Фанни Адабиёт

Робиъаи Балхӣ

Дар сурудаҳои дигари Робиъаи Балхӣ, ки бо вуҷуди бетахаллусӣ дар шакли ғазал аст, ба ишқи ӯ нобоварии ошиқ ва изҳори садоқат кардани вай акс ёфтааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Бектош дар аввалҳо ба ишқи хоҳари амир Ҳорис бовар накарда бошад ҳам, аммо баъдтар дар ин ғазал изҳори самимият, садоқат, вафодорӣ ва якраҳагӣ кардааст, зеро вай худро исёнкор намешуморад, вале омода аст аст, ки аз нангу ном наандешад ва ливои саркашӣ барафрозад:

Маро ба ишқ ҳаме мӯҳтамил кунӣ ба ҳиял,

Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷал.

Ба ишқат андар осӣ ҳаме наёрам шуд,

Ба динам андар тоғӣ ҳамешавам ба масал.

Наъим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бо ту равост,

Ки бе ту шакар заҳр асту бо ту заҳр асал.

Ба рӯйи некӯ такя макун, ки то якчанд,

Ба сунбул андар пинҳон кунанд наҷми Зуҳал…

Дар шеъри дигари зарифона ва пурлатофате, ки аз он оҳанги ғаму андӯҳи софдилонаи занона меояд, Робиъаи Балхӣ ба мурғи нолони шохи дарахт муроҷиъат карда, ба тариқи муқоиса ё ки муқобилгузорӣ аз ҷудоии ёр нолидан ва хун гиря кардани ошиқи марҳум аз ёрро хеле ба таври бадеъӣ ва пуртаъсир баён намудааст, ки ҳасби ҳоли ӯст:

Дӯш бар шохаки дарахт мурғе

Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ…

Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,

Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоъид ёрӣ?

Ман нагӯям чу хуни дида бибарам,

Ту чӣ гӯи чу хуни дида набарӣ?

Аз сӯзу гудозе, ки Робиъаи Балхӣ дар роҳи ишқ дорад ва аз он вазъияте, ки ошиқу маъшуқ доштанд, фоҷиъаи бебозгашти ишқи софу поки инсонӣ, ки ба дилҳои ин ду ҷавон маъво гирифтааст, намудор мебошад. Ин маъниро қитъаи зерин тасдиқ месозад:

Кош-к танам боз ёфтӣ хабари дил,

Кош-к дилам боз ёфтӣ хабари тан.

Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат,

Ой фусусо, куҷо тавонам растан?!

Шеърҳои Робиъаи Балхӣ танҳо ошиқона нест. Баъзе шеърҳояш дар сабки тасвирсозии манзараи қарни даҳи милодӣ эҷод шудааст, ки аз он тасвир бӯйи табиъати зинда ба машом мерасад.

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.

Бидод аз нақши озар сад нишон об,

Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.

Мисоли чашми одам шуд магар абр?

Далели лутфи Исо шуд магар бод?

Ки дурр борид ҳар дам дар чаман абр,

Ки ҷон афзун хуш-хуш дар шаҷар бод.

Агар девона абр омад, чаро пас,

Кунад арза сабӯҳи ҷоми зар бод?!

Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранҷ,

Аз ин ғаммози субҳи пардадар бод.

Барои чашми ҳар ноаҳл, гӯйӣ:

Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.

Аҷаб, чун субҳ хуштар мебарад хоб.

Чаро афканд гулро дар саҳар бод?

Ашъори боқимондаи Робиъаи Балхӣ дар шакли қитъа ва ғазали бетахаллус суруда шудаанд. Шеъри боло, ки тасвири манзараи зебову дилрабои табиъат аст, ташбиби қасида ба шумор меравад. Пас маълум мешвад, ки Робиъа дар жанри қасида ҳам қувваи эҷодӣ ва истеъдоди худро озмудааст. Ин шеър нотамом аст ва ба кӣ бахшида шуданаш маълум нест. Шеърҳои ӯ ба талаботи шеърият, аз қабили ба кор бурдани воситаҳои тасвир ва санъатҳои шеърӣ комилан посухгӯ ҳастанд ва аз ҳунари суханварии Робиъа гувоҳӣ медиҳанд. Аз санъатҳои бадеӣ ташбеҳ, талмеҳ ва ширу шакарро бештар кор фармудааст. Мисраъҳои пурраи арабӣ фикри тазкиранависонро, ки вай шеърҳои арабӣ низ сурудааст, тасдиқ мекунад.

Робиъаи Балхӣ нахустин шоираи адабиёти форсӣ пас аз густариши дини мубини Ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр ва умуман Эронзамини таърихӣ, яъне Аҷам ба ба шумор с қпк Шароити адабӣ ва фарҳангии давраи Сомониён ин булбули сарояндаи ишқу зебоиро ба гулистони адаб эҳдо намудааст. Инак, боз аз ашъори Робиъаи Балхӣ чанд пораи дигарро ба тарқи намуна меоварем:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Мино гирифт.

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ,

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим,

Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.

Чу рӯҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт?

***

Ман ҷудоям аз ёр аз он менолам,

Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоъид ёрӣ.

Ман нагӯям чун хуни дида биборам,

Ту чӣ гӯӣ чун хуни дида наборӣ.

Предыдущая страница 1 2 3 4

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *