар зиндагонии ӯро халалдор насозад ва нисбати дигарон зарару зиёне наоварад, барои ҳаловат шуда, вазифаву ӯҳдадориҳои ахлоқии худро вайрон насозад. Ин ягона меъёри баҳо додан ба ҳаловат аст. Ба ҷо овардани ҳамаи ҳаловатҳои имконпазир барои ҳар як афроди алоҳида мумкин нест. Идеали ҳаловатпарастӣ бо кадом роҳу дар кадом шакле, ки набошад, барои ҳама ҳатман иҷронашаванда аст. Гедоник натанҳо ба қонеъ кардани талаботи физиологии тану бадани худ ба ҳаловати инстинктҳои ҳайвонии худ нигаронида ва дода шудааст. Садизм ва эротизм низ аз ҷумлаи паҳлӯҳои дигари амалия ва психологияи гедонитҳо аст.

Аскетизм, бар хилофи гедонизм, як намуди амалия, фалсафа ва психологияи худмаҳдудкунӣ, худканорагирӣ дар зиндагӣ аст. Дар он паҳлӯ ва ҷанбаҳои моддии зиндагӣ ба мавқеи аввал гузошта намешавад, мақсади асосиаш дарёфти камолоти рӯҳонӣ, идеалӣ ва динӣ аст. Сараввал (дар Юнони қадим) аскетизмро ба маънои машқкунӣ бо мақсаду ниятҳои накӯкорӣ мефаҳмиданд. Баъд (дар Замони нав) шакли эътирозро ба муқобили сарватмандиву сарватмандон ва истеъмолгароии синфу қиширҳои ҳукумрону давлатмандони ҷамъият гирифт. Он шакли аз меъёру андоза беруни идеали ахлоқӣ аст. Ҳам гедонизм ва ҳам аскетизм тарзу шаклҳои зиндагии мӯътадил нестанд. Алтруизм (аз калимаи лотинии alte — «каси дигар») – принсипи ахлоқиест, ки ҳамдардӣ бо дигарон, ба ғаму дарди онҳо шарик будан, ба манфияти дигарон кор карданро тарғиб мекунад. Алтруизм ҳамчун алтернатива аз худхоҳиву худпарастӣ пайдо шудааст. Принсипи асосии он – «одамони наздикро ҳамчун худ дӯст дор» аст. Ҳамчун тарзи муносибатҳои байниҳамдигарии одамон адолатхоҳиву адолатпарвариро тарғиб мекунад, аз одамон ҳамчун дорандаю барандагони манфиятҳои хусусӣ ва фардӣ дар шароиту вазъияти зарурӣ талаб мекунад, ки аз манфиатҳои худ ё даст кашанд, ё онҳоро маҳдуд созанд, дар шароити аз ҳам ҷудошавии иҷтимоӣ ва психологии одамон фақат бо дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳамдигарӣ нисбати ҳамдигар ғамхорӣ кунанд, ба зиндагии беҳтару хубтари худ мусоидат намоянд. Бо пайдоиши муносибатҳои нобаробарии молӣ-пулӣ, психологияи истисморгарӣ ва истеъмолгароӣ, хусусан утилитаризм, алтруизм ҳамчун маҳдудкунии манфиатҳои аксарияти мардум фаҳмида мешуд. Нитсше алтруизмро қатъиян рад кард ва онро «ахлоқи ғуломон» номид.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *