Фанни Таърих

Ҳукмронии сулолаи Северҳо (солҳои 193 – 235)

ИМПЕРАТОРОНИ СУЛОЛАИ СЕВЕРҲО. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шумораи императорон дар замони ҳукмронии сулолаи Северҳо иборат аз 10 нафар зикр карда шудааст: Пертинакс, Дидий Юлиан, Септимий Север, Пестсенний Нигер, Клавдий Албин, Каракалла, Публий Септимий Гета, Марк Опеллий Макран, Элагабал (Гелиогабал), Александр Север. Вале дар идораи Империяи Рим на ҳамаи онҳо нақши калон гуузоштаанд, аз он ҷумла Партинакс (аз моҳи январ то моҳи марти соли 193), Дидий Юлиан (аз 18 март то 1 июни соли 193), Пестсенний Нигер (солҳои 193 – 194), Клодий Албин (солҳои 195 – 197) ва Марк Опеллий Макран (солҳои 217 – 218).

Дидий Юлиан Гай Песценний Нигер Юст

Дидий Юлиан Пестсенний Нигер

Баъд аз вафоти Коммод Публий Гелвий Партинакс – сенатор ва арбоби намоёни ҳарбии замони ҳукмронии Марк Аврелий, император эълон карда мешавад. Ӯ инсони қобилиятноку қавиирода буд, вале гирифтани пеши роҳи преториагиҳоро натавонист, гарчанде кушиш кард. Онҳо иродаи худро ба гардани ҳокимияти олӣ бор карданд ва ин ҳолат барои императори нав фоҷеабор гардид. Марги Пертинакс дар моҳи марти соли 193 бо тезӣ ба ҷанги граждании фарогир (солхои 193 – 198) оварда расонид. Чи тавре ки баъди марги Нерон рух дода буд, аз нав барои хокимият дар Империяи Рим номзадхое мубориза мебурданд, ки аз тарафи кӯшунҳои гуногун пешбарӣ карда шуда буданд. Дар ин мубориза легионҳои Дунай, ки ба онҳо Септимий Севар сарварӣ мекард, ғалаба карданд.

Картинки по запросу Император Коммод 21 Septimius_Severus_Glyptothek_Munich_357

Коммод Гелвий Партинакс Септимий Север

Замони ҳукмронии Северхо, пеш аз бӯҳрони аср III, барқароршавии панҷоҳ соли бенизомӣ (анархия), марҳалаи охирини нисбатан боэътидол ба шумор меравад. Ин ҳодиса мавҷудияти минбаъдаи Империяи Римро ба зери савол гузошт. Ба асосгузори сулола лашкаркаш Септимий Север муяссар шуд, ки рақибони худро дар қисматҳои гуногуни Империя торумор кунад: Постсений Нигер дар Шарқ ва Клодий Албин дар Ғарб. Дар як вақт дар ҷанги гражданӣ ба Септимий Север лозим меомад, ки дар хориҷи кишвар низ барои зада гардонидани хамлаҳои Порт ба Рим мубориза барад. Дар худи Рим бошад, когортҳои преториягиҳо халъи силоҳ ва пароканда карда шуданд: ин аскарони як вақтҳо ҷузъу томҳои яккачини замони Коммодро ташкил намуда, акнун бошад, интизоми ҳарбиро тамоман фаромӯш карда буданд. Баъди қатл карда шудани Пертинакс ба савдои тахти императорӣ даст зада, онро ба ҳамон касе ваъда мекарданд, ки пули зиёдтар диҳад.

Децим Клодий Септимий Альбин Картинки по запросу Картинки по запросу

Клодий Албин Публий Септимий Гета Марк Аврелий

ҲУКМРОНИИ СЕПТИМИЙ СЕВЕР (СОЛҲОИ ҲАЁТ: 145 – 211; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 193 — 211). Баромади Септимий Север аз музофоти Африқо, дар Лептис-Магне, собиқ мустамликаи Финикия, 640 мил (тахминан 1090 км) дуртар аз Карфаген, таваллуд шудааст. Таҳсилотро Септимий Север ҳам дар хона ва ҳам дар Рим гирифтааст.

Септимий одами хеле ҷиддӣ, суботкор ва сахтгир буд. Масалан, хоҳари ӯ дар вақташ ҳар қадар, ки забони лотиниро омӯхтааст, вале онро хуб аз бар карда натавонистааст. Аз ин рӯ, вақте ки Септимий Север император мешавад ва хоҳараш ба наздаш меояд, Септимий ӯро аз Рим пеш мекунад, то ки обрӯи императории вайро нарезонад. Ва худи Септимий бошад, низ бе камбудӣ набуд: то охири умр бо забони лотинӣ бо лаҳни африқоӣ ҳарф мезадааст.

Септимий Север бо шарофати ҷидду ҷаҳди император Марк Аврелий сенатор мешавад. Баъдтар идораи Бетика, Сардиния ва Ситсилияро ба зима мегирад. Соли 190 консул интихоб мешавад ва дар соли оянда фармондеҳи легионҳои Назди Дунайи дар Паниония мустақарбуда таъйин мегардад.

Баъди соли 193 аз тарафи преториягиҳо ба қатл расонида шудани император Партинакс, Септимий Север аз тарафи қӯшунҳои ба ӯ содиқ император эълон карда мешавад. Вале дар Рим преториягиҳо тахту тоҷи императориро гӯё дар савдои музояда монда бошанд, бо ҳамин роҳ ба тахти императорӣ римии сарватманд Дидия Юлианро шинониданд. Септимий Север ҳамон лаҳза аз номи Партинакс истифода мебарад ва ба пешгузаштагони худ пайравӣ карда, ба номи худ номи Партинакс — Imperator Lucius Septimius Severus Pertinax Augustus-ро ҳамроҳ мекунад. Баъди ин Септимий Север легионҳои худро ба Италия мебарад ва онро бе ягон хел муқовимат ба таслим мекунонад. Маълум гардид, ки Юлиан маблағи зарурӣ надоштааст, ки тахту тоҷро харидорӣ намояд. Дар зери таъсири Септимий Север ӯ аз тарафи Сенат сарнагун ва ба қатл расонида мешавад.

Дар мубориза бар зидди худхоҳ Дидий Юлиан Септимий Север ба дастгирии ду рақиби дигар барои тахту тоҷ — Пестсений Нигер дар Шарқ — Сурия ва Клодий Албин дар Британия — дар Ғарб такя кард. Ба Рим омада, Септимий Север маҷбур шуд, ки аслиҳаро ба муқобили иттифоқчиёни худ гардонад. Дар натиҷаи ин преториягиҳои хатарнокро пароканда карда, ба ҷои онҳо аз ҳисоби сарбозони яккачини легионҳои гуногун, асосан аз қӯшунҳои Дакия, Мезия ва Иллария, гурд таъсис мекунад. Барои он ки Нигер бо Порт қарордод имзо карда буд, ӯро торумор мекунад. Септимий Север соли 194 Албинро писар мехонад ва ӯро ҳам сарфармондеҳи қӯшунҳо дар Британия, Галлия ва Испания ва ҳам ҳамҳокими худ эълон мекунад. Нигер дар як қатор муҳорибаҳо шикаст хурда, дар наздикии Исса пурра торумор карда мешавад. Замоне, ки фармондеҳони Север боқимондаҳои қӯшунҳои Нигерро дар Византия муҳосира карда, баъд соли 196 таслим кунонид, худи император бар зидди Порт ба ҷанг даромада, бо ҳамин лашкаркашии Траянро такрор карда, Арабистон ва Байнаннаҳрайнро ба Империяи Рим бармегардонад .

Ба хотири он, ки барои оилаи худ тахту тоҷи императориро меросӣ гардонад, Септимий Север худро писари Марк Аврелий ва бародари Коммод эълон карда, ба писари худ Бессиани Каракалла номи Марк Аврелий Антонинро медиҳад. Дар ин ҳолат Албин аллакай дигар ба импеератор лозим набуд. Барои ҳамин Албин маҷбур буд, ки бо дастгирии Сенат аз ҳокимият маҳрум карда шудани Септимий Северро эълон намояд. Вале моҳи феврали соли 197 дар муҳорибаи назди Лугдунум (Лион) Септимий Север бо қӯшуни 100-ҳазорнафарааш рақибашро пурра торумор карда, ҳокими ягонаи Империяи Рим шуда, Шаҳри Лион мавриди талаю тороҷ қарор мегирад. Соли 198 Септимий Север писари калонии худ Каракалларо ҳамҳоким ва писари хурдиаш Гетаро Сезар эълон мекунад. Аз ҳамаи рақибон халос шуда, император Септимий Север лашкаркашии дуюми худро бар зидди Порт оғоз карда, дар рафти он Селевкия ва пойтахти Аршакиён шаҳри Ктесифонро ишғол мекунад.

Картинки по запросу

Картинки по запросу Столица сасанидов Ктесифон Картинки по запросу Город Ктесифон

Иншоотҳои меъмории шаҳри Тайсафун (Ктесифон)

Ҷанги охиринро Септимий Север бомуваффақият дар Британия доир намуда, дар он ҷо ба пиктҳо шикастмедиҳад ва истеҳкоми Адрианро барқарор мекунад. Вале иқлими маҳаллӣ бемориҳои кӯҳнаи ӯро ба хуруҷ оварда, аҳволи саломатиаш яку якбора вазнин мешавад ва 4 феврали соли 211 дар Йорк (Эборак) вафот мекунад. Септимий Север ба мартабаи худоӣ мушарраф гардонида шуда, писаронаш хокистари ӯро ба Рим меоранд.

Септимий Север ғалабаро дар ҷанги гражданӣ барои амалӣ кардани таъқибот бар зидди касоне истифода бурд, ки онҳоро барои худ рақиб мехисобид. Шумораи зиёди ҷонибдорони Нигер ва Албинро богуноҳу бегуноҳ катл карда ё ба бадарға фиристонид. Дар тахту тоҷ мавқеи худро мустаҳкам карда, Септимий Север як қатор ислоҳотҳо гузаронид, ки онҳо, дар ниҳояти кор, ба Империя моҳияти ҳарбӣ доданд. Артиш предмети (соҳаи) асосии ғамхории ин императори сарбозон гардид. Як суханро ба ин импепратор нисбат медиҳанд. Гуё ба меросхурони худ гуфта бошад: «Сарбозонро сарватманд гардонед ва ба боқимондагон аҳамият надиҳед». Дарвокеъ, вазъи моддӣ ва шароити хизмат барои легионерҳо хеле беҳтар шуд: маоши онҳо то 500 динор дар як сол зиёд карда шуд, аз он ҷумла беқурбшавии пулро дар даҳсолаҳои пешин низ ҷуброн намуд. Ғайр аз ин, легионерҳо имкон пайдо карданд, ки ба кишоварзӣ низ машғул шуда, ҳамин тариқ, даромади иловагӣ ба даст оранд. Гузаронидани артиш қисман ба худтаъминкунӣ, бояд ба давлат фоидаи муайяни молиявӣ меовард, лекин баъди ин тадбир ҳам хароҷот барои таъминоти нерӯҳои мусаллаҳ хеле гарон буд.

Ақди никоҳи ошкорои легионерҳо иҷозат дода шуд: қаблан он ишқварзии оддии ҳамхонагӣ ҳисобида мешуд. Ба сарбозу афсарҳо имтиёзҳои дигар низ дода шуданд. Ба сентуриони калони легион додани мақоми савора ба легионерҳои қаторӣ ва афсарҳои поёнӣ имкон фароҳам оварда шуд, ки дар оянда ба мансабҳои калони ҳарбӣ ва гражданӣ низ соҳиб шаванд. Дар якҷоягӣ бо кадрҳои нав дар сохторҳои гражданӣ принсипҳои зинаҳои мансабдории (субординатсияи) ҳарбӣ дохил карда шуданд, ки дар натиҷаи ин дар Рим кулли низоми идораи давлатӣ моҳияти ҳарбӣ пайдо кард.

Шумораи легионҳо, ки дар аҳди Траян то 30 адад буд, ба 33 адад расонида шуд ва яке аз онҳо (легиони II Порт) дар қаламрави Италия — дар наздикиҳои кӯҳи Албинаи Рим мустақар гардонида шуд. Дар ин далел шаҳодати пайваста наздик кардани мақоми Италия ва музофотҳоро дидан лозим нест, чунки дар Италия танҳо когортаҳои имтиёзноки преториягӣ (музофотӣ) мустақар буданд.

Бояд гуфт, ки Септимий Север артиши корпуси нави гурдро дар асоси анъанаҳои беҳтарини артиши Дунай ташкил намуда, ниҳоят ба муроди худ расид.

Ислоҳоти Септимий Север ҷавобе буд ба воқеаҳои бӯҳронии охири асри II. Хатаре, ки ба Империя аз тарафи ҳамсояҳо таҳдид мекард, дарвоқеъ, ислоҳот хоҳ нохоҳ ба сӯи баланшавии омили ҳарбӣ, яъне ба болоравии аҳамияти артиш дар давлатдорӣ мебурд. Дар баробари ин, принсипатро бо диктатураи ошкорои ҳарбӣ иваз намуда, Септимий Север Римро ба касалии табобатнашавандаи чунин режимҳо — бемории (синдроми) табаддулотҳои ҳарбӣ гирифтор намуда, ба тайёр кардани бӯҳрони умумии ҳамагонии оянда замина гузошт.

Ҷиҳатщои дигари манфии идораи Септимий Север он буд, ки баъди шӯриши Албин ҳуқуқҳои Сенат поймол карда шуданд. Ғайр аз ин, андозҳо афзоиш ёфтанд, ки ин омили манфӣ ба фаъолнокии иқтисодии давлат ва ҷомеа таъсири сахт расониданд. Дар аҳди меросхурони Септимий Север вазъи давлат точанде заиф мсешавад ва Империя ба бӯҳрони асри III ворид мегардад.

каракала юлия Картинки по запросу Артабан V

Бассиан Каракалла Юлия Домина Артабони V (шоҳи Порт)

Дар аҳди Септимий Север бори аввал нақшаи топографии шаҳри Рим кашида мешавад, ки пораҳои алоҳидаи он то ба замони мо омада расидаанд. Дар асоси ин нақша Септимий Север Римро васеъ карда, онро бо иншоотҳои гуногуни мӯҳташам зебу зинат дод. Ҳамчун одами музофотӣ, Септимий Север махсусан ба музофотҳо диққати ҷиддӣ медод: эҳтироми ӯ махсусан ба Дакия, Африқо ва Шарқ нигаронида шуда буд. Барои бартараф кардани ҷамъшавии қӯшунҳо дар як ҷой музофотҳои калонро ба округҳои ҳарбӣ тақсим кард. Дар аҳди Септимий Север таъқиботи оммавии масеҳиҳо идома дошт.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *