Фанни Таърихи точикон

Хати суғдӣ ва адабиёти он

Чи тавре дар боло гуфта гузаштем, хати суғдӣ аз хати оромӣ бармеояд. Дар он даврае, ки алҳол мавриди назар аст, хати суғдӣ хати курсив буд. Одатан дар амалия 18-19 ҳарфи алифбо ба кор мерафт ва баъзе калимаҳо бо идеограмма ифода карда мешуд. Соли 1965 дар арки Панҷакент археолог А.Исҳоқов бори нахуст дар таърих алифбои суғдиро ёфт. Дар танаи хуме ҳарфҳо ва машқи хат сабт шуда буд. Алифбо 28 ҳарф дорад, ки он тамоми ҳарфҳои алифбои оромӣ аст ва ҳатто он ҳарфҳое низ ҳастанд, ки амалан истифода намешуданд. Ана акнун маълум шуд, ки чаро Сюан-сзан «аз бист андаке зиёд»[1] гуфтаасту 18-19 ҳарф нагуфтааст, ки он амалан ба кор мерафт — вай ин маълумотро аз ягон суғдии босавод гирифта будааст ва ин суғдӣ ба вай шумораи аслӣ» яъне гуфтан мумкин, шумораи назариявии ҳарфҳоро хабар додааст, ки ҳар як одами саводноки он давра медонист. Хати суғдӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна ҳар хел буд, масалан, хати суғдии Самарқанд фарқ дошт.

Осори хати суғдӣ, пеш аз ҳама, дар Туркистони шарқӣ ёфт шуд. Ин осор бо ҳуруфоти суриёнӣ, монӣ ва боз ба ҳуруфоти навъи севуме навишта шудаанд, ки он айнан мисли ҳуруфоти уйғурӣ набошад ҳам, ба он андак шабоҳат дорад. ҳамаи ин матнҳо бо як забон иншо шудаанд. Дар баъзе матнҳо истилоҳи тақвим ҳаст ва он бо истилоҳи тақвим, ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия»-и худ суғдӣ номидааст, айният дорад. ҳамаи ин имкон дод муқаррар шавад, ки забони матнҳои мазкур забони суғдӣ ва он ҳуруфоти навъи севум ҳуруфоти аслии суғдӣ мебошад.[2]

Материалҳои забони яғнобӣ имкон дод, ки ин матнҳо хонда шавад.[3]

Аввалин маълумот дар бораи забони яғнобӣ баъди ба Яғноб сафар кардани шарқшиноси рус А.Л.Кун ва ҳамроҳи вай Мулло Абдураҳмон ном марди тоҷик ба даст омад. Минбаъд дар бораи ин забон Ш.Акимбетов, Е.Ф. Кол, Н.Г.Маллитский, К.Г.Залеман ва дигарон маълумот ҷамъ карданд. Аз ҷумлаи олимони советӣ, ки дар худи Яғноб забони яғнобиро тадқиқ кардаанд, М.С. Андреев ва Е.М. Пешерева, С.И. Климчитский ва Л.А. Хетагуров, М.Н. Боголюбов ва А.Л.Хромовро номбар кардан мумкин аст. Ба Яғноб забоншиносони хориҷа — Р. Гото ва Г.Юнкер ҳам омада рафтаанд. Инчунин номи эроншиноси немис В.Гейгер ва олими Франсия Э.Бенвенистро бояд зикр кард. Сохти грамматикаи забони яғнобӣ тадқиқ карда шуд. Маълум гардид, ки ин забон забони шарқиэронӣ буда, дар асоси яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ инкишоф ёфтааст.

Аксари фонди луғавии он ба лексикаи суғдӣ тааллуқ дорад. Дар ноҳияи дурдасту мушкилгузари водии Яғноб боқӣ мондани ин забони нави суғдӣ дар тадқиқи осори хати суғдӣ мадади бебаҳое расонд.[4]

Дар боло мо дар бораи алифбое сухан рондем, ки дар Панҷакент ёфт шуда буд. Ин бозёфт дар айни ҳол далолат кард, ки барои саводомӯзон машқҳои махсуси хат вуҷуд дошт. Ин гуна машқҳои хати суғдӣ дар Марв низ ёфт шуданд. Дар арки Марв Л.А.Марушенко сафолпораҳои пури матни арабӣ ва машқҳои хати забони миёнаи форсӣ (паҳлавӣ) ва суғдиро ёфт.

Аз афти кор, ин боқимондаи дабиристон, яъне мактаби хаттотони асри VIII аст, ки дар он ҷо талабаҳо хати арабӣ ва хати суғдиро меомӯхтанд, ки ҳанӯз дар муносибатҳои байналхалқии он давраҳо мақоми калон дошт.[5]

ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ далолат менамоянд, ки дар Суғд хаттотони касбии баландихтисос буданд ва аксар ҳуҷҷатҳо бо хатти ниҳоят зебо ва хоно навишта шудаанд. Аксар вақт дар поёни ҳуҷҷатҳо чунин таъбир ба назар мерасад: «Бо супориши фалонӣ фалонӣ навишт». Масалан, номи Аспанаки Девгон ном хаттот то ба мо расидааст. Яке аз беҳтарин хаттотони Суғд дар ибтидои асри VIII Рамтиш ном касе буд, ки падараш Вғашфарн ном доштааст ва он никоҳхати зеборо маҳз ҳамон Рамтиш навишта будааст.

Ба туфайли ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ мукотибаи расмии суғдиён, ҳуҷҷатҳои юридикӣ, мактубҳои муқаррарӣ, мукотибаи хоҷагӣ ва ғ. дастраси мо шуданд.

Сюан-сзан қайд кардааст, ки дар Суғд «як навъ адабиёт ҳаст» (ин таъбирро дигар хел хондан ҳам мумкин: «як навъ солномаҳои таърихӣ ҳаст» ё худ онҳо китобҳо ва солномаҳои таърихӣ доранд»).[6]

Дар ҳақиқат, суғдиён соҳиби адабиёти бойи динӣ ва дунявӣ буданд. Масалан, китобҳои суғдии буддоӣ бо хати аслии суғдӣ навишта шудаанд. Аз ҷумлаи ин адабиёт тарҷумаи суғдии «Вессон тараҷатакӣ» аз ҳама муҳимтар аст. Дар ин китоб дар баробари матни суғдии ин ҷатакӣ матнҳои он ба забони палӣ, тибетӣ ва хитоӣ низ ҳастанд ва ин ба яке аз беҳтарин донандагони забони суғдӣ Э.Бенвенист имкон дод, ки матни суғдии ин асари буддоиро пурра хонда барояд. Матни суғдӣ 1513 сатр аст (фақат чанд саҳифаи аввал ва чанд сатри охираш нест).

Мазмуни ҷатакӣ чунин аст: «Баъди интизории тӯлонӣ подшоҳ писаре меёбаду номашро Судошан мемонанд. Баъди балоғат (Судошанро ба духтари зебое хонадор мекунанд ва онҳо соҳиби 2 фарзанд мешаванд. Барои кадом як гуноҳе подшоҳ шоҳзодаро ба кӯҳи дурдасти пурдаҳшате бадарға мекунад, ки он макони даррандагон ва ҷинҳои одамхӯр буд. Занаш ду фарзандашро гирифта ва ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда, ҳамроҳи вай ба сафар мебарояд. Шоҳзода, ки дар ҳиммату саховат ном бароварда буд ва маҳз барои ҳамин ҳам ба сараш кулфати бисёр меомад), тамоми чизу чораашро ба дигарон тақсим карда медиҳад.

Ниҳоят, онҳо ба як биёбони касногузари пурбими фалокатбор рафта мерасанд. Худои таоло ба онҳо раҳмаш меояду қасри пурҳаловате барои онҳо ато мекунад. Шоҳзода ва зану фарзандонаш каме дар қаср дам мегиранду шоҳзода боз азми сафар мекунад, то ин ки гуфтаи падарашро аниқ ба ҷо оварад. Дар охир онҳо ба он кӯҳи мудҳиш омада мерасанд ва шоҳзода аз шоху алаф козае сохта, дар он ҷо маскун мешавад. Саховати Судошан ба ҷое мерасад, ки вақте роҳгузаре фарзандони ӯро талаб мекунад, фарзандонашро ба вай мебахшад ва ниҳоят Худои таоло ба мардум чӣ андоза сидқ доштани Судошанро донистанӣ шуда, ба пеши вай пирамардеро мефиристонад ва ин пирамард аз Судошан талаб мекунад, ки зани зебояшро ба вай бахшад. Судошан занашро ба пирамард мебахшад, вале пирамард мегӯяд, ки дертар омада гирифта мебарад ва худаш ғайб мезанад. Раҳгузаре, ки фарзандони Судошанро гирифта буд, ба пойтахти падари Судошан расида меояд ва подшоҳ писарони Судошанро харида мегирад. Онҳо азобу кулфати падари худро ба бобояшон ҳикоя мекунанд. Баъди илтиҷои зиёд Судошан ба назди падари худ бармегардад ва падараш ӯро ба ҷои худ ба тахт мешинонад. Поёни ҷатакӣ хитобаи худи Буддо буда, дар он гуфта мешавад, ки шоҳзода Судошан худи Буддо асту ӯ дар яке аз давраҳои таносухи худ дар чунин шакл вуҷуд дошт».[7]

Маълум, ки сикли ҷатакӣ яке аз муҳимтарин фаслҳои адабиёти ҳиндии буддоӣ мебошад. Инчунин асарҳои буддоие низ буданд, ки аз мавзӯи илми илоҳиёт баҳс мекарданд. Е.Э.Бертелс навишта буд: «Гуфтан лозим, ки қимати бадеии матнҳои мазкури суғдӣ баланд нест. Вале инро ҳам фаромӯш кардан лозим не, ки онҳо тарҷума мебошанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин, ки ин матнҳо ба зиммаи мутарҷимони суғд вазифаи бениҳоят мураккабтар гузошта буд ва дар айни ҳол, ин матнҳо ба мутарҷимон мадад мерасонданд, ки забони худро такмил диҳанд ва ба дараҷаи забони бою мукаммали адабиёти ҳиндустони қадим – ба дараҷаи забони санскрит баланд бардоранд».[8]

Бояд қайд кард, ки тарҷумаи суғдӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ набуд ва баъзе ҷойҳои он аз асл дур мерафт. Тарҷумон ба тарҷумаи худ нуктаҳое илова кардааст, ки дар матни аслӣ нест, вале аз ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти суғдиёни онзамона бармеомад.[9]

Ба қавли Наршахӣ, дар Бухоро як силсила ривоятҳое маъмул будаанд, ки аз корномаҳои Сиёвуш ном шоҳи афсонавӣ нақл мекардаанд. Ин ривоятҳо манзум будаанд ва онҳо дар майдону кӯчаҳои шаҳрҳо суруда мешудаанд. ҳамон достоне, ки аз марги Сиёвуш ҳикоя мекард, номи махсус дошт ва онро «Сӯги муғон» меномиданд. Аз афти кор, Сиёвушро суғдиёни Самарқанд ва инчунин дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна мепарастидаанд.[10]

Дигар фасли достон — достони Рустам ва аспи вай Рахш, ки ба суғдӣ иншо шудааст, танҳо дар намуди ду пораи ҷудогона дастрас гардидааст. Дар пораҳо ҳикоят мешавад, ки Рустам девҳоро таъқиб кард, бисёрии онҳоро кушт ва як қисми девҳо ҷон ба саломат бурда, андаруни қалъае пинҳон шуданд. Рустам аз кайфи зафар завқ бурда, дар марғзоре ба истироҳат рафт, зину лаҷоми Рахшро кушода, ба чаро сар дод ва худаш ҳам либоси ҷангиашро кашида монду ба хоб рафт. Дар мобайн девҳо ба худ омада, аз қалъа баромаданду аз пайи Рустам афтоданд, ки илоҷе ёфта ӯро нобуд кунанд. Баъди ин лашкари девҳо тасвир шудааст, ки савори аробаю филу аспу дарандаву газандаву хазанда бо даҳшату ваҳшату мағалу ғавғои мудҳиш ба роҳ мебароянд ва баъзе девҳо мисли каргасу калхот бол мезананду сарозер парвоз мекунанд. «Аз қиёми девҳо пардаи осмон дариду барфу борон, тагаргу жола ва раъду барқ бар замин фурӯ рехт, девҳо наъракашон замину замонро ба ларза меоварданд ва аз худ дуду оташ медамиданд». Рустами Дастон бошад, бехабар аз ин ҳама ғарқи хоб. Аммо ҷони Рустамро Рахш халос карда, ӯро аз хоби ғафлат хезонд. Рустам пӯсти шерро ба худ ҷавшан сохта, ба ҷанг омода шуд. Вақте ки девҳо наздик омаданд, Рустам вонамуд сохт, ки сахт тарсидаасту фирор хоҳад кард. Девҳо аз паси вай афтоданду Рустам ҳам каме онҳоро пеш оварда, ногаҳон пас гашту мисли шери жаён ба девон дарафтод.

Охири достон боқӣ намондааст. Ниҳоят, ривояти суғдии масалҳои «Калила ва Димна», аз ҷумла, ҳикояти тоҷир ва суфтагар ҷолиби диққат мебошад. Ғайр аз ин дигар асарҳои адабии суғдӣ низ бисёранд.[11]

Ақоиди мазҳабӣ

Дар бораи ақоиди мазҳабии аҳли Суғд дар маъхазҳои гуногуни суғдӣ, хитоӣ, арабӣ ва тоҷикию форсӣ маълумот ба назар мерасад. Вале муқоисаи ин маълумотҳо кори ниҳоят душвор аст, ба ин сабаб дар бораи тартиби диндории суғдиён дар адабиёт то ба ҳол ягон асари мукаммале таълиф нашудааст. Ба маъхазҳо муроҷиат мекунем.

Дар Суғд «арвоҳи Дэсиро мепарастанд ва аз дарёи ғарб (яъне баҳри Каспий– Б.Ғ.) сар карда, то саросари мамолики Шарқ ба он эътиқод доранд. Зоҳиран, ин бутест заррин, ки миёнаш 15 фут аст ва ба ҳамин мувофиқ қад дорад. ҳар рӯз ба ин бут панҷ уштур, даҳ асп ва сад гӯсфандро курбон мекунанд. Шумораи қурбониовардагон баъзан ба 1000 мерасад…»[12]. Дар тарҷумаи ҳоли Сюан-сзан гуфта мешавад, ки дар Самарқанд «малик ва мардум ба Буддо имон надоранд ва оташ мепарастанд».[13] Инчунин ривоят ҳаст, ки ба «арвоҳи бадкирдори олам»[14] ва ба «худованди осмон» низ эътиқод вуҷуд дошт. Ба қавли Хой Чао, дар Суғд дар нимаи аввали асри VIII «эътиқоди арвоҳи осмон маъмул буд».[15] Дар боргоҳи ҳокими Суғд, инчунин «маъбади ниёгон»[16] низ вуҷуд дошт.

Дар китоби олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Берунӣ «Осор-ул-бақия» бо номи «Гуфтор андар идҳои тақвими суғдиён» боби махсусе ҳаст.

Дар асари олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-бақия» фасле ҳаст, ки дар он ҷашни моҳҳои суғдиҳо тавсиф ёфтааст. Рӯзи бисту ҳаштуми моҳи аввал «зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳост. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст». Ин иди Соли нав аст, ки бо тасаввуроти роҷеъ ба табиати миранда ва азнав зиндашаванда алоқа дорад. Дар яке аз моҳҳои суғдиён расми рӯзадорӣ низ мавҷуд аст. Онҳо «дар ин рӯз таому шаробро тарк мекунанд ва аз он чӣ бо оташ пухта шавад, парҳез менамоянд. Ва хамиру меваю набот мехӯранд». Рӯзи дувуми моҳи дигар онҳо «дар оташкадаҳо ҷамъ мешаванд ва чизеро, ки аз орди арзан ва равғану шакар пухтаанд, дар он ҷо мехӯранд». Ва ниҳоят расме ҳаст, ки соле як бор «аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мезананд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд». ҳамчунин расм дар байни Хоразмиён ва форсҳо низ мавҷуд буд. Аз ривоятҳое, ки дар бораи ин халқҳо карда мешаванд, баъзе ҷиҳатҳои тозае аён мегардад, аз ҷумла ин аст, ки онҳо «дар рӯзҳои фарвардгон барои арвоҳи мурдагон дар гӯристонҳо ғизо мегузоранд».[17]

Хуллас, аз гуфтаҳои Берунӣ чунин бармеояд, ки парастиши мурдагон низ маъмул буд. Ин нуктаро мо дар ҳикояти Наршахӣ низ мебинем, ки ба Сиёвуш бахшида шудааст — дар Бухоро дар субҳидами Соли Нав ҳар як аҳли шаҳр ба арвоҳи Сиёвуш хурусеро қурбон мекард. Муҳаққиқон ҳикояи Наршахӣ ва он маълумотеро, ки Вэй-сзе дар бораи Самарқанд додааст, муқоиса карданд. Ва моҳияти он маросим маълум шуд ва гап дар ҳамин будааст, ки мардум имони комил доштаанд, ки он ҷавони муқаддас моҳи ҳафтум мурдааст ва устухонаш гум шудааст. Вақте ки ҳамин моҳ мерасид, диндорон либоси сиёҳ пӯшида, пои луч мебароянд ва мушт ба сина кӯфта навҳа мекашанд. Онҳо дашт ба дашт такопӯ мекунанд, то ки турбати ҷавони муқаддасро ба даст оранд. Ин маросим рӯзи ҳафтум ба охир мерасид.[18]

Вале парастиши Сиёвуш на фақат танҳо парастиши мурдагон буд, дар ин ақида нуктаҳои динҳои қадимтаре инъикос ёфтаанд, ки ба худои набот имон дошт ва он мемурду боз зинда мешуд.[19]

Мо дар боло новусҳои Панҷакентро зикр карда будем. Новусҳо аз Кофирқалъаи наздикии Самарқанд ҳам ёфт шудааст. Дар худи Самарқанд бисёр оссуарийҳо ба даст омаданд. Аз деҳаи Бия-Наймани наздикии Каттақӯрғон бисёр оссуарийҳо ёфт шуд, ки нақши муқарнасии латифу нозуки хушнамуде доранд.[20]

Аввалин оссуарий вақти кофтани таҳкурсии иморат соли 1971 дар Тошканд падид омад. ҳангоми соли 1886 дар Афросиёб ҳафриёт кардани Н.И. Веселовский боз як оссуарии пурнақш ёфт шуд, ки олим онро «тобути сафолии давраи тоислом» мешумурд. Соли 1900 худи ҳамин олим истилоҳи «оссуарий»-ро ҷорӣ кард (аз калимаи лотинии ossғaқiғm, ки маънояш устухондон мебошад), ки он дар илм маъмул гардид. Бо тадқиқи оссуарий ва маросими дафн дар оссуарий пеш аз инқилоб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, К.А. Инострантсев барин олимон ва баъди инқилоб А.Я. Борисов, Ю.А.Рапопорт, Б.Я. Ставиский барин олимон машғул буданд.

Ба туфайли тадқиқоти ин олимон маросими дар оссуарий дафн кардани суғдиёнро чунин таъвил кардан мумкин аст. Дар «Авесто» ва дар дигар асарҳои давраҳои сонии зардуштия гуфта мешавад, ки ҷасади зардуштиро ба ҷое бояд бурд, ки он дахма ном дорад ва дар ин дахма «доимӣ» сагҳо ва паррандаҳое ҳастанд, ки гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд» (масалан, дар ин бора дар «Видевдат» ҳам сухан меравад). Чи тавре маълум аст, ин одат қариб бе ҳеҷ гуна тағйирот дар байни габрҳои ҳиндустон боқӣ мондааст, ки онҳо дар асрҳои миёна аз Осиёи Миёна ба он ҷо кӯчида рафта буданд ва ҳоло ҳам ба зардуштия имон доранд. Баъди ин устухонҳоро ҷамъ карда, ба ҷои махсусе бурда мемонданд ва номи ин ҷоро устуодон (ё астодан) мегуфтанд. Дар маъхазҳои арабӣ, ки истилои арабро ба қалам медиҳанд, он иншооте, ки дар боло зикр кардему онҳо ба арабҳо дар Осиёи Миёна дучор меомаданд, новус номида шудаанд.[21]

Маъхазҳои хаттӣ бевосита шаҳодат медиҳанд, ки дар Суғд чунин маросим маъмул буд ва ин ҷиҳати масъала хеле муҳим аст ва инро муҳаққиқони пешазинқилобӣ ҳам қайд кардаанд. Сафири Хитой Вэй-сзе, ки дар ибтидои асри VII ба Суғд омада буд, чунин навиштааст: «Берун аз шаҳр дар ҷои алоҳида қариб дусад хонавода истиқомат доранд, ки махсус машғули дафн мебошанд, онҳо дар ҷои хилват ҳавлии махсус сохтаанд, ки дар он ҷо сагҳои махсусро парвариш мекунанд, агар ягон кас мурад, мурдаи ӯро ба миёнҷои ҳамин ҳавлӣ бурда мемонанд ва сагҳо гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд, пас аз ин устухонҳои мурдаро ҷамъ карда, дар зарфи махсус андохта мемонанд ва онро гӯр намекунанд».[22] Аз рӯи гуфтаҳои Табарӣ ва Наршахӣ маълум мешавад, ки баъзан устухони мурдаро одамони махсус тоза мекардаанд. Ба қавли К.А.Инострансев, маросими муқаррарӣ набуд ва он фақат дар мавридҳои махсус ба ҷо оварда мешуд.[23] Вале устухонҳое, ки дар новусҳои Панҷакент ёфт шуданд, дар худ осори дандон надоранд ва ҳатто пайванди сутунмӯҳра безарар мондааст — ҳол он ки агар гӯшти устухонро сагҳо мехӯрданд, осори дандон ҳатман боқӣ мемонд. Дар ҳар як дахмаи Панҷакент – ба ҳисоби миёна устухони даҳ мурдаро мегузоштаанд. Дар дахмаҳо ғайр аз оссуарийҳо, инчунин зарфҳои сафолӣ, тангаҳои мисӣ ва асбоби зинату ороиш ҳам монда мешуд.[24]

Дар боло дар бораи маросими сӯгвории суғдиён андак маълумот оварда будем. Дар ҳуҷҷати В-8 Қалъаи Муғ (ки шартномаи фурӯши замин аст) гуфта мешавад, ки харидорон ва авлоди онҳо ҳақ доранд, дар ин замин мурда гузоранд ва сӯгворӣ кунанд.[25] Маросими сугвории ҳангоми дафн дар «Шоҳнома» ҳам тасвир шудааст.[26] Ин маросим, инчунин дар санъати тасвирии суғдиён низ инъикос гардидааст. Аслан ин маросим ба қонуну қоидаҳои зардуштия хилоф мебошад, зеро зардуштия дар болои мурда гиряву нола карданро қатъиян манъ намудааст. Вале дар Осиёи Миёна ва, аз афти кор, дар Эрон ҳам ақидаҳои қадимии халқӣ нисбат ба манъи динӣ зӯртар буданд.[27] Дар давраҳои баъдина зидди ин маросим ислом ҳам дурудароз муборизаи шадид бурд, вале дар ҳама ҷо — ҳам дар Байнаннаҳрайн, ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна маҷбур шуд, ки ақиб нишинад. Ин ё он шакли маросими мазкур то ба қарибиҳо вуҷуд дошт. Дар болои мурда гиряву нола карда ва ҳатто «самоъ рафтан» (ки як навъи рақси маросими дафн аст) дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам маъмул мебошад.

Дар маъхазҳо «оташкада» ва «буткада» зикр шудааст. А.М.Беленитский роҷеъ ба он тамоми маълумотро ҷамъ кард ва ба тафсил таҳлил намуд. Ғайр аз маъхазҳои номбурда, инчунин «Шоҳнома»-ро низ далел овардан мумкин аст, ки дар он «оташкадаҳои» Бухоро ва Пайканд қайд шудаанд. «Шаҳристонҳои Эрон» ном асари географии паҳлавии асри IХ хабар медиҳад, ки дар Самарқанд писари Сиёвуш оташкадае бино карда, ба он ҷо матни «Авесто»-ро, ки дар лавҳаҳои тилло (ё зарандуд) навишта шуда буд, гузошт ва баъд онро Сакандар (Искандари Мақдунӣ) хароб кард ва ниҳоят, Тури Фрастак (Афросиёб) «хонаи худоёнро ба лонаи девон табдил дод». Мувофиқи ривояти маъхазҳои хитоӣ, дар Кушония маъбаде будааст, ки дар деворҳои он сурати шоҳони қадимии халқҳои гуногуни ҳамсоя кашида шудаанд. Малики Кушония ҳар рӯз дар ин маъбад ибодат мекардааст. Наршахӣ ҳам аз «оташкадаҳо»-и Ромитану Бухоро дарак медиҳад ва сухан на дар бораи асари афсонавӣ, балки дар бораи асари конкретӣ-таърихӣ меравад. Дар Самарқанд дар айёми истилои арабҳо «буткадаву оташкадаҳо» будаанд ва дар бораи деҳаи Тавовис низ чунин хабар ҳаст (Табарӣ, Балозурӣ). Маъхазҳо бисёр тафсилоти ин бутҳоро тасвир кардаанд ва ин бутҳо чӯбини зарандуд, нуқрагин ва тиллоӣ будаанд. Вақте ки бутҳои бутхонаи калони Самарқанд сӯхта шуд, аз хокистари онҳо 50 ҳазор мисқол тилло баромад. Яке аз бутҳои симини Самарқанд баъди об карда шудан 24 ҳазор мисқол нуқра шуд. Наршахӣ аз Пайканд сухан ронда менависад, ки арабҳо дар буткадаи он буте ёфтаанд, ки аз нуқра буда, 4 ҳазор дирам вазн доштааст, вале мувофиқи ривояти дигар, ин бут тиллоӣ буду 50 ҳазор мисқол вазн дошт. Парастиши ин бут дар Самарқанду Бухоро баъди ғалабаи ислом ҳам хеле давом кард. Буткадаҳо ниҳоят бой буданд, тиллову нуқраи бешумор, ҷавоҳироти бисёр доштанд, масалан, гавҳарҳое доштанд, ки ба андозаи тухми мурғ меомад.

А.М.Беленитский ҳамаи ин хабару ривоятро ба тафсил тадқиқ намуда, ба хулосае омад, ки «буткадаҳо» ҷудо аз «оташкадаҳо» вуҷуд доштанд.[28] Ба фикри мо, А.М.Беленитский ин ақидаи худро пурра исбот накардааст, гарчанде аз як ҷиҳат даъвои вай ҷон дорад. Дигар ақидаи асосии А.М.Беле-нитский ҳамин аст, ки дар Осиёи Миёна рӯҳониёни оташкадаҳо, ки онҳоро зардуштӣ меномад, зидди бутпарастӣ мубориза мебурданд ва дар ин мубориза зардуштиён дастболо буданд. Вале, ба фикри мо, ин даъво асоси казоӣ надорад. А.М.Беленитский ба ақидаҳои худ ҳамон қоидаву қонунҳои зардуштияро асос кардааст, ки дар Эрони сосонӣ маъмул буд. Вале зардуштияи Осиёи Миёна ба зардуштияи Эрон айнан монанд нест. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала бисёр эҳтиёт шудан даркор. ҳанӯз В.В.Бартолд тахмин карда буд, ки ақоид ва русуми зардуштиёни Осиёи Миёна «аз ақоиди пайравони аслии Зардушт хеле фарқ мекунанд». А.Ю.Якубовский навишта буд: «Асоси ҳам зардуштияи Эрон ва ҳам дини суғдиёну бохтарҳову хоразмиён ким-чӣ хел эътиқоду ақоиду русуми ягона буд ва он эътиқод, аз як тараф, тасаввуроти дуалистонаро дар бораи муборизаи олами некӣ ва бадӣ, аз тарафи дигар, парастиши оташро дарбар мегирифт. Дар Эрон зардуштия ба дини давлатӣ табдил ёфт ва соҳиби ақоиди мустаҳкаму аниқ гардид ва ташкилоти мураккаби пешвою роҳбарони он ба миён омад, ки ба корҳои давлатӣ, алалхусус, дар ҷабҳаи идеология таъсири зӯр доштанд. Дар Осиёи Миёна тақдири зардуштия дигар хел шуд – яъне ақоиди аниқу мустаҳкам ба вуҷуд наовард, ба дини давлатӣ табдил наёфт, зеро худи он давлати ягона набуд ва пешвои роҳбарони он ҳам ба як ташкилоти тавонои мустаҳкам муттаҳид шуда натавонистанд. Зардуштия бо динҳои маҳаллӣ омехта шуд, ки онҳо, аз афти кор, ба парастиши оташ хеле мувофиқат доштанд.[29] Барои ифодаи дини суғдие, ки ба он давраҳо нисбат дошт, ҳатто истилоҳи махсус «маздоия» пешниҳод карда шуд.[30] Эроншиноси машҳури имрӯза В.Б.ҳеннинг ҳам «ба бутпарастии аслии Суғд таъсир расондани таълимоти Зардуштро» имконпазир донистааст.[31]

Гарчанде ҳанӯз В.В.Бартолд хусусияти динҳои маҳаллии тоисломиро мавриди тадқиқ қарор дода бошад ҳам, то ба ҳол дар ин бора қарори ягона вуҷуд надорад ва бисёр масъалаҳо ё торик мебошанд ё роҷеъ ба онҳо ду ақидаи ба ҳам мутлақо хилоф ҳастанд. Масалан, ду муҳаққиқи мӯътамад — А.М.Беленитский ва А.Ю.Якубовский дар масъалаи муайян намудани муносибати байниҳамдигарии динҳои маҳаллӣ ва зардуштия ақидаҳои ба ҳам тамоман зид доранд. Муҳаққиқони таърихи маданият ва археологҳо материалҳои лингвистиро бояду шояд истифода намебаранд, дар навбати худ, забоншиносон материалҳои археологӣ ва иконографиро дуруст кор намефармоянд ва тадқиқи онҳо низ душворию мушкилоти зиёде дорад, ки алҳол пурра муайян карда нашудааст.

Барои тафҳими ҷаҳонбинии суғдиён, аз ҷумла, барои тафҳими дини онҳо, суратҳои рӯи девор маъхази хеле муҳим, вале дар айни ҳол, маъхази бениҳоят мушкилу мураккаб мебошанд. Дар Панҷакент суратҳо мувофиқи як тартиби муайян ҷой гирифтаанд, Масалан, дар толори чоркунҷа рост – рӯбарӯи дари даромад, аксар вақт андаруни токчаҳо «…муҷассамаи калони худоро ҷой медоданду баъзан дар паҳлӯи он дигар шахсони муқаддасро низ мегузоштанд. Дар пеши сурати худо иштирокчиёни ибодат–суғдиёни рост ё базонуистода тасвир карда мешуданд. Агар худо дар пешгоҳи токча кашида шуда бошад, расми одамон дар деворҳои паҳлӯи токча ҳам тасвир шуданаш мумкин буд. Дар ду тарафи қисми марказии расм тасмавор чанд қабат манзараи муҳорибаҳову зиёфатҳо ва аксар вақт достонҳои мукаммали пурмаъно тасвир мегардиданд ва бари ҳар як қабати ин расмҳо қариб 1м буд». Дар қисми аз ҳама поёни расм дар лавҳаҳои чоркунҷа суратҳои афсонавӣ ё маишӣ кашида мешуданд.[32] Аз худи ҳамин тартиби ҷойгиршавии расм маълум, ки дар ҷаҳонбинии суғдиён ақидаҳои динӣ ва дунёвии онҳо чӣ гуна ба ҳам омезиш ёфта буданд.

Дини маҳалли Суғд соҳиби анъанаҳои мукаммали тасвироти динӣ буд. Ба ҷумлаи худоҳо — худои ҷирмҳои осмонӣ, худои ҳодисаҳои табиат дохил шуда, инчунин парастиши баъзе габрҳо низ вуҷуд дошт. Аз байни расмҳои худоҳо расмҳои зеринро номбар карда мумкин – олиҳаи чордаста, худои урён, ки баданаш кабуд буда, дар миён лӯнгии пустипалангӣ дорад, олиҳае, ки дар тахт нишастаасту дар паҳлӯяш шерҳои болдор тасвир шудааст, худои сесараю шашдастае, ки соскан дошта истодааст ва ғайраву ва ҳоказо. Дар тасвири баъ-зе аз ин худоҳо аломатҳои суратҳои ҳиндӣ (шивагӣ) баръало ба назар мерасад. Ба ақидаи А.И. Беленитский ва Б.И. Маршак, суғдиён дар муддати дароз со-ҳиби хати муайян ва анъанаи тасвироти динӣ набуданд. Дар натиҷа ба туфайли рақобати дини буддоия ва монавия, ки чунин анъанаро соҳиб буданд, габрҳо анъанаи тасвироти динии ҳиндуро андак дигар сохта, барои эҳтиёҷи худ мувофиқ намуданд. Ин ақида, ба назари мо, ба ҳақиқат хеле наздик аст.

Ҷолиби диққат аст, ки дар Панҷакент дар хонаҳои гуногун худоҳои гуногун тасвир ёфтаанд ва ба ақидаи муҳаққиқони номбурда, ин кор далели ҳамин мебошад, ки ҳар як хона соҳиби худои «худаш» буд. Камбағалон бошанд, имкон надоштанд, ки дар кулбаҳои худ расми худоро кашанд, бинобар ин ҳар як камбағал як бутчаи сафолӣ мехариду ба ҳамон ибодат мекард.

Дар ҳар як хонаи бой меҳробе буд, ки дар он шабонарӯз оташи муқаддас дармегирифт ва ин шаҳодат медиҳад, ки дар системаи онзамонаи динӣ па-растиши оташ аҳамияти калон дошт.[33]

Тадқиқотҳои солҳои охири забоншиносон хеле маълумоти муфид дод. Дар никоҳхати Қалъаи Муғ қасаме зикр мешавад, ки ба номи Баг ва Митра ном худоҳо дода шудааст. Баг ин худи ҳамон худо аст, ки ҳанӯз дар «Ригведа» дар қатори Митра дучор мешавад ва худоест, ки мартабааш андак поёнтар аст. Ба ақидаи В. Б. ҳеннинг, дар никоҳхати Қалъаи Муғ Баг баробари Митра ва ҳатто аз Митра ҳам андак болотар меистад. Митра бошад, мисли Багчун худое тасвир шудааст, ки мутасаддии муоҳида мебошад. [34] Ношири никоҳхат — В.А.Лившитс ба ин даъво зид баромад ва ба ин кор асос ҳам дошт. Муқоисаву таҳлили ҳамаи матнҳои Қалъаи Муғ (ва дигар ҳуҷҷатҳои суғдӣ) В. А. Лившитсро ба чунин хулосае водор кард, ки ин номи худои асосӣ, яъне номи Аҳуро Маздо мебошад, вале суғдиён одатан номи пурраи ин худоро (хωқmzt’βγ «Баг Ахура Маздо») ба забон намеоварданд ва ба қалам намедоданд (ба ҳар ҳол навишти он ниҳоят кам вомехӯрад).

Аз ҷумлаи худоёни олимартабаи суғдиён Зарвонаро зикр кардан даркор, ки он ба худои олии ҳиндуҳо Браҳма айният дорад ва дар матнҳои тарҷу-мавии суғдию буддоӣ ба сифати «аъзам» ва «шоҳи худоён» дучор мешавад. Ғайр аз ин Вэрэтрагна (Wsyn– Вашэгн), Нанайя, Хварэнаҳ (дар шакли ргп – Фарн), Тиштрийа (tys Тиш – ситораи Шаб – Оҳанг) ва дигар худоҳо низ маъ-мул буданд. Ба ин силсилаи худоёни накӯкор худои бадсигол — Аҳриман муқо-бил меистад, ки ба суғдӣ ба тарзи махсус Шимну (Smnғ) талаффуз карда мешуд ва дар атрофи худ девҳои (ǒyw) бисёр дошт. Мо дар байни суғдиён бисёр мафҳуму тасаввуротеро мебинем, ки хеле пештар дар «Авесто» зикр шудаанд.

Масалан, маъбад вағн (βγn) ном дорад. Муаррихони асрҳои Х–ХIII (ва дигар маъхазҳои давраҳои сонитар) бисёр деҳаҳои Суғдро ном бурдаанд, ки дар таркиби номи онҳо калимаи фағн («бағн», «вағн») ҳаст ва он, бешубҳа, аз калимаи «вағн» бармеояд (ва инро бори аввал В. Б. ҳеннинг муқаррар кард). Чунинанд деҳаҳои Миёнбағн (дар Вобканд), Вануфағ (н)-и қарибии Тавовис (дар атрофи Бухоро), Устувағн ва Хурбағн (дар Ғиждувон), Рустовағн ва Карасвағн (дар атрофи Самарқанд), Хушуфағн (дар қарибии Каттақӯрғон ё Самарқанд ё худ, эҳтимол, ду деҳа буд), Кукшибағн (дар қарибии Ургут) ва ғ. Ақидае ҳаст, ки маънои «хушуфағн» «шаш маъбад» мебошад. Хуллас, дар топонимикаи Суғд бисёр номҳое боқӣ мондаанд, ки асли онҳо калимаҳои суғдӣ буда, маънои «маъбад»-ро доранд. Вале агар мо ҳам мисли баъзе муаррихони имрӯза гумон кунем, ки мавқеи он ҷойҳое, ки номи онҳо дар таркиби худ калимаи суғдии «маъбад»-ро доранд ва ин ҷойҳо дар хоки Суғд ҷойгир шудани маъбадҳои зардуштиро айнан нишон медиҳанд, ба хатои дағал роҳ хоҳем дод. Дар воқеъ, қонунияти пайдоиши номҳои мураккаб хеле амиқ ва печ дар печ аст. Худи ҳамин гапро дар бораи он номҳои мураккаби маҳалҳо гуфтан мумкин, ки дар таркиби худ Ву, яъне «олиҳа», «худо»-и суғдӣ доранд.

Номи пешвои маъбад, сардори маъбад вағнпат буд; ин истилоҳ дар «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ҳам вомехӯрад. Ин ном дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳам ҳаст. Курчи ном вағнпат (ҳуҷҷати I) дар иҷрои супориши муҳими дипломатӣ иштирок кардааст. Ғайр аз ин дар дигар як ҳуҷҷати Қалъаи Муғ (А-5) муғпат зикр шуда» аст, ки маънояш пешвои муғон аст.

Дар қатори дини маҳаллӣ, ки онро ҳозир баъзан дини маздоия ҳам меноманд, дар Суғд дигар динҳо ҳам паҳн шуда буд. Дар ин давра буддоия обрӯи казоӣ надошт ва онро дигар динҳо танг карда буданд. Буддоия пайравони бисёр ҳам надошт, вале сарфи назар аз ин, аҳамияти буддоия ва дигар динҳои ҳиндуён дар ҳаёти Суғд паст набуд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо, насрония хеле паҳн шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарқанд епископи насронии равияи несторӣ менишаст, дар асри VIII бошад, ҷои ӯро митрополит гирифт.[35] Дигар дин, ки онро монавия меномиданд, низ хеле реша давонда буд.

Дар ҳаёти Суғди тоисломӣ чи мақом доштани монавияро А.М.Беле-нитский муфассал тадқиқ кардааст. Қарибиҳои солҳои 600 дар байни монавиён тафриқа афтод, дар Осиёи Миёна мазҳаби диноварии монавиён барқарор гардид, ки маркази он дар Самарқанд буд. Ба ақидаи А.М.Беленитский, агар тахмин кунем, ки расмҳои рӯидевории Панҷакент расмҳои монавӣ мебошанд, ба ҳамин шарт мазмуни онҳоро тафсир кардан мумкин аст.[36] Ва ин тафсир кори хеле душвор мебошад.

Кирои таъкид аст, ки ҳатто ҳамин материали на он қадар муфассал чӣ қадар мураккаб будани масъалаи ҳаёти Суғди асрҳои VI–VIII-ро равшан нишон медиҳад. Дар Суғд вуҷуд доштани динҳои гуногун боиси пайдо шудани системаҳои динии

  1. Тарxумаи аниrи инро ниг.: Реlliot., 1934, р. 48; муrоиса кунед: Веаl, s, 1906, р. 26–27 («сb ё rариб сb»).

  2. Gauthiot R., 1914–1923; Benveniste Е., 1929; Лившиц В.А., 1966.

  3. Яuноби[о rавми камшуморест, ки дар кe[[ои Тоxикистони Марказb, дар со[ил[ои дарёи Яuноб зиндагb мекунанд (дарёи Яuноб шохаи Фондарё аст, ки дар навбати худ ба дарёи Зарафшон мерезад). Шумораи яuноби[о хеле кам аст. Дар чоряки охири асри ХIХ ва аввал[ои асри ХХ шумораи он[о 1250-1400 нафар буд. Мувофиrи маълумот[ои аниrтар, ки ибтидои сол[ои 30-юм ба даст омад, шумораи яuноби[о (дар худи Яuноб) ба 2150 нафар расид. Ал[ол шумораи он[о аз 3 [азор бештар мебошад. Яuноби[о uайр аз худи Яuноб дар дигар xой[о, масалан, дар де[а[ои болооби Варзоб [ам зиндагb мекарданд. Дар рeз[ои мо як rисми яuноби[о ба тоxикb гап мезананд, rисми дигари он[о (таrрибан 2,5 [азор нафар) дузабона мебошанд.

  4. Аз xумла дар бораи яuноби[о аз забони он[о ниг.: Залеман К.Г., 1888; Geiger W., 1901; Маллицкий Н.Г., 1924; Андреев М.С., 1928; Климчицкий С.И., 1940 б; 1940 а; Боголюбов М.Н., 1956; Андреев М.С. ва Пещерева Е.М., 1957; Хромов А.Л., 1966 б; 1966 а; 1968.

  5. Певзнер С.Б., 1954; Лившиц В.А., 1962 б, с. 67–68.

  6. Веаl S., 1906, р. 27.

  7. Матни суuдb, тарxумаи франсавb ва луuатро ниг.: Benveniste Е., 1946. Таъвили муфассали русии матнро ниг.: Бертельс Е.Э., 1960, с. 69-71.

  8. Бертельс Е.Э., 1960, с. 72.

  9. Лившиц В.А., 1962 б, с. 72.

  10. Тафсилоти инро ниг. дар: Дьяконов М.М., 1951 ([авола[о ба маъхаз ва адабиёт низ дар [амин xо).

  11. Benveniste Е., 1956; Henning W.B., 1940., 1945; 1946;Брагинский И.С., 1955. с. 129-131, 207-215, 413-415.

  12. Бичурин, II, с. 313.

  13. «Тhе Lifе оf Hsuan–Тsaug», 1959; Сhаvannes Е., 1903, р. 133.

  14. Бичурин, II, с. 310.

  15. Fuchs W., 1938, s. 452.

  16. Бичурин, II, с. 281.

  17. Берунb, 1958, с. 284; ниг. низ ба с. 236, 255.

  18. Дьяконов М.М., 1951, с. 36–37 (бо [авола ба маъхаз[о).

  19. Толстов С.П., 1948 а, с. 202–204.

  20. Кастальский Б.Е., 1909 (замима); Борисов А.Я., 1940 а; Ставиский Б.Я.,1961 б; Рапопорт Ю.А., 1971.

  21. Бартольд В. В., 1966 а, 1966 б; Иностранцев К.А., 1907 6; 1907 а, 1909; Борисов А. Я., 1940 6; Ставиский Б.Я., 1952; Рапопорт Ю.А., 1971.

  22. Chavannes E 1903, р. 123.

  23. Иностранцев К.А., 1909, с. 115.

  24. Ставиский Б.Я. ва диг., 1953.

  25. Лившиц В.А., 1962, 6, с. 47–48, 52–53.

  26. Беленицкий А.М., 1954, са[ 82

  27. Widengren G., 1965, 5. 329-330, 339-340.

  28. Беленицкий А.М., 1954, с. 52–62. Инчунин ниг.: Смирнова О.И., 1971, с. 103–106.

  29. Якубовский А.Ю., 1954, с. 21–22.

  30. Исботи ин даъворо ниг.: Ставиский Б.Я. ва диг., 1953, сах. 88, 82. Ба [ар [ол, агар ин исло[ро ба маънои дилхо[ истифода бурдан лозим бошад, ба он сифати «осиёи-миёнагb»-ро илова кардан бе[тар аст.

  31. Henning W., 1965 а, р. 250 (…impact of Zoroaster’s teachings in the native paganism of Sogdiane).

  32. Беленицкий А.М., Маршак Б.И, 1976, с. 75–76,

  33. Беленицкий А.М., Маршак Б.И., 1976, с. 75–86.

  34. Henning W., 1965; р. 248-250 (дар бораи Митра ниг.: Gershevitsh s., 1959); Кляшторный С.Г., Лившиц В.А., 1971, с. 133–134.

  35. Бартольд В.В., 1964, с. 275.

  36. Беленицкий А. М., 1954, с. 39–52, 62–81; Беленицкий А.М., 1959, с. 61–64.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *