Фанни Таърихи точикон

Осиёи миёна дар асрҳои II-I пеш аз милод

Бохтар ва Суғд

Аз тарафи йуҷиҳо истило шудани Бохтар боиси минбаъд пароканда ва ғайримутамарказ шудани он гардид. Вақтҳои аввал дар ҳар як шаҳр ва маҳалҳои атрофи он ҳоким менишаст. Ин тарзи идора аз замонҳои давлати Юнону Бохтар монда буд. Маъхазҳои хитоӣ хабар медиҳанд, ки дар ихтиёри ҳокими йуҷиҳо панҷ вилоят вуҷуд дошт. Баъди ба Даҳя – Бохтар кӯчидан «хонаводаи йуҷиҳо ба панҷ хонаводаи ҳокимон тақсим шуд»[1]. Ин матн далолат мекунад, ки тақсимоти территориявии йуҷиҳо ба принсипи авлоду қабилавӣ асос ёфтааст ва ин принсип дар байни кӯчманчиёне, ки баъдҳо ҳам ба Осиёи Миёна омадаанд, бисёр дучор мешавад.

Волиёни ин вилоятҳо унвоне доштанд, хитоиҳо онро бо калимаи «хи-хэу» (талаффузи қадимияш ŋhӯap-goh) ифода кардаанд. Қариб шакке нест, ки ин худи ҳамон унвон мебошад, ки баъдҳо дар тангаҳои Кушониён ба намуди уаvуgа ба назар мерасад ва сипас, ба туркҳо ба шакли «ябғу» гузаштааст. Ба ақидаи Г.Бейли, баромади унвони мазкур форсӣ ва маънояш бояд «сардор» бошад.[2]

Тартиби реалии воқеаҳое, ки дар асрҳои II–I пеш аз милод ҷараён ёфтаанд, амалан маълум нестанд. Ягона маълумоте, ки мо дорем, аз тадқиқи материалҳои нумизматӣ ва археологӣ ба даст омадаанд.

Эҳтимол, баъди заволи давлати Юнону Бохтар ҳам, дар сарзамини Бохтар обола ном пули майдае дар муомилот буд, ки рӯяш расми подшоҳи Юнону Бохтар — Евкратидро дошт. Тангаҳое, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд, далолат мекунанд, ки ин тангаҳо дар замони йуҷиҳо ҳам, яъне дар охири асрҳои II-I пеш аз милод бароварда мешуданд. Зотан ин тангаҳо айнан ба намуди тангаҳои худи Евкратид сикка зада мешуданду фақат навиштаҷоти онро андак дигар мекарданд. Тахмин меравад, ки аз ин хел тангаҳо чанд намуд бароварда шудааст (онҳо аз ҳисор ва Қубодиён ёфт шудаанд)[3].

Дигар тангаҳо низ хеле муҳиманд, ки ба намуди тангаҳои яке аз охирин подшоҳони Юнону Бохтар Гелиокл бароварда шудаанд. Баъзе аз ин тангаҳо ба тангаҳои Гелиокл қариб айнан монанд аст, дар баъзе дигари онҳо сурати асп ҳаст, ки дар тангаҳои Гелиокл набуд. Тангаҳои сурати аспдор тангаҳои давраи сонӣ мебошанд ва, аз афти кор, аз ягон дигаргуниҳои сиёсӣ ва шояд аз кӯшишҳои марказонии ҳокимият дар асри I пеш аз милод далолат менамоянд. Ин тангаҳо дар водиҳои Сурхандарёву ҳисор[4] ва дар райони Фархори Тоҷикистон ёфт шудаанд.

Дар Суғд ҳам ба тақлиди тангаҳои Юнону Бохтар сикка мезаданд. Вале чун намуна тетрадирҳамҳои Евтидем истифода мешуд. Як қисми ин тангаҳо ба нусхаи қадимии аслӣ монанданд. Эҳтимол, дар нимаи дувуми муддати мавҷудияти давлати Юнону Бохтар сикка зада мешуданд (ва дар муомила буданд), яъне дар ҳамон даврае, ки Суғд, мумкин аст, аз зери ҳокимияти Юнону Бохтар аллакай озод шуда буд. Дигар навъ тангаҳо, ки аз нусхаи аслӣ хеле фарқ доранд, эҳтимол, баъди суқути Юнону Бохтар сикка зада мешуданд. Ин тангаҳо, аз афти кор, ба воҳаи Бухоро тааллуқ доранд.[5]

Ғайр аз ин дар Суғд (ва қисман дар Бохтар) дигар тангаҳо ҳам дар муомилот буданд. Тангаҳое, ки дар паси он сурати камонгар сабт шудааст, ҷолиби диққат мебошанд; бо хатти юнонӣ номи шоҳи Селевкиён Антиох навишта шудаасту вале дар рӯи танга расми Антиох не, балки расми волии маҳаллӣ нақш ёфтааст. Ин гуна тангаҳо аз Тали Барзуи қарибии Самарқанд ва аз Панҷакент ёфт шудаанд.

Тангаҳое, ки дар онҳо номи Гиркод сабт шудааст, хеле бисёранд ва хати онҳо қисман юнонӣ ва қисман суғдӣ мебошанд. Р.Гиршман таклиф мекунад, ки навиштаҷоти юнонии баъзе тангаҳо ин тавр хонда шавад: «ҳТангаи] Гиркод ҳписари] Ардетри сакараук». Дар сурати суғдӣ будани навиштаҷот номи мазкурро Артадр (ё Аратадр) ва сакараукро «сакараг» хондааст.[6] Дар асоси ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо Р.Гиршман иддао мекунад, ки Суғдро маҳз сакараукҳо ишғол кардаанд ва дар он маскан гирифтаанд ва зотан, аз ҳисоби сарвати ин вилояти бой иқтидори онҳо хеле афзудааст. Вале худи ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо боиси шак аст.

Дар поёноби Кофарниҳон (водии Бешкент) ва дар маҳалли Бобошоб (дар соҳили чапи Аму, дар байни истгоҳи Тошработ ва Муқрӣ) сағонаҳои калони кӯчманчиён кашф шудаанд. Онҳо андак дуртар аз воҳаҳои муқиминишини зи-роаткор, дар маҳалҳои нимбиёбон, вале дар қарибии чоҳу чашмаҳо воқеъ гар-дидаанд. Сағонаҳо берун аз ҳудуди заминҳои обӣ воқеъ гаштаанд. Ба ҳамин тариқ, мавқеи онҳо нисбат ба тамоми воҳаҳо гӯё як навъ мавқеи ҳукмрониро дорад. Аз дигар тараф, сағонаҳо дар мобайни убургоҳҳои Аму ҷой гирифтаанд. ҳамаи ин чунин нуктаро тақвият медиҳад, ки дар замони ба ноҳияҳои шимолии Бохтар кӯчидани одамон, шумораи зиёди мардум ба тарзи ҳаёти нимкӯчманчигӣ гузашта буданд.

Аз сағонаҳое, ки дар водии Кофарниҳон тадқиқ шуданд, материали фаровон– аслиҳа (пайкон, ханҷар ва ғ.), асбоби зинат (аз ҷумла, тиллоӣ), сафолот ва ғ.[7] ба даст омаданд. Аксари ин ашё, бешак, аз аҳолии маҳаллии муқимӣ гирифта шудааст, масалан, асбобҳои сафолии хоси бохтариҳо ва ғ. Ин далолат мекунад, ки ба туфайли таъсири мадании аҳолии маҳаллӣ бисёр унсурҳои маданияти Бохтар дар маишати кӯчманчиёни истисморгар бо суръату вусъат ҷорӣ гардид. ҳафриёт маълум кард, ки навомадаҳо мувофиқи намуди антропологии худ ба сокинони ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна – ба сакоиҳо ва усуниҳои ҳафтруду Назди Арал хеле қаробат доранд ва зимнан таъсири антропологии муғулсимоҳо ҳам возеҳ ба назар мерасад.[8] Вале эҳтимол дорад, ки ин ёдгории бегонагон не, балки ёдгории аҳолии кӯчманчии Бохтар бошад (фарзияи Б.А.Литвинский).

Сағонаҳои кӯчманчиёни навомада дар Суғд ҳам тадқиқ шудаанд. Масалан, сағонаҳои Қӯймазор ва Лавандак аз ҳамин қабиланд[9]. Аҳамияти таърихию мадании ин сағонаҳо ба аҳамияти сағонаҳои Бохтар қариб баробар аст. Дар ин ҷо, яъне дар Суғд ҳам навомадаҳо аз маданияти аҳолии маҳаллии муқимӣ баҳравар шудаанд.

Давлати қадимии Фарғона – Даван

Дар маъхазҳои хитоии асрҳои II–I пеш аз милод Даван ном як кишвари васеи пурсарвати серодам тасвир шудааст. Аксарияти куллии муҳаққиқон – ҳам русҳо ва ҳам хориҷиён Даванро дар Фарғона ҷой медиҳанд. Муаммо дар ҳамин, ки баромади калимаи «Даван»-ро, ки ба калимаи «Фарғона» ҳеҷ монандӣ надорад, чӣ хел шарҳ додан мумкин бошад. Умуман, калимаи «Даван» то асри III пеш аз милод дучор меояд. Баъд номҳои «Бохан» ва «Полона» ба назар мерасанд ва зимнан ишорат меравад, ки ин ном муродифи «Даван»-и қадим аст. Шубҳае нест, ки Полона транскрипсияи хитоии калимаи Фарғона мебошад[10]. Дар бобати Даван бошад, чи тавре дар боло ҳам қайд кардем, чунин ақида пешниҳод шудааст, ки хитоиҳо зери номи Даван кишвареро дар назар доштанд, ки номи он бо номи тахорҳо (Тахwақ) алоқаманд аст.

Мувофиқи маълумоте, ки дар охири асри II пеш аз милод аз Хитой дастрас шудааст, аҳолии Фарғона 300 ҳазор нафар будааст. Вале дар он вақт рӯйхатгирии аҳолӣ набуд ва инчунин усулҳои тақрибан муайянкунии шумораи аҳолӣ низ вуҷуд надошт. Ба ин сабаб рақами мазкур маҳсули хаёли сайёҳ аст, на хабари аниқу дақиқ. Дар Даван бисёр шаҳру деҳаҳои калон будааст (сарчашмаҳо 70 номгӯйро додаанд). Шаҳри асосии Даван — Арши будааст.

Ривоят мекунанд, ки «мардум чашмони чӯкида ва риши ғуллӣ доранд, дар тиҷорат моҳиранд… Занонро ҳурмат мекунанд. Зан чизе гӯяд, шавҳар ҳақ надорад, онро иҷро накунад»[11].

Даван чун мамлакате тасвир шудааст, ки хоҷагии қишлоқи мутараққӣ дорад. Дар ин ҷо токзорҳои калон будааст. Шаробе мекашидаанд, ки даҳҳо сол нигоҳ медоштаанд. Юнучқа мекиштаанд (номашро алафи «му-су» гуфтаанд).[12]

Хусусан, аспҳои Фарғона машҳур будаанд. Масалан, дар байни онҳо арғумоқҳое будаанд, ки ҳар як ашрофзодаи мамлакатҳои ҳамсоя орзу мекард, соҳиби чунин аспе шавад. Хитоиҳо, алалхусус, дар орзуи он аспҳои Фарғона буданд, ки «хун метаровиданд». Онҳо ин аспҳоро аспҳои илоҳӣ меномиданд ва итминон доштанд, ки савори ин гуна асп ба «абадистон» расидан мумкин аст. Хусусан, императори оли ханҳо Ву-ди, ки шабурӯз илоҷи ҷовид шуданро меҷуст, мудом орзу мекард, ки соҳиби чунин аспҳои хунтаровиш шавад. Ин аспҳои Фарғона дар Хитой, ҳатто мавриди парастиш шуданд. Кор ба дараҷае расид, ки шоирон дар ҳаққи ин аспҳо қасидаҳо гуфтанд. Лекин ин аспҳо ба қасида не, балки ба муолиҷа мӯҳтоҷ буданд, хун таровидани ин аспҳо, ки ба назари хитоиҳо қудрати илоҳӣ менамуд, аслан аз газидани кирму кана хуншор шудани пӯст буд.

Императорҳои Хитой мекӯшиданд, ки Даванро тасхир намоянд. Халқи Даван ба муқобили истилогарон дар муддати солҳо ҷанги вазнини хунин бурд. Соли 104 пеш аз милод ба Даван 60 ҳазор лашкари савора фиристода шуда, илова бар он ба мадади онҳо, чӣ тавре сарчашмаи хитоӣ менависад, «даҳҳо ҳазор ҷанговарони ҷавони хитоӣ» дода шуд. Ин лашкари сершумор шикаст хӯрда, ба мақсад нарасид ва боқимондаи ночизи он қафо гашт. Баъди ин ба Даван бори дувум ҳуҷум карданд, ки дар он лашкари шастҳазорӣ ва даҳҳо ҳазор мададгорон ширкат доштанд. Фарғонагиҳо зери роҳбарии шоҳи худ Муғия зидди истилогарон фидокорона ҷангиданд. Гарчанде дар ин муҳориба бисёр фарғонагиҳо ҳалок шуданд ва худи Муғия бо роҳи хиёнат кушта шуд, истилогарон Даванро гирифта натавониста, маҷбур гардиданд, ки ақиб раванд. Барои таъмини идомаи сиёсате, ки Муғия мебурд, баъди вай додарашро ба тахт шинонданд.[13]

Ба ҳамин тариқ, халқи Фарғона бо мадади дигар халқҳои ҳамсояи Осиёи Миёна истилои оли Ханҳоро рафъ кард ва истиқлоли худро нигоҳ дошт.

Халқҳо ва ноҳияҳои шимолӣ

Яке аз халқҳое, ки дар мушкилӣ дастгири фарғонагиҳо шуд, канғуйҳо буданд (талаффузи қадимиаш khan-kiah). Дар сарчашмаҳо Канғуй муфассал тасвир шудааст. Аз як тараф Канғуй бо Даван, яъне Фарғона, ҳамсарҳад буд ва зоҳиран, ин сарҳад аз ҷанубу шарқ мегузашт. Дар ҷануб ҳудуди Канғуй бо мулки йуҷиҳо мепайваст. Дар шимолу ғарб сарзамини Канғуй то Ян-сай, яъне то хоки қабилаҳои сармату олони Назди Арал тӯл мекашид ва ин қабилаҳо тобеи Канғуй буданд.[14]

Худи канғуйҳо киҳо буданд? Маркази сарзамини беканори онҳо дар куҷо буд? Ақидаи С.П.Толстов, ки мувофиқи он Канғуй ва Хоразм як чизанд, дар илми таърихшиносӣ хеле маъмул буд ва муддати дароз баҳснопазир дониста мешуд.[15] Вале тадқиқи муфассали сарчашмаҳо ва натиҷаи тадқиқотҳои навтарин нишон доданд, ки бисёр фактҳо муқобили ин ақида мебошанд.

Чарогоҳи канғуйҳо, эҳтимол дар лаби Сир воқеъ буда, қароргоҳи ҳокимони онҳо дар қарибиҳои Тошканд ҷой дошт. Ба ҳамин тариқ, маркази Канғуй дар маҷрои миёнаи Сир буд. Аз ин ҷо маълум, ки чаро канғуйҳо ба мадади фарғонагиҳо омада, зидди хитоиҳо ҷангиданд. Хоразм бошад, дар як гӯшаи дурдасти сарзамине воқеъ буд, ки ба Канғуй итоат мекард.

Нисбати этникии канғуйҳо мавриди баҳси олимон қарор гирифтааст. Ақидае ҳаст, ки онҳо турк мебошанд. Баъзеҳо исбот мекунанд, ки канғуйҳо аз мардумони тахоризабонанд. Вале дурусташ ҳамин, ки онҳо аз мардумони эронизабон буда, авлоду ворисони сакоиҳои Сир мебошанд.

Сарчашмаҳо канғуйҳоро «аҳли кӯчӣ» номидаанд. Инчунин ривоят меравад, ки мувофиқи урфу одат Канғуй «айнан бо Янсай як аст». Вале дар Янсай «мардум андаруни чордевори кулӯхӣ зиндагӣ мекунанд». Дар ҳақиқат, дар территорияи Қанғуй манзилгоҳҳо хеле бисёр буданд».[16]

Аз рӯи маъхазҳои хаттӣ маълум мешавад, ки Канғуй иттиҳоди тавонои давлатӣ буд. Дар айни авҷи тараққиёти худ дар асри I пеш аз милод 120 ҳаз. лашкар дошт. Канғуй сиёсати мустақилонаи хориҷиро пеш мебурд ва ба ҳамсояҳои худ дар муборизаи онҳо зидди истилогарони аҷнабӣ мадад мерасонд. Дар замони осоишта ҳам Канғуй ба намояндагони оли Ханҳо равшан нишон медод, ки оли Ханҳоро заррае писанд намекунад ва онҳо маъюсона хабар мекашиданд, ки «Канғуй… сарбаланд ва саркаш аст».[17]

Таърихи минбаъдаи Канғуй равшан нест. ҳанӯз дар соли 270 пеш аз милод вай ба мамлакатҳои хориҷи Осиёи Миёна ҳайъатҳои сафорат мефиристондааст. Баъдтар Канғуй тамоман аз қувват монда, ба ҳайъати давлати ҳайтолиён дохил мешавад.

Тадқиқоти археологии маҷрои миёнаи Сир нишон дод, ки дар ин ҷо сағонаву бошишгоҳҳо бисёранд. Аввалин бошишгоҳе, ки тадқиқ шуд (аз тарафи Г.В.Григорйев), бошишгоҳи Қавунчии назди Янгийӯл буд. Дар паҳлуи ин бошишгоҳ сағонаи Ҷуно воқеъ гардидааст. Археологҳо маданияти маҷрои миёнаи дарёи Сирро, ки дар асрҳои охири пеш аз милод ва асрҳои аввали милод вуҷуд дошт, маданияти Қавунчию Ҷуно меноманд. Доираи ин маданият баъдҳо вусъат ёфта, то ба кӯҳҳои Қаромазор ва Самарқанд расид. Ана ҳамин маданият маҳз маданияти Канғуй мебошад. Мувофиқи пайдоиши худ ин маданият, бешак, маданияти маҳаллӣ аст. Аз рӯи мадракҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки дар байни бутҳои канғуйҳо Фарн ном буте низ будааст, ки ба қатори бутҳои дини зардуштӣ медарояд. Ин бут ҳофиз ва ҳомии ҳам ҳокимон ва ҳам парастори рӯзгору оилаву саломатӣ мебошад. Баъзан ин бут ба намуди гӯсфанд муҷассам карда мешуд. Маҳз ба ҳамин сабаб аҳли Канғуй дастаи зарфҳои худро ба шакли ягон ҳайвон – дар ин сурат, ба шакли гӯсфанд месохтанд (боқимондаҳои ин тасаввурот дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам ба назар мерасанд)[18].

Усун (талаффузи қадимиаш *O-swən) иттиҳоди калони қабилаҳоест дар шимолу шарқи Осиёи Миёна ва Туркистони шарқӣ. Мувофиқи ривояте усунҳои аввал дар Муғулистон сокин шуда, баъд ба ғарб кӯчидаанд. ҳокими усунҳо Кунмо ном дошт (кун-бағ «сардори қабилаҳо»). Ривоят ҳаст, ки усунҳо дар Муғулистон зиндагӣ мекардаанд ва кунмо Нан-доу-мии ҳокими онҳо будааст. Баъдтар ба усунҳо йуҷиҳо ҳамла карданду Нан-доу-ми кушта шуд ва усунҳо ба хоки хуннҳо кӯчиданд, ки шояд хуннҳо онҳоро тарафгирӣ кунанд (мувофиқи як варианти дигар хуннҳо худашон сардори усунҳоро куштаанд). Аз Кунмои кушташуда як писарчаи навзод мондааст. Боре парастори ин писарчаи навзод «кӯдакро парпеч карда, мобайни алафҳо монду худаш рафт, ки қути лоямуте пайдо кунад. Гашта омада дид, ки модагурге ба кӯдак сина медиҳад ва зоғе пораи гӯшт дар минқор болои онҳо чарх мезанад. Парастор пиндошт, ки ин кӯдак бут аст ва ӯро бо эҳтиёт бардошта, ба назди хуннҳо бурд. Ба шанюйи хуннҳо ин писарак писанд омад ва ӯро ба тарбият гирифт. Вақте кунмо ба балоғат расид, шанюй раияи падарашро ба ихтиёри вай дод ва сардори лашкар таъин кард. «Кунмо қувват гирифта, дар охири охирон ба йуҷиҳо, ки ба ғарб кӯчида буданд, ҳуҷум кард ва қасоси падарашро гирифта, онҳоро торумор намуд»[19].

«Усунҳо на ба зироат машғуланд ва на ба боғдорӣ, балки бо чорвои худ ба куҷое, ки алаф бисёру об бошад, кӯчманчигӣ мекунанд» – мегӯяд сарчашма. Дар асри I пеш аз милод хитоиҳо тахмин кардаанд, ки шумораи усунҳо аз 600 ҳазор беш аст. Ин кишвар яке аз зӯртарин кишварҳои Осиёи Миёна буду Хитой дар назди он тамаллуқ мекард. Мақоми намояндагони ашроф баланд буд. Ба сарватмандии онҳо ҳамин як маълумот далолат мекунад, ки ҳар яки онҳо чорвои бешумор, аз як худи асп 4-5 ҳазор сар доштанд. Писарони болиғи кунмо ҳар яке соҳиби мулки худ буд ва кунмо ҳақ надошт, ки корҳои давлатиро танҳо худаш ҳал кунад.

Кунмои нав аз тарафи «оқсаққолон» ба тахт бардошта мешуд[20].

Охирин маълумот дар бораи усунҳо дар ҳисоботи Дун-Дин ном сафире ҷой дорад, ки соли 435 ба пойтахти усунҳо «Шаҳри Водии сурх» омада будааст, дар ҳамон вақт аварҳо усунҳоро сахт ба танг меовардаанд, баъдҳо усунҳо, умуман, истиқлолияти сиёсии худро аз даст додаанд[21].

Дар Тяншон ва дар ҳафтруд бисёр сағонаҳои усунҳо кашф шудаанд[22]. Материале, ки аз ин кашфиёт ба даст омад, имкон дод таърих ва маданияти усунҳо аниқтар ва равшантар карда шавад. Фақат ҳаминро бояд қайд кард: сарчашмаҳои хаттӣ хабар медиҳанд, ки усунҳо аз шарқ омадаанд, вале ин хабарро бечунучаро қабул кардан лозим не. Аз афти кор, ба Осиёи Миёна қабилаҳои нисбатан камшумор кӯчида омадаанд. Қисми асосии иттиҳоди қабилаҳое, ки дар таърих бо номи «усунҳо» маъмул аст, ин худи ҳамон аҳолии маҳаллии сакоӣ мебошанд, ки баъдҳо трансформатсия шудаанд.

Маълум, ки усунҳо на фақат чорводорӣ мекарданд. Онҳо ҳунармандӣ ва зироатро ҳам медонистанд. Гуфтан мумкин, ки усунҳо ҳам, мисли сакоиҳо дар мавзеъҳои калони Туркистони шарқӣ маскун буданд.

Порт. Ғалабаи Порт бар Рим

Иқтидори Порт дар аҳди Меҳрдоди II ниҳоят афзуд. Баъд аз сари вай (соли 88/7 пеш аз милод) кори Порт аввал омад накард. Дар ҳамин вақт Рим дар шарқ сиёсати ниҳоят таҷовузкорона мебурд. ҳар ду тараф дарёи Фуротро хатти сарҳадди ду мамлакат муқаррар карданд. Вале амалиёти таҷовузкоронаи римиҳо ногузир портҳоро низ ба ҷангу ҷидол мекашид, алалхусус, ки портҳо ҳам феълу хӯи тез доштанд. Аввалин задухӯрдҳо соли 65 пеш аз милод шуд ва римиҳо ғалабаи комил ба даст оварданд.

Соли 54 пеш аз милод Рим ба юриши калони зидди Порт тайёрӣ дидан гирифт. Ба лашкари римиҳо Красс ном лашкаркаши машҳур сарварӣ мекард, вале Красс ҷои муҳорибаҳоро мутлақо намедонист ва бо тактикаи портҳо шинос набуд. Қисми асосии лашкари портҳо бо сардории шоҳ Ороди II ба Арманистон дохил шуданд ва умед доштанд, ки лашкари Красс ба ин ҷо меояд. Вале Красс ба водӣ баромада, ба тарафи Байнаннаҳрайн раҳсипор шуд ва зимнан ба ҳисоб нагирифт, ки лашкари савораи портҳо маҳз дар водӣ хавфи зиёд дорад. Лашкари римиҳо аз Фурот гузашт ва лашкари портҳо қасдан ақибнишиниро вонамуд карда, бо фиреб душманро аз паси худ ба масофаи роҳи се-чоррӯза ба як маҳалли дурдасти хилват овард. Сарлашкари портҳо Сурона ба муҳориба нағз тайёрӣ дид. Ғайр аз дастаҳои муқаррарии аскарони савора вай ҳазор катафрактарий, яъне саворагони зиреҳпӯш дошт. Вай пешакӣ тири бешумореро захира кард.

9 майи соли 53 пеш аз милод дар қарибии шаҳри Карра портҳо ба лашкари римиҳо дарафтоданд. Пеш аз муҳориба садои мудҳиши нақораҳои ҷангии портҳо ба осмон печид. «Бо ин наъра ба дили римиҳо воҳима андохта,– менависад Плутарх (Марк Красс, 24),– портҳо ба якборагӣ чодар аз китф партофтанд ва дар пеши назари римиҳо чун алангаи оташ ҷилвагар шуданд – хӯду зиреҳи онҳо аз фӯлоди Мароға буду дар офтоб рахшида, чашмҳоро мебурд, аспони онҳо ҳам зиреҳи мисӣ ва оҳанӣ доштанд. Худи Сурона пеш баромад, ки марде буд қавиҳайкал ва хушсурат. Портҳо тез сафи сирак кашида, аз дур қариб нишон нагирифта (римиҳо чунон зич меистоданд, ки кас хоҳад ҳам тираш хато намерафт), римиҳоро тирборон карданд ва камонҳои калони зеҳсахти худро бо тамоми қувват қат карда, тирҳои ҷоншикор раҳо менамуданду зарбаҳои сахти кироӣ мезаданд. Дар чунин шароит ҳоли римиҳо табоҳ шуд…»

Красс инро дида беҳтарин қисмҳои лашкари худро бо сардории писараш ба ҷанг даровард. Портҳо нохост қафо гурехтанд. Вақте ки дастаи римиҳо портҳоро таъқибкунон хеле дур рафтанд, портҳо якбора, худи римиҳоро иҳота карданду ҳамаро аз дами теғ гузаронданд.

Лашкари римиён дар торикии шаб роҳи гурезро пеш гирифт, вале халос шуда натавонист. Дар ниҳояти кор аксари сарбозони римӣ кушта шуда, боқимондаашон асир афтиданд. Красс низ ҳалок шуд. Сари ӯро аз тан ҷудо карда, чун ғанимати ҷангӣ ба Ороди II оварда доданд[23].

Мувофиқи хабари баъзе маъхазҳо, римиёни асирро дар ноҳияи Марв маскун карданд. Дар ин ҷо легионерҳои Рим хонаву бачадор шуданд ва дар лашкари портҳо хизмат мекарданд (Горатсий, «Одаҳо», III, 5, 5). Як қисми онҳо, аз афти кор, ба тарафи шимолу шарқ рафта, дар ҳафтруд сокин шуданд[24]. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Нисо гуфта мешавад, ки аз сардорони тагма шароб қабул карда шуд ва зимнан номи он сардорон портӣ аст. «Тагма» бошад, калимаи юнонист, ки дар аҳди Рим маънои «легион»-ро дошт.

И.М.Дяконов ва В.А.Лившитс тахмин мекунанд, ки дар ҳуҷҷати Нисо шаробе қайд шудааст, ки аз легионерҳои сокини Порти шарқӣ омадааст[25]. Ин тахмин ҷолиби диққат аст, вале онро баҳснопазир гуфтан мумкин не, зеро, эҳтимол, ин истилоҳот дар рафти робитаи порту римиҳо ба забони портӣ дохил шуда бошад (шояд ин калима бевосита аз забони юнонӣ гирифта шуда бошад, ки он маънои «саф», «дастаи лашкар»-ро дошт).

Дар аҳди подшоҳ Покор соли 40 пеш аз милод портҳо, ҳатто Сурия ва Фаластинро тасхир намуданд. Осиёи Сағир ба онҳо мутеъ шуд. Рости гап, Рим дере нагузашта ин ҷойҳоро боз кашида гирифт. Вале муҳимаш ин не – муҳимаш ҳамин, ки дар асри I пеш аз милод Порт душмани тавонои Рим буд ва лашкари портҳо борҳо лашкари римиёнро торумор кард.

  1. Бичурин, II, с. 184, 227.

  2. Дар ин бора ниг.: Литвинский Б.А., 1967 б, с. 36.

  3. Мандельштам А. М., 1966 в.

  4. Массон В.М., 1957 6.

  5. Массон В. М., 1954.

  6. Ghirshman K., 1946, р.111-115; Массон В. М., 1955, с. 42-43; ИТН, I, 1063, с. 34-347. Дар бораи мушкилоти хондани навиштаxоти суuдии танга[ои ин давра ниг.: Henning W.B., 1958, s.26.

  7. Мандельштам А.М., 1966 а; 1975. Дар сол[ои охир бо [африёти reрuон[ои водии Бешкент (райони Ша[ртузи РСС Тоxикистон) яке аз отряд[ои Экспедитсияи археологии xануби Тоxикистон машuул аст, ниг.: Медведская И. Н., 1976).

  8. Кияткина Т. П., 1955, с. 6, 8; 1976, с. 86-125.

  9. Обельченко О. В., 1956, 1961.

  10. Мувофиrи анъанаи маъхаз[ои хитоb Р’о-1о-nа дар сарчашма[ои сол[ои 436-437 дучор мешавад (Pelliot P., 1934, р. 41).

  11. Бичурин, II, с. 161-162, 188.

  12. Дар [амон xо, с. 161-162, 186-188.

  13. Бичурин, II, с. 163; I, с. 162-167 б, с. 350-351.

  14. Бичурин, I, с. 150, 165. 166, 229.

  15. Толстов С. П., 1948 а, с. 20-26.

  16. Литвинский Б. А., 1968.

  17. Бичурин, II, с. 184-185.

  18. Григорьев Г. В., 1948; Тереножкин А. И., 1950 6, с. 158-160; Мухторов А., 1966, с. 7; Литвинский С. А., 1968.

  19. Бичурин, II, саҳ. 155-156. Оид ба та[лили масъалаи пайдоиши усун[о ниг.: Зуев Ю. А., 1960, с. 121-124; Pulleyblank E.G., 1970, р. 154-160.

  20. Бичурин, II, с. 190-198.

  21. Зуев Ю. А., 1960, с. 121.

  22. Воеводский М. В., Грязнов М. П., 1938; Бернштам А. Н., 1950; Кибиров А. К., 1959; Акишев К.А., Кушаев Г. А., 1963.

  23. Тафсилоти инро ниг.: Бокщанин А. Г., 1949.

  24. Dubs H.H., 1957.

  25. Дьяконов И. М., Лившиц В. А., 1966, с. 150-151.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *