Фанни Фалсафа

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Филасофия

  • Фаҳмиши материалистии таърих

    Таҳияю ба назми муайян ворид сохтани идеяҳои фаҳмиши материалистии таърих кӯшиши аввалини Маркс ва Энгелс дар роҳи эҷод намудани илми позитивӣ дар бораи ҷамъият ва таърих буд, ки муқобили фалсафаи пешин ва умуман фалсафа қарор дошт. «Заминаҳое, ки мо аз он шурӯъ мекунем беасос набуда, онҳо догма нестанд: онҳо заминаҳои…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи классикии марксизм

    Таълимоти К.Маркс дар асри 19 пайдо шудааст, ки маданият ва замони эҷодшудани он дар ин таълимот баръало нақш гузоштааст. К. Маркс дар баробари Ф.Нитсше ва С. Кёркегор дар қатори он мутафаккирони бузургест, ки гузаришро аз фалсафаи классикӣ ба фалсафаи муосир анҷом дода, дар инқилоби бузурги маънавию идеологии замони муосир таъсири…

    Муфассалтар »
  • Фалсафа ҳамчун илм

    С.1 Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ С.2 Масъалаи асосии фалсафа ва ду паҳлӯи он С.3 Мақоми фалсафа дар низоми фарҳанг. Вазифаҳои фалсафа С.4 Проблемаи метод дар фалсафа. Диалектика ва метафизика Фалсафа аз калимаи юнонии «филео» – дӯст медорам ва «софия» — ҳикмат гирифта шуда, маънояш «ҳикматдӯстӣ» ё саъю талош…

    Муфассалтар »
  • Фалсафа, ҳудуд, таъинот ва мақоми он дар ҷомеа

    Фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинӣ С.1 Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ- таърихии ҷаҳонбинӣ. С.2 Таркиб ва зинаҳои ҷаҳонбинӣ. С.3 Шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ (асотир, дин ва фалсафа). Ҷаҳонбинӣ- маҷмӯи ақидаҳои умумӣ роҷеъ ба воқеият: табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа, тазоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти онҳо мебошад. Ҷаҳонбинӣ – умуман чун полудаву фишурдаи…

    Муфассалтар »
  • Шахс,Озодӣ ва Арзишхо

    С.1. Мафҳуми шахс. Шахс ҳамчун объект ва субъекти ҳаёти ҷамъиятӣ. С.2. Зарурати таърихӣ ва озодии шахс. С.3. Мафҳуми арзиш. Таснифоти арзишҳо. * Барои маънидод кардани моҳияти мафҳуми «шахс», пеш аз ҳама, моҳияти инсонро ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ муайян кардан лозим аст, зеро шахсҳо танҳо дар ҷамъият вуҷуд дошта метавонанд. Шахсияти инсон…

    Муфассалтар »
  • Ҷомеа ҳамчун низоми худинкишофёбанда

    С.1. Мафҳуми ҷомеа. Фаҳмиши материалистӣ – диалектики ҷомеа. С.2. Мафҳуми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тарзи истеҳсолот. С.3. Диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолкунанда. С.4. Мафҳуми форматсияи ҷамъиятӣ- иқтисодӣ ва аҳамияти илмӣ- методологии он. С.5. Мафҳуми базис ва надстройкаи ҷамъиятӣ. Диалектикаи инкишофи онҳо. С.6. Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои он. С.7.…

    Муфассалтар »
  • Маърифат ва эҷодиёти илмӣ

    С.1. Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат. С.2. Ваҳдати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ. С.3. Масоили ҳақиқат дар фалсафа. 1. Маърифат (кал. ар. шинохтан, донистан) – ҷараёни иҷтимоӣ – таърихии фаъолияти эҷодии одамон буда, дониши онҳоро дар асоси инъикоси фаъоли олами воқеӣ ташаккул медиҳад ва дар заминаи он марому мақсади фаъолияти…

    Муфассалтар »
  • Шуур ҳамчун инъикоси воқеият ва фаъолияти ҷамъиятӣ

    С.1. Мафҳуми шуур. Шуур ҳамчун инъикоси ҳастии олами материалӣ. С.2. Пайдоиши шуур ва моҳияти иҷтимоии он. С.3. Таносуби рӯҳониёт ва моддиёт. С.4. Шуури инфиродӣ ва шуури ҷамъиятӣ, робитаи диа – лектикии онҳо. С.5. Сохтори шуури ҷамъиятӣ ва дараҷаҳои он. С.6. Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва меъёрҳои фарқияти онҳо. 1. Шуур (кал.…

    Муфассалтар »
  • Фаъолияти амалии инсон

    С. 1. Амалия ҳамчун тарзи махсуси робитаи инсон ва олам. С. 2. Сохтори амалия. Ваҳдати ҷанбаҳои объективӣ ва субъективӣ дар амалия. С. 3. Шаклҳои фаъолияти амалии инсон. 1. Амалия (кал. ар.), ин фаъолияти моддӣ, ҳиссию предметии бо мақсади одамонест, ки барои дигаргун сохтани олами моро иҳота карда, табиату ҷамъият равона…

    Муфассалтар »
  • Муаммои инсон дар фалсафа

    С.1. Табиат, моҳият ва таъиноти инсон. С.2. Ҷанбаҳои биологӣ ваиҷтимоӣ дар инсон. С.3. Инсон ва инсоният.Таносуби ҳаёт ва марг. 1. Дар улуми фасафа ва табиатшиносӣ мафҳуми табиат ба маънои мухталиф истифода мешавад. Ин мафҳум барои фаҳмиши фалсафаи инсон низ зарур аст. Тавассути он хусусиятҳои хоси инсонро ҳам ошкор сохтан мумкин…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи Гегел

    Моҳияти фаъолиятию талаботии қобилият дар « Фалсафаи ҳуқуқ»-и Гегел Фалсафаи Гегел, ки андешаю арзёбии моҳиятии таърихи умумиҷаҳонӣ аст, дар баробари муайян кардани роҳи инкишофи афкори фалсафӣ мутазоддии мавҷудияти инсонро ҳамчун проблемаи марказии фалсафа баҳогузорӣ мекунад. Дар робита ба ин фаъолиятро ҳамчун самти бунёдии олами худинкишофёбанда ҳисобида, меҳнати инсонро дар ташаккули…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи ирратсионалии Нитсше

    Яке аз симоҳои шинохтаи фалсафаи охири асри 19-и Аврупо,ки ирратсионализм ва «фалсафаи ҳаёт»-ро муаррифӣ мекунад, Фридрих Нитсше мебошад. Фаъолияти эҷодии ӯро одатан ба се давра ҷудо мекунанд. Ба давраи аввал асарҳое дохил мешаванд,ки ба фарҳанги юнонӣ ва умуман фалсафаи аттиқа алоқамандӣ доранд,ки «Тавлиди фоҷиа аз рӯҳи мусиқӣ», «Фалсафа дар марҳилаи…

    Муфассалтар »
  • Ташаккули фалсафаи ирратсионалӣ ва Метафизизикаи А.Шопенгауэр

    Фалсафаи Гегел нуқтаи баланд ва хотимаи фалсафаи классикӣ буд,ки ба хирад ҳамчун нерӯи муайянкунандаю моҳиятии воқеият бунёд меёфт.Таҳти фалсафаи классикӣ самти умумӣ ва услуби идеявии тафаккур дар назар дошта мешавад,ки на танҳо муқаррароти бошууронаи файласуфони асрҳои 17-18, балки шароит ва механизмҳои эҷод ва тавлиди донишҳои фалсафии ин замонро инъикос менамояд.1…

    Муфассалтар »
  • Афкори фалсафии асримиёнагӣ ва эхё

    1. Фалсафаи масеҳии асримиёнагӣ: патристика ва схоластика. Реализм ва номинализм. 2. Фалсафаи мусулмонии асримиёнагии Шарқ. 3. Хусусиятҳои асосии фалсафаи давраи Эҳё. 1. Фалсафаи масеҳии асримиёнагӣ: патристика ва схоластика. Реализм ва номинализм. Фалсафаи масеҳии асримиёнагии Ғарб қариб 1000-сол, аз асри V то XV тул кашидааст. Асрҳои I-IV давраи гузариш аз антиқа…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи Замони Нав (асри 17) ва давраи маорифпарварӣ (асри 18)

    Нақшаи корӣ: Ташаккули манзараи механикӣ-материалистии олам ва масъалаи методи маърифатӣ.Сенсуализми материалистии Ҷ. Локк ва идеализми субъективии Берклӣ ва Юм.Фалсафаи маорифпарварӣ ва материализми фаронсавии қарни XVIII. С.1. Ташаккули манзараи механикӣ-материалистии олам ва масъалаи методи маърифатӣ. Қарни XVII дар рушди фалсафаи урупоӣ як таҳаввулеро ба миён овард. Сармоядорӣ пурқувват шуда, тағйиротҳои ҷиддӣ…

    Муфассалтар »
  • Муносибати инкишофёбанда: равоншиносии педагогӣ

    Дар асрҳои 19-20 дар равоншиносӣ З.Фрейд равияи психоанализро ба вуҷуд овард. Дар он ҳама гуна рафторро, махсусан ғайримуқаррарии инсонро, вобастабуда бо асабонияти модарзодӣ (фитрӣ) ё ногузир бадастовардааш мефаҳмонд, ки онро ҷуброн кардан мумкин аст, вале нест кардан имкон надорад. Ин тасдиқи имконнопазирии мақсаднок идора кардани интиқол ва интиқолоти тағйирии рамзҳои…

    Муфассалтар »
  • Маорифи инсониятпарварона

    Пайдоиши низомҳои педагогӣ дар чорчӯбаи равияи дуюм – ғайриклассикӣ дар маориф, (ки ба инкишофи шахсӣ ва эҷодӣ нигаронида шудааст), пеш аз ҳама, бо зарурияти барқарору собит кардани ягонагии таълим ва тарбия вобаста аст. Ин масъала аз ҷониби ҷараёни маорифпарварии фаронсавӣ гузошта шуда буд, ки вай кӯшишу ибтикороти инқилобии истиқрори ҷомеаи…

    Муфассалтар »
  • Маориф ҳамчун раванд ва воситаи интиқоли фарҳанг

    Ташаккули ҷамъияти инсонӣ бо пайдоиш ва инкишофи фарҳанги он – низоми меъёрии воситаҳои моддӣ, ташкилӣ ва маънавии таъмини мавҷудияти инсон тавассути фаъолият оид ба ҳалли мушкилоти пайдошуда — вобаста аст. Маънои фаъолияти инсонӣ дигаргунсозии ба мақсад мувофиқи олам, ҳадди аққал барои ҳаёти инсон мувофиқ сохтани он мебошад. Чунин муносибат ба…

    Муфассалтар »
  • Ҳудудҳои салоҳияти муҳандисияи иҷтимоӣ (лоиҳасозии иҷтимоӣ): мавқеи идеологияи либерализм

    Идеологияи либерализм дар шароити ҳозира тарзи нигариш ба дигаргунсозиҳои иҷтимоиро муайян намуда, ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ, ҳам ба амалияи ҷамъиятии кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва ИМА таъсири калон мерасонад. Дар боло мо дида гузаштем, ки либерализми асри ХIХ ҳамчун идеологияи некдиди иҷтимоӣ муносибати худро ба пешгӯиҳои ояндаи дур куллан тағйир дод:…

    Муфассалтар »
  • Иштироки илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар санҷиши барномаҳо ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ

    Ибтидои асри ХХ бо инқилоб дар физика хотирмон гашт, ки зарурати аз нав дида баромадани принсипҳои асосии парадигмаҳои илми классикиро ба миён гузошт. Чунин мафҳумҳо, ба мисли «дониш», «эътимодбахшӣ», «ҳақиқат» даъвои объективӣ буданашонро акнун гум карданд, зеро пас аз ин объективият маҳз дар истилоҳҳои байнисубъективият муайян карда мешуд. Категорияи «моҳият»…

    Муфассалтар »
  • Ташкилшавии маҷмуоти фаннии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар қаринаи дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (асрҳои 19-20)

    Барои фаҳмидани он, ки барои чӣ маҳз дар асри ҶIҶ баъзе фанҳои доираи иҷтимоӣ-гуманитарӣ ташкил ёфтанд, бояд ҷараёни гузариш аз ҷамъияти анъанавӣ ба капиталистиро дида мебароем, ки ҳамчун ивазшавии фаъолияти арзишӣ-оқилона бо фаъолияти ҳадафӣ-оқилона баррасӣ карда мешавад. Мувофиқи ибрози Макс Вебер, кeшиши оқилонатар гардонидани амали иҷтимоӣ нақши муҳиме дар ташаккули…

    Муфассалтар »
  • Фарханг хамчун яке аз шаклхои тачассумкунии хаёт дар вакт

    Чун анъана, ба сифати тавсифи ҷамъбастии инкишофи ҷамъият ва инсон чунин меъёрҳо, аз ҷумла давомнокии миёнаи ҳаёт, сатҳи фавти модарон ва атфол, нишондиҳандаҳои саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, ҳисси қаноатмандӣ аз ҳаёт ва ғайра пешниҳод карда мешаванд. Мавзӯи ҳаёт дар доираи антропобиологии он, ба мавзӯҳои низомҳои фалсафӣ ва сотсиологии ба хирадгароӣ…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарии категорияи «ҳаёт»

    Категорияи «ҳаёт» дар номгӯи категорияҳои асосии фалсафаи классикӣ ҷой надошт. Сабаби чунин муносибати «ноҳурматона» ба чунин, гӯё ки шакли универсиалӣ ва бунёдии ҳастии инсонӣ дар чӣ буд? Сухан дар сари он аст, ки категорияҳо гуфта, дар фалсафа мафҳумҳоеро дар назар дошта мешавад, ки робитаю муносибатҳо ва хосиятҳои умумитарин, муҳимро инъикос…

    Муфассалтар »
  • Бегонашавӣ ва меҳнати бегонашуда

    Омӯзиши вазъияти воқеии иқтисодию иҷтимоии синфи коргар дар миёнаҳои асри 19 ба зарурати коркарди назари наву ғайрианъанавӣ ба ҷомеаи инсонӣ ва таърихи он овард. Категорияе марказие, ки бо ёрии он Маркс кӯшиш намуд моҳияти муносибатҳои капиталистӣ ва мақоми инсонро дар он муайян намояд, ин категорияи бегонашавӣ буд. Онро истифода намуда,…

    Муфассалтар »
  • Муносибати антропологӣ: шахсият дар маркази таваҷҷуҳи маориф

    Тараққиёти иқтисод, илм ва саноати ҷамъиятӣ дар назди маориф ва педагогика талаботе гузошт, ки онҳо ҳамзамон бо универсалияту гуногунҷонибагиашон фарқ мекунанд: инсони бомаърифати мутахассиси як соҳаи муайяни донишҳо буда, дар айни ҳол донад, ки дар дигар соҳаҳо чи кор шуда истодааст, то ин ки ба онҳо хуб сарфаҳм рафта тавонад.…

    Муфассалтар »
  • Маориф дар асри 20

    Инкишофи босуръату вусъатноки ҷомеаи сармоядорӣ, рақобати кишварҳои мутараққӣ барои дигаргунсозии ҷаҳон, бо ду ҷанги ҷаҳонӣ, ташаннуҷи масъалаҳои иҷтимоӣ ва тағйир додани афзалиятҳои иҷтимоӣ дар олам мӯҷиб гаштанд. Идеологикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, рӯҳияи душманона дар давраи «ҷанги сард» манфиатҳои сиёсикунонидашударо асоси мӯҳтавоии таълиму тарбия карданд, ки ин манфиатҳо равандҳои интиқолоти тағйирии рамзҳои…

    Муфассалтар »
  • Маорифи классикӣ ва масоили он

    Аммо бо инкишофи ҷамъияту табақабандии он ба сарсатмандону камбизоатҳо томияти маромпешакунии фардӣ-иҷтимоии азхудкунии таҷрибаи калонсолон аз ҷониби ҷавонон хароб шудан мегифт. Барои ҷавонписари аз оилаи ашроф, ки ҳамеша бо ҳама чизи барои беҳдошти зиндагонӣ зарур таъмин аст, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Вай ба азхудкунии донишҳо ва сайқали қобилиятҳо, ки арзишу…

    Муфассалтар »
  • Эътиқод ва ҳақиқат

    Ҳақиқат — ин категорияи арзишӣ-назариявӣ мебошад. Дар ҷиҳати гносеологӣ вай идеали донишро ифода намуда, стратегияи фаъолияти маърифатиро муайян менамояд. Назарияи ҳақиқат бояд ҳалли ду вазифаи асосии гносеологияро дастрас намояд: 1) мо чиро дониста метавонем; 2) мо чигуна дониста метавонем. Ҳақиқат ҳамчун категорияи фарҳанг ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият дахл дорад.…

    Муфассалтар »
  • Эътикод ва фахмиш дар доираи иртибот

    Дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ду тарзи назариясозӣ ташаккул ёфтааст: якумаш ихлосманидашро нисбати усулҳои илмҳои табиатшиносӣ намоиш дода, онҳоро воситаҳои куллии маърифатӣ, таъминкунандаи хусусияти маънидодкунандаи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ меҳисобанд; дуюмаш, бинобар тахфиф нашудани ҷамъият ба табиат, аз ҳамдигар фарқ доштани воситаҳои маърифатии илмҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарро қайд менамояд. Парадигмаи стсиентӣ (стсиентизм — ин…

    Муфассалтар »
  • Мафхуми «эътикод», «эътимодбахшӣ», «шубха» дар маърифат

    Яке аз қисмҳои муҳими фалсафа назарияи маърифат (гносеология) мебошад, ки принсипҳои куллии маърифат, сарчашмаҳо ва шартҳои эътимодбахшӣ ва ҳақиқӣ будани донишро меомӯзад. Чиро дар назар дорем, вақте мегӯем, ки чизеро медонем? Агар мо дар сари ин савол андеша кунем, пас маълум менамоем, ки: ҳамаи он чӣ, ки ба сифати дониш…

    Муфассалтар »