Фанни Таърихи точикон

Халқи тоҷик дар асри XI-ибтидои асри XIII. Давлатҳои Ғазнавиён, Қарохониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён

Муборизаи бесамари Абӯиброҳими Мунтасир барои
аз нав барқарор намудани ҳокимияти Сомониён

Дар солҳои аввали асри ХI, пас аз забт кардани Мовароуннаҳр ба Қарохониҳо лозим омад ба муқобили амалиёти бародари Абдулмалик Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ, ки дар муҳорибаҳои зидди Қарохониён бо номи Мунтасир (фотеҳ) маъруф гардида буд, мубориза баранд. Мунтасир аз Ӯзген, ки дар он ҷо маҳбуси Қарохониҳо буд, ба Хоразм фирор намуд ва аз тарафдорони хонадони сомонӣ лашкаре фароҳам оварда, ба сӯи Бухоро ҳаракат кард ва ҳокими Қарохониро ронда, шаҳрро соҳиб шуд. Боқимондаи лашкари шикастхӯрдаи Қарохониҳо ба Самарқанд паноҳ бурданд.

Ҷаъфартегин ном бародари хони қарохонӣ, ки дар ин вақт ҳукумати Самарқандро ба дасти худ нигоҳ медошт, наздик расидани лашкари Мунтасирро шунида, бо қувваи муттаҳидаи Самарқанд ва Бухоро ба муқобили ӯ равон шуд, вале ба шикасти сахт дучор гардида, худ бо бисёр саркардагонаш ба дасти душман асир афтод. Мунтасир баъд аз ин ғалаба ба Бухоро баргашта, ба сари ҳукумат қарор гирифт.

Лекин вақте ки хони қарохонӣ Насри Илокхон қувваҳои асосии худро бар зидди ӯ равона намуд, Мунтасир ба онҳо муқобилат карда натавонист ва бе ҳеҷ муҳориба Бухороро ба дасти душман гузошта, ба тарафи Хуросон ҳаракат кард. Дар он ҷо Абулқосими Симҷурӣ ба вай ҳамроҳ шуд ва ҳар ду бар зидди Маҳмуди Ғазнавӣ мубориза сар карданд, вале сарфи назар аз баъзе комёбиҳои ҷузъӣ, ин мубориза бемуваффақиятона анҷом ёфт.

Дар соли 1003 Мунтасир ба Мовароуннаҳр баргашта, бо ёрии ғузҳо дубора бар зидди Қарохониҳо сар бардошт.

Дар Осиёи Миёна ғузҳо қабилаҳои туркзабони аксаран бодиянишин буданд. Дар асри Х манзили ғузҳо дар дашту саҳроҳои паҳновар – аз маҳалҳои ҷанубии назди Балхаш то поёноби Волга парешон гардида, фақат дар наздикиҳои Каспӣ, Сирдарё ва атрофи Арал иқоматгоҳҳои сернуфуси онҳо ба вуҷуд омаданд[1]. Қисми камтару нисбатан камбағали ғузҳо дар ин вақт ба шаҳру деҳот ҷойгир шуда, ба корҳои зироат машғул гардиданд. Дар охири асри IХ ва аввали асри Х дар наздикиҳои баҳри Арал давлати ғузҳо таъсис ёфт. Марказ ва қароргоҳи зимистонии онҳо шаҳри Янгикент (воқеъ дар поёноби дарёи Сир) буд. Ашрофи феодалии ғузҳо кӯчманчиён ва зироаткорони қаториро беш аз пеш истисмор мекарданд. Авҷ гирифтани зиддиятҳои синфӣ дар муҳити ғузҳо сабабгори дар ҳудуди асрҳои Х–ХI аз по афтодани давлати сирдарёии ғузҳо гардид.

Ҷангҳои пайдарпай бо мардуми муқимии ҳамсоя манбаи доимии афзоиши сарвати ашрофи қавму қабилавии ғузҳо буд. Барои дафъи ҳуҷуми онҳо дар гирдогирди воҳаҳо истеҳкомоти зиёде месохтанд. Аз тарафи дигар, эҳтиёҷ ба ғалла, мубодилаи озуқаворӣ дар байни хоҷагиҳои муқимӣ ва кӯчманчӣ ғузҳоро водор менамуд, ки бо аҳолии зироаткори воҳаҳо робита барқарор кунанд.

Дар аввал амалиёти Мунтасир хеле муваффақиятнок давом намуд. Вай қувваҳои аскарии Насри Илокхонро торумор карда, 18 нафар сарлашкарони қарохониро асир гирифт. Лекин ба зудӣ дар байни Мунтасир ва саркардаҳои ӯ дар бобати тақсими ғаниматҳои ҳарбӣ муноқиша ва носозиҳо сар шуд. Мунтасир, ки дар миёни аҳолии Мовароуннаҳр такягоҳе надошт, аз тарси он ки рӯзе саркардаҳояш бо Қарохониҳо созиш намуда, ба ӯ хиёнат накунанд, ба ҷустуҷӯи иттифоқчиёни дигар қарор дод. Ӯ дар охирҳои тирамоҳи соли 1003 бо 700 нафар аскари савора ва пиёда аз дарёи Аму гузашта, хост мавқеи худро дар Абевард ва Нисо (дар қарибии Ашқободи ҳозира) мустаҳкам кунад, лекин дар ин ҷо ба дастаи ҳарбии Хоразмшоҳ дучор омада, шикасти сахт хӯрд ва пас аз ин бо аскарони боқимондаи худ боз аз нав ба Мовароуннаҳр рӯ овард.

Дар муборизаи минбаъдаи зидди Қарохониҳо Мунтасир қувваи ҳарбии дар Бухоро гузоштаи Насрро шикаст дод. Дар натиҷаи ин муваффақияти Мунтасир дар як қатор маҳалҳои Мовароуннаҳр ҳаракати аз нав барқароркунии ҳокимияти Сомониён сар шуд. Сардори дастаи ғозиҳои Самарқанд ҳорис, ки бо лақаби Ибни Аламдор машҳур гардида буд, бо қувваи сеҳазорнафараи худ ба Мунтасир пайваст. Ғайр аз ин, шайхҳои шаҳр садҳо ғуломонро мусаллаҳ намуданд. Ниҳоят, ғузҳо низ дубора омада ба Мунтасир ҳамроҳ шуданд. Ба ҳамин тариқ, Мунтасир лашкари худро пурқувват кард ва дар ҷанги назди Бурнамад ғалабаи калоне ба даст оварда, қувваи асосии Насри Илокхонро торумор намуд.

Бо вуҷуди ин, муваффақияти ҳарбӣ Мунтасир мавқеи худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам карда натавонист, зеро Илокхон фавран қувваҳои тоза ҷамъ намуда, дар чӯли байни Ҷиззах ва Хавос ба ӯ ҳуҷум овард. Ғузҳо, ки дар ҷанги назди Бурнамад ғанимати зиёд ба даст дароварда буданд, дар ин муҳориба иштирок кардан нахоста, ба маҳалли бодиянишинии худ ақиб гаштанд. Илова бар ин, дар вақти нозукии кор яке аз сарлашкарони бузурги Мунтасир ба ӯ хиёнат намуда, бо 4 ҳазор аскар ба тарафи Илокхон гузашт. Ин буд, ки Мунтасир фишори Қарохониҳоро бартараф карда натавониста, маҷбур шуд, ки ба тарафи Хуросон рӯ ба гурез ниҳад.

Лекин ҳатто пас аз ин ҳам Мунтасир аз фикри дубора таъсис намудани давлати сомонӣ даст накашид. Ӯ ба зудӣ аскар ҷамъ намуда, дафъаи чорум ба Мовароуннаҳр ҳаракат кард. Вале ин дафъа ҳам дар натиҷаи хиёнати сарлашкаронаш мағлуб гардид ва ниҳоят дар сари соли 1005 ба дасти яке аз роҳбарони қабилаҳои бодиянишин кушта шуд.

Мунтасир ягона намояндаи сулолаи Сомониён буд, ки барои дубора барқарор намудани ҳокимияти ин хонадон дар Мовароуннаҳр беоромона мубориза бурдааст. Вале азбаски Сомониён аз заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ маҳрум гардида, аз тарафи гурӯҳҳои асосии аҳолӣ пуштибонӣ намедиданд, кӯшиш ва фаъолияти шахсии Мунтасир ҳеҷ як натиҷае набахшид.

Пас аз марги Мунтасир мубориза барои тақсими мероси давлати сомонӣ фақат дар байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Қарохониён давом мекунад.

Халқи тоҷик дар давраи салтанати Ғазнавиён

Давраи ҳамчун як маркази сиёсӣ сар бардоштани Ғазнин ҳанӯз аз аввалҳои нимаи дувуми асри Х сар мешавад.[2]

Дар сарчашмаҳои таърихӣ Сабуктегин ҳамчун асосгузори сулолаи Ғазнавиён дар асри Х эътироф гардидааст.[3] Зеро Сабуктегин на фақат истиқлолияти Ғазнинро таъмин намуд, балки заминҳои ҳавзаи дарёи Кобулро ба он ҳамроҳ намуда, хоки давлати худро васеътар кард. Илова бар ин, ба ивази кӯмаке, ки ба амири сомонӣ Нӯҳи II расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри ӯ гузашт. Сабуктегин дар соли 997 вафот намуд.

Маҳмуди Ғазнавӣ, ки писари бузурги ӯ буд, вориси қонунӣ ҳисоб мешуд. Лекин Сабуктегин дар вақти касалии худ писари хурдаш Исмоилро валиаҳд эълон намуд. Ба ин тариқ, пас аз вафоти ӯ Исмоил ба тахт нишаст. Аммо ҳукмронии ӯ зиёда аз 7 моҳ давом накард. Дар мамлакат саркашӣ ва исёнҳои феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳокимияти марказӣ қувват гирифт. Маҳмуд аз вазъият истифода намуда, бо қувваи лашкар ба Ғазнин равон шуд ва Исмоилро шикаст дода, салтанатро ба дасти худ гирифт.

Вақте ки дар соли 999 давлати сомонӣ аз тарафи шимол ба ҳуҷуми Қарохониҳо дучор гардид, Маҳмуд ҳам аз тарафи ҷануб ба муқобили Сомониён бархоста, тамоми Хуросонро ба таҳти тасарруфи худ даровард.

Аз тарафи халифаи Бағдод шинохта шудани салтанати Маҳмуд ва ба ӯ дода шудани лақабҳои ифтихорӣ асоси ҳукмронии Маҳмудро хеле мустаҳкам намуд. Дар соли 1002 Маҳмуд Систонро ишғол кард.

Аввалҳо дарёи Аму ҳамчун сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён муқаррар гардида буд. Соли 1008 дар ноҳияи Балх муҳорибаи шадиде дар миёни қӯшунҳои ғазнавӣ ва қарохонӣ ба амал омада, бо ғалабаи комили Маҳмуд анҷом ёфт. Ин ҳолат мавқеи Маҳмудро дар тамоми Хуросон мустаҳкам намуд.

Дар айёми ҳукуматдории Маҳмуд (998–1030) давлати ғазнавӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид.[4]

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз соли 1002 то соли 1026 беш аз 15 маротиба ба ҳиндустон лашкар кашид. Асли мақсад аз ин ҷангҳое, ки дар таҳти шиори «ғазовот» бурда мешуданд, фақат ғорат кардани ҳиндустон ва ба даст даровардани сарватҳои ин сарзамин буд.

ҳамаи ин лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ барои халқи ҳиндустон харобӣ ва бадбахтиҳои аз ҳад зиёде овард. Сарбозони ӯ аҳолиро тороҷ мекарданд, ёдгориҳои гаронбаҳои таърихиро несту нобуд менамуданд. Маҳмуд на танҳо шаҳрҳоро вайрон карда ба яғмо мебурд, балки нисбат ба аҳолӣ низ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонид. Масалан, ӯ дар соли 1019, пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован (ё худ Моҳобон), ба сабаби он ки ҳокими қалъа пеш аз омадани вай гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд.

Султон Маҳмуд дар лашкаркашии соли 1019 илова бар ҷавоҳирот ва дигар сарвати фаровон 350 фил ва 57 ҳазор ғулом ба Ғазнин овард. Чунон ки сарчашмаҳои таърихӣ қайд мекунанд, миқдори асирони овардаи Маҳмуд то дараҷае зиёд буд, ки биноҳои мавҷудаи шаҳр кифоя накард ва барои ҷойгир кардани онҳо ба сохтмони биноҳои махсус шурӯъ намуданд.

Дар солҳои 1010–1011 Султон Маҳмуд ба сарзамини Ғур (вилояте дар Афғонистони кунунӣ) ҳуҷум оварда, ба ивази додани талафоти зиёд як қисмати онро ишғол кард. Ӯ дар соли 1017 аз кушта шудани Маъмуни Хоразмшоҳ истифода бурда, Хоразмро забт кард ва онро низ ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Инчунин дар соли 1024 бо лашкари зиёд ба Балх омад ва бо баҳонаи ин, ки мехоҳад зулми Алитегини Қарохониро аз сари аҳолии Мовароуннаҳр дур кунад, аз дарёи Аму гузашта Чағониён, Қабодиён, Хатлон ва баъзе ҷойҳои дигарро ба даст даровард. Илова бар ин, дар соли 1029 Райро ишғол намуда, ҳокими онро ба ҳабс гирифт ва ғаниматҳои дарёфт кардаашро ба Ғазнин фиристонид. Ба ин тариқа, аз қисматҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии ҳиндустон сар карда, то Чағониёну Хоразм ва дар ҳудуди Эрони имрӯза то Исфаҳон ва Рай вилоятҳои сершумор ба давлати Маҳмуди Ғазнавӣ дохил гардиданд.

Лашкаркашиҳои истилогаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ, махсусан ҷангҳои дар ҳиндустон бурдаи ӯ, ки сарчашмаи асосии сарватмандии султон, гвардияи вай ва лашкариёнашро ташкил менамуданд, дар айни ҳол халқи меҳнатиро ба муфлисӣ ва маҳрумиятҳо гирифтор мекарданд. Дар арафаи ҳар як лашкаркашӣ аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои бисёре ситонида мешуд. Ин тариқа, андозҳо то дараҷае зиёд буд, ки халқи заҳматкаш пас аз адо кардани он, ҳатто аз воситаҳои рӯзгузаронии худ низ тамоман ҷудо мегардид. Аз ин сабаб хоҷагии мамлакат торафт рӯ ба вайронӣ ниҳода, воҳаҳои зироатӣ ва наҳрҳои обёрӣ дар аксарияти маҳалҳо аз кор мемонданд.

Дар натиҷаи паст рафтани хоҷагии қишлоқ соли 1011 дар Хуросон қаҳтӣ рӯй дод. Барвақт омадани сармои зимистон ва камборонии айёми баҳорон ба ниҳоят кам шудани ҳосил боис гардид. Ин аҳвол вазъияти душвори аҳолиро боз ҳам сахттар кард. Мувофиқи маълумоти воқеаномаҳои таърихӣ дар як худи Нишопур ҳазорон нафар одамон аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд. Бо вуҷуди он ки баъзан дар Нишопур то 400 ман ғалла ба фурӯш нарафта, дар бозор мемонд, лекин аҳолӣ то андозае қашшоқ шуда буд, ки барои харидани он иқтидоре надошт. Дар соли қаҳтӣ мардум сагу гурбаҳоро кушта мехӯрданд ва дар баъзе ҷойҳо, ҳатто гӯшти одамхӯрӣ ҳам ба амал омада буд.

Маҳмуди Ғазнавӣ барои аз гуруснагӣ ва марг халос кардани аҳолии Хуросон тамоми васила ва имкониятҳоро дошт. Вале дар ин бора ҳеҷ як чораи қатъӣ надид ва фақат барои намуд ба ҳокими Хуросон амр дод, ки ба камбағалон як маблағи ночизе кӯмаки пулӣ расонад.

Султон Маҳмуд гоҳо баъд аз лашкаркашиҳои навбатии худ ба умрону обод намудани пойтахташ машғул мешуд, ки масҷид ва мадрасаи машҳури Ғазнин аз ҷумлаи бинокориҳои ӯст. Лекин сохта шудани ҳар як иморат ба сари аҳолӣ маҳрумият ва мусибатҳои зиёде меовард. Тахтасанги мармар ва дигар сангҳои пурқимате, ки дар тоқҳо ва саҳни масҷиди ҷомеи Ғазнин кор фармуда шудаанд, чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҳама аз ҷойҳои дурдаст бо қувваи халқ кашонида шуда буданд. ҳатто хароҷоти ҳарсолаи боғи Дилкушои Маҳмуд, ки дар Балх воқеъ гардида буд, комилан аз тарафи аҳолии ин шаҳр адо карда мешуд.

Маҳмуд тамоми аҳолии мамлакатро ба ду гурӯҳ – ба қувваҳои мусаллаҳ ва халқи оддӣ тақсим мекард .Ӯ ба аскарон моҳона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳама гуна амри ӯро бо садоқат иҷро кунанд. Вай барои ин ки гӯё халқи мамлакатро бо қувваи аскари худ аз ҳуҷуми душманони хориҷӣ муҳофиза мекунад, аз аҳолии оддии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони ӯро бегуфтугӯ ба ҷо оранд ва илова бар ин, андозҳои давлатиро адо карда истанд.

Султон Маҳмуд марди хеле хасис ва дар масъалаи ҷамъ кардани молу сарват бағоят ҳарис буд. Ӯ он ҳама сарвате, ки аз ҳиндустон ва дигар гӯшаву канорҳои мамлакат бо роҳҳои гуногун ҷамъ карда буд, дар хазина нигоҳ медошт. Муаррихи асри ХV Мирхонд дар далели хасисӣ ва ҳирсу ози Маҳмуди Ғазнавӣ чунин ҳикояти аҷиберо овардааст: «Гӯянд, ки султон ду рӯз қабл аз вафоти худ фармон дод, то аз хазина дирам… ва динорҳои сурх ва анвои ҷавоҳири нафис ва ғайраро, ки дар айёми салтанат ҷамъ оварда буд, ҳозир карданд ва дар саҳни сафҳаи ариз (васеъ) ҳамаро бигустурданд ва он саҳн дар назари бинандагон бӯстоне менамуд, ки ба гулҳои мулавван аз сурх ва зард ва бунафш ва ғайра ороста бошанд. Султон ба чашми ҳасрат дар онҳо менигарист ва зор-зор мегирист ва баъд аз гиряи зиёд бифармуд, то ҳамаро ба хазина бибурданд ва фулусе аз он ҳама ҷинс ва нақд ба мустаҳиқе надод, бо он ки медонист, ки дар он ду рӯз ҷони ширин ба сад талхӣ хоҳад дод».[5]

Маҳмуди Ғазнавӣ дар лашкаркашӣ ва ҷангҳои ғоратгарона мақсади асосии худро бо шиори ғазовот – ҷанги муқаддаси ислом мепӯшонид, ки ба туфайли ин аз тарафи халифа ҳимоят медид ва хеле мусулмонони мутаассиби «ғазоталаб»-ро ба қӯшуни худ гирд меовард. Илова бар ин, ӯ худро пайрави мазҳаби суннӣ (ки дар он вақт мазҳаби ҳукмрони ислом буд) эълон намуда, ба муқобили ҳама гуна норозигиҳо ва ҳаракатҳои зидди тартиботи феодалӣ, ки беш аз ҳама дар сурати ақидаҳои бидъатомези қарматиҳо, исмоилиҳо, шииҳо ва аҳли дигар ҷараёнҳо зоҳир мегардиданд, мубориза мебурд. Вай молу мулки тарафдорони ин ҷараёнҳоро мусодира намуда, бо ин роҳ низ сарвати бисёреро ба дасти худ ҷамъ мекард. Ба ин тариқ, эътиқод ва тарафдории садоқатмандонаи Маҳмуд нисбат ба мазҳаби суннӣ фақат як воситае буд, ки бо ин роҳ ӯ мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.

Маҳмуди Ғазнавӣ ба корҳои таҷассуси давлатӣ ҳам ниҳоятдараҷа аҳамият медод. Ғайр аз ҷосусони махфие, ки дар ҳузури ҳар як ҳоким гузошта мешуданд, дар пеши ӯ маъмури махсус низ бо унвони «мушриф» кор мекард, ки аз вазъияти дохилӣ, кордорӣ ва аҳволи рӯҳияи ҳокимон хабар дода меистод. Султон Маҳмуд ҳатто аз паси фарзандони худ ва аз он ҷумла Масъуд, ки валиаҳди салтанат буд, ҷосус мегузошт.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба қӯшуни сершумори хуб ташкил ва мусаллаҳшуда такя мекард. Дар ихтиёри ӯ бисёр филҳои ҷангӣ, барои муҳосираи қалъа мошинҳои сангандоз, барои убури дарё пулҳои шиновар мавҷуд буданд. Нафароти зиёди қӯшуни султонро ғуломони зархарид ва таълими ҷангигирифта ташкил медоданд. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо фароҳам меомад, ки дар байни онҳо тоҷикон кам набуданд.[6]

Султон Маҳмуд ҳаққо, ки сарлашкари бузург ва ҳокими ғаюру соҳибиродае буд. Ӯ дар бораи ҳашмат ва шавкати зоҳирии давлати худ ғамхорӣ карда, биноҳои зебову муҷаллал месохт, ба шоирону уламои дарбор сарпарастӣ менамуд. Аммо вай дар роҳи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ягон коре накард. Дар аҳди ӯ зироат ба харобӣ рӯ оварда, равобити иқтисодии байни вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат заиф гардид. Ноустувории давлати барпокардаи султон Маҳмуд, хусусан пас аз вафоти ӯ (с. 1030), боз ҳам равшантар зоҳир шуд.

Салҷуқиҳо ва суқути давлати Ғазнавиён

Як гурӯҳ амалдорони олимақоми дарбори ғазнавӣ бо сардории ҳоҷиб ба васияти султон Маҳмуд амал намуда, писари хурди ӯ — Муҳаммадро ба тахт нишонданд. Вале писари бузурги вай — Масъуд аз ин ҳол бохабар шуда, ба муқобили Муҳаммад сар бардошт. Масъуд ба чашмони Муҳаммад мил кашида, ӯро бо фарзандонаш дар қалъае ҳабс кард ва салтанатро ба дасти худ гирифт.

Дар давраи ҳукуматдории Масъуд (1030–1041), ки дар ҳарисӣ ва хасисӣ аз падари худ монданӣ надошт, тороҷ гардидани аҳолӣ аз ҳад гузашт. ҳокимони вилоятҳои ҷудогона ба воситаи ришвагирӣ ва андозҳои ғайриқонунӣ халқро тамоман хонахароб менамуданд. Азбаски як қисми сарвати бо ин роҳҳо ғуншуда ба тариқи тӯҳфа ва пешкаш ба султон дода мешуд, ӯ на ин ки бар зидди ин қабил беадолатиҳо мубориза намебурд, балки онро бо ҳар васила пуштибонӣ мекард.

Масъуд нисбат ба Қарохониҳо ҳамон сиёсати падари худро давом медод ва кӯшиш менамуд, ки ҳама вақт бо онҳо муносибати дӯстонаи ҳамсоявӣ дошта бошад, зеро дар чунин шароите ки шӯришҳои халқ ва задухӯрдҳои дохили мамлакат қувват мегирифт, равияи душманона доштани Қарохониҳо барои давлати ғазнавӣ хеле хавфовар буд. Мактуби зерини Хоразмшоҳ Олтунтош, ки дар соли 1030 ба Масъуд навиштааст, моҳияти ин муносибатро равшан нишон медиҳад: «Ошкор аст, ки амири марҳум (Маҳмуди Ғазнавӣ) барои ба тахти хонӣ нишастани Қодирхони Қарохонӣ кӯшиши зиёде намуда, сарвати беандозае ҳам дар ин роҳ сарф кард. ҳоло зарур аст, ки ӯро ҳимоя кунем, то ки дӯстии байни мо ва ӯ мустаҳкам гардад. Онҳо (Қарохониҳо) дӯстони ҳақиқии мо нахоҳанд шуд, вале дар ҳар сурат дар зоҳир муносибати дӯстии худро бо мо нигоҳ дошта истода, дигаронро бар зидди давлати ғазнавӣ нахоҳанд шӯронид».[7]

Хоразм, ки зоҳиран дар тобеияти Ғазнавиён бошад ҳам, вале амалан ҳамчун давлати мустақиле буд, дар ҳалли тақдири давлати ғазнавӣ роли бағоят калоне бозид. Агарчанде Масъуд пас аз марги Олтунтош барои кам кардани ҳуқуқи ҳукмрони Хоразм чораҳои лозима дид, аммо мамлакатро боз ба дасти ворисони ӯ боқӣ гузошт. Масъуд унвони «Хоразмшоҳӣ»-ро ба писари худ дода, писари Олтунтош ҳорунро ҳамчун ноибуссалтана ба ҳукмронии Хоразм таъин кард. Албатта, ин рафтори Масъуд ба фарзандони Олтунтош таъсири бад накарда наметавонист. Ин буд, ки ҳорун бо Алитегини Қарохонӣ ва салҷуқиҳо муносибати дӯстӣ барқарор намуда, дар соли 1034 Хоразмро мустақил эълон кард ва номи султони ғазнавиро аз хутба бардошт. Дар баҳори соли 1035 ҳорун ба Хуросон лашкар кашид. Фарзандони Алитегин (худи Алитегин дар соли 1034 вафот карда буд) ҳаракати ҳорунро ҳимоя карда, аз тарафи дигар, ба сарзамини Ғазнавиён ҳуҷум намуданд. Лекин вақте ки ҳорун дар рӯзҳои аввали лашкаркашӣ ба дасти ғуломони худ, ки ба Масъуд фурӯхта шуда буданд, қатл гардид, фарзандони Алитегин ба Самарқанд баргаштанд. Масъуд ба музокироти оштӣ бо Қарохониҳо шурӯъ намуд, ки ба туфайли ин гуфтугузор дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ ва хешӣ барқарор гардид. Ба ҳамин тариқ, хавфи ҳуҷуме, ки аз тарафи Хоразм ва Қарохониён ба давлати ғазнавӣ таҳдид мекард, бо роҳи дипломатӣ бартараф карда шуд.

Дар худи ҳамон соли 1035 Масъуд мебоист ба муқобили туркони салҷуқӣ, ки ба Хуросон ҳуҷумовар шуда буданд, лашкар бикашад. Султон Маҳмуд дар давраи мубориза бар зидди Қарохониҳо, ки барои Мовароуннаҳр мебурд, ба як гурӯҳи Салҷуқиҳо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онҳо рухсат дода буд. Кӯшиши озод шудан аз ҷабри андозҳои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоҳҳои нав борҳо боиси исён намудани Салҷуқиҳо гардид. Мубориза аввалҳо гоҳ ба фоидаи Салҷуқиёни Хуросон ва гоҳ ба фоидаи ҳукумати ғазнавӣ давом менамуд. Соли 1035 ҳуҷуми нави Салҷуқиён оғоз ёфт. Масъуд аз Нишопур қувваи зиёди ҳарбиро бар зидди салҷуқиҳо ба Нисо равона намуд. Дар ин муҳориба, агарчанде аввал аскарони ғазнавӣ ғалаба ба даст оварданд, лекин салҷуқиҳо ба қароргоҳи онон шабохун зада, ба лашкари Масъуд зарбаи сахт доданд.

Баъдтар Салҷуқиён ба Ғазнавиён якчанд мартаба зарбаҳои сахт ворид оварда, қисми зиёди Хуросон, аз ҷумла, Нишопурро ишғол карданд. Султон Масъуд тамоми қувваҳои аскари худро ҷамъ карда, ба сӯи истиқоматгоҳи Салҷуқиҳо ҳаракат намуд. Баҳорони соли 1040 дар наздикии Дандонақон (Тошработи ҳозира) муҳорибаи ҳалкунанда ба вуқӯъ пайваст.

Дар натиҷаи ин муҳориба (аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо мумкин аст онро яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна донист) салтанати Ғазнавиҳо дар Хуросон ба таври доимӣ хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани ҳарбу зарб сардори Салҷуқиҳо — Туғрал дар майдони ҷанг тахте ороста бар он нишаст ва худро ҳокими кулли Хуросон эълон намуд.[8] Бояд қайд кард, ки аъёну ашрофи шаҳрҳои Марву Нишопур, ки манфиатҳои онон аз тарафи Ғазнавиҳо маҳдуд карда шуда буд, ба Салҷуқиҳо кӯмаки бузурге расониданд.

Султон Масъуд аз дарёи Марвурруд гузашта, ба Ғазнин омад, вале бо вуҷуди ин, ӯ барои дубора ҷамъ кардани қувваи ҳарбӣ бар зидди Салҷуқиҳо ҷуръат накард. Зеро ба вай аён буд, ки дар миёни оммаи васеъ ҳимоят нахоҳад дид. На аъёну ашрофи ба муқобили марказият сар бардошта, на аҳолии аз хироҷу андозҳои бешумор муфлисгардидаи Хуросону Тахористон, на мардуми гирду атрофи Ғазнин, Систон ва мамлакати кӯҳистони Ғур нияти муҳофизат кардани давлати Ғазнавиёнро надоштанд. Дар муҳорибаи назди Дандонақон аз душман рӯ ба гурез ниҳодани гурӯҳ — гурӯҳ аскарон, ки Масъуд бо чашмони худ дида буд, ба ин ҳол хеле равшан гувоҳӣ медод. Аз ин сабаб Масъуд ба қароре омад, ки бояд ҳар чӣ зудтар ба ҳиндустон рафта, дар он ҷо лашкари пурқувват ҳозир намояд, то ки ба ин восита боздоштани ҳаракати Салҷуқиҳо мумкин гардад.

Чунон ки Байҳақӣ менависад, Масъуд пеш аз ба ҳиндустон сафар кардани худ ба Арслонхон номае фиристода, дар муборизаи зидди Салҷуқиҳо аз ӯ кӯмак хост. Сипас, вай амр дод, то бародараш Муҳаммадро, ки ҳамроҳи ӯ ба ҳиндустон рафтанӣ буд, аз ҳабс бароваранд. Тарафдорони Муҳаммад бо ҳам забон як карда, ба Масъуд ҳуҷум намуданд ва ӯро ба ҳабс гирифта, Муҳаммадро ба султонӣ бардоштанд. Масъуд баъди чанд рӯзи дигар ба дасти одамони Муҳаммад кушта шуд (с.1041).

Мавдуд – писари султон Масъуд дар баробари шунидани қатли падараш дар моҳи апрели ҳамон сол ба Ғазнин омада, худро султон эълон намуд. Пас дар ҷанги назди Динур (Фатҳобод) қувваи ҳарбии Муҳаммадро шикаст дода, ӯро тақрибан бо ҳамаи фарзандонаш ба қатл расонид.

Мавдуд на фақат муқобилати бародарони тоҷутахтталаби худро бартараф карда тавонист, дар айни замон, ба нигоҳ доштани Ғазнин ва ҳам Тирмизу Балх дар дасти худ муваффақ гардид. Пас аз ин ба зудӣ дар ҳиндустон қӯшуни пурқуввате фароҳам оварда, ба муқобили Салҷуқиҳо равона намуд. Вале Салҷуқиҳо ин қувваи султони ғазнавиро ҳам торумор карданд. Ниҳоят Мавдуд бо подшоҳони ҳиндустон, Туркистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя иттифоқ баста, дар солҳои 1049–1050 бо қувваи зиёде ба Хуросон ҳаракат намуд, аммо дар роҳ касал шуда, ба Ғазнин баргашт ва дар он ҷо вафот кард.

Дар соли 1059 Салҷуқиҳо Балхро забт намуда, алоқаи байни Мовароуннаҳр ва давлати ғазнавиро буриданд. Баъд аз ин давлати Ғазнавиён рӯз то рӯз иқтидори худро гум кардан гирифт. Дар охири асри ХII охирин султони ғазнавӣ ба дасти лашкари Ғур – давлати нав дар сарзамини Афғонистон, ки дар интиҳои асри ХI ва ибтидои асри ХII ба вуҷуд омада буд, асир афтод.

Давлати Ғуриҳо

Дар асрҳои миёна кишвари кӯҳистониеро, ки дар саргаҳи ҳарируд воқеъ гардида, аз ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна вусъат дошт, «мамлакати Ғур» меномиданд. Ин мамлакат аз тарафҳои ғарб, шимол ва шарқ бо сарзаминҳое мепайваст, ки аз қадимулайём, тоҷикон зиндагонӣ мекарданд. Қисмати зиёди аҳолии Ғур аз қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик иборат буд.

Иқлими мусоид ва обҳои фаровони ин мамлакат барои хеле тараққӣ кардани зироат ва чорвопарварӣ имконият медоданд.

Муаллифони асрҳои Х–ХII ҳангоми тасвири мамлакати Ғур дар бораи мазрааҳои атрофи қасабаҳои аҳолинишин, боғоти ангур ва дарахтони мева, галаву рамаҳои зиёде, ки дар кӯҳсор ва доманаҳои кӯҳ мечариданд, ҳикоят кардаанд.

Дар мамлакати Ғур истихроҷи маъдан ва таҳияи олоти фулузӣ нисбат ба он замон ба дараҷаи хеле баланде расида буд. Силоҳ ва либосҳои ҷангии ин мамлакат бағоят шӯҳрат пайдо карда, аз чизҳои муҳими содиротӣ ҳисоб мешуданд.

Муаллифи асри ХIII Ҷузҷонӣ, ки аслан аз Ғур аст, дар вақоеъномаи таърихии худ дар асрҳои IХ–Х ба қабилаҳо тақсим шудани аҳолии Ғур ва бо ҳам ҷангидани онҳоро зикр намудааст. Кӯшке[9], менависад ӯ, бо кӯшки дигар дар ҳолати ҳарб буда, одамон доимо бо ҳисси адоват нисбат ба якдигар зиндагӣ мекарданд.[10] Дар мамлакати Ғур муносибатҳои ғуломдорӣ мавҷуд буд. Маълумоти муаллифи асри Х роҷеъ ба бурдани ғуломон аз Ғур дар ин бобат зимнан гувоҳӣ медиҳад.[11]

Дар мамлакати Ғур бақияҳои демократияи ҳарбӣ ба муддати хеле тӯлонӣ давом намуданд.

Дар интиҳои асри Х вилоятҳои ҷудогонаи ба сари худ мустақили мамлакати Ғурро подшоҳчаҳо (маликҳо) идора мекарданд. Ин подшоҳчаҳо бештар ҳамчун пешвои қабила ва тоифаҳо буда, фақат аҳёнан якчанд қабилаҳоро ба таҳти фармони худ медароварданд. Ғуриҳо дар айни замон таомули кӯҳнаеро риоя мекарданд: дар сари ҳар вилоят ду пешво, яъне ҳоким ва сипаҳсолор меистоданд, ки ҳукуматро байни худ баробар тақсим карда буданд.[12]

Муносибати феодалӣ дар ин ҷо нисбат ба Мовароуннаҳр ва Хуросон қадре дертар роҳ ёфтанд. Дар зарфи асрҳои Х–ХI дар ин мамлакат муносибатҳои нимпатриархалӣ ва нимфеодалӣ ҳукмфармоӣ мекарданд. ҳокимони вилоятҳои ҷудогона тадриҷан ба феодал табдил ёфта, дар ҳар як вилоят ба худ унвони махсус мегирифтанд. Онҳоро дар вилояти Мандеш «малик» ё худ «меҳтар» (баъдҳо, ғуршоҳ), дар вилояти Тамрон ва Тамазон «варанда», дар Вармишон «вармишпат» меномиданд.

Дини ислом дар мамлакати Ғур ҳам ба мисли дигар вилоятҳои кӯҳистони тоҷик хеле суст ҷорӣ гардид. Ба хулафои араб муяссар нашуд, ки ин мамлакатро ба таҳти тасарруфи худ дароваранд. Аҳолии озодидӯсти он муддати дуру дарозе ақидаҳои қадимаи мазҳабии худро нигаҳ дошта, ҳатто то миёнаҳои асри ХI баъзе қабилаҳо дини исломро комилан қабул накарда буданд.

Истиқрори сохти феодалӣ дар мамлакати Ғур, чи навъе ки дар тамоми Осиёи Миёна рух медод, дар баробари муборизаҳои шадиди синфӣ ба амал меомад.

Дар соли 907 дар ноҳияи ҳирот ва Ғур шӯриши халқии қарматиҳо ва маздакиён сар зад. Низомулмулк (асри ХI) дар хусуси ин шӯриш чунин менависад: «Дар доманаҳои кӯҳистони Ғур ва Ғарҷистон марде бо номи «Бӯбилол» пайдо шуда, аз ҳар табақа мардум ба гирди ӯ ҷамъ меомаданд… Аз вилояти ҳирот ва ноҳияҳои атроф одамони пуршумор ба ҳузури ӯ расида, савганд ёд мекарданд; нафароти онҳо аз даҳ ҳазор мутаҷовиз буд…Ёғиҳо дар доманаи кӯҳи ҳирот падид омада, ошкоро ақоиди кофирон ва қарматиҳоро эълон карданд, онҳо аксар чӯпон ва зореъ буданд».[13] Ин шӯришро қӯшуни Исмоили Сомонӣ бо як сурати бераҳмона фурӯ нишонд. Чи навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ин қабил шӯру ошӯбҳо дар маҳалҳои мухталифи кишвари Ғур борҳо ба вуқӯъ омадаанд.

Охири асри ХI дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои асри ХII давлати феодалии Ғуриҳо таъсис ёфт.[14]

ҳокимони Ғур баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии Ғазнавиён маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба қувваи бузурге соҳиб гардиданд.

Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриҳо ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуд тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.

Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Султон Алоуддини Ғурӣ дар охирин муҳориба қӯшуни Баҳромшоҳро торумор карда, худи ӯро ба гурехтан маҷбур намуд. Шаҳри Ғазна аз тарафи Алоуддин (1150– 1151) хароб карда шуд.

Вале муборизаи Ғазнавиён ва Ғуриҳо бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи Алоуддин — Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони ғазнавӣ, ҳокими Лоҳур — Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур — Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати Ғазнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриҳо ҳокимияти Ғазнавиёнро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно Ғур буд.

Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Ғайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон) ва Ӯзбекистони кунунӣ, аз ҷумла, ноҳияи Вахш, Чағониён, Шуғнон ва Вахон ба ҳайъати давлати Ғур дохил карда шуданд.

Солҳои 1152–1206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иқтисодӣ ва мадании давлати Ғур низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои Осиёи Миёна хеле ақибмонда буд, ин пешравӣ дер давом накард.

Салҷуқиҳо ва Низомулмулк

Ҷанги Дандонақон, ки дар соли 1040 сурат гирифта, тақдири давлати Ғазнавиёнро ҳал карда буд, боиси тамоман ба Хуросон соҳиб шудани Салҷуқиён гардид.[15]

Туғралбеки Салҷуқӣ (1040–1063) пас аз ин ғалаба фавран худашро «султон» эълон кард ва бародари худро дар Хуросон гузошта, ба тарафи Гургон лашкар кашид. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ нафақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро ба таҳти тасарруфи худ гирифт, балки як қисми вилоятҳои ғарбии Эрони кунуниро низ ишғол намуда, дар соли 1055 пойтахти хилофати Аббосӣ шаҳри Бағдодро ба дасти худ даровард ва салтанати давлати салҷуқиро расман эълон кард. Султон Туғрал Кирмон ва Форсро низ забт намуда, дар Кавказ ба қӯшуни давлати Румия шикасти сахт ворид овард.

Пас аз вафоти Туғрал бародарзодаи ӯ Алпарслон (1063– 1072) ба тахт нишаста, хоки давлати салҷуқиро хеле вусъат дод. Алпарслон баъзе ҷойҳои Мовароуннаҳрро ба худ тобеъ кард. Вай инчунин императори Румия — Романи IV Диогенро мағлуб намуд.

Дар вақти ҳукмронии Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072–1092) ҳудуди давлати салҷуқӣ ба дараҷае тавсеа ёфт, ки аз соҳилҳои баҳри Миёназамин сар карда, то сарҳади давлати императории Чин қариб тамоми мамлакатҳои исломии Осиё дар таҳти тасарруфи он қарор гирифтанд. Аммо пас аз фавти Маликшоҳ давлати паҳновари салҷуқӣ аз ҳам пош хӯрда, ба якчанд мулку давлатчаҳо тақсим шуда рафт.

Дар асри ХII пойтахти давлати салҷуқии аҳди Санҷар (1118– 1157) шаҳри Марв буд. Ин шаҳр хеле тараққӣ карда, масоҳати бузургеро ишғол менамуд, каналҳои зиёди обёрӣ ва маҳаллаҳои калони пешаварӣ дошт. Марв ҳамчунин яке аз марказҳои мадании онвақта ба шумор мерафт. Ёқут чунин менависад: «Вақте ки ман онро (яъне Марвро.– Б.Ғ.) тарк кардам, дар он ҷо даҳ китобхонаи вақф мавҷуд буд, ки дар бобати фаровонӣ ва бартарии китобҳои маҳфузгардида назири чунин як ганҷинаи китобро дар олам надидаам».[16]

Дараҷаи маданияти Салҷуқиёни бодиянишин нисбат ба савияи мадании халқҳои мутеъгардидаи Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле паст буд. Кормандони дараҷаи дувум ва севуми давлати салҷуқиро як сӯ гузорем, худи «Салҷуқиёни бузург» низ аз дониш дур буданд. Масалан, Туғрал ва Алпарслон, ҳатто савод ҳам надоштаанд.

Ин вазъият сабаб шуд, ки дар умури идораи ҳукумати Салҷуқиён мардони сиёсии маданитарин халқҳои ин сарзамин — форс, тоҷик ва туркони муқимӣ роли муҳиме бозанд. ҳамеша дар чунин мавридҳо фотеҳон дар таҳти таъсири халқҳои мутеъ, вале хеле маданӣ қарор мегирифтанд.

Бузургтарин арбоби давлатии аҳди салҷуқӣ Абӯалӣ ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқ буд, ки дар Хуросон таваллуд ёфта, тақрибан 30 сол (1063–1092) дар замони ҳукмронии Алпарслон ва Маликшоҳ хидмати вазириро адо кардааст. Ӯ дар дарбори ин подшоҳон, алалхусус Маликшоҳ, обрӯй ва нуфузи бениҳоят пайдо намуда, лақаби «Низомулмулк»-ро гирифтааст. Низомулмулк як марди хеле оқил ва фозиле буд. Ӯ дар корҳои мамлакатдорӣ комилан ба таҷрибаҳои давраи Сомониён такя мекард ва барои эҳё намудани анъанаҳои мадании он давра кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.

Бештар бо ташаббус ва фаъолияти Низомулмулк усули идораи давлати салҷуқӣ ба тартиб андохта шуд. Чи навъе ки тамоми сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ мекунанд, айёми ҳукмронии Салҷуқиён то як андоза давраи тараққиёти осоишта ва ривоҷи тиҷорату иқтисодиёти феодалӣ буд. Шаҳрҳо умрону обод гардида, дар онҳо миқдори пешавароне, ки бо дастаҷамъӣ ва муташаккилона кор мекарданд, хеле афзоиш пайдо намуд.

Лекин вазъияти оммаи меҳнаткаш дар замони Низомулмулк низ ҳамоно бад буд. Низомулмулк ба мақсади пешгирӣ кардани тороҷгариҳое, ки феодалон нисбат ба барзгарон раво медиданд ва ин ҳол оқибат боиси кам шудани оидоти давлат мегардид, маҷбур шуд гузаронидани як қатор тадбирҳоро ба ҳокимони салҷуқӣ пешниҳод намояд. Ин тадбирот худсариҳои сардорони ҳарбӣ ва иқтаъдоронро маҳдуд мекард, то ки мардум тамоман муфлис нагардад ва дар айни замон ба ҳукмронии худи феодалон осебе нарасад.

Низомулмулк барои марказиятнок шудани идораи давлат ҳам чораҳои муассир пешбинӣ намуд. Вале ҳеҷ яке аз ин тадбирот бидуни ташкили дастгоҳи маъмурӣ, бидуни одамони доно ва босавод амалӣ намегардид.

Низомулмулк барои ташкил намудани мактабҳои олии диния – мадрасаҳо кӯшиши зиёде кард. Дар бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла, дар Бағдод, Нишопур, ҳирот, Балх, Марв ва ғайра ин қабил мактабҳо таъсис ёфта, ба шарафи ташкилкунандаи худ унвони «Низомия»-ро гирифтанд. Программаи таълими мадрасаи «Низомия»-и Бағдод дар баробари аз ёд кардани Қуръон, ҳадисҳо ва дигар риштаҳои улуми динӣ, ҳамчунин илми ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт ва амсоли инро дар бар гирифта буд. Мадраса мебоист намояндагони табақаи амалдорро дар рӯҳи эътиқод ба дини ислом тарбия карда, ба ин васила зумраи соҳибмансабро бо рӯҳониёни мусулмон наздик ва яксон намояд. Ғайр аз ин, дастпарварони мадраса бояд аз болои мардум назорати диниро анҷом дода, онҳоро аз равияи исмоилия дур мекарданд.[17]

Низомулмулк инчунин дар бобати тавсеаи тиҷорати хориҷӣ чораҳои лозима дид, аз ҷумла, ба бекор кардани боҷҳои зиёде, ки ба тараққии бозаргонӣ мамониат мекарданд, муваффақ шуд.

Баъзе муаррихон Низомулмулкро берун аз ҳад ситоиш намуда, ҳамчун муборизи беҳбудии халқ ба қалам медиҳанд. Албатта, ӯ ҳеҷ гоҳ чунин шахс набуд. Агар баъзе тадбироти пешбиникардаи вай худсариҳои сардорони ҳарбӣ ва феодалонро маҳдуд намуда ва худи ӯ барои ба вуҷуд овардани мадрасаҳо ғамхорӣ карда бошад, пас ҳамаи инҳо фақат барои мустаҳкам гардидани иқтидори Салҷуқиҳо, барои ҳарчи бештар пур шудани хазинаи давлат хидмат мекарданд.

Дар усули иқтаъ ва иқтаъдории давлати Салҷуқиён, пеш аз ҳама, манфиати аъён ва ашрофи туркони салҷуқӣ ба назар гирифта шуда буд. Ба тавассути иқтаъ мадохили асосии мамлакат ба дасти аъзои хонадони салтанатии Салҷуқиён медаромад. ҳар яке аз аъзои ин хонадон ба шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷудогонаи зироатӣ соҳиб шуда, даромади инро ба манфиати шахсии худ сарф мекарданд. Хешу табори подшоҳони салҷуқӣ ва сардорони ҳарбии онҳо низ бо роҳи иқтаъ ба тамоми як деҳа ва ҳатто ноҳияе соҳиб буданд. ҳамаи ин, албатта, дар байни феодалони маҳаллӣ, ки пас аз ба сари ҳокимият омадани Салҷуқиён аз қисми зиёди оидоти худ маҳрум шуда буданд, ҳисси эътироз ва норизоятӣ ба вуҷуд меовард.

Неҳзати исмоилия

Неҳзати исмоилиҳо [18] тақрибан муддати чорсад сол дар таърихи Осиёи Миёна ва Эрон роли калоне бозӣ кард. Ф.Энгелс навишта буд: «Оппозитсияи револютсионӣ нисбат ба феодализм дар тамоми давраи асрҳои миёна мавҷуд буд. Ин оппозитсия мутобиқи шароити замон гоҳ дар шакли тасаввуф, гоҳ дар шакли бидъати ошкоро ва гоҳ дар шакли шӯриши мусаллаҳ зоҳир мешавад».[19] ҳамаи ин се шаклро дар марҳилаҳои гуногуни неҳзати исмоилия метавон мушоҳида намуд.

Дар асри VIII исмоилиҳо – тарафдорони имом Исмоил, ки ҳафтумин авлоди Алӣ ва Фотима буда, аз тарафи падараш Ҷаъфари Содиқ мардуд гардидааст, як фирқаи хурди сӯфияи шиаро ташкил мекарданд.

Дар охири асри IХ ҳангоми шӯриши қарматӣ[20] ба исмоилиҳо муяссар шуд, ки дар Мағриб ҳокимияти сиёсиро ба даст дароранд ва раҳбарияти фирқаи исмоилия қариб дусад сол дар сари давлати пуриқтидори феодалӣ – хилофати Фотимиён, ки пойтахти он Миср (аз соли 974) буд, қарор гирифт.

Дар асрҳои Х–ХI исмоилия, ҳамчун ҷараёни бидъатомези ба мазҳаби суннии ислом мухолиф, дар саросари Шарқи Миёна, хусусан дар Осиёи Миёна ва Эрон паҳн гардид. Исмоилиҳо аз фалсафаи Юнон истифода бурда, системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд ва ба ин васила зиёиён, бисёр мутафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд. Дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки аз Миср то ба ин ҷо роҳи якмоҳаи корвонист, халифаҳои фотимиро ҳокимони «ҷорикунандаи адлу инсоф дар рӯи замин» номида, аксарияти мардум ба ин макри воизони исмоилӣ бовар мекарданд.

Дар охири асри ХI исмоилиҳои Осиёи Миёна ва Эрон аз хилофати рӯ ба таназзул ниҳодаи Фотимӣ алоқаи худро бурида, ҳасан ибни Саббоҳро сардори худ интихоб намуданд. Дар Исфаҳон, ноҳияи Қазвин ва дигар вилоятҳо шӯриши халқ ба амал омад. Исмоилиҳо дар ноҳияи Қазвин давлатчаи худро таъсис карда, қалъаи Аламутро пойтахт қарор доданд. Онҳо як қатор қалъаҳои ишғолкардаи худро ба такягоҳи мустаҳкам табдил дода, ташкилоти махфии террористии бар зидди ҳокимони салҷуқӣ нигаронидашударо барпо карданд. Фидоиёни ин ташкилот ба чусту чолокӣ ва ҷасорат ном бароварда буданд. Одамони мансуб ба аъёну ашроф аз ханҷари фидоии исмоилӣ чунон метарсиданд, ки ҳамеша аз таги ҷома зиреҳ пӯшида мегаштанд.

Моҳи октябри соли 1092 Низомулмулк ба дасти террористони исмоилӣ кушта шуд. Исмоилиҳо баъдтар султон Санҷарро ҳам ба дараҷае тарсонида монданд, ки ӯ фикри ба қалъаҳои исмоилӣ ҳуҷум карданро тамоман аз сари худ дур кард.[21]

Табиист, ки неҳзати дар асрҳои Х-ХIII, дар шароити ҷамъияти гуногунтабақа ва гуногунсинфи феодалӣ ҷараёнёфтаи исмоилия аз ҷиҳати синфу табақа якранг набуд. Қувваи асосии «ҷанги занҷиҳо» ва шӯриши қарматиҳо аввал ғуломони зангӣ, сонӣ деҳқонони безамин ва тоифаҳои кӯчманчии бадавӣ буданд. Аммо футуҳоти ин давра табақаҳои ашрофро, масалан, ашрофи ғуломдорро дар давлати қарматии Баҳрайн ва ашрофи феодалиро дар давлати фотимиҳои Миср низ истифода намуд. Дар тамоми ҳаракати исмоилияи асрҳои IХ–ХI падидаҳои эътирози аҳли меҳнат, эътирози табақаҳои поини шаҳрро аз найрангбозиҳои табақаҳои болоии ашроф, ки доимо мардумро фиреб медоданд, бояд фарқ кард.

Дар неҳзати исмоилия ҷараёнҳои гуногун вуҷуд доштанд. Дар овони шӯришҳое, ки оммаи васеи деҳқонон ва камбағалони шаҳр иштирок доштанд, шиорҳои маздакии баробарии моликият ва адлу инсоф, эътирозҳои зидди зулму истибдод пайдо мешуданд. Дар вақти ҳамчун ҷамъияти махфӣ мавҷудияти худро нигоҳ доштани ташкилоти исмоилӣ ва муқаррар гардидани якчанд дараҷаи огоҳӣ аз назарияи исмоилия фалсафаи ратсионалистӣ ба он роҳ меёбад.

Таълимоти исмоилиён умуман ба муқобили ҳанафияи ислом буд, ки дар аҳди ҳукмронии Салҷуқиён нафақат шарҳу басти озодонаи Қуръон ва масъалаҳои илоҳиётро, балки ҳама гуна таҳқиқоти илмӣ, ҳатто тадқиқи риёзиёт, ҳайъат, тиб ва амсоли онро манъ карда буд, як шакли эътироз ба шумор мерафт.

Ҷиҳатҳои пешқадам ва пешрави идеологияи исмоилии асрҳои Х-ХI-ро бояд таърихан конкрет, дар заминаи воқеияти беамони давр муайян кард. Мардонагии воизони исмоилӣ шоистаи таҳсин аст. Онҳо «дониши» худро, аз ҷумла, илмҳои ақлӣ ва дақиқро ба таъқиботи ваҳшатангез нигоҳ накарда, таблиғ ва интишор менамуданд.

Роли исмоилияи асрҳои IХ–ХI дар бобати нигоҳ доштани анъанаи афкори озод бағоят калон аст. Бесабаб нест, ки аксари муаллифони маҳкамэътиқоди асримиёнагии ислом, аз қабили ан-Надим, Абдулқоҳири Бағдодӣ, Ибни Хазм, Низомулмулк исмоилиёнро хавфноктарин душманони дини ислом ва маҳвкунандагони он номидаанд. Бо вуҷуди ин, исмоилиёни оддӣ соддадилона гумон мекарданд, ки онҳо «барои покизагии дини ислом мубориза мебаранд». Бо чунин усул, яъне «баҳри покизагии дин» ҷорӣ намудани ғояҳои таодулӣ ба бисёр бидъатҳои халқии асри миёна хос мебошад.

Қарохониён

Таърихи Осиёи Миёнаи аҳди Қарохониён ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Манбаъҳои хаттӣ доир ба ҷараёни вуқуоти сиёсӣ ва низоми дохилии давлати Қарохониён фақат маълумоти ҷузъӣ медиҳанд. Муаррихон ҳамеша ба умеди таҳқиқи сиккаҳои қарохонӣ буданд. Вале сиккаҳои қарохонӣ ҳамчун манбаи таърих хеле мураккаб ва барои омӯзиш ниҳоят душворанд ва аз муҳаққиқ эҳтиёт ва диққати ҷиддиро талаб менамоянд. Дар давоми даҳсолаҳои охир илми сиккашиносӣ роҷеъ ба таҳқиқи аҳди Қарохониён муваффақиятҳои муҳим ба даст овард, алалхусус, ҳалли як силсила масъалаҳои баҳснок ва, ҳатто тамоман омӯхтанашудаи таърихи Осиёи Миёнаи асрҳои ХI–ХII муяссар гардид. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи хулоса ва тахминҳои муаррихон ва сиккашиносон ба як дараҷа боварибахш ва тамоман исботшуда ба шумор мераванд, дар ин бобат ҳоло корҳои бузург, бисёр кашфиётҳои тоза ва таҷдиди назари баъзе ақидаҳо дар пешанд.

Дар байни таърихи сиёсии Қарохониён мо ба асарҳои машҳури В.В.Бартолд, ки беҳтарин намунаи таҳлили интиқодии ахбору маълумоти номуназзам ва зидди якдигари сарчашмаҳои хаттӣ мебошанд, истинод намудем. ҳамчунин баъзе хулосаҳои эътимодбахши сиккашиносон, ки ба саҳеҳ ва мукаммал шудани мадракҳои манобеи хаттӣ имкон медод, мавриди истифодаи мо буд.

Пайдоиши худи сулола маълум нест, номи дар илм қабулшудаи он (Қарохониён ва гоҳо Илокҳо) тамоман шартӣ буда, муаррихони асри ХI аз ду унвони маъруф: қарохон ва илок гирифтаанд. Зоҳиран, ҳастии асосии давлати Қарохониёнро қабилаҳои туркии яғмо ва чигилӣ ташкил мекарданд, ки дар ному лақабҳои давраи зуҳури қарохонӣ бештар дучор меоянд. Аввалҳо лақаби аз ҳама олӣ Арслонхон («арслон» – шер – нишони қабилавии чигилӣ) ва Буғрохон («буғро» – шутурнишони қабилавии яғмо) ҳисоб мешуд.[22] Тахминан аз миёнаҳои асри Х ислом дини давлатии Қарохониён гардид. Дар вақти оғози истилои Осиёи Миёна мақоми асосиро дар байни Қарохониён Алӣ ва ҳасани Буғрохон ишғол мекарданд; чунон ки дар боло зикр карда шуд, ҳасани Буғрохон соли 992 ба юриши Мовароуннаҳр сардорӣ карда, сипас, Наср ибни Алӣ ин вилоятро комилан тасарруф намуда буд. Ин ду хонадон, яке авлоди Алӣ («Алиён») ва дигаре авлоди ҳасан («ҳасаниён»), ҳанӯз дар охири асри Х нуфуз ва иқтидори зиёде пайдо намуда, мулкҳои калонеро соҳибӣ мекарданд.

Дар ин давра умуман давлати Қарохониён ба чандин амлок тақсим шуда, ҳудуди онҳо ҳамеша тағйир ёфта меистод. Соҳибони амлок ҳуқуқ ва имтиёзҳои калоне доштанд, онҳо метавонистанд ҳатто ба номи худ пул бароранд. Мулкдорони хурд ҳам амлок ва ҳам амлокдорро иваз менамуданд. Алоқаи тобеият серзина буд. Таърихи сиёсии ин давра пур аз ҳаводиси ҷангу талошҳои байнихудӣ мебошад.[23]

Дар вақтҳои аввал имтиёзи сиёсӣ ба ҷониби авлоди Алӣ – «Алиён» буд. Пас аз истилои Мовароуннаҳр онҳо ба сарзамини бузурге соҳиб гардиданд, ки дар ғарбу ҷануб қад-қади Амударё бо ҳудуди давлати ғазнавӣ тӯл мекашид, дар шарқ бародари Наср-Тӯганхон Қошғарро ба даст даровард. Дар ин овон сардорони сулола гоҳо аз байни намояндагони гуногуни хонадони «Алиён» ҳам хоста шудаанд.[24]

Вале дере нагузашта кори хонадони дигар, яъне «ҳасаниён» низ боло гирифт. Онҳо аз тарафи шарқ ба «Алиён» фишор оварданд. Бар тибқи маълумоти сиккаҳо, писари ҳасани Буғрохон – Юсуфи Қадархон дар соли 1005 Тӯганхонро ронда, Кошғарро соҳибӣ кард.[25]

Тадриҷан хонадони «ҳасаниён» чунон иқтидор пайдо кард, ки пас аз фавти писарони Алӣ унвони ифтихорӣ ва лақабҳои олии сардори сулола ба онҳо насиб гардид. Аз соли 1026/27 сардори Қарохониён Юсуфи Қадархон буд ва дар муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳо низ ӯ бо ҳамин сифат баромад мекард. Пас аз марги ӯ (с.1032) писараш — Сулаймон лақаби «Арслонхон»-ро гирифта ба сари ҳокимият омад ва сардори Қарохониён гардид. Маркази амлоки хусусии ӯ шаҳрҳои Баласоғун ва Қошғар буданд. Бародари ӯ — Муҳаммад бо номи «Буғрохон», ки лақаби аҳамиятан дувум ба шумор мерафт, ҳокимияти худро дар Исфиҷоб ва Тироз барқарор намуд.[26] Пас, муваффақияти ин хонадон фақат дар эътирофи зоҳирии сулоладории онҳо ифода намеёфт. Онҳо ба тадриҷ «Алиён»-ро торафт бештар танг карда бароварда, вилоятҳои нав ба навро соҳиб мешуданд. ҳатто Фарғона, ки мулки аслии «Алиён» буда, шаҳри Ӯзганди он пойтахти фотеҳи Мовароуннаҳр — Наср ибни Алӣ ҳисоб мешуд, ба таҳти тасарруфи Юсуфи Қадархон ва хусусан ду писари ӯ – Сулаймони Арслонхон ва Муҳаммади Буғрохон дохил гардид.[27]

Мовароуннаҳри фатҳкардаи Наср ибни Алӣ ҳам ба ихтиёри «ҳасаниён» гузашт. Бухоро ва умуман тамоми Мавороуннаҳри марказиро ҳанӯз соли 1025 Алитегин, бародари Юсуфи Қадархон, зери даст карда буд.[28] ҳар ду бародарон бо ҳам муросо намекарданд. Қадархон, зоҳиран, аз афзудани нуфузи Алитегин метарсид. Подшоҳи ғазнавӣ — султон Маҳмуд ҳам аз ӯ хавф мебурд. Бинобар ин онҳо бо ҳам забон як карда, соли 1025 якҷоя ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карданд.[29] Мулоқотҳои ду подшоҳи маъруфи онвақта, ки бо зиёфатҳои бошукӯҳ ва инъомҳои гаронбаҳо сурат меёфт, бо қарори аз Алитегин (ба фоидаи Қадархон) кашида гирифтани Мовароуннаҳр ва пайвастани риштаи ақрабоӣ анҷом пазируфт. Вале ин ҳар ду қарор ҳам амалӣ нагардид. Султон Маҳмуд он қадар кувват гирифтани Қадархонро ҳам намехост. Алитегин боз солҳои дароз дар Мовароуннаҳр ҳукм ронда, унвони бодабдабаи «Тамғоч Буғрохон»-ро қабул намуд[30] ва нисбат ба хешовандони худ тамоман мустақил гардид. Аҷибаш ин ки Ғазнавиён дар давраҳои минбаъда ҳам аз Алитегин хеле дар хавф буданд. Дар доираҳои дарбори ғазнавӣ ӯро душмани хатарнок, маккор ва ҳилагар мешумурданд ва зарурати аз ӯ хеле ҳушёрона муҳофизат кардани вилоятҳои сарҳадии давлатро таъкид менамуданд. Ин буд, ки Масъуди Ғазнавӣ бо нияти халос шудан аз Алитегин дар соли 1032 Олтунтоши Хоразмшоҳро ба муқобили ӯ ба Мовароуннаҳр равона кард. Алитегин бо мулоҳизаи тактикӣ Бухороро тарк намуд. Олтунтош шаҳрро ишғол карда бошад ҳам, муҳорибаи асосӣ дар ҷои дигар ба вуқӯъ пайваст. Ба Олтунтош захми марговар расид. Маҷбур шуданд, ки бо Алитегин муоҳида баста, қӯшуни хоразмиро аз Мовароуннаҳр бароваранд.

Алитегин ҳамеша дар дили худ нияти аз Ғазнавиён зада гирифтани баъзе мулкҳои соҳили Амударёро мепарварид. Ӯ дар шахси ҳоруни Хоразмшоҳ, ки аз Ғазнавиён ранҷиш дошт, иттифоқчии худро пайдо намуд. Вале ба амал овардани ин ният ба Алитегин муяссар нашуд. Дере нагузашта, соли 1034 ӯ вафот кард. ҳуҷуми муттафиқонаро писарони ӯ ба амал оварданд. Онҳо вилояти Чағониёнро забт намуда, Тирмизро ба муҳосира гирифтанд. Аммо ба сабаби кушта шудани ҳорун аз тарафи қӯшуни хоразмӣ ҳимоят надида, маҷбуран пас гаштанд. Пас аз ин муносибати байни фарзандони Алитегин ва Масъуди Ғазнавӣ дар зоҳир гӯё дуруст шуд.

Дар тамоми ин давраи тӯлонии пирӯзиҳои бузурги сиёсии «ҳасаниён», ки аз шарқ то ғарб саросари сарзаминҳои давлати қарохониро ба зери фармони худ дароварда буданд, дар манбаъҳои хаттӣ роҷеъ ба «Алиён» тақрибан чизе ба назар намерасад. Чунон ки аз сиккаҳо маълум мегардад, ду писари Насри фотеҳи Мовароуннаҳр — Муҳаммад ва Иброҳим фақат соҳибмулки ноҳияҳои хурде буда, дар айни замон ба кадом як узви олимақоми сулола нисбати тобеият ҳам доштаанд. Аввалҳо вазъияти Муҳаммад ибни Наср, ки дар манбаъҳои хаттӣ бо номи «Айн-уд-Давла» машҳур аст, хеле беҳтар буд. Ӯ чанде аз шаҳру ноҳияҳои Фарғона, бештар Ӯзганд (собиқ пойтахти падараш), баъзан Ахсикат, Хуҷанд ва баъд Қубаро соҳибӣ мекард. Вале қариб ҳама вақт дар сикка номи соҳибдавлати худро сабт менамуд.[31]

Дар солҳои 40-уми асри ХI мақоми намоёнеро дар арсаи сиёсат Иброҳим ибни Наср ишғол менамояд. Ӯ дар овони ҷавонӣ лақаби хоксоронаи «Бӯритегин»-ро гирифта, мулки майдае дошт ва як вақт, ҳатто ба дасти писарони Алитегин асир ҳам афтода буд. Аз асирӣ фирор карда, назди бародараш ба Ӯзганд рафт, вале бо вай муросо карда натавонист. Ниҳоят, соли 1038 қӯшун ҷамъ карда, ба вилоятҳои Хатлон, Вахш ва баъдтар ба Чағониён ҳамлавар шуд. ҳарчанд ин вилоятҳо дар доираи нуфузи Масъуди Ғазнавӣ воқеъ гардида буданд, ба сабаби андармонӣ ба муборизаи зидди Салҷуқиҳо маҷбур шуд, ки ба тохтутози Бӯритегин дар вилоятҳои худ тан диҳад. Ғайр аз ин, ӯ ҳаминро ҳам ба назар мегирифт, ки адовати байни Бӯритегин ва Қарохониёни Мовароуннаҳр (писарони Алитегин) аз ин сӯ ӯро хотирҷамъ карда, зарурати дар ду ҷабҳа мубориза бурданашро аз байн мебардорад.

Вале вилоятҳои назди дарёи Аму барои Бӯритегин фақат ҳамчун мавзеи мувофиқи амалиётҳои ояндаи ӯ хизмат мекарданд. Ӯ аз ҳамин ҷо истилои Мовароуннаҳрро сар карда, бо суръати тамом ба ҳусули мақсад муваффақ мешуд. Бесабаб набуд, ки баъди пирӯзии нахустин дар муборизаи зидди писарони Алитегин ӯ лақаби худро иваз карда, ба ҷои Бӯритегин унвони дабдабаноки «Тамғоч Буғрохон»-ро гирифт,[32] ки онро пештар дар Мовароуннаҳр Алитегин дошт. Ғайр аз ин, ӯ унвони ифтихории «Муаййид-ул-Адл»-ро ҳам, ки падар ва бародараш доштанд, соҳиб шуд. То соли 1041 тамоми Мовароуннаҳр ба қаламрави ӯ даромад. Масъуди Ғазнавӣ, ки дар муҳорибаи наздики Дандонақон (с.1040) аз салҷуқиҳо зарбаи сахт хӯрда буд, ба ин ҳама болоравиҳои Иброҳим ибни Наср розӣ шуда, ҳатто бо мақсади дилгарм кардани он ва дар шахси ӯ пайдо кардани иттифоқчии хуб барояш тӯҳфаву инъомҳо фиристод.

Иброҳими Тамғочхон сиёсати мустақили хориҷии худро ҷорӣ намуд ва соҳибдавлатии Қарохониёни шарқиро эътироф накард. Дар аҳди ӯ дар Мовароуннаҳр давлати мустақили Қарохониён комилан ташаккул ёфт, ки марказаш Самарқанд буд.[33] Дере нагузашта, дар оғози нимаи дувуми асри ХI Иброҳим ибни Наср Фарғонаро ҳам, ки дар таҳти тасарруфи Қарохониёни шарқӣ буд, ишғол намуд.

Сиёсати дохилии Иброҳими Тамғочхон низ хеле шоёни диққат аст. Агар ба ривоятҳои дар сарчашмаҳо овардашуда бовар кунем, Иброҳими Тамғочхон то як дараҷа мувозиби амният, оромиш ва эҳтиёҷоти раияи худ буд ва аз ин лиҳоз дар байни мардум шӯҳрат дошт. Хусусан касони ба моликият даст дарозкардаро беамон ҷазо медод. Дар ин бобат манбаъҳо як силсила ҳикоятҳо доранд. Рӯзе роҳзанҳо рӯи дарвозаҳои қалъаи Самарқанд навиштанд: «Мо мисли пиёзем: чи қадре ки бидраванд, ҳамон қадар мерасем». Иброҳим Тамғочхон амр кардааст, ки ҷавобан чунин нависанд: «Ман ин ҷо мисли боғбон ҳастам, чи қадре ки сабзед, ҳамон қадар медаравам!» Ӯ гӯё муваффақ шудааст, ки дуздиро дар қаламрави худ барҳам диҳад. Вай нарху навои бозорро ҳам назорат мекардааст ва ба қиматфурӯшӣ роҳ намедодааст. Чунин ҳикояти аҷибе оварда мешавад: рӯзе қассобҳо баландтар кардани нархи гӯштро хоҳиш карда, ваъда додаанд, ки ба хазина ҳазор динор тақдим мекунанд. Хон розӣ шуда, пул гирифтааст, вале харидани гӯштро ба аҳолӣ манъ кардааст. Қассобҳо маҷбур шудаанд боз ҳамон қадар пул дода, нархи пештараро барқарор кунонанд.[34]

Аз рӯи мадракҳои сиккашиносӣ маълум шуд,[35] ки ӯ дигар чораҳои беҳтар намудани шароити тиҷорат ва бозаргониро пешбинӣ кардааст. Чунончи, дар Фарғона то аҳди ӯ асоси муомилоти пулиро дирҳам ташкил медод, вале он аз сурбу мис буда, дар таркиби худ ҳеҷ нуқра надошт. Илова бар ин, ҳаҷму вазни ин қабил тангаҳо гуногун буда, барои муомила дар тарозу баркашида мешуд, ҳар яке ба таври ҷудогона арзише надошт, ки ин кори тиҷорати пулиро душвор мегардонид. Иброҳим ин пулҳоро бекор карда, дар Фарғона дирҳамҳои гирдаи нуқрагӣ ва мисиро ҷорӣ намуд: ин пулҳо ба таври ҷудогона ва донагӣ ба муомила даромада, барои пешрафти тиҷорати пулӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ин қабил тадбирот зулми феодалиро камтар накарда бошанд ҳам, вале пеши зиёд шудани онро гирифтанд. Инак, дар шароити давлати феодалӣ худи ҳамин ҳам як ҳодисаи прогрессивӣ ба шумор меравад.

Чунин сиёсати Иброҳими Тамғочхонро ду писар ва набераи ӯ Шамс-ул-мулк Наср, Хизр ва Аҳмад то як андоза давом доданд.

Муносибати байни ин подшоҳони қарохонӣ ва рӯҳониён саҳифаи хеле ҷолиб ва ҳанӯз кам таҳқиқшудаи таърихи Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Ин масъаларо бояд ҳамчун қисмате аз сиёсати дохилии онҳо баррасӣ намуд. Манбаъҳо, ҳам Иброҳими Тамғочхон ва ҳам подшоҳони дигарро мусулмонони комил, мардони порсо номида, нисбат ба рӯҳониён ва хусусан баъзе намояндагони онҳо бо эҳтироми бузург муносибат доштани ононро хотирнишон намудаанд. Бо вуҷуди ин дар аҳди ҳукмронии ҳар яке аз ин подшоҳон маҳз бо рӯҳониён зиддиятҳои тунду тезе ба амал омада, кор то ба қатлу куштор мерасид.

О.Г.Болшаков дарёфт, ки «табааҳои» аз тарафи Аҳмад таъқибдида ва ба мусодираи молу мулк маҳкумшуда табақаи болоии ҷамъияти феодалӣ буданд. Ин нуқта низ муҳим аст, ки ашрофи феодалии тоифаҳои бодиянишин ҳамроҳи рӯҳониён баромад мекарданд.[36]

Барои идеализатсияи муқаррарӣ ҳисоб кардани иддаои манбаъҳо роҷеъ ба шӯҳрати зиёди баъзе аз ин хонҳо дар байни мардум ва ҳамчун подшоҳи одил ном баровардани онҳо ҳеҷ як асос мавҷуд нест.

Дар паси ин ҳама далелу мадракҳои пароканда сиёсати дохилии собитқадамонае намоён аст. Зоҳиран ин хонҳои қарохонӣ ба марказият додани давлати Қарохониёни Осиёи Миёна саъю кӯшиш доштанд. Табиист, ки дар ин кор душмани онҳо феодалони бодиянишин ва рӯҳониёни аз қувватгирии ҳокимияти хонӣ норозӣ буданд. Мусодираи молу мулк дар шароити чунин мубориза яке аз василаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф гардонидани душмани сиёсӣ ба шумор мерафт.

Агар Иброҳими Тамғочхон бо роҳи ишғол намудани баъзе вилоятҳо ҳудуди давлати худро васеътар карда бошад, ворисони ӯ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва ҳунари ҳарбӣ ба чизе муваффақ шуда натавонистанд. ҳанӯз дар аҳди Шамс-ул-Мулк Наср онҳо ба фишори Қарохониёни шарқӣ дучор гардиданд. Фарғона аз даст рафт. ҳудуди байни ду давлати Қарохониён аз болои Хуҷанд муқаррар шуд. Аз тарафи дигар, маҳз дар замони ҳукмронии ин подшоҳони қарохонӣ Салҷуқиён аввал ба ноҳияҳои ҷудогонаи канории давлати Қарохониён ва баъдтар ба Мовароуннаҳри Марказӣ тохтутози худро сар карданд.[37] Дар охири охирон, соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ Бухоро ва андаке дертар шаҳри пойтахтии Самарқандро забт намуд. Бо вуҷуди ин, Салҷуқиён сулолаи Қарохониёнро барҳам надоданд; онҳо бо он қаноат карданд, ки метавонанд ба кори онон мудохила кунанд ва хонҳоро аз байни аъзоёни сулолаи қарохонӣ худашон таъин намоянд. Ягона низои ҷиддӣ соли 1130 дар миёни Арслонхони Қарохонӣ ва султон Санҷари Салҷуқӣ рӯй дод. Тақрибан 30 сол қабл аз ин, дар соли 1102 яке аз Қарохониёни шарқӣ Мовароуннаҳрро ба даст дароварда, ҳатто то ҳудуди мулки Салҷуқиён расид, аммо дар муҳорибаи зидди султон Санҷар кушта шуд. Пас аз ин султон Санҷар абераи Иброҳими Тамғочхон Муҳаммади Сонии Арслонхонро ба тахт нишонд. Муҳаммад қариб 30 сол ҳукмронӣ намуд ва бо фаъолияти бинокории худ шӯҳрат ёфт. Ба вай мисли гузаштагонаш бо рӯҳониён мубориза бурдан лозим омад. Пас аз он ки дар натиҷаи сӯиқасди рӯҳониён писари валиаҳдаш ба қатл расид, ӯ барои кӯмак ба султон Санҷар муроҷиат намуд. Султон Санҷар бо қувваи зиёди аскарӣ ба Самарқанд омад, вале Арслонхон, ки худ душманонашро мағлуб карда буд, дигар ба кӯмак эҳтиёҷ надошт. Аз рӯи шаҳодати баъзе сарчашмаҳо вай, ҳатто барои куштани Санҷар қотиле фиристод. Дар ҳар сурат Санҷар Самарқандро гирифта, Арслонхонро аз тахт фуровард ва дар оянда низ ононеро, ки фақат дар умури дохилӣ соҳибихтиёр буда, аз рӯи садоқат ба ӯ итоат мекарданд, ба тахти хонӣ менишонд.

Қарохониён ва қарахитоиҳо

Дар аввали чоряки дувуми асри ХII мардуми сершумори кидонӣ ҳафтрудро бо шаҳри Баласоғун ишғол намуда, империяи бузурги худро, ки то шимоли шарқии дарёи Енисей рафта мерасид, таъсис карданд. Сипас, онҳо тамоми мулкҳои боқимондаи Қарохониёни шарқиро тасарруф карда, ба Қарохониёни ғарбӣ, яъне мовароуннаҳрӣ таҳдид намуданд. Дар осори муаллифони мусулмон, ки воқеаҳои онвақта ва муваффақиятҳои сиёсии кидониро тавсиф кардаанд, ин мардум номи қарахитоиро гирифтааст.[38]

Соли 1137 Қарахитоиҳо дар наздикии Хуҷанд Маҳмуди Қарохониро торумор карданд. Маҳмуд дастнишондаи содиқи султон Санҷар буд. ҳатто дар сиккаҳои худ номи ӯро ёд менамуд. Аммо ин бор султон Санҷар ба Маҳмуд дасти ёрӣ дароз карда натавонист, зеро худаш бо ҷанги Хоразм банд буд. Дуруст аст, ки қарахитоиҳо дар чунин маврид барои ғалаба аз фурсат истифода набурданд.

Вале чанд сол нагузашта қарахитоиҳо дар ҷанги сахти ҳалкунанда ба қӯшуни муттаҳидаи Маҳмуди Қарохонӣ ва султон Санҷари Салҷуқӣ чунон зарбае ворид оварданд, ки дар таърихи ин се сулола ба эътибори марҳилае аҳамият пайдо намуд. Ин ҳодиса 9 сентябри соли 1141 дар дашти Катвони назди Самарқанд ба вуқӯъ пайваст. Қӯшунҳои салҷуқиву қарохонӣ тамоман торумор гардиданд, Султон Санҷар ва Маҳмуд ақиб нишастанд. Қарахитоиҳо бошанд, Бухоро ва тамоми Мовароуннаҳри марказиро забт намуданд.

Таносуби қувваҳои сиёсии Осиёи Миёна тағйир ёфт. Қарахитоиҳо ҳам, мисли Салҷуқиҳо, сулолаи Қарохониёнро аз байн набурданд, балки ба вассали худ мубаддал карданд. Қарохониён мебоист ба Гӯрхон – сардори давлати Қарахитоиҳо хироҷ медоданд. Султон Санҷар бо ҷангҳои зидди Отсизи Хоразмшоҳ, ки пас аз муҳорибаи Катвон ва шикасти Санҷар хеле ғайрат пайдо карда буд, саргарм шуда, ҳатто мубориза бурдан бо Қарахитоиҳо ва барқарор кардани нуфузи пешинаи худро дар Мовароуннаҳр аз гӯшаи хаёл ҳам намегузаронид.

Қарахитоиҳо ба корҳои дохилии Қарохониён мудохила намекарданд. Баласоғун ҳамоно пойтахти онҳо ба шумор мерафт. Дар давлати Қарохониён чунин вазъият ба амал омад: пас аз муҳорибаи дашти Катвони Самарқанд чанд вақт мамлакатро бародари Маҳмуди Қарохонии фироркарда идора намуд, Фарғона бошад, дар дасти хонадони «ҳасаниён», яъне Қарохониёни шарқӣ буд. Вале аз нимаи дувуми асри ХII (соли 1156) хонадони фарғонии Қарохониён Самарқандро ҳам ба итоати худ дароварданд. Аз ҳамин вақт, пас аз фосилаи дуру дарозе Мовароуннаҳр дубора ба ихтиёри шохаи шарқии Қарохониён гузашт, ки онҳо ду вилояти пурсарват – Мовароуннаҳри марказӣ ва Фарғонаро дар таҳти ҳокимияти худ муттаҳид намуда буданд. Аммо бояд қайд кард, ки Мовароуннаҳри марказӣ ва Фарғона дар нимаи дувуми асри ХII ва ибтидои асри ХШ амалан ҳамчун ду мулки калони мустақил дар дасти узвҳои гуногуни як хонадон боқӣ монданд. Маркази яке Самарқанд ва маркази дигаре Ӯзганд муттасил, бо ихтиёри худ ба таври фаровон пул мебароварданд, ҳар шаҳр ба номи ҳокими худ бо тамоми унвону лақабҳояш сикка мезад. Ба ҳар ҳол Самарқанд пойтахти тамоми давлат низ ҳисоб мешуд ва ҳокими он исман сардори сулола ба шумор мерафт. Ин ифодаи худро дар он меёфт, ки унвону лақабҳои ҳокимони Самарқанд аз хокимони Фарғона баландтар буд.[39]

Ғайр аз ин, дар ин вақт ҳам, амлокдорони хурди вассалмақом низ вуҷуд доштанд, вале онҳо дигар вазни сиёсии дар асри ХI доштаи худро аз даст дода буданд. Дар ин бора нисбат ба асри ХI хеле кам шудани сиккаҳо дар асрҳои ХII ва ибтидои ХIII, ки ба номи амлокдорони хурд бароварда мешуданд, шаҳодат медиҳад. Фақат садрҳои Бухоро мақоми махсусе доштанд. Онҳо як навъ хонадони намояндагони рӯҳониёни олирутба маҳсуб меёфтанд. Лақаби онҳо ҳам «садри ҷаҳон» буд, аввалҳо вазифаи олии рӯҳонии шаҳрро адо мекарданд, вале баъдтар ба умури идора низ бештар дахолат мекардагӣ шуданд. Бонуфузтарини онҳо на фақат дар асл Бухороро идора мекарданд, балки ҳатто зоҳиран хам мансаби ҳокими шаҳрро гирифта буданд. Муносибати онҳо бо Қарохониёни Самарқанд ниҳоят мураккаб буд. Садрҳо ҳокимияти олии онҳоро эътироф карда, сиккаҳоро ба номи онҳо мезаданд. Гоҳо ҳокимияти Бухоро тамоман ба дасти Қарохониён мегузашт, гоҳо баръакс, садрҳо соҳибихтиёр шуда, худашон ба Қарахитоиҳо хироҷ меғундоштанд. Онҳо, ки бе ин ҳам барои афзудаии сарвати худ аз роҳу воситаҳои гуногун ба таври фаровон истифода мебурданд, бо баҳонаи хироҷғундорӣ боз ҳам зиёдтар ғанимат ба даст меоварданд.

Хоразм ва давлати Салҷуқӣ

Ғалабаи Қарахитоиҳо дар соли 1141 Салҷуқиёнро хеле заиф гардонид.

Дигар аз воқеаҳои қобили диққате, ки дар ин давра ба амал омада, яке аз омилҳои рӯ ба суқут ниҳодани давлати салҷуқӣ гардид, ҳамчун маркази сиёсӣ сар бардоштани Хоразм буд.

Сарсулолаи хонадони хоразмшоҳӣ Ануштегин ҳанӯз дар замони Маликшоҳи Салҷуқӣ ба воситаи хидмат ва лаёқате, ки аз худ нишон дода буд, ҳокими Хоразм таъин гардид. Баъд аз вафоти Ануштегин ҳукмронии Хоразм ба тариқи мерос ба писари ӯ — Қутбиддин Муҳаммад (1097–1127) расид. Қутбиддин Муҳаммад лақаби «Хоразмшоҳ»-ро гирифта, дар тамоми давраи ҳукмронии худ аз фармонбардортарин ҳокимони султон Санҷар ҳисоб мешуд. Баъд аз сари ӯ ҳукумати Хоразм ба писараш — Отсиз (1127–1156) гузашт, ки ин шахсро мумкин аст асосгузори ҳақиқии давлати бузурги Хоразмшоҳӣ номид. Отсиз ва ворисони ӯ аз ҳар як лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, тамоми саъю эҳтимоми худро ба харҷ доданд, ки ба муқобили давлати салҷуқӣ истиқлолияти Хоразмро таъмин намоянд. Отсиз дар солҳои аввали ҳукмронии худ ба султон Санҷар сари итоат фуруд оварда, дар лашкаркашиҳои ӯ иштирок мекард. Аммо, вай дар айни замон, бо роҳи мутеъ кардани қабилаҳои ҳамсоя беш аз пеш қувват мегирифт. Ба ӯ муяссар гардид, ҳатто он маҳалҳоеро, ки дар ҳаёти бодиянишинӣ хеле аҳамият доштанд, аз ҷумла заминҳои поини дарёи Сир ва нимҷазираи Манқишлоқро ишғол намояд.

Отсиз пас аз ин тариқа мустаҳкам кардани мавқеи худ се мартаба (1138, 1141 – 1142 ва 1147 – 1148) бар зидди султон Санҷар сар бардошт, аммо муваффақият ба даст оварда натавонист. Ниҳоят, дар моҳи июни соли 1148 Отсиз ба пеши султон Санҷар ҳозир шуда, комилан фармонбардори давлати салҷуқӣ будани худро шахсан арз кард. Баъд аз ин Отсиз, агарчанде то охири умри худ аз итоати Салҷуқиён сар напечид, лекин дар ҳар сурат барои истиқлолияти Хоразм ва таъсиси давлати бузурги ояндаи Хоразмшоҳиён заминаҳои мусоид ҳозир карда тавонист (аз ҳамон вақт, яъне аз миёнаҳои асри ХII ҳокимияти Салҷуқиён дар Хоразм мавҷудияти худро фақат исман нигоҳ дошт).[40]

Дар аввалҳои нимаи дувуми асри ХII дар Мовароуннаҳр ва навоҳии шимоли Афғонистони кунунӣ воқеаи дигаре рӯй дода, бештар боиси аз байн рафтани давлати салҷуқӣ гардид. Дар соли 1153 туркони ғуз (оғузҳо), ки дар навоҳии Балх бодиянишинӣ мекарданд, ба муқобили султон Санҷар шӯриш бардоштанд. Сабабгори шӯриш ноинсофиҳои аз ҳад гузарои ҷамъкунан-дагони хироҷ буд. Пас аз ин ғузҳои бодиянишин ба ноҳияҳои ободи зироатӣ ҳуҷум оварданд. Султон Санҷар барои саркӯбии ғузҳо лашкар кашид, лекин шикаст хӯрда, худ ба дасти онҳо асир афтод. Пас аз ин, бодиянишинон дар воҳаҳои зироатии Хуросон ва қисмати ҷануби шарқии Мовароуннаҳр ба тохтутози худ бемонеа давом намуданд.

Султон Санҷар пас аз се соли асорат, дар соли 1156 халосӣ ёфта, ба пойтахти худ — шаҳри Марв омад. Лекин дере нагузашта пас аз як сол вафот кард ва бо ин сурати зоҳирии давлати марказият пайдокардаи салҷуқӣ низ аз миён рафт. Осиёи Сағир ва Кирмон ҳанӯз дар вақти Султон Санҷар истиқлолият гирифта буданд. Баъд аз фавти ӯ дар Форс ва Озарбойҷон низ мулкҳои ҷудогонаи мустақил ба вуҷуд омаданд. Хуросон аз таҳти тасарруфи Салҷуқиён баромад. Халифа низ дар маркази хилофат — шаҳри Бағдод мавқеи пешинаи худро барқарор кард.

Ин вазъият барои таҳкими истиқлолияти Хоразм хеле мадад расонид. Писар ва вориси Отсиз Эларслон (1156–1172) аз ин фурсат истифода бурда, ба муборизаи байни қӯшуни қабилаи туркии қарлуқ ва хонҳои қарохонии Мовароуннаҳр, ки итоати Қарахитоиҳоро қабул карда буданд, мудохила намуд.

Эларслон дар ин мубориза қарлуқҳоро ҳимоя кард. Дар соли 1158 ӯ бо лашкари Хоразм ба хоки Мовароуннаҳр дохил шуда, дар муҳорибае, ки қарлуқҳо барои Самарқанд ва Бухоро мебурданд, иштирок намуд. Баъдтар ӯ бар зидди ғузҳои Хуросон мубориза бурда, баъзе муваффақиятҳо ба даст даровард. Дар соли 1165 вай ба сӯи Нишопур лашкар кашида, хост ин шаҳрро забт намояд, аммо ба мақсади худ расида натавониста, ба Хоразм баргашт.

Албатта, дар чунин шароити ихтилофоти муттасили дохилӣ дар бораи аз Мовароуннаҳр рондани Қарахитоиҳо ҳатто фикр кардан ҳам мумкин набуд. Ғайр аз ин, ба Эларслон лозим меомад, ки барои ҳимояи қаламрави аслии худ тадбироти зарурӣ бубинад. Дар ҳақиқат, Қарахитоиҳо бо баҳонаи ин ки Эларслон боҷи мамлакатро дар вақти худ намефиристонад, дар соли 1171–1172 ба Хоразм лашкар кашиданд. Эларслон фақат ба воситаи вайрон кардани садди дарёи Сир тавонист пойтахти худро аз ҳуҷуми Қарахитоиҳо муҳофизат намояд.

Дар соли 1172 Эларслон вафот кард ва писари кӯчаки ӯ Султоншоҳ бо ёрии модари худ ба тахти салтанати хоразмшоҳӣ нишаст. Писари бузурги Эларслон — Алоуддини Текеш, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Хоразм буд, аз ин воқеа хабардор гардида, барои ғасб намудани ҳокимият камар баст ва дар ин кор аз қарахитоиҳо мадад хост. Вай ба ивази ин пардохтани хироҷи ҳарсолаи мамлакати Хоразмро бо Қарахитоиҳо ваъда дод. Текеш дар худи ҳамон сол бо кӯмаки Қарахитоиҳо Хоразмро ишғол намуд. Султоншоҳ фирор карда, наҷот ёфт.

Алоуддин Текеш (1172–1200), пас аз он ки ҳукмронии Хоразмро ба дасти худ гирифта, андаке мавқеашро мустаҳкам намуд, фавран, бар зидди Қарахитоиҳо сар бардошта, элчии онҳоро, ки барои ҷамъ кардани хироҷ ба Хоразм омада буд, ба қатл расонид. Вақте ки Султоншоҳ аз ин ҳаракати бародари худ воқиф гардид, дарҳол ба пеши Қарахитоиҳо рафта, хоҳиш намуд, ки дар мубориза барои сарнагун кардани Текеш ба вай кӯмак расонанд.

Қарахитоиҳо, ки чанд сол қабл аз ин бо Султоншоҳ муносибати дуруст надоштанд, бо тамаи гирифтани боҷи Хоразм хоҳиши ӯро қабул намуда, бар зидди Текеш лашкар кашиданд. Вале ин дафъа амалиёти ҳарбии онҳо муваффақият пайдо накард: аз як тараф, Текеш роҳҳоро ба зери об мононда ҳаракати қӯшуни Қарахитоиҳоро хеле ба душворӣ андохт; аз тарафи дигар, тадбири Султоншоҳ ва Қарахитоиҳо, ки аҳолии Хоразмро ба муқобили Текеш шӯронидан буд, низ натиҷае набахшид. Баъд аз ин бемуваффақиятӣ Қарахитоиҳо маҷбур шуданд, ки ба пойтахти худ пас гарданд. ҳангоме ки Султоншоҳ вазъиятро чунин дид, аз Қарахитоиҳо хоҳиш кард, ки як дастаи аскарӣ ба ихтиёри ӯ гузоранд. Ин хоҳиши ӯ низ қабул шуд. Вай бо ин дастаи аскарӣ ба тарафи Хуросон ҳаракат намуд ва қувваҳои ҳарбии ғузҳои бодиянишинро шикаст дода, Марвро ишғол кард ва баъд аз чанде Сарахс ва Тӯсро низ ба зери дасти худ гирифт.

Текеш пас аз ҳуҷуми бесамари Қарахитоиҳо ҳокимияти худро хеле мустаҳкам кард. Ӯ ба Мовароуннаҳр ва Хуросон чанд дафъа бомуваффақият лашкар кашида, шаҳру деҳаҳои зиёдеро забт намуд. Дар моҳи июни соли 1187 Нишопурро ишғол кард ва дар соли 1193, пас аз марги Султоншоҳ, Марвро ҳам ба тасарруфи худ даровард.

Тақрибан дар худи ҳамин вақт Текеш имконият ёфт, ки ба ҳаёти сиёсии баъзе ноҳияҳои Эрон низ мудохила намояд. Султони салҷуқӣ Туғрали Сонӣ мехост, ки умури идораи давлатро комилан ба дасти худ гирифта, ба ихтиёри халифа фақат корҳои диниро вогузорад. Албатта, халифаи аббосӣ – Носир (1180–1225) ба ин розӣ намешуд. Ин буд, ки дар байни султон ва халифа муборизаи шадиде ба амал омад ва халифа аз Текеш кӯмак хост. Текеш низ мавқеъро аз даст надода, бар зидди Туғрали Салҷуқӣ лашкар кашид ва дар моҳи марти соли 1194 ба қувваҳои ҳарбии ӯ зарбаи мӯҳлик ворид оварда, ҳамадонро ишғол кард. Аббосиён ба зудӣ огоҳ шуданд, ки Хоразмшоҳ барои хилофати араб аз султони салҷуқӣ хавфноктар аст. Аз ин сабаб халифа Носир ба воситаи вазири худ ба Текеш хабар расонид, ки расму ташрифоти дарбории маркази хилофатро ба ҷо орад. Ин таклиф ҳаминро ифода мекард, ки Текеш чи дар умури идораи ҳукумат ва чи дар корҳои динӣ бояд итоати халифаи аббосиро қабул намояд. Текеш аз ин ниҳоятдараҷа дар ғазаб шуда, вазири халифаро бо суханҳои дурушт баргардонид.

Дар моҳи июни соли 1196 дар байни аскарони Хоразмшоҳ ва қувваҳои ҳарбии халифа муҳорибаи сахт руй дода, бо ғалабаи Хоразмиён анҷом ёфт. Аммо халифа ба мағлубияти худ нигоҳ накарда, аз Текеш талаб намуд, ки қӯшуни худро аз навоҳии ғарбии Эрон берун бурда, ба Хоразм ақиб нишинад. Текеш дар ҷавоб ба халифа чунин изҳор кард, ки оидоти мамлакатҳои ишғолкардааш ба таъминоти қувваи бузурги ҳарбии вай кифоят намекунанд, аз ин сабаб халифа бояд илова бар ин мамлакатҳо боз баъзе вилоятҳоро ба ихтиёри ӯ супорад. Ба ин ҳам қаноат накарда Текеш аз халифа талаб кард, ки дар Бағдод хутбаро ба номи ӯ хонанд. Муборизаи байни халифа ва Хоразмшоҳ хеле тӯл кашид.

Оре, дуруст аст, ки дар замони ҳукмронии Текеш давлати Хоразмшоҳиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардид. Лекин, дар айни ҳол, мубориза бо хилофат пояҳои ин давлатро беш аз пеш суст кард. Халифаи аббосӣ дар ҷараёни ин мубориза тавонист аз нуфуз ва эътибори рӯҳониёни ислом ба манфиатҳои худ истифода намояд. Текеш дар навбати худ кӯшиш намуд, ки ба қӯшун такя кунад. Ӯ барои бомуваффақият иҷро гардидани иқдомоти ҳарбии худ сардорони лашкарро ба дараҷаҳо тақсим намуда, як гурӯҳи пурқуввати ашрофи низомӣ ба вуҷуд овард. Лекин ин ҳама саъю кӯшишҳои Текеш натиҷае набахшиданд, вай дар дохили мамлакат такягоҳи мустаҳкаме пайдо карда натавонист.

Муншии Текеш — Баҳруддин Муҳаммади Бағдодӣ дар «Ат-тавассул ило-т-тарассул» ном асари худ, ки то замони мо расидааст, манзараи иҷтимоӣ ва таркиби миллии нуфуси вилояти Сирдарёро то ибтидои асри ХIII тасвир намудааст. Дар байни баъзе ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар ин асар оварда шудаанд, як дастури Текеш бо қоиммақоми Ҷанд низ мавҷуд аст. Хоразмшоҳ дар ин дастури худ ба қоиммақом амр менамояд бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ, ки ӯ мураттабан зикр намудааст, муносибати дуруст барқарор кунад:

1. Сайидҳо (ашхоси мансуб ба авлоди Муҳаммад пайғамбар) – «ӯ (қоиммақом) танзими манофеи ононро бар тибқи адолат ва дараҷаи қудсияти эшон бояд ҳамчун давлати зиёда эътироф намояд… ва, бигзор, ӯ коре кунад, ки онон аз рӯи ниёз ба чизе рӯ наёранд».

2. Имомҳо ва уламо – «бигзор, ӯ ба эшон бахшишҳо диҳад ва хайру эҳсон намояд, то шоду мамнун бошанд» ва дар умури давлат такя ва фатво созад.

3. Қозиҳо ва ҳокимон – аз онҳо бояд ҳукми одилона талаб кард, «вале мусаллам аст, ки набояд онҳо тобиши шаъни қозиро хира гардонанд».

4. Сӯфиён ва пайравони онҳо – бояд ба эшон бахшишҳо дод, «то битавонанд бо хотири ҷамъ баҳри салтанати зафарманди мо машғули ибодат бошанд».

5. Оқсаққолҳои бонуфуз – онҳоро бояд ҳимоят кард.

6. Амалдорон ва ҳарбиёни мутеи қоиммақом – бидуни мудохила «ба баҳсу мунозира ва ҷангу низоъҳои байнихудии эшон» бар онҳо бояд ҳукмравӣ намуд ва барои дар вақти худ расидани муздашон назорат кард, то ки онҳо ба ситонидан аз аҳолӣ эҳтиёҷ пайдо накунанд».

7. Ғозиён – назорати аҳолиро ба онҳо вогузошта, ононро аз ҳар ҷиҳат бояд пуштибонӣ намуд.

Ин номбарӣ ба кадом гурӯҳҳои истисморкунанда майли такя кардан доштани Хоразмшоҳиёнро нишон медиҳад.

Дар ин асар роҷеъ ба барзгарон ва заминдорон ва ҳам дар хусуси пешаварон ва «аҳли бозор» дастурот дода, азбаски «бо заҳмати онҳо воситаҳои моддии қӯшун таъмин мегардад», ба онҳо таваҷҷӯҳи лозима намудан тавсия карда мешавад. Сипас, лузуми ҳимоят намудани тоҷирон, ки «қосиди маҷҷонӣ ва восифи шаҳриёр» мебошанд, қайд гардидааст. Ғайр аз ин, зарурати муносибати мусовӣ кардан бо туркон ва тоҷикон ба таври махсус таъкид ёфтааст.

Дар хотима аҳолӣ даъват мешаванд, ки қоиммақоми навро бо шодмонӣ пешвоз гиранд: «Бигзор, онҳо ба ӯ молиёти соли ояндаро ба ҳаҷми яксавуми андози ҷамъшуда комилан бипардозанд, бигзор, аз шикояти беасос нисбат ба ӯ, ки арзкунандагон гӯё аз ӯ зулм медида бошанд, худдорӣ намоянд ва бигзор, ба амри мо ва фармони ӯ, яъне қоиммақом, итоат кунанд».

Ин ҳуҷҷат гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри ХIII қисмати умдаи аҳолии атрофи Хоразм (дар сурати бартарӣ доштани унсури туркизабон) аз тоҷикон иборат будаанд. Қимати асосии он дар ин аст, ки силсилаи маротиби онвақтаи феодалӣ дар он хеле равшан тасвир шудааст.[41]

Пас аз марги Текеш писари ӯ — Муҳаммад (1200–1220) ба тахти хоразмшоҳӣ нишаст. Дар соли 1203 султон Муҳаммад бо пуштибонии Қарахитоиҳо Хуросонро тамоман ба даст даровард. Вай ҳирот ва гирду атрофи онро низ ба худ тобеъ намуда, дар соли 1207 ба пойтахти худ баргашт. Муҳаммади Хоразмшоҳ, пас аз он ки аз кори Хуросон хотирҷамъ шуд, дар фикри забт кардани Мовароуннаҳр ва барҳам додани ҳукмронии Қарахитоиҳо афтод. Дар худи ҳамон соли 1207 ӯ бо баҳонаи фурӯ нишондани шӯриши аҳолии шаҳри Бухоро, ки бар зидди садрҳо бардошта буданд, бо қӯшуни пуршуморе ҳаракат карда, бо ҳамин васила ба тасарруфи Мовароуннаҳр оғоз намуд.

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ
аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ

Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз дар нимаи аввали асри ХII дар Бухоро хонаводаи олинасаб – намояндагони рӯҳониёни дараҷаи олии ислом, ки унвони «Садри ҷаҳон»-ро гирифта буданд, нуфузи калоне пайдо намуданд. Ғайр аз миқдори зиёди заминҳои вақф, ба дасти рӯҳониён гузаштани даромади муассисаҳои тиҷоратӣ, бозор, андози заминҳои зироатии гирду атрофи шаҳр, ҳамчунин молиёти пешаварон ва тоҷирон сарвати садрҳоро хеле афзуд. То чӣ андоза сарватманд шудани садрҳои Бухороро аз ҳамин ҷо ҳам донистан мумкин аст, ки яке аз садрҳо Муҳаммад ибни Аҳмад бо оидоти худ метавонист 600 нафар фақеҳро нигоҳдорӣ кунад. ҳангоме ки ӯ ба Макка сафар намуд, барои таъминоти роҳ зиёда аз сад уштур бор ҳамроҳи худ бурд. Вале ӯ дар ивази ҳирсу оз ва рафтори ноқобиле, ки дошт, лақаби «садри ҷаҳаннам»-ро гирифта буд.

Сарвати садрҳои Бухоро сарчашмаи дигаре низ дошт. Онҳо бо баҳонаи ба гӯрхонҳои қарахитоӣ пардохтани хироҷи солиёнаи мамлакат халқи заҳматкашро бераҳмона истисмор ва бо ҳар васила ғорат мекарданд. Зимнан, қисмати зиёди сарвате, ки ба ин тариқа ҷамъоварӣ мешуд, ба худи садрҳо мерасид.

Албатта, ҳамаи ин беадолатӣ ва ғоратгариҳо ҳисси нафрат ва адовати оммаи васеъро нисбат ба садрҳо ба вуҷуд наёварда натавонист. Дар соли 1206 аҳолии Бухоро бо роҳбарии Санҷар ном устои сипарсоз бар зидди ҳукумати садрҳо қиём намуданд.

Қувваи асосии шӯриши Санҷарро пешаварони шаҳр ташкил мекарданд. Сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи чӣ гуна сар задани шӯриш ва вусъати минбаъдаи вай маълумоти хеле кам медиҳанд. Мо дар хусуси он ки шӯришчиён пас аз ғалаба чанд вақт шаҳрро дар дасти худ нигоҳ доштанд ва кори ташкилии онҳо чӣ гуна ба роҳ монда шуда буд, чизе намедонем. Фақат ҳамин қадар маълум аст, ки Санҷар баъд аз ишғол кардани шаҳр, чӣ навъе ки вақоеънигорони дарбор менависанд, одамони номдор, яъне ашрофи феодалиро хеле «таҳқир» кард. Садрҳо бо як ҳолати ифтизоҳомез аз шаҳр ронда шуда, молу мулки онҳо ба дасти шӯришиён даромад.

Садрҳои рондашуда аз Қарахитоиҳо мадад хостанд.

Дар чунин вазъият Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки барои аз Қарахитоиҳо гирифтани Мовароуннаҳр фурсат меҷуст, воқеаи Бухороро барои иҷрои нақшаҳои худ мавқеи мусоид дарёфта, бо қувваи бузурги ҳарбӣ ба сӯи Бухоро ҳаракат намуд. Шӯришиён, ки барои мудофиаи шаҳр ҳеҷ як чораҷӯӣ надида ва, ҳатто бо барзгарони ободиҳои атроф муттаҳид нагардида буданд, ҳамлаи қувваҳои ҳарбии Хоразмшоҳро дафъ карда натавонистанд. Дар соли 1207 султон Муҳаммад қабл аз он ки Қарахитоиҳо ба Бухоро расанд, шаҳрро забт намуд. Садрҳои Бухоро ҳокимияти худро аз нав барқарор карда, мутеи Муҳаммади Хоразмшоҳ гардиданд. Тасарруфи шаҳри Бухоро фақат муқаддимаи мақсади ба пеш гузоштаи султон Муҳаммад буд. Барои тамоман тобеъ намудани Мовароуннаҳр ба ӯ лозим меомад, ки аз байни ҳокимони худи ин сарзамин муттафиқ пайдо кунад.

Дар сарчашмаҳои хаттӣ роҷеъ ба воқеаҳои ин давра маълумоти эиёде мавҷуд аст. Вале фикрҳо аксаран мухолифи якдигаранд.[42] Барои равшан кардани бисёр масъалаҳо, ҳолатҳо ва таърихи воқеаҳо маҳз мадракҳои сиккашиносӣ кӯмак мерасонанд.[43]

ҳокими Самарқанд ва сарсулолаи исмии Қарохониён — Усмон ибни Иброҳим буда, дар Фарғона бародари ӯ — Қадархон ҳукмронӣ мекард. Усмон дар ҳудуди асрҳои ХII–ХIII ба тахти падар нишаста, пас аз чанде унвони дабдабаноки «султони бузурги султонон»-ро қабул намуд. Вазъияти ӯ дар байни Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Қарахитоиҳо чунон буд, ки гӯё дар «миёни обу оташ» қарор гирифта бошад. Вале ӯ то як муддат хеле моҳирона аз ин вазъият берун меомад. Чунин ба назар мерасад, ки Муҳаммади Хоразмшоҳ, дар аввалҳо фикри барҳам додани сулолаи Қарохониёнро надошт, ӯ фақат дар рафти мубориза бо Қарахитоиҳо сиёсати худро дар ин бобат тағйир дод. Муносибати байни Қарохониён ва Муҳаммади Хоразмшоҳро метавон ба се марҳила ҷудо кард: аввал муносибати муттафиқона, сонӣ муносибати тобеият ва, ниҳоят, таъқиб ва нест кардани ҳокимони Қарохонӣ.

Пас аз забти Бухоро Муҳаммади Хоразмшоҳ бо Усмони Самарқандӣ, бе он ки ба мулки ӯ даъвое кунад, иттиҳод баст. Усмон мисли пештара ба номи худ бо ҳамон унвону лақабҳое, ки ҳатто аз унвонҳои Муҳаммади Хоразмшоҳ дабдабаноктар буд, сикка задан гирифт.

Дар ҳамин вақт иттифоқчиён, яъне Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Усмон аз Қарахитоиҳо шикаст хӯрданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ маҷбур шуд ба мамлакати худ баргардад, Усмон бошад, дубора бо Қарахитоиҳо наздик шуда, духтари худи гӯрхонро ба занӣ хост. Аммо ҷавоби рад гирифта, боз ба тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ майл намуд, вале ин бор на ба сифати иттифоқчӣ, балки ҳамчун шахси мутеъ пазируфта шуд. Ин буд, ки Усмон дар соли 1209/10 сиккаро ба ду ном зарб кард: дар як тарафи сикка ном ва унвони Муҳаммади Хоразмшоҳ ва дар тарафи дигари он номи худро сабт намуд.

Ин хиёнати Усмон гӯрхонро ба хашм оварда, боиси ба Самарқанд ҳамла овардани ӯ гардид. Қарахитоиҳо Самарқандро гирифта ва як миқдор боҷ ситонида, аммо ба сабаби нооромиҳои ҷиддии дар шарқи мамлакати худ баамаломада маҷбур шуданд, ки шаҳрро тарк карда, пас гарданд.

Яке аз сабабҳое, ки то як андоза барои муваффақият пайдо кардани Муҳаммади Хоразмшоҳ имконият ба вуҷуд овард, мавриди ҳуҷуми қабилаи найманҳои муғул қарор гирифтани давлати қарахитоӣ буд. Найманҳо ҳатто хазинаи гӯрхонро ғорат карданд. Усмон ин нокомӣ ва нобарориҳои кори Қарахитоиҳоро дида, аз сари нав ба тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ гузашта, боз ба ду ном сикка зад ва ба ин васила тобеияти худро тасдиқ намуд. Муҳаммади Хоразмшоҳ мустаҳкам кардани садди мудофиаи Самарқандро фармуда ва дар назди Усмон намояндаи худро гузошта, худ ба қувваи аскар ба тарафи шарқ равона шуд ва дар муҳорибаи водии Талас бар қӯшуни Қарахитоиҳо ғолиб омада, сипаҳсолори ононро асир намуд.

Агарчанде ин муҳориба тақдири Қарахитоиҳоро ба куллӣ ҳал накард, вале дар айни ҳол обрӯ ва эътибори Муҳаммади Хоразмшоҳро хеле зиёд намуд. Пас аз ин номи ӯро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бо унвони «Искандари дувум» ё худ «Султон Санҷар»[44] ёд карданд.

Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ин ҷиҳат ҳам Мовароуннаҳрро ба осонӣ фатҳ намуд, ки аҳолии ин сарзамин умедвор буданд, пас аз ронда шудани Қарахитоиҳои «бутпараст» ва истиқрор ёфтани ҳокимияти Хоразмшоҳиёни ҳамдин вазъияти онҳо беҳтар хоҳад гардид. Ин умедвории халқро султон Муҳаммад дар роҳи расидан ба мақсади худ хеле хуб истифода намуд. ҳангоме ки ӯ дар соли 1207 Бухороро ишғол кард, зоҳиран, ба аскарони худ фармон дод, ки ба аҳолӣ ҳеҷ гуна ҷавру зулм накунанд. ҳатто роҳбари шӯришиён — Малик Санҷар, ки бар зидди садрҳо ва гӯрхони қарахитоӣ баромада буд, низ дар аввал саломат монда, фақат пас аз чанд вақт ба дарёи Ому ғарқ карда шуд.

Вале аҳолии Мовароуннаҳр ба зудӣ тамоми сахтиҳои ҳокимияти хоразмшоҳи «мусулмон»-ро ҳис карданд. Усмон, пас аз он ки Муҳаммади Хоразмшоҳ бар Қарахитоиҳо ғалаба кард, ба духтари Муҳаммад хонадор шуда, як соли тамом дар Хоразм монд. Сипас ӯ ба Самарқанд баргашта, аз алами тобеият ба хоразмиҳо ва маҳрумият аз истиқлол боз ба Қарахитоиҳо гуфтугузор сар кард. Ба ин тариқа, ӯ аз сиёсати пешинаи худ, ки ба тарафи зӯру тавоно майл кардан буд, ин дафъа рӯ гардонид. Ин дафъа манфиати ҳокими қарохонӣ ба манфиати халқ мувофиқат намуд: зулму истибдоди хоразмиҳо дар муборизаи умумӣ онҳоро ба ҳам муттаҳид сохт.

Ҷабру зулми ҳокими дар Самарқанд гузоштаи Муҳаммади Хоразмшоҳ то дараҷае сахт буд, ки халқи шаҳр тоқат наёварда, дар соли 1212 ба муқобили ин ситамгарони нав шӯриш карданд. Онҳо медонистанд, ки барои мубориза бурдан бо Муҳаммади Хоразмшоҳ қувваи кофӣ надоранд, бинобар ин Қарахитоиҳоро ба ёрӣ даъват намуданд. Лекин Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ин ҳодиса хабардор гардида, фавран ба Самарқанд омад ва шӯришро дар як сурати бераҳмона фурӯ нишонд. Қатлу ғорати аҳолии шаҳр се рӯз давом кард. Дар натиҷаи ин ваҳшоният ҳазорон одамони бегуноҳ нобуд шуданд. Усмон ҳам кушта шуд.

Султон Муҳаммад, пас аз он ки ба аҳолии саркаши Самарқанд чунин рафтор кард, ин шаҳрро ба иқоматгоҳи худ табдил дода, дар он ҷо ба сохтани масҷид ва қасри подшоҳӣ шурӯъ намуд. Вай барои мустаҳкам гардидани мавқеи худ дар Мовароуннаҳр фармуд, ки дар вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна ҳокимони қарохониро ба қатл расонанд.

Ӯ Фарғонаро, ки бародари Усмон Қодирхон ҳукмронӣ мекард, низ ишғол намуд. Пас аз ин ҳам дар соли 1213 дар Ӯзганд — пойтахти калонтарин мулки Қарохониён ва дар Самарқанд – пойтахти давлати қарохонӣ сикка ба номи Муҳаммади Хоразмшоҳ зада шуд, ки ин маънии тамоман аз байн рафтани сулолаи Қарохониёнро дошт.

Ба мавҷудияти сулолаи Қарахитоиҳо сардори найманҳои бодиянишин — Кучлук хотима гузошт. Кучлуки найман душмани муқтадире буд, вале фикру зикри хоразмшоҳи ҷоҳталаб ва шӯҳратпараст ба мулкҳои ҳамсояи ҷануб ва ғарби худ банд буд, ӯ орзу дошт, сарзаминҳои Афғонистон ва Эронро забт намуда, бо худи халифа ситезаҷӯӣ кунад. Чун вай дар худ иқтидори дар ду ҷабҳа ҷангиданро намедид, аз тарси он ки Кучлуки найман ба истилои вилоятҳои шимолу шарқи давлати ӯ саъй хоҳад кард, аҳолии Шош, Исфиҷоб ва як қисми Фарғонаро ба маҳалҳои дигар кӯчонида, амр намуд, ки ин ноҳияҳоро холӣ гузоранд.

Дар айни замон Муҳаммади Хоразмшоҳ Эрон ва Афғонистонро ба таҳти тасарруфи худ дароварда, аз халифа талаб намуд, ки умури идораи Бағдодро ҳам ба ихтиёри ӯ вогузорад. Вале ӯ ба ин ҳам қаноат накарда, умуман аз тахти хилофат маъзул гардидани халифаро эълон намуда, ба ҷои вай Саид Алоулмулки Тирмизиро халифа хонд ва соли 1217 ба тарафи Бағдод лашкар кашид. Вале аз ин барояш чизе ҳосил нашуд. Дигар маълумот ва ахбороти сарчашмаҳо доир ба муносибати байни халифа ва султон ихтилофоти зиёде доранд. Баъзе сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки султон Муҳаммад халифаро мурда эълон карда, тақрибан дар тамоми шаҳрҳои мамлакати худ аз хутба номи ӯро баровард. Қисми дигари сарчашмаҳо, баръакс, бо халифа роҳи муросо ва мусолимат ҷустани Хоразмшоҳро таъкид мекунанд. Муаррихон бештар тарафдори фикри дувум мебошанд.[45] Аммо мадракҳои сиккашиносӣ нишон медиҳанд, ки фикри аввал ба ҳақиқат наздиктар аст: ҳам пеш аз лашкар кашидани Муҳаммади Хоразмшоҳ ба Бағдод ва ҳам пас аз он номи халифа дар сиккаҳои баъзе шаҳрҳо ёд шудааст ва дар сиккаҳои баъзеи дигар шаҳрҳо не.[46] Аз ин ҷиҳат сиккаҳои Тирмиз – зодгоҳи Алоулмулк хеле ҷолиби диққат аст: дар ин ҷо баъди халифа эълон шудани Алоулмулк ва пас аз юриши Бағдод номи халифаи «маъзул» дар сиккаҳо дида намешавад (ҳол он ки пештар мавҷуд буд), вале номи Алоулмулки Тирмизӣ ҳам дар ягон сикка сабт нагардидааст. Обрӯю эътибори халифаи Бағдод дар байни мусулмонон ниҳоятдараҷа баланд буд. Бинобар ин султон Муҳаммад дар сиёсати худ собитқадамона ва то охир дар роҳи азли халифа мубориза карда натавонист. Вай аз ин талоши худ чизе бурд накард, балки бисёр чизҳоро аз даст дод. В.В.Бартолд дуруст қайд мекунад, ки дар ҷамъият ягон синфе набуд, ки такягоҳи Муҳаммад бошад. Феодалҳо, рӯҳониён, мардум — ҳама бо сабабҳои гуногун аз ӯ норозӣ буданд. ҳатто аскарони кироя, ки тамоми ғалабаҳои ӯро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ӯ сар кашиданд. Давлати бузурги Муҳаммади Хоразмшоҳ аз дарун маҳкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиҷаи зарбаҳои истилокорони муғул ба осонӣ аз по афтод.

  1. Доир ба та[лили муфассали [амаи мадрак[ои па[ншавии рeз[о ниг.: Оuоxонов С. Г., 1969, с. 49–85

  2. Таърихи сиёсии Uазнавиён дар ин асар[о муфассалан баён шудааст: Бартольд В.В., 1963 б, с. 322 ва мобаъд; Bosworth С. Е., 1963, р. 35–47; 227– 268; очерки мухтасар ниг.: Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 242 ва мобаъд; Spuler В., 1952, 8. 111–124.

  3. Маълумоти оид ба аслу насаб ва давра[ои аввали зиндагии Сабуктегин, ки дар «Панднома» оварда шудааст, ба тавассути баъзе сарчашма[ои асримиёнагb, аз xумла асари Му[аммади Шабонrораb (асри ХIV), «Маxма-ул-ансоб» (ба тариrи иrтибос) то замони мо расидааст. Дар ин асар гуфта мешавад, ки Сабуктегин аслан аз тоифаи барсхони Туркистон мебошад. Вай дар айёми xавонb ба дасти rабилаи турк-мани тухсb асир афтода, чор сол подаи он[оро мечаронад ва пас ба тоxирони Мовароунна[р фурeхта мешавад (ЛО ИВАН СССР. С-372, вар. 144,145). Доир ба «Панднома» [амчун манбаи мар[ила[ои аввали таърихи Uазнавиён ниг.: Bosworth С.Е., 1965.

  4. Муфассалан ниг.: Якубовский А.Ю., 1934; Nasim М., 1931.

  5. Равзату-с-сафо, с. 38.

  6. Дар бораи яроrу асли[а, таркиб ва ташкили reшуни Ма[муди Uазнавb ва ворисони наздики e ниг.: Bosworth С.Е., 1960; 1963, р. 98–128

  7. Бай[аrb, 1962, с. 108

  8. Доир ба ин му[ориба маrолаи махсусе [аст: Заходер Б.Н., 1943.

  9. Кeшк ва исте[комот дар rария[ои авлодb дар назар аст.

  10. Xузxонb, тарxумаи Раверти, с. 318

  11. {удуд-ул-олам, 1930. в. 21 б.

  12. Ниг.: ба гуфта[ои Ф.Энгелс дар бораи ду пешво доштани ирокез[о дар шароити демократияи [арбb (К. Маркс ва Ф. Энгельс Соч., т. 21, с. 96, 129).

  13. Низомулмулк, 1949, с. 218-219.

  14. Вosworth С. Е., 1961; 1968 а, р. 159–166; Массон В. М., Ромодин В. А.. 1964, с. 255–265.

  15. Бартольд В.В., 1963 в, с. 569–583; Заходер Б.Н., 1945. Таърихи минбаъдаи Салxуrиён дар ин асар муфассалан тавзе[ ёфтааст; Воsworth С.Е., 1968 а.

  16. Ёrут, IV, с. 509

  17. Tritton A.S., 1957,p. 102 et seq; Makdisi G., 1961; Tibawi A.L., 1962.

  18. Доир ба исмоилия ниг.: Беляев Е.А., 1957; Бертельс А.Е., 1959; Петрушевский И.П., 1966.

  19. К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, xилди 7, с. 361.

  20. Доир ба исмоили[о ва rармати[о ниг.:Stern S.М., 1961–1962.

  21. Футу[оти муuул ба давлати исмоилb зарбаи [алокатовар расонд. Соли 1256 rалъаи Аламут аз по афтод ва сардори исмоили[о — Хуршо[ ба rатл расид. Пас аз ин исмоили[о дигар дар ягон xо ба сари [окимият омада натавонистанд. Дар {индустон ва кишвар[ои дигар фирrаи маз[абии аз xамоат дури исмоилия то рeз[ои мо боrb мондаанд. (Доир ба таърихи не[зати асримиёнагии исмоилb ва давлати он[о тадrиrоти бисёре [аст, аз xумла: Hodgson М.G.S. ., 1955; Lewis B, 1966; Hodgson М. G. S., 1968.)

  22. Тавсифи фарзия[ои оид ба пайдоиши ин сулоларо ниг.: Pritsak O., 1953, р. 21–22

  23. Масъалаи ному лаrаб ва силсилаи маротиби феодалb, [амчунин тамоми дигар мадрак[ои сиккашиносии мар[алаи аввали таърихи Rарохониён муфассалан дар ин асар[о мавриди баррасb rарор гирифтаанд: Vasmer R. 1930; Pritsak O., 1950; Pritsak О., 1953; Федоров М. Н., 1965.

  24. Аммо дар байни олимон аrидаи ягонае нест, ки кадоме аз писарони Алb ва кай сардори сулола ва дорандаи унвон[ои олb гардидааст. Душвории [алли ин масъала, бешак, боз дар он аст, ки маrоми зо[ирb дар силсилаи маротиби феодалb аксаран бо [окимият ва нуфузи амалb мувофиrат намекунад, ки баъзе му[аrrиrон инро фаромeш мекунанд.

  25. Vasmer R., 1930, с. 93–94; Давидович Е.А., 1968 а, с. 70, 71; В.В. Бартольд (1963 б, с. 343) аз ин сикка[о хабар надошт, бинобар ин сана[ои e дигар, яъне нисбатан дертар аст.

  26. Бартольд В. В., 1963 б, с. 357.

  27. Марков А. К., 1896, с. 246, 256, № 348, 401; Vasmer R., 1930, с. 95; Давидович Е.А., 1968 б, с. 69–74 ва табл. 1–2.

  28. Ба хонадони «{асаниён» нисбат доштани Алитегинро О. Притсак муrаррар намуд (Pritsak О., 1950, с. 216–224).

  29. Барои донистани тафсили ин юриш ва оrибат[ои сиёсии он ниг.: Бартольд В. В., 1963 б, с. 344 ва мобаъд.

  30. Нисбати ин унвонро ба Алитегин (на ба хоxаи e, чунон ки В.В.Бартолд гумон дошт, Р. Фасмер ба таври боварибахш исбот намуд (Ниг.:Vasmer R., 1939, с. 96-97).

  31. Давидович Е.А., 1968 с.67-74.

  32. Масъалаи ба ин овон тааллуr доштани унвони Тамuоч Буuрохон а[амияти на зо[ирb, балки хеле xиддb дорад: ин масъалаест дар бораи замон ва ро[[ои rарор гирифтани давлати мустаrили rарохонb дар Мовароунна[р. В.В.Бартольд (1963 б, с. 367) ва Р.Фасмер (Vasmer R., 1930, с. 97–98) гумон доштанд, ки ин унвон ба со[ибдавлатони Бeритегин тааллуr дорад (он[о ба сифати со[ибдавлат ду шахси тамоман гуногунро ном мебаранд). О.Притсак (Pritsak O., 1950, с. 222, 224) тахмин мекард ва Давидович Е.А. (1970 б) исбот намуд, ки ин унвон ба худи Бeритегин тааллуr дорад (e худро [еx го[ мутеи Rарохониёни шарrb эътироф накардааст) ва онро на дертар аз соли 1040, яъне то истилои тамоми Мовароунна[р rабул кардааст.

  33. Фикру аrидаи зо[иран мураттаби О.Притсак (Pritsak O., 1950, с.227-228) доир ба Фарuонаи мустаrил бо сарварии Му[аммад ибни Наср, ваrт ва тариrи таъсири ду давлати rарохонb – яке uарбb, бо маркази Eзганд ва дигаре шарrb бо маркази Бала-соuун комилан мухолифи факту далел[ост (ниг.: Давидович Е.А., 1968 б, с. 67–75).

  34. Бартольд В.В., 1963 б, с. 374–376.

  35. Давидович Е.А., 1968 6, с. 76.

  36. ИТН, II, I, с. 239.

  37. Барои тафсили ин воrеа[о ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с. 379 ва мобаъд.

  38. Дар бораи Rарахитои[о ва муносибати он[о ба Rарохониён ниг.: Бартольд В.В., 1963 а, с. 48 ва мобаъд; 1963 б, с. 386 ва мобаъд.

  39. Дар бораи Фарuона ва Мовароунна[ри нимаи дувуми асри ХII, хронология ва генеалогияи сардорони сулола ([окимони Самарrанд) ва мулкдорони Фарuона ниг.: Давидович Е. А., 1957, б, с. 108–119.

  40. Та[rиrи муфассали таърихи давлати Хоразмшо[иёнро В.В. Бартолд анxом дод (1963 б); инчунин ниг.: Kafesoglu I., 1956.

  41. Тавсифи муфассали ин асар (бо баёни xузъии мазмуни он) ниг.: Семёнов А.А., 1952, с. 17.

  42. Бартольд В.В., 1963 а, с. 420 ва мобаъд.

  43. Давидович Е.А., 1957, б, с. 93–108.

  44. Искандари Маrдунb ва охирин намояндаи маъруфи силсилаи салxуrb султон Санxар дар назар дошта мешавад.

  45. Бартольд В.В., 1963 б, 437–440.

  46. Давидович Е.А., 1953 6, с. 51–53.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *