Фанни Таърих

Ҳукмронии императорон — меросхӯрони Тиберий: Калигула, Клавдий, Нерон

Император Тиберий 16 марти соли 37 дар бустонсарои худ воқеъ дар Мизен аз дунё чашм пӯшид. Дар солҳои охирини ҳаёташ ӯ худро дар корҳои давлатӣ хеле хаста ҳис мекард, зеро ӯро бемории мезантропияи (аз калимаи нафрат гирифта шуда, шахси гирифтори он аз ҷомеа ҷудо шуда, нисбати инсон нафрат пайдо мекунад ва аз ин лаззат ҳам мебарад) дардовари дар пиронсолӣ хуруҷкарда боз ҳам зиёд азият медод. Тиберийро нафрат ба ҳаёт ва мардум фаро мегирад.

TIBERII_Gemell1 Гай Калигула Клавдий

Тиберий Гемелл Гай Калигула Клавдий

Аҷибаш ин аст, ки ӯ дар бораи меросхӯри тоҷу тахт тамоман ғамхорӣ накардааст. Эҳтимол меравад, ки барои ӯ фарқ надошт, ки кадом шахс салтанати ӯро мерос мегирад. Бинобар ин, баъд аз маргаш ин масъаларо ба ҷои ӯ дигарон ҳал карданд.

Довталабони воқеӣ ба ҷои Тиберий ду нафар буданд: набераи ҳамтании Тиберий — Тиберий Гемелл ва писари хурдии Германика ва Агриппина – Гай, ки бештар бо номи Калигула маълум аст. Тахаллуси Caligula (аз лотинӣ «музадуз» – «caliga» – «муза»)-ро ӯ дар кӯдакиаш гирифтаст, вақте ки бо ҳамроҳии падараш дар урдугоҳҳои ҳарбии Рейн музаҳои аскариро мепӯшид. Ҳарду довталаб ҳам ҳанӯз ҷавон буданд: Гай 24-сола ва Гемалл бошад, — аз ӯ ҳам хурдтар. Қумандони горд Суторий Макрони дар ин вазифа Сеянро иваз карда, Гайро дастгирӣ мекунад ва Гемелл, сарфи назар аз васияти Тиберий, аз меросхӯрӣ бартараф карда мешавад. Ҳамин, ки Гай ба сари қудрат омад, ҳамон лаҳза Гемеллро писар мехонад ва бо ҳамин ояндаи сулоларо аз тасодуфиҳо кафолат медиҳад.

ҲУКМРОНИИ ГАЙ ЮЛИЙ СЕЗАР АВГУСТ ГЕРМАНИК (КАЛИГУЛА) (СОЛҲОИ 12 – 41). Ҳашт моҳи аввали ҳукумати Гай оромона сипарӣ шуд, вале баъд император Калигула то он дараҷае тағйир ёфт, ки дар ҷомеа рӯҳия дар бораи девонагии ӯ муқаррар гардид. Агар ҳамин тавр бошад, пас мумкин ин сабаби хуруҷи асабоният аз беморие буд, ки Гай каме пештар аз ба сари қудрат омадани худ аз сар гузаронида буд. Чӣ тавре ки набошад, Калигула фармуд, ки Макрона, ҳамсари ӯ ва шахсони дигареро, ки дар ба сари ҳокимият омадани ӯ мусоидат кардаанд, ба қатл расонида шаванд. Инчунин фармон дод, ки Тиберий Гемелл нест карда шавад. Ин кушторҳо, тавре ки воқеаҳои минбаъда нишон доданд, қатрае буданд нисбати таъқиботи васее, ки қурбонии он шахсони бадбахти ба ӯ нолозим шуданд ва ё қаҳру ғазаби принсепсро ба вуҷуд оварда буданд. Яке аз сабабҳои доман паҳн кардани куштор аз ҳисоби дороиҳои қурбоншудагони сарватманд шудани принсепс буд. Калигула хеле бо тезӣ он ду миллиарду ҳафтсад миллион сестерсро, ки император Тиберий ин қадар эҳтиёткорона аз андоз ҷамъ карда буд, фуру мебарад ва баъди ин режим дар ҳолати шикасти молиявӣ қарор мегирад.

Аз зулму истибдод ва бедодгариҳои Калигула на танҳо римиҳо сахт зарар диданд, инчунин халқҳои дар зери ҳокимияти ӯ буда низ. Император, аз он ҷумла, хост, ки аз яҳудиҳо кохи Байтулмуқаддасро кашида гирифта, бо ҳамин онро ба кохи худ табдил диҳад, вале ба ӯ муяссар нашуд, ки нияти худро амалӣ созад.

Баъзе кирдорҳои Калигуларо фаҳмонидан муҳаққиқони муосирро ба роҳи сарбаста ворид месозад. Талаби Гай Калигула дар бораи ӯро ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт ҳамчун худо эътироф кардан, ки ин амал барои Рим воқеаи гӯшношунидае буд, фаҳмидан мумкин аст, зеро император кушиш мекард, ки ӯро то ба ҳадди охирин баланд бардоранд.

Акси садои ҷомеа нисбати ин роҳ сӯиқасдҳое шуданд, ки яке аз онҳо дар муҳити ҳарбиён ба амал омадааст. Дилу ҷони тадбир фармондеҳи легионҳои дар шимоли Олмон мустақарбуда Ленгул Гетулик буд, лашкаркаше, ки сазовори эҳтироми баланди сарбозони худ гардидааст. Ғайричашмдошт ба Рейн омадани император ҳамаи нақшаҳои сӯиқасдчиёнро вайрон кард. Ленгул Гетулик қатл карда мешавад. Хоҳарони Калигула, ки низ дар сӯиқасд (соли 39) иштирок карда буданд, бадарға карда шуданд. Исёнро дар артиш пахш карда, Калигула ба Олмон лашкар мекашад. Дастаи аскарони Рим ба соҳили рости Рейн гузашта, чанд нафар варвари дар наздикибударо асир мегиранд. Ин кор кифоя буд, ки дар баробари ба Рим баргаштан соли 40 Сенат ӯро бо триумф мукофотонид, вале Калигула аз ин мукофот даст кашида, танҳо ба ҳамду санои оддӣ (аз лотинӣ: «ovation», яъне «триумфи пиёда») маҳдуд мешавад.

Норозигӣ аз сиёсати Калигула ё, аниқтараш, мавҷуд набудани ягон хел сиёсат, ба сар задани сӯиқасдҳои нав оварда мерасониданд. Яке аз онҳо муваффақият пайдо кард. 24 январи соли 41 сӯиқасдчиёне, ки дар қатори онҳо афсарҳои преторӣ низ буданд, бо роҳи торик ба қасри Палатин даромада, императорро қатл мекунанд.Баъди ду рӯзи байнишоҳӣ тахти холишударо Клавдий, амаки Калигула, ишғол менамояд.

ҲУКМРОНИИ ТИБЕРИЙ КЛАВДИЙ НЕРОН ГЕРМАНИК (КЛАВДЙИ I) (СОЛҲОИ 10 – 54), аз сулолаи Юлийҳо-Клавдийҳо. Принсепси нав аллакай аз 60-сола боло буда, барои ҳокимияти олӣ инсони ба кор намерафтагӣ ҳисобида мешуд. Сарфи назар аз ин, ҳамин ки Клавдий ба сари тахтутоҷи ҳокимияти давлатӣ соҳиб шуд, худро ҳокими соҳибистеъдод нишон дод. Ҳукмронии ӯ соли 43 бо аз тарафи римиҳо ишғол карда шудани Британия оғоз ёфт. Мавритания ва Фракия музофотҳои Рим эълон карда шуданд. Дар Остия, ки дарвозаи баҳрии Рим ба ҳисоб мерафт, соли 42 бандари нав сохта шуд. Сенат бо намояндагони ашрофони имтиёзноки галлӣ пурра карда мешавад ва сокинони дигари ин музофот соли 48 ҳуқуқҳои гражданӣ гирифтанд. Бояд гуфт, ки ғайр аз тадбирҳои оқилонаю воқеан бунёдкорона дар сарчашмаҳои таърихии замони Клавдий маълумоти зиёд дар бораи таъқиботу куштор ва сохтмони давлатӣ дар Рим мавҷуданд.

Ислоҳоти муҳимтарини Клавдий азнавсозии прокуратура (бо рисолати имрӯзаи ин мафҳум як набояд донист)-ро дар бар гирифта буд. Прокураторҳо ((prokuratopes) хизматчиёни империеро меномиданд, ки саривақт ба фиск (ҳуҷҷат) дохил кардани андозҳои давлатӣ, идораи баъзе музофотҳои начандон калон ва моликияти бузурги император масъул буданд. Онҳо хизматгорони шахсии принсепс шуморида шуда, асосан аз ба озодӣ ҷавобдодагон иборат баданд. Клавдий ба онҳо ҳуқуқи корҳои додхоҳию адлияро дода буд, ки ба манфиатҳои хазинаи император дахл дошта, ҳамин тариқ, мақоми онҳоро ба ашхоси мансабдори давлатӣ наздик гардонид. Аз ҳамин вақт сар карда дар ҳайатҳои онҳо намояндагони табақаи саворагон низ пайдо шудан мегиранд.

Азнавсозӣ дафтари (канселярияи) императориро низ дар бар гирифта, он ба мақоми муҳимтарини идораи давлатӣ мубаддал мегардад. Маводи гуногун аз тамоми Империя ба шуъбаҳои марбута тақсим карда мешуд. Дар ин идора муҳимтарин «шӯъбаи ҳисоб» ва «шӯъбаи мактубҳо» буда, онҳо мувофиқан корҳои молия ва мукотибаи принсепсро пеш бурда, соҳаҳои бунёдии давлатро дар зери назорати худ қарор дода буданд. Роҳбарии шӯъбаҳоро шахсони ба озодӣ ҷавобдодаи Клавдий ба зима доштанд, ки дар байни онҳо Нарсисс ва Палегант амалдорон нуфузи нисбатан бештар дошта, ба соҳаҳои муҳимми идора роҳбарӣ карда, нишонаҳои фарқкунандаи преторӣ доштанд. Фаъолияти дафтар (канселярия) ҳам зарур ва ҳам муфид буд, вале аз ҳад зиёд боло бардоштани озодкардагон обрӯи Клавдийро дар байни ашрофони (элитаи) Рим зиёд накард.

валерия мессалина http://ancientrome.ru/art/artwork/sculp/rom/republic/statesman/ahenobarbus193/ahen005.jpg Нерон

Валерия Мессалина Доминитсий Агенобарб Клавдий Нерон

Норозигӣ аз усули идораи Клавдий, ки аз ҷиҳати сахтгирӣ нисбат ба Тиберий заифтар ва аз ҳамин сабаб обрӯяш низ пасттар буд, сабаби ба амал омадани якчанд сӯиқасди зидди ӯ мегардад. Акси садо ба онҳо дар ахборот оид ба террор дар замони Клавдий низ баён ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки наздикони Клавдий – либертиҳо ва занҳои аввали ӯ- Месселина ва баъд Агриппинаи Хурдӣ (духтари Германика ва Агриппинаи хоҳари калонии император Калигула) дар идораи ӯ нақши назаррас бозидаанд.

Малика Валерия Мессалина соли 48 барои он, ки бо ҳамроҳии маҳбуби худ Гай Силий ба муқобили принсепс сӯиқасд тайёр карда буд, ба қатл расонида шудааст. Хонадоршавии Клавдий ба ҷияни ҳамтании худ Агриппина (император ба падари ӯ амаки ҳамтанӣ буд) танҳо ҳамон вақте имконпазир гардид. ки дар ҳуқуқи оилаи Рим тағйироти зарурӣ ворид карда шуда, он ҳолати сулолавиеро таъмин намуд, ки ҳолати замони Тиберийро ба хотир меовард. Аз никоҳи Агриппина бо Доминитсий Агенобарб писари Лутсий Доминитсий Агенобарб (императори оянда Нерон) ва аз они Клавдия Мессалина ду писар — Британник ва Октивия ба дунё омада буданд. Мавҷудияти ду меросхӯри ҳақиқӣ ин дафъа ҳам дар доираҳои дарборӣ ҷудоӣ ба амал овард. Агрипинна ба таври шадид ба пеш тела додани писари худро оғоз карда, Британикаро ба ҷои дуюм мебарорад. Дар ин кор ба ӯ мирзои бонуфуз ( a rationibus) Паллант кӯмак мерасонад.

Агриппина муваффақ ба он шуд, ки ризоияти Клавдийро барои бастани ақди никоҳи Октавия бо писари ӯ бигирад: соли 49 дар ин бора аҳду паймон карда шуда, баъди чор сол сипарӣ шудан тӯйи онҳо барпо мегардад. Соли 50 Лутсий Доминитсий Агенобарб аз тарафи принсепс писар хонда шуд ва ӯ барои авлоди Клавдий номи анъанавии Нерон ва Друз (Нерон Клавдий Друз Германик)-ро мегирад.

ҲУУКМРОНИИ НЕРОН КЛАВДИЙ СЕЗАР ДРУЗ ГЕРМАНИК (НЕРОН) (СОЛҲОИ 37 — 68). Баъди марги Клавдий, ки шояд табиӣ набуд, зеро овоза паҳн шуда будааст, ки Агриппина шавҳари худро дар лаълии замбуруғ заҳр дода куштааст. Нерон соли 54 ҳамчун император тоҷгузорӣ карда мешавад. Мисли ҳукумати Калигула принсипати Нерон ба ду қисмат тақситм мешавад: панҷ соли аввал бо сиёсати бунёдкорӣ ва мулоҳизакорона, муносибатҳои хуб бо Сенат ва ҷомеаи Рим сурат гирифта, бо муваффақиятҳои калони ҳарбию сиёсӣ сипарӣ шуданд. Солҳои 58 – 59 қӯшунҳои Рим ҳарду пойтахти Арманистон – Артаксата ва Тигранокартро ишғол мекунанд. Дар Британия ноиби ин музофот Светоний Паулин солҳои 59 – 60 ҳаракати калони қабилаҳои маҳаллиро, ки ба он Боудикка — маликаи қабилаи исенҳо роҳбарӣ мекард, пахш мекунад.

Британик Паулин Боудикка

Британик Светоний Паулин Боудикка

Оғози бомуваффақияти ҳукумат аз бисёр ҷиҳат аз он сабаб рух дод, ки Империяро ба ҷои Нерон дигарон идора мекарданд. Император ҳанӯз ниҳоят хурдсол буд – ҳангоми ба тахт нишастан ӯ ҳамагӣ 17-сол дошт, бинобар ин, вазнинии ҳокимиятро ба худ модараш Агриппина, устоди Нерон файласуф Сенека ва префекти преторий Африний Бурр мегиранд. Сиёсати «Панҷсолаи тиллоӣ» дар асл сиёсати Бурр ва Сенека буд. Он вақт Агриппина асосан ба бартараф кардани онҳое машғул буд, ки, тавре ба назари ӯ менамуд, ба ҳокмияти писараш таҳдид мекунад.

Сенека Марк Сальвий Отон Агреппина

Сенека Марк Салвий Сабина

Гардиши куллӣ дар ҳамон вақте ба амал омад, ки соли 59 Нерон дар бораи қатли ваҳшиёнаю гӯшношунидаи модараш фармон медиҳад. Агриппина зани дорои хулқи атвори пурзур буда, ҳокимиятро дӯст медошт ва кушиш ба харҷ медод, ки тамоми корҳои писари олиҷаноби худро дар зери назорати худ дошта бошад. Неронро то чанде пуштибонии модар ба тарафи худ мекашид ва дар ин ҳолат Агриппина намоишкорона ба Британник, ки бояд ба наздикӣ ба балоғат мерасид, наздик мешавад. Азми Агриппина, бегуфтугу, дар назар дошт, ки ба Нерон фишори равонӣ оварад. Император дар ҳақиқат аз ин воқеа сахт тарсид.

Ихтилофи нав соле рух дод, ки Нерон бо Помпей Сабина, ҳамсари Марк Салвия Отон ва хонуми аълодараҷаи замонавӣ шиносоӣ пайдо мекунад. Лаҳзае нагузашта дар байни Нерон ва Сабина ишқварзӣ оғоз меёбад, Отон бошад, ба канораи дурдасти Империя барои идораи Лузиганиса (музофоти Рим дар сарзамини имрӯзаи Португалия) фиристода мешавад. Нерон хост, ки Сабинаро ба ақди никоҳи худ дарорад, вале Агриппина ба ин қатъиян зид мебарояд. Иттифоқ бо Октавия аз дидгоҳи сабабҳои сиёсӣ муҳим буд. Октавия духтари Клавдий ва ҷияни лашкаркаши номдор буд, Германника бошад, тимсоли давомнокии сулолавии ҳокимиятро ифода менамуд. Ӯро римиҳо ниҳоят дӯст медоштанд ва шикастани ақди никоҳ бо вай бечунучаро ба обрӯю эӯтибори император иснод ворид карда метавонист. Вале Нерон тасмим гирифт, ки дар ҳар сурат бо Сабина ба ақди никоҳ медарояд. Он чӣ ки ба Бурр ва Сенека дахл дорад, онҳо дар ин никоҳ халосшавӣ аз ин рақиби пурхатари сиёсиро диданд. Агриппина воқеан ҳамин хел рақиб буд.

Мувофиқи нақшаи аввал куштори Агрипина ҳангоми саёҳати баҳрӣ бояд воқеаи тасодуфӣ ба назар мерасид. Вале сӯиқасд бебарор баромад: императорзани бевамонда аз об шинокунон берун баромада, ҷон ба саломат мебарад. Баъд ба бустонсарое, ки ӯ панаҳ мебурд, дастаи сарбозҳои флоти Мизен фиристода мешавад ва ин дафъа Агрипина ба қатл расонида мешавад. Қотилон овоза паҳн карданд, ки марҳум бар зидди принсепс сӯиқасд ташкил карданӣ буд. Сенат бо сабаби халос шудан аз хатар Неронро табрик карда, ба худоҳо барои наҷоти ӯ ташаккур баён дошт. Вале дар паси акси садои расмӣ маҳкумкунии якдилонаи римиҳо ба ин ҷинояти мудҳиш ниҳон буд. Аз тарафи дигар, Нерон зарбаи сахттарини равониро аз сар гузаронид, ки он дар фаъолияти ӯ гардишеро ба вуҷуд овард. Буҷуръатии Сенат Неронро бовар кунонид, ки ба ӯ ҳама кор мумкин будааст. Мушовирони қаблиашро дар назди худ мондан нахост, зеро гӯё, ки онҳо мустақилияти ӯро маҳдуд мекард бошанд. Нерон соли 62 Сенекаро аз дарбор дур кард. Чанде пеш Африний Бурр ногаҳон вафот мекунад ва ба ҷои ӯ император якбора ду нафарро мушовир таъин карда, фармондеҳии артишро низ дар байни онҳо тақсим мекунад. Ҳамин тариқ, бо боварии том метавон гуфт, ки соли 62 идораи мустақили Нерон оғоз ёфтааст.

Соли 62 мурофиаҳо оид ба таҳқири бузургон аз нав оғоз меёбанд. Ташкили онҳоро Софоний (ё Офоний) роҳбарӣ мекард. Типеллин, яке аз ду нафари аз нав префекти преторий таъингардида буд, ки минбаъд мушовири боваринок ва ёрдамчии наздиктарини Нерон мешавад. Соли 63 ӯ аз Октавия ҷудо шуда, бо Помпей ақди никоҳ мебандад.

Соли 64 нахустнамоиши император дар саҳна баргузор мегардад: Нерон аз овони ҷавонӣ боз ба театр, назм ва мусиқӣ шуғл меварзид. Вале аз минбар дар назди тамошобинон танҳо ҳамин сол ҷуръат пайдо кард. Аммо намоиш дар Рим нею дар Неапол баргузор шуд. Ин шаҳрро, ки аз тарафи мустамликачиёни юнонӣ дар асри I милодӣ бунёд карда шуда буд, баъзе махсусиятҳои тарзи зиндагии эллинистиро нигоҳ доштааст. Бинобар ин, аз афти кор, барои баромади Нерон ҷои муддаои дил буд. Муваффақияти пурмағали баромади нахустини Нерон дар саҳна дар ӯ хоҳиши устувор барои баромадан ба сафари ҳунарӣ ба Юнонро ба вуҷуд овард, вале ба ин сухтори калон дар Рим халал расонид.

Ин амали Нерон шикастани гӯшношунидаи анъанаи римӣ буд. Касби актёр дар Рим машғулияти беобрӯ буд. Масалан, ба он метавонистанд одамони ба озодӣ ҷавобшуда машғул шаванд, вале на императори Рим. Гарчанде халқи оддии пойтахт ба Нерон ба ҳунари актёрии принсепс чапак зада, ҳамду сано ҳам хонданд, аксарияти аҳолӣ аз кирдори нави принсепс худро ниҳоят таҳқиршуда шумориданд.

Дар худи ҳамон сол, вақте ки баромади ӯ дар назди омма баргузор гардид, Рим ба бадбахтии даҳшатнок — сухтор гирифтор шуд, ки он якчанд рӯз давом карда, кӯчаю гузарҳои зиёди онро ба хокистар табдил дод. Ба он нигоҳ накада, ки ҳукумат барои хомӯш кардани сухтор тадбирҳои таъҷилӣ андешид ва ба зарардидагон кӯмак расонид, ҷомеа рух додани ин воқеаро якдилона ба зимаи император гузошт. Гап дар сари он меравад, ки баъди қатл кардани модараш мардум Неронро ба ҳар гуна ҷиноят қодир меҳисобид. Овоза паҳн шуд, ки шаҳри азизи Рим, ки дар доми оташ қарор дошт, бояд Неронро, ки дар бораи марги Троя достон навиштааст, илҳом бахшада бошад. Баъди сухтор якбора оғоз кардани сохтмони қасри нави пуршукӯҳ, ки «Қасри Тиллоӣ» (domus aureus) ном дорад, мисли равғанро ба оташ пошидагӣ шуд. гузашта аз ин, Нерон барои сохтмони ин бино заминро бо нархи ночиз харадорӣ карда буд. Норозигӣ аз ҳукмронии Нерон точанде меафзуд ва он ҳатто артиши Империяро ҳам фаро мегирад.

Тигелин луций виндекс

Тигеллин Галба Лутсий Виндекс

Соли 65 бар зидди Нерон сӯиқасд ошкор карда шуд. Сӯиқасдчиён, ки дар байни ҳайати қумандонони гурд ҷонибдори бисёр доштанд, аз он ҷумла, яке аз ду префекти претория низ. Фений Руф ва дӯсти ӯ Тигеллин ният доштанд, ки ҷавони баромади ашрофидошта Калпурин Пизонро ба тахти императорӣ шинонанд. Аз ҳамин сабаб сӯиқасди соли 65-ро оддӣ карда, сӯиқасди Пизон номидаанд. Дар рафти тафтишот шахсони зиёде, аз он ҷумла хайрхоҳони нақшаи сӯиқасдчиён низ ба айбдорӣ гумонбар ҳисобида шуданд. Дар байни онҳо собиқ устоди Нерон, файласуф Сенека низ буд, ки маҷбур шуд даст ба худкушӣ занад. Ин тақдир ба сари ҷияни шоир Анней Лукана ҳам омад, ки император ба муваффақияти эҷодии ӯ кайҳо боз ҳасад мебурд. Воқеан, таърихнигор Татсит Лукана ва Гай Патрониро дар байни иштирокчиёни сӯиқасди соли 65 ном мебарад. Гай Патрона муаллифи эҳтимолии романи «Сатирикон» буда, дар дарбори Нерон вазифаи мушовирро оид ба масъалаҳои санъат ва адабиёт иҷро мекард.

То ин вақт режими Нерон пурра аз дастгирии ҷамъиятӣ маҳрум шуда, дар амал рӯ ба аз байн рафтан оварда буд. Принсепс пурра завқи худро ба санъат дода, инро эҳсос намекард. Солҳои 66 – 67, ниҳоят, ӯ тавонист ба сафари Юнон, ки кайҳо боз дар қалби худ мепарварид, барояд. Барои ин Нерон барои триумфҳои худ аз давлатҳои лотинӣ 1808 гулчанбари тиллоӣ ҷамъоварӣ менамояд.

Вале мавҷи террор, ки баъди ошкор кардани сӯиқади Пизон сурат гирифта буд, хомӯш намешавад. Масалан, соли 66 пайрави фалсафаи стоикӣ ва сарвари оппозитсияи зидди Нерон дар Сенат Трагея Пет ҳалок мегардад, Соли 67 бо амри император лашкаркаши беҳтарини Империя Домитсий Корбулон, ки римиҳоро дар ҷанги зидди Порт аз фоҷеа наҷот додааст, ба қатл расонида мешавад. Баъди шикасти қӯшунҳои Рим аз қӯшунҳои Порт дар соли 62 Корбулон тадбирҳои ҷиддию нотарсонаи ҷавобӣ андешид, ки дар натиҷаи ин ҷанги Риму Порт бо муросои барои ба ҳарду тараф қобили қабул ба анҷом расид. Бародари шоҳи Порт Тиридат ҳокими Арманистон мешавад, вале ӯ диодеми (рамзи) шоҳиро аз дасти Нерон гирифта, бо ҳамин истиқлолияти ӯро бар худ (соли 66) эътироф менамояд. Вале Нерон ин хизмати Доминитсий Корбулонро ба назари эътибор намегирад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *