Фанни Адабиёт

Аттори Нишопурӣ (1119-1221)

Аттори Нишопурӣ
(1119-1221)

image13

Абуҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшуд. Ӯ бештарин илмҳои замонашро омӯхт, шуҳрату мақоми хосса пайдо кард ва яке- аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид. Аттор умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти Чингизиён ба қатл расид. Перомуни қатли Шайх Аттор муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан» Ҳусайни Сабо ҳикояти дардомезе меорад: «Мугуле аз он лашкар Атторро ба мақтал (қатлгоҳ) кашид. Шайх гуфт:

  • Кулоҳи намад бар сару шамшери мисрӣ бар камар, барои тороҷу қатл аз Туркистон омадӣ ва медонй, ки дар ин парда туро намепшносанд.

Мугул хост, ки Шайхро ба қатл расонад. Шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки ин касро макуш. Ман бар ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам. Шайх ба муғул гуфт:

  • Эӣ оқо, маро мафруш. ки қимати ман зиёда аз ин аст.

Баъд аз он чун андаке роҳ қатъ намуд шахси Дигар пеш омаду

гуфт:

  • Ин пирро макуш ва ба ман бифрӯш. Барои қимати вай як турба коҳ хоҳам дод.

Шайх Аттор гуфт:

  • Бифруш, ки беш аз ин намеарзам.

Муғул ба ғазаб омад ва Шайхро «шарбати шаҳодат чашонид» (кушт).

Аттор дар ин ҳангом хеле пир шуда буд.

Шайхи бузургвор умри бобаракати хешро ройгон нагузаронида ба наслҳои оянда осори пурарзише мерос гузошт.

Махсусан, панду андарзҳои ҳакимонаи ӯ солҳою асрҳо боз инсонҳоро ба покию росгй, ба некукорию меҳнатдустӣ ва дигар фазилатҳои шоисга ҳидоят мекунанд. Аз ин хотир, «Панднома»- и Аттор ба китоби муқадцаси «Чор китоб» шомил шудааст. Инак, ба мутолиаи шумо намунаҳо аз эҷодиёти ин марди фозилу хирадмандро пешниҳод менамоем.

ПАНДНОМАИ АТТОР

ДАР БАЁНИ ОН, КИ

СЕ ЧИЗ АЛОМАТИ САОДАТМАНДИ АСГ

Ҳар ки онро се аломат бошадаш,

Дар ҷаҳон ахди саодат бошадаш.

Аввалан, бо айб набвад дар ҷаҳон,

Дар маломат ҳеҷ накшояд забон,

Заҳмати худро зи мардум дур дор,

Бори ҳуд бар кас маяфган, зинҳор.

Ҳар киро бинӣ ба роҳи носавоб,

Сар ба роҳаш ор, то ёбӣ савоб.

ДАР БАЁНИ ОН, КИ СЕ ЧИЗ АЛОМАТИ
Р АСТ АГОРИСТ

Гар ҳамехоҳй, ки бошӣ растагор,

Рух мегардон, эӣ бародар аз се кор:

Зиллате1 дидан бувад ҳукми қазош,

Баъд аз он ҷустан ба ҷону дил ризош;

Чист савум? — дур будан аз риё.2 Ҳар кӣ ин дорад бувад аҳли сафо.

Садақа3, к-олуда гардад бо риё,

Каӣ бувад он садақа мақбули Худо?

ДАР БАЁНИ ОН, КИ ФАСОДИ ПОДШОҲОН
АЗ ЧОР ЧИЗ АСГ

Чор чиз омад фасоди подшоҳ,

Бо ту мегӯям, вале дораш нигоҳ.

Аввалан, дар мамлакат ҷаври амир,

Дигар он бошад хиёнат бо вазир.

Чун шавад ғофил вазири бехабар,

Мулки шоҳ аз вай шавад зеру забар.

Подшоҳро з-ин сабаб девон шавад,

Оқибат ранҷи дили султон шавад.

Гар амиронро шавад қувват падид,

Дар вилоят фитнаҳо гардад ҷадид,

Чун салобат4 ӯ дар вуҷуди шаҳ шавад,

Дасти мирон аз ситам кӯтаҳ шавад.

Гар наорад шаҳ салобатро ба кор.

Мулк вайрон гардад аз ҳар нобакор.

Бо раъият гар кунад султон ситам,

Мар варо бошад бақо дар мулк кам.

ДАР БАЁНИ ОН, КИ ЧАҲОР ЧИЗ АСТ,

КИ БАЪД АЗ РАФТАН ОВАРДАНИ ОН МУҲОЛ АСТ

Чор чиз аст, ки баъд аз рафтанаш,

Аз муҳолот1 аст боз оварданаш.

Боз чун орӣ ҳадиси2 рафтаро? кас нагардонад қазои рафтаро!’

Боз каӣ гардад чу тир андохтй?

Ҳамчунин умре, ки зоеъ3 сохтй.

Ҳар кӣ беандеша гуфтораш бувад,

Пас надоматҳои бисёраш бувад.

То нагуфтй, метавонӣ гуфтанаш.

Чун бигуфтӣ каӣ тавон бинҳуфтанаш?

Умрро медон ғанимат ҳар нафас,

Чун равад дигар наёяд боз пас.

Ҳар кӣ мехоҳад, ки бошад дар амон,

Мӯҳр мебояд ниҳодан дар забон.

ДАР БАЁНИ ОДОБИ
СУХАН КАРДАН БО МАРДУМОН

Эӣ писар, кам гӯӣ бо мардум дурупгг,

В-ар бигуӣ бар ту гардонад пушт.

Чун ҳадиси хуб гуӣ бо фақир,

Беҳ бувад з-онаш, ки пӯшонӣ ҳарир4.

Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон,

Зиндагонӣ талх дорад ҷовқцон.

Он ки шӯх асту надорад шарм низ,

Дон, ки ӯ нопокзодаст, эӣ азиз.

Аз маломат то бимонӣ дар амон,

Бош доим ҳамнишини олимон.

ДАР БАЁНИ ЭҲТИРОЗ АЗ ДУШМАНОН

Аз ду кас парҳез кун, эӣ ҳушёр!

То набинӣ накбате1 аз рузгор.

Аввал аз душман, ки у истезарӯст,

В-он гаҳе аз сӯҳбати нодони дӯст.

Хешро аз назди душман дур дор,

Ёри нодонро зи худ маҳҷур2 дор.

Беҳтарин хислат агар донӣ кирост?

Он кӣ дод инсофу инсофаш нахост.

Хашм хӯрдан пешаи ҳар сарвар аст,

Талх бошад в-аз шакар ширинтар аст.

Аз маломат то бимонӣ дар амон,

Бош доим ҳамнишини зиракон!

ДАР БАЁНИ ОН, КИ ХОРӢ ОВАРАД

Чанд хислат оварад хорӣ ба рӯй,

Бо ту гӯям гар ҳаме гӯӣ бигӯй.,

Аввал он бошад, ки монанди магас,

Марди нохонда шавад меҳмони кас.

Ҳар кӣ ӯ меҳмони кас нохонда шуд,

Назди мардум хору зору ронда шуд.

Дигар он бошад, ки нодоне равад, Кадхудои3 хонаи мардум шавад.

Кор кардан бар ҳадиси он ду мард,

Аз паи ҷаҳланд доим дар набард4.

Ҳар кӣ биншинад забардасти судур5,

Гар расад хорӣ ба рӯяш нест дур.

Нест ҷамъеро чу бар қавли ту гӯш,

Сад сухан гар бошадат яксар бигӯш. Ҳоҷати худро магу бо душманон!

3-ин батар хорӣ мабошад дар ҷаҳон.

Аз фурӯмоя муроди худ маҷуй,

То наёяд мар туро хорӣ ба рӯй.

ДАР БОРАИ ФАЗИЛАТИ МЕҲМОН

Эӣ бародар, меҳмонро нек дор,

Ҳаст меҳмон аз атои Кирдугор.

Меҳмон рӯзӣ зи худ меоварад,

Пас гуноҳи мизбонро мебарад.

Ҳар киро ҷаббор дорад душманаш,

Боз дорад меҳмон аз масканаш. Мунъиме,6 к-ӯ дошт меҳмонро наку,

Ҳақ кушояд боби раҳматро бар ӯ.

Ҳар киро шуд табъ аз меҳмон малул,

Аз вай озурда Худову ҳам расул.

Бандае, ки хидмати меҳмон кунад, Хешро шоистаи раҳмон кунад.

Ҳар кӣ меҳмонро ба руи тоза дид,

Аз Худо алтофи беандоза дид.

Аз такаллуф дур бош, эӣ мизбон,

То гаронӣ набвадат аз меҳмон. Меҳмонро, эӣ писар, эъзоз кун,

Гар бувад кофир дар ӯ дар боз кун.

Ҳаст меҳмон аз атоҳои карим,

Ҳар кӣ з-ӯ пинҳон шавад, бошад лаим. Маърифат дорӣ, гиреҳ бар заҳр мабанд, Чун расад меҳмон ба руяш дар мабанд. Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад, Кушише дар некномӣ мекунад.

Ҳар кӣ меҳмонат шавад, ар хосу ом, Пеши ӯ мебояд овардан таом.

* БАЁНИ ФАЗИЛАТИ МАҚБУЛОН

Дусти бад бошад зиёнкор, эӣ писар!

Ту тамаъ з-он дӯст бардор, эӣ писар! Дӯстӣ ҳаргиз макун бо бодахор!

Аз чунин кас хештанро дур дор! Мунъиме гар кунад тарки закот,

Дур аз вай бош то дорӣ ҳаёт.

Дур шав, з-он кас, ки хоҳад аз ту суд! Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.

ДАР БАЁНИ ҒАМХОРИИ МАРДУМ

Бар сари болини беморон гузар,

3-он, ки ҳаст ин суннати хайр-ул башар7. -105-

То тавонӣ ташнаро сероб кун,

Дар маҷолис хидмати асҳоб8 кун.

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!

То азизи дигарон бошӣ ту низ!

Иллати мардум зи пурхӯрӣ бувад,

Хӯрдани пур тухми беморӣ бувад.

Роҳате набвад ҳасуди шумро,

Козиби9 бадбахтро набвад вафо.

Тавбаи бадхӯ куҷо маҳкам бувад,

Мар бахилонро мурувват кам бувад.

Он ки бошад дар паи қути10 ҳаром,

Дар тани ӯ дил ҳамемирад тамом.

АНДАРЗҲО

  1. Бандаги аз худшиносӣ шуд тамом,

Нест марди беадаб соҳибмақом.

  1. Бирав, савдои беҳуда мапаймой!

Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!

  1. Чун гуноҳи накд омад дар вуҷуд, Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд.
  2. Эӣ бародар, гар хирад дорӣ тамом,

Нарму ширин гуӣ бо мардум калом!

  1. Ҳар кӣ бошад туршрӯй,

Дустон аз вай бигардонанд руй.

  1. Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд, Ҳеҷ бар мақсуди худ восил1 нашуд.
  2. Ҳар кӣ дорад донишу акду тамиз,

Ахди акду илмро дорад азиз.

  1. Ҳар ҷо ки офтоб рахшон гардад, Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.
  2. Ҳар кӣ аз душман набошад барҳазар, Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар.
  3. Ҳар кӣ по аз ҳадди худ бартар ниҳад, Сар диҳад бар боду тан бар сар ниҳад.
  4. Ҳеҷ касро дар ҷаҳони баҳру бар2,

Аз қаноат нест мулке бештар.

  1. Ҷумла торикист ин меҳмонсарой3,

Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.

  1. Такя кам кун низ дар пахдӯи дар,

Бош доим аз чунин хислат бадар.

  1. Ҷомаро бар тан нашояд дӯхтан,

Бояд аз мардон адаб омӯхтан.

ҳикояҳо

(аз “Мантиқуттайр”)
МОДАР

Модареро тифл дар об уфтод,

Ҷони модар дар тафту тоб уфтод.

Дар таҳйири тифл1 мезад дасту по,

Об бурдаш то ба нови осиё.

Хост шуд дар нов, ки он модар бидид, Шуд ба пеши об, аз пас рафт расид. Модараш дар ҷаст ӯро баргирифт, Шир додаш ҳолеву2 дар гирифт.

ҚАҲТӢ ДАР МИСР

Хест андар Миср қаҳтӣ ногаҳон, Халқ мемурданду мегуфтанд «нон»! Ҷумла раҳ ба раҳ ҳам мурда буд, Ними зинда ним мурда хӯрда буд.

Аз қазо девонае чун он бидид,

Халқ мемурданду номад нон падид.

Гуфт: «Эӣ дорандаи дунёву дин,

Чун надодӣ ризқ, камтар офарин!»

Ҳар кӣ ӯ густохи он даргоҳ шавад,

Узр хоҳад боз чун огоҳ шавад.

Гар кажӣ гӯяд ба-дин даргоҳ, на рост,

Узри он бояд ба ширинӣ бихост.

Ҳарчӣ аз девона ояд дар вуҷуд,

Узр фармоянд аз девони ҷуд3.

ТОВОНИ ХАР

Буд дар Корез бесармояе,

Орият хоста хар аз ҳамсояе.

Рафт суи осиёву хуш бихуфт,

Чун бихуфт он мард, ҳоли хар бируфт.

Гург он харро бвдриду бихвард,

Рӯзи дигар товон хост он мард.

Ҳар ду тан омаданд аз роҳ давон,

То ба назди мири Корез он замон.

Қиссаро пеши мир баргуфт рост,

3-ӯ пурсвдавд: «К-ин товон кирост?»

Мир гуфто: «Ҳар кӣ гурги яктана,

Сар диҳад дар дашту саҳро гурусна.

Бешак ин товон бар ӯ бошад дуруст,

Ҳар дуро товон аз ӯ боист ҷуст».

ИБРОҲИМИ АДҲАМ (аз «Тазкиратулавлиё»)

Иброҳим подшоҳи Балх буд ва оламе зери фармон дошт ва чиҳил шамшери заррин ва чиҳил гурзи заррин дар пеш ва паси ӯ мебудавд.

Як шаб дар тахт хуфта буд. Ними шаб сақфи хона ҷунбвд, чунон, ки гӯё касе бар бом меравад. Овоз дод, ки «Кист?».

Гуфт: — Ошност. Уштуре гум кардаам, бар ин бом талаб мекунам.

Гуфт: — Эӣ ҷоҳил, уштур бар бом меҷуӣ?

Гуфт: — Эӣ ғофил, ту маъбудро4 дар ҷомаи атлас хуфта бар тахти заррин металабӣ?

Аз ин сухан ҳайбате ба дили ӯ омад ва оташ дар дилаш афтод, то рӯз хуфт. Чун рӯз баромад, ба суфа боз шуд ва мутафаккир ва мутаҳаййир ва андуҳгин бар тахт нишаст. Аркони давлат ҳар яке бар ҷойгоҳи хеш истоданд, ғуломон саф кашиданд ва бори омм доданд. Ногоҳ марде боҳайбат аз дар даромад, чунон, ки ҳеҷ касро аз ҳашам заҳра набуд, ки бигуяд: «Ту кистй?» Ҷумларо забонҳо ба гулӯ фурӯ шуд ва ҳамчунон меомад, то пеши тахт.

Иброҳим гуфт: — Чӣ мехоҳй?

Гуфт: — Дар ин работ фуру оям.

Гуфт: — Работ нест, сарои ман аст. Ту девонай?

Гуфт: — Ин сароӣ пеш аз ин аз они кӣ буд?

Гуфт: — Аз они падарам.

Гуфт: — Пеш аз он?

Гуфт: — Аз они падари падарам.

Гуфт: — Пеш аз он?

Гуфт: — Аз они падари фалон кас.

Гуфт: — Ҳама куҷо шуданд?

Гуфт: — Бирафтанд ва бимурданд.

Гуфт: — Пас работ ин бувад, ки яке меояд ва яке мегузорад.

МОДАРИ ШОФЕИ

Шофеӣ шашсола буд, ки ба дабиристон мерафт ва модараш зоҳидае5 буд аз Бани Ҳошим6, ки мардум амонат ба ӯ месупурданд.

Рузе ду кас омаданд ва ҷомадоне ба ӯ супориданд. Баъд аз соате яке аз он ду омад ва ҷомадон хост. Ба хӯи хуш ба ӯ дод.

Баъд аз чанде он дигаре омад ва ҷомадон талабид.

Модари Шофеӣ гуфт: — Ба ёри ту додам.

Гуфт: — Магар на қарор кардем, ки то ҳарду ҳозир набошем, ҷомадон боз надиҳй?

Гуфт: — Бале.

Гуфт: — Акнун чаро додй?

Модари Шофеӣ малул шуд. Шофеӣ даромад ва гуфт: — Ҳеҷ боке нест. Муддаӣ куҷост, то ҷавоб гӯям?

Муддаӣ гуфт: — Манам!

Шофеӣ гуфт: — Ҷомадони ту барҷосг. Бирав ва ёри худ биёвар ва биситон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *