Фанни Таърих

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Темур ва Темуриён

Нақша:

1.Вазъи сиёсии Осиёи Миёна дар асри ХlV.

2.Шӯриши сарбадорон ва моҳияти он.

3.Ба сари ҳокимият омадани Тему рва ҷангҳои ғоратгаронаи ӯ.

4.Осиёи Миёна дар аҳди Темуриён.

Дар нимаи дуюми асри Х1У дар Мовароуннаҳр парокандагии мулкҳо дида мешуд.Ҳокимони маҳаллӣ барои ба даст овардани истиқлолияти ба муқобили ҳукумати марказии муғулҳо мубориза мебурданд. Дар ин давра писари беки барлос Тарағай (деҳаи Хоҷа Илғори наздикии Шаҳрисабз) — Темур сиёсати худро ҷорӣ менамояд.

Соли 1360 хони муғул Туғлуқ Темур ба Мовароуннаҳр лашкар кашида ба водии Қашқадарё ворид гардид. Соли 1361 Мовароуннаҳрро забт намуда писараш Илёсхоҷаро ҳоким тайин мекунад. Темур , ки дар хизмати Туғлуқ қарор дошт аз хизмати Илёсхоҷа даст кашида бо ҳокими Балх Ҳусейн забон як карда, ба Туғлуқ Темур хиёнат мекунад.Ба хоҳари Ҳусейн Улҷа Туркон хонадор мешавад. Темур дар ҷанг дар Сиистон аз дасту пои росташ захмин шуда, лақаби Темури лангро мегирад. Темур ва Ҳусейн соли 1364 Мовароуннаҳрро ишғол мекунанд. Пас аз марги Туғлуқ Темур Темур ва Ҳусейн Илёсхоҷаро аз Мовароуннаҳр меронанд. Илёсхоҷа барои гирифтани қасос соли 1365 ба Мовароуннаҳр лашкар мекашад.Ин ҷанг дар соҳили дарёи Чирчиқ дар байни Чиноз ва Тошканд ба амал омадааст. Аз сабаби боридани борон ин ҷанг дар таърих номи «ҷанги лой»-ро гирифт.

Самарқанд пас аз он ки соли 1220-ум аз тарафи Чингизхон тороҷ карда шуда, буд деворҳои мустаҳкам надошт Яроқи мудофиавӣ ҳам ба қадри кифоя мавҷуд набуд. Аъёну ашроф баҳри наҷот додани боигарии худ тайёр буданд, ки ба душман таслим шаванд. Қисмҳои ҳарбӣ бошанд, ҳамроҳи Ҳусейну Темур гурехта буданд. Танҳо аҳолии меҳнаткаши шаҳр ҷасурӣ карда, ҳимояи шаҳрро ба зиммаи худ гирифт. Ин ҳимоя бо шиори «сарбадорон» сар зада буд.

Ҳаракати «сарбадорон» ҳанӯз дар нимаи солҳои сиюми асри XVI, вақти дар Хуросон ба вуҷуд омадани ҳаракати зидди муғулҳо, дар таҳти шиори « Ё сар ба дор медиҳем ва ё зулми муғулҳоро дафъ менамоем» пайдо шуда буд.

Баъди шикаст хӯрдани Темур ва Ҳусейн дар ҷанги лой (1365) ва рӯ ба гурез ниҳодани онҳо ба ҷониби вилояти Балх, Самарқанд бесаробон мемонад.Илёсхоҷа ба ишғоли Самарқанд омодагӣ мебинад. Хатар ба Самарқандро ҳис намуда мардуми он бо сарварии Мавлонозода, Мавлоно Хурдаки Бухорои ва Абӯбакр Наддоф мудофиаи Самарқандро ташкил мекунанд. Дарвозаи асосии шаҳрро кушода мемонанд. Илёсхоҷа фикр мекунад, ки мардуми Самарқанд бе зиддият таслим мешавад. Лек гумони ӯ хато мебарояд. Мудофиа хуб ташкил карда шуда буд.

Ҷавобан ба даъвати Мавлонозода 10 ҳазор ҷавонони далер қасам ёд карда, мусаллаҳ шуданд ва ба мудоифиаи шаҳр баромаданд. . Шаҳр бошад, ба қисмҳои мудофиавӣ тақсим карда шуда, дар он миқдори зиёди сангарбандҳо (баррикада) сохта шуданд. Умуман , дар муддати се рӯз барои мудофиаи шаҳр тамоми шароитҳои муҳайё сохта шуданд. Муҳофизаткунандагон барои фиреб додани душман як дарвозаи шаҳрро кушода монда, аз ду тарафи кӯчае, ки аз ин дарвоза мебаромад, сарбозҳоро дар шинакҳо ҷойгир намуданд. Худи Мавлонозода дар охири кӯча бо 500 ҷанговар истода, ба муғулҳо интизор шуд. Муғулҳои ситамгар пешакӣ аз тӯъмаи тайёр сархуш гардида, якбора ба ҳамин дарвозаи кушодаи шаҳр дохил шуданд. Ҳамоно ки муғулҳо ба масофаи муайян наздик омаданд, аз тарафи ҷанговарони дар шинакҳо нишаста тирборон карда шуданд. Муғулҳо дар ин ҷо қариб ду ҳазор касро талаф дода, ба қафо гурехтанд. Вале онҳо қасос гирифтанӣ шуда, шаҳри Самарқандро ба муҳосираи дуру дароз гирифтанд. Аммо пас аз он ки аспҳои муғулҳо ба касалии сахт дучор шуда, қисми зиёдашон нобуд шуд, қобилияти ҷангии худи муғулҳо ҳам суст гардид ва онҳо маҷбур шуданд, ки муҳосираи Самарқандро тарк карда, шармандавор ба қафо баргарданд. Ба ҳамин тариқ, халқ шаҳри азизи худро аз ҷанголи душман наҷот дод. Овозаи ин ғалаба ба тезӣ дар тамоми Мовароуннаҳру Хуросон паҳн гардида, шӯҳрати ҷанговарони Самарқандро машҳур гардонид.

Тамоми зимистон дар Самарқанд ҳокимият дар дасти сарбадорон монд ва онҳо якчанд чораҳое андешиданд, ки онҳо бар хилофи манфиати истисморкунандагон буданд.

Баҳори соли 1366 амир Ҳусейн ва Темур ба Самарқанд омада сардорони сарбадоронро ба назди хеш хонданд ва бо роҳи фиреб онҳоро қатл карданд. Танҳо бо илтимоси Темур Мавлонозода зинда монду халос. Баъд аз ин Ҳусейн ба Самарқанд дохил шуда, ба аҳоли товони ҷанг андохт . Дар ин маврид сиёсатмадори маккор Темурланг тамоми товони ҷангро, ки ба гардани аҳолӣ бор карда шуда буд, аз хазинаи худ бароварда ба Ҳусейн дод ва бо ҳамин роҳ худро «хайрхоҳи» халқ вонамуд сохта, хост, ки қувваи онро дар мубориза бар зидди Ҳусейн истифода кунад.

Ҷунбиши сарбадорон , ки солҳои 1365- 1366 ба муқобили муғулҳо равона шуда буд, ғалаба кард..

Ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд ин давоми бевоситаи ҷунбиши Сарбадорони Хуросон буд. Давлати Сарбадорони Сабзавор дар Хуросон соли 1336 ба вуҷуд омада то соли 1881 мавҷуд буд. Ин давлати охирини асримиёнагии тоҷикон аст.Ин давлат дар замони ҳукмронии Абӯсаиди Элхон ба вуҷуд омадааст, ки элчиёни муғулӣ ба хотири ҷамъ кардани хироҷ ба деҳаи Боштини Бойҳақ омаданд , ки он боиси ба вуҷудоии ин давлат гардидааст. Намояндагони ин давлат инҳоянд :

Паҳлавон Абдураззоқи Боштинӣ 1335

Ваҷеҳуддини Масъуд — августи 1337

Муҳаммади Ойтемур — 1344

Кулӯ Исфандиёр 1346 – 1347

Шамсуддин Фазлуллоҳ 1348 –13 49

Хоҷа Шамсуддин Алии Чашмӣ 1349-1351

Хоҷа Яҳёи Каровӣ 1352 –1353

Хоҷа Заҳируддини Каровӣ 1358

Паҳлавон Ҳайдари Қассоб июни 1359

Хоҷа Лутфуллоҳи Боштинӣ 1360

Паҳлавон Ҳасани Домғонӣ октябри 1361

Хоҷа Алии Муайид 1365 – 1381 (1387 марги ӯ)

Ҳусейн аз ин рафтори Темур ба бим афтода, барои задухӯрд бо ӯ тайёр шуд. Темур бо амирони Осиёи Миёна алоқа карда, бо қувваи зиёде соли 1370 бар зидди Ҳусейн баромад. Ӯ дар Балх Ҳусейнро асир гирифта, ба дасти ҳокими Хатлон Кайхусрав супурд, ки ӯ Ҳусейнро ба зудӣ ба қатл расонид.

Темур Самарқандро пойтахти худ интихоб карда, девор ва аркҳои онро аз нав сохт ва шаҳрҳои Қаршӣ, Бухоро ва Шаҳрисабзро ҳам мустаҳкам намуд. Ин чораҷӯиҳо боиси он гардиданд, ки аҳолии шаҳрҳо хайрхоҳи Темур шуданд.

Темур барзгаронро даъват мекард, ки зироатчигиро ривоҷ диҳанд. Ғайр аз ин ӯ шайхони тариқаҳои гуногуни тасаввуфро ҳам тарафдорӣ мекард.

Дар солҳои 70-ум Темурланг муқобилияти муғулҳои Ҳафтрӯд ва Ӯрдаи Сафедро (дар поёноби дарьёи Сир) шикаста, сарҳади шимолии худро бехатар кард.

Аз солҳои 80-ум сар карда Темур ба ҷангҳои ғоратгаронаи худ шурӯъ намуд. Ӯ соли 1379 Хоразмро ба даст дароварда, пойтахти он шаҳри Урганҷро вайрон кард ва аҳолии онро ба дигар музофотҳо кӯчонид. Аз ҷумла, косибон ва устоҳои Урганҷ ба Кеш оварда шуданд, ки онҳо дар он ҷо « Оқ Сарой»-ро сохтанд.

Баъд аз забт намудани Хоразм Темурланг ба Эрон ҳуҷум оварда он ҷоро ҳам ба даст даровард. Бо фармони Темур сарбозони ӯ дар Сабзавор ва Сиистон аз ҷасадҳои одамон «калламанора» сохтанд.

Дар солҳои 90-ум Темур бар зидди хони Олтин Ӯрда Тӯхтамишхон ҷангҳо кард. Ӯ соли 1391 ба воситаи даштҳои Қазоқистон то дарьёи Волга ҳуҷум карда, бо ғаниматҳои зиёди ҳарбӣ ба Самарқанд баргашт.

Солҳои 1394-95 Темур ба Кавказ, Поволожье ҳуҷум оварда, шаҳрҳои асосии Олтинӯрда Астрахану Саройро вайрон ва тороҷ кард. Баъзе отрядҳои лашкари Темур Қримро муҳосира карда, то ба сарҳадии Венгрия ва давлати Москва расиданд ва бо ғаниматҳои зиёди ҳарбӣ ба қафо баргаштанд.

Баъди ба Самарқанд баргаштан Темур ҳукмронии Эрони Ғарбиро ба писараш Мироншоҳ ва Хуросону вилоятҳои шарқиро ба писари дигараш Шоҳрух супурд.

Пас аз ин Темур дар соли 1398 ба Ҳиндустон лашкар кашид. Ин ҳуҷум аз тамоми ғоратгариҳои дигари Темур даҳшатовартар буд Бо фармони ӯ 100 ҳазор ҳиндустониёни асирафтода кушта шуданд ва вилоятҳои забткардашудаи Ҳинд тороҷ карда шуданд.

Дар давоми солҳои 1400-1404 Темурланг ба Сурия ва Осиёи Хурд ҳамла карда, султони турк Боязидро асир гирифт ва то соҳилҳои баҳри Миёназаминро ба даст даровард. Пас аз он ки Темур бо пирузи ба Самарқанд баргашт, дар ин ҷо чандин моҳ тӯй ва тамошоҳо ташкил дода, барои истилои мамлакати Чин тайёрӣ медид. Зимистон соли 1405 – ум ӯ бо лашкари 200 ҳазорнафара бар зидди Хитой ҳуҷум сар кард. Вале зимистони хунук пеши роҳи Темурро гирифт ва ӯ пас аз шамол хӯрдан 18 феврали соли 1405 дар шаҳри Утрор вафот кард.

Темур ҳамчун ташкилотчии моҳир кори ҳарбиро ҳам ривоҷ дода буд. Вай ба ҷои тартиботи ҷангии марказ ва қанотҳои чапу рост лашкари амалкунандаро ба ҳафт қисм тақсим кард, ки дар байни онҳо дастаҳои разведка, ҳимояи қанотҳо ва гурӯҳҳои дарьергарду эҳтиётӣ амал мекарданд. Темур аз ҷиҳати сохти ташкилӣ дар қатори тартиботи кӯҳнаи низомӣ лашкарро боз ба панҷҳоӣ, садӣ, саду панҷоҳӣ ва панҷсадӣ тақсим кард. Дар замони Темур истифода кардани яроқи оташфишон сар шуда буд. Дар лашкари Темур барои қисмҳои гуногуни лашкар либос ва нишонаҳои махсус ҷорӣ карда шуда буд.

Империяи бузурги Темурланг аз ҷиҳати идоракунии давлатӣ-маъмурӣ ниҳоят суст буда, ягон чораи ба тартиби муайян даровардани он дида нашуда буд. Темур гоҳо барои назорат ва тафтиш аз болои ҳокимони вилоятҳои дурдаст одамони худро мефиристод.

Дар замони ӯ системаи суюрғал, яъне барои хизматҳо ҳадья додани замин натанҳо тараққӣ кард, балки характери меросиро гирифт. Темур дар охири умраш ба сарлашкаронаш заминҳои зиёдеро ба сифати суюрғал – меросӣ дода буд.

Баъд аз вафоти Темур дар байни ворисони ӯ барои тоҷу тахт муборизаи шадид ба вуҷуд омад. Дар ин мубориза Шоҳрух, ки ҳокими Хуросон буд, ғалаба кард. Вале ӯ аз як қисми заминҳои дар ғарб забткардаи Темур – Закавказья, Озарбойҷон ва Ироқ даст кашид.

Шоҳрух пойтахти худ Ҳиротро интихоб намуда, тамоми вилоятҳоро дар байни писаронаш ба сифати амлоки хосса тақсим кард, ки мувофиқи ин тақсими ӯ Мовароуннаҳр ба Улуғбек ва Хуросон ба Бойсанқур дода шуда буд. Ин вилоятҳо ҳамчун давлатчаҳои мустақили феодалӣ вуҷуд доштанд. Масалан, Улуғбек дар Самарқанд аз номи худ тангаҳо бароварда, дар ҷангҳо мустақилона баромад мекард. Вале бояд гуфт, ки дар замони Шоҳрух ҷангҳои муваффақиятнок бурда нашудаанд.

Шоҳрух тарафдори рӯҳониёни мусулмон буда, онро ҳимоя мекард. Улуғбек бошад, олимони зиёдеро дар Самарқанд ҷамъ карда, ба тадқиқи коинот машғул буд. Бойсанқур дар навбати худ дар дарбораш шоирон, рассомон ва сарояндагонро гирд оварда буд.

Дар замони Шоҳрух системаи суюрғал то ба қуллаҳои баланди худ тараққӣ карда, яке аз сабабҳои барҳам додани давлати Темуриён гардида буд.

Пас аз вафоти Шоҳрух соли 1447 давлат ба дасти Улуғбек гузашт, вале дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ ва муборизаи рӯҳониёни мутаассиб соли 1449 Улуғбек аз тарафи писараш Абдулатиф кушта шуд. Соли 1450 писари Улуғбек ҳам дар задухӯрдҳои дохилӣ қурбон шуд.

Пас аз вафоти Абулқосим Бобур (соли 1456) Абӯсаид тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид сохта, то соли 1468 – ум ҳукмронӣ кард. Муборизаҳои байни худии хонадони султонӣ аз нав аланга гирифтанд ва давлат дар Ҳирот ба дасти Ҳусейн Бойқаро, ки то соли 1506 ҳукмронӣ кардааст, гузашт . Самарқанд бошад, ба дасти писари Абӯсаид Аҳмад гузашт, ки ӯто соли 1494 ум дар он ҷо ҳукмрон буд.

Чунин парокандагӣ ба он сабаб гардид, ки давлати Темуриён дар натиҷаи ҳуҷуми қабилаҳои кӯчминчии ӯзбек тамоман аз байн равад

Адабиёт:

1.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон…Қ.2 — Душанбе. 1983.

2.Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Москва, 2002

3.Шукуров М.Р. Раҳматуллоев А.З. Таърихи халки точик. Душанбе, 1975

4.История таджикского народа. Т.2 кн. 1. 1964.

5.Айнӣ С. А. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик.Д, 1987

6.Неъматов Н.Н. ва дигарон Таърихи халқи тоҷик Д., 2003.

7.Амиршоҳӣ Н. Давлати Курдҳои Ҳирот (1225-1387) Д,1991.

8.Байматов Л. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ. Д, 1991.

9.Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик. Д.,1977.

10.Амиршоҳи Н Давлатдории тоҷикон (асрҳои IҶ-ҶIV). Д. 1999

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *