Фанни Таърих

Адабиёт ва симоҳои адабӣи рими қадим

I. ПАЙДОИШ ВА РУШДИ АДАБИЁТИ РИМ (АСРҲОИ IV – I ТО МИЛОД)

ТАҲЛИЛИ МУХТАСАР. Оғози баёни ин масъала аз миёнаҳои асри II то милод арзи вуҷуд кардани назм ва драмаи Рим сурат мегирад. Қадамҳои нахустин дар роҳи рушди адабиёти бадеӣ ба дар Рим паҳн гардидани маърифати юнонӣ алоқаманд мебошад. Нависандагони Рими барвақта ба намунаҳои классикии адабиёти Юнон тақлид мекарданд, гарчанде ки аз лаҳзаҳо (сюжаҳо) ва шаклҳои адабии римӣ низ истифода мебурданд. Барои инкор кардани мавҷудияти назми шифоҳии Рим дар замонҳои хеле қадим асосе вуҷуд надорад. Шаклҳои аз ҳама барвақтаи эҷодиёти шоирӣ ва шеъргӯӣ, бегуфтугу, ба эътиқод алоақаманд буданд. Ҳамин тариқ, гимни (суруди) динӣ ва суруди муқаддас (carmen) ба вуҷуд омадааст. Ин суруд ёдгории аз ҳама қадимтарини шеъргӯии озоди андозаи италиягӣ буда, ҳамтои онро мо дар назми шифоҳии халқҳои дигар низ дида метавонем.

Дар оилаҳои авлодҳои патритсийҳои римӣ шеър ва қиссаҳое мегуфтанд, ки дар онҳо ниёгон ҳамду сано хонда мешуданд. Яке аз чунин намудҳои эҷодӣ элогияҳо (ҳақиқат, дуруст,таълимот, илм) ном дошта, ба хотири намояндагони фавтидаи хонадонҳои аъёну ашроф мураттаб сохта мешуданд. Намунаи аз ҳама барвақтаи элогия мумкин аст эпитафия (катибаҳои болои тобут) бошад, ки яке аз онҳо ба Корнелий Стсипиони Калонӣ бахшида шудааст.

ателаанны ливий Андроник Гней Невий

Ателланҳо Ливий Андроник Гней Невий

Аз намудҳои дигари эҷодиёти шифоҳии римӣ метавон сурудҳои мотамии дафнкунии марҳумро ном гирифт, ки бо усули махсуси гиряолуду ғамангез иҷро карда мешуданд. Ҳамин тариқ, ҳанӯз то пайдо шудани адабиёти бадеӣ дар маънии аслии он, дар Рим андозаи шеърӣ сохта мешавад, ки он шеъри сатиай буда, аз номи худо Сатурн гирифта шуда,он андозаи шеър мебошад. Чунин шеърҳо дар навиштаҷотҳои қадим ва осори шоирон, аз он ҷумла дар осори Ливий Андроник ва Невий ҳам вомехуранд. Вақте ки Энней ба Рим назми гекзаметрро ворид месозад, сатурний бо мурури замон фишор дода бароварда шуда, назми навро шоирони аввалин истифода мебурдагӣ мешаванд.

Яке аз жанрҳои адабиёти Рим драмаҳо аз анъанаҳои халқӣ мебошан, ки хеле барвақт ба миён омадаааст. Ҷанинҳои драмаи халқии римиро бояд дар иду базмҳои деҳотӣ кофт, вале рушди он бо таъсири халқҳои ҳамсоя ба амал омадааст. Намуди асосии тасаввуроти драмавӣ ателланҳо буда, дар Этрурия тавлид ёфта, он ба амалҳои эътиқодӣ алоқаманд аст.

Ливий Андроник Картинки по запросу Император Пирр

Ливий Андроник Аппий Клавдий Тсек (нобино) Шоҳ Пирр

Номи «ателлан» аз номи шаҳри Ателлаи Кампанияи Рим ба миён омадааст. Ҳоло ин шаҳр Аверла ном дорад. Ателланҳо пъесаҳои махсус буда, мазмуни онҳо аз ҳаёти деҳотӣ ва шаҳрҳои хурд гирифта шудаанд.

Оғози насри Рим низ ба замонҳои қадим тааллуқ дорад. Дар он давра қонунҳои навишта, шартномаҳо ва китобҳои ибодаткунӣ ба миён меоянд. Ҳамин тариқ, шароити ҳаёти ҷамъиятӣ ба рушди суханварӣ мусоидат мекунад. Баъзе нутқҳои эродшуда хаттӣ навишта мешуданд. Масалан, ба Сисерон нутқи Аппий Клавдий Тсек (солҳои 350 — 273), ки барои баромад дар Сенат оид ба масъалаи пешниҳод ба Пирр (318 — 272) дар бораи бо ӯ сулҳ бастан навиштааст, маълум буд. Баъзе аз нутқҳо мотамӣ мебошпгд ва онҳо аз сарпӯши тобутҳо пайдо карда шудаанд.

ШОИРОНИ НАХУСТИНИ РИМИ ҚАДИМ. Адабиёти Рим дар аввл ҳамчун адабиёти тақлидӣ ба миён омадааст. Шоири нахустини римӣ Ливий Андроник (солҳои 261 – 204 то милод) ба шумор рафта, «Одиссея»-и Гомерро ба забони лотинӣ гардонидааст. Аз рӯи пайдоиши худ Ливий юнонитабори зодаи Тарента буд. Соли 272 то милод ӯро ҳамчун асир ба Рим меоранд ва баъди озод карда шуданаш ба таълими кӯдакони патрони худ ва ашрофони дигар маашғул мешавад. Тарҷумаи «Одиссея» аз тариқи шеърҳои сатурниӣ ба ҷо оварда шуда буд. Забони тарҷума хеле гуворо ва дар он ҳатто ба иборасозиҳое роҳ дода шудаанд, ки барои забони лотинӣ бегона буданд. Дар тули солҳои зиёд дар мактабҳои римӣ «Одиссея»-ро аз рӯи тарҷумаи Андроник меомӯхтанд..

Ливий Андроник якчанд мазҳака ва фоҷеаҳое навиштааст, ки онҳо ё тарҷума ва ё коркарди нави асарҳои юнонӣ буданд. Дар замони дар қайди ҳаёт будани Ливий фаъолияти шоирии Гней Невий (наздики солҳои 274 – 204 то милод)-и зодаи Кампан оғоз ёфта, ба ӯ асари назмӣ дар бораи Ҷанги якуми Пунӣ бо инъикоси таърихи мухтасари гузаштаи Рим тааллуқ дорад.

Энний тит Макций Плавт Менандр

Квинт Энний Тит Максий Плавт Менандр

Ғайр аз ин, Гней Невий якчанд фоҷеа навиштааст, аз он ҷумла чунин фоҷеаҳое, ки мавзӯи онҳоро қиссаҳои римӣ ташкил манамоянд. Бо сабаби он, ки дар фоҷеаҳои Невий римиҳое баромад мекарданд, ки дар танашон пераҳани тантанавӣ доштанд, ин асарҳо fabulae praetextae (инъикоси мазмуни асар ва воқеа) номида шудаанд.

Невий чанд мазҳака низ навишта, дар онҳо ақидаҳои демократии худро пинҳон накардааст. Дар яке аз мазҳакаҳо Невий дар бораи Стсипиони Калонии абарқудрат истеҳзоомезона фикр баён карда, ба номи Метелла ҳавола карда, дар он ба ӯ чунин баҳо додааст: «Метелла дар Рим бо сабаби тақдири талх доштанаш консул шудааст». Барои шеърҳои тезу тундаш Невий ба зиндон партофта мешавад ва аз он ҷо дар натиҷаи тарафгирии трибунҳои халқӣ озод карда мешавад. Сарфи назар аз ин, Невий маҷбур мешавад, ки Римро тарк кунад.

КВИНТ ЭННИЙ (солҳои 239 – 169 то милод) Шоири дигари римӣ Квинт Энний мебошад. Энний зодаи Бруттия буда, дар Ҷанги дуюми Пунӣ ширкат варзида, баъди он дар ҷазираи Сардиния ҳамчун сентуриён хизмат карда, маҳз дар ин ҷо бо Катони Калонӣ вомехурад. Ин вохурӣ тақдири ояндаи Эннийро ҳал кард. Катон Еннийро бо худ ба Рим мебарад. Аз ҳамин вақт сар карда Энний дар Рим истиқомат карда, ба касби омӯзгорӣ ва фаъолияти адабӣ машғул шуда, ба гирифтани ҳуқуқи граждании Рим ҳам муваффақ мешавад.

Асари асосии Энний «Солнома» («Annales») буд, вале ғайр аз ин асар, чун пешгузаштагони худ фоҷеа ва мазҳака низ менавишт. Энний аввалин шуда ба адабиёти лотинӣ гекзакметр (шакли юнонии шеърии шашстопа буда, аз 5 декта ва пондей иборат аст)-ро ворид месозад. Ҳамин тариқ, андозаҳои шеъри юнонӣ, ки ба ҷойивазкунии овозҳои кӯтоҳ ва дароз асос ёфта буданд, дар назми лотинӣ низ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд. Энний ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт буданаш маъруф шуда, баъд аз марг бошад, яке аз шоирони беҳтарин ва соҳиби обрую эътибори баланд мегардад.

Картинки по запросу Сципион Старший 12 Катон Старший

Публий Теренсийи Африқоӣ Стсипиони Калонӣ Катони Калонӣ

ГНЕЙ НЕВИЙ (солҳои 270 – 201 то милод). Гней Невий зода вилояти Кампан буда, аз ҷумлаи муосирони Плавт ба Рим барвақт омадааст. Дар овони ҷавонӣ иштирокчии Ҷанги якуми Пунӣ буд. Баъди ин ҷанг Невий китоберо бо номи «Ҷанги Пунӣ» («Bellum Punikum») ҳамчун достони насрӣ таълиф менамояд, ки он дар адабиёти Рим асари нахустини дорои дидгоҳҳои ҷадид (оригиналӣ) мешавад. Гней Невий чун Ливий Андроник, барои саҳна низ асар эҷод карда будааст. Ба қалами ӯ 5 ё 6 фоҷеа ва 37 мазҳака тааллуқ дорад, ки қисме аз саҳнаҳои (сюжаҳои) онҳо аз нависандагони юнонӣ гирифта шуда ва қисми дигараш аз они худаш мебошанд. Гней Невий дар баробари «Ҷанги Пунӣ» асари дигаре бо номи «Викатсий Седигит»-ро низ таълиф намудааст. Ин асар натанҳо ба Вергилий, инчунин ба Сисерон ва Марк Аврелий ҳам таассуроти калон гузоштааст.

Аз асарҳои ҳарсеи ин шоирон – Ливий Андроник, Гней Невий ва Квинт Энний то замони мо танҳо пораҳои алоҳида боқӣ мондаанд.

Картинки по запросу Картинки по запросу Картинки по запросу Плавт

Гней Невий Гай Лутсилий Гай Максий Плавт

Чанд шоиру нависандаи дигари Рими Қадимро, ки дар ташаккулёбии адабиёти бадеии томилодии Рим саҳми сазовор гузоштаанд, низ бо шарҳи мухтасар ном мебарем.

ТИТ МАКСИЙ ПЛАВТ (солҳои 255 – 186 то милод). Дар тули чандин аср мазҳакаҳои Плавт намуна ҳисобида мешуданд. Тит Плавт зодаи шаҳри Умбрияи Италия мебошад. Ба Рим омада, ӯ ба дастаи (труппаи) актёрҳо ба кор медарояд, вале дар ин ҳунар кораш барор намегирад. Аз ҳамин сабаб ба тиҷорат машғул мешавад. Дар вақтҳои холӣ бошад, мазҳака менавишт. Ба ӯ муяссар мегардад, ки мазҳакаҳои худро фурӯхта, рузғорашро пеш барад. Тақдири минбаъдаи Плавт на онқадар маълум аст.

Ба Тит Максий Плавт лозим мсеомад, ки бисёртар дар сафар бошад. Дар сафарҳо бо одамоне вохурад, ки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи Италия буданд. Мавзӯҳои асарҳои худро аз ин сафарҳо меёфт. Дар мазҳакаи Плавт «Амфитрион» дар бораи хиёнату садоқати зану шавҳар ва дар мазҳакаи «Ҷанговари Лофзан» дар бораи саргузашти ошиқии фиребгаронаи сарбозе нақл карда мешавад, ки дар қӯшуни Селевк хизмат мекардааст. Плавт соли 184 то милод аз дунё даргузаштааст.

ГАй Саллюстий Крисп Марк Теренсий Варрон Гай Валерий Катулл

Гай Силюстий Крисп Марк Теренсий Варрон Гай Валерий Катулл

ПУБЛИЙ ТЕРЕНСИЙИ АФРИҚОӢ (наздики солҳои 190 – 159 то милод) зодаи Карфаген буда, ҳанӯз дар овони ҷавониаш дар Рим ба сифати ғулом фурӯхта мешавад. Ҷаноби ғулом ба ӯ маълумоти хуб дода, баъд ба озодӣ ҷавоб медиҳад. Публий Теренсийи Африқоӣ дар байни доираҳои олии ҷомеаи Рим зиндагӣ мекард, бинобар ин, мазҳакаҳои ӯ ба тамошобинони соҳибмаърифат нигаронида шуда буданд. Теренсий низ ба муаллифони юнонӣ тақлид мекард ва, пеш аз ҳама, ба Менандр (солҳои 342 — 291) , ки муаллифи мазҳакаи наваттикагӣ буд. Асарҳои Теренсий аз дигарон бо нозукбаёнии худ фарқ мекарданд.

ЛУТСИЛИЙ (солҳои 181 – 103 то милод). Намояндаи дигари махфили Стсипион — Лутсилий буда, бо асарҳои ҳаҷвиии худ маълум аст. Дар ҳаҷвияҳояш Лутсилий ҳаёти ҷамъиятии замони худро иинъикос мекард, масалан, ҷиноятҳои савганшиканиро сахт маҳкум мекард. Лутсилий иллатҳои ҷомеа– сахтию карру фарро ба зери тозиёнаи танқид гирифта, дар баробари ин, ба мавзӯҳои адабиёт бисёр дахл мекард, махсусан ба сатир (ҳаҷв). Аз сатираҳо (saturas)-и Лутсилий танҳо пораҳои алоҳида боқӣ мондаанд.

Аз замони Лутсилий сар карда. сатира (ҳаҷв) ба жанри адабии Рим мубаддал мегардад, вале рушди минбаъдаи он дар марҳалаи оянда ба амал меояд. Аз охирҳои асри III то милод сар карда ва то миёнаҳои асри II то милод адабиёти Рим тақлидӣ буда, бо мурури замон ба нишонаҳои навгонии худ соҳиб шуда, мустақил рушд мекардагӣ мешавад. Дар марҳалаи томилодӣ алабиёт ҷомеаи Римро бо ғояҳои нав шиносонида, ба таври пурра ташаккул ёфтани забони лотинӣ мусоидат карда, ин забон минбаъд дар тули садсолаҳои зиёд омӯхта мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *