Фанни Фалсафа

Сарнавишти таълимоти Маркс дар Россия ва марксизми рус

Муносибати файласуфони рус ба марксизм гуногунназар ва ихтилофоҳанг буда, аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи фалсафии онҳо ва муҳити иҷтимоӣ-таърихии мушаххасе, ки он ҷо раванди азбар кардан, ҳалу фасл ва пазируфтани идеяҳои марксистӣ сурат мегирифт, вобаста буд. Бисёре аз файласуфони рус, ки эҷоди андешаҳои фалсафӣ ва оғоз шудани мавқеи фалсафиашон ба сарҳади қарни 19 ва 20 рост меомад, як марҳилаи таваҷҷӯҳу ихлосмандиро ба марксизм пушти сар кардаанд, аз қабили Н.А.Бердяев, С.А.Франк, С.Н.Булгаков, Е.Н.Трубетской ва ғайра. Ин файласуфон бо вуҷуди назари танқидиашон ба назарияи Маркс нерӯи ахлоқии онро эътироф мекарданд. Дар таълимоти К. Маркс ва Ф.Энгелс ба қавли Е.Н.Трубетской ду назари ба ҳам зид рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо «аз як тараф ба муқобили баҳогузории ахлоқии зуҳуротҳои иҷтимоӣ исён мебардоранд, ва аз ин нуқтаи назар капитализмро ногузирии фано шудан на аз он хотир аст, ки ба оғози адолату некӣ мувофиқ нест- айнан ҳамин тавр сотсиализм ҳам на аз рӯи ҳаққонияти адолати ботинӣ, балки ба туфайли амали муттасили қонунҳои иқтисодӣ тантана хоҳад кард. Аз тарафи дигар осори Маркс ва Энгелс батамом саршори тамоили гуманистиест, ки аз Фейербах ба меросӣ гирифтааст: онҳо муқобили ноҳақии сохтори мавҷуда баромада, талабгори баробарӣ ба хотири инсониятанд… Умуман Маркс ва Энгелс муқобили истисмори меҳнат аз ҷониби капитал на ба хотири иқтисодиёт, балки ба хотири оғозу мабдаъи этикианд. Агар капитализм танҳо аз лиҳози иқтисодӣ нодуруст мебуд, он вақт Маркс ҳеҷ гоҳ «Капитал» — ро наменавишт».[1]

Дар шароити ҳукмронии идеологияи як ҳизб табиист, ки кадом таълимоте ба сифати манбаи назариявӣ интихоб нашавад, ҳамин таълимот ҳатман ва хоҳу нохоҳ ба догма табдил дода мешавад. Ва ин сарнавишт таълимоти Маркс ва пайравони ӯро низ баъди инқилоби Октябр дар Россия интизор буд, ки дар «парастиши» ба қавли ҳамон замон «классикҳо» набояд худи онҳоро муттаҳам сохт, зеро Маркс садҳо маротиба ҳамагуна таълимоти бетакомулу бетағйири шахшудамондаро маҳкум месохт. Албатта набояд фаромӯш сохт, ки замони Шӯравӣ дар доираи идеяҳои марксистӣ низ беҳтарин тадқиқотҳои илмию фалсафӣ эҷод шуданд ва шинохтатарин мутафаккироне дар арсаи фасафаи шуравӣ пайдо шуданд, ки осори гаронбаҳои онҳо ба хазинаи тиллоии фалсафаи ҷаҳонӣ абадан ворид гашт. Дар ин мавзӯъ, хушбахтона адабиёти зиёде ба нашр расидааст ва хонандаи гиромӣ ба ин адабиётҳо, ҳар куҷое майл дошта бошад, дастрасӣ хоҳад кард. Дар марксизми ба догма табдил додаи замони шӯравӣ маҳз таълимоти марксистӣ оид ба табиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ихтисори бераҳмонаю сангдилонаро гирифтор шуд. Танҳо солҳои 70-80-уми асри 20, баъд аз фароҳам омадани шароитҳои озоду мусоиди эҷодӣ тадқиқотҳои арзишманде дар ин мавзӯъҳо анҷом дода шуданд, ки метавон аз саҳми файласуфони шуравии тоҷик низ дар мақолаҳои алоҳидае ёдовар шуд… Фақат ҳаминро мебояд зикр кард, ки ба маҳфузгоҳи махсус (спецхранилище)на танҳо асарҳои рақибони марксизм, ҳатто асари худи Маркс «Дар бораи шаклҳои ботили сотсиализм» (« О ложных формах социализма») низ пинҳон нигох дошта мешуд. Боз таъкид мекунем, ки барои таълимоти Маркс сотсиализм ҳамчун салтанати озодию зебоӣ ва истеъдод муаррифӣ мешавад, на таъқибу террори гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ ва камбизоатии саросарӣ. Ҳамин тавр сарнавишти марксизм ва раванди ба догма табдил додани таълимоти Марксро дар саҳнаи фалсафаи Россияи баъдиинқилобӣ муҳаққиқони муосир ба ҳар усуле тавзеҳ додаанд, ки мо низ кӯшиш мекунем бо истифода аз маълумотномаҳое, ки дар даст дорем, манзараи ин тадқиқотҳою таҳияи ин хулосаҳоро ба Шумо пешкаш намоем.

… К. М. Кантор дар мақолааш « Идеологияи немис» — и Маркс ва Энгелс ва марксизми рус» сухани Энгелсро иқтибос меорад, ки соли 1883 гуфта буд: «Нуқтаҳои алоҳида аз осор ва мактубҳои Марксро гурӯҳҳои мухталифи эмигрантои рус бо тарзи ихтилофноке шарҳ медоданд, ки гӯё он суханҳои классикҳо ё матнҳои Инҷил бошанд»[2]. Дар алоқамандӣ ба ин савол ба миён меояд, ки ягон вақте дар Россия марксизми рус мавҷуд буд, ки аз марксизми Маркс фарқ дошта бошад? Ҳамчуноне, ки масеҳияти россиягӣ аз Византия проваславияро қабул намуда, бо мурури вақт онро ҳам аз тафсири византиягӣ фарқ кунонд, марксизм низ дар муҳити Россия тағйир ёфт ва бо тақозои афкори идеологияи зиддикрепостноии рус қабул гардид. Охири асри 20 бо таназуллу фанои идеологияи коммунистии Шуравӣ дар ҳама бадбахтиҳои ба Россия омада, марксизмро айбдор мекунанд. Метавон аввалин шуда Игор Шафаревичро ном гирифт, ки дар асари «Сотсиализм ҳамчун зуҳуроти таърихи ҷаҳонӣ» (Шафаревич. И. Социализм как явление мировой истории. Париж, 1977) менависад: «Болшевизм мушобеҳу якранги марксизм буда, инҷо Россия дахле надорад». Дар китоби Игор Шафаревич назари Р.Люксембург (1904) ва К.Каутский (1921) дар хусуси он ки болшевизм ин мероси Нечаев ва Бакунин ( анархистони рус, ки қобилияти исёнгаронаю инқилобии инсонро нерӯи ҳаракатдиҳандаи таърих ҳисобида, бебунёдии ҳама гуна ҳукмравоӣ ва сарнагунсозии таъҷилии онро таъкид мекарданд) мебошад, инкор мегардад, вале далели мӯътамадеро муқобили ин андеша ба миён намегузорад. Ин ақидаро А. Игнатев низ такрор мекунад. (А.Игнатьев. «Метафизические корни коммунизма.// Вопросы философии. 1994, №12, с.32-39) А. С. Сипко дар мақолаи худ «Магар принсипҳои мо хуб ҳастанд?» менависад: Фарқияти ихтилофи миёни аврупоӣ Маркс ва болшевикони рус дар чист?» Ва худ ҷавоб медиҳад: «Ҳеҷ як марксизми рус набуд… Идеяҳои Маркс ва ҳамаи таърихи баъдтоктябрии мо бо ҳам омехтаанд»[3]..

Собиқ котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ А.Н. Яковлев (баъд аз тарки вазифа) ҳамин андешаро борҳо такрор мекард: Болшевизм тифли ҳамбатни марксизм аст. («Большевизм родное дитя марксизма»)[4] Қобили зикр аст, ки солҳои 70-80-уми асри 19 марксизм аз ҷониби ҷараёнҳои мухталифи идеявии Россия аз худ карда шуд. Ва ҳамаи онҳо дар таълимоти Маркс бунёди назариявии барномаҳои бисёр вақт ҳамдигарро инкоркунандаи худро пайдо мекарданд. Назарияи халқчигии солҳои 1880-1890 ба унвони «марксистӣ» даъво дошт. Назарияи буржуазии П.Струве ва Туган-Барановский бо эътирофи марксизм таълимоти хешро оғоз карданд ва онҳоро «марксистони легалӣ» меномиданд. Зеро ки нахустмарксистҳои радикалию (тундравою) инқилобиро «ғайрилегалӣ ва нимлегалӣ» мегуфтанд. Воқеан П.Б.Струве яке аз мутарҷимони ҷилди аввали «Капитал» ва муаллифи Манифести съезди 1-уми Р.С.Д.Р. П буд. Дар маҷмӯаи «Вехи» андешаҳои Н.А.Бердяев нашр мешавад, ки ӯ равияи марксистони легалиро мусбӣ баҳогузорӣ мекунад: маҳз «марксистони легалӣ» ба мундариҷаи илмии марксизм таваҷҷӯҳ дошта, ягона марксистони россиягӣ ҳастанд, ки ба хотири ғанӣ гардондани донишҳои иҷтимоӣ ба таълимоти Маркс такя намуданд, дар сурате, ки болшевикон марксизмро ба технологияи амалҳои сиёсӣ, тазодҳои байниҳизбӣ ва воситаи забти ҳокимият табдил доданд. « дар самти илмию объективии марксизм ҷавҳари солиме ҷой дошт, ки онро яке аз марксистони бофарҳанг ва олим П.Б.Струве тасдиқ намуда, инкишоф дод»[5]. Воқеан, П. Струве ва М. Туган-Барановский анъанаи муносибати илмиеро, ки ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри 19 профессори назарияи иқтисодии университети Киев Николай Иванович Зибер ва профессори Университети Петербург Илларион Игнатевич Кауфман оғоз карда буданд, идома медиҳанд. Дар охирсухан ба нашри ҷилди аввали «Капитал» К. Маркс аз Н.Зибер ва И.Кауфман ёдовар мешавад. П.Струве ва Туган-Барановский худро марксист меҳисобиданд, ҳатто баъд аз оне ки Ленин ва Плеханов ба қавле онҳор аз марксизм «ронданд». П.Струве бо номи «Назарияи марксистии инкишофи иҷтимоӣ» (Струве П.Б. Марксова теория социального развития. Киев. 1907) ва дар мӯқаддимаи он ба таълимоти К. Маркс ҳамчун системаи бузург баҳо медиҳад ва онро моҳияти эҷоди архитектоникии рӯҳи марди бузург медонад. Имрӯзҳо Марксро ба ҷурме айбдор мекунанд, ки ӯ дар ҷараёни ташаккули ҷомеа нақши маданиятро инкор мекарда бошад. К.М. Кантор таъкиди П. Струверо хотирасон мекунад, ки он чунин аст: «Набояд фаромӯш сохт, ки сотсиализм барои Маркс инкишофи бешубҳаи маданият фаҳмида мешавад. Барои сотсиализм ӯ тамоми дастовардҳои фарҳангии буржуазиро талаб дошт». П. Струве идеяи диктатураи пролетариатро қабул надошт ва онро мафҳуми якобинчигию бланкистӣ медонист, ки ба бунёди таълимоти марксизми илмӣ зид аст. Ленин Струверо марксист намеҳисобид ва Струве бошад болшевиконро «псевдомарксистон» ( «марксистони дурӯғин») ном мебурд. Иван Задорожний нутқи дар Париж баённамудаи П.Струверо дар маҷаллаи «Октябр» нашр месозад, ки чунин баёнияҳо дорад: сотсиализми болшевикӣ «ҳеҷ як айнияте ба он сотсиализме, ки назарияи марксизм пешбинӣ мекунад, надорад. Сотсиализми Маркс аз ниҳоди раванди капитализм, аз раванди ташаккули саноати синдикатӣ ва картелӣ тавлид мешавад, ки он ба сотсиализми болшевикӣ умумияте надорад… Сотсиализми илмӣ, барномавию таърихии марксизм набояд танзимгари камбизоатию қашшоқӣ бошад, балки баръакс бояд танзимгари фаровоние бошад, ки тақсими ратсионалии бисёристеҳсолкунии қувваҳои истеҳсолкунандаи капитализмро бо талаботи воқеии ҷамъият мувофиқат гардонад»[6]. Намояндаи дигари «марксизми легалӣ» Туган-Барановский робитаи ботинии индивидуализм ва сотсиализмро дар идеалҳои иҷтимоию антропологии Маркс мебинад. Ҳанӯз даҳсолаҳо пештар хавфи принсипҳои сохтмони сотсиализмро дар Россия пай бурда, аз дурнамоии амалҳои тундгароёнаю нобудсозандаи идеологияи муборизаи синфӣ, ки онҷо ҳувияту зуҳури хушбахтии инсони алоҳида қурбони ҳадафҳои як табаққаю як синф, ё як гурӯҳи иҷтимоӣ мегардад, ҳушдор медиҳад. «Сотсиализм ин на нобудсозӣ, балки тасдиқи волоияти индивидуализм аст»[7]. Маркс ба марксистони Россия таваҷҷӯҳ дошт ва на ҳамеша аз муносибати онҳо ба таълимоташ розӣ буд. «Аристократҳои рус дар ҷавонӣ муҳассилини университетҳои олмонӣ ва Парижанд. Онҳо аз паи падидаҳои ифротие медаванд, ки Ғарб медиҳад. Ин мазахӯрии холисе («чистейшее гурманство») аст, ки қисме аз аристократҳои франсавии қарни 18 низ ба он машғул буданд»[8]. Баъдтар Маркс ба он қоил мешавад, ки дар байни пайравони россиягии ӯ олимони воқеӣ низ буданд, ҳарчанд, ки инқилобчиён дар амалҳои ифротию тундравонаашон марксизмро истифода кардан мехостанд. 22 октябри соли 1868 Шӯрои генералии Интернатсионали 1 «Алянси байналмилалии демократияи сотсиалисти»-ро, ки Бакунин ва Ткачёв эҷод карда буданд, маҳкум сохта ва чун сексияи Интернатсионал онро напазируфтанд. Бакунин ва Ткачёв роҳи осоиштаи инқилобро дар Россия инкор намуда, назарияи инқилоби сотсиалистиро дар Россия тарҳрезӣ карданд. Ва сарчашмаи асосии назариявии худ « Ба танқиди фалсафаи ҳуқуқи Гегел. Сарсухан» -ро эълон доштанд. Ҳамин тавр марксистони инқилобии россиягӣ аз осори Маркс ва Энгелс ҳамон иқтибосҳоеро меҷӯстанд, ки ба «осиёби онҳо об мерехт». Аз ин таҷриба Ленин хело хуб истифода мебурд. Муҳаққиқин ба ҳамин хулоса омадаанд, ки ӯ назари худро оид ба бошуурият ва стихивият дар ҳаракати коргарӣ аз Ткачев бардоштааст. То инқилоби Октябр ӯ бо меншевикон мубоҳисаро раво медид. Вале баъди инқилоб онҳоро «душманони халқ» эълон кард ва ҳукми қатли онхоро дод. Дар съезди 11- уми партия соли 1922 Ленин амр мекунад: « Барои муқобилияти рӯирости меншевизм судҳои инқилобии мо бояд паронанд, агар не пас онҳо суди мо нею худо медонад, ки чистанд» (« За публичное оказательство меньшевизму наши революционные суды должны расстреливать, а иначе это не наши суды, а бог знает, что такое»)[9]. Ва ҳамин солҳо аз марксизм дур шуданашро эълон медорад. «Акнун кор дигар шуд ва ҳеҷ як Маркс ва ҳеҷ як марксист наметавонистанд инро пешбинӣ кунанд». (« Теперь вышло иначе, и никакой Маркс и никакие марксисты не могли это предвидеть»)[10] Мақолаи К.Маркс « Ба танқиди фалсафаи ҳуқуқи Гегел. Сарсухан» барои афкори инқилобию сотсиалистии рус фалокатбор гашт. Боиси ёдоварист: ин ҳамон мақолаест, ки охири соли 1843 — январи соли 1844 навишта шудааст ва ибораю ҷумлаҳои алоҳидаи он дар оянда ба хотири таблиғи умумихалқӣ ба муқобили дин маъмулан дар замони Шӯравӣ истифода мешуд: « Дин ин афюни халқ аст», «…танқиди дин заминаи ҳамаи танқидҳои дигар», «мубориза бар зидди дин ин муборизаи ғайримустақимона муқобили он дунёест, ки ҳаловати маънавии он дин аст» ё ин ки «Ҳамчуноне, ки фалсафа дар симои пролетариат яроқи моддии худро меёбад, пролетариат ҳам дар фалсафа яроқи маънавии худро хоҳад дарёфт…»[11] ва ғайра

Танқиди дин дар ин мақола барои инқилобчиёни рус, хусусан барои Ленин дар рӯҳияи «атеизми ҷанговар» шарҳ дода шуд. Баъд аз заволи идеологияи марксистӣ — лениние, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати «нерӯи илҳомбахш ва сафарбаркунандаи» халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сӯи коммунизм «хидмат» мекард, доир ба хусусияту нақш ва мақоми чӣ марксизму ленинизм ва чӣ осори К.Маркс, Ф. Энгельс ва В.И.Ленин фикру андешаҳои гуногун ба нашр расиданд. Ба хотири равшанӣ андохтан ба ақидаю мулоҳизаҳои имрӯза ба таълимоти К.Маркс ва умуман марксизм лозим донистем аз чанд мақолаи муаллифони гуногун иқтибосҳои аёнии онҳоро биёрем, зеро назари то андоза субъективии онҳоро бо ҳам муқоиса намуда, хулосаҳои назариявиашонро аз забони бевоситаи онҳо муаррифӣ кунем.

Мувофиқ будан ба ин андешаҳо ё напазируфтани ин фикрҳоро ба ихтиёри худи Шумо мегузорем.


[1] Трубецкой Е.Н. Миросозерцание Вл. Соловьева.// Философские науки. 1991. №4

[2] К.М.Кантор. Немецкая идеология Маркса и Энгелса и русский марксизм // Вопросы философии», 1995.№2, с.90

[3] Ципко А.С. Хорошо ли наши принципы? // Новый мир. №10, 1990. саҳ. 187

[4] Яковлев А. Предисловие. Обвал. Послесловие. М., 1992. саҳ. 89.

[5] Вехи. М., 1990. саҳ. 17.

[6] П.Струве. Итоги и существо коммунистического хозяйства.// «Октябрь». 1992. № 7.

[7] Туган – Барановский М. И. Современный социализм в своем историческом развитии. СПб, 1906. саҳ. 36.// Вопросы философии. 1995, №12, саҳ. 96

[8] К. Маркс. Маркс — Людвигу Кугельману, 12 октября 1868г. //Маркс К.,Энгельс Ф. Соч. том. 32,саҳ. 472.

[9] Ленин В.И. Политический отчет ЦК РКП(б). //П.С.С. Том. 45.Саҳ. 85.

[10] Ленин В.И. Заключительное слово по политическому отчету ЦК РКП(б), 28 марта 1922.// П.С.С. Том. 45.Саҳ.117.

[11] . К.Маркс. К критике гегелевской философии права. Введение// К.Маркс, Ф.Энгельс. Соч. Том.1. саҳ. 414-429.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *