Фанни Таърих

Халқи тоҷик дар давраи ташаккули муносибатҳои феодалӣ

Нақша:

1.Халқи тоҷик дар аҳди салтанати Сосониён, Ҳайтолиён, Ҳоқони Турк.

2.Осиёи Миёна дар ҳайати хилофати Араб.

Сосониён солҳои 224-651

Дар аввалҳои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии зидди римиҳо давлати Порт хеле суст шуда буд. Аз ин зааифии онҳо истифода бурда, ҳокими вилояти Истахр Ардашери I Бобакони Сосонӣ дар соли 220 милод пай дар пай бо ҳокимони алоҳидаи давлати Ашкониён мубориза бурда, ба он муваффақ шуд, ки тамоми хоки форсро муттаҳид кунад ва асосгузори сулолаи Сосониён шавад. Ниҳоят Ардашери I дар соли 226 милод аз болои охирин подшоҳи Ашкониён Артабони V ғолиб омада, ба тамоми сарзамини Эрон соҳиб гардид. Ардашери I бо духтари Артабони V издивоҷ намуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳокимияти хешро қонунӣ гардонид ва баҳори соли 227 дар маъбади Аннаҳито дар Истахр маросими тоҷгузорӣ доир кард ва худро «шоҳаншоҳи Эрон» эълон намуд. Ӯ тавонист, ки баъди панҷ аср анъанаи давлатдории эрониёнро, ки дар соли 330 то милод Искандари Мақдунӣ аз байн бурда буд аз нав зинда намояд. Дар замони Сосониён муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, давлат марказонида шуд ва дини зардуштӣ такягоҳи боэътимоди давлат гардид.

Сосон ибни Баҳман васият карда буд, ки агар мулк ба дасти ту расад, савганди маро иҷро кун, то ки рӯи заминро аз Ашкониён пок кун. Аз байни Сосониён ин васъиятро Ардашер иҷро кард. Рӯзе дар баробари зару сим ба назди ӯ духтари зебое оварданд. Ӯ ба вай хонадор мешавад. Баъди чанде мепурсад, ки ту аз авлоди кӣ, посух медиҳад банда ашкониам. Ӯ фармон медиҳад, ки занро кушанд, вале яке аз вазирони ӯ Ибни Сам ӯро накушта дар таҳхона пинҳон мекунад. Дере нагузашта зан писар таваллуд мекунад. Рӯзе шоҳ ба вазир гуфт ман писар надорам, ки баъди ман подшоҳӣ кунад. Он гоҳ вазир сирро мекушояд. Писарро бо ҳазор тан оварданд, маърака оростанд. Дар ин ҷо Ардашер гуфт: Эй писар чӣ ном дорӣ, гуфт Шопур. Ардашер Шопурро ба писарӣ гирифт, баъди вафоти Ардашер Шопур ба тахт нишаст.

Давлати Сосониён дар аҳди писари Ардашер Шопури I (242 — 272) хеле ташаккул меёбад. Шопур дар ҷангҳои зидди Рим ғолиб меояд. Дар ҷанги якум императори Римро ба қатл мерасонад, дар задухӯрди дуюм подшоҳи римиёнро асир мегирад. Иқтисоди кишвар пеш рафта, сарҳадҳои шимолу ғарби он бехатар мегардад. Дар давраи ҳукмронии Шопури II (309 — 379) Сосониён дар Шарқу Fapб бо ғалабаҳои бузург ноил шуданд. Шопури II дар зарфи 70 соли подшоҳиаш давлати Сосониёнро аз ҷиҳати ҳарбӣ хеле мустаҳкам намуд. Лашкари ягонае, ки ӯ аз қабилаи форсҳо ташкил намуда буд, дар асри IV беҳтарин урдуи ҷангӣ ба шумор мерафт, Баробари ин дар замони Шопури II дини зардуштӣ пурра мақоми давлатӣ пайдо карда, дар рушди давлати Сосониён саҳмгузор шуд. Аммо баръакси Шопури II шоҳ Яздигурди I (399 — 420) ҳуқуқи ашрофон ва коҳинони зардуштро маҳдуд карда, ба насрониён имтиёзҳо медод. Сабаб дар он буд, ки дар дохили давлати Сосониён шумораи насрониён хеле зиёд буданд. Тартиботи сахти давлатдории Яздигурди I ба дигар ворисони вай низ таъсир намуд.

Пайдо шудани давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Миёна аҳволи Сосониёнро ба танг овард. Ҳайтолиён баҳри он мубориза мебурданд, ки вилоятҳои аз Кушониён меросгирифтаи Сосониёнро баргардонанд. Ин буд, ки барои баргардонидани Хуросон байни Сосониёну Ҳайтолиён дар соли 427 ҷанг cap шуд. Дар ин ҷанг қувваҳои Сосониён бо сардории шоҳ Баҳроми Гӯр (420 —438) ғолиб омада, водии Марвро ишғол карданд. Ин ҷанг барои Ҳайтолиён шикасти хеле сахт буд. Зеро дар ин муҳориба шоҳи Ҳайтолиён кушта шуд. Муносибати душманонаи Сосониёну Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Яздигурди II (438 — 457) низ давом кард. Яздигурд истиқлолияти Хуросону Тахористонро аз асорати Ҳайтолиён эмин нигоҳ дошт. Баъди он Ҳайтолиён қувват гирифта Балх, Бадахшон, Тахористон, Чағониён, Ҷузҷонро забт намуданд. Барои муътадил намудани вазъи сиёсию якпорчагии давлати Сосониён Фируз (459 — 484) мубориза бурда бошад ҳам, ба комёби ноил нагашт. Ӯро дар ҷанги соли 484 байни Сосониёну Ҳайтолиён ба вуқуъомада бо ҳафт писараш куштанд.

Давлати Сосониён дар замони шоҳигарии Хусрави I Анушервон (531 — 579) ба авҷи баланди тарақиёти худ расида буд. Хусрави I бар зидди мамлакатҳои ҳамсоя ҷангу ҷидолҳои зиёде кард ва Яманро тобеъи худ намуд. Хусрави I барои мустаҳкам намудани давлат як қатор ислоҳотҳо гузаронид. Махсусан ислоҳоти соҳаи андоз. ҳарбӣ ва маъмурӣ дорои аҳамияти бузург буд. Ин ислоҳотҳо дар мустаҳкам гардидани ҳокимияти марказӣ нақши бузург бозид.

Дар нимаи дуюми асри VI ва ибтидои асри VII Сосониён барои тобеъ намудани ноҳияҳои ҷанубию шарқии Осиёи Миёна кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Аммо кӯшишҳои онҳо натинаи дилхоҳ надоданд. Танҳо ноҳияҳое, ки ба Туркманистони Ҷанубии имруза мансубанд зери итоати онҳо гузашту бас. Давлати Сосониён дар миёнаи асри VII ба ҳуҷуми арабҳо дучор гашта аз байн рафт.

Ҳаракати Маздак

Ҷангҳои хонумонсӯзи Фируз бо Ҳайтолиён Эронро хароб кард. Андозҳои давлатӣ дучанд зиёд шуда, аҳволи мардуми меҳнаткашро боз ҳам вазнинтар гардониданд. Истисморгарон ба сари мардум гуруснагию харобӣ оварданд. Аз ин сабаб мардуми ба дод омада, ба таълимоти Маздак, ки баробар будани тамоми одамонро тарғиб мекард пайравӣ менамуданд. Таълимоти Маздак дар зери ғояҳои динии муборизаи некӣ ва бадӣ мегузашт.

Неҳзати Маздак соли 494 дар замони ҳукмронии Қубодшоҳ (488 — 531) дар даврае оғоз гардид, ки зулму истисмори феодалони навбаромад аз болои деҳқонон хеле авҷ гирифта буд. Ҳамаи хароҷоти ҷангҳо, ҳукумат, қӯшун, ашрофони муфтхӯр ва руҳониёни зардуштӣ ба сари деҳқононе, ки ба заминҳои амалдорон вобаста карда шуда буданд афтода буд. Ба cap шудани шӯриш қаҳтии ҳафтсола ва ғалларо пинҳон кардани заминдорони калон баҳона шуд. Маздак дар таълимоти хеш дар бораи барҳам задани нобаробарии иқтисодии ҷамъият умумӣ кардани молу мулк ва барҳам задани имтиёзи табақавии ашрофон ва ҳокимонро талаб мекард. Баробари ин Маздак пешниҳод карда буд, ки занон аз ҳарамхонаи бойҳо бароварда шуда, ба одатҳои бисёрзанӣ хотима дода шавад. Бо ин усул хонадоршавии камбагалонро низ ӯ нишон дода буд.

Дар натиҷаи пурзӯр шудани таъсири сохти навтавлиди феодалӣ деҳқонон сахт истисмор карда мешуданд. Онҳо мехостанд, ки ба ҳаёти пешинаи ҷамъияти озоди худ ки баробариашонро талқин мекард баргашта зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, онҳо гурӯҳ — гурӯҳ ба таълимоти Маздак пайравӣ намуданд. Маздак бошад тарафи гуруснагонро гирифта, ба Қубодшоҳ таълим медод, ки дари амборҳои ғалларо ба рӯи гуруснагон боз кунад.

Ҳаракати Маздак боиси он гардид, ки дар пойтахти Эрон гуруснагон ба издиҳом ҳамроҳ гашта, анборҳои ғаллаи бою ашрофонро талаву тороҷ менамуданд. Баъди он дар муддати хеле кӯтоҳ ҳаракат тамоми мамлакатро фаро гирифт. Кор ба ҷое расид, ки Маздак молу мулки бойҳоро дар байни камбағалон тақсим кард. Бисёр заминдорони калону бойҳои Сосонӣ кушта шуда, қисме ба мамлакатҳои ҳамсоя фирорӣ шуданд. Ҳаракати Маздак салтанати ашрофон ва давлатмандони Сосониро ба ларза овард. Ашрофони заминдору бои Сосонӣ ба таълимоти Маздак розӣ шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, онҳо роҳи барҳам задани онро меҷустанд.

Дар навбати худ барои мустаҳкам намудани мавқеи ҳукумат Қубодшоҳ ночор худро пайравӣ ҳаракати Маздак эълон намуд. Қубодшоҳ барои суст намудани таъсири заминдорони калон, ашрофону бойҳои форс маҷбуран ба ин таълимот пайравӣ намуда буд. Аммо аъёну ашрофон забон як намуда, соли 496 Қубодшоҳро аз тахт вожгун намуда, ӯро ҳабс карданд. Қубодшоҳ баъди чанде бо хилаву найранг аз ҳабс гурехта назди подшоҳи Ҳайтолиён, ки ба ӯ домод буд рафт. Вай бо ёрии лашкари Ҳайтолиён соли 499 ба мулки худ баргашт. Дар ибтидо ӯ зидди аъёну ашрофи форс мубориза бурд. Пас аз он сӯиқасди пинҳонии маздакиёнро cap кард. Вай соли 524 Маздак ва ҳазорон нафар пайравонашро бо қувваи лашкар ваҳшиёна ба қатл расонд. Дар мамлакат куштор оғоз ёфт. Боқимонда тарафдорони ҳаракат ба пинҳонкорӣ гузаштанд.

Сабаби асосии шикасти ҳаракати Маздак дар он буд, ки ба муқобилияти сахти заминдорони калону феодалони навбаромад шӯришгарон истодагарӣ карда натавонистанд. Сабаби дигари шикастро дар он ҷустан мумкин аст, ки тарафдорони ақидаи Маздак оммаро ба ҷамъияти ибтидоӣ даъват мекарданд, ки ин назария танҳо барои камбағалон хос буд.

Ҳайтолиён

Дар асрҳои III — IV қисми ҷанубии давлати Кушониён то водии Марв ба ҳайати давлати Сосониён дохил шуда буд. Дар миёнаҳои асри V Кушониҳо ба зарбаи сахти қабилаҳои бодиянишин гирифтор мешаванд, ки онҳоро юнониён «ҳайталӣ», римиҳо «хунҳои сафед» ва сарчашмаҳои арабӣ «ҳайтолия» меноманд, ки маънояш ҷасуру диловар мебошад. Сарчашмаҳои чинӣ бошад Ҳайтолиёнро яке аз шохаҳои да-юечжӣ тохариҳо меҳисобанд. Ҳайтолиён қабилаҳои муғулшакл буда, ба забони дарӣ ҳарф мезаданд. То кунун санаи амиқи ташкил шудани ин давлат маълум нест. Аммо чунин маълумотҳо ҳаст, ки дар солҳои 50-уми асри V давлати Ҳайтолиён хеле пурқувват мешавад. Ҳайтолиён дар соли 456 ба давлати императории Чин сафири худро фиристоданд.

Дар замони ҳукмронии Фирӯз (459 — 484) муборизаи Сосониёну Ҳайтолиён авҷ мегирад. Вақте, ки Фируз Тахористонро ишғол намуд, фавран подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз лашкари хешро дар Балх омодаи ҷанг намуд. Фирӯз савганд хурд, ки бо Ҳайтолиён намеҷангад. Мувофиқи шартнома Фирӯз дар таги бурҷе, ки Баҳроми Гӯр чун нишонаи сарҳади байни давлатҳо сохта буд қарор гирифт. Ҳайтолиён низ худро омодаи мубориза сохтанд. Чи хеле, ки Табарӣ ёдовар мешавад; «… Ва малики Ҳайотила (Ҳайтолиён) бифармуд, то санг аз кӯҳҳо бикананд ва бад он биёбон бурданд ва бар сари он сад манора карданд, ҳамаи он санг яклухт чунон ки ҷовидона бимонад …». Пас аз шаш моҳ девор устувор гашт. Ин сарҳади байни давлатҳо буд.

Баъди он Хушнавоз ба Фирӯз одам фиристода, ӯро назди худ хонд:

« … Ва ҳар моҳ Хушнавоз аз амирони лашкар ва ҳукамову уламо аз Тахористон ба суи Фирӯз фиристод, то ӯро ба наздики он манора бурданд ба он мардумон, ки бо ӯ буданд. Ва савганд додаш, ки ҳаргиз аз ин ҳадди манора нагузарӣ ва ин манораро аз пой наяфканй …».

«Бо ташаббуси Хушнавоз ба Фирӯз ва ҳамсафонаш чизу чораи зиёде пешкаш намуданд ва ӯ тасмим гирифт, ки аҳдшикан набошад. Вале дере нагузашта Фирӯз ба қавли хеш истодагарӣ накард. Вай омодаи ҷанг шуд. Ба сарҳади давлати Ҳайтолиён сад ҳазор марди ҷангӣ ва панҷсад филро омода сохт.» Сарлашкаронаш аз Фирӯз илтиҷо карданд, ки савгандшиканӣ накунад, аммо ӯ каҷрафторӣ намуд. Вай ҳилаеро ба кор бурд. Фирӯз ба таги бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он илҳоқ созанд ва бурҷро пеш мекашанд, ки аз паси онҳо Фирӯзу лашкар пеш мерафт.

«Маро савганд аст, ки аз ин суи манора наравам. – мегӯяд, Фирӯз, — дар пеши ман мекашед, то ман аз пас ҳамроҳ бо ҳама сипоҳ то савганд дурӯғ нашавад». Хушнавоз аз ин савгандшикании Фирӯз огоҳ шуду лашкари хешро дар Балху Тахористон омода сохт. Бо амри Хушнавоз лашкари у хандақҳо кофта, онҳоро бо об пур карда, рӯи онҳоро ноаён пӯшонида монданд. Бо пайраҳаи нозук Хушнавозу лашкараш гузаштанд.

Ҳангоми ба пеш ҳаракат намудан Фирӯз ва сипоҳиёнаш ба хандақ афтода, нобуд гаштанд. Ба гуфтаи Табарӣ Фирӯзро дар хандақ бо санг зада ҳалок намуданд. Қисми зиёди лашкари Фирӯзро кушта, боқимондаашро ҳамроҳи духтараш Фирӯздухт асир гирифтанд. Дар баробари Табарӣ, инчунин дигар сарчашмаҳо низ доир ба аҳдшикании Фирӯз нақл мекунанд. Дар ҷанги якуми Сосониёну Ҳайтолиён Фирӯз асир мешавад, вале шоҳи Византия Зенон (474-491) миёнаравӣ карда, ӯро озод мекунад. Дар задухӯрди дуввум бошад, баъди асирӣ Фирӯз ваъда медиҳад, ки дигар сарҳадшиканӣ нахохад кард ва илова ба ин ба Ҳайтолиён 30 хачир танга медиҳад. Азбаски дар рафти ҷангҳо хазина холӣ шуда буд, ӯ писаронаш Булаш ва Кубодро ба гарав монда, аз асирӣ ҷон ба халосӣ бурд. Аммо дафъи сеюм ҳилаю найранги Фирӯз ба кор нарафт. Дар ин мубориза лашкари Сосониён шикасти ҳалокатовар хӯрданд. Ҳамин тавр, кушта шудани Фирӯз ва пош хӯрдани лашкар обрӯ ва нуфузи Сосониёнро дар арсаи олам паст кард.

Муваффақиятҳои ҷангӣ Ҳайтолиёнро хеле нерӯманд сохт. Акнун ба онҳо танҳо императории Чин дар Шарқ ва Византия дар Fapб ҳамвазн шуда метавонистанд. Сосониён бошанд, ба бозичаи дасти Ҳайтолиён табдил ёфтанд, акунун шоҳаншоҳи Сосон на ба русумоти суннатӣ, балки бо раъйи онҳо подшоҳ интихоб мешуд. Чунин ҳолат дар салтанати ду навбатаи Қубод (488-496; 499-531), Ҷомосп (496-498) ва пештар бо Билош (484-488) рӯй дода, Сосониён аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ нисбат ба Ҳайтолиён мавқеи васалитет, яъне тобеиятро касб карданд. Аз ин истифода карда, Ҳайтолиён аз вилоятҳои Саиистону Хилманд, Синду Рухоҷ (Арахозия) Сосониёнро берун кашида, ба Ҳинд ҳуҷум оварда, аз соли 460 то 530 Қандаҳору Синд, Панҷобу Раҷистон, водии Гангу Ҷамна ва қисматҳои ҷануби Ҳиндукушро то Сиёлкот (Сагала) тасхир намуда, салтанати мустақили Ҳайтолиёну Ҳиндро барпо карданд. Ҳамзамон то соли 509 ба Қошғару Турфон, Хутану водиҳои ғарбии Туркистони Шарқӣ, навоҳии ҷанубии назди Помир ҳамла оварда, тақрибан 30 мулкият, яъне давлатчаҳои мустақилро тасхир карданд, ки ин нуфузи ҳарбию сиёсии онҳоро афзун намуд. Тахтгоҳи Ҳайтолиён шаҳри Бомиён, наздикии шаҳри имрӯзаи Қундузи Афғонистон ва пойтахти салтанати Ҳайтолиёни Ҳинд — шаҳри Сиёлкот (Сагала) буд.

Ҳайтолиён ба муддати кӯтоҳ бошад ҳам, ба кӯшишҳои пайвастаи Сосониён, ки мехостанд Хуросону Варазрудро пурра ба тасарруфи худ дароранд, хотима гузошта, раванди мустақилонаи инкишофи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ин ду кишвари тоҷикнишинро таъмин намуданд

Сохти сиёсии ин империя номаълум аст. Дар ҳаёти сиёсии Ҳайтолиён марказҳои пурқуввати иқтисодӣ — Тахористон, Суғд ва Фарғона мавқеи махсус доштанд ва дар ин ҷойҳо ҳукмронии сулолаҳои пештара давом мекард. Ҳайтолиён мулки Суғдро низ ғасб карда буданд. Ин забткории онҳо ба солҳои 467 — 470 ва 480 рост меояд. Сипас онҳо соли 479 Турфон, солҳои 490 — 497 Урумчи, 497 ва 509 Қошқарро истило карда буданд. Ҳайтолиён дар ибтидои асри VI ба тамоми Туркистони Шарқӣ соҳиб буданд. Аз охири асри V ва чоряки аввали асри VI cap карда, давраи парокандашавии давлати Ҳайтолиён оғоз меёбад. Дар миёнаи асри VI Ҳиндустони Шимолӣ давлати мустақил мегардад. Хиёниҳо, Кидориҳо ва Ҳайтолиён бо Эрон ҷангҳои пай дар пай мебурданд. Ин ҷангҳоро ба ду давра тақсим кардан мумкин аст.

Дар давраи якум, ки ҷанг дар байни Хиёниҳою Кидориҳо ва Сосониён мерафт, подшоҳони Сосонӣ Баҳроми Гӯр (420 — 437), Яздигурд (238 — 457) ва Фирӯз (459 — 484) ҳар дафъа ғалаба ба даст меоварданд.

Давраи дуввум. Ҷанги байни Сосониёну Ҳайтолиёнро дар бар мегирад. Ҳанӯз соли 459 подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз лашкари Сосониёнро мағлуб карда буд. Бори дигар соли 484 лашкари Сосониён дар зери фармонҳои шоҳаншоҳ Фирӯз бар зидди Ҳайтолиён ҳуҷум оварда, тамоман шикаст хӯрд. Ин ҷанг чунон даҳшатовар буд, ки дар Эрон шунидани номи Ҳайтол мардумро ба ларза меовард. Подшоҳони минбаъдаи Сосониён ба муқобили Ҳайтолиён рӯирост ҷангида наметавонистанд. Зеро шикасти ҳалокатовари соли 484 устувории давлатро зери шубҳа гузошт. Баробари Сосониён инчунин Ҳайтолиён бар зидди дигар давлатҳо низ ҷангида, дар асри V давлати тавоное ташкил намуда буданд. Вале давлати Ҳайтолиён ноустувор буд.

Сустшавӣ ва аз байн рафтани давлати Ҳайтолиён. Сосониён ба василаи ислоҳоти гуногунҷабҳаи Хусрави1 Анушервон (531-579) ба таҳаввулоти азими ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодӣ расида, Ҳайтолиён бошанд, дар натиҷаи муборизаҳои озодихоҳонаи ҳиндувон аз аксар сарзаминҳои худ дар шимолу ғарбии Ҳиндустон маҳрум шуданд. Дар чунин вазъияти тақдирсоз, солҳои асри VI Ҳайтолиён ба ду душмани абарқудрат Сосониён ва Ҳоқонии Турк рӯ ба рӯ шуданд. Сосониён аз солҳои 40-уми асри VI cap карда, аз пардохти хироҷ ба Ҳайтолиён раҳо ёфта буданд. Ҳоқонии Турк баъзе сарзаминҳои Варазрудро то Чоч тасхир намуда буд. Инчунин Ҳоқонии Турк нахуст бо мақсади зарба задан ба аварҳои Кавкази Шимолӣ бо Эрону Византия равобити ҳасана пайдо карда, ба тазйиқу таҳдиди Ҳайтолиён шурӯъ мемамоянд. Чағониён ва Кобулу Зобулистонро аз Ҳайтолиён бозпас мегиранд.

Хусрави Анушервон бо Ҳоқонии Турк аҳднома баста, иттиҳоди ҳарбию сиёсиро, ки амалан ба нест кардани давлати Ҳайтолиён нигаронида шуда буд, созмон медиҳад. Подшоҳи Ҳайтолиён Ғотифар аз мақсади ҳадафноки иттифоқчиён хабардор шуда, иқтидори мудофиавии давлатро ҷоннок намуда, ба ҷамъ кардани сипоҳ шурӯъ мекунад.

Дар ин фосила Ғотифар аз шаҳру воҳаҳои дар «Шоҳнома» зикр шуда, сипоҳ ҷамъ оварда, бо лашкари зиёде дар атрофи Бухоро камин мегирад. Ниҳоят, ҷанги тақдирсози Ҳайтолиёну «иттиҳоди Сосониёну Туркон» дар атрофи Бухоро ба вуқӯъ пайваст, дар муҳорибаи нобаробари ҳаштрӯза, ки Фирдавсӣ мушахасан нақл кардааст, Ҳайтолиён аз нерӯи аскарии «иттиҳоди Сосонӣ ва Туркон», шикаст мехуранд. Бо ҳамин давлати Ҳайтолиён дар солҳои 563-567 расман аз байн меравад.

Ҳудуди давлати Ҳайтолиён дар байни қудратҳои ғолиб тақсим карда шуд, ҷанубтарин навоҳии Варазруд, аз ҷумла ҳудудҳои имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён ва воҳаҳои шимоли Варазруд то Баҳри Хазар дар ихтиёри Ҳоқонии Турк монд, вале салтанати Ҳайтолиён комилан аз байн нарафт.

Ҳайтолиён аз лиҳози сиёсӣ халқиятҳои гуногунро дар як империя ба ҳам муттаҳид карда, нахустин давлати феодалиро созмон доданд. Гарчанде ин давлат аз лиҳози сиёсӣ монанди империяи Кушониён он қадар пуриқтидор набошад ҳам, вале аз ҷиҳати тавсеаи ҳудуд хеле калон буд. Ва он зиёда аз якуним аср авзои ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаро мӯътадил нигоҳ дошта, барои тадриҷан инкишоф ёфтани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, табодули фарҳангӣ вусъат гирифтани раванди шаклгирии халқи воҳиди тоҷик заминаи мусоидеро фароҳам овард.

Хоқони Турк

Солҳои 630-682 ҳоқони шарқӣ амалан мавҷудияти худро қатъ кард. Дар охири асри VII дар муборизаи зидди Чин Ҳоқони Шарқии турк аз нав таъсис ёфта дар давраи хукронии Моҷо (691-716) хеле пурқувват мегардад. Дар ин давра ҳуҷуми туркҳо ба Осиёи Миёна низ нигаронида шуда буд.

Низои байни туркҳо ва Эрон ба орбидаи Ҳайтолиён буд. Ноҳияҳои ҷануби Осиёи Миёна (ҳозира ҷанубӣ Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон) дар тасарруфи Эрон ва қисми ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна дар ихтиёри туркҳо монд. Байни инҳо сарҳад набуд. Бинобар ин дар байни Эрони сосонӣ ва туркҳо зиддиятҳо хеле зиёд буд. Ҳатто Эрон қисми сафирони туркҳоро мекушад.

Сиёсати Туркҳо дар аввал ишғол кардани Осиёи Миёна чунин буд, ки ҳокимони маҳаллӣ андоз муқаррар карда ба тартибу қоидаҳои маҳаллашон дахолат намекарданд. Бо мурури вақт сиёсат тағйир меёбад.

Соли 605 туркҳо волии ноҳияи Чочро кушта ба ҷои ӯ Дола ном туркро шинонданд. Дар давраи ҳоқон Туншаху соли 618 ислоҳот гузаронида шуд. Мувофиқи тамоми ҳокимони маҳаллӣ Валӣ ҳоқон эълон карда шуданд. Ҳоқон ҳокими тавонои Самарқандро ба худ домод карда, ҳукмронии худро ҷорӣ кард. Баъди вафоти Туншаху соли 630 дар ҳоқони Турк низою кашмакашиҳо сар мешавад, ки аҳолии Осиёи Миёна аз он зарар дида буд.

Сар даровардани туркҳо ба Осиёи Миёна вазъи сиёсиву иқтисодии Осиёи Миёнаро таъғир доданд.

То ба Осиёи Миёна омадани туркҳо дар байни аҳолии маҳаллӣ касбҳои гуногуни ҳунармандӣ махсусан ашёи металлӣ-заргарӣ, асбобҳои зебу зинат ва яроқсозӣ басо тараққӣ карда буданд. Дар зери таъсири туркҳо дар заминаи намунаҳои маҳаллӣ баъзе навъҳои махсуси сафолии Суғду Фарғона, аз ҷумла машрабаҳои сафолии олиҷаноб, тасмаҳои аҷоиби қуроқ пайдо шуданд.

Асрҳои VI-VIII унсури туркӣ дар таркиби ҷамъияти Осиёи Миёна такмил меёбад.

Дар асрҳои IV-V ба мулкҳои хурд ҷудо шудани Осиёи Миёна ба пешрафти муносибатҳои иқтисодӣ, маданӣ ва бунёди шаҳрҳо мусоидат менамояд, таъсири бад расонид. Вазъияти он давраи сиёсӣ, муносибати байни ҳайтолиён, туркҳо, ҳукмронии минбаъдаи онҳо, ҷангҳои пай дар пай таърихи сиёсии Тахористонро басо мушкил гардонид. Номи Тахористон дар асари тарҷумавӣ бори аввал соли 383 зикр шуда, мувофиқи маъхазҳои Чинӣ аз калимаи Тухело гирифта шудааст. Тахористон ноҳияҳои ҷанубии ҳозираи Тоҷикистон, вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ва ноҳияҳои шимолии Афғонистонро дарбар мегирад. Аз ҷиҳати масоҳат ба Бохтарияи қадим шабоҳат дошт.

Сайёҳи Чинӣ Сон Юн, ки соли 519 ба Во-Хо (Вахон) омада буд дар бораи табиати он ҷо, аҳолии Вахон ва Бадахшон маълумот додааст. Сайёҳи дигар дар асри VII Сюан Цзян (639-645) дар бораи вилояти мулкҳои Тахористон, андозаи масоҳати онҳо ва шаҳрҳо маълумот додаст. Яке аз мулкҳои пуриқтидори он Хатлон буд. Дар натиҷаи тадқикоти минбаъдаи иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои нави феодалӣ ҳаёт дар бисёр шаҳрҳо аз нав барқарор гардид. Баъзе шаҳрҳои қадима нест шуданд. Вале дар баробари ин дар атрофии қасрҳои феодалон, ки марказҳои иқтисодӣ-сиёсӣ гардида буданд, баъзе шаҳрчаҳои феодалии начандон калон пайдо шуданд. Ба ин гурӯҳ шаҳрҳои Беркут, қалъаи Хоразм, Панҷакент, Шаҳристон, Мунҷақтеппаи ноҳияи Шаҳритус, Аҷинатеппаи води Вахш ва ғайра дохил мешуданд. Шаҳрҳо асосан аз Шаҳристон, арк, работ ва қабристон иборат буданд.

Ҳунармандӣ пеш мерафт. Дар байни деҳқонон зарфу косаҳои заррин, нуқрагин ва аз дигар металҳои қимматбаҳо сохташуда зиёд паҳн шуда буданд. Бофандагӣ тараққӣ карда буд. Кандакорӣ дар чӯб, санг ва усутухон низ тараққӣ кард.

Тараққиёти ҳунармандӣ боиси пешравии мусибатҳои молию пулӣ гардид. Дар тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна аз ҷумла дар водиҳои Зарафшон, Қашқадарё, Тахористон сикка задани тангаҳои мисӣ ва баъзан нуқрагию тиллоӣ ҷой дошт.

Суғд дар савдои мамлакатҳои Шарқу Ғарб роли ҳалкунанда бозидааст. Корвонҳои Суғдӣ то ба Эрону Византия, Қошғар, Туркистони шарқӣ, Чин алоқаи савдоӣ доштанд. Пешравии савдо сабаби гирифтани пеши роҳи монеаҳои сиёсӣ шуд. Самарқанд ба яке аз марказҳои пурзӯри сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил дода шуд.

Дар асрҳои IV-V ва мулкҳои ҷудогона тақсимшавии Осиёи Миёна барои пешрафти халқи тоҷик ва муносибатҳои иқтисодӣ байни вилоятҳо монеаи асосӣ шуд. Одамоне, ки дар деҳот буданд ба чорводорӣ, зироаткорӣ машғул буданд.

Дар ин давра қасрҳои боҳашамати Мунҷактеппа дар Истарафшан, Оқтеппа дар Чоч, Шартеппа, Ҳавзтеппа ва Авултеппа дар музофоти Қаршӣ, Қулоғлитеппа дар Сурхондарё ва ғайраҳо, ки бо деворҳои ғафс иҳота карда шуда буданд, ба вуҷуд омаданд.

Дар асрҳои IV-V дар натиҷаи дахолати бодиянишинон ба ҳаёти барзгарони Осиёи Миёна суръати тараққиёти маданият то дараҷае суст шуд..

Дар сохтмон ва меъморӣ равияи нави сохтмони қасру боргоҳҳо дар мадди аввал гузошта мешуданд. Қасри бойҳо дар баландиҳо бино ёфта, бо ёрии бурҷ ва арк мустаҳкам карда мешуд. Аркҳо аз ҷои истиқоматӣ дуртар сохта мешуданд. Ба ин қалъаи Заҳҳоки Морон дар Қаршӣ, Қӯрғонтеппа ва Ҳавзтеппа дар Қаршӣ, Тали Барзу дар Суғд, Балаликтеппа дар Сурхондарё мисол шуда метавонад.

Хишти хом ва похса масолеҳи бинокорӣ дар сохтмони хонаҳо, қалъаҳо, ҳисорҳо, аркҳо, бурҷу гумбазҳо истифода мешуданд. Ҳафриёти Паҷакент, қасри Бухорхудот аз санъати баланди рассомон гувоҳӣ медиҳад. Масалан ҳайкали зани раққоса хеле зебо сохта шудааст. Сару либос ба кадом табақа мансуб будани онро ифода мекард.

Аз дараҷаи баланди тараққиёти ин давраи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани хату савод далолат мекунад. Сафири Чин Вай Цзе, ки дар аввали асри VII ба Самарқанд омада буд, қайд мекунад, ки бачагон аз синни 5-солагӣ хату савод меомӯхтанд.

Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дар Осиёи Марказӣ расму оинҳо ва дин мавҷуд будааст. Ҳанӯз дар давраи Кушониён ва Тахористон дини Буддо паҳн шудааст.

Қабилаҳои араб дар нимҷазираи Арабистон умр ба сар мебурданд. Қисми зиёди он биёбон буд. Танҳо қисми ҷанубу ғарбии он Яман барои зироаткорӣ мувофиқ буд. Қисми зиёди аҳолии ин минтақаро қабилаҳои бодиянишин, ки онҳоро бедуинҳо (бадавиҳо) мегуфтанд, ташкил дода асосан бo чорводорӣ шуғл доштанд.

Аз ҷиҳати сиёсӣ қабилаҳои араб дар охири асри VI ва ибтидои асри VII давраи вайроншавии муносибатҳои авлодӣ ва ташаккулёбии ҷамъияти синфиро аз сар мегузарониданд.

Дар сари роҳи калони корвонгарди миёни Сурия ва Яман дар лаби чашмаи Замзам шаҳри тиҷоратии Макка воқеъ гардида буд. Намояндагони қавму қабилаҳои зиёд барои табъид ва ибодат меомаданд, ки он ҷоро «Ҳарамуллоҳ» меномиданд. Шаҳре, ки маъбадгоҳ дар ҳудуди он воқеъ аст, Мадинаи Муқаддас мешумориданд.

Дар охири асри VI ва аввали асри VII дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад.

Фаъолияти Муҳаммад (с.а.с) дар тарғиби дини ислом аз соли 610 оғоз ёфт. Рамзу эътиқоди дини ислом ин аст: «Худо яккаву ягона аст, Муҳаммад (с.а.с) пайғамбари ӯст». Онҳое, ки дини исломро қабул карданд – мусулмон, ки маънои итоатро дошт меномиданд. Таълимоти асосии дини ислом дар китоби Муқаддас – «Қуръон», ки аз 114 сура (боб) иборат аст, гирд оварда шуданд. Қуръон маънои китоби хонишро дорад.

Дар муддати кӯтоҳ шаҳри Макка ва соли 622 Мадина (шаҳри Ясриб) ва баъдтар ноҳияҳои гирду атроф ба тасарруфи Муҳаммад гузаштанд. Ҳамин тариқ дар ибтидои асри VII муносибатҳои авлодӣ дар натиҷаи ба табақаҳо ҷудошавӣ, нобаробарии молу мулк, ба бӯҳрон дучор мешаванд. Дар чунин шароит зарур буд, ки тамоми қабилаҳои араб дар муборизаи якҷоя муттаҳид шаванд ва давлатро ташкил диҳанд. Давлати теократии арабҳо ташкил ёфт, ки дар таърих онро Хилофати Араб меномиданд.

Давлати арабҳо дар давраи ҳукмронии халифаи дуюм – Умар бинни Хаттоб (634-644) ба ҷангҳои истилогарона ва забт намудани мамлакатҳои ҳамсоя сар кард. Дар миёнаи асри VII арабҳо Сурия, Фаластин, Мисрро забт намуда, ба сарҳадҳои Осиёи Миёна омада расиданд.

Дар ибтидои асри VII Осиёи Миёна парокандагии феодалиро аз сар мегузаронид. Ҳуҷуми арабҳо барои халқҳои Осиёи Миёна хеле душвор буд. Зеро онҳо лашкари ягона ва низоми муайян надоштанд.

Арабҳо дар зери ливои дини ислом ба муқобили мардуми ғайримусулмон, яъне кофирон ҷангҳои муқаддас эълон намуда, дар як вақт ба муқобили ду империяии пурқудрати он давра: империяи Византия (Рум) ва шоҳаншоҳии Сосониён ба ҷанг даромаданд. Охирин шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурди III (632-651) бо вуҷуди кӯшишу талошҳо мардуми Эронро ба муқобили нерӯи ҷангии арабҳо бархезонда натавонист. Дар натиҷаи якчанд муҳорибаҳои тақдирсоз, махсусан дар ҷангҳои Қодиисия (дар соли 637), Ҳулвон (дар соли 637), Наҳованд (дар соли 642) ва Кирмон (дар соли 649) арабҳо тамоми нерӯи муттаҳидаи ҷангии Сосониёнро торумор карда, соли 651 маркази Хуросон – шаҳри Марвро тасхир намуданд, ки ин амалан маънии забти ҳама сарзамини Сосониёнро дошт. Ниҳоят, соли 651 бо марги шоҳаншоҳ Яздигурди III давлати Сосониён ҳам расман барҳам хӯрд ва арабҳо ба марзи Осиёи Миёна наздик шуда, барои тасхири ин сарзамин омодагӣ гирифтанд, вале ҷангҳои дохилӣ дар Хилофати Араб, ки ахиран сулолаи Уммавиёнро ба сари ҳокимият овард, раванди забти ин сарзаминро андаке ба таъхир андохт.

Марҳилаҳои асосии забти сарзаминҳои тоҷикон. Бархӯрду амалиётҳои ҷангии арабҳоро дар Хуросону Мовароуннаҳр аз рӯи мақсад, нақша ва рафт ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст:

  1. Марҳилаи якум, — солҳои 644-704-умро дар бар мегирад. Дар ин фосила арабҳо аввал Хуросонро пурра тасхир намуда, ба мулк-давлатҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр якчанд ҳамлаҳои ғоратгарона мекунанд, вале ин ҷангҳо бештар хусусияти иктишофӣ (разведкавӣ) ва ғоратгаронаро доштанд.
  2. Марҳилаи дуюм, — солҳои 705-715-умро дар бар мегирад. Ин давра ба ҷангҳои пуршиддати арабҳо ва муқовимати сахти мулк-давлатҳои ҷудогона ва ниҳоят ба забти мақсадноки сарзамини Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо рост меояд;
  3. Марҳилаи сеюм, — солҳои 715-821-умро дар бар мегирад. Ин марҳила дар навбати худ боз ба якчанд давраҳо ҷудо мешавад. Ин замони паҳншавии дини ислом, шиддат ёфтани сиёсати мустамликавии арабҳо, муқовимати сахти халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон алайҳи истилогарони араб, ниҳоят таъсиси давлатҳои миллӣ ва истиқлолият пайдо кардани халқҳои ин сарзамин аст.

Ҳамзамон раванди муҳоҷирати қабилаҳои фотеҳи араб ба сарзаминҳои тасхиршуда шурӯъ шуд. Дар соли 671-672 таҳти васояти сарлашкар ар-рабиъ ибни Зиёд (671-673) панҷоҳ ҳазор марди ҷангии араб бо хонаводаҳои хеш, ки ниме бошандагони Басра ва ними дигар сокинони Куфа буданд, ба Хуросон омаданд. Агар шумораи ҷангиён панҷоҳ ҳазор бошад, аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди афроди ғайриҷангӣ занону кӯдакон, хидматгорону роҳбаладон ва ғ. ҳадди ақал ба се баробари ин рақам рост ояд. Аз ин рӯ, шумораи арабоне, ки дар ин кӯчбандии бузург иштирок доштанд, дусад ҳазор нафарро ташкил мекард.

Аслан истилои ниҳоии якчанд шаҳру минтақаҳои Хуросон — Балху Марварруд, Ҳироту Бодгис, Бомиёну Фориёб, Сарахсу Ҷузҷон, ҳамзамон ҳуҷумҳои Уммавиён ва комилан истиқрор ёфтани Хилофати Араб сурат гирифт.

Соли 673 сарлашкари араб Убайдуллоҳ ибни Зиёд (673-675) аз руди Ҷайҳун гузашта, ба суи Бухоро ҳуҷум намуд. Шаҳрҳои Пайканду Роментанро забту ғорат карда, ба муҳосираи шаҳри Бухоро шурӯъ мекунад, лашкари муттаҳидаи суғдиёни Бухоро ва туркҳо дар ҷанг бо арабҳо бархурд карда, онҳоро қисман шикаcт доданд. Ба сабаби он ки шаҳзодаи Бухоро кӯдак буд, модари у малика Хутак-Хотун дар тахти Бухоро нишаста ҳукм меронд. Ӯ бар ивази додани сад ҳазор дирҳам бо арабҳо сулҳ мекунад. Арабҳо ғайр аз боҷи зиёд, аслиҳаву либос, тиллову нуқра, боз дигар сарватҳоро ҳамроҳи чор ҳазор нафари асиргирифта, ба Марв бармегарданд.

Соли 676, яъне пас аз се сол, амири нави Хуросон Сайид ибни Усмон (675-677) бо қӯшунҳои худ боз ба Бухоро ҳамла меорад. Маликаи Бухоро ба як саду бист ҳазор нафар қувваи ҳарбӣ, ки аз мулкҳои (Самарқанд, Кеш ва Нахшаб ба ёрӣ омада буданд, эътимод карда, барои ҷанг бо арабҳо лашкари худро равона мекунад, вале ин иттифоқчиён ба воҳима афтида, Бухороро ба тақдири худ монда, аз майдони муҳориба мебароянд. Дар натиҷа, малика маҷбур мешавад, ки боз боҷи зиёд дода, бист нафар маликзодагону деҳқонони асилзодаро ба асирӣ супорида, бо арабҳо сулҳ бандад. Дар соли 680 амири нави Хуросон Салм ибни Зиёд (680-683) ба Хоразм, Суғду Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд ҳамла оварда, ин мулк-давлатҳоро ғорат карда, бо ғаниматҳои зиёд ва асирони сершуморе аз Мовароуннаҳр баромада рафт.

Ҳокимони Самарқанд, Бухоро, Кешу Нахшаб, Хатлону Чағониён ва Чоч барои пурқувват гардондани ҳокимияти мутлақи худ аз арабҳо ёрӣ ҷустанд, ки ин кори арабҳоро дар забти Мовароуннаҳр осон гардонд.

Агар таърихро бо рақам баён намоем, дар ин марҳила, сипоҳиёни араб солҳои 654, 667, 673, 676, 680, 691, 699-702, 703-704, яъне зиёда аз ҳафт маротиба рӯди Ҷайҳунро убур карда, шаҳру вилоятҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳрро ғорат намуда, ҳаёти осоиштаро комилан вайрон намуда, одамонро асир гирифта, ба боигарии зиёде соҳиб шуда, ба Марв баргаштанд.

Давраи дуюми ҳуҷумхои арабҳо ба Мовароуннаҳр аз соли 705 cap шуда, то соли 715 давом мекунад, дар ин давра ин сарзамин пурра забт карда мешавад. Соли 705 яке аз сарлашкарони шуҷоъ, серғайрат ва маккори араб Қутайба ибни Муслим (704-715) амири Хуросон таъин мешавад. Қутайба соли 705 ба забти вилояти Балх шурӯь кард. Дар ин фосила вилояти Чағониён бе ҷанг ба арабҳо таслим шуд.

Соли 706 Қутайба бо лашкари бисёре аз рӯди Ому гузашта, ба Бухоро ҳамла овард. Қутайба аввал шаҳри қадимаи ободи Мовароуннаҳр-Пайкандро ба муҳосира гирифт. Пайкандиҳо дар якҷоягӣ бо нерӯи ҳарбии Суғд ва дигар вилоятҳо, ки ба ёрӣ омада буданд ба муқобили арабҳо сахт ҷангида қаҳрамонӣ зоҳир карданд. Муҳосираи Пайканд панҷоҳ рӯз давом кард. Арабҳо девори мудофиавии шаҳрро рахна карда, ба дохили шаҳр даромада, аҳолии шаҳрро нобуд карда, Пайкандро ба даст дароварданд. Аҳли Пайканд ба Қутайба ибни Муслим бар ивази пардохти боҷи зиёде сулҳ бастанд. Қутайба яке аз ҳамқавмони хеш — Варқаъ ибни Насрро волии Пайканд таъин карда, худ ба тарафи Бухоро лашкар кашид, вале лашкари араб ҳанӯз панҷ фарсах (30 км) дур нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба аз poҳ баргашта Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамом ба харобазор мубаддал гардонда, ҳама мардони ҳозирбударо кушта, занону кудаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарвату боигарӣ ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеч куҷо ин миқдор ғанимат насиби онҳо нагардида буд. Пайканд бошад, ба харобазор табдил меёбад.

Солҳои 707-709 бошад, Қутайба боз ба Бухоро ва музофотҳои атрофи он се бор ҳучум_карда, қалъаҳои зиёд: воҳаҳо ва заминҳои ободро забту ғорат кард. Мувофиқи муоҳадае, ки Бухорхудот бо Қутайба дар соли 709 ба таъсиб расонда буд, мардуми Бухоро бояд ҳар сол ба хазинаи Хилофат ба миқдори муайяне боҷ супорида, ба ғайр аз ин ними ҳавлӣ ва манзилашонро ба аскарон ва муҳоҷирони араб холӣ карда медоданд.

Соли 710 Қутайба Шумону Аҳорун ва Нахшабу Кешро забт карда, барои ҳучум ба Самарқанд омодагии ҳарбӣ гирифт, вале фурсати муносибе барои тасхири Хоразм ба вуҷуд омад. Қутайба бо баҳонаи кӯмак расонидан ба Хоразмшоҳ Хоразмро забт карда, исёни халқиро фурӯ нишонда, бародари Хоразмшоҳ Ҳурзодро ба қатл мерасонад. Аз ин ёрӣ Хоразмшоҳ ҳеҷ бурде намекунад. Баракс, ӯ истиқлолияти давлати Хоразмро аз даст медиҳад ва Хоразм ба яке аз вилоятҳои боҷдиҳандаи Хилофати Араб мубаддал мешавад, зеро мувофиқи муоҳадаи сулҳ — Хоразмшоҳ вазифадор шуда буд, ки ба тариқи подош даҳ ҳазор cap чорво ба арабҳо диҳад ва дар амалиётҳои ҷангӣ ба Қутайба аскар равона кунад.

Ниҳоят, соли 712 Қутайба бо лашкари муттаҳидаи арабҳо ва қушунҳои маликони Бухоро ва Хоразм ба Самарканд ҳуҷум мекунанд. Дар ин давра ихшид Тархун бо сабаби ба арабҳо дар иттифоқ шуданаш аз тахт дур карда шуда, ба ҷои он Ғурак (709-738) «ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд» шуда буд. Ҳаракати вай дар таърихи муборизаи озодихоҳонаи суғдиён воқеаи муҳим ба шумор мерафт, зеро Fypaк арбоби машҳури давлатӣ, сиёсатмадор ва ватанпарасти замони худ буд, ҳарчанд муборизаи ӯ баҳри муҳофизати Суғд характери умумихалқиро нагирифт, вале ӯ тавонист, ки дар лаҳзаҳои муайян ба муқобили арабҳо муташаккилона ҷангад. Ғурак ба ҳокими Чоч, ҳоқони Турк ва ихшиди Фарғона сафир фиристода, аз онҳо ёрӣ мепурсад. Ҳоқони Турк нерӯи ҳарбии худро, ки аз саворагони тирандоз иборат буданд, бо роҳбарии писараш Инал-ҳоқон ба ёрӣ мефиристад, вале Қутайба аз омадани саворагони турк хабардор шуда, ба муқобили онҳо қушуни баргузидаеро мефиристад, ки қӯшуни турконро торумор менамояд.

Суғдиён як моҳ, шаҳрро қаҳрамонона мудофиа карданд. Аз камон тир холӣ карда, аз шаҳр берун баромада, беамон ҷангида, ба арабҳо талафоти калон мерасонанд, вале ахиран, Самарқанд таслим мешавад. Байни суғдиён ва арабҳо муоҳадаи сулҳ баста шуд, ки онро ихшид Ғурак бо сарлашкар Қутайба имзо карданд.

Мувофиқи муоҳидаи сулҳ ихшид Ғурак бояд ба арабҳо якбора ду ҳазор дирҳам, ҳар сол бошад, дусад ҳазор дирҳам, илова бар ин cӣ ҳазор ғулом дода, дар шаҳр як нафар сарбоз нигоҳ надошта, шаҳристонро холӣ карда, дар он ҷо ба ҷои оташкадаи зардуштиён масҷиди ҷомеи мусулмонӣ бунёд намуда, бутҳои зарринро ҳам бояд ба арабҳо месупорид. Бар ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ихшиди Самарқанду Кеш ва Нахшаб таъин менамояд. Ғурак амалан вассал, яъне тобеи арабҳо мешавад.

Соли 713 водии Чоч ҳам бо пойтахташ шаҳри Бинокат забт карда мешавад. Қутайба дар водии Уструшана ҷангҳо карда, Хӯҷанду Канд ва Косонро забт менамояд. Соли 714 ӯ бо мақсади ҷудо сохтани нерӯи ҷангии ҳокими Чоч ва Хоқони Турк ба Исфиҷоб лашкар кашида, он ҷоро низ забт мекунад, ва то Қошғар мерасад. Ниҳоят, соли 715 ба Фарғона ҳамла оварда, ин водиро низ пурра тасхир мекунад.

Бо забти Фарғона — марҳилаи дуюми ҳуҷумҳои истилогаронаи арабҳо анҷом ёфт. Дар ин марҳила, дар давоми даҳ сол арабҳо бо сарварии Қутайба ибни Муслим аввал ҳама мулк-давлатҳои Мовароуннаҳрро пурра забт карданд, дуюм, муҳоҷирон ва аскарони арабро, ки бо аҳли хонаводаашон ба ин сарзамин кӯч баста буданд, дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр дар хонаводаи мардуми маҳаллӣ ҷой карданд, сеюм, арабҳо шаҳру воҳаҳои ободу хуррами Мовароуннаҳро ғорату вайрон карда, ба харобазор табдил дода, одамонро асир гирифта, ба боигарии ҳайратангези ин сарзамин соҳиб шуданд ва ниҳоят, арабҳо дар сарзаминҳои тасхиркарда ба тарзи қатъӣ ба паҳн кардани дини ислом шурӯъ карданд.

Соли 725 амири нави Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ (724-728; 735) ба муқобили Хатлон амалиёти ҷиддии ҳарбӣ cap мекунад. Арабҳо аз мулки Балх ба Хатлон гузашта, ба қувваи муттаҳидаи ҳокими Хатлон ва Ҳоқони турк рӯ ба рӯ мешаванд. Дар натиҷа арабҳо шикаcт хӯрда ба Балх бармегарданд. Мардуми Балх дар ҳаққи онҳо тамасхуромезона сурудаи зеринро мегуянд:

Аз Хуталон омадия,

Рӯ ба табоҳ омадия,

Овора боз омадия,

Хушку низор омадия.

Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаcт хӯрда буданд, ки дар муддати даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотирашон наоварданд. Танҳо дар соли 737 арабҳо бори охирон ба Хатлон ҳуҷум оварданд. Ин навбат нерӯи ҷангандагии Ҳоқони турк аз муборизаи минбаъда даст кашид. Ҳокими Хатлон — Бадр-Тархун бо сарбозонаш ҳарчанд дар муҳосира афтода бошанд ҳам бо аскарони араб ҷангро давом медоданд. Азбаски қувваҳо нобаробар буд, онҳо маҷбур шуданд, ки бо арабҳо гуфтушунид карда, сулҳ банданд. Арабҳо ваъда доданд, ки ба Бадр-Тархун осебе намерасонанд, вале ваъдахилофӣ карда, ӯро ҳам мисли Деваштич аҳдшиканона ба қатл расониданд.

Шӯриши суғдиён (720-722). Солҳои 719-720, 720-722 Суғд ва тамоми Мовароуннаҳрро мавҷи муқовимати зидди арабӣ фаро гирифт, маркази ин муқовимат ҳамоно Суғд буд. Мардуми Суғд монанди дигар ҳамқавмони худ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар натиҷаи сиёсати истилогарони арабҳо аз фарҳанги миллӣ, аз дин ва урфу одат, ҳамзамон аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ маҳрум шуда, аз тарафи арабҳо зулми беҳад медиданд, ки ин албатта, норозигиҳоро ба вуҷуд меовард. Арабҳо Fypaкpo аз тахт сарнагун намуда, ба ҷои ӯ ҳокими Панҷакент — Деваштичро «ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд» таъин мекунанд, ки ин амал дар Суғд дуҳокимиятиро ба вуҷуд меорад. Вале ҳам Ғурак ва ҳам Деваштич дар алоҳидагӣ ба муқобили арабҳо меҷангиданд.

Деваштич низ баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр — Хатлон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва Ҳоқони Турк мактубҳои имдодӣ навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо ба ҷанг даъват намуд. Дар натиҷа дар солҳои 719-720 дар Суғд ду лагери зидди арабӣ: яке бо сардории ихшид Fypaк, ки аз назари арабҳо ҳокимияташ ғайриқонунӣ буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар кӯҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба ҷанги зидди арабҳо омодагӣ медиданд.

Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии нерӯи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Кӯшиши арабҳо дар хусуси аз сари нав соҳиб шудан ба Самарқанд натиҷае надод. Он гоҳ халифаи араб яке аз сарлашкарони машҳур Саид ал-Ҳарроширо, ки дар пахш кардани шӯриши мардуми Ироқ шӯҳрат ёфта буд, амири Хуросон таъин кард. Ӯ бо исёнгарони Самарқанд фавран ба музокира нишаста, қисме аз аъёну ашрофи суғдиро ба тарафи арабҳо моил сохт. Дар ин миён ихшиди Суғд — Ғурак аз тарси эътибори рӯзафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангида, ҳамзамон ба арабҳо пардохтани андозро ваъда кард, вале ин қалби исёнгарони суғдиро пурра нашикаст. Исёнгарони суғдӣ бо сарварии пешвоёнаш Корзанч, Чаванч, Моҳун, Собит ва ғайра аз ихшиди Фарғона Алутар ёрӣ ва паногоҳ пурсиданд. Алутар ба суғдиён паногоҳ ва ҳимоя ваъда дод.

Қисми зиёди суғдиҳо бо сарварии Карзанч роҳи Фарғонаро пеш гирифтанд, вале ихшиди Фарғона тавассути бародараш Нилон амири Хуросон Саид ал-Ҳарроширо аз омадани исёнгарон ба Хуҷанд хабардор кард. Арабҳо аз ин истифода карда, маҳалли исёнгарони суғдиро ба муҳосира гирифтанд. Ҷанги арабу суғдиҳо дар Хуҷанд руй дод, ки дар натиҷа ҳам суғдиҳо ва ҳам арабҳо ба талафоти зиёде рӯбарӯ шуданд. Арабҳо ҳафт ҳазор аҳолиро кушта, шаҳру деҳоти атрофро харобу ғорат карда, бо ғанимати зиёде ба Марв баргаштанд.

Деваштич бо роҳи ағбаи Шаҳристон, ҳангоми ба Хуҷанд рафтан, дар назди деҳаи Қуми ноҳияи имрӯзаи Айнӣ аз тарафи лашкари арабҳо ба муҳосира гирифта мешавад.

Пайравони Деваштич ба арабҳо муқобилияти сахт карда, ба тарафи қалъаи Кӯҳи Муғ, ки дар он ҷо хуҷҷатҳои суғдӣ ёфт шудаанд, ақибнишинӣ карданд. Онҳо дар дохили девори қалъа ҷойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабҳо роҳи даромади қалъаро гирифтанд. Муҳосираи қалъа ва муқовимати суғдиён се — чор моҳ давом кард, ахиран захираи обу хӯроки муҳосирони суғдӣ тамом шуд. Ҳамчунин фасли сармо фаро расид ва онҳо маҷбуран бо арабҳо сулҳ бастанд. Мувофиқи муоҳада суғдиён розӣ шуданд, ки дар сурати ба ҳаёти сад нафар исёнгарон ва аҳли оилаи онҳо аз ҷумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабҳо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз ҷониби арабҳо риоя нашуд, ба он далел, ки capвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро арабҳо тирамоҳи соли 723 дар маҳалли Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба Ироқу дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусурӣ, ки дар маҷористон иқомат дошт, фиристоданд. Бо ҳамин, тақдири ҳаракати муқовимати суғдиён, ки хусусияти возеҳи истиқлолхоҳона дошт ҳал шуд. Аммо муборизаҳо минбаъд ҳам давом карданд. Масалан, муборизаи мардуми Суғдӣ Самарқанд дар солҳои 725-730, ки дар якҷоягӣ бо қувваи ҳарбии ҳокимони Нахшаб, Чоч, Уструшана ва Фарғона рӯй дод. Дар ин муҳорибаҳо дар якҷоягӣ бо суғдиён туркон низ ба муқобили арабҳо меҷангиданд.

Неҳзати Абумуслим. Ба ноустувор шудани Хилофати Араб на танҳо муборизаҳои халқҳои ғайри араб, балки муборизаи дохилии хилофат низ сабаб буданд. Аз сиёсати халифаҳои Уммавӣ, ки ҳимоятгари манфиатҳои аъёну ашроф буданд, на танҳо халқҳои ба зери зулми арабҳо дучор шуда, балки аҳолии араб низ норозӣ буданд. Ин мубориза дар замони халифа Марвони II (744-750) боз ҳам пурзӯр гардид.

Ба муқобили сиёсати Уммавиҳо ду гурӯҳи калони феодалӣ мубориза мебурд. Ба гурӯҳи якум — табақаҳое дохил мешуданд, ки аз баланд шудани мартабаи ашрофи араб норозӣ буданд. Ба гурӯҳи дигар тарафдорони Алӣ (амакзода ва домоди Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с), шавҳари Фотима) буданд, ки ташкилоти худ, яъне ҳизб (шиа)-ро ташкил доданд, дохил мешуданд. Ин гурӯҳ усули меросӣ будани тахти хилофатро ҷонибдорӣ карда, фақат авлоди Алиро ворисони ҳақиқӣ медонистанд. Дар чунин шароит гурӯҳи дигари ашрофони араб сулолаи Аббосиён дар солҳои 30-уми асри VIII бар зидди Уммавиён муборизаро cap карданд. Тақрибан аз соли 718 cap карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад (с.а.с)) тарғиботи зидди Уммавиҳоро cap карданд. Дар тарғиботи Аббосиён дар Хуросон саҳми Абумуслим хеле зиёд буд. Шӯриши бо роҳбарии Абумуслим саршуда дар солҳои 747-748 тамоми аҳолиро фаро гирифт.

Абумуслим зодаи Марв ё Нишопур буд. Вай яке аз муборизони фаъоли зидди Уммавиён мегардад. Ӯ аз Иброҳим писари Алии Муҳаммади Аббос дастури роҳбарии Хуросонро гирифта, ба Марв меояд ва бар зидди Уммавиён ба мубориза медарояд.

Азбаски ранги сиёҳ нишони беадолатӣ ва бешафқатии Уммавиён маҳсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёҳ ва гурзро бошад, нимсиёҳ мекунад. Барои мардумони зердасти Уммавиҳо ранги сиёҳ нишонаи ҷабру ситам ва қувваи бадӣ буд ва мардуми ситамдида дар атрофи Абумуслим муттаҳид шуда, ба мубориза бархостанд. Аҳолӣ пиёдаву савора бо яроқу қисман бесилоҳ ба қароргоҳи Абумуслим ҷамъ омада, ба тазоҳурот хестанд. Неҳзати Абумуслим аз тарафи ҳама табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳатто аз ҷониби арабҳо низ дастгирӣ меёбад. Абумуслим соли 748 маркази Хуросон шаҳри Марвро ишғол карда, қароргоҳи амирони араби Хуросонро забт мекунад. Амири Хуросон Наср ибни Сайёр аз исёнгарон шикаcт хӯрда, фирор мекунад. Соли 749 пайравони Абумуслим қисматҳои ғарбии Хилофати Арабро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шаҳри Димишқро ишғол менамоянд, халифа Марвони II аз тахт сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони Аббосиён Абул-Аббос ас-Саффоҳ, (750-754) ба тахти хилофат менишинад.

Абумуслим амири Хуросон таъин мешавад. Ӯ мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳрро муттаҳид намуда, аз эътирози онҳо ба муқобили ашрофони араб ва табақаҳои мулкдори маҳаллӣ истифода карда, дар байни мардум эътибори калоне пайдо кард, вале ӯ ҳам монанди аббосиҳо барои иҷрои ваъдаҳои худ дар бобати беҳбудии аҳволи халқ чорае наандешид.

Дар натиҷа соли 750-751 дар Бухоро шӯриши зидди арабӣ бо сарварии Шарик ибни Шайх ал-Муҳрӣ (ваф.751) cap зад. Шӯришгарон бо даъвати он, ки Аббосиён аз хилофат дур карда ба ҷои ӯ аз авлоди Муҳаммад паёмбар ва домоди ӯ Алӣ ибни Абутолиб ба тахти хилофат оянд, баромад карда ба муваффақиятҳо ноил шуданд. Абумуслим ҳанӯз ба Аббосиён бовар мекард ва интиқоли қудрат ба Алавиёнро намехост. Аз ин рӯ ба муқобили исёнгарони Бухоро нерӯи ҷангии даҳ ҳазор нафараро фиристод. Ҷанг бо исёнгарон сию ҳафт рӯз давом кард. Сарвари исён Шарик ибни Шайх ҳалок шуд. Нерӯи ҷангии Абумуслим баъди Бухopopo гирифтан шаҳрро оташ зад.

Соли 751 лашкари императори Чин аз зиддиятҳои дохилии хилофати араб истифода карда, ба Мовароуннаҳр ҳамла овард. Дар натиҷа байни лашкари Абумуслим ва чиниён дар Ҳафтруд дар водии Талас ҷанги хунине руй дод, ки дар он панчоҳ ҳазор чиниён кушта на бист ҳазор нафар асир афтиданд.

Шӯришҳои халқӣ. Ҳарчанд Абумуслим барои мустаҳкам ва пойдор намудани сиёсати Аббосиҳо, паҳн кардани дини ислом, рафъ кардани шӯришҳои халкӣ ва баргардонидани ҳамлаҳои душманони хоричӣ содиқона хизмат мекард, вале аз назари халифаҳои аббосӣ ӯ душмани асосии онҳо маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, соли 755 халифа Абучаъфар ал-Мансур (754-775) бо роҳи фиреб Абумуcлимро ба Бағдод даъват карда, ба қатл мерасонад. Қатли Абумуслим боиси авҷи харакатхои халкӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мегардад, ки яке аз онхо соли 755 дар Нишопур тахти рохбарии Сумбоди Муғ». ки номи аслиаш Фируз-Испаҳбад аст, руй дод. Исёнгарон барои гирифтани қасоси хуни Абумуслим ба муқобили Аббосиён тазоҳурот карданд. Сумбоди Муғ аз пайравони Абумуслим, ки дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур ҷой гирифта буданд, қувваҳои ҳарби ташкил карда ба муқобили сарбозони араб ба ҷанг шуд. Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Ҷаҳвар ибни Марарр (747-756) қувваи ҳарбии даҳ ҳазор нафараро сафарбар кард. Дар натиҷа байни онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай ҷанги хунине сурат гирифт, ки он ҳафтод руз давом кард. Ниҳоят, пайравони Сумбоди Муғ шикаcт хӯрданд ва худи ӯ ба қатл расонда шуд. Вале бо ин мавҷи ҳаракати халкӣ паст нашуда, тадриҷан авҷ гирифт.

Арабҳо ҳануз шӯриши Сумбодро фаромуш накарда буданд, ки соли 755 дар гирду атрофи Ҳирот шӯриши дигаре бо роҳбарии Устод Сис (Азиз) cap зад, ки боиси нигаронии Аббосиён шуд ва бо кӯшишҳои зиёд пахш гардид.

Исёни Муқаннаъ. Тадриҷан афзудани бедодгариҳои арабҳо мардумро ба маҳрумӣ дучор гардонд, ки дар натиҷа ҳисси бадбинии аҳолии заҳматкаш ва ҳама табақаҳои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр нисбат ба Хилофати Аббосиён боло гирифт, ва он сабаби cap задани ҷунбиши халкӣ гардид. Яке аз чунин ҷунбиши халкӣ солҳои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннаҳр руй дод ва он дар таърих бо номи «исёни Муқаннаъ» машҳур аст. Сарвари исёнро Муқаннаъ ба уҳда дошт, ки дар деҳаи Қозаи наздикии шаҳри Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким (776-780) ва Муқаннаъ бошад, лақаби ӯст. Худи калимаи «муқаннаъ» арабӣ буда, маъноаш чодарпӯш ва ё ниқобдор мебошад. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вақт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар шӯриши сафедҷомагон мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳанг, яъне роҳбари дастаи ҳарбиро иҷро мекард.

Муқаннаъ дар солҳои 50-уми асри VIII ба тарғиботи ақидаҳои маздакиён дар хусуси баробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти озодонаи шаҳрвандон шурӯъ карда, барои барқарор кардани ин ғояҳо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои чунин ташвиқот дар солҳои 60-уми асри VIII ҳукуматдорони Хилофати Араб ӯро дар маҳбасхонаи Бағдод бандӣ карданд. Баъди чанд соли ба ҳабс афтидан Муқаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи ҷиддӣ шурӯъ кард. Вай соли 766 ба ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муқаннаъ ба водии Қашқадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро ҷамъ омаданд. Маркази тарғиботии онҳо деҳаи Субҳ дар Кеш буд.

Барзгарону ҳунармандон, кадеварону деҳқонони мулкдор ва қисман аҳолии бенавою миёнаҳол ба даъватҳои Муқаннаъ гаравида ӯро пайравӣ мекунанд. Дар як муддати кӯтоҳ водии Қашқадарё ба дасти пайравони Муқаннаъ гузашта, ҳаракати сафедҷомагон васеъ паҳн гардида ба шӯриши бениҳоят калони халқӣ табдил ёфт. Ин исён дар қисматҳои марказии Мовароуннаҳр махсусан дар Суғд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳар як гурӯҳ ва табақаи иҷтимоӣ дар исёни Муқаннаъ манфиатҳои худро медиданд. Агар халкӣ оддию меҳнаткаш барои халос шудан аз зулму истисмор ва нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ ба шӯриш гаравад, табақаи сарватманди ҷомеа бо мақсади ҳокимиятро аз дасти арабҳо пурра гирифтан, ба исён гаравида, онро ҷонибдорӣ мекард. Мақсади умумии исёнгарон дар маҷмӯъ озод кардани Ватан, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустақил буд.

Соли 775 пайравони Муқаннаъ дар деҳаи Нумиҷкати Бухоро ҷой гирифта, шаб ба масҷиди он ҷо даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва руҳониёнро мусодира карданд, инчунин заминҳои вақфро низ ба даст дароварданд. Ин воқеъа ба шӯриши умумӣ як ишорае шуд ва исён дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми Мовароуннаҳр паҳн шуд. Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хӯрда, ҳафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодӣ қурбон карданд. Вале ин ғалабаи арабҳо вазъияти ҳарбию сиёсиро тағйир дода натавонист. Арабҳо исёни сафедҷомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш қувваи ҳарбӣ сафарбар карданд.

Халифаи араб Ал-Маҳдӣ (775-785) Сайид-ал-Харроширо амири Хуpocoн таъин карда, тамоми қувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якчоягӣ бо туркон дар Самарканд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷангӣ нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хурда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин неруи ҷангии арабҳо бо сарварии Сайид ал-Харрошӣ барои саркӯб кардани сафедҷомагон ба водии Қашқадарё, яъне шаҳри Кеш ҳуҷум карданд. Дар марҳилаи охирини задухӯрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кӯҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттаҳид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд.

Марҳилаи нави бархӯрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780-783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тӯлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишғол намуда, исёнро шикаст доданд.

Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танури фурӯзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шӯриш соли 783 пахш карда мешавад.

Оқибати забткориҳои Хилофати араб дар Осиёи Марказӣ. Сабаби асосии ғалабаи арабҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр парокандагии сиёсии ин сарзамин буд. Сарлашкарони араб вазъияти ноиттифоқонаи байни ҳокимони мулк-давлатҳои Хуросону Мовароуннаҳрро моҳирона ба манфиати истилогаронаи худ истифода бурда тавонистанд.

Ё худ арабҳо ба воситаи неруи аскарии ҳокимони маҳаллӣ дигар мулк-давлатҳои Мовароуннаҳрро забт мекарданд. Масалан, ҳангоми забти Бухоро неруи аскарии Чағон-худот ва ҳокими Балх, ҳини муҳосираи Самарқанд, қувваи аскарии ҳокимони Бухоро, Хоразм ва Чағониён сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон арабҳо аз як тараф аз низоъҳои байниҳамдигарии ҳокимони мулк-давлатҳо ва ихтилофу нифоқи онҳо бо туркони бодиянишин истифода бурда тавонистанд. Ба ғайр аз ин дар Мовароуннаҳр ва Хуросон системаи ягонаи динӣ вуҷуд надошт, ки ин албатта, ба парокандагии сиёсии ин сарзамин мусоидат кард. Дар натича Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи арабҳо комилан забт гардида, ҷузъи Хилофати Араб гардид.

Арабҳо барои идора кардани ин сарзаминҳо воҳиди ҳудудию маъмурии Хуросонро бо марказаш Марв созмон доданд, ки роҳбари онро халифа бо фармони худ таъин ва аз кор озод мекард.

Ислом дар миёни мардумони Хуросону Мовароуннаҳр яку якбора ҷорӣ нагардида, марҳилаи тӯлониеро фаро мегирад ва барои ҷалби ислом арабҳо аз усулу равишҳои мухталиф истифода мекарданд. Аз ҷумла фотеҳи Мовароуннаҳр Қутайба оташкадаи зардуштиёнро, ки дар маркази шаҳри Бухоро қомат афрохта буд, ба масҷиди ҷомеаи мусулмонӣ табдил дода, осори дар дарвозаи нави Бухоро хаккокӣ шударо, ки мазмуну мундаричаи динӣ дошта, бо хату забони суғдӣ таълиф шуда буд, комилан нобуд мекунад.

Ӯ инчунин ба аҳолии маҳаллие, ки ба масҷид рафта, таълимоти диниро адо мекарданд, ду дирҳамӣ ҳадя дода, ба ин васила онҳоро ба дини ислом мегаравонад. Ин тарзи паҳн намудани ислом, ки ба ҳама ду дирҳамӣ ато карда мешуд, байни бенавоёну камбағалон ҳавасмандони зиёдеро ба вуҷуд овард. Қуръонро аҳолии Бухоро дар ибтидо ба забони форсии тоҷикӣ мехонданд ва ҳангоми хондани намоз низ як нафар ҳамаи амалиёти намозро бо забони маҳаллӣ тарҷума мекард.

Хилофати Араб бо бераҳмона пахш намудани шӯриши Муқаннаъ хоcт, ки пеши роҳи баромадҳои халқиро дар қаламрави мустамликаи хеш дар Мовароуннаҳр гирад. Бо сардории яке аз сарлашкарони исёнгари араб Рофеъ ибни Лайс шӯриши калони халқи сар зад. Ба шӯриш на ин ки тарафдорону наздикони Рофеъ, балки халқи аз зумли мустамликавӣ азияткашида низ ҳамроҳ шуд. Шӯришгарон талабҳои ба миён гузоштаи Муқаннаъро аз нав зинда карда, шиори асосии хеш намуданд.

Сабаби асосии ба ҳаракати Рофеъ ибни Лайс рӯ овардани мардуми Мовароуннаҳр дар он зикр меёфт, ки бобoғ Наср ибни Сайёр (739-749) ҳокими мулки Хуросон буд. Аз ин рӯ, акcари кулли халқ набераи вайро дастгирӣ намуд. Дере нагузашта шӯриш тамоми Мовароуннаҳро фаро гирифт. Бародари Рофеъ Башир ибни Лайс низ аз сиёсати хилофат норозӣ буда, дар шаҳри Бухоро роҳбарии шӯришро ба ӯҳда гирифт. Халиф Ҳорунаррашид тамоми чораҳоро дид, ки пеши роҳи исёнгаронро гирад. Писараш Маъмун, ки ҳокими Хуросон буд, ба назди Рофеъ ибни Лайс писарони Асад ибни Сомонхудодро фиристода, ба сулҳ таклиф намуд аммо Рофеъ аз он рӯ гардонд. Сипас Маъмун таҳти сарпарастии Ҳарсама ба Мовароуннаҳр лашкар фиристода, шӯришро пахш кард ва бародарон Рофеъ ва Башир ибни Лайсро ба қатл расонд. Бо ҳамин оташи шӯриши соли 806 саркадаи Рофеъ дар соли 810 хомӯш гашт. Ин шӯриш ба муқобили зулми мустамликавии арабҳо ва бедодгариҳои ҳокимони маҳҳалӣ нигаронида шуда буд. Бо вуҷуди пахш гаштани шӯриш он ба хилофат таъсири бузург расонд.

Адабиёт:

1.Айнӣ С. Исёни Муқннаъ. Душанбе. 1994.

2. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон…….Қ.1 – Душанбе, 1983.

3. Бартольд В.В. Работ по истории ислама и Арабского Халифата.

4. Беляев А.С. «Арабы, Ислам и Арабский Халифат в раннее средневековые». М., 1965

5. Гоибов Г. Ранние походы арабов в Среднюю Азию. Душанбе, 1989.

6. Зарринкӯб А. Корномаи Ислом. Душанбе,2007.

7. Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Москва, 2002.

7. Неъматов Н.Н. Таърихи халки тоҷик . Душанбе,2003.

8. Ислам. Релегия, общество, государство. Москва, 1984.

9. Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001.

10.Ҳақназаров А. Ҷунбишҳои инқилобии мардуми эронитабор бар зидди хулафои араб. Душанбе, 2004.

11.Ҳақназаров А. Освободительная движения таджикского народа против арабского халифата (633-961гг.) – Душанбе, «Ирфон» 2007.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *