Фанни Таърихи точикон

Масъалаи этногенези халқи ӯзбек

Масъалаи этногенези халқи ӯзбек фақат дар илми таърихнигории марксистии советӣ аввалин бор бар асоси илмӣ гузошта шуд. Дар асарҳои шарқшиносони тоинқилобии рус ва ҳамчунин хориҷӣ нуқтаи назаре ҳукмрон буд, ки мувофиқи ои гӯё таърихи халқи ӯзбек аз асрҳои ХV–ХVI, яъне аз вақти дар Осиёи Миёна бо номи ӯзбек пайдо шудани тоифаҳои истилокор оғоз меёфта бошад. Тавзеҳи моҳиятан нави ин масъала аз А. Ю. Якубовский сар шуд. Ӯ дар ҷараёни тадқиқ ба чунин хулосае омад, ки ӯзбекҳои истилогар бо аҳолии маҳаллии туркнажоди Мовароуннаҳр як шуда рафтанд: «…ӯзбекҳои саҳронишин, агар дар тамоми ҳудуди ҳозираи Ӯзбекистон набошад ҳам, ба ҳар ҳол дар қисмати зиёди он аҳолии туркзабон, яъне қавми турк ва туркшударо дарёб карданд, ки дар ин ҷо муддати дуру дарозе ҳаёти мутамаддина ба сар бурда, дар ҷараёни омезиш бо дигар халқҳои нисбатан қадимтари аз аҳди бостон дар ин маҳал сокиншуда ташаккул ёфтаанд. Ӯзбекҳои саҳронишин ба ҳайъати аҳолии туркзабон ҳамчун ҷузъи охирин дохил шуда, ба он номи худро бахшиданд»[1].

Соли 1949 банда дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» нуқтаи назари худро доир ба ин масъалаи мураккаб ва муҳим баён карда будам. Дар он китоб, аз ҷумла, навишта шудааст: «….Аз асри VI торафт бештар сар даровардани тоифаву қавмҳои туркзабон ба сарзамини Осиёи Миёна шурӯъ мешавад»[2]. Дар ин миён ҷараёни қаробат пайдо кардани ин тоифаву қавмҳо ба аҳолии қадимии Осиёи Миёна давом менамояд. Амалиёти якҷояи туркҳо ва суғдиён ҷиҳати хоси муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бо истилогарони аҷнабӣ мебошад. Дар зарфи чандин аср, пеш аз ҳама, табақаҳои камбизоати бодиянишинони турк ба тарзи зиндагии муқимӣ ва зироаткорӣ мегузаранд. Тадриҷан ихтилот ва омезиши қавмҳои турк бо суғдиёну хоразмиён ва тоифаҳои сакоиву массагетҳо қувват мегирад, ки зимнан халқияти ба ин тариқа ташаккулёфта аксаран ба забони туркӣ гуфтугӯ мекарданд. Мана дар ҳамин асос халқи ӯзбек ташаккул ёфта, дар ҷараёни сурат гирифтани худ, мисли дигар халқҳои Осиёи Миёна, аз мероси мадании сокинони қадимаи он баҳраманд гардид. Дар ибтидои асри ХI ҷараёни ташаккули халқи ӯзбек суръати бештаре пайдо намуда, аз қисматҳои шимоли Осиёи Миёна беш аз пеш ба ноҳияҳои ҷануби он паҳн шуд, ки ин, аз ҷумла, дар таъсиси давлати Қарохониён ва инкишофи маданияти шаҳр нақши худро гузоштааст.

Ташаккули босуръати халқи туркман ва дигар халқҳои ба истилоҳ туркзабони Осиёи Миёна низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад. Маҳз дар ҳамин давра таъбири «турку тоҷик» барои тавсифи ду унсури асосии нажодии аҳолии Осиёи Миёна вирди забон гардид.

Чунон ки дар боло оварда шуд, ҳанӯз дар замони Сомониён дар ноҳияҳои муқимии Осиёи Миёна бисёр қавмҳои туркзабон зиндагӣ мекарданд. Сарчашмаҳо дар Фарғона, Хоразм, Чоч ва дигар ноҳияҳои муқимии зироатӣ сукунат доштани миқдори зиёди аҳолии туркзабонро қайд кардаанд. Ба ҳар ҳол дар давраи Сомониён аксарияти аҳолии шаҳрҳо ва ноҳияҳои муқимии зироатии Осиёи Миёнаро тоҷикон ташкил медоданд. Вале ин ҳолат дар аҳди ҳукмронии Қарохониён тағйир ёфта, дар натиҷаи беш аз пеш ба ҳаёти муқимӣ гузаштани бодиянишинони туркзабон ва турккунонии аҳолии маҳаллии тоҷик дар Осиёи Миёна аз ҷиҳати этникӣ бартарӣ пайдо кардани халқҳои туркзабон сар мешавад.

Дар байни табақаҳои ҳукмрон бо ҳам наздикшавии аъёни тоифавии турк ва ашрофи феодалии қадима ба амал омада, онҳо якҷоя истисмори оммаи меҳнаткашро вусъат медиҳанд. Дар айни замон, дар зинаҳои поин меҳнаткашони тоҷик ва унсурҳои меҳнаткаши халқҳои туркзабон бо ҳам унс гирифта, дар муборизаи якҷоя ба муқобили зулму истисмори синфи ҳоким риштаҳои дӯстии онҳо, хусусан ӯзбекону тоҷикон маҳкам мегардад. «Дар тамоми шӯришҳои халқии асрҳои баъдина, дар муборизаи қаҳрамононаи зидди истилогарони аҷнабӣ паҳлуи ҳам истодани ниёгони ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ду халқи ҳамсоя –тоҷикон ва ӯзбеконро метавон дид. Мо саҳми махсуси ба ганҷинаи маданият гузоштаи ҳар яки ин халқҳоро омӯхта, дар айни замон робитаи мутақобил ва таъсири байниҳамдигарии онҳоро хотирнишон менамоем»[3]. Дар ақидаи мо чунин нуктае, ки ӯзбекҳо дар қатори тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна вориси тамоми таърих ва маданияти Осиёи Миёна мебошанд, таъкид ёфта, ҳамчунин роли тоифа ва қавмҳои қадимаи эронизабон дар ташаккули халқи ӯзбек нишон дода шуда, ба замми ин, замони сурат гирифтани ин воқеа – асри ХI муайян гардида буд.

Ин ақида дар муқаддимаи (муаллиф – А.Ю.Якубовский) нашри аввали «Таърихи халқҳои Ӯзбекистон» (1950) ба назар гирифта шуда[4], дар нашри охирини «Таърихи РСС Ӯзбекистон (1967) ифодаи возеҳу равшани худро ёфта буд[5].

Мувофиқи ин ақида, халқи ӯзбек иштироккунандаи баробарҳуқуқи на фақат воқеаҳои чорсад соли охири Осиёи Миёна, балки давраи бениҳоят тӯлонии таърихи ин сарзамин мебошад.

Тадқиқоти минбаъда барои мо имкони сареҳ ва равшантар намудани баъзе нуктаҳои ин ақидаро фароҳам сохт. Қазияи охирин аз ин иборат аст, ки забонро дар муайян кардани ҳудуди таърихи этникии халқҳо ҳамчун нишонаи ягона донистан нашояд. Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти илми таърих ин қазияро мухтасаран ба тариқи зайл метавон баён кард.

Дар боло роҷеъ ба давраҳои аввали таъсири мутақобили аҳолии эронию турк сухан рафта буд. Ба Осиёи Миёна нуфуз кардани каломи туркӣ бо кӯчиши азими қабилаҳои саҳронишини Осиёи Марказӣ ва шимоли шарқӣ, ки тақрибан дар ҳудуди аҳди нав шурӯъ гардида, муддати чандин аср гоҳ суст шуда ва гоҳ дубора бо қуввати тоза давом кардааст, алоқаманд мебошад Як қисми ин қабилаҳо, аз ҷумла тоифаҳои туркзабон дар ҷараёни кӯчиш ва тохтутозҳояшон дар сарзамини Осиёи Миёна маскан гирифта, иқомати доимӣ ихтиёр намуданд. Алалхусус, аз нимаи дувуми асри VI милодӣ, вақте ки дастаҳои хоқони турк пас аз шикасти ҳайтолиён дар Мовароуннаҳр ҳокимиятро ба даст гирифтанд, теъдоди аҳолии туркзабони Осиёи Миёна афзоиш меёбад. Аз ҳамин вақт сар карда тоифаҳои туркзабон дар сайри ташаккул ва тараққии қавмҳову забонҳои Осиёи Миёна (хусусан, дар вилоятҳои шимолӣ ва шимоли шарқии он) роли ба назар намоёне мебозанд. А.Н. Бернштам оғози ин протсессро дар мулки Фарғона ба асри VII милодӣ нисбат медиҳад[6]. Е.А. Давидович ва Б.А. Литвинский чунин мешуморанд, ки ин протсесс дар ин маҳал андаке барвақт (асрҳои VI–VII) ба вуқӯъ пайвастааст[7]. Дар бораи мавҷудияти аҳолии туркзабон дар Хатлонзамин Хой Чао маълумот медиҳад, ки он ба солҳои 726–727 тааллуқ дорад.

Дар вилоятҳои шарқии Осиёи Миёна (хусусан дар ҳафтруд) ва дар Туркистони шарқӣ, ки аз давраҳои қадим қасабаҳои сершумори суғдиён воқеъ гардида буданд, тадриҷан ҷои каломи суғдиро каломи туркӣ ишғол менамояд.

Омадани аҳолии туркзабон дар асрҳои Х–ХII боз ҳам зиёдтар мешавад. Туркҳо дар дастгоҳи идораи давлати Сомониёи, дар қувваҳои ҳарбӣ ва ғ. мавқеъҳои муҳимро ишғол мекунанд. Сулолаҳои турк (ба мисли Ғазнавиён) ба вуҷуд меоянд. Дар охири асри Х– ибтидои асри ХI мавҷи пуршумори ба Осиёи Миёна фурӯ рехтан ва ҷойгир шудани тоифаҳои мухталифи туркнажод: туркони салҷуқӣ, туркманҳо, ғузҳо ва эликхониҳо мушоҳида мешавад. Қавми охирин, яъне эликхониҳо Сомониёнро торумор намуда, давлати бузургеро, ки Мовароуннаҳр, ҳафтруд ва Туркистони шарқиро фаро мегирифт, барпо карданд. Ин давлат, ки дар таълифоти муаррихон бо номи «давлати Қарохониён» ёд мешавад, дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Ба ҳайъати давлати Қарохониён қабилаҳои уйғур, қарлуқ, чигил, яғмо, арғу, туркеш ва ғ. дохил мешуданд, ки дар байни онҳо қарлуқҳо ва уйғурҳо мавқеи асосӣ доштанд.

Бесабаб нест, ки забони аҳолии турки давлати Қарохониёнро забоншиносон ба қарлуқиву уйғурӣ нисбат медиҳанд. Ин забон як қатор хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ ва лексикию грамматикиро дорост, ки дар «Қутадғу билик»-и Юсуфи Баласоғунӣ, дар баъзе қисматҳои «Девони луғат ат-турк»-и Маҳмуди Кошғарӣ ва ғ. ба назар мерасад[8]. Тоифаҳои туркзабони аҳди қарохонӣ чи бо суғдиёни маҳаллӣ (ва дигар қавмҳое, ки ҳамоно ба забонҳои шарқиэронӣ гуфтугӯ мекарданд) ва чи бо аҳолии тоҷикзабон мутақобилан муносибати хеле наздик доштанд. Масалан, дар замони зиндагии Маҳмуди Кошғарӣ (асри ХI) сокинони шаҳрҳои ҳафтруд, аз ҷумла Баласоғун, «тарзи либоспӯшӣ ва урфу одати турконро қабул карданд», онҳо ҳам ба суғдӣ ва ҳам ба туркӣ ҳарф мезаданд ва ҳеҷ касе набуд, ки фақат ба суғдӣ гап занад (аҳолии Тароз ва Исфиҷоб низ чунинанд)[9]. Аз ин маълум мешавад, ки дар нимаи дувуми асри ХI суғдиёни ҳафтруд дузабона будаанд ва тадриҷан бо қавмҳои турк омезиш ёфта рафтаанд. Намунаи чунин ҳолатро дар рӯзҳои мо низ метавон мушоҳида кард. Дар ҷануби Ӯзбекистон бо номи «ҳардурӣ» гурӯҳи хурди этникие ҳаст, ки аслан тоҷик буда, то ҳол ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад. Албатта, дар шеваи он калимаҳои ӯзбекӣ хеле зиёд аст. Тарзи зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва бисёр одатҳои ин гурӯҳ бо тоифаҳои ҳамсояи ӯзбек шабоҳат дорад[10].

Мисоли дигар бо Хоразм алоқаманд аст. Дар асри ХII дар он ҷо ду қавми асосӣ: тоҷикон (дар он вақт забони тоҷикӣ ба андозаи зиёд забони хоразмиро танг карда бароварда буд) ва туркон мезистанд. Дар васиқаҳои Текеши Хоразмшоҳ (1172–1200) ҳокимони шаҳрҳои сарҳадии Сирдарё фақат ҳамин ду қавмро ном бурдаанд[11].

Мувофиқи шаҳодати олими бузурги Осиёи Миёна — Берунӣ, ки аслан аз Хоразм аст, барояш забони «зотӣ» хоразмӣ буд. Чунон ки маълум аст, дар таълифоти асрҳои ХII–ХIII низ калимаву ибораҳо, ҳатто муколамаҳои тамом хоразмӣ дучор меоянд. Дар айни замон ин таълифот калимаву иқтибосҳои туркӣ ҳам доранд, ки аз ин дар Хоразми асри ХIII ба миқдори муайян (эҳтимол хеле зиёд) мавҷуд будани аҳолии туркзабон аён мегардад. Мадракҳои осори муаллифони он замон низ ин иддаоро тасдиқ мекунанд. Чунончи, Плано Карпини, ки солҳои 40-уми асри ХIII дар Хоразм будаасг, дар бораи «бо кумонӣ» (яъне, бо яке аз лаҳҷаҳои забони туркӣ) гуфтугӯ кардани одамони ин ҷо иттилоъ медиҳад. Яқинан метавон тасаввур кард, ки дар ин вақт аксарияти аҳолии Хоразм дузабона буда, ҳам ба хоразмӣ ва ҳам ба туркӣ муошират доштанд ва зимнан сухани туркӣ нисбат бя хоразмӣ бештар дар истеъмол буд.

Пас аз асрҳои ХIII–ХIV мо дигар аз мавҷудияти забони хоразмӣ ҳеҷ як мадраке дар даст надорем. Мумкин аст, аз он вақт дере нагузашта, ин забон бо таъсири лаҳҷаҳои туркӣ тамоман аз байн рафта, аҳолии дар собиқ эронизабони Хоразм комилан туркзабон гардида бошад. Шеваҳои туркӣ (ӯзбекӣ ва туркманӣ), ки дар заминаи забони хоразмӣ инкишоф меёфтанд, як миқдор калимаҳои қадимаи хоразмиро низ дар бар гирифта буданд (чунончи, агна – канали калон, уав – канали хурд ва амсоли инҳо дар шеваи ӯзбекии Хоразми ҳозира то ҳол маҳфузанд). Калима ва истилоҳоти қадимаи эронӣ дар номи маҳалҳои ин ноҳия хеле фаровон ба назар мерасанд (аз қабили ҳазорасп).

Тадқиқи манбаъҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки дар асрҳои ХI– ХII нуфузи туркнажоди Осиёи Миёна хеле афзуда, хусусан дар вилоятҳои шимоли ин сарзамин қисмати зиёди аҳолиро ташкил менамуд. Дар ҳаёти мадании Осиёи Миёна, ҳатто дар маданияти шаҳрнишинон саҳм ва нуфузи туркҳо беш аз пеш нақши равшан пайдо мекунад (ниг., масалан, ба тасвири рӯи олоти сафолӣ). Забони туркии онвақта, ки дар боло роҷеъ ба он сухан рафт, яъне қарлуқию уйғурӣ асосзабоне буд, ки баъди ба қисмҳо ҷудошавӣ дар заминаи он дар Осиёи Миёнаи пас аз давраи муғул забони ӯзбекии қадим рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ин забон аз бисёр ҷиҳатҳо ба пешгузаштаи худ – асосзабон алоқаи хеле наздик дошт[12].

Дар илми таърихнигории советӣ ақидае ҳаст, ки дар «Таърихи РСС Ӯзбекистон» мухтасаран баён ёфтааст: «Дар асрҳои ХI–ХII ташаккули халқияти ӯзбек асосан ба анҷом расида, минбаъд ба худ номи «ӯзбекҳо»-ро мегирад[13]. Дар ин ҷо калимаи «асосан» дуруст оварда шудааст, зеро ташаккули халқи ӯзбек (мисли халқи тоҷик) муддати дуру дарозеро дар бар мегирад. Тафриқаҳои тоифавӣ ҳамоно ба таври равшан зоҳир мегардид, туркони навомада аз аҳолии муқимии туркзабоншуда ва ҳам аз он кӯчнишинони туркзабон, ки ҳанӯз дар замони пеш аз арабҳо ба Осиёи Миёна омада буданд, тафовути ҷиддӣ доштанд. Ин давраи ташаккули забони ӯзбекии қадим буд[14].

Футуҳоти муғулҳо ба харитаи этникии Осиёи Миёна боз дигаргуниҳои калон дохил намуд. Кӯчида омадани миқдори зиёди бодиянишинони муғул дар ин амр омили хеле муҳим гардид. Тоифаҳои муғулии манғит, ҷалоир, барлос ва ғ. пас аз сукунат ёфтан дар Осиёи Миёна, дере нагузашта, ҳама аз ҷиҳати забон турк шуданд[15]. Сабаби асосии тоҷик нашуда, маҳз турк шудани тоифаҳои ба ин сарзамин омадаи муғул дар он аст, ки тарзи зиндагии ҳам муғулҳо ва ҳам туркҳо бодиянишинӣ буд, ва аз ин рӯ, табиист, ки муғулҳо ва туркҳо бо ҳам робитаи наздик доштанд. Вале аз он, ки ин ҷараён хеле зуд ва босуръат ба вуқӯъ пайваст, ба чунин хулоса расидан мумкин, аст, ки ин тоифаҳои муғул ба муҳити ниҳоят пурнуфузи туркҳо афтода будаанд.

Дар асрҳои ХIV–ХVI забони ӯзбекии қадим, аз ҷумла шакли адабии он низ мавҷудияти худро нигоҳ дошта, ба дараҷаи олии такомул мерасад. «Дар ин давра як қатор лаҳҷаҳои арзӣ ба вуҷуд меоянд, аммо тафовутҳои забонии тоифаҳо ҳанӯз роли муҳим мебозиданд. Дар хиттаи Фарғона, дар Мовароуннаҳр ва Хоразм намояндагони се гурӯҳи шеваҳои асосӣ: қарлуқиву уйғурӣ, уйғуриву оғузӣ ва кипчоқӣ дар таносубҳои гуногун бо ҳам дар муошират буданд»[16]. Забони туркии аҳолии Мовароуннаҳр, ки дар баробари иқтибоси фаровони калимаҳои эронӣ бисёр унсурҳои туркии шарқиву ғарбиро дар худ фароҳам оварда буд, ҳамчун асоси забони адабӣ хизмат намуд[17]. Дар забони адабӣ калимоти эронӣ ва арабӣ хеле зиёд истеъмол мешуд (аксар вақт 40–50% таркиби луғавиро ташкил мекард), ҳамчунин таркибҳои ба забони туркӣ хоснабуда мавриди истифода қарор мегирифт. Бисёр шоирон ба туркӣ ва форсӣ шеър мегуфтанд (чунончи, Лутфӣ ва дигар шоирони гузашта ва муосири Навоӣ, инчунин худи асосгузори адабиёти ӯзбек, ки ӯро ҳамасронаш «зуллисонайн» номидаанд)[18].

Дар асрҳои ХIV–ХV ба таври оммавӣ турккунонии аҳолии муқимии шаҳру деҳот хусусан Хоразм, ҳафтруд, воҳаи Тошканд ва Фарғона ба амал омад. Дар сарчашмаҳо ин аҳолии муқимӣ аксаран бо номи «сартҳо» вомехӯранд [19] ва зимнан, чунон ки аз «Бобурнома» маълум мешавад, ин ном ба сокинони ҳам туркзабон вз ҳам тоҷикзабони ин маҳалҳо нисбат дошт ва ин худ аз худ ишораест бар он, ки он вақт дар миёни туркзабонону тоҷикзабонон тафриқаи назаррасе набудааст.

Он чӣ оид ба истилоҳи «ӯзбек» бошад, ҳама гуна кӯшишҳои бо ҳукмрони Олтинӯрда-Ӯзбекхон (1312–1340) вобаста намудани ин ном асосе надорад.[20] Метавон фарз кард, ки дар солҳои 50 ё 60-уми асри ХIV таҳти ин ном аҳолии турку муғули Дашти Қипчоқ дар назар дошта мешуд ва пас аз он ки иттиҳодияи қабилаҳои бодиянишин бо роҳбарии Шайбонихон дар ҳудуди асрҳои ХV ва ХVI ба Мовароуннаҳр ва Хуросон сар дароварданд, ин ном ба «аҳолии туркзабони ин вилоятҳо нисбат ёфт[21], яъне халқи ӯзбек аз ҳамон вақт номи худро пайдо намуд.

Албатта, кӯчида омадани оммаи нави сершумори тоифаҳои туркзабон, ки барои халқ ном ҳам овард, ҳодисаи муҳим буд, вале вай лаҳзаи асосӣ ва принсипиалии таърихи халқи ӯзбек ба шумор намеравад. Гап дар сари он аст, ки ӯзбекҳои бодиянишини ба Мовароуннаҳр омада аксаран аз худи ҳамон қабилаҳое буданд, ки ҳанӯз дар замонҳои пешин дар Осиёи Миёна зиндагонӣ мекарданд.

Донишмандони забони туркӣ муқаррар кардаанд, ки «аллакай дар асрҳои ХIV–ХV сохти грамматикӣ ва захираи асосии луғавии забони қавми ӯзбек тақрибан дар ҳамон шакле, ки дар рӯзҳои мо арз андом мекунад, муқаррар гардида буд», ҳатто дар Мовароуннаҳр сукунат ёфтани тоифаҳои бодиянишини ӯзбек на хусусиятҳои забонӣ ва на типи этникии халқи вуҷуддоштаи ӯзбекро тағйир надод[22].

Инкишофи минбаъдаи этникии халқи ӯзбек бо чанд роҳ ҷараён ёфт. Бо ташаккули ваҳдат ва робитаи арзӣ тадриҷан аз байн рафтани хусусияти парокандагии ҷойгиршавӣ ва сохтмони иҷтимоӣ ба амал омад. Бояд гуфт, ки ин протсесс ҳатто дар замони нав ҳам ба анҷом нарасида, дар баъзе ноҳияҳо ҷудоии қабилавӣ ва қавмию тоифавӣ ҳамоно давом мекард. Аммо дар он ҷойҳое, ки гузариш аз ҳаёти бодиянишинӣ ба ҳаёти нимбодиянишинӣ ва хусусан ба тарзи зиндагӣ ва хоҷагидории муқимӣ ба вуқӯъ меомад, ин ҷараён суръати бештаре дошт. Баробари ин дар миқёси васеъ бо турккунонии аҳолии маҳаллии тоҷикзабон бо шаклҳои мухталифи дузабонӣ (аз ҷузъӣ то куллӣ) ва дар айни замон тоҷиккунонии гурӯҳҳои ҷудогонаи ӯзбекон давом мекард. ҳамаи ин тамоюлоти мураккаб, мухталиф ва зидди якдигар ҷамъан ба бартараф шудани тафовути ҷузъҳои таркибӣ ва аз ҷиҳати этникӣ мутамарказ гардидани халқи ӯзбек оварда расонданд.

Дар боло борҳо хотирнншон гардид, ки халқи ӯзбек бар асоси аҳолии муқимии эронизабон, ки чандин мартаба ба он тоифаҳои туркзабон пайваст шуда ва гурӯҳҳои туркшуда бо ҷузъҳои таркибии нави туркӣ омезиш ёфтаанд, ба вуҷуд омад. Мутаассифона, дар илм ҳоло чунон усулҳое, ки бо кӯмаки онҳо муқаррар кардани таносуби миқдории ин ва ё он ҷузъи таркибӣ имконпазир гардад, вуҷуд надоранд. Ин муамморо ба василаи таҳлили мадракҳои антропологӣ низ ҳал кардан амри маҳол аст. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки тоифа ва қавмҳои туркзабони ба Осиёи Миёна омада метавонистанд то ба ин сарзамин кӯчиданашон омезиши нажодӣ пайдо кунанд. Воқеан ҳам, мадракҳои антропологӣ ба ҳар ҳол дар ин хусус барои мулоҳизаи тахминӣ баъзе имконот фароҳам меоваранд. Дар ҳақиқат, аз байни се халқи туркзабони нисбатан сернуфузи шимоли Осиёи Миёна – ӯзбекҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо ду халқи охирӣ аз лиҳози шаклу шамоил муғулнажод (қирғизҳо назар ба қазоқҳо бештар муғулнажод) ва ӯзбекҳо европоинажоданд. Ӯзбекҳо аз ҷиҳати антропологӣ ба ҳамон нажоде, ки тоҷикон тааллуқ доранд, мансуб мебошанд. Тафовути зоҳирӣ дар миёни тоҷикону ӯзбекон аз ин иборат аст, ки ӯзбекон бештар омезиши муғулӣ доранд.

Бо вуҷуди ин чунон ки антропологҳо хотирнишон мекунанд, «типи антропологии ӯзбекон бар асоси типи нажодии қадими европоисурати маҳаллӣ қарор гирифта, аломатҳои муғулӣ ба он фақат изофа шудаасту бас» (В.В. Гинзбург). Чунин аст нуқтаи назари Л.В. Ошанин, А.И. Ярхо, В.В. Гинзбург[23]. Типи нажодии тоифаҳои кӯчнишини ӯзбек гоҳо назар ба ӯзбекони муқимӣ бештар муғулист. Чунончи, барои исботи ин иддао метавон лақайҳоро мисол овард. Дар айни замон, ӯзбекони қарлуқ, шамоили муғулии худро тамоман гум карда, бо аҳолии маҳаллӣ «аралаш» шуда рафтанд ва аз тоҷикон ягон тафовуте надоранд [24]. ҳамин тариқа, аз омезаи сохти қиёфаи муғулӣ то шабоҳати нисбатан камтар, ки дар ин сурат миёни ӯзбек ва тоҷик фарқе намемонад, таҳаввули симои нажодии ӯзбекони имрӯза ба назар мерасад. Барои қиёс ҳаминро бояд қайд кард, ки ба истиснои тоҷикони помирӣ, ки ягон омезаи муғулӣ надоранд, дар ҳамаи гурӯҳҳои боқимондаи тоҷикон кам ё беш ин омеза мушоҳида мешавад: бештар дар тоҷикони Фарғона, ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон ва ба дараҷаи камтар дар тоҷикони Бухоро, Самарқанд ва саргаҳи Зарафшон[25].

Ба ин тариқа, чунон ки мадракҳои антропологӣ нишон медиҳанд, қисми асосии халқи ӯзбек аз аҳолии маҳаллии европоисурати Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи омезиш ёфтан бо қавмҳои типи нажодии ҷанубисибирӣ як андоза қиёфаи муғулӣ пайдо карда буд, фароҳам омадааст. Инро аз нуқтаи назари таърихи нажодҳо тавзеҳ дода, бояд хотирнишон кард, ки ҷузъи асосии таркиби халқи ӯзбек, агар онро ба таври куллӣ гирем, аҳолии аслии Осиёи Миёна мебошад. Турконии қисмати он хеле барвақт, дар давраҳои аввали асри миёна шурӯъ гардида, баъдҳо бо суръати беш аз пеш идома ёфт. Зимнан, ҷараёни аз ҷиҳати забон турконӣ назар ба ҷараёни биологии муғулонӣ тезтар ва васеътар сурат мегирифт. Ба ин ҷараёнот гурӯҳҳо ва табақаҳои нав ба нави аҳолӣ кашида мешуданд. Дар байни қавму тоифаҳои ба дараҷаи гуногун муғулӣ ва туркишуда дар бобати ҳамзистӣ ва амали мутақобили хеле наздик бо қавмҳои европоисурати эрону тоҷикзабон тағйироти мураккабе рух медод. Амали мутақобила аз лиҳози нажодӣ боиси бо ҳам даромехтани ҷараёнҳои гуногунравия мегардид; ҳодисаҳои аз мансубияти туркӣ баргаштан низ ба вуқӯъ омада, манзараи умумиро боз ҳам мураккабтар месохтанд.

Чунин аст мухтасаран мулоҳизаҳои мо доир ба таърихи ташаккули нажодҳо. Таърихи хуб бо санадҳо тасдиқшудаи маданияти Осиёи Миёна, аз ҷумла адабиёти он, ин мулоҳизаҳоро комилан собит менамояд ва бо тамоми ҷузъиёташ шарҳ медиҳад. Мо дар сари ин масъала батафсил таваққуф нахоҳем кард, хусусан ки равобити адабии тоҷику ӯзбек аз тарафи адабиётшиносон ба таври амиқ тадқиқ шудааст[26]. Тимсоли барҷастаи қаробати адабиёти ду халқи бародар ҳаёт ва эҷодиёти ду фарзанди барозандаи халқҳои тоҷику ӯзбек — Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад[27]. Материалҳои этнографӣ низ бағоят муҳимманд, зеро онҳо барои возеҳ ва воқеӣ тасаввур кардани ҷараёни муносибатҳои байни тоҷикону ӯзбекон кӯмак мерасонанд (дар ии бобат асарҳои этнограф Б.Ҷ. Кармишева хеле ҷолибанд) ва муҳимтар аз ҳама ин, ки то чӣ андоза наздик будани маданият ва тарзи зиндагии ҳозираи халқҳои тоҷик ва ӯзбекро нишон медиҳанд ва ин наздикӣ ба дараҷаест, ки баъзан ҳудуди байни онҳоро ҳатто шартан бошад ҳам, муайян кардан мумкин намешавад. ҳамсоягии чандинасра ва иртиботи хеле наздик, ҳамчунин мавҷудияти бунёди умумӣ боиси ба забони ӯзбекӣ нуфуз ёфтани калимоти тоҷикӣ ва ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимоти ӯзбекӣ гардидааст. Забоншиносон таъсири мутақобили чашмрасеро дар сохти грамматикии ин забонҳо низ қайд кардаанд. Дузабонии тоҷикию ӯзбекӣ як ҳодисаи хеле маъмулист.

Ба ин тартиб, агарчанде ки халқҳои тоҷик ва ӯзбек дар замонҳои гуногун ташаккул ёфта ва забони ин халқҳо ба гурӯҳҳои мухталифи забонҳо тааллуқ дошта бошад ҳам, бунёди аслии нажодию антропологии онҳо як аст. Тақдири таърихии ин халқҳо ва маданияти онон пайвандҳои ногусастанӣ дорад. Дар асрҳои миёна маданияти ӯзбек ва маданияти тоҷик фақат дар баъзе соҳаҳо, он ҳам асосан аз ҷиҳати забон, тафовут пайдо намуда, ҳар яке дорои хусусият ва анъанаҳои худ гардидааст, вале таъсир ва робитаи мутақобила дар ин соҳаҳо низ хеле зиёд ба назар мерасад. Тоифа ва қавмҳои туркӣ ва шарқиэронӣ, тоҷикон, ӯзбекон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар хоки як давлати таъсисёфта, дар як шаҳр ва деҳкада паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекарданд. Онҳо дӯш ба дӯш истода, ба муқобили истилогарони аҷнабӣ ҷангидаанд, дар муборизаҳои синфии зидди истисморгарони «худӣ» якҷоя иштирок намудаанд. Албатта, баъзе ҳодисаҳои нифоқу бадхоҳӣ ҳам рух медод, вале заминаи муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо аз дӯстии самимӣ, ҳамзистии бо сулҳу сафо ва ҳамкории аҳлона фароҳам омада буд.

Баъзе тафовутҳои нажодие, ки мо дар ин ҷо сухан рондем, ҳеҷ гоҳ асоси муқобилгузории як халқ бо халқи дигар нахоҳад шуд. Дар тараққиёти тамаддуни умумиинсонӣ ҳамаи мардумони Осиёи Миёна саҳми бузург гузоштаанд. ҳам халқҳои эронизабон ва ҳам халқҳои туркзабонро арбобони барҷастаи илму маданият ҳастанд, ки онҳо мояи ифтихори тамоми халқҳои Осиёи Миёна мебошанд.

  1. Якубовский А. Ю., 1941, с. 3.

  2. Воrеан, баъзе муаррихон кeшиш карданд, ки ин нуrтаи назарро рад кунанд. Он[о иддао доштанд, ки вуруди тоифа[ои туркзабон хеле барваrт воrеъ гардидааст. Бо ин иддао розb шудан мумкин аст. Лекин муаллиф чунин мешуморад, ки ба сарзамини Осиёи Миёна бештар ва ба таври оммавb сар даровардани rавму тоифа[ои туркзабон ба [ар [ол аз асри VI шурeъ мешавад.

  3. Uафуров Б. U., 1949, с. 223–224.

  4. Тревер К. В., ва диг., 1950, с. 10–12.

  5. История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с. 380–381.; ниг. инчунин Ва[[обов М., 1961, с. 3–85.

  6. Бернштам А. Н., 1947 в.

  7. Давидович Е. А. ва Литвинский Б. А., 1956, с 207–208. Зо[иран, аз нуrтаи назари катибашиносb намунаи rадимтарин хат[ои туркb – навиштаxоти бостонии туркии шимоли Фарuона ва умуман, Осиёи Миёна ба нимаи дувуми асри VI – ибтидои асри VII нисбат дорад.

  8. Шербак А. М., 1956; Баскаков Н. А., 1969, с. 300–301.

  9. Бартольд В. В., 1964, с. 466–467.

  10. Эшниёзов М., 1956.

  11. Семёнов А. А., 1952 с. 24

  12. Щербак А. М., 1959, с. 108–109.

  13. История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с. 380.

  14. Малов С. Е., 1961, с. 221–222

  15. Щербак А. М., 1956, с. 109.

  16. Щербак А. М., 1962, с. 223.

  17. {амон асар, с. 211.

  18. {амон асар, с. 20; Рустамов Э. Р., 1963; Бертельс Е. Э., 1965 а.

  19. Роxеъ ба ин истило[ ва таърихи он ниг.: Остроумов Н. П., 1908; Самойлович А., 1910; Бартольд В. В., 1964 ж, 1964 з, Ва[[обов М. Л., 1961, с. 31–33.

  20. Семёнов А.А., 1954, б. с. 3–37; А[мадов Б.А., 1965 а, с. 11–12. Муr. Греков Б.Д., Якубовский А. Ю., 1950, с. 298–302.

  21. Ахмадов Б. А., 1965 а, с. 11–17. Роxеъ ба таносуби истило[оти «eзбек» «rазоr» дар аср[ои ХV–ХVI ниг.: Ибро[имов С. К., 1960 а, 1960 б.

  22. Щербак А. М., 1956, с. 109-110.

  23. Ошанин Л. В., 1957, с. 93–100; Гинзбург В. В., 1964, с. 132-133.

  24. Ошанин Л. В., 1957, с. 34-35.

  25. Гинзбург В. В., 1949, с. 316-331.

  26. Брагинский И. С., 1962.

  27. Махсусан ниг.: Бертельс Е. Э., 1965 а.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *