Фанни Таърих

Ҳукмронии Константини бузург ва вазъи калисои масеҳӣ

ВАЗЪИ ҲУКМРОНИИ ТЕТРАРХИЯ. Баъди 20 соли ҳукмронӣ кардан, соли 305 Диоклетиан ихтиёрӣ аз тоҷу тахти императорӣ даст кашида, ҳамҳокими худ Максиминро низ маҷбур кард, ки аз тоҷу тахт даст кашад. Сезарҳо Августҳо ва Сезарҳои нав – лашкаркаш Валерий Север (дар Ғарб) ва додарзодаи Валерий — Максимин Даза (дар Шарқ) мешаванд. Ҳамин тариқ, писарони ҳамтани Максимиан ва Констансий Хлор, Максенсий ва Константин аз чунин вазифаҳо бенасиб мемонанд.

Воқеаҳои минбаъда тамоми низоми сунъии тетрархияро нишон доданд. Вақте, ки обрӯю эътибори бузурги Диоклетиан бар императорҳо – ҳамҳокимҳо фишор меовард, дар байни онҳо ягонагӣ вуҷуд дошт ва низоми тетрархия кор мекард, вале баъди ба истеъфо рафтани ӯ тетрархия ҳамон лаҳза ба шикқаст дучор шуд.

север1 Картинки по запросу коснтантини 1

Валерий Север Максимин Даза Константини I

Дар байни меросхурони Диоклетиан барои ҳокимият мубориза оғоз меёбад. Писари Констансий Хлор, Константини I (306 – 337) ё ҳамаи довталабонро барои ҳокимияти Императорӣ қир кард ва ё аз онҳо умри зиёдтар дида, ҳокими ягонаи Империя мешавад. Дар аҳди ӯ тетрархия дар шакли ниҳоии худ қарор дошт. Константин ислоҳоти Диоклетианро пешниҳод ва татбиқ намуд, вале дар баъзе масъалаҳо аз сиёсати ӯ канораҷӯӣ кард.

МУБОРИЗА БАРОИ ҲОКИМИЯТ БАЪДИ ИСТЕЪФОИ ДИОКЛЕТИАН. Соли 306 Констансий Хлор вафот мекунад. Константин бетаъхир Август эълон карда мешавад ва ба Галерий лозим меояад, ки воқеаи рухдодаро эътироф кунад. Дар Италия истеъфои Максимин ихтиёрӣ набуд ва он дар зери таъсири Диоклетиан ба амал омад, бинобар ин, кушиш кард, ки ҳокимияташро баргардонад, бинобар ин, худро Август ва писараш Макспенсийро Сезар Север эълон мекунад, ки ӯ аз тарафи Галерий ба мартабаи Август мушарраф гардонида шуда буд. Вале ӯ дар мубориза бар зидди Максенсий ҳалок мешавад ва ба ҷои ӯ Литсений таъйин мегардад. Бо сабаби он, ки Максимин Даза низ худро Август эълон карда буд ва Максимин бошад, аз нав (соли 307) аз тоҷу тахт даст кашид, дар натиҷаи ин дар Империя якбора чор Август (Константин, Галерий, Литсиний ва Максимин Даза) ва як Сезар (Максенсий) ба миён омад. Ғайр аз ин, дар Африка ғосиб Доминитсий Александр пайдо мешавад.

Соли 310 Максимин кушиш ба харҷ дод, ки ба мубориза ҳамроҳ шавад, вале ӯро Константин яктарафа месозад. Соли 311 Галерий вафот мекунад. Соли 312 Макспенсий Доминитсий Александрро барҳам зада, бо Максимиан Даза бар зидди Константин ва Литсиний иттифоқ мебандад.

ЯККАҲОКИМИЯТИИ КОНСТАНТИН (СОЛҲОИ 272 – 337) . Константин¸ ки Галлия ва Британияро идора мекард, ба Италия зада даромад, ба ҷое, ки дар он Максенсий ҳукмронӣ мекард. Қӯшунҳои Максенсий дар якчанд набард торумор карда мешаванд ва худаш, ки аз майдони ҷанг дар Мулвисаи наздикии Рим (соли 312) рӯ ба гурез ниҳода буд, дар Тибр ғарқ мешавад. Мувофиқи қиссае дар шаби пеш аз набарди ҳалкунанда гӯё, ки Константин дар хобаш навиштаҷоти бо забони юнонӣ «Touto nika»-ро ҷи ҷилвагар дида будааст, ки маънояш «бар инҳо ғалаба мекунӣ» мебошад. Пагоҳии барвақт ӯ мефармояд, ки рамзҳои масеҳиро дар парчаму нишонҳои сарбозӣ кашанд ва бо ҳамин рамзу нишонаҳо дар набард бар бутпараст Максенитсий ғолиб мебарояд.

Константин ба мулкҳои худ собиқ музофотҳои Максенсий – Италия, Африка ва Испанияро муттаҳид сохта, соли 312 ё 313 дар Милан бо Литсиний вомехурад. Императорҳо эдикти Милан ё Медюланӣ дар бораи тоқатпазирии диниро ба имзо марасонанд, ки ин ба пайравони дини масеҳӣ имкон медод ба дини худ ошкорою озодона эътиқод дошта бошанд.

Максенсий 1212 Картинки по запросу Константин Хлор

Максенсий Константини II Констансий Хлор

Соли 313 Литсиний Максимин Дазаро торумор кард ва ӯ баъди чанде вафот мекунад. Тахминан дар ҳамин вақт Диоклетиан низ вафот кардааст. Дар соли ояндаи 314 дар байни Константин ва Литсиний ҷанг сар мезанад, ки он ба тарафҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба бор наовард. Сулҳи начандон мустаҳкам дар байни онҳо то соли 323 давом кард, ҳамон вақте ки Константин Литсинийро дар наздикии Адрианопол пурра торумор мекунад. Бо ҳамин Литсиний тамоми заминҳои худро аз даст дод ва соли ояндаи 324 бо амри Константин ба қатл расонида шуд.

Ҳамин тариқ, соли 323 Империя танҳо дар зери ҳокимияти як император аз нав муттаҳид карда мешавад. Якҳокимиятии Константин то замони марги ӯ дар соли 337 боқӣ монд.

ИСЛОҲОТИ КОНСТАНТИН. Константин тетрархияро бекор кард, вале тақсимоти ҳудудии Империя ба диотсезҳо ва музофотҳо, ки самаранокии худро нишон дода буд, боқӣ монд. Ба 12 диодези мавҷуда 2 диодези дигар илова карда шуда, шумораи музофотҳо бошад, ба 117 адад расонида мешавад. Асоси тақсимоти маъмуриии Империяро Константин ҳанӯз дар аҳди Диоклетиан бо таъсиси чор префектураи нав бунёд карда буда: Шарқ, Иллария, Италия ва Галлия. Дар баробари ин, масоҳати префектураҳо васеъ карда мешавад. Танҳо се музофот – Ахейя, Африқо ва Осиё берун аз префектураҳо мононда шуда, мисли пештара аз тарафи проконсулҳо идора карда мешуданд.

Ҳокимияти олии гражданӣ дар перефектура ба префекти преторий тааллуқ дошт, ки ба ӯ викарияҳои қасрҳо, президҳои музофотҳо ва префектҳо бевосита ба император итоат мекарданд. Онҳо вазифаю салоҳияти ҳарбӣ надоштанд, чунки дар аҳди Константин ҳокимияти гражданӣ аз ҳокмияти ҳарбӣ пурраю бебозгашт ҷудо карда мешаванд.

Константин ислоҳотро дар қӯшун ба анҷом расонид. Дар замони принсипат қувваҳои асосии ҳарбӣ дар назди сарҳадҳо ва дар қадқади сарҳад мустақар буданд. Константин бошад, қӯшунро ба сарҳадӣ ва саҳроӣ тақсим мекунад. Ҷузъу томҳои артиши сарҳадӣ ба таври доимӣ дар қитъаҳои муайяни сарҳад ҷойгир буданд, артиши саҳроӣ бошад, — дар дохили мамлакат ва ҳар лаҳзае, ки лозим мешуд, масалан, барои зада гардонидани душман, пахши исёнгари навбатӣ ва ё ҳаракати халқӣ истифода бурда мешуд. Артиши саҳроӣ, қисмати захираи стратегии Империя, дар миёнаҳои асри IV қариб нисфи қӯшунҳои мамлакатро ташкил мекард ва танҳо баъди соли 378 дар наздикии Адрианопол аз тарафи готҳо торумор карда шудани римиҳо Империя маҷбур мешавад, ки таносуби қиёсии артиши савораро дар қӯшунҳо ба воситаи ҷалб намудани ҷузъу томҳои савораи варварҳо зиёд кунад.

Фармондеҳони олирутбаро «magistri militum» ном мебурданд. Яке аз онҳо ба аскарони пиёданизом фармонфармоӣ мекард, дигараш – ба аскарони савора. Аз замони ҳукмронии Константини II (солҳои 337 – 361) чунин фармондеҳон дар ҳар як префектура дунафарӣ шуданд. Ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар баъзе қитъаҳо лашкаркашони махсус – дакаҳо (dakes) фармондеҳӣ мекарданд. Ҳокимияти олии ҳарбӣ дар дасти magister militut praesentalis буд. Аз охири асри IV сар карда магистри ҳарбӣ дар идораи марказӣ дар амал шахси аз ҳама пурқудраттарин буда, императорҳоро аз вазифа сабукдуш ва таъйин мекард.

Соли 330 Константин пойтахти Империяро аз Италия ба Шарқ мекӯчонад. Ин тадбир аз он сабаб рух дод, ки дар асри IV қисмати ғарбии Империя ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор мегардад. Иқтисодиёт дар музофотҳои шарқӣ бошад, дар сатҳи баландтар қарор дошт. Ҳамин тариқ, маркази иқтисодии Империя ба Шарқ мекӯчад. Аз ин рӯ, Рим аҳамияти сиёсии пештараи худро аз даст медиҳад. Ғайр аз ин, Константин ба таври ҳамешагӣ Римро тарк карда, дар назар дошт, ки аз анъанаҳои кӯҳнаи сиёсӣ даст кашида, бебозгашт доминат (ҳокимияти ба зуроварӣ асосёфтаи император)-ро муқаррар менамояд.

Пойтахти нави Империя шаҳри қадимаи юнонӣ — Византия мешавад, ки он дар соҳили аврупоии гулӯгоҳи Босфор, дар байни баҳрҳои Эгей ва Сиёҳ, воқеъ гардида буд. Номи Византия ба Константинопол (феълан Истамбул) иваз карда мешавад. Ҷой барои пойтахти Империя қуллай интихоб карда шуда буд: шаҳр дар чорроҳаи роҳҳои ҳарбӣ ва тиҷоратӣ (хушкӣ ва обӣ) воқеъ гардида, шароити қуллайи ояндадор (стратегӣ) дошта, дар баландӣ ҷойгир шуда, дар наздикии он халиҷи кушода — Шохи Тиллоӣ намудор буд.

Дар пойтахти нав сохтмони калон сурат гирифт. Константин дар байни иншоотҳои гуногун дар ин ҷо калисоҳои масеҳӣ ва ибодатгоҳҳои бутпарастӣ месохт. Аҳолии Константинопол бо тезӣ афзоиш меёфт ва то охири асри IV ба 100 ҳазор нафар расид, дар охирҳои асри V бошад, сокинони Константинопол 150 ҳазор нафарро ташкил намуданд.

Константин сиёсати ислоҳотхоҳонаи худро дар Империя идома медиҳад. Ин аст, ки дар асри IV тамоили ба воситаи қонунгузорӣ таҳким бахшидани низоми андозбандӣ ба колонҳо, аскарон ва куриалҳо баҳри таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ва косибӣ аз қувваи коргарӣ , артиш ва давлат ба назар мерасад.

Соли 332 бо фармони Константин колонҳо побанди замину кишоварзӣ карда мешаванд: онҳо аз ҳуқуқи гузаштан аз як мулкдор ба мулкдори дигар маҳрум гардиданд. Дар ин фармон қайд карда шуда буд, ки колонҳои фироркардаро завлонбанд карда, ба хуҷаинҳояшон баргардонида, маҷбур карда шавад, ки корҳои пештара, пардохтҳо ва ӯҳдадориҳояшонро иҷро намоянд. Мувофиқи амр, касе, ки колони гурезаро қабул мекард, аввалан, бояд ӯро ба соҳиби пештарааш баргардонад, дуюм, бояд уҳдадории то ин вақт иҷронакардаи колонро ҷуброн мекард. Колоне, ки ба майли фирор гумонбар мешавад, бояд ба пойҳояш завлона зада шавад, ҳамон тавре, ки ғулом завлонабанд карда мешуд. Ба колонҳо манъ карда шуда буд, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, зеро дар ин сурат мақоми иҷтимоии худро тағйир дода метавонистанд. Дар вилоятҳое, ки муносибатҳои ғуломдорӣ суст инкишоф ёфта буданд, деҳқонони озод бештар ба назар мерасиданд. Бо ҳамин сабаб тобеъгардонии колонҳо тезтар ба амал омад. Колонҳои Иллария танҳо соли 371 тобеъ карда шуда буданд, колонҳои Фракия бошанд, — то соли 392. То охирҳои асри IV тобеъкунии колонҳо ба замин асосан ба охир расонида шуд. Эдикти (қонуни) императорҳо Аркадий ва Гонорий (охирҳои асри IV ё ки оғози асри V) колонҳоро «ғуломони замин» («servi terrae») меномад ва иҷозат медиҳад, ки онҳо бо ҳамроҳии мулк (замин) фурӯхта шванд.

Косибоне, ки дар устохонаҳои давлатӣ кор мекарданд, ба косибии худ побанд карда шуданд. Қарордоди соли 398 Аркадий ва Гонорий пешбинӣ карда буд, ки ба ин кормандон тамға зада шавад, то ки агар пинҳон шаванд, ёфтани онҳо осон шавад.

Дар робита бо хеле пастшавии истеҳсолоти косибӣ дар асри III, давлат дар Империя баъдтар маҷбур мешавад, ки истеҳсоли яроқу аслиҳа, сару либос ва зарурати дигари барои артиш муқарраргардидаро ба ихтиёри худ бигирад. Наздики соли 400 дар Империяи Ғарбии Рим 20-то чунин «фабрикаҳои» («fabrikae») давлатӣ вуҷуд дошт. Косибоне, ки ба хоҷагидорӣ мустақилона машғул буданд, бо сабаби зарурати иқтисодӣ аз рӯи касбу кор муттаҳид карда шуда ба коллегияҳо вобаста карда мешуданд (дар шаҳр чанд касбу кор мавҷуд дошта бошад. ҳамон қадар корхона ва ё коллегия вуҷуд дошт). Ба рӯйхати косибони ягон касбу ҳунар номнавис шуда, кас аллакай имкон надошт, ки бе иҷозати ҳукуматдорон касбу кори худро тарк кунад ва ё иваз намояд. Коллегияҳо, дар маҷмӯъ, ба ҷамъоварии андоз аз аъзои худ масъул буд.

Дар асри IV Константини ва ҷойгирони ӯ дар бораи тобеъ кардани табақаи куриалҳо–заминдорони шаҳри, ки шӯроҳои шаҳрӣ аз онҳо, яъне аз куриялҳо иборат буданд, як қатор фармонҳо бароварданд. Аз шаҳр баромадани куриалҳо манъ карда шуда, ҳуқуқи онҳо оид ба фурӯши молу мулк маҳдуд карда мешавад. Мансубият ба табақаи куриалҳо ба меросӣ табдил меёбад. Ӯҳдадории муҳимтарини давлатии ин табақа масъулият барои ҷамъоварии андоз аз аҳолии шаҳр ва аз аҳолии деҳотие буд, ки дар рӯйхати аҳолии шаҳр номнавис шуда буданд. Мансубияти фахрии қаблӣ ба табақаи куриалҳо (дар асри III табақаи декурионҳо ном дошт) барои аксарияти онҳо ба бори гароне мубаддал шуда буд.

Мувофиқи қарори Константин аз соли 326 писарони собиқадорон бояд ё куриалӣ мешуданд ва ё ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд. Қисмати зиёди қӯшунҳои Римро ба таври маҷбурӣ даъватшудагон (рекрутиҳое) ташкил менамуданд, ки аз ҷумлаи аҳолии деҳотӣ (колонҳо ва ғайра) сафарбар карда шуда буданд. Ба дастони аскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ маҷбуран ҷалб карда шуда буданд, низ ҳамчун нишона тамға зада мешуд.

Дар Империяи Рими минбаъда ғуломон дар истеҳсолот ба мақоми ёрирасон табдил дода шуда буданд, зеро қотеан исбот гардид, ки истисмори кормандони хоҷагидори мустақил каммасраф буда, мавҷудияти воситаи маҷбуркунӣ имкон медод, ки чунин истисмор вуҷуд дошта ӣршад. Вале ин ҳолат ҳеҷ гоҳ вазъи ғуломонро беҳтар намекард. Баракс, маҳз аз замони Константин бо роҳи қонунгузорӣ муносибат бо ғуломон шадидтар мешавад. Фармони Константин аз соли 319 ҷанобро барои қатли ғулом аз ҷазо озод кард, ба шарте, ки марги ӯ дар натиҷаи қамчинукорию дарразанӣ ё ки дар ишкел фаро расида бошад. Танҳо қатли дидаю донистаи ғулом, сарфи назар аз усул ва воситае, ки ин ҷиноят содир карда мешавад, манъ карда шуда буд.

СИЁСАТИ ДИНИИ КОНСТАНТИН. Сиёсати Константин, дар маҷмӯъ, ба идомаёбӣ ва баанҷомрасии ислоҳоти Диоклетиан равона карда шуда буд. Вале дар соҳаи сисати динӣ ӯ тамоман бо роҳи дигар рафт. Диоклетиан бар зидди дини масеҳӣ мубориза мебурд. Константин бошад, онро эътироф кард. Соли 313 бо ҳамроҳии иттифоқчии онвақтаи худ барои ҳокимият Литсиний қонуне бо номи Эдикти Миланро ба тасвиб мерасонад, ки он дини масеҳиро дар баробари динҳои дигере, ки дар Империя вуҷуд доштанд, баробарҳуқуқ эълон кард. Ҷавобан ба ин аллакай дар соли 314 собори калисо (анҷумани рӯҳониёни олимартаба) дар шаҳри Аредатаи воқеъ дар Галитсияи Ҷанубӣ қарор қабул кард, ки пайравони дини масеҳӣ минбаъд набояд аз хизмат дар сафҳои қӯшун сартобӣ кунанд. Соли 314 ба епископи Рим ҳамчун қароргоҳи ӯ Қасри Латериан тақдим карда шуд. Дар шаҳрҳои зиёд бунёди биноҳои калисоҳо оғоз ёфт.

Ҳамин тариқ, дар замони ҳукмронии Константин пайравӣ ба дини масеҳӣ дар саросари Империя иҷозат дода мешавад ва баъд аз марги ӯ дини масеҳӣ дар Империяи Рим ба дини ҳукмрон мубаддал мегардад. Соли 325 Анҷумани калисо (собори калисо) дар шаҳри Никеи Осиёи Хурд бо иштироки худи император Константин доир гардид. Дар он асосҳои ҳатмии таълимоти дини масеҳӣ коркард ва ба низом дароварда шуд. Аз ҳамин вақт сар карда эътиқодҳои буддоӣ ва динҳои қавмӣ мавриди фишор қарор дода мешаванд, гарчанде ки онҳо танҳо дар охирҳои асри IV манъ карда шуданд. Калисои ҳукмрони масеҳӣ (христианӣ), апостолӣ, католикӣ (умумҷаҳонӣ) ва православӣ (яъне ягона калисои дуруст) номида мешавад.

Расман эътироф гардида, калисои масеҳӣ аз калисои таъқишаванда ба калисои таъқибкунандаи пурзур ва ташкилоти сарватманд мубаддал мегардад. Ба ихтиёри он тӯҳфаҳои император ва шахсони хусусӣ, мерос, пардохтҳо барои ибодат, даромадҳо аз истисмори ғуломон ва колонҳо дар хоҷагиҳои калисоҳо ва дайрҳо ворид мегардиданд. Калисо ба заминдор ва ғуломдори калон низ мубаддал мегардад. Маҷмуи зинаҳои (иерархияи) мансабҳо бо сардории архиепископ ва епископҳо ташкил карда мешавад. Епископҳои шаҳрҳоли калонтарин — Рим, Искандария, Константинопол, Иерусалим (Байтулмуқаддас) ва Антиохия аз епископҳои дигар болотар ҷой гирифта, унвони патриархро қабул мекунанд. Патриархҳои Рим ва Искандария ғайр аз ин унвонҳо папа низ номида мешуданд. Баъд ин унвон танҳо дар патриархи Рим боқӣ монд.

Рӯҳониёни олимартабаи калисои масеҳӣ ба иттифоқчии давлат ва синфи ҳукмрон табдил меёбанд ва, дар айни замон, муборизаи иҷтимоӣ бештар ба худ шакли мулҳидӣ (ересь), яъне ҷараёнҳои динии норозиҳо ба калисои расмиро мегирад.

СИЁСАТИ ДИНИИ ИМПЕРАТОР ЮЛИАНИ МУРТАД (ОТСТУПНИК). Император Юлиан Отступник (361–363) кушиш ба харҷ дод, то ки бутпарастиро аз нав барқарор намояд, аз ин рӯ, алоқаи худро аз калисои масеҳӣ меканад. Барои ин кирдораш ӯ аз калисои масеҳӣ ҳамин лақаби «отступник» – «рӯйгардонида»-ро мегирад. Юлиан Отступник фармуд, ки аз масеҳиҳо ибодатгоҳҳои буддоии қаблан ба онҳо додашударо ба коҳинони бутпараст баргардонанд. Қурбоникунӣ ба худоҳои бутпарастӣ аз нав барқарор карда шуда, дар онҳо император шахсан иштирок мекард. Дар қурбонӣ чорвои зиёдеро мекуштанд.

Юлиан ба мусодираи замини ҷамоаҳои масеҳӣ ва додани онҳо ба шаҳрҳо оғоз кард, то ки табақаи муфлисшудаи куриалҳо – такягоҳи иҷтимоии Империяи ғуломдории Римро дастгирӣ намояд. Ба масеҳиҳо ишғол кардани вазифаҳои баланд дар артиш ва дастгоҳи идораи давлатӣ, инчунин дарс додан дар мактабҳо манъ карда шуд. Тадбири охирин ҳатто гирифтори маҳкумкунии ҷонибдори Юлиан, Аммиан Мартселиан мегардад, ки дар маҷмӯъ кушиши наҷот додани маданияти антиқиро мекард. Юлиан шахси маълумотнок ва нависандаи бомаҳорат буда, дар асарҳои худ ба таври одилона рӯҳониёни масеҳиро барои рафтори бадахлоқона, гушначашмӣ ва мансабпарастӣ ба зери танқид гирифта буд.

Юлиан натанҳо ҳамин тавр хост, ки дини ҷамоавии Римро дар шакли аввалаи он аз нав ҷорӣ намояд, ки ин кор воқеан имконнопазир буд. Вале ба ҳар ҳол кушиш ба харҷ дод, то ки онро ба мазмуни фалсафӣ ва ахлоқӣ пур карда, ба дини масеҳӣ муқобил гузорад, Ҷидду ҷаҳди сунъӣ ва, дар маҷмӯъ, сиёсати Юлиан, ки ба аз нав барқароркунии шаҳрҳои антиқӣ бо маданияти бутпарастии онҳо равона карда шуда буд бебарор баромад. Аз ин рӯ, шикасти сиёсати ба ақиб баргардонидани рушди ҷомеаи Рим, ногузир буд .

Юлиан отступник валерианКартинки по запросу

Юлиан Муртад (Отступник) Император Валериан Аммиан Мартселиан

Марги Юлиан дар ҷанги зидди Эрон ба эҳёю бозсозии бутпарастӣ хотима гузошт. Дини масеҳӣ мавқеи худро пурра аз нав барқарора, таҳкими минбаъдаи худро идома медиҳад. Ба шароити таърихии Империяи ҷаҳонии Рим на ягон дини бутпарастӣ, балки бештар дини масеҳӣ мувофиқат мекард, чунин аст ақидаи аксарияти муҳаққиқони масеҳитабори замони нав ва навини аврупоӣ.

ВАЗЪИ ДАСТГОҲИ ИДОРАИ ДАВЛАТӢ. Дар баробари сиёсати динӣ, дар замони ҳукмронии Юлиан кушиши бебарор баҳри аз байн бардоштани фасодии (коррупсияи) дастгоҳи давлатӣ низ ба назар мерасад. Дар асоси ислоҳоти Диоклетиан ва Константин шумораи амалдорон дар дастгоҳи бюрократии давлатӣ аз ҳад зиёд шуда, бо ин сабаб пардохтҳои нав барои халқи заҳматкаш бори гароне гардида буданд. Юлиан дастгоҳи давлатиро аз марказ сар карда, аз вазифаҳои нолозим тоза мекунад. Баъзе вазифаҳои бюрократиро илм ба дасти худ гирифт, баъзеи онҳо ба шӯроҳои шаҳрӣ – ба курияҳо дода мешаванд. Император аз усули анъанавии таҳдиди ҷазо барои суиистеъмолкунӣ аз ҳокимиятро истифода бурд. Вале тадбирҳои натиҷаи барои ӯ чашмдошт надоданд. Барои ҳамин Юлиан маҷбур мешуд, ки аз амалӣ кардани баъзе тадбирҳо даст кашад, аз тадбирҳои дигар бошад, меросхурони ӯ даст кашиданд. Ин бебарории Юлиан дар бораи имконпазир набудани пурра барҳам додаи дастгоҳи бюрократӣ дар шароити рӯ ба таназзул ниҳодани ҷомеаи қадим ва дар замоне шаҳодат медиҳад, ки дастгоҳи давлатӣ аз олоти ҳокимияти император ба нерӯи пуриқтидор мубаддал гардидааст ва дар ин шароит ҳокимияти ҳаматарафа пуриқтидори император зоҳиран ба маҳдудшавӣ дучор шудааст.

ЭЪТИҚОДҲОИ АНЪАНАВӢ ВА ШАРҚӢ. Аз байн рафтани ҷаҳонбинии анъанавӣ хеле барвақт — аз замони Константин ба шикасти дини бутпарастии кӯҳнаро, ки қисми таркибии он буд, ба нестӣ оварда расонид. Эътиқодҳои динии қадим дер боз бо шарофати дастгирии давлат пойдор буданд ва ҳамин, ки ин дастгирӣ қатъ гардид, онҳо рӯ ба нестӣ оварда, аз байн рафтанд. Рақибони нисбатан рақобатпазири масеҳиён динҳои дигари шарқӣ ба шумор мерафтанд, ки низ мисли дини масеҳӣ барои Рим ғайрианъанавӣ буданд. Дар он замон махсусан эътиқоде, ки ба номи худои Митра алоқаманд буда, ба Рими дар асри I то милод роҳ ёфтааст, махсусан машҳур буд.

Митра худои мардуми форс мебошад. Митрароо бори нахуст ба Ғарб легионерҳои Помпей, ки бо роҳзанони баҳрӣ (пиратҳо) меҷангиданд, оварда буданд. Паҳншавии эътиқод ба Митра баъди ба ҳайати Империя дохил карда шудани вилоятҳои дохиии Осиёи Хурд ва аз он ҷо сафарбар намудани сарбозон ба артиши Рим оғоз мегардад, Дар асри III эътиқод ба Митра қисми зиёди артишро фаро мегирад.

загружено 212 32

Митра Аҳура Маздо Аҳриман

Дар қӯшун Митра бо номи «Офтоби шикастнопазир», ки бо забони лотинӣ «Sollnvicus» ифода меёфт, парастида мешуд. Дар Ғарб нишонаҳои парастиши Митра дар Британия ва вилоятҳои назди Дунай ёфт шудаанд. Дар митраизм тасаввуроти римиҳои қадим дар бораи муборизаи ду ибтидо, нерӯҳои аҳриманӣ ва ҳурмузӣ, мубориза бар зидди бадхоҳӣ, ки он дар симои Аҳриман ифода меёфтанд. Митра ҳамчун пушту паноҳ ва наҷотбахши одамони некхоҳ инъикос гардидааст. Митраизм назарияи кайҳонӣ (космогонӣ) ва асотирии (мифологии) худро дошт, ки дар маркази он тавлид ва корнамоии Митра, инчунин таълимот дар бораи ҳаёти баъдалмавт ва таълимоти коркардшуда дар бораи ба охиррасии олам ҷои махсусро ишғол менамояд.

Хоҳишмандоне, ки мехостанд ба дини Митра эътиқод дошта бошанд, бояд аз русумоти қабули он мегузаштанд, ки қабл аз он бояд рӯза мегирифтанд. Барои доир намудани русумот ва одатҳои динӣ пайравони Митра муқаддасгоҳҳои махсуси худро бо номи Митрсума дошта, митрачиён онро дар ғор ва ё дар хонаҳои дар зери замин сохташуда гузашта, дар ҷараёни он эътиқодмандон нону шароби пурнуркардаи бо об омехташударо низ нӯши ҷон мекарданд.

ПАЙВАСТА МУСТАҲКАМШАВИИ МАВҚЕИ МАСЕҲИЯТ. Рақиби дигари масеҳият ҷараёнҳои фалсафию динние буданд, ки бо номи умумии гноститсизм (аз забони юнонӣ «gnosis» – «дониш») маълум мебошад. Гностичиён (аз ҷараёни агноститсизм) ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки принсипҳои таълимоти масеҳиро бо унсурҳои таълимоти фалсафаи юнонӣ, мистикаи динии эронӣ ва кайҳонии (ситорагии) бобулӣ пайваст намоянд. Мақсади онҳо дарки (маърифати) худо буд, ки ба воситаи тасаввуф пайвастани он ба даст оварда мешавад. Масеҳро оғози Логоси абстрактӣ шуморида, баъзе гностичиён имкони таҷассум кунонидани марги ӯро дар салиб имконнопазир мешумориданд. Дигарон бошанд¸ чунин мешумориданд, ки таҷассуми Исо ва марг танҳо як чизи зоҳирӣ будааст.

Вале масеҳиҳо нисбат ба дигар рақибон як афзалият доштанд: онҳо дар шахси калисо ташкилоти пурзӯре доштанд, ки он тамоми Империяро фаро гирифта, дар ҷараёни таъқибот обутоб ёфта буд. Дар оғози асри IV калисо ба як шакли «давлат дар дохили давлат» мубаддал мегардад. Чунин нерӯро дар ихтиёри худ на гносчиён, на митрачиён ва на дигар рақибони масепҳият надоштанд.

Масеҳияти аввал бо рисолати фаъолияти мубаллиғии худ фарқ мекард. Аз Фаластин вазъгӯии масеҳӣ бо суръати том ба Рим — ба қалби Империя рафта мерасид. Масеҳиҳои асрҳои аввали милодӣ на танҳо тайёр буданд, ки ҳақиқати ба рӯи онҳо кушодашударо таблиғ кунанд, инчунин агар лозим шавад, дар ин роҳ ҷони худро нисор карда, аз ин дин намояндагӣ кунанд. Баъзеи онҳо ташнаи аз сар гузаронидани азобу шикана буда, худашонро дар ин роҳ ба ҳукуматдорон месупориданд. Воқеаҳое маълум буданд, ки амалдорон масеҳиҳои гузаро (фанатик)-ро аз даргоҳи ҳукуматдорон пеш мекарданд, то ки ба рехтани хуни ба қавли онҳо ин одамони бадбахт, ки ба таъсири хурофоти хатарнок гирифтор шудаанд, роҳ дода нашавад. Он нерӯ ва ҳуҷуме, ки аз ҷониби таблиғоти масеҳиҳо пеш бурда мешуд, бо он сабаб рух дод, ки дар оғози таърихии худ танҳо як мазҳаби (сектаи) кучаки таъқибшаванда, дар ниҳояти кор, бо маънии аслиаш олами антиқаро пур кард. Дар асри III масеҳиҳоро дар тамоми қисматҳои Империяи Рим – аз Британия сар карда ва то ба Миср вохурдан мумкин буд.

Бо ҳам наздикшавии калисо ва давлат бо шарофати тағйиротҳое имконпазир гардид, ки дар ҳайати иҷтимоии ҷамоаҳои масеҳиҳо ба амал омаданд. Дар охирҳои асри IV дар ҳаёти дини масеҳӣ, бо истиснои тоза тарафи динии он, аз зиндагии раияти дигари Империя ягон фарқияте надошт. Ҷомеа точанде бо масеҳиён одат карда, боварии мардум дар бораи овозаҳои мудҳиши онҳоро иҳотакарда аз байн рафтанд. Эдиктҳои зиддимасеҳии Диоклетиан, ғайричашмдошт марҳалаи зиёда аз чилсолаи ҳамзистии осоишта бо бутпарастон ва масепҳиҳоро рахна карданд. Таъқиботи пешина, ки дар замони ҳукмронии имератор Валериан (253 – 260) ҷой дошт, натанҳо нисбати масеҳиҳо, балки нисбати бутпарастони зиёд низ тадбири золимонае буда, моҳиятан ягон асоси боэътимоде надошт, ки ин золимиро ҳақ бароварда тавонад. То лаҳзаи нашри эдиктҳо баҳси таърихӣ дар байни бутпарастон ва масеҳиҳо аллакай ба нафъи масеҳият ҳал мешавад.

Императорони Рим ва, пеш аз ҳама, Константини Бузург дарк карданд, ки ҳокимияти худро бояд аз ҷиҳати идеологӣ низ мустаҳкам карда, ба он маънии динӣ ворид созанд. Аз назари онҳо дини месеҳӣ ягона динест, ки метавонад ҷомеаи империро муттаҳид сохта, онро бо риштаҳои нав пайвандад. Ҳамин тариқ, император Аврелиан (270 – 275) дар Рим соли 274 парастиши давлатии Офтобро ҷорӣ карда, худаш ба коҳини олии он мубаддал мегардад. Бо шарафи худои нав 25 декабр дар Рим ҳамчун тӯҳфа ба рӯзи баробаршавии зимистонаи шабу рӯз ибодатгоҳи мӯҳташаме ба истифода дода мешавад.

Навгонии император аз он иборат буд, ки дар ҷустуҷуи асосҳо барои ҳокимияти худ ӯ ба масеҳият муроҷиат кард, дине ки қаблан ба таъқиби шадиди давлат гирифтор буд. Оилаи Констансий Хлор умуман ба масеҳиҳо наздикӣ дошт. Ҳамсари якуми ӯ, модари Константин, Пелена масеҳӣ буд ва худи Констансий ба эдиктҳои зиддимасеҳии Диоклетиан зоҳиран итоат мекард. Оид ба Константин бояд гуфт, ӯ фарзандони худро дар асоси дини масеҳӣ тарбия мекард ва пеш аз марг дини масеҳиро қабул мекунад ва баъд ӯро Калисо муқаддас ва баробар ба апостол эълон кардаст.

МУБОРИЗАИ ҒОЯВӢ ДАР ДОХИЛИ КАЛИСО. Аз замоои Константин боз ҳокимияти марказӣ дар корҳои калисо фаъолона иштирок мекард. Аллакай соли 313 намояндагони масеҳиҳои диотсези Африка ба Константин муроҷиат карданд, ки масъалаеро ҳал кунад, ки ҷамоаи онҳоро ба ҳаяҷон овардааст. Епископи Карфаген Ситсилиан дар амал сарвари калисои диотсези Африка буда, ба таъқибшудагон китобҳои муқаддасро медод. Аз ин рӯ, ӯ раис эълон карда мешавад. Муқобилони Ситсилиан Донатро, ки епископи яке аз шаҳрҳои диотсези Африка буд, еписакопи Карфаген таъйин мекунанд. Вале ҷонибдорони Ситсилиан ин корро иқдомро ғайриқонунӣ шумориданд. Чунин буд он ихтилофе, ки бояд Константин ҳал кунад ва ихтилофи ҷонибдорон ва муқобилон аз байн бардошта шавад.

Константин парвандаи ин ихтилофро барои баррасӣ ба анҷумани (собори) епископҳо месупорад, ки он аввал маҷлисро дар Рим гузаронид ва баъд –дар Арде. Ҳамин тариқ, Ситсилиан епископи ваколатдори Карфаген эътироф карда шуд, Константин бошад, ин тасмими анҷумани епископҳоро тасдиқ кард. Баъди ин донатчиён калисои худро таъсис доданд, ки ин дар калисои диотсези Африка ба ҷудоии беш аз садсола ибтидо гузошт.

Дар оғози асри IV дар Искандария (Александрия) превитрийи дар байни шаҳриёни Арий маъруф ба таълимоте баромад кард, ки мувофиқи он дар сегонаихудоӣ танҳо худо – падар абадӣ мебошад. Офаридаи аввалини ӯ писар ё Лотос буд, офаридаи Лотос бошад – рӯҳи муқаддас. Аз ин бармеояд, ки писар моҳиятан падар нест, вале ба ӯ монанд аст. Таълимоти Арий аз тарафи епископии Искандария (Александрия) маҳкум карда шуд, вале Арий таслим намешуд. Баҳс дар байни арийчиён ва муқобилони онҳо аз доираи калисои Искандария (Александрия) берун баромад.

Константини бар Литсинийи ғолиббаромада ва ягонагии Империяро барқароркарда, бар он андеша буд, ки дар давлати ягона бояд калисои ягона вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, бо ташаббуси ӯ соли 325 дар Ник анҷумани (собори) намояндагони ҳамаи калисоҳои музофотӣ аз тамоми Империя ҷамъ омаданд. Анҷуман мазмуни мухтасари аҳкоми дини масеҳиро, ки «Рамзҳои эътиқод» ном дорад, қабул кард. Эътироф карда шуд, ки писар – падар моҳияти ягонаи падар мебошад. Ҳамин тариқ, Арий ва ҷонибдрони ӯ ба шикаст дучор шуданд. Константин аз тариқи ҳокимияти худ обрӯю эътибори анҷумани епископҳоро баланд бардошта, Арий ва ҷонибдорони сершумори ӯро бадарға мекунад.

Ҷои Арийро дар он ҷо рақиби асосии ӯ Афанасийи Искандариягӣ (солҳои 295 – 373) мегирад¸ ки ӯ епископи Искандария буд. Вале дере нагузашта Арий аз бадарға баргардонида мешавад. Дар охири умри худ Константин ба арийчиён майл мекунад. Дар замони меросхурони ин император дар дарбор гоҳ никейчиён ва гоҳ арийчиён дастболо мешуданд.

Дар аҳди император Юлиани Муртад (Отступник) (солҳои 361–363) баъзан кушишҳои иртиҷоии бутпарастӣ ҷой доштанд. Юлиан ҷонибдори матини низоми фалсафии неоплатонизми идеалистӣ буд, ки асосгузори он Плотин аз Искандария (солҳои 203 — 269) ба ҳисоб мерафт. Таълимоти Плотин аз тарафи шогирди ӯ Порфирий (худи Плотин гӯё дар ин бора чизеро нанавишт бошад) ба ҳимояи бутпарастӣ ва бар зидди дини масеҳӣ баромада буд. Дар муқоиса ба платонизми классикӣ, фалсафаи Плотин — Порфирий тавассути унсури мистикӣ (тасаввуфӣ) мустаҳкам карда шуда буд.

21 12 222221

Юлиан Констансийи II Гратсиан Феодосийи I

Дар асри III навафлотунӣ (неоплатонизм) яке аз рақибони масеҳият буд, гарчанде ки аз бисёр ҷиҳат ба масъалаҳое машғул мешавад, ки илоҳишиносии (теологияи) масеҳият низ ба онҳо машғул буда, таваҷҷӯҳи он қисмати зиёди доираҳои бомаърифати бутпарастонро фаро гирифта буд. Юлиан ҷидду ҷаҳд баҳри он мекард, ки бутпарастиро аз нав эҳё намояд. Вале, дар баробари ин, ӯ хуб мефаҳмид, ки тарафи пурзури масеҳиён мавҷуд будани ташкилоти онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ӯ ҳам кушиш ба харҷ дод, то ки чунин як ташкилотро барои калисои бутпарастӣ созмон диҳад. Ҳамин тариқ, коҳинони бутпарастӣ калисои серзинаи (иерархияи) хеле мустаҳками ба калисои масеҳӣ монандро ташкил мекунанд.

Дар натиҷа калисои масеҳӣ ҳамаи он афзалияту имтиёзҳое, ки дар замони пешгузаштагони Юлиан ба даст оварда буд, аз даст дод. Ҳамаи файласуфон ва суханварон аз мактабҳо пеш карда шуданд. Вале кушиши аллакай дермондаи Юлиан, ки ҳатто рисолаи махсусе бо номи «Ба муқобили масеҳиҳо» навишта буд, пешакӣ ба шикаст дучор мегардад. Баъди марги император ҷанги зидди форсҳо, ки соли 363 ба амал омада буд, ин ҷараёнро тезонид.

Дар солҳои иртиҷои бутпарастии Афанасий ва ҷонибдорони ӯ, ки аз пешгузаштаи Юлиан Констансийи II (солҳои 353 – 360), буд имкон ба даст оварданд, ки аз бадарға баргарданд. Лекин соли 381 арийчиён аз нав маҳкум карда шуда ва бар зидди онҳо аз нав таъқибот оғоз мегардад. Дар аҳди Гратсиан (солҳои 375 – 383) ва Феодосий (солҳои 379 – 395) бар зидди бутпарастон санадҳои зиёд қабул карда мешаванд. Вале сарфи назар аз ин тадбирҳо, дар Империя пайравони эътиқодҳои динии дигар кам набуданд. Валк ба онҳо муяссар нашуд, ки ғояҳои Ария ва ариягароиӣ дар байни қабилаҳои германӣ барҳам дода шавад. Бинобар ин, акнун ин қабилаҳо, ки низ раияти императори Рим буданд, ҳамчун ғайридинӣ шуморида мешаванд.

Мувофиқи хулосаи муҳаққиқони замони нав ва навтарин масеҳият бо он сабаб ғолибият ба даст овард, ки дар худ маҳаки марҳалаи нави таърихӣ – асрҳои миёнаро инъикос мекард. Вале, тавре ки онҳо мефармоянд, ҳуҷуми асрҳои миёнаро тайёр карда истода, масеҳият аз нав ба сарпӯши тобути тамаддуни антиқа, ки рӯ ба нестии худ оварда буд, мех зад.

БУНЁДИ КОНСТАНТИНОПОЛ. ИСЛОҲОТИ КОНСТАНТИН. Аз баёни таърихи калисои дар асри IV ба сиёсати Константин баргашта истода, зарур аст, ки дар бораи тадбирҳои ӯ дар соҳаҳои маъмурӣ, ҳарбӣ ва молия таваққуф карда шавад. Навгонии муҳимтарин дар соҳаи маъмурӣ ин дар Шарқ асос гузоштани пойтахти нави Империя (Рими масеҳӣ) – Константинопол (11 майи соли 330) буд. Аз паси император ба пойтахти нав дарбор ва муассисаҳои давлатӣ ҳам омаданд.

Майли кӯчонидани маркази сиёсию маъмурии Империяи Римро ба Шарқ ҳанӯз баъзе арбобони давлатии асри I милодӣ эҳсос карда буданд, аз он ҷумла триумвир Марк Антоний. Вале танҳо дар замони Диоклетиан ва Константин ин иқдом масъалаи муҳими Империяи Рим мегардад. Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, дар замони бӯҳрони асри III музофотҳои шарқӣ нисбат ба музофотҳои ғарбӣ камтар зарар диданд. Дар ин ҷо шаҳрҳои бой – марказҳои иқтисоди ва маданият бештар боқӣ монданд. Хотирнишон бояд кард, ки ин вақт ба сарҳадҳои Империя рақиби деринаи он – Форс (Эрон) ё худ давлати Сосониён таҳдид мекард. Ба ҳар ҳол, тавре, ки муҳаққиқони муосири таърихи Рими Қадим қайд мекунанд, дар ин ҷо вазъияти ҳарбӣ нисбат ба сарҳадҳои Рейн ва Дунай на онқадар тезутунд буд. Нисбати он чи ки ба Рим дахл дорад, бояд гуфт, ки Шаҳри Абадӣ, ҳамчун мероси гузашта мақоми имтиёзноки пешинаи худро нигоҳ дошт. Бо аҳолии қариб 1,5 миллионнафараи худ он мисли пештара мегаполиси калонтарини Империяи Рим мондан гирифт. Вале сарфи назар аз ин, акнун вазифаҳои воқеии худро ба таври ҳамешагӣ аз даст дод. Императороне, ки дар Ғарб ҳукмронӣ мекарданд, аз Диоклетиан сар карда, чун қоида, ба сифати қароргоҳи худ ҳамон шаҳреро интихоб мекарданд, ки ба сарҳад наздиктар боша: Арл, Равенна, Милан. Дар замони антиқаи поёнӣ ҳамин тавр ҳам рух медод, ки дарбори императорӣ аз як шаҳр ба шаҳри дигар кӯчонида мешуд, вале доимо дар наздикии урдугоҳҳо, манбаҳои доимии хатар барои Империя, қарор дошт.

Иловатан ба он чӣ ки дар болотар оид ба ислоҳоти Константин гуфта шуд, чанд ҷанбаи фаъолияти ислоҳотхоҳонаи ӯро баён месозем.

1. Дар аҳди Константин роҳбарӣ ба корҳои ҳарбӣ ба сардори қӯшунҳо (magister militum) дода шуда буд ва ба ӯ сардори қисми савора (magister equitum) кӯмак мерасонид.

2. Константин дар соҳаҳои молия, пул, андоз ва ҷузъҳои дигари иқтисодиёти Империя навгониҳо дохил менамояд. Масалан, сиккаи нави вазнаш баробар ба 4,55 грамм ба муомила бароварда мешавад. Ислоҳоти пулии Константин хеле бобарор баромад: сикккаи арзиши ҳадди ақалдошта асоси гардиши пулӣ на танҳо дар Рими замони охир, балки дар замони мперияи Византия низ гардид.

3. Сиёсати ндозбандии муттасили давлат ба тобеъгардонии аксарияти аҳолии чӣ деҳот ва чӣ шаҳр оварда расонид.

4. Косибон ба иттиҳодияҳои ҳамкасбон (коллегияҳо) (kollegia) муттаҳид карда мешаванд ва куриягиҳое, ки ба шӯрои (curia) шаҳрӣ мутаалиқ буданд, ба худ ва колонҳо бошанд, ба мулкҳое муттаҳид карда шуданд, ки онҳо дар он ҷо сукунат доштанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *