Фанни Таърих

Барқарор кардани якпорчагии империяи Рим

Салтанати кӯтоҳмуддати Клавдийи II, ки тахалдлуси фахрии «Гот»-ро мегирад, оғози замони барқароркунии ягонагии сиёсӣ ва иқтидори ҳарбии Империяи Рим (268 — 270) мешавад. Дар лаҳзаи ба сари ҳокимият омадани Клавдийи II Империяи ягонаи Рим дар амал вуҷуд надошт. Вазъият барои он боз ҳам мураккабтар шуд, ки ба Империяи Рим қабилаҳои Fврупои Шарқӣ бо сардории готҳо зада медароянд. Флоти готҳо, ки зиёда аз 2000 қаиқ иборат буд, ба воситаи гулугоҳ ба баҳри Эгей медароянд. Готҳо шаҳру деҳоти наздисоҳилиро аз димоғаи Афон то Крит ва Кипр талаю тороҷ карданд. Баъди ин шаҳри калони Фессалоникаро муҳосира карданд.

Қӯшунҳои худро ҷамъ карда, Клавдийи II саросемавор ба ёрии аҳолии музофотҳои ғоратшуда меравад. Ҷанг бо готҳо дар наздикии шаҳри Наисса (Ниша) ба амал омад. Баъди муборизаи тезутунд ба римиҳо муяссар шуд, ки бар дружинаҳои готҳо ва иттифоқчиёни аз назари шумора афзалиятдоштаи рақибон ғолиб бароянд. Дар майдони набард ҷасадҳои наздики 50.000 ҷанговар хобида, даҳҳо ҳазор сарбозон ва зану кӯдакон ба асорат афтода, ба ғуломӣ фурӯхта мешаванд. Ғалаба бар готҳо ба римиҳо шумораи зиёди ғуломон ва ғанимати бойи ҳарбӣ овард, ки онҳо хазинаи Империяро пур карданд. Даҳҳо ҳазор готҳои ҷон ба саломатбурда дар артиши Рим ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда, ё дар заминҳои холишуда ба сифати колонҳо сокин кунонида шуданд. Лекин дар баробари ин, мавҷуд будани ҷасадҳои ба хок носупорида ба авҷ гирифтани бемории мараз сабаб шуда, Мезия ва Паннонияро беодам гардонид.

Аз бемории мараз мурда истода, Клавдийи II (соли 270) фармондеҳи ҳарбӣ Аврелианро меросхури худ ном мебарад. Писари деҳқони оддии паннонӣ, Аврелиан бо шарофати ҷасорат ва истеъдоди баланди ҳарбии худ ҳамаи унвону мартабаҳои ҳарбиро аз сарбози оддӣ то сарфармондеҳи ҳарбиро тай мекунад. Дар тули ҳукмронии панҷсола (солҳои 270 – 275) Аврелиан на танҳо берун аз ҳудудҳои Империяи Рим ҷангҳои бомуваффақона кард, инчунин ба ӯ муяссар шуд, ки ягонагии сиёсии Империяро аз нав барқарор намояд. Барои ин Сенат ба ӯ унвони фахрии «барқароркунандаи ваҳдат»-ро тақдим мекунад.

Зада даромадани нави готҳоро дар заминҳои музофотҳои Назди Дунай баргардонида, Аврелиан бо мақсади осон кардани мудофиаи сарҳадҳои Дунай тасмим гирифт, ки Дакияро тоза кунад. Барои ин ӯ амр кард, ки қӯшунҳоро аз Дакия ба соҳили рости дарёи Дунай бароранд, инчунин мустамликачиёни римие, ки дар заминҳои Дакия сукунат доштанд, ба ҷои дигар кӯчида раванд. Як қисми аҳолии Дакия амри императорро иҷро карда, аз мамлакат баромада рафтанд, вале шумораи зиёди муҳоҷирони дар Дакия сокиншуда аз муҳоҷиршавӣ саркашӣ карданд. Ин муҳоҷирони римӣ баъдтар бо қабилаҳои дар Дакия сокингардида омезиш ёфтанд.

Сарҳадҳои Дунайро мустаҳкам карда, Аврелиан саросемавор ба Италияи Шимолӣ рафт. Соли 271 ба он ҷо урдуи калони алеманҳо зада даромада, заминҳои байни Алп ва дарёи Падусро ба харобазор табдил дода буданд. Мубориза бо урдуҳои олмонӣ хеле мушкил ва шиддатнок буд. Ба алеманҳо муяссар шуд, ки дар наздикии Пласенсия бар римиҳо ғалаба ба даст оранд.Тамоми Италияи Миёна ва Рим дар зери таҳдиди ҳамлаи онҳо қарор мегирад. Танҳо бо шарофати ҷидду ҷаҳди беандоза мушкил ба Аврелиан муяссар шуд, ки алеманҳоро ба он тарафи Алп ақиб партояд.

Гай Пий Эзувий Тетрик Картинки по запросу Древняя Пальмира

Тетрик Палмира

Ҳамлаҳои алеманҳо ва хатар ба худи пойтахт Аврелианро маҷбупр сохт, ки баҳри таъмини ҳимояи шаҳри Рим тадбирҳои зарурӣ андешад, Аврелиан ба сохтани хати нави мудофиавӣ шурӯъ мекунад, ки он аз деворҳои баланди хиштин ва манораҳои калони дифоӣ иборат буд. Дарозии умумии ин девори истеҳкомӣ 18 километрро ташкил кард. Як қисми «Деворҳои Аврелиан» (соли 272) то имрӯз ҳам боқӣ мондааст. Баъди ин Аврелиан даст ба мубориза бар зидди музофотҳои ҷудошуда мезанад. Аввал ӯ қӯшунро бар зидди Галлия ва Испания нигаронид, ки онҳо дар зери ҳокимияти заминдори сарватманди маҳаллӣ Тетрик қарор доштанд. Тетрик аз ҷанг бо Аврелиан тарсида, ба урдугоҳи римиҳо меравад, вале галлҳо муқовиматро бар зидди Аврелиан давом медиҳанд. Аврелиан артиши онҳоро дар майдони ҷанг несту нобуд карда, шаҳри Лугдун (имрӯза Лион)-ро ба даст медарорад. Галлия ва Испания аз нав ба тобеияти Рим баргардонида мешаванд.

http://www.ancient-origins.net/sites/default/files/field/image/Zenobia-the-Warrior-Queen.jpg Картинки по запросу Император Проба

Зенобия Проб

Баъди барқарор кардани истиқлолияти Рим дар Ғарб, Аврелиан ба тарафи Шарқ ҳаракат мекунад. Қисми зиёди музофотҳои шарқии Рим ин вақт дар зери ҳокимияти сулолаи палмирагии намояндааш Оденат қарор дошта, баъди марги ӯ Палмираро ҳамсараш Зенобия идора мекард. Ин зани бо ақлу фаросат ва боҳавсала таъсири худро дар ҳамаи музофотҳои Шарқ паҳн намуда, вале салтанати Аврелианро эътироф намекард. Соли 272 Аврелиан, қӯшунҳои Зенобияро аз Осиёи Хурд ва Сурия фишор дода бароварда, Палмираро муҳосира карда, онро маҷбур месозад, ки таслим шавад. Зенобия кушиш ба харҷ медиҳад, то ки ба Эрон гурезад, вале асир гирифта мешавад. Аврелиан дар аввал бо рӯёнидани товони ҷанг ва додани ҷазо ба мушовирони Занобия маҳдуд мешавад. Вале вақте ки ба Ғарб раҳсипор мешавад, сокинони Палмира аз нав шӯриш мебардоранд. Аврелиан шӯришро пахш карда, фармуд, ки аҳолиии Палмираро қир кунанд. Шаҳри Палмира (соли 273) ба харобазор табдил дода мешавад. Дере нагузашта Аврелиан Мисрро низ ишғол мекунад. Ҳамин тариқ, то соли 274 ягонагии сиёсии Империяи Рим пурра барқарор карда мешавад.

Кушиши ба эътидол овардани вазъи дохилии Империяи Рим, дар пойтахт ҳукмрон гардонидани оромӣ натиҷаи мусбат медиҳад. Аврелиан тартиби тақсими нонро ба аҳолии камбағали шаҳри Римро тағйир медиҳад. Ба ҷои ғалла ӯ фармуд, ки нони тайёри ба он равғани зайтун ва намак андохта тақсим карда шавад. Барои он, ки ин нонтақсимкунӣ бе танаффус сурат гирад, Аврелиан вазифаи кашонидани ғалларо ба пойтахт ба Коллегияи соҳибони киштиҳо вогузор карда, Коллегияи тоҷирон бошад, — пухтау омода сохтани нон ва озуқаҳои дигарро. Чунин сурат гирифт низоми ӯҳдадориҳои натуралӣ, ки ба аҳолии шаҳрии Империяи Рим вогузор карда шуда буданд.

Кушиши Аврелиан баҳри ба амал баровардани ислоҳоти пулӣ ва муқаррар кардани қоидаҳои ченаки тангаҳо ба шӯриши калони «сикказанон» – косибони озод ва ғуломон оварда расонид, ки онҳо дар сиккахонаи Рим фаъолият доштанд. Ба шӯриш аҳолии камбағали Рим мепайвандад. Ин шӯриш бо мушкилии зиёд пахш карда мешавад.

Кушиши Аврелиан дар бораи худро «ҷаноб ва худо» номидан ва ба ҳамин васила анъанаи кӯҳнаи Ҷумҳуриро нест кардан як қатор сӯиқасдҳои сенаторҳоро ба вуҷуд овард. Аврелиан сӯиқасдчиёнро золимона қир кард. Вале соли 275 ҳангоми лашкаркашӣ ба Шарқ ба қатл расонида мешавад.

Соли 275 қӯшун яке аз кормандони наздики Аврелиан – Проби иллариро (солҳои 276 – 282) император эълон мекунад. Проб ҳамлаи қабилаҳои олмони (франкҳо ва алеманҳо)-ро дар Галлия бомуваффақияи зада мегардонад. Ӯ бо қӯшунҳяш ба он тарафи дарёи Рейн гузашта, истиқлолияти Римро дар «майдонҳои докумат» аз нав барқарор мекунад.

Картинки по запросу Император Нумериан Картинки по запросу Картинки по запросу Император Диоклетиан

Карин Нумериан Диоклетиан

Қабилаҳои олмониро аз қаламрави музофотҳоли Рим пеш карда, Проб истеҳкомҳоро аз нав барқарор намуда, ба заминҳои холишуда асирони ҳарбиро сокин мекунонад. Баъди ин ӯ ба Миср раҳсимор шуда, дар он ҷо шӯришро пахш карда, аз Мисри Шимолӣ қабилаи блеммиҳои ба он ҷо зададаромадаро пеш мекунад. Проб бо Сенат муносибатҳои оромонаи мусолиҳатомез барпо намуд. Вале соли 282 ҳангоми исёни сарбозони аз дар шароити осоишта сохтани иншоотҳои калон норорзибуда ба қатл расонида мешавад.

Дар байни солҳои 282 – 284 дар Империяи Рим ду нафар императорӣ кардааст: Марк Аврелий Кар ва Нумериан Марк Аврелий.

Марк Аврелий Кар (аз лотинӣ: Marcus Aurelius Carus), дар таърихнигории Рим бештар бо номи Кар маълум буда, дар Империяи Рим солҳои 282 – 283 императорӣ кардааст. Кар, эҳтимол, аз Галлияи Норбон бошад. Дар замони ҳукмронии Проб ӯ дар вазифаи префекти претория фаъолият доштааст. Соли 282 Карро қӯшунҳои Ретсин ва Норик императори Рим эълон мекунанд. Ба ӯ муяссар мешавад, ки сарматҳо ва квадҳоро дар сарҳади Дунай торумор кунад ва баъди ин дар Байнаннаҳрайн бар форсҳо дастболо шавад. Вале баъди гирифтани Тайсафун (Ктесифон) ва убур кардан ба соҳили муқобили дарёи Даҷла, Кар гӯё дар хаймаи худ вафот карда бошад. Писарони Кар, Карин ва Нумериан меросхурони падар мешаванрд.

Марк Аврелий Карин (аз лотинӣ: Marcus Aurelius Carinus), дар таърихнигории Рим бештар ҳамчун Карин маълум буда, дар солҳои 283 – 285 дар Империяи Рим императорӣ кардааст.

Карин писари калонии префекти претория Кар мебошад. Баъди он, ки Кар император эълон карда мешавад, Каринро бо унвони Сезар ҳамҳокими худ эълон карда, ӯро ҳокими музофотҳои ғарбӣ монда, худаш бо ҳамроҳии писари хурдӣ Нумериан бар зидди форсҳо лашкар мекашад. Баъди вафоти падар ва бародараш Карин бар зидди аз тарафи легионҳои шарқӣ императори Рим эълон карда шудани Диоклетиан мебарояд, вале дар муҳорибаи асосӣ (генералӣ) дар водии Марга шикаст мехурад ва ба қатл расонида мешавад.

Марк Аврелий Нумерий Нумериан (аз лотинӣ: Marcus Aurelius Numerius Numerianus) дар таърихнигории Рим ҳамчун Нумериан – императори Рим, ки солҳои 283 – 284 салтанат рондааст, маълум аст.

Нумериан писари хурдии префекти претория Кар буда, баъд аз он, ки Кар императори Империяи Рим эълон карда мешавад, ӯро бо унвони Сезар ҳамҳокими худ таъйин мекунад. Баъди ҷанги навбатии Риму Сосониён Нумериан бо ҳамроҳии падараш дар лашкаркашӣ иштирок мекунад. Баъди вафоти Кар ӯ дар Шарқ Август мешавад, акааш Карин бошад, дар қисмати ғарбии Империя ҳукмроӣи мекард. Баъди баргаштан аз ҷанги зидди Сосониён Нумериан дар Осиёи Хурд ба қатл расонида мешавад.

Мо ин ҷо императорони дигари сарбозонро дар солҳои 235 – 253 ном набурдаем, чунки онҳо ё кам ҳукмронӣ кардаанд ва ё дар таърихи Империяи Рим нақши муҳим набозидаанд, ба ҳар ҳол ҳама инмператорони сарбозҳоро ном мебарем:

Максими Фракӣ, Гай Юлий Вер, (235-238), Гордиани I, Марк Антоний (238), Гордиани II, Марк Антоний (238), Балбин, Детсим Селий Калвин (238), Максим I, Марк Клодий Пупиен (238), Гордиани III, Марк Антоний (238-244), Филипп Аравитянин Марк Юлий (244-249), Филиппи Хурдӣ (247-249), Детсий, Гай Мессин Квинт (249-251), Геренний (251), Гостилиан, Гай Валет-Мессий Квинт (251-252), Галл, Гай Вибий Требониан (251-253), Волузиан (252-253), Эмилиан (253), Валериан (253-259), Галлиен, Публий, Литсиний Валериан Эгнатсий (253-268), Нигенуй (258-259), Филвий Макариан, Юний Макриан ва Квинт (259-261), Постум (аз Галлия, (259-268), Реталиан (260), Эмилиан (261-262), Авреол (268), Марий (аз Галлия) (268), Клавдийи II (258-270), Викторин (дар Галлия) (268-270), Тетрик (дар Галлий) (270-273), Зенобия (дар Палмира) (270-272), Квинтилл Марк Аврелий Клавдий (бародари император Клавдий) (270), Аврелиан, Лутсий Домитсий (269/270-275), Татсит, Марк Клавдий (275-276), Флориан Марк Анний (276), Прокул ва Бонос (276-282), Проб, Марк Аврелий (276-282), Сатурнин (279-281), Кар (282-283), Карин (282-285), Нумериан, Марк Аврелий (282-284), Юлиан (283-285) ҳамагӣ 41 император, ки як қисми онҳо дар вазифаи императорӣ ҳамҳоким буданд.

Соли 284 қӯшун илларӣ Гай Валерий Аврелий Диоклетианро император эълон мекунад. Дар баробари ба сари ҳокимият омадани Диоклетиан дар таърихи Империяи Рим марҳалаи нав оғоз меёбад – марҳалаи доминат.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *