Фанни Таърихи точикон

Тасаввуроти ҳозиразамон дар бораи сохти иҷтимоию иқтисодии осиёи миёнаи қадим

Тақсимоти иҷтимоӣ ва молумулкӣ

Аллакай дар охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз милод дар Туркманистони ҷанубӣ тақсимоти молумулкӣ равшан ба назар мерасад. Дар Теппаҳисор ном осори эронӣ, ки ба ҳамин давраҳо тааллуқ дорад, қабрҳои ниҳоят бои сардорон ёфт шудааст. Дар Туркманистони ҷанубӣ ин гуна қабрҳои боён нестанд, вале дар қатори гӯрҳои муқаррарӣ гӯрҳое ҳастанд, ки фарқи калон доранд. Масалан, чунин аст қабри коҳинае, ки бо ангуштарини тилло ва шаддаи зебо гӯронда шудааст (дар Олтинтеппа). Паҳн шудани мӯҳр ҳам аз инкишофи тақсимоти молумулкӣ ва иҷтимоӣ далолат мекунад. Ёфт шудани хазинаҳо нишони он аст, ки сарватандӯзӣ аз тарафи намояндагони баъзе хонаводаҳо сар шудааст.[1] Сохтмони қасру коху маъбад барин биноҳо аз мавҷудияти ҷамъияте шаҳодат медиҳад, ки аз афти кор, аллакай ба синфҳо тақсим шудааст.

Тақсимоти молумулкӣ ва иҷтимоӣ дар ҷануби Осиёи Миёна, аниқтараш дар Туркманистони ҷанубӣ нисбат ба дигар ноҳияҳои ҳамсоя хеле барвақттар оғоз ёфтааст. Сабаби ин гуна «барвақтии» инкишофи Туркманистони ҷанубӣ гуногун мебошад. Аз ҷумла, яке аз сабабҳо ҳамин, ки дар Туркманистони ҷанубӣ барои зироати обии қадимӣ шароити аз ҳама қулайтар (дар Осиёи Миёна) фароҳам омадааст. Аз дигар тараф, Туркманистони ҷанубӣ дар бобати робита бо дигар тамаддунҳои шаҳрии Шарқ авзои муносибтаре дошт.

Инкишофи ҷамъияти синфӣ дар Туркманистони ҷанубӣ аввал мунтазам боло рафта, вале дар мобайн ва дар нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод суст шудан гирифт. Ин ҳолат беихтиёр шимоли ҳиндустонро ба хаёл меоварад. Дар бораи хусусияти дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки дар он давраҳо дар ҷамъияти Туркманистони ҷанубӣ ба вуқӯъ меомаданд, фақат тахминан гап задан мумкин аст. Шакке нест, ки аллакай дар оянда дар он давра тақсимоти калони иҷтимоӣ ва молумулкӣ вуҷуд дошт. Инчунин мавҷудияти дизҳо (манзилҳои мустаҳками аркдор) низ ҷолиби диққат аст, ки онҳо дар охири ҳазораи II ва аввали ҳазораи I нафақат дар Туркманистон, балки дар Бохтар низ маълум буданд. Чунин суханони Ф.Энгелсро пурра ба онҳо нисбат додан мумкин аст: «Беҳуда нест, ки дар атрофи шаҳрҳои нави мустаҳкамгардида деворҳои даҳшатовар қомат рост кардаанд: дар хандақҳои зери ин деворҳо гӯри абгори сохти авлодӣ намоён шуда меистад; бурҷҳои онҳо бошанд, то ба тамаддун расидаанд».[2]

Дар нимаи аввали ҳазораи I пеш аз милод тақсимоти молумулкӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши синфҳо бо қувваи нав авҷ мегирад. Ҷиҳати нави ин падида ҳамин, ки он акнун тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро фаро мегирад. Инъикоси онро дар «Авесто» ва ҳатто дар қисмҳои қадимтарини он дидан мумкин аст. Ба ақидаи муаллифони «Авесто», сарват, пеш аз ҳама, чорво мебошад. Паҳлавони таҳамтан Хумо соҳиби «галаҳои хуб» будааст; «ҳавлиҳое» зикр шудаанд, ки «аз чорво бой будаанд». Ба худи Зардушт шахсе даҳ модиёни тойчадор ва як шутурро инъом карданӣ шудааст ва чи тавре В.И.Лившитс ҳаққонӣ қайд мекунад: «ба гумон, ки ин одам зироаткори оддӣ бошад».[3]

Дар бораи сохти иҷтимоии Осиёи Миёна дар миёна ва нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маълумот ниҳоят кам аст. Фақат баъзе ишораҳо оид ба тақсимоти иҷтимоӣ ба назар мерасаду бас. Масалан, дар байни бохтариҳо ва суғдиён «наҷибтаринҳое» (noӣilissimi) будаанд, ки бо «наҷобати», худ аз дигарон фарқ доштаанд (Квинт Куртсий, VII, 10, 4; Арриан, VII, 6. 3). Дар Осиёи Миёна ғуломдорӣ ҳам расм будааст. Масалан, дар сарчашмаҳо ривояте ҳаст, ки сокинони ноҳияи ғарбии давлати ҳахоманишиҳоро «ғулом гардонда» ба Осиёи Миёна кӯчонда овардаанд. Ана ҳамин тавр сокинони Барка ном шаҳри юнониёнро (воқеъ дар шимоли Африка) дар Бохтар муқимӣ кардаанд (Геродот, IV, 204). Форсҳо юнониёни ионии шӯришбардоштаро метарсонанд, ки худашонро ғулом карда, духтарони онҳоро ба Бохтар муҳоҷир хоҳанд кард (Геродот, VI, 9). Аз афти кор, ғуломонеро, ки аз ноҳияҳои ғарбии давлати ҳахоманишиҳо меоварданд, одатан дар Бохтар маскун мекарданд. Вале ин ғуломон ғуломони подшоҳ буданд. Дар бораи ғуломони хусусии ин давра маълумот камтар аст. Масалан, танҳо як хабар ҳаст, ки (ҳамон ҳам комилан аниқ не) Спитамани суғдӣ ғулом (sӯқvғs) доштааст (Квинт Куртсий, VIII, 3, 9). Дар айни замон дар маъхазҳо ишорат меравад, ки дар ташкили иҷтимоии аҳолии ондавраи Осиёи Миёна падидаҳои сохти авлоду қабилавӣ ба назар мерасанд. Шояд ба ҳамин сабаб аҳолии яке аз шаҳрҳои шимоли Суғд қабила ё авлоди (gӯns) момакон номида шудаанд (Квинт Куртсий, VII, 6, 17).

Аъёну ашрофи Суғд ва Бохтар дар замони Искандари Мақдунӣ соҳиби сарвати азим буд. Бевосита набошад ҳам, ба ин, масалан, кирдори ҳуриён ном шахсе далолат мекунад, ки тамоми лашкари мақдуниёнро дар муддати ду моҳ бо хӯрокворӣ таъмин карда тавонистааст (Арриан, IV, 21, 10). Портии машҳур аз авлоди Сурен, ки Крассро торумор карда буд, ба қавли Плутарх («ҳаёти Красс», 21), «одаме будааст бағоят нодир, ҳам дар сарват ва ҳам дар наҷобат ва ҳам дар шӯҳрат нафси сонӣ баъди шоҳ… Бидуни тӯша, ки бори ҳазор шутур будааст ва бидуни дусад ароба канизак ба сафар намебаромадааст. ҳазор паҳлавони зиреҳпӯш ва аз ин беш сарбозони мусаллаҳ ӯро мушоият мекардаанд, тамоми нӯкару саворагону ғуломони вай аз даҳ ҳазор меафзудааст». Мусофире қайд кардааст, ки дар Даван «ҳавлиҳои пурсарват» ва «калоншавандаҳо» ҳастанд; бойҳо захираи фаровони шароб доштаанд. Бойҳои усуниҳои кӯчманчӣ галаҳое доштаанд, ки ҳар яке 4–5 ҳазор сар будааст.

Таркиби ҷамъияти Осиёи Миёна дар охири
ҳазораи I пеш аз милод ва ибтидои ҳазораи I милодӣ

Дар тангаҳои Юнону Бохтар ва давраҳои баъдтар ва инчунин дар тангаҳои Кушониён чунин унвони юнонӣ ё худ шарқиэронии сардори давлат сабт гардидаанд – «волӣ», «шоҳ», «шаҳаншоҳ». Дар як мӯҳри ҳиндӣ ба хатти кушонӣ номе зикр шуда, баъди он унвони он шахс – «вазурк фрамалар»[4] омадааст. Дар Эрони сосонӣ ҳам сардори маъмуриятро «вазург фрамадар» мегуфтаанд, ки гӯё як навъ сарвазир буд. Ба ин мансаб фақат муқаррабони шоҳ ё худ намояндагони авлодҳои машҳур соҳиб шуда метавонистанд.[5] Вале бояд дар назар дошт, ки дар Осиёи Миёна маънои ин унвон дигар буданаш ҳам мумкин, зеро дар матнҳои мансуб ба давраҳои аввали асри миёнаи Суғд фармондор «маъмури хоҷагии дарбор» буд.[6] Аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар замони Кушониён унвони мазкур унвони маъмури олии (ё яке аз унвонҳои олии) давлат буд.

Дар Эрмитажи давлатӣ[7] ва дар Музеи Британия[8] мӯҳрҳое ҳастанд, ки дар онҳо унвони «ҳазорахт» сабт шудааст ва он ҳамчун ҳазорпати Сосониён мебошад.[9] Санаи ин мӯҳрҳо муайян нест, эҳтимол, онҳо ба давраҳои баъди Кушониён мансуб бошанд. Дар бораи ҷои таҳияи онҳо ҳам ягон гапи муайян задан мумкин не, вале мо метавонем барои исботи дар асрҳои III-IV милодӣ дар Бохтар мавҷуд будани идораи мукаммали давлатӣ онҳоро чун далели иловагӣ ба кор барем. Дар катибаи Сурхкӯтал гуфта шудааст, ки унвони Ноқанзоқ «каралраг» буд. Ба ақидаи В.Б.ҳеннинг ин бо унвони сосонӣ «каноранг» (яъне сарҳадбон) як асту соҳиби ин унвон волии ноҳияи шарқӣ (яъне ноҳияи ба Осиёи Миёна ҳамсарҳади) давлати Сосониён буд. Вазифаи ин волӣ асосан ҳарбӣ буд, на гражданӣ. Баъд ин унвон дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуд, масалан, дар ибтидои асрҳои миёна намояндагони оли Самарқанд чунин унвон доштанд[10].

Дар мӯҳре, ки дар Эрмитажи давлатӣ маҳфуз аст, В.Б.ҳеннинг калимаи «асбаропат»-ро хонд. Қисми аввали калима калимаи забони форсии миёна «асбар», яъне «савор» мебошад. Қисми дувуми калима аз «пат»-и забони қадимаи форсӣ аст, ки ба маънои «соҳиб» меояд. Хуллас, аниқаш ҳамин, ки ин калима ном не, балки унвон буда ва маънои он «сардори саворон аст»[11].

Дар яке аз геммаҳои кушонӣ номи соҳиби гемма «Харбалан» (яъне «Харсавор») сабт шудааст. В.А.Лившитс ишорат кардааст, ки ин ном дар ду катибаи ҳиндӣ, ки аз Сарнатҳа (қарибии Банорас) ёфт шудааст, дучор мешавад ва зимнан яке аз катибаҳо сана дорад ва он ба соли севуми ҳукмронии Канишка рост меояд. Дар ин катиба дар бораи иморати ибодатгоҳи буддоӣ хабар дода шуда, дар байни донаторҳо ду «сатрап» –Wanaspaқa ва Khaқapallano зикр мешавад. Шахси дувум талаффузи номи ҳиндии касест, ки дар гемма сабт гардидааст, Vanaspaқa бошад, аз Wanaspaқ-и бохтарӣ бармеояд ва маънояш «зафардод» аст. Дар дувумин катибаи мазкур Khaқapallano «сатрапи аъзам» номида шудааст».[12]

Аз тадқиқи Порт маълум буд, ки идораи маъмурӣ — вилоятӣ ва маҳаллӣ ниҳоят маъмул буду барои пахш намудани истеҳсолкунандагони бевосита хизмат мекард.

Инак, ду қутб: дар як тараф, ашроф, ки дар даст ҳокимияту сарвати беандозаро нигоҳ медошт ва дар тарафи дигар, ононе, ки ин сарватро ба вуҷуд овардаанд. Дар бораи таркиби аҳли меҳнат (агар маҳз аз Осиёи Миёна сухан равад) дигар маълумоти муфассалтаре нест. Дар маъхазҳои то ба мо расида хабаре нест, ки қасрҳоро кӣ месохт, қалъаву истеҳкомҳоро кӣ барпо менамуд, кӣ дар устохонаҳои шаҳр кор мекард ва аҳолии деҳот аз киҳо иборат буд. Шакке нест, ки дар Осиёи Миёна ғуломон[13] ҳам буданду аҳолии мазлуму мутеъ ҳам.

Бояд қайд кард, ки (дар асоси исботи забоншиносон) барои ифодаи ғуломи давраи падаршоҳӣ ҳиндуевропоиён ҳанӯз дар давраи биринҷӣ истилоҳе доштанд, пас онҳо дар ҳамон замонҳо аз ғуломдории падаршоҳӣ воқиф будаанд. Дар давраи «Авесто» ҳам ғуломону одамони мутеъ вуҷуд доштаанд. Агар давраҳои сонитарро гирем, дар бораи ғуломони Суғд, Порт маълумоте ҳаст, дар бораи ғуломоне низ сухан меравад, ки аз Бохтар ва эҳтимол, аз Фарғона мешудаанд. Дар «Мактубҳои қадимаи суғдӣ» ва дигар осори хаттии суғдиён истилоҳоти «вандак» («банда», «ғулом») ва «дайя» («чӯрӣ») дучор мешавад. Дар никоҳхати суғдиён (аввали асри VIII милодӣ) чор тоифаи мардумони мутеъ зикр шудааст. Дар байни онҳо ғуломони дар боло зикршуда вандакҳо, ғуломони ба ҷои пули қарз гирифташуда нипакҳо ва шахсони асир афтода ғуломшуда — ванакҳо номбар шудаанд. Дар айбномаи Сосониён, ки дар асри V милодӣ таълиф шудааст, ду тоифа ғуломон – бандакҳо (яъне умуман ғуломон) ва анашҳракҳо (яъне шахсони асир афтода ғуломшуда) ба назар мерасанд.[14] Дар ду катибаи рӯи устухондонҳои Тӯққалъа (Хоразм), ки санаи онҳо дар як вақт аст, истилоҳи «хуноник» пайдо шуд. Мувофиқи баъзе мадракот дар Хоразм истилоҳи «хун» маънои асири ғарибро доштааст.

Барои ҳалли масъалаи сохти иҷтимоию иқтисодӣ хуҷҷатҳои Тупроққалъа аҳамияти махсус доранд (асрҳои II–III милодӣ). Ин рӯйхати аҳли хонавода-ҳост, аниқтараш, рӯйхати мардони оила, яъне рӯйхати тоифаи агнатӣ мебо-шад. Масалан, дар ҳуҷҷати № 8 гуфта мешавад, ки тоифа аз 21 кас иборат, аз ҷумла, 4 шахси озод (соҳибхона, ду писари калонаш ва домодаш). Ғуломон бошанд (ё худ хизматгорон) 17 нафар, зимнан 12 нафари онҳо ғулом (ё хизматгори) худи соҳибхона, 2 нафарашон аз они занаш, 2 нафари дигар аз они писаронаш ва 1 ғулом аз они писари канизи соҳибхона[15]. То нашри пурраи ҳуҷҷатҳои мазкур аз тафсири таърихии он беҳтараш худдорӣ кардан даркор. Вале бори дигар таъкид мекунем, ки меҳнати ғуломон на ягона буду ва на, аз афти кор, афзалияте дошт. Ин гап, аз ҷумла ба хоҷагии қишлоқ ҳам дахл дорад.

ҳиндушинос — марксисти машҳур Валтер Рубен (РДГ) ақида дорад, ки дар ҳиндустон шумораи ғуломон хеле зиёд буд, вале бевосита дар истеҳсолот (ҳам дар хоҷагии қишлоқ ва ҳам дар ҳунармандӣ) онҳо мақоми баланд надоштанд, зеро самараи меҳнатии онҳо зиёд набуд.[16]. Вазъият нафақат дар ҳиндустон чунин буд, балки чи тавре олимони советӣ нишон доданд, дар аксари мамлакатҳои дунёи қадим, ки дар он ҷо истеҳсолоти молӣ тараққӣ накарда буд, чунин вазъиятро дидан имкон дошт. И.М.Дяконов менависад: «…Фақат Коринф, Афина ё Рим (ҳам Рими республикаи сонӣ ва ҳам Рими империяи аввал) барин ҷамъиятҳо, яъне фақат баъзе ҷамъиятҳои дунёи қадим, ҷамъиятҳое, ки дар онҳо ғолибан истеҳсолоти молӣ равнақ дошт, дар инкишофи пуравҷи ғуломдории ғайридавлатии миқёсан хеле калон мисол шуда метавонад.»[17]

Ба фикри мо ҳам, дар Осиёи Миёна меҳнати ғуломон, аз ҷумла меҳнати ғуломон дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ роли ғайриасосӣ, аниқтараш, роли дувумдараҷаро мебозид.

Ба ин муносибат бояд таъкид кард, ки мувофиқи шаҳодати баъзе мадракоти бевосита ва бисёр мадракоти бавосита дар Осиёи Миёнаи қадим, чунончи, умуман дар Шарқи қадим[18] ҷамоат мақоми ниҳоят баланде дошт. Ҷамоатҳои хонаводагии падаршоҳӣ ва ҷамоатҳои ҳамсоягон, ки онҳоро муттаҳид менамуданд, ҳамон таҳкурсие буд, ки бар он ҷамъияти қадим пойдор меистод. Ин ҷамъият, бо таъбири И.М.Дяконов, пеш аз ҳама, ташкилоти одамони озоду ғуломдорони баробарҳуқуқ буд.[19]

Дар Суғди давраҳои аввали асрҳои миёна (ва аз афти кор, аз ин ҳам пештар) ҷамоат (наф) аз ашроф (озоткорон), савдогарон (ҳавокорон) ва деҳқонони озоди ҷамоату ҳунармандон (корикорон)[20] иборат буд. Умуман аз давраҳои «Авесто» сар карда дар забони эронӣ муқобилгузории шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ боло ба шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ паст ба назар мерасад. Шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ болоро «озод» меномиданд.[21] Ба онҳо шахсони мутеъ, пеш аз ҳама, ғуломон муқобил меистоданд. Ба қавли Ф.Энгелс, «истибдоди шарқӣ ба моликияти умумӣ асос ёфта буд».[22]

Гарчанде дар сохти иҷтимоию иқтисодӣ муносибатҳои ғуломдорӣ мақоми муҳим доштанд ва чуноне ки бисёр муҳаққиқон нисбат ба Шарқ инро раво медонанд, ҷамъиятро умуман ҷамъияти ғуломдорӣ номидан мумкин аст, вале ба ақидаи мо, дар Осиёи Миёна дар истеҳсолот дар тамоми муддати давраи қадим аҳли ҷамоат роли пешбаранда доштанд ва ин, алалхусус, дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ аён аст. Ин замоне буд, ки дар деҳот ҷамоати қишлоқ ҳукмронӣ мекард.[23]

Хусусияти ҷамоатӣ доштани зироаткорӣ протсесси аз хоҷагии натуралӣ ба хоҷагии молӣ гузаштанро хеле суст кард, зеро маълум аст, ки «ҳар қадар таназзули тарзи ҷамоатии зиндагонӣ бештар бошад, ба мол табдил ёфтани маҳсулот… ҳамон қадар зиёдтар мешавад».[24]

Чи тавре дар бобҳои болоӣ нишон додем, дар Осиёи Миёна ҳаёти шаҳрӣ барвақт оғоз ёфта, бо бисёр мамлакатҳо робитаи савдо баста шуд, вале хусусияти натуралии хоҷагӣ мисли пештара мақоми асосӣ дошт. Агарчи ба туфайли ин савдои дохилӣ ва муомилоти пул чандон чуқур паҳн нашуда бошанд ҳам, онҳо дар ҳар ҳол «барои ба системаи ғуломдорӣ, ки ба истеҳсоли арзиши изофа нигаронида шудааст, табдил ёфтани системаи патриархалии ғуломӣ, ки ба истеҳсоли васоили бевоситаи зиндагӣ нигаронида шудааст»[25], мусоидат карданд.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва даштии Осиёи Миёна инчунин воҳиди тақсимнашудаи ҳунармандӣ байни шаҳру деҳот вуҷуди худро идома медод. Дар ин ҷойҳо ҳунармандӣ аз зироаткорӣ ҳанӯз қатъиян ҷудо нашуда буд.

ҳамзистӣ ва ҳамкории зичи ноҳияҳои зироаткор ва олами қабилаҳои кӯчманчӣ дар тӯли бисёр асрҳо ва ҳазораҳо ҳодисаи хоси тараққиёти таърихии Осиёи Миёна ва бисёр дигар мамлакатҳои Шарқ буд.[26]

Яке аз вазифаҳои истибдоди шарқӣ бо мақсади ғорати кишварҳои дигар ва ғасби заминҳои бекарон доимо ҷанг кардан буд.

Инчунин бояд қайд кард, ки тараққиёти хоҷагӣ ниҳоят нобаробар буд ва, аз ин рӯ, дар инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна низ нобаробарӣ ба назар мерасад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ноҳияҳои пешқадам воҳаҳои Суғд, Хоразм, Бохтар (Тахористон), Фарғона ва Хуросон буданд. Воҳаҳои нисбатан маҳдуди кӯҳистони доманаи Помир, Бадахшон, Кӯҳистон ва ғ. андак қафо мемонданд. Ноҳияҳои ҳафтрӯд, назди Арал, соҳили Каспий ва ноҳияҳои Қазоқистони ҳозира гӯшаҳои қафомондаи дурдаст ҳисоб мешуданд. Воҳаҳои Чоч ва Истаравшан як навъ районҳои гӯё буферӣ буданд. Дар хоҷагии чорводории даштҳо ва дар хоҷагиҳои маҳдуди кӯҳистон сохти авлодӣ хеле вақт боқӣ монд. Дар ноҳияҳо муносибатҳои ғуломдорӣ тезтар инкишоф меёфтанд. Умуман бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна муносибатҳои ғуломдорӣ он қадар амиқ нашуданд, ки дар олами антиқа шуда буданд.

Зиддияти асосии беш аз пеш тезутундшавандаи синфӣ дар байни ду тараф ба назар мерасад, аз як тараф, ашрофи беш аз пеш бойшавандаи ҳарбиёну ғуломдорону коҳинон, ки соҳиби ғуломони бисёру заминҳои беканор ва корвонҳои бешумор буданд ва, аз тарафи дигар, аҳли оддии ҷамоат, ки гирифтори шаклҳои гуногуни асорати сарватдорон буданд.

ҳокимияти давлатӣ дар дасти ашрофу коҳинон бо сарварии мустабиду лашкари вай буд – ҳамаи онҳо дар дӯши халқ менишастанд. Табақаи ҳукмрон ба ҳокимияти муқтадири марказӣ такя карда, ғуломон ва аҳли ҷамоатро истисмор менамуд.

К.Маркс ҳатто дар бораи Рим барин мамлакати классикии ғуломдории антиқӣ навишта буд: «… дар Рими қадим муборизаи синфӣ фақат дар дохили ақаллияти имтиёзнок, дар байни боёни озод ва камбағалони озод ба амал меомад ва ҳол он ки оммаи бузурги истеҳсолкунандаи аҳолӣ, яъне ғуломон, барои ин муборизон танҳо пояи сусте шуда хизмат мекарду бас»[27].

Алалхусус, дар Осиёи Миёна, ки оммаи асосии истеҳсолкунандаи он аҳли озоди ҷамоат буд, зиддиятҳои асосии синфӣ, ки ба онҳо маъхазҳои қадим норавшану нимғурма ишорат мекунанд, маҳз дар байни ашроф ва камбағалони озоди ҷамоат ҷой дошт.

Чунин аст мухтасаран манзараи протсессҳои иҷтимоӣ, ки аз асри VII пеш аз милод то худи асри III–IV милодӣ ба амал омаданд. Дар бобати ташаккули халқҳои Осиёи Миёна ҳаминро гуфтан даркор, ки дар ин давра ба ҷои робитаи авлодӣ ва баробари ин робитаҳо беш аз пеш робитаҳои маҳаллӣ мустаҳкам мешаванд. Ҷамоатҳои деҳот аллакай ба андозае иттифоқҳои ноҳиявӣ ҳам буданд. Ғайр аз иттиҳоди муқаррарии қабилаҳои ҳамсоя, инчунин протсессҳои омезиши онҳо, ташаккули халқиятҳо ба назар мерасад.

Аммо дар он шароити таърихӣ, чунон ки Энгелс дар бораи Юнони антиқӣ таъкид карда буд, протсесси ташаккул ёфтани халқҳо танҳо боиси барпо шудани иттифоқи қабилаҳое мегардид, ки қисман бо ҳамдигар алоқаманд буданду бас. Он вақт барои ташаккули халқи ягонаи калон ҳанӯз замина набуд.[28] Ин нуктаи Ф.Энгелсро мисоли Осиёи Миёна ҳам тасдиқ мекунад. Дар ин давра дар бораи халқи муттаҳиди Суғд ё Хоразм сухан рондан ғалат аст. Дар он замон танҳо марказҳои маҳаллӣ, халқҳои гуногуни камшумори Суғд, Хоразм, Балх, Хуросон ва дигар вилоятҳо буданду бас.

  1. Массон В.М., 1967 б, с. 187.

  2. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, т. 21, с. 164.

  3. ИТН, I, с. 145-146.

  4. Bivar А. Д. Н., 1961, р. 320–322.

  5. Дьяконов М.М., 1961, с. 299.

  6. Лившиц В.А., 1962 б, с. 134–135.

  7. Stavisky В.S., 1960, р. 107.

  8. Bivar А. Д.Н., 1965, р. 209-210.

  9. Henning W.В., 1965 в, s. 81.

  10. Ibid, S. 77–78.

  11. Henning W. В., 1962.

  12. Лившиц В.А., 1967, с.168–170. Дар бораи сохти маъмурии давлати Кушон олими {индустон Б.Н Пурb (Puri В. N. 1965, р. 80–87; аз xумла, мавxуд будани шeрои шо[ [ам дар [амин xо) маълумоти муфид xамъ кардааст.

  13. Маълумоти маъхаз[о дар бораи uуломони Осиёи Миёна дар xилди I «Таърихи халrи тоxик» (М., 1963) xамъ ва та[лил карда шудааст.

  14. ИТН, I, 1963, с. 468-276.

  15. Гудкова А.В., Лившиц В.А., 1967, с. 13–14; Бентович И.В., 1969, с.304-305.

  16. Ruben W.. 1961, 5. 101.

  17. Дьяконов И. М., 1963, с. 18.

  18. Тюменев А. И., 1956; Дьяконов И. М., 1959; 1963 ва диг.

  19. Дьяконов И. М., 1963, с. 33.

  20. ИТН, I, с. 472.

  21. Дар бораи таърихи ин истило[от ниг.: Bailey Н.W., 1932. р. 952–954. Дар бораи «озода»-[ои матн[ои хутанусакоb ниг.: Ваilеу Н. W., 1960. р. 45. Дар бораи истифодаи ин истило[от дар [уxxат[ои [индb, ки ба к[ароштb (Туркистони шарrb) навишта шудаанд, ниг.: Burrow T., 1934, р. 509.

  22. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, xилди 20. с. 647.

  23. Баъзе му[аrrиrон кeшиш доранд, ки манзилго[[ои хурди зироаткори дар Бохтари шимолb ёфтшударо [амчун манзилго[[ои xамъиятb ба rалам ди[анд – дар ин бора ниг.: Массон В. М., 1974, с. 9; Пидаев Ш. Р.. 1976, с. 192–193.

  24. К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асар[о, xилди 23, с. 89.

  25. К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асар[о, xилди 25, rисми I, с. 364–365.

  26. Тафсилоти инро ниг.: Uафуров Б. U., 1968, с. 7–8.

  27. К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асар[о, xилди 16, с. 375.

  28. Ниг.: К.Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, xилди 22, с. 482–483.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *