Мубориза дар роҳи мустаҳкам кардани Аморати Бухоро
Чунон ки дар боло қайд карда шуд, норизоятии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбегӣ ва қозикалон мегардид. Яке аз писарони ӯ — Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ тафовут надошт. Бо фармоиши шайх ҳатто дар бозор ҳаммолӣ мекард. Содагӣ ва дастрасии зоҳирӣ, тарзи зиндагии шикастанафсонаи шаҳзода, ки ба куллӣ хилофи зиндагонии айёшона ва пурдабдабаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбӣ буд, боиси дар байни оммаи халқ ва аҳли зӯҳду тақво шӯҳрат ва эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид. Шоҳмурод, махсусан, ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Дониёлбӣ чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шаҳзода дар умури давлат беш аз пеш нуфуз пайдо намуд. Ӯ ба бекор кардани баъзе андозҳо низ муваффақ шуд. Падарро ба ҷуз вориси худ таъин кардани ӯ дигар чорае намонд.
Пас аз вафоти Дониёлбӣ валиаҳди ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кӯчаҳои Бухоро гашта, бо лобаву зорӣ аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳҳои нисбат ба мардум кардаи марҳумро бубахшанд. Вай ҳамчунин ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки «аз онҳо ситонида шудааст», баргардонанд. Чунин вонамуд мекард, ки гӯё ӯ ғайри хоҳиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва, аз ин рӯ, боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зӯҳду тақво нигоҳ медошт. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ (либоси фақру фоқа мепӯшид ва онро то ҷиғда-ҷиғда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддӣ ва хеле кам мехӯрд, ҳеҷ гоҳ ҳадя намегирифт, дар як рӯз барои эҳтиёҷоти худ фақат як танга харҷ мекард ва ғ.) муосиронашро дар ҳайрат мегузоштанд. Ӯ барои таҳдиди синфи хоҷагон ва ашроф қушбегӣ ва қозикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонид. Чунин рафтору кирдори ӯ, ки аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ сурат мегирифт, дар кори соҳиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваҷҷӯҳи оммаи мардум роли муҳим бозид.[1]
Ин таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоятдараҷа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор нафар кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст. Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷавру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад кард. Ва фармони ӯро ба рӯи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холӣ ва фақат василаи аз ғазаби халқ раҳоӣ ёфтан буд. Аз бухориён минбаъд ҳам молиёти махсус, ки ба мақсадҳои ҳарбӣ андохта мешуд, меситониданд.
Аҳди салтанати амир Шоҳмурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад.
Шоҳмурод ба мақсади бартараф намудани норизоятии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорӣ намуд. Вай фақат чунин андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз қавмҳои ғайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳиёна муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқ мусодира карда буданд, дубора барқарор кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода мебурд.
Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар оғози ҷулуси худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти калон пайдо намуд. Хонҳои сулолаи Ҷониён ва сипас нахустин амирони манғит сиккаҳои нуқраи камиёр бароварда, аз тафовути қурби расмӣ ва амалии ин сиккаҳо фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ин ҳолат, дар навбати худ муомилоти пулиро вайрон карда, чун бори гароне ба дӯши аҳолӣ меафтод. Шоҳмурод иқдоми қатъӣ намуд. Шакли зоҳирӣ, ҳаҷм ва вазни сиккаҳоро тағйир дода, онҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуданд. ҳар кас метавонист ба сиккахона нуқра оварда, ба ивазаш (ҳаққи зарробиро пардохта) пул бигирад. Зоҳиран, сиккаҳои кӯҳнаи пеш аз ислоҳот аз эътибор соқит карда шуданд.[2] Ин ислоҳоти пулӣ бар тибқи талаботи айнии иқтисодиёт ба вуқӯъ пайваста, ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.
Ба Шоҳмурод лозим омад, ки ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ ҳокимони вилоятҳоро аз кор барканор карда, ҳокимони нав таъин намояд. Ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъин карданро низ ӯ ба таомул даровард. Муқобилати феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалӣ, ки дар вақти Дониёл худро дар Шаҳрисабз мустақил эълон карда буд, итоати амир Шоҳмуродро қабул намуд.
Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки бар тибқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. Чунин тадбирот як андоза пеши роҳи ғорату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталаби аҳолӣ буд. ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекунанд, барои дуздӣ дасти ростро мебуранд ва ғ. Шоҳмурод ин чорабиниҳоро таҳти ливои мубориза дар роҳи риояти аҳкоми шариат амалӣ намуда, бо ин баҳона барои муроқибат ва муҳофизати расму оин мансаби раисро ҷорӣ сохт, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хурдагирона назорат мекард.[3]
Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагии воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёи Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳод. Дар бобати афзудани нуфуси ноҳияҳои камодам чораҳо дида шуданд, каналҳои нави обёрӣ акнун на аз они феодалҳои маҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб меёфтанд ва аз ин ҳам мадохили хазинаи давлат меафзуд. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ протсесси ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишини ӯзбек дар заминҳои навобод қувват гирифт.[4]
Амир Шоҳмурод риёкорона қиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва аз он ба мақсади ҷорӣ кардани сиёсаташ истифода менамуд. Ӯ таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Умарои Манғития дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меоварданд. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри ХVIII, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбӣ, ки дар Марв ҳукм ронда, барои ҷудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, дохили муҳориба гардид ва сарбанди дарёи Мурғобро ба куллӣ вайрон намуд. Ӯ тадриҷан қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонида, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шоҳмурод то андозае ба тармими харобиҳои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарқанд ва Бухоро мусоидат кард, вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани воҳаи Марв гардид. Шоҳмурод якчанд дафъа ба тарафҳои Ӯротеппа лашкар кашид ва дар ин мавридҳо низ аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.[5]
Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри ХIХ
Пас аз фавти Шоҳмурод писараш — амир ҳайдар (1800– 1826) ба тахти аморат нишаст.
Вай аксарияти вақтро ба мутолиаи асарҳои фиқҳ ва муноқашаҳои бемаънии шарҳу ҳошияҳо сарф мекард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки худро «яке аз уламои замон» пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри ӯ сохта буданд, ба дарсгӯӣ машғул шуд. Чи навъе ки дар охири асри ХIХ пирмардони бухороӣ ба А.А.Семёнов ҳикоят кардаанд, муллобачаҳоро ба дарси «амири донишманд» ба зарби чӯб ҷамъ менамудаанд, зеро касе бо ихтиёри худ дар пеши ӯ дарс хондан намехостааст.[6] Ин амири тақводор ҳимоят ва тарафдории рӯҳониёнро меҷуст (ва пайдо ҳам кард). Амир ҳайдар Қуръонро саропо аз бар карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зоҳиди риёзаткаш набуд –аз сад канизи ҳарамсарои худ якеро интихоб намуда, ҳар моҳ ҳамсарашро иваз мекард, ҳамчунин аз байни пиразанони кордида касони махсус ба ҳар гӯшаву канори мамлакат фиристода мешуданд, то ки духтарҳои соҳибҷамолро пайдо карда, ба хидмати амир оваранд.
Дар аввалҳои ҳукмронии амир ҳайдар ба қӯшуни Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи хеле шадид расонад ва аз ин ҷониб хавфи ҳуҷуми душманро ба Бухоро бартараф намояд. Лекин баъдтар, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонҳои Хева боз муттасил ҳуҷум намуда, то девори пойтахт расиданд. Мубориза бо Шаҳрисабз ва давлати хонии Хӯқанд хеле тӯлонӣ ва тоқатфарсо буд. Амир ҳайдар дар ҷанги Ӯротеппа ғалаба карда, Ҷиззах ва саргаҳи Зарафшонро ба қаламрави худ дохил намуд.
Амир ҳайдарро лозим омад, ки ба тарафи ҳисор ҳам лашкар кашад. Ӯ дар ин ҷо баъзе муваффақиятҳо ба даст овард. ҳокими ҳисор, ки акнун хусури амир ҳайдар гардида буд, унвони атолиқро соҳиб шуд ва гоҳо ба амир пешкаш ва қувваҳои ҳарбӣ мефиристод. Вай амалан дар аксари корҳои мулкдорӣ бо ихтиёри худ амал мекард. Г.Мейендорф аз ҳикоятҳои амалдорони Бухоро дар соли 1820 чунин таассуроте ҳосил намуд, ки ҳисор мулки басо сарватманд аст.
Шаҳри ҳисор – нишемангоҳи ҳоким қариб се ҳазор иморат дошт ва дар водии шукуфони дорои заминҳои ҳосилхез (хусусан мазрааҳои фаровони шолӣ) ва чарогоҳҳои сабзу хуррам ҷой гирифта буд. Ғайр аз ин, Деҳнав, Қаратоғ ва Регар низ аз калонтарин маҳалҳои аҳолинишини ин мулк ба шумор мерафтанд. ҳокими Обигарм баъзан бо ҳокими ҳисор ҷанг мекард.[7]
Миризатулло дар соли 1813 вазъияти сиёсии ҳамон қисмати Осиёи Миёнаро, ки бо он шиносоӣ дошт, ба тариқи зайл баён менамояд: Мовароуннаҳр «миёни ҳокимони ҷудогона, ки пуриқтидортарини онҳо подшоҳи Бухоро Мир ҳайдар мебошад, тақсим гардидааст». Ҷои дувумро аз ҷиҳати мақом амири Фарғона -Умархон мегирад. Севумӣ волии Ӯротеппа Маҳмудхон аст. Пас аз онҳо Шаҳрисабз Ниёзалӣ меистад. Ӯ исман табааи Бухоро маҳсуб ёфта, аммо намегузошт, ки ба номи Мир ҳайдар хутба хонда ва сикка зарб карда шавад. Сипас, Миризатулло ҳокимони ҳисор, Қубодиён ва Қӯрғонтеппаро зикр менамояд. Дар соҳили чапи дарёи Аму мулки Хоразм воқеъ аст, ки ҳокими он Муҳаммад Раҳимхон мебошад. Дар Бадахшон Мирмуҳаммадшоҳ ҳукмронӣ мекунад, Шуғнон ҳам ҳокими худро дорад. Ва хотирнишон менамояд: «ҳамаи ин ҳокимон бо ҳам намесозанд ва доимо дар ҷангу ҷидоланд».[8]
Аксари умаро ва ашроф нисбат ба амир ҳайдар ҳисси норизоятӣ мепарвариданд ва бар зидди ӯ ошӯб мебардоштанд.[9] Амир ҳайдар сиёсати падари худро дар бобати марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Муқовимати феодалони маҳаллӣ дубора қувват гирифт. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои сершуморе, ки ба муқобили феодалони исёнкор ва ҳамсоягони хусуматпарвар ба амал оварда мешуд, инчунин пардохти маоши беш аз ҳазор амалдор ва муллоҳои бешумор ва инъомҳои пулии ҳарсолаи аъёну ашроф эҳтиёҷи моддии давлат низ хеле зиёд мегардид. Муҳаммадяъқуб, бародари амир ҳайдар, навиштааст, ки «дар ин вақт харҷи амир ду баробар аз дахли ӯ зиёдтар буд». ҳар сол аҳвол торафт хатарноктар мешуд.[10] Ин буд, ки молиёт ва хироҷҳои бисёр, монанди қӯшпулӣ, танобпулӣ, алафпулӣ, яксарӣ, чӯбпулӣ, миробона, кавсан ва ғ. дубора ҷорӣ гардида, бори гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро вазнинтар намуданд. Ба замми ин, ғоратгариҳое, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ба вуқӯъ меомад, ба сари мардуми меҳнаткаш маҳрумият ва мусибатҳои зиёде оварда, ӯро боз ҳам қашшоқу бенавотар мегардонд. Дар ибтидои солҳои бистум таназзули иқтисодӣ ва харобии саросари кишвар рух дод. Афзудани ҷабру зулм ва истибдод боиси сар задани ошӯбҳои нави халқӣ гардид. Шӯриши хитой-қипчоқҳо, ки дар водии Миёнкол сар зада, аз соли 1821 то соли 1825 давом намуд, яке аз тазоҳуроти ҳамин навъ ошӯбҳои халқӣ буд (роҷеъ ба ин шӯриш поёнтар, дар қисмати «Муборизаи синфӣ» батафсил сухан ронда хоҳад шуд).
Пас аз вафоти амир ҳайдар писараш — Насрулло (1826–1860) ба тахти аморат соҳиб гардид. Тавсифи возеҳу воқеии ин ҳукмрон ба қалами А.А.Семёнов тааллуқ дорад. Ӯ менависад, ки амир Насрулло аз болои ҷасади ду бародари худ – ворисони қонунии салтанат ҳусайн ва Умар гузашта, ба тахт нишаст ва дар давоми як моҳи пас аз ҷулуси худ рӯзе 50–100 касро ба қатл мерасонид.
«…Ӯ бо ғаддорӣ ва хунхории фавқулодда фарқ мекард ва барои ин вайро бухориён «амири қассоб» номида буданд. Давраи ҳукмронии дуру дарозаш бо бадкирдорӣ, қатлу куштор, хиёнат, бешарафӣ ва ҳирсу ози гӯшношунида ном баровард»[11].
Амир Насрулло бо Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Қӯқанд ва Хева муттасил ҷанг мекард. Кӯшишҳои ӯ дар бобати ба ҳайъати аморати Бухоро баргардонидани вилоятҳои он сӯи дарёи Аму, ки акнун ба тасарруфи амирони афғон даромада буданд, натиҷае набахшид.
Амир Насрулло бо мақсади инон задан ба феодалони дохилии мамлакат як қатор чораҳои ниҳоят бераҳмона пешбинӣ намуд. ҳаким қӯшбегиро, ки дар аҳди салтанати падараш амалан ҳукмрони аморат маҳсуб меёфт, аввал аз ҳокимият дур кард ва сипас ба қатл расонид. ҳуқуқи қӯшбегӣ маҳдуд карда шуд. Абдусамади форс, ки ба ин вазифа таъин гардид, аз тарафи аъёну ашрофи қабилаҳои ӯзбек пуштибонӣ намедид ва тамоман ба майлу илтифоти амир вобаста буд. Умаро ва сарони сипоҳ, ки андаке норизоятӣ изҳор кунанд ва ё майли ҷудошавӣ пайдо намоянд, кушта ё худ бадарға намуда, молу мулкашон мусодира карда мешуд. Н.В.Хаников, ки соли 1841 Бухороро дида буд, навиштааст: «Раҳмонбердӣ махсуми туркман, ки аз тарафи амир ба мансаби муҳими раис, яъне муҳофизи расму одат ва дурустии миқёси тӯл ва тарозу таъин шуда буд, дар кори решакан кардани феодализми Бухоро ёвари нахустин гардид. Авомро бо зарби чӯб ҷазо дода, ба дуову ибодат водор мекарданд, сипоҳиёнро сар мебуриданд ва ё маҷбур менамуданд, ки гурехта ҷон ба саломат баранд; халқ ба раис нафрин мехонд; сипоҳиён ҳам фаҳмиданд, ки ба тахт киро нишондаанд, вале дигар илоҷе набуд».[12]
Дар соли 1837 амир Насрулло ислоҳоти ҳарбӣ гузаронид. То ин вақт қӯшун аз ду қисмат иборат буд: яке н ӯ к а р ҳ о, ки бидуни мӯҳлат хизмат мекарданд, дигаре қарачирикҳо, ки фавҷҳои ғайримуназзами сершумореро ташкил медоданд. Ғайр аз нӯкарҳо шогирдпешаҳо низ буданд, ки хизмати қисми тайёрии қӯшунро адо карда, сипас ба нӯкарӣ гузаронида мешуданд. Вақте ки нӯкарҳо ба юриш мебаромаданд, шогирдпешаҳо дар гарнизон хизматро давом медоданд. Нӯкарҳо ҳам, дар навбати худ, ба ду қисм: мерганҳо ва найзадастон ҷудо мешуданд. Мерганҳо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бошанд, бо найза мусаллаҳ буданд. Силоҳро ҳукумат медод. Дар қалъа захираи борут ва тир мавҷуд буд. Қисми махсусро тӯп ташкил медод, ки ба он тӯпчибошӣ фармонфармоӣ мекард. Нӯкарҳо ва шогирдпешаҳо таъминоти худро асосан ба тариқи мол (ғалла ва ришқа) мегирифтанд, ки аз қитъаҳои муайяни замин ба андозаи молиёти барои хазина пардохташаванда рӯёнида мешуд. Кӯмаки пулӣ ҳам мегирифтанд, вале хеле номураттаб. Қарачирикҳо аксар вақт бесилоҳ буданд. Дар яке аз фармонҳои амир ҳайдар роҷеъ ба иштироки қарачирикҳо дар юриш гуфта шуда буд: «Агар силоҳ набошад, бигзор белу каланд ба даст бигиранд». Чӣ нерӯи размоварӣ доштани чунин қӯшун ба шарҳу тафсил эҳтиёҷе надорад.
Амир Насрулло ба ташкили қисми калони ҳарбии муназзам саъй намуд. Асоси он аз асирони рус, инчунин аз форсҳо ва дигарон фароҳам омада буд. Баталёни 800-нафараи сарбозон ва қисмати 250-нафараи тӯпчиён ташкил ёфт. Либоси махсуси низомӣ ҷорӣ карда шуд. ҳамаи сарбозон бо туфангҳое, ки аз саросари мамлакат ҷамъ карда ва ҳам махсус аз хориҷа оваронида буданд, мусаллаҳ гардиданд. Туфанги онҳо найза дошт. Силоҳи тӯпчиён аз таппонча ва шамшери русӣ иборат буд. Сарбозон дар хоначаҳои махсус барояшон сохташуда, яъне як навъ «казармаҳо» зиндагӣ карда, ҳамеша омодаи ҷанг буданд. Дар вақтҳои осоишта машқҳои ҳарбӣ гузаронида мешуданд. Сарбозон ва афсарон мунтазам мавоҷиб мегирифтанд. Амир аз ин қисми ҳарбӣ, ки қувваи асосии зарбазанандаи қӯшуни Бухоро маҳсуб меёфт, дар вақти ҷанг ба таври васеъ истифода менамуд, вале дар замони осоишта аз он метарсид.[13] Ин мустабиди хунхор ҳамеша аз ҳар кас ва аз ҳар чиз хавф мебурд ва дарвоқеъ, худаш ҳам зӯран ба ҳалокат расонда шуд. Аз баъзе ривоятҳо маълум мешавад, ки зани бо зӯр гирифтааш – духтари волии Шаҳрисабз – Кенагасхоним ҳангоми хоб ба гӯшаш симоб рехтааст. Амир аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, пеш аз марг фармудааст, ки он зан ва ҳамаи бачаҳои вайро кушта, ба чоҳ партоянд.
Пас аз фавти амир Насрулло инони салтанат ба дасти писари ягонаи ӯ — Музаффар (1860–1885) расид. Донандаи маъруфи таърихи Манғития А.А.Семёнов навиштааст: «Писар ва вориси амир Насрулло — Музаффар меҳри падарро ягон қадар эҳсос намекард ва амир Насрулло ҳеҷ намехост, ки Музаффар вориси тахти Бухоро гардад. Бинобар ин падар сидқан дар нияти куштани писараш – ин шахси мисли худи ӯ бераҳму хунхор буд, вале азбаски дигар писари оқилтаре надошт, хоҳу нохоҳ ин қасди худро ба таъхир меандохт».[14]
Дар замони ҳукмронии амир Музаффар Осиёи Миёна ба Россия ҳамроҳ карда шуд.
Давлати хонии Хӯқанд дар нимаи аввали асри ХIХ
Таърихи хонии Хӯқанд бо вуҷуди ба андозаи фаровон мавҷуд будани манбаъҳои мӯътамад, мадракҳои мустанад ва хотироти сайёҳон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашудааст.[15]
Дар асри ХVIII Фарғона тавассути мавқеи ҷуғрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти афзалиятноке дошт, зеро бисёр ҳодисоти харобиовар, аз ҷумла футуҳоти Нодиршоҳ то он ҷо асар накарда буд. Аз ин рӯ, аҳолии Фарғона хеле афзуда, иқтидори иқтисодии он зиёд мешуд. ҳамин буд, ки барои таъсиси давлати мустақил замина ва имкониятҳои мусоид муҳайё гардид. Дар ин роҳ қадами нахустинро Олимхон (1800–1810)[16] гузошт. Ӯ ба мақсади баромадан аз тобеияти ашрофи ҳарбии феодалӣ дастаи махсуси низомӣ ташкил намуд, ки комилан аз тоҷикони кӯҳистон – дарвозиҳо, қаротегиниҳо ва шуғнониҳо фароҳам омада буд. Ин даста вазъияти имтиёзнокро соҳиб гардида, дастаи асосии қӯшуни аз аҳолии маҳаллии ӯзбек ташкилшуда ба шумор мерафт. Олимхон дар бобати марказонидани давлат ҷидду ҷаҳди бисёре ба харҷ дода, ҳарчанд мухолифати доираҳои бонуфузи аъёну ашроф ва рӯҳониёнро бартараф карда натавониста бошад ҳам, ба ҳар ҳол баъзе муваффақиятҳоро ноил гардид. Ӯ ҳудуди давлати хониро васеътар намуд. Чун тасарруфи Ӯротеппа барояш муяссар нашуд, қусури онро аз ҷои дигар баровард, дар охирҳои ҳукмрониаш Тошканд ва қабилаҳои қазоқи ҳамҷавори онро ба қаламрави худ дохил кард.
ҳамаи ин иқдомоти Олимхонро бародараш — Умархон (1810-– 1822) бо муваффақият идома дод. Маҳз дар аҳди салтанати ӯ сохти маъмурии давлати хонӣ комилан ташаккул ёфт. Умархон бо баҳонаи мустаҳкам кардани иқтидори табақаи ҳукмрони хонии Хӯқанд тавонист ихтиёроти бузургеро соҳиб гардад. Ҷанги бебарор барои Ӯротеппа бо аморати Бухоро давом мекард. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, шаҳри Туркистон ва масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то ҳафтрӯд ишғол намуд. Қалъаҳои Оқмачит (ҳоло шаҳри Қизилӯрда), сипас Авлиёато (Ҷамбули ҳозира), баъдтар Пишпек (шаҳри кунунии Фрунзе) ва ғайра сохта шуданд. ҳамин тариқа, як қисми қабилаҳои қирғизу қазоқ ҳам ба қаламрави хонии Хӯқанд дохил гардид.
Пас аз Умархон писар ва вориси ӯ — Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) ба тахт нишаста, тақрибан бист сол (1822–1842) зимоми умури хонии Хӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт. Ӯ чандин дафъа ба самти ҷануби шарқӣ лашкар кашида, мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд ҳокими Кӯлоб низ ба итоати вай сар даровард. Муҳаммадалихон дар тарафи ғарб бо Ӯротеппа ҷанг кард, ҳамчунин ба Кошғар юришҳо намуд. Дар аҳди ӯ даҳҳо ҳазор аҳолии Қошғар аз зулму ситами ҳукумати Хитой ба дод омада, ба умеди наҷот сӯи Фарғона фирор карданд ва дар ҳамин ҷо маскан гирифтанд.
Муҳаммадалихон ба мисли ҳукмрони Бухоро амир Насрулло як марди золим ва бетараҳҳуме буд. Ӯ ягон меъёреро риоят накарда, одамони гунаҳкору бегуноҳро ба қатл мерасонид, чун ишратпарасти фосиқ умр ба сар мебурд, айшу нӯш ва кайфу сафо шуғли доимии ӯ ба шумор мерафт. Ба қавли В.П.Наливкин ин «хунхори ҷавон» соҳиби тахту тоҷ гардида, тамоми умр «фақат ба фисқу фуҷур ва қатлу куштор машғул шуд».[17] Ӯ аз пуштибонии аъёну ашроф ба куллӣ маҳрум гардид; мардум ҳамеша дар ғалаён буданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин фурсат истифода бурда, соли 1842 Хӯқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо ҳамаи аҳли хонадонаш ба қатл расонд. Аммо амир Насрулло Хӯқандро дар даст нигоҳ дошта натавонист. Дере нагузашта Хӯқанд боз истиқлолияти худро соҳиб шуд ва Хуҷанду Тошкандро ҳам дубора ба даст овард.
ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммадалихон, ҳеҷ набошад дар нимаи дувуми он, дар хонии Хӯқанд падидаҳои бӯҳрони дохилӣ ба зуҳур меомаданд. ҳангоми ҷангҳои бешумор ва табаддулоти дарбор тоифаҳо тамом несту нобуд мешуданд. Низоъҳои байни қавмҳои муқимӣ ва бодиянишин, ки феодалон ва аъёну ашрофи қабилавӣ бармеангехтанд, истисмори бераҳмонаи аҳолии ҳам муқимӣ ва ҳам бодиянишин – ин буд хусусияти хоси ин давраи изтиробомез, ки хонии Хӯқанд то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти худ аз он раҳоӣ ёфта натавонист.
Нобудшавии аҳолӣ ва харобии хоҷагӣ дар натиҷаи
ҷангҳои байни давлатҳои феодалӣ
Мо ҳангоми баёни воқеаҳои таърихии аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд борҳо ҷангҳои барои Ӯротеппа сарзадаро ёдоварӣ намудем.[18] Дар нимаи дуввуми асри ХVIII Ӯротеппа мулки калоне буд, ки ба ҳайъати он, ғайр аз ҳавзаи Шаҳристону Ӯротеппа, Панҷакент, Ҷиззах, Зомин, Нов ва Хуҷанд низ дохил мешуданд. Ин мулк ба ноустувории ҳудуди худ нигоҳ накарда, аксар вақт соҳибихтиёр буд. Дар ин ҷо ҳокимони аз тоифаи юзи ӯзбек баромада ҳукмронӣ менамуданд.
Аз ибтидои асри ХIХ ба муносибати қувват гирифтани Бухоро ва Хӯқанд мулки Ӯротеппа гӯё ки дар байни путку сандон воқеъ гардид: аморати Бухоро Ҷиззах ва давлати хонии Хӯқанд Хуҷандро ба тасарруфи худ дароварданд. Ҷангҳои беинтиҳо барои Ӯротеппа сар шуданд. Муҳаққиқи таърихи Ӯротеппа А.М.Мухторов ду сабаби асосии ин ҷангҳоро дуруст муайян кардааст. Сабаби аввал – аҳамияти калони стратегӣ доштани забти Ӯротеппа, ки хатҳои иртиботии ба ҳам алоқамандкунандаи ду давлат таҳти ихтиёри он қарор гирифта буданд, инчунин роли муҳими Ӯротеппа дар иқтисодиёти ҳавзаи саргаҳи Зарафшон. Сабаби дувум вобаста ба иқтисодиёт аст: мулки сернуфузи Ӯротеппа барои хазина даромади бисёр дода метавонист, зеро он анбори ғалла буд ва аз он ҷо миқдори зиёди ғалла содир мегардид (маълум аст, ки дар соли 1870 аз Ӯротеппа ба Самарқанд 250 000 пуд ғалла бурда шуд).
То солҳои сиюми асри ХIХ давлати хонии Хӯқанд дар талоши Ӯротеппа саҳми бештаре гузошт. Дар сурате, ки амирони Бухоро ба Ӯротеппа даҳ маротиба юриш карданд, хонҳои Хӯқанд беш аз бист маротиба ба ин ҷониб лашкар кашиданд. Онҳо шаҳрро ишғол намуда, ҳокими онро қатл мекарданд. Аммо пас аз рафтани қӯшуни асосии онҳо аҳолии Ӯротеппа (инчунин Хуҷанд) сар бардошта, истиқлолияти худро дубора ба даст медароварданд. Сипас, боз юриши нави истилогарон сар мешуд. Солҳои 1841–1848 Ӯротеппа дар таҳти тасарруфи Бухоро қарор гирифта буд. Вале пас аз чанде боз ҷангу талош, муҳосираҳои тӯлонӣ ва танаффусҳои кӯтоҳмуддати осоишта шурӯъ мегардиданд. Дар арафаи ба Россия ҳамроҳ карда шудан мулки Ӯротеппа дар ҳайъати аморати Бухоро буд.
ҳамагӣ дар асри ХIХ, дар зарфи шашуним даҳсола ба Ӯротеппа тақрибан панҷоҳ бор лашкар кашида шуд, дар он ҷо бисту панҷ ҳоким иваз гардид. Дар ҳар як-яку ним сол шаҳр ва атрофи он боз ва боз ба харобазор табдил меёфт. Дар асарҳои онвақта тасвирҳои дилхароши ваҳшоният ва кушторҳо, ки ҳодисаҳои муқаррарии ҳамарӯза гардида буданд, бисёр дучор меоянд. Дар вақти яке аз лашкаркашиҳояш ба Ӯротеппа Олимхон ба сарбозони худ амр намуд, ки шаҳрро тороҷ кунанд. Дар натиҷа, чунон ки сарчашмаи хаттӣ хабар медиҳад, «ба ҷуз хоку санг ҳар он чӣ, ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Тамоми аҳолии Ӯротеппа, марду зан бо пои луч ва тани урён, нолаву фиғонкунон мисли гадоён ба назди сарбозон омада, ҳоли табоҳи худро баён мекарданд ва хӯроку пӯшок металабиданд.
Сарчашмаи дигар маълумот медиҳад, ки истилогарон «мисли мӯру малах» фурӯ рехтанд ва дар шаҳру атрофи он «ғайр аз хоку санг чизе боқӣ намонд». Шоираи ӯротеппагӣ Дилшод, ки шоҳиди яке аз мавридҳои истилои қӯшуни Хӯқанд қарор гирифтани Ӯротеппа будааст, менависад, ки ишғолгарон аввал деҳаҳоро ғорат карданд, боғҳо, пулҳо ва иморатҳои беруни шаҳрро оташ заданд. Пас аз шаш рӯзи муҳосира ва ҷангҳои кӯчагӣ ғосибон ба шаҳр зада даромаданд. Сарбозон, нӯкарон ва муқаррабони амир хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороҷ мекарданд, фосиқӣ ва беномусӣ менамуданд. Дар ҳар ҷо дорҳо сохта буданд.[19] Аз субҳ то шом одамонро қатл мекарданд. Деҳаҳо тамом валангор гардида, киштзорҳо поймол ва сӯзонда мешуданд. Дар солҳои 1806–1807 худи шаҳр ҳам аз тарафи сарбозони Хӯқанд оташ дода шуд. Пас аз ҳар як ҳуҷуми душман дуди оташ, қӯраи хокистар ва нолаву шеван боқӣ мемонд. Аҳолӣ гуруснагӣ мекашид ва ҳалок мешуд. Танҳо савдогарони корчаллон аксаран аз ҳодисаҳои фоҷиангез ҳам барои худ нафъ ҳосил мекарданд. Вақте ки Ӯротеппа ба дасти амирҳои Бухоро медаромад, пулҳои хӯқандӣ арзиши худро гум менамуд ва савдогарон ин пулҳои беқадрро аз аҳолӣ муфт ҷамъоварӣ карда, ба Хӯқанд мебурданд ва онҳоро бо арзиши пурра барои хариди молҳо истифода мекарданд. ҳар гоҳ ки Ӯротеппа ба дасти хонҳои Хӯқанд мегузашт, бо пулҳои бухороӣ ҳам айнан чунин ҳодиса рух медод. Ин фиребгариву ҳуққабозиҳо азобу машаққати мардуми авомро боз ҳам афзунтар мекард.
Дар байни аморати Бухоро ва Шаҳрисабз низ муттасил ҷанг ва задухӯрдҳо ба амал меомаданд. Чунон ки сайёҳ ва олими рус А.Л.Кун навиштааст, «беки Шаҳрисабз исман қисми таркибии аморати Бухоро маҳсуб ёфта, амалан қариб ҳамеша дар зери ҳукмронии ҳокимони аз қабилаи кенагас баромадаи ӯзбек ҳаёти мустақилона ба сар мебурд».[20] Қабилаҳои ӯзбеки кенагас, қунғрод ва минг, ки дар вилояти Шаҳрисабз зиндагонӣ мекарданд, пас аз ба сари ҳукумат омадани Манғития бештар ба фишор дучор гардида буданд. Аз ин сабаб, онҳо ҳамроҳи тоҷикон ва дигар мардумони ин вилоят аз итоати ҳукумати Бухоро сар тофта, ҳокимон ва сардорони қабилаҳои худро пуштибонӣ намуданд.
Чи навъе ки Аҳмади Дониш менависад, Насруллохон қаблан ҳамаи онҳоеро, ки дар «фитнаи эл ва улус» иштирок доштанд, нобуд сохт ва сипас ба лашкаркашиҳои ғоратгаронаи худ, аз ҷумла ба ҳуҷуми Шаҳрисабз камар баст.[21] Қалъаи мустаҳками шаҳрро фатҳ кардан ба қӯшуни Бухоро муяссар нагардид, бинобар ин сарбозони истилогар деҳаҳои атрофи онро ғорат ва хароб намуданд. Сайёҳи рус менависад: «ҳар сол баҳорон ӯ (амир Насрулло–Б.Ғ.) барои нобуд кардани киштзорҳои ғалла дастаҳои савораи худро ба манзараҳои Шаҳрисабз мебаровард». Дар натиҷа гуруснагӣ сар мезад, нархи ғалла ва дигар хӯроквориҳо бағоят баланд мешуд.[22] Дар соли 1856 пас аз 32 бор ҳуҷум овардан, ниҳоят, амир Насрулло Шаҳрисабзро ба худ тобеъ намуд. Ин вилоят ба сабаби ҷангҳои пурдавом на камтар аз Ӯротеппа хароб гардид.
Муборизаи байни гурӯҳҳои мухталифи синфи ҳукмрон баҳри ба даст овардани ҳокимият дар давлати хонии Хӯқанд, лашкаркашиҳои ғоратгаронаи хонҳои Хӯқанд ба мулкҳои қазоқон[23], қирғизон[24] ва тоҷикони кӯҳистон[25] низ ба тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда зиёни ислоҳнопазир расонида, ба сари аҳолии меҳнаткаш азобу уқубатҳои фавқулодда оварданд.
-
Соддагb ва порсоии Шо[мурод ба дараxаи афсона расида, номи аслии e «Амир Маъсум» (ба маънии «амири бегуно[» ) маш[ур шудааст – ниг.: Семёнов А.А., 1953, с. 41–42. Аммо золимии e низ ба андозае муосиронашро мута[айир сохтааст, ки таърихи вафоташро «золим мурд» гуфтаанд –ниг.: Семёнов А.А., 1924, с. 163, эзо[и 2. ↑
-
Давидович Е.А., 1964, с. 164–168. ↑
-
Мирзошамси Бухорb, 1861, с. 45. ↑
-
Бартольд В.В., 1963 в. с. 281. ↑
-
Мухторов А., 1964 с. 45 ↑
-
Семёнов А.А., 1954 а, с. 3. ↑
-
«Роxеъ ба вазъияти кунунb», 1826, с. 176–177; 1826, с. 130–131. Чунин хусусияти муносибат[ои байни амир {айдар ва [окими {исорро Миризатулло [анeз дар соли 1813 rайд карда буд –ниг.: Соколов Ю.А., 1957, с. 211. Дар сол[ои 1815–1816 амир {айдар метавонист амр кунад, ки тоифа[ои Uузор ба чарого[[ои {исор равон шаванд –ниг.: Абдура[имов М.А., 1961; с. 70–103 (номаи №1 722). Доир ба таърихи {исор –ниг.: Давидович Е.А. ва Мухторов А., 1969, с. 35–37. ↑
-
Соколов Ю.А., 1957, с. 199–200. ↑
-
Сомb, 1962 в, 63 а-б. ↑
-
Му[аммадъrуб, дастнавис, в. 157 б. ↑
-
Семёнов А.А., 1954, а. с. 3-4 ↑
-
Ханыков Н.В., 1843, с. 231. ↑
-
Муфассалан ниг.: Вяткин В.Л., 1928; Троицкая А.А., 1953. Инчунин ниг.: Галкин М.Н., 1968, с. 210–222. Роxеъ ба reшуни Бухоро маълумоти пурарзише дар баёноти асирони дар reшуни Бухоро хизматкардаи рус, ки пеш аз рафтан аз Бухоро арз доштаанд, мавxуд аст. ↑
-
Семёнов А.А., 1954, с. 4 ↑
-
Таърихи сиёсии на [амеша даrиr, вале пурратар – ниг.: Наливкин В.П., 1886. Аз му[имтарин тадrиrоти нав – ниг.: Иванов П.П., 1939, 1958; Rаюмов А.А., 1961, 1961 а; Набиев Р.Н., 1961, 1966; Усенбоев К, 1961; Ромодин В.А., 1963; Мухторов А., 1964; Xувонмардиев А., 1965; Xамгарчинов Б., 1966; Плоских В.М., 1968; Троицкая А., 1969. ↑
-
Ин сана бо маълумоти сарчашма[ои ого[тар бештар мутобиrат дорад, [арчанд аз э[тимол дур нест, ки соли анxоми [укмронии Олимхон 1809 ё 1811 бошад. Вале В.И.Наливкин (1886, с. 76–77) оuози салтанати Умархонро соли 1808 [исоб кардааст, ки тамоман хатост. ↑
-
Наливкин В.П., 1886, с. 125, 144. ↑
-
Дар хусуси мулки Ӯротеппа ва xанг[ои барои Ӯротеппа дар байни аморати Бухоро ва хонии Хerанд баамаломада – ниг.: Мухторов А., 1957, 1964. ↑
-
Мухторов А., 1964, с. 43–44: 1969, с. 77. ↑
-
Кун А.Л., 1880, с. 205. ↑
-
А[мади Дониш, 1960, с. 31, 1967, с. 38. ↑
-
Яворский И, Л., 1883, с. 46. ↑
-
Иванов П.П., 1939. ↑
-
Усенбоев К., 1961, с. 13–16. ↑
-
Искандаров Б.И., 1960, с. 49–55. ↑