Фанни Таърих

Истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ

Нақша:

1.Сабабҳо ва амалиётҳои ҷангии Россияи подшоҳӣ дар қаламрави

Осиёи Миёна.

2.Таъсисёбии генерал – губернатории Туркистон.

3.Масъалаи Помир ва ҳалли он.

Дар миёнаи асри ҶlҶ дар сарзамини Осиёи Миёна ба ғайр аз се давлати мустақил: аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди Шаҳрисабз, Шаҳри Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давра дар ҳайати аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбаршуда, бо ҳамроҳии халқҳои узбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра бародарвор зиндагӣ ба сар мебурд.

Дар аморати Бухоро аз соли 1753 қабилаи манғитҳои узбек ҳукмронӣ мекарданд, ки онҳо ба чунин марҳамат ба шарофати шоҳи Эрон Нодиршоҳ мушарраф гардидаанд. Хонигарии Қӯқанд бошад ҳанӯз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштархониҳо(Ҷониҳо) бунёд ёфт ва дар он низ қабилаи мингҳои узбек салтанат меронд.

Бо сабаби ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ҳар бор мардуми Ӯротеппа, Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли авали асри ҶlҶ онҳо ба Ӯротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашидаанд.

Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хони Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1858 ва 1862-1873) ва Маллахон (солҳои 1858-1862, яъне дар фосилаи гурехтаниХудоёрхон) рақобати сахти мансабӣ мерафт ва ҳар кадоме аз амири Бухоро ба фоидаи худ имдод металабид. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум карда салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор кард.

Аз аввали солҳои 60-уми асри ҶlҶ ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми васеъи кӯшунҳои Русияи Подшоҳӣ сар шуд, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд: якӯм подшоҳони Руси дербоз, аз замони Пётри1, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи худ дароранд. Онҳо мехостанд аз ҷануб, ба воситаи баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба роҳи мунтазами обӣ бароянд. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хони Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд.дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (19 феврал соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом-пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷанги гаражданӣ дар ШМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк овардани пахта мураккаб гардид. Бинобар ин ҳукуматдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуҷуд наояд,мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд ; сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурушӣ зарур буд. Ин гуна бозорро эшон дар қитъаи Европаи Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд. Аниқтараш махсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчӣ зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фуруши молҳои худ табдил диҳанд; чаҳорум, ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла барои бекор намудани беназоратии соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ) дипломатияи рус, ҳарчанд ҷонбозиҳо кард, вале қувваи Русия, ки дар Ғарб хале заиф буд, он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия бо тавсияи ҳарбиён мехостанд, ки ба Шарқ, ба сарҳади Ҳиндустон — мустамликаи Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гарданд, панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим беобрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақалан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барқарор намояд.

1 октиябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошканд аввалин бор ҳуҷум кард, вале бебарор ба Чимкент баргашт. Ин бебарорӣ ҳукумтдорони подшоҳиро водор сохт, ки барои фатҳи Тошканд ҷиддитар омода гарданд.

29 апрели соли 1865 Черняев ба сӯи Тошканд бори дуюм ҳуҷум кард. Ӯ дар аввал дамбаи дарёи Чирчиқро вайрон карда , канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро беоб гузошт ба Черняев муяссар гардид, ки ба шаҳр дарояд. Дар натиҷаи ҷангҳои сахти кӯчаги ҷангҳои шадид ба вуҷуд омада шаби 14 ба 15 июни соли 1865 ӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят 17 июн Тошканд аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома имзо гардид.

Моҳи сентябр, генерал- губернатори Оренбург ҳангоми дар Ташканд буданаш ин шаҳрро, бо мақсади аз нуфузи Қӯқанду Бухоро озод нигоҳ доштан, мулки мустақил эълон кард. Вале он вақт ҷангҳои байни Бухоро Қӯқанд (яъне бо муқобилони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуҷанд ба сӯи шаҳри Қӯқанд ҳаракат кард. Инчунин ӯ аз сарварони қӯшунҳои рус талаб кард, ки Тошкандро ба ихтиёри ӯ супорида, худ аз шаҳр баромада раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба инобат нагирифта, моҳи октябри соли 1865 ба тарзи расмӣ ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард.

Охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев ба Ҷиззах расиданд. Дар қалъачаи Ҷиззах аксарони бухороӣ хеле кам буданд. Бинобар ин мудофиаи қалъаро худи ҷиззахиён ба ӯҳда гирифта, ба Черняев зарба заданд. Дар натиҷа ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, аниқтараш-ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухороиёнро хеле рӯҳбаланд кард. Амир Музаффархон низ ба мақсади идомаи ғалаба, бо қувваи зиёд ба Ҷиззах ҳозир шуда, дар Иссиққӯл ном маконе (соҳили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба ӯҳдаи худ гирифт. Вале вай ба ҷои сарварӣ ва назорати омодагии амалиёти ҷангӣ дар ҳамон лаҳза ҳам бо базму шатранҷбозӣ банд буду, на танҳо ба ғалабааш боварии комил дошт, балки ҳатто дар фикри мусодираи хазинаи дар Петербург доштаи ҳукумати Русия бо роҳҳои минбаъда истифодаи «асирони» ҳарбии рус буд.

Баъди шикастхӯрӣ дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Миёна даъват карда шуд ва ба ҷояш генерал Д.И. Романовский таъин гардид. Аз ин рӯ, минбаъд ӯ қӯшунҳои русро дар ҷангҳои муқобили сарбозони амири Бухоро ва хони Қӯқанд сарварӣ мекард. Вай нисбат ба амири Бухоро ба ҷанги навбатӣ аз ҳар ҷиҳат омода буд. 8 майи соли 1866 дар Майдаюғун, ё ки Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои русу бухороӣ ҷангҳои шадиде ба вуқӯъ омад ва он бо ғалабаи русҳою мағлубияти бухороиён анҷом ёфт. Амалан ин ҷанги нахустини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ба ҳисоб меравад. Амир Музаффархон бо наздикон ва посбонони худ аз майдони ҷанг ба сӯи Самарқанд гурехт.

Аҳмади Дониш манзараи шикастхӯрии сарбозони амир гурехтани худи Музаффархонро чунин тасвир намудааст: «Сарбозони амир агарчанде худро «ғозиёни ислом» меномиданд, вале ҳанӯз пеш аз оғози ҷанг «ҳама мунтазири фирор буданд» ва бо шунидани овози тӯпҳои русия «якбора фирори барқвор ихтиёр карданд». Вақте ба ҷаноби амир ҳабар оварданд, ки «Аскар бевафои карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои аспи қантарӣ ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт ки аммома бар сар кунад ё ҷома бипӯшад. Ҳамчунон аз сари шатранҷ бархеста болои зин (бар) нишаст ва асп меронд»

Барои қушунҳои рус, баъди ғалаба дар муҳорибаи Майдаюғун, роҳ ба сӯи Хуҷанд кушода буд. Шаби аз 19 ба 20 майи соли 1866 онҳо ба шаҳри Хуҷанд наздик шуда аз 18 тӯп ва 8 маротиба (тӯпи кӯтоҳмил) шаҳрро тирборон карданд. Саҳарии 21 май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт. Вале аз сабаби муқобилияти сахти муҳофизони шаҳр аксарони рус ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми он-тоҷикон, балки аз атрофи он, дар қатори тоҷикон узбекон низ мардонагӣ нишон доданд. Аскарони бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз ба зери тӯппаронии мунтазам гирифтанд. 24 май қӯшунҳои рус ба шаҳри валангоргардида соҳиб шуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд шумораи фақат ҳалокшудагон ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи забткорон бошад ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шуду халос. 28 май Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид.

Баъди муҳорибаи Майдаюғуну забти Хуҷанду Нов сарфармон-деҳи қӯшунҳои рус умед дошт, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад. Аммо чунин умеди эшон хом баромад. Музаффархон ба ҷангҳои нав омадагӣ медид. Ҳарбиёни рус аз ин воқиф гардида, тирамоҳи ҳамон сол амалиёти забткоронаи худро идома доданд. 1 октябри аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2 октябр шаҳр аз тарафи забткорон ишғол карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд.

11 октябри соли 1866 тарафи қӯшунҳои рус муҳосираи нави Ҷиззах оғоз ёфт. Ба онҳо дар ин муҳорибаи генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарварӣ мекард. Ниҳоят, 18 октябр шаҳри вайрона бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр насиби аскарони рус гардид.

Баъди мағлубияти Ҷиззах қувваҳои зиёди зиддирусӣ дар Янгиқӯрғон ҷамъ шуда буданд, ки дар баӣни онҳо на танҳо сарбозони амир, балки отрядҳои собиқ бекҳои Ӯротеппа, Ҷиззах, дастаҳои туркманҳо, афғонҳо ва ғайра низ буданд. Бегуфтугӯ дар байни эшон қисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд. Вале дар муҳорибаи Янгиқӯрғон ҳам ғалаба насиби қӯшунҳои рӯс гардид, ки ба эшон генерал А.К. Абрамов сарварӣ мекард.

Қӯшунҳои рус баъди забти Ҷиззах ва Янгиқӯрғон аз идомаи амалиёти ҷангӣ муваққатан худдорӣ намуда, ба муҳорибаҳои минбаъда омадагӣ медиданд. Ҳукумати подшоҳӣ бошад, дар ин муддат масъалҳои идоракунии мулкҳои забтшударо ҳал намуд.

Соли 1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиётҳои ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Миёна гӯё ҷамъбаст намуда дар Тошканд генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшунҳои русро дарбар мегирифт.

Баробари бунёди генерал-губернаторӣ инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернаторӣ Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П. Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Александрии II дар асоси «Ярлики зарин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиқи он ӯ мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, савдоӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо имзои шартномаҳо ва ғайраҳоро ҳал менамуд. Яъне Кауфман, дар асоси он ҳуҷҷат минбаъд имконият дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ё бо онҳо сулҳ имзо намояд.

Имзои шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 идомаи ҷангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут, 18 май Қаттақӯрғон аз тарафи қисмҳои аскарони рус ишғол карда шуд. Умуман муҳорибаҳои минбаъда исботи он буданд, ки қӯшунҳои амир имконияти муқобилият нишондиҳиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эҳсос намуда маҷбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шавад.

Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирҳо», яъне русҳо ҷангоро давом диҳад. Бо ҳамин сабабҳо амир маҷбур шуд, ки боз майл ба ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ 15 ҳазор сарбозони савора, 6 ҳазор сарбозони пиёда ва 14 тӯпро бо сарвари Ҳоҷӣ Тӯқсабо ҷамъ намуд. Аз рӯи маълумотҳои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ намуданд, ба 50 ҳазор нафар мерасид.

2 июни соли1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Эшон 1500 нафарро талаф доданд.

Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Қӯҳистон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки мулкҳои ниммустақил буданд, низ ба луқмаи эшон пешкаш гардиданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Қаттақӯрғон ва дигар мулкҳои Зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда генерал А.К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов ин тобеи худ гадонидани мулкҳои номбурдаи Кӯҳистон буд. Мардуми он мулкҳо агарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо байни худ ҷангида қувваи мудоифиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд. Пӯшида набуд, ки чунин ҳолати ин диёр муваффақияти қӯшунҳои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои таслими болооби Зарафшон чун походи ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад вай зурур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо эъзомияи илмӣ рӯпӯш намояд. Дар натиҷа баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд.

Ба ҳайатии эъзомияи номбурда 200 нафар қазоқҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулимиётчиҳои кӯҳгар дохил мешуданд. Боз аз Ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Денет ҳаракат карда, дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент ба муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қушунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст.

Аморати Бухоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, яъне юридикӣ, давлати мустақил буд. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иқтидори ҳарбии Русия нотавон буданашонро ба хубӣ эҳсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оғӯши тобеяит андохта, нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ сиёсати содиқона гузаронида, аморатро ба мустамликаи ҳақиқии Русия табдил доданд.

«Масъалаи помир» ва ҳалли он.

Охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки байни Русияву Англия бояд ҳалли худро меёфт ин «масъалаи Помир» буд. Он лаҳза дар байни мардуми худи Бадахшон воқеаҳои назаррасе руҳ доданд. Чунончӣ, зулму истибдоди ҳукуматдорони афғон тирамоҳи соли 1887 боиси шӯриши мардуми Шуғнон гардид. Шӯришгарон чанде аз хироҷ ситонандагони афғонро ба қатл расониданд. Ҳукумати Афғонистон барои ба хун оғушта намудани шӯриш ва танбеҳ додани мардуми Бадахшон тайёрии ҷидди медид. Амалдорони Рушону Шуғнон ва Вахон дар чунин назьият ба муқобили иқтидори ҳукумати Афғонистон қувваи худро покифоя ҳисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онҳо бо чунин мақсад ба назди ҳукуматдорони Русия якчанд ҳайати намояндагӣ низ фиристоданд.

Аввали солҳои 90-уми асри XIX ҳукумати подшоҳӣ ба «масъалаи Помир» ба тарзи ҷиддӣ машағул шуд. Зеро то ин лаҳза дигар мулкҳои Осиёи Миёна пурра ба зери назораташ гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуқтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияву Англия мешуд. Инак, моҳи июли соли 1891 отряди 120 нафараи казакҳо бо сарварии полковник М. Ионов ба сӯи Помир фиристода шуд, ки он бо номи «Эъзомияи Ионов» маълум аст. Мақсади ин эъзомия, гуё дар Бадахшон омӯхтани он мулкҳое буд, ки онҳо мувофиқи муоҳидаи соли 1873-и байни Русияву Англия ба фоидаи ҳукумати подшоҳӣ гузаштаанд. Вале дар асл нияти асосии ин чорабинӣ мустаҳкам намудани нуфузи Русия дар мулкҳои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз ағбаи Қизиларт оғоз намуда, соҳилҳои Рангкӯл ва Қаракӯлро сайр карда, то ба ағбаи Банк расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкҳо дар табеияти Русия мебошанд. Дар наҷина ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз ҳам таккон дод.

Аз сабаби он ки дипломатияи Англия ҳам ба «масъалаи Помир» дахолат мекард, моҳи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси арбобони давлати Русия муҳокима гардид ва дар он қарор карда шуд, ки мавқеи ҳукумати худро дар ин гӯша мустаҳкам намоянд. Моҳи июни ҳамон сол полковник Ионов бо роҳи аввала, бо қувваи нисбатан зиёд, эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Ҳангоми ин сафари ӯ дар канори дарёи Оксу пости Помир (ҳозира шаҳраки Мурғоб) сохта шуд. Дар мавзеи Шоҷон бошад 250 нафар аскарони казакро ба муддати тӯлонӣ гузоштанд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуғнониён, нисбати бедодии дастаҳои гуногуни афғон, отряди дигар бо сарварии капитан С.П. Ванновский ба воситаи ағбаи Язғулом то ба Ванҷ рафта баргаштаанд.

Ҳукуматдорони подшоҳӣ оиди масъалаи Бадахшони Шарқӣ ҳам бетараф наистоданд. Онҳо аз ниятҳои ҳукумати Хитой воқиф гардида, моҳи июли соли 1894 ба пости Помир (Мурғоб) М.Е. Ионовро, ки_ба рутбаи генерал-майорӣ расида буд, бо штабаш фиристоданд. Ӯро сардори штаби тамоми отряди русӣ дар Бадахшон таъин карданд. Дар баробари чунин чорабиниҳо гуфтушуниди намояндагони Русияву Хитой оиди Бадахшони Шарқӣ низ давом мекард. Дар натиҷаи он ҳукумати Хитой постҳои ҳарбии худро аз сарҳади Бадахшони Шарқӣ бардошт. Баъди ин дар Мурғоб нигоҳ доштани «отряди Помир» нолозим шуда монд ва он 25 октябри ҳамон сол бардам дода шуд.

Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия баҳри муайянкунии сарҳади нуфуз дар Бадахшон ҳанӯз аз соли 1893 давом дошт. Баҳори соли 1895 комиссияи мухталифи сарҳадии англису русӣ охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Миёнаро ба таври «аниқ» муайян намуд. Ниҳоят моҳи сентябри ҳамон сол шартномаи махсуси муайянкунии сарҳади нуфузи байни Русияву Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николаи II хати сарҳадии империяи Русияро дар Бадахшон тасдик кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарҳади нуфузи байни Русия ва Англия аз Заркул то канори шарқии Бадахшон -дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои роста дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рушон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аз даст додааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони Шарқӣ бошад ба ҳайати вилояти Фарғонаи генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Он қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ҳисоби Афғонистон гузашт.

Ҳамин тарз «Масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гуё бо ин рақобати байни ду давлати абардқудрати давр оиди як гӯшаи куҳии дунё ба охир расид.

Оқибатҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна.

Забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост.

Ҷиҳатҳои мусбӣ: 1) Дар Осиёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармоӣ мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ва ташкилотҳои бонки ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он ба бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард; 2) Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустакили кишвар, махсусан байни аморати Бухорову хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, бардам дода шуд, зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вучуд овард; 3) Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши ғуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт); 4) Имконияти шиносшавӣ бо фарҳанги якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.

Ҷиҳатҳои манфӣ: 1). Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо, ба ғайр аз Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд; 2). Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Ҳукумати иртиҷоии амири Бухоро ва хонии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилӣ дар ҳар ду ин мулкҳои Осиёи Миёна бетагйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонӣ дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳӣ нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натичаи ҳамаи ин мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуд; 3). Шартномаи байни Русияву Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафту омад ва хешу таборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард.

Адабиёт:

1.Ҳотамов Н.Б. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2002.

2.Бобохонов М.Б. Русия дар замони Сармоядори

3. Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития.-Душанбе, 1992.

4. Эркаев М.Э. Ба Россияи хамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ва аҳмияти он барои халқи тоҷик.-Сталинобод.

5. Ғафуров Б.Г. Тоҷикон. –қ-2. Душанбе-1983.

6.Давлатбеков Н., Халқи тоҷик дар давраи феодалӣ ва ташаккули муносибатҳои капиталистӣ. Душанбе, 2006.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *