Фанни Таърих

Истилои Осиёи Миёна аз тарафи Муғулҳо

Нақша:

1. Вазъи дохилии Осиёи Миёна дар арафаи истилои Муғулҳо

1.Фоҷиаи Утрор ва ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна.

2. Оқибатҳои забткориҳои муғулҳо дар Осиёи Миёна.

Муғулҳо. Давлати нахустини муғулҳо ҳанӯз дар асри ҶI таҳти сарпарастии Ҳабулхон ташкил ёфта буд. Дар замони ҳукмронии Абайгаҳон дар натиҷаи пурзӯр гаштани парокандагии байниқабилавӣ (асриҶII) давлати Муғулҳо барҳам хӯрд.

Давлати Муғулҳо баробари фурӯ нишонидани муборизаҳои дохилӣ дар ибтидои асриҶIII ташкил шуд. Ин давлат дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои авлодӣ ба вуҷуд омад. Дар ташкили давлат қабилаҳои қунғуротҳо, керентҳо, меркетҳо, барчигинҳо, ҷалаирҳо, ангутҳо, улусҳо, айратҳо, тоторҳо, ҷаҷаритҳо, барҷигин ва дигарон ҳисса гузоштанд.

Мувофиқи шоҳодати Рашиддин Темучӣ чабераи Ҳабулхон буда, дар оилаи яке аз саркардагони муғул Есугейбатор соли 1161, дар деҳаи Делюнболдоки соҳили руди Онон ба дунё омадааст . Падари Темучӣ яке аз одамони бонуфузи қабилаи барҷигин ба шумор мерафт . Ҳагоми ба сини нӯҳсолагӣ қадам мондани Темучӣ падараш барои ӯ аз қабилаҳои қунғурот Бортэ ном духтареро номзад кард. Аммо падар ба мақсад нарасид. Соли1171 ӯро тоторҳои даштӣ заҳр дода куштанд. Модари Темучӣ Оғлун бо кӯдакони бепарастон монд. Дере нагузашта Темучӣ ба ҷустуҷӯи падари Бортэ Дайсечен баромад. Баъди ёфтани аҳли оилаи Бортэ ба ӯ хонадор шуд. Азбаски Даӣсечен одами доро буд ба Темучӣ молу мулки зиёде дод. Темучӣ бошад бо дастгирии моддии Даӣсечен бо сардории қабилаи керентҳо Ванхон, ки дӯсти деринаи падараш буд, наздик шуд. Дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки қабилаи улусро ба худ тобеъ намояд. Сипас ӯ бо дастгирии навкарони ҷасураш Борчу, Ҷелме ва лашкари 20 ҳазор нафараи Ванхон бар зидди Кабилаи меркитҳо, ки Бортэро асир намуда буданд ҷангида, ғалаба ба даст овард. Ин ғалаба обрӯ ва эътибори Темучиро баланд намуд. Роҳбарони ҷалаирҳо, таӣчиутҳо, тархудиҳо, барлосҳо, ки аз қабилаҳои машҳур буданд, маҷбуран итоати Темучиро қабул намуданд. Дар натиҷаи ин ғалаба Темучӣ соли 1190 Хони бузург эълон шуд, ки он барои ташкили минбаъдаи давлати муғул роҳи васеъ кушод. Ӯро Ванхон дастгирӣ намуд. Аммо дере нагузашта Ҷамух, ки бародарашро Темучӣ кушта буд, бар зидди ӯ баромад. Темучӣ бо ёрии лашкари Ванхон Ҷамухро мағлуб сохт ва барои ташкили давлати бузурги муғул замина таёр кард. Баъди мағлуб сохтани хони найманҳо Таняхон ва шикасти сарпарасташ Ванхон Темучӣ ба ташкили давлат камар баст. Дар рафти солҳои 1204-1205 ӯ ба парокандагии қабилаҳо хотима дод. Ин буд,ки соли 1206 дар соҳили руди Онон қурултои муғулҳо баргузор шуд. Дар он Темучӣ Хон интихоб шуд. Аз ҳамин сол таҳти лақаби Чингизхон (хони сафед) ӯ ба идора намудани давлат шурӯъ намуд

Чингиз баробари Хон эълон шуданаш ба масъалаи ташкили лашкари боинтизом диққат дод. Бо амри ӯ мардони солим ба хизмати ҳарби даъват мешуданд. Вай гвардияи махсуси хешро таҳти унвони (кешек) хизмат мекарданд, ба имтиёзҳои калон сазовор менамуд.

Чингизхон лашкари боинтизоме ташкил дод, ки дар он гвардияи шахсии ӯ мавқеи фармондеҳиро ишғол мекард. Қӯшуни муғулҳо аз ҷиҳати сохти ташкилии хеш ба даҳӣ, садӣ, ҳазорӣ ва даҳҳазорӣ тақсим мешуд ,ки ҳар яки ин гурӯҳҳо сардорони худро доштанд. Чингизхон ғайр аз лашкари боинтизому сершумор, инчунин усули мустаҳками идоракунии давлатиро ҷорӣ мекард. Дар баробари ин уйғурҳо, ки нисбат ба муғулҳо ҳаёти кучманчигиро хеле пеш барҳам доданд, чингизиҳо онҳоро мутеи худ карда, алифбояшонро давлатӣ намуданд. Бо ҳамин роҳ муғулҳо имконият пайдо карданд,ки дар чоряки авали асри ҶIII соҳиби хат шаванд.

Аз юриши Хитой Чингизхон бо ғанимати зиёде баргашт, вай аз он ҷо тилло, нуқра, яроқ, гаҳвар, чинӣ, абрешим, чорво ва ғайра оварда, давлатро аз ҷиҳати иқтисоди бой намуд. Баробари ин дастаи калонро асир намуда, дар тайёр намудани яроқу аслиҳа истифода бурд. Шаҳри Қароқум, ки дар соҳили руди Онон ҷойгир буд, ба маркази асосии яроқсозии муғул табдил ёфт.

Дар рафти юришҳои Чину соҳили Енисей Чингизхон аз муноқишаҳои дохилии давлати Хоразм огоҳ шуда, барои забти он камар баст. Вай бо ин мақсад ба сарҳади шарқии давлати Хоразм наздик шуд.Ӯ то воқеъаҳои Утрор Туркистони Шарқию Ҳафтрудро ба хоки давлати худ ҳамроҳ кард.

Давлати Хоразм дар чоряки авали асри ҶIII ҳудуди кулли Мовароунаҳру Хуросонро ба худ тобеъ мекард. Бузугии давлат ҳоло дар замони Султон Текеш (1172-1200) ба чашм мерасид. Ӯ тавониста буд, ки Хоразмро дар охири асри ҶII ба яке аз давлатҳои тавонотарини дунё табдил диҳад. Дар замони ҳукумронии писараш Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) давлати бузург рӯ ба таназзул ниҳод. Сабабҳо гуногун буданд: аз як тараф ҳокимони бекигариҳо ба таври рӯякӣ ба ҳукумати марказӣ садоқати хешро изҳор менамуданд: аз тарафи дагар бошад, дар дохили дарбор нотифоқӣ ҳукумфармо буд. Пеш аз ҳама қабилаҳои қипчоқ, ки модари Муҳаммад аз авлоди онҳо буд, дар идора намудани давлат ба ӯ халал мерасонид. Дигар он, ки дар байни Муҳаммаду модараш Турконхотун низ муноқиша вуҷуд дошт. Турконхотун зани далеру маккор буд, гурӯҳи мусаллаҳи сарлашкарони қипчоқиро бар зидди писараш бархезонд.

Дар натиҷа зиддияти дохилии дарбор ба пешрафти иқтисодиёт, маданият ва муносибатҳои байналхалқии давлат таъсири манфӣ расонидаанд. Ин аҳвол ба дараҷае овард, ки бекигариҳо аз итоъат намудан ба ҳукумати марказӣ саркашӣ менамуданд. Андоз саривақт ба Хазина дохил намешуд.

Баробари ин ҳарчанд, ки пешгузаштагони Муҳаммад барои ба худ тобеъ намудани тамоми хоки Мовароунаҳру Хуросон мубориза карда бошанд ҳам, аммо онҳо то ба охир мулки Қарохитоиҳоро забт карда натавонистанд. Намояндаи охирини хонадони Қарохитоиҳо Кучлук душмани асосии Хоразмшоҳиён буд. Вай муддати дурудароз барои ба даст даровардани водии Фарғона бо Муҳаммад Хоразмшоҳ мубориза кард.

Дар баробари Қарохитоиҳо, инчунин муғулҳо низ сарҳадҳои шарқии давлати Хоразмро халалдор менамуданд. Онҳо бо баҳонаи чаронидани чорво ва галаи уштурҳояшон ҳар сари вақт сарҳадро вайрон менамуданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ бошад барои гардонидаи ҳамлаҳои ғоратгаронаи Кучлук ва муғулҳо якчанд маротиба ба соҳилҳои поёноби Сирдарё юриш намуда буд. Дар рафти яке аз ҳамин гуна юришҳо ӯ тобистони соли1216 дар байни лашкари Муҳаммад ва дастаи мусалаҳи меркетҳои писари калонии Чингизхон –Ҷӯҷӣ задухӯрди тасадуфӣ ба амал омад.

Аммо баъди гуфтушуниди кӯтоҳ муғулҳо ақиб нишастанд. Зеро бо ташаббуси Муҳаммад соли 1215 Чингизхон сафири Хоразмро дар Пекин қабул намуд , оид ба ҳамкорӣ ва бехатарии сарҳад гуфтушунид намуда буд. Сарчашмаҳо ёдовар мешаванд, ки Муҳаммад барои нобуд сохтани Кучлук гӯё бо Чингизхон иттифоқ баста бошад. Вале ҳамаи ин кӯшишҳо пеши роҳи забткории муғулҳоро гирифта натавонист . ин буд,ки чингизиён то соли 1218 қисми шимолии Ҳафтруд ва соҳили Иртишро забт намуда , ба истилои Осиёи Миёна омада гаштанд.

Муғулҳо аз парокандагии феодалӣ, мунақишаҳои дохили дарборӣ устокорна истифода бурданд. Онҳо дар даврае ба давлати Хоразмшоҳ ҳуҷум карданд, ки дар байни гвардияи қипчоқӣ ва Муҳаммад зиддияти калон мавҷуд буд. Дар баробари ин вазъияти дохили давлати Хоразмшоҳ бошад, ниҳоят наором буд. Деҳқонон дар натиҷаи васеъ паҳн гаштани усули «иқтаъ» аз тарафи феодалон бераҳмона истисмор карда мешуданд ва ҳар сол аз онҳо такроран андоз мегирифтанд.

Ваҳшиёна пахш намудани шӯриши соли 1207 дар Бухоро ва шӯриши соли 1211 дар Самарқанд норозигии сокинони ин шаҳрҳоро нисбат ба Хоразмшооҳиён дучанд зиёд намуд. Рӯҳониён низ аз сиёсати давлатдории Хоразмшоҳиён норозӣ буданд. Ин норозигиро дар соли 1216 аз тарафи Муҳаммад Харазмшоҳ қатл намудани рӯҳонӣ Миҷиддини Бағдодӣ зиёд намуд. Ҳамаи ин кашмакашиҳо ҳукумати марказиро хеле заиф намуд.

Ҳамин тавр, давлати Хоразмшоҳиён бо таъсири зидиятҳои синфӣ хароб гардида буд ва дар байни доираҳои фармонраво барои бар зидди муғулҳо мубориза бурдан ягонагӣ ва омодагӣ вуҷуд надошт.

Чингизхон аз вазъияти ноустувори дохили давлати Хоразм истифода намуд.Ӯ ба воситаи тоҷирон-ҷасусон дар бораи пурра шинос шудан ба воқеаҳои охирин баҳори соли 1218 ба Хоразм корвони калони тоҷирони хешро фиристод. Корвон иборат аз 500 уштур бор ва 450 нафар тоҷир шаҳри Утрор расид.Ҳокими Утрор Иналчик дар бораи омадани корвон ба Муҳаммад дарак дод. Ба амри подшоҳ корвонро талаву тороҷ карда ва тоҷирон бошанд ба қатл расонда шуданд. Танҳо як нафаар ҳодисаро ба Чингизхон нақл кард. Аз ин кирдори Муҳаммад Чингизхон ба хашму ғазаб омада ба Хоразм сафири худро фиристод. Аммо Муҳаммад талаби сафиро иҷро накарда, ӯро қатл намуда, ришу бурути ҳамсафаронашро тарошида, зиндон кард. Ин рафтори Муҳаммад ва тарафдорони ӯ Чингизхонро маҷбур сохта,ки ба истилои бармаҳали Осиёни Миёна шурӯъ кунад.

Тобистони соли 1219 Ҷингизхон аз тарфи Иртиш ба Ғарб ҳаракат намуд. Дар роҳ ба вай отрядҳои мусаллаҳи қарлуқҳо, олмаликиҳо, ӯйғурҳо ҳамроҳ гаштанд. Тирамоҳи соли 1219 Чингизхон бо армияи 200 ҳазора,ки дар ҳайати он ба ғайр аз муғулҳо, инчунин ӯйғурҳо низ буданд, ба Осиё Миёна ҳамҷум кард. Аввалин зарбаҳоро муғулҳо ба шаҳри Утрор расониданд. Дар ҳамин ҷо бо фармони Чингизхон армияи муғулҳо ба се қисм тақсим шуд: Ба қисми якум писари калонии Чингиз Ҷӯҷӣ, ки дар ҷангҳо таҷрибаи калон ҳосил намуда буд, сардори мекард. Дар назди ӯ вазифа меистод,ки шимоли Осиёи Миёнаро ишғол, ба пойтахти Хоразм –шаҳри Урганҷ равад. Ба қисми дувум писари дигари Чингизхон Чағатой ва Уқтой маркази Осиёи Миёна иборат буд. Худи Чингизхон ҳамроҳи писари хурдиаш Тулӯй ба истилои ноҳияҳои ҷанубии давлати Хоразм камар баст. Лашкари якуму севумимуғулҳо ба мувофиқият ноил гашта бошад ҳам, лашкари дувуми онҳо дар ишғол намудани Утрор ба душворӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар баъзе сарчашмаҳо қайд карда мешавад, ки муҳорибаи Утрор 50 рӯз ва дигарон бошанд,тасдиқ мекунанд, ки чингизиён барои ишғол намудани ин қалъа шаш моҳ вақт сарф карданд. Азбаски худи Чингизхон ба Утрор бармегардад мумкин аст, муҳорибаи қалъа шаш моҳ давом карда бошад.

Дар арафаи ҳуҷуми ғоратгаронаи муғулҳо армияи Муҳаммад Хоразмшоҳ ба пахш намудани баромадҳои халқӣ банд буд. Хоразмшоҳ мисли Чингизхон армияро ба як чо ғун карда, ба душман зарбаи ҳалокатовар расонида натавонист. Азбаски лашкари Хоразмшоҳ ба қисми хурд-хурд тақсим шуда буд, бинобар ин он аз тарафи муғулҳо бо осони торумор шуд.

Чингизхон моҳи сенябри соли 1219 ба Утрор расид, Баъди каме таваққуф ҳамроҳи писараш Тулӯй ба ишғол намудани шаҳрҳои калони Осиёи Миёна – Бухоро Самарқанд камар баст . Зимистону баҳори соли 1220 ба истилои шаҳрҳои номбурда сар кард . Лашкари Чингизхон бе муқобилят қалъаҳои Зернуқ, Нурато,Дабусия, Сарипул ва ғайраро,ки дар роҳи Самарқанд воқеъ буданд, забт намуда, соли 1218 девори атрофии онро таъмир намуда, баро ҳимояи он 30 ҳазор лашкари савораю пиёдаро омода сохт.

Муғолҳо 7 феврали соли 1220 шаҳри Бухоро муҳсира карданд. Ҳимоягарон аз ин ба тарс афтода, субҳидам 9 феврал сарлашкарони Бухоро Инанҷхон, Оғулҳоҷиб,Ҳамидпур,Суюнҷхон ва Қӯлихон шаҳро тарк карданд ва ба тарафи Омударё гурехтанд. Онҳоро муғулҳо таъқиб намуданд . Танҳо ба Инанҷхон муяссар шуд, ки ба соҳили чапи дарё гузашта, ба дастаи Муҳаммад ҳамроҳ шавад. Дигаронро муғулҳо торумор сохтанд Сарфармондеҳи олии Бухоро Ихтиёриддин Кушлу бо 400 нафар ҷангӣ қалъаи Бухороро ҳифз мекард. Ба вай имом Ҷалолиддини Алӣ, Садр Маҷиддин Маъсуд,олим Рукниддин Имомзода ва дигарон ёрӣ мерасонданд. Онҳо то қатраи охирини хун шаҳрро ҳифз намуданд.Аммо нобаробарии таносуби қувваҳои душманро дастболо намуд. Муҳофизони қавиирода дар роҳи ҳимояи хоки Ватан ҷони хешро нисор карданд. Аз ин тарсида қозикалони шаҳр Баҳриддин Қозихон халқро дават намуд, ки ба душмон таслим машавад. Аввалин шуда худи ӯ 9 феврал дар оғӯши Чингизхон ҷон ба саломат бурд. Хиёнати қозикалон рӯҳияи ҷангии муҳофизони қалъаи Бухороро паст карда натавонист. Онҳо то 22 феврал ба душман муқобилият нишон доданд. Азбаски тиру туфангу хӯроквории муҳофизон тамом шуд, онҳо маҷбуран қалъаро тарк намуда, ба дасти душман афтоданд. Баъди ин ғалаба Чингизхон яке аз балегӯёни маҳаллии хеш Маҳмуди Яловочро ҳокими Бухоро таъин намуда, азнавсозии онро ба ӯ супорида, худаш роҳи Самарқандро пеш гирифт.

Лашкари Чингизхон аввали моҳи март шаҳри Самарқандро муҳосира кард. Мувофиқи гуфтаи Ҷувайнӣ худи Чингизхон ба шаҳр наздик нашуда, дар маҳкамаи Кӯксорой қарор гирифт. Дар муддати ду рӯз муҳосира кардани Самарқанд, душман шароити атрофро омӯхт . Сарчашмаҳо ёдовар мешаванд,ки соли 1220 дар Самарқанд бештар аз 100 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда , аз 40 ҳазор зиёдтар одам бо ҳифзи он хеста буд. Сарвари ҳаракати зиддимуғулии Самарқанд Туғайхон ,Алифхон, Баландхон ва дигарон мебошанд.

7 ва 8 марти соли 1220 муғулҳо ҳуҷуми мусаллаҳонаи худро сар карданд. Пеш аз оғози ваҳшоният дар Самарқанд, онҳо аҳолии гирду атрофии шаҳрро асир намуда, ба ҳайати лашкари хунхори хеш дохил намуданд. Мувофиқи нақлҳо муғулҳо ба аҳолии маҳаллӣ либоси аҷнабӣ пӯшоннида ,таҳти ливои душман онҳоро пеш-пеш ва худашон аз ақиб ба ҳуҷум шурӯ намуданд. Ҳамин тавр, баъди ҷанги се- чоррӯза ба муғулҳо муяссар шуд, ки ба воситаи дарвозаи «Намозгоҳ» ки дар самти шимолу ғарбии Самарқанд воқеъ аст, ба шаҳр дароянд. Муғулҳо маҷрои Ҷӯи Арзизро дигар намуда, ба қалъа роҳ ёфтанд. Аз ҳимоягарон як ҳазор нафар дар масҷиди солҳои 1212-1214 сохтаи Муҳаммад Хоразмшоҳ паноҳ буданд. Аз ин чингизиён воқиф шуда, ба деворҳои масҷид нафт рехта, одамонро зинда сӯзониданд.

Муғулҳо баъди ин ваҳшоният тамоми аҳолии Самарқанд ва атрофии онро ба таври зӯрӣ ба шаҳру ноҳияҳои Мовароунаҳру Хуросон фиристонданд ва қисми зиёдашанро қатл намуданд. Ба сари аҳолии ҷон ба саломат бурдаи Самарқанд 200 ҳазор динор товони ҷангро бор карданд.

Баъди ба дасти муғулҳо гузаштани Бухорою Самарқанд онҳо Муҳаммад Хоразмшоҳро таъқиб намуданд. Азбаски ӯ лашкари пурқудрату дар ҷангҳо санҷида надошт ,маҷбур шуд, ки ақиб нишинад. Муғулҳо пеши роҳи ӯро бурида, маҷбур намуданд,ки ба Табаристон равад. Дар охир ӯ аз таъқиби муғулҳо тарсида,дар яке аз чазираҳои ҷанубии баҳри Хазар пинҳон шуд ва охири соли 1220 дар ҳамон ҷо аз олам даргузашт.

КОРНАМОИИ ТЕМУРМАЛИК .Ҳанӯз мӯҳорибаи Самарқандро сар накарда, Чингизхон аз паи забт намудани шаҳрҳои Хуҷанду Урганҷ шуд. Вай дар ибтидои моҳи Марти соли 1220 ба Хуҷанд 25 Ҳазор нафар лашкари мусаллаҳонаи хешро фиристод. Дар қатори лашкари амалкунанда миуғулҳо 50 ҳазор асиронро низ истифода бурданд.

Азбаскимуғулҳо шаҳрҳоро ваҳшиёна оташ зада, одамони бегуноҳ,муйсафедону кӯдаконро ба қатл мерасониданд,одамон аз мубориза кардан бар зидди аҷнабиён метарсиданд. Дигар он ки ҳокимияти марказии давлати Хоразмшоҳ халқро дар муборизаҳо дуруст дастгирӣ карда натавонист.

Халқи тоҷик аввалин шуда дар соҳили дарёи Сир байрақи муборизаро бар зидди муғулҳо бо роҳ барии фарзанди хеш Темурмалик боло намуд. Ин корнамоии Темурмалик дар таърихи Осиёи Миёна бо хатти зарин сабт гаштааст.

Дар муҳосираи Хуҷанд зиёда аз 75 ҳазор Аскару асир иштирок намуд. Қалъа ба ҳуҷуми ин қадар қӯшуни сершумор тоб оварда наметавонист. Бинобар ин Темурмалик бо отряди худ дар яке аз ҷазираҳои рӯ ба рӯи шаҳр воқеъ гардида ҷойгир шуда, муборизаро бар зидди муғулҳо давом дод. Муғулҳо бо ёрии асирон дар зери борони тир аз соҳили дарё то ҷазира банди сангин сохтанӣ шуданд. Пас аз кам шудани захираи озуқава яроқ отряди Темурмалик ба қаиқҳои бо гил андовашуда савор шуда, ба тарафи Урганҷ равон шуданд. Саворагарони муғул бошанд онҳоро таъқиб намуда,аз ду тарафи соҳил ба сӯи эшон тирборон намуданд. Ниҳоят муғулҳо хостанд,ки бо занҷирбанд намудани маҷрои дарё пеши ҳаракати қаиқҳоро боз доранд ,веле ҷанговарон занҷирро пора намуда, ҳаракатро давом доданд. Таносуби қувваҳо нобаробар буд. Муғулҳо нисбат ба ҷангиённи Темурмалик хубтар мусаллаҳ гашта буданд.

Дар наздикии шаҳри Ченд, ки дар соҳили Сир ҷойгир буд, байни лашкари муғулу дастаи ҷангиёни Темумалик задахӯрди тӯлонӣ ба вуқӯъ пайваст. Азбаски муғулҳо қувваи зиёд доштанд, онҳо лашкари Темурмаликро торумор намуданд. Танҳо Темурмалик бо дастаи хурди худ аз ҷанг раҳо ёфта ,дар Урганҷ паноҳ бурд. Дар ин ҷо лашкари боқимондаи Муҳаммад Хоразмшоҳ таҳти сарварии писараш Ҷалолиддин ҷамъ омад. Аммо он нисбат ба қувваи душман кам буд. Темурмалик бо лашкари ками хеш ба онҳо ҳамроҳ шуд. Онҳо Урганҷро хеле далерона муҳофизат карданд. Дар муҳофизати шаҳр ҷанговарон ,муйсафедон,занон,наврасон фаъолона иштирок намуданд. Вале бо вуҷуди ин муғулҳо ғолиб омада, аҳолии шаҳрро несту нобуд сохтанд.

Темурмалик ҷуръат намуда бо лашкар ихтиёран зидди аҷнабиёни муғул ҷангида бошанд ҳам, аммо дар дохили ҷангиёни ӯ ягонагӣ ва далерӣ вуҷуд надошт .Сабаб дар он буд,ки давлати Хоразм лашкари обутобёфта надошт. Аъёну ашрофи Хуҷанд ба халқ дасти кӯмак дароз накарданд. Ҳамин тавр,Темурмалик баъди мағлубият аз арсаи мубориза дур меравад.

Дар ибтидои 1221 лашкари садҳазораи муғул таҳти сарпарастии писарони Чингиз Чағатоӣ, Ҷӯҷӣ ва Уктоӣ ба муҳосираи поӣтахти давлати Хоразмшоҳиён- шаҳри Урганҷ камар бастанд. Мардуми Урганҷ ба ҳимояи шаҳри хеш бархестанд. Муҳориба бештар аз шаш моҳ тӯл кашид. Дар ин ҷо аз ду тараф талафот калон шуд. Сарчашмаҳо ёдовар мешаванд, ки муғулҳо ҳар як кӯчаву тангкӯчаи Урганҷро бо ҷанги тӯлони ба даст овардаанд. Муғулҳо дар охир тамоми хунармандонро асир намуданд ва пеши сарбанди Сирдарёро ваӣрон карда, шаҳри ободу зебои Урганҷро зери об монданд.Баъди он забти шаҳру ноҳияҳои дигари Осиёи Миёна идома ёфт. Чингизхон баҳори соли 1221 шаҳри Балхро ишғол кард.Тобистонро дар Каршӣ гузаронида, тирамоҳ шаҳри Тирмизро забт намуд. Дар охири ҳамин сол шаҳри калонтарини он вақтаи Осиёи Миёна Марв ба зери асорати муғулҳо гузашт.

Дар рафти солҳои 1221-1223 муғулҳо забткории хешро дар Афғонистон, Эрон, Закавказия, Мулки рус давом доданд. Сарлашкарони Чингизхон Ҷебе ва Судубеӣ то ба хоки Қрим расиданд. Пас аз он 31 маи соли 1223 дар соҳили руди Калка ба лашкари рус зарба зада ба Осиёи Миёна баргаштанд. Онҳо то соли 1223 тамоми муқобилияти халқҳои маҳаллиро дар Осиёи Миёна фурӯ нишониданд. Пас аз он Чингизхон ҳамроҳи писаронаш дар дашти Куланбошии шарқии Осиёи Миёна қарор гирифт.

Баъди хунхории дарозмуддат Чингизхон ба ватан баргашт. Ваӣ соли 1225 ба зидди давлати Тангутҳо ҷангида, онро мағлуб сохт , ва моҳи августи соли 1227 аз олам чашм пӯшид. Чанд моҳ пеш аз ӯ писари калониаш Ҷӯҷӣ низ вафот карда буд.

Муғулҳо баъди сари Чингизхон соли 1228 писараш Уқтоӣро вориси тоҷу тахт интихоб намуданд, ки то соли 1241 ҳукмрони кард. Ворисони Чингизхон юришҳои ғоратгаронаи хешро ба мамлакатҳои гуногун идома доданд. Онҳо соли 1231-1259 Корея, 1235-1276 Хитои Ғарбиро забт карда, Пекинро ишғол намуданд. Солҳои 1274 ва 1281 ҷазираи Ява ва Японияро гирифтанд. Дар солҳои 1257, 1284, 1287 бо Ветнам ҷангида , шикаст хӯрданд.

Тохтутози ба давлати рус оғозкардаи Чингизхону писаронашро наберааш Ботухон давом дод. Ӯ дар рафти солҳои 1236-1240 ба давлати рус харобиҳо овард. Дар рафти солҳои 1240-1242 истилогарони муғул ба Лаҳистону Маҷористон ва дигар давлатҳои Европа сар дароварда, ғоратгарию одамкушӣ намуданд.

Ҳамин тавр, муғулҳо ин мамлакатҳоро истило намуда, ба сари халқҳои онҳо мусибатҳои зиёде оварданд. Онҳо шаҳру деҳотро ба харобазор табдил дода, бисёрашонро оташ заданд ва садҳо ҳазор нафар аҳолиро кушта, заминҳои кораму иншоотҳои обёриро аз кор бароварданд. Муғулҳо шиками занони ҳомиларо бо корд чок карда, тифлони дар батни онҳо бударо нобуд мекарданд.

Чӣ тавре, ки Карл Маркс навиштааст, муғул …»бо хунрезии ифлоси худ… на танҳо фишор меовард, балки халқи тӯъмаи ӯ гардидаро таҳкир ва хуни ҷигар мекард. Тоторҳои муғул режими террори мунтазам барқарор намуданд ва дар ин ҳол тороҷу қатли Ом тартиботи доимии онҳо гашта буд».

Чингизхон пеш аз вафоти худ тамоми мулкҳои забтнамудаашро дар баӣни фарзандонаш тақсим карда буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Осиёи Миёна ба писари дувум Чағатоӣ мерос монд. Вале дар асл аз охирҳои солҳои 20-уми асри Ҷlll сар карда, Мовароуннаҳрро Маҳмуди Ялавоҷ ном савдогари хуҷандӣ, ки бо муғулҳо алоқаи зич дошт, идора мекард. Маҳмуди Ялавоҷ бо ёрии отрядҳои муғулии босқоқҳо, ки ба ӯ тобеъ буданд, бо зарбаи теғу шамшер аз аҳолии шаҳру деҳот андозҳои бешумор ва вазнин мегирифт. Дертар Маҳмуд чунон ҳам ба боварии хони муғулҳо даромад, ки ӯро сардори муассисаҳои заминҳои муғулҳо дар Хитоӣ таъин карданд. Идоракунии Осиёи Миёна бошад, аз соли 1238 то соли 1258 дар дасти писари Маҳмуди Ялавоҷ Масъудбек монда буд.

ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ. Ашрофу аъён, савдогарону рӯҳониёни маҳаллӣ манфиатҳои халқи худро фурӯхта, ба хизмати муғулҳо гузаштанд. Дар натиҷаи истисмори вахшиёна аҳволи оммаи мехнаткашон тоқатнопазир гашта, дар охири солҳои 30-юм онҳоро ба ҷунбиш даровард. Соли 1238 дар атрофи Бухоро шӯриши калони халқӣ сар зад, ки онро косиби элакбоф Маҳмудӣ Торобӣ роҳбарӣ мекард. Маркази шӯриш деҳаи Тороб буд. Шӯриш аз деҳаи Тороб то Бухоро тарафдорони зиёде дошт. Маҳмуи Торобӣ ба аҳолии Бухоро муроҷиат намуда, халқро ба яроқнокшавӣ ва баркандани тухми нопокон даъват мекард. Ин даъвати Торобӣ тамоми меҳнаткашони шаҳрро ба шӯриш бархезонд. Дар деҳот бошад, аҳолии маҳаллӣ ба маҳв кардани босқоқҳои муғул шурӯъ намуд. Шӯриш ба нуқтаи баланди худ расид. Маҳмуд дар кӯчаҳои Тороб ва деҳоти атрофии он гашту гузор намуда, бо суханони таъсирбахшу ғазабноки хеш мардумро ба шӯриши зидди аҷнабиён даъват мекард. Аз ин тарғиботи рӯирости ӯ ҳокимони маҳаллӣ тарсида, аз паи дастгир намуда куштанаш шуданд. Ӯро хостанд, ки бо роҳи фиреб ба Бухоро бурда, қатл кунанд. Аммо ваӣ аз ин сир пешакӣ воқиф шуда, аҳолии Бухороро низ ба шӯриш хезонд. Маҳмуди Торобӣ дар яке аз теппаҳои атрофи Бухоро халқро ҷамъ карда, нутқи даъваткунанда эрод намуд. Сипас ӯ аз садру рӯҳониёни Бухоро талаб намуд,ки вайро халифа интихоб кунанд. Дигар илоҷе набуд. Маҳмуд қасри сохтаи Малик Санҷарро маркази худ интихоб намуд. Садрҳо ва ҳокимон аз Бухоро ронда шуданд . Садрҳои Бухоро ,аъёну ашроф ва отядҳои муғул аз Бухоро ба Кармина гурехтанд. Шаҳр дар дасти шӯришгарон монд. Онҳо хӯҷаини Бухоро гардида , Маҳмуди Торобиро ҳоким эълон намуданд. Аммо рӯҳониён, садрҳо, аъёну ашрафон ва босқоқҳои муғул бар зидди шӯришгарон тайёрии калони ҳарбӣ медиданд. Баъд аз гузаштани андаке вақт онҳо

ба Бухоро ҳуҷум намуданд.

Шӯришгарон дар ҳарбу зарби назди Каримна бар қувваи душман ғалабаи комил ба даст оварданд. Аммо дар ҳамин вақт пешвои онҳо Маҳмуди Таробӣ аз тири ногоҳонаӣ кушта шуд. Дар ҳамин задухӯрди нобаробар, инчунин дӯсти наздик ва ёрдамчии содиқи Торобӣ Шамсиддин Маҳбубӣ ҳалок гардид. Шӯришгарон бе пешво ва роҳбари боистеъдод монда,дигар ба муқобили қувваҳои зиёдидушманонашон истодагарӣ карда натавонистанд. Оқибат шӯришгарон шикаст хӯрда,20 ҳазор касро талаф доданд ва Бухоро боз аз нав ба дасти муғулҳо гузашт.

Дар асл шӯриши Маҳмуди Торобӣ наин ки бар зидди истилогарон, балки ба муқобили рӯҳониён, садрҳо ва дигар душманони халқ нигаронида шуда буд. Аз ин рӯ, ҳаракати саркардаи Маҳмуд аз тарафи барзгарон ва дигар табақаҳои поёнии ҷамъият тарафдорони хешро ёфт.

Дар таърихи халқи тоҷик симои Маҳмуди Торобӣ ҳамчун марди мубориз, ватанпавар ва озодихоҳ акс гардидааст. Бо вуҷуди шикаст хӯрданаш шӯриш аҳмияти калон дошт. Он чашми истисморкунандагон ва ғоратгаронро тарсонд. Муғулҳо маҷбур шуданд,ки минбаъд андозгириро ба тартиб дароранд. Аз солҳои 50-уми асри ҶII сар карда, дар натиҷаи муборизаҳои байнихудии улусҳои ҷудогонаи муғул аҳволи халқи меҳнаткаш боз батар шуд. Ҳуҷуми улуси ҳулагӯйҳо, яъне муғулҳои Эрон ба Мовароуннаҳр ва баръакс,ҳуҷуми муғулҳои ин ҷо ба Хуросон мардумро ба душворию маҳрумиятҳои зиёд дучор мекарданд. Дар баробари ин муборизаҳои байнихудии намояндагони хонаводаи Чағатой боиси рӯ ба таназзул ниҳондани вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат гардида буд.

Адабиёт:

1.Ғафуров Б.Ғ Тоҷикон. Қ.1,Д.1983.

2. Мухторов А.М. Раҳматуллоев. А.З. Таърихи халқи тоҷик.М.2002.

3.Неъматов Н.Н. ва дигарон Таърихи халқи тоҷик.Д.2003.

4.Аинӣ С.А. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик.Д.1987.

5.Амиршоҳӣ Н Давлати Курдҳои Ҳирот (1225-1387)Д.1991.

6.Байматов Л .Шӯриши Маҳмуди Торобӣ.Д. 1991.

7.Ян В.Г. Чингизхон. Душанбе, 1986.

8.Ян В.Г. «К последнему морю». М.,1972.

9.Шукуров М.Р Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Д., 1975

10. Исоматов М.М. «Таърихи Табарӣ»–и Абӯалии

Балъамӣ. (пажӯҳише андар муносибатҳои Сосониён

ва Ҳайтолиён.) Д., 1986.

11. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001.

12 История таджикской ССР под. ред. Антоненко Б.А. Д.1983.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *