Фанни Таърих

Маданияти Рими қадим

Дар бораи маданияти Рими қадим дар илми фарҳангшиносӣ ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Аз ҷумла фархангшиносони маъруф ба мисли О.Шпенглер ватА.Тойнби қайд кардаанд,ки тамоми давраи Рим аз инқирози тамаддуни антиқӣ шаҳодат медиҳад, аз ин рў Рим дар инкишофи ин тамаддун нақши муайяне набозидааст.Е.А.Штаерман таъкид менамояд,ки Рим ба мисли Афина маданияти баланд наофаридааст. Римиён ба монанди юнониҳо мифологияи бой надоштаанд, тасаввуроти онҳо ба монанди юнониҳо дар бораи офарида шудани дунё ва одам чандон муназзам набуд.Ҷаҳонбинии онҳо муддатҳои дароз ба тасаввуоти басо соддае такя мекард.

Муаррихи давраи шўравӣ С.Л.Уттенко бошад, баръакс таъкид менамояд,ки Рим тамаддуни хоси худро ба вуҷуд оварда буд.Ў барои исботи фикраш шакли ҳукмронии демократиро,ки дар натиҷаи муборизаҳои плебейҳо патрисийҳо ҷорӣ гардида буд; ҷангҳои доимиро,ки дар натиҷаи он Рим аз шаҳраки хурдакак ба пойтахти давлати бузург табдил ёфта буд ва ниҳоят, бар асари ин воқеаҳо дар мамлакат ташаккул ёфтани идеологияи дини насрониро ,ки Римро шаҳри муқаддас ва халқи онро – римиёнро назаркардаи худоҳо эълон карда буд далел меоварад.Аз тарафи дигар мардуми Рим санъаткор, бародарон Ромул ва Ремро асосгузори меъморию бунёдгари шаҳри Рим меҳисобанд. Мувофиқи асотирҳои Рими қадим яке аз талаботи асосӣ ин садоқат ба шаҳри Рим мебошад.Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар нимаи авали асри V – то милод дар Рим маъбади Садоқат сохта шудааст. Талаботи дуюм Мардонагӣ ва талаботи сеюм Озодӣ номида шуда буд.Мафҳумҳои Садоқат, Мардонагӣ ва Озодӣ арзишҳои волои ахлоқи римиёнро ташкил медоданд.

Римиён аз ҷиҳати эътиқотҳои динӣ дар давраи қадим ба бисёрхудоӣ рўй оварда буданд, ки ҳайвонҳоро низ парастиш мекарданд.Баъзе аз анъанаю эътиқодҳои динӣ ( Нумагӣ) – ашон то сатҳи хонаводагӣ ва давлатӣ расидааст. Сипас дар асри 1-и милодӣ парастиши дини Насронӣ ( пайғамбараш Исои Масеҳ) оғоз ёфта буд, ки ҳоло яке аз дини ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Хусусиятҳои дигари комёбиҳои фарҳангию ҳуқуқии мардуми Рими қадим ин волоияти қонун бо ном ( 12 таблитсаи римӣ) мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии ҷомеаро ба танзим меоварад.

Инчунин рақамҳои римӣ, солшумории милодӣ ва номи моҳҳо ( январ, феврал,…) ки то ҳол аз тарафи мардуми оламиён пазируфта шудааст, аҳамияти хос пайдо кардаанд.

Дар ҳақиқат, Рим ҷпнгҳои беамон мебурд.Чанги Рим бо Карфаген ( ҷанги якуми Пунӣ (260-241то мил.) барои ишғол намудани Ситсилия ва роҳ кушодан фулузоти Испания, ба ноҳияи Рим табдил ёфтани Мақдуния(148то мил.) ба истиснои Афина, Спарта ва делфа ба воли Мақдуния тобеъ сотани ҳамаи шаҳрҳои Юнон, забт намудани Ариқо дар асоси васиятномаи шоҳи Пергам Аттали 111 ба ихтиёри Рим гузаштани Осиё дар асри 11 то мил. дар ҳаёти Рим , пеш аз ҳама дар сохтори иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд.Дар Рим табақаҳои гуногун ба мисли ашрофон, сенаторон, оилаҳои маъруф, савдогарон, сарлашкарон, ҳуқуқшиносон, нотиқон ва ғайраҳо лайдо мешавнд.Ҳамин гунна тафриқа дар байни плебейҳо низ дида мешуд. Дар деҳот заминдорони калон заминҳои хурдро аз худ мекарданд. Дар натиҷа шумораи қарздорон, когарони кироя ва безаминон меафзуд. Плебейҳои шаҳрӣ- ҳунармандон, савдогарони хурд, бинокорон ҳукуматдорони даврро тарафдор буданд.

Хамаи ин ҳодисаҳои ҷамъиятию сиёси-иҷтимоӣ роҳбарии оқилонаро талаб мекард.Аммо дар мамлакат мутахассисони босавод, бомаърифат намерасиданд. Ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии давлати Рим торафт мураккаб ва душвор мегардад.

Дар чунин шароит ҳукматдорони Рим барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба ба Юнон муроҷиат менамоянд. Ин буд, ки алоқаи мадании Рим бо тамоми вилоятҳои Баҳри Миёназамин мустаҳкам мегардад.Аз ҳамин вақт сар карда римиён барои пеш бурдани иқтисодиёти мамлакат аз собиқ давлатҳои ҳеллинӣ юнониҳо- ғуломони босаводро ба кор оварда бошанд, аз тарафи дигар худашон низ ба омўхтани забо, адабиёт ва фалсафа, таърих, ҳуқуқ, санъатҳои нотиқӣ, театрӣ а ғайраро ба роҳ мемонанд.Дар баробари ин давлатмандони римӣ фарзандони худро барои таҳсил ба шаҳрҳои Афина, Эфес ва дигар марказҳои мадании Юнон ва Осиёи Сағир мефиристоданд.Баъзе аз донишмандони юнонӣ ба монанди муаррих Полибий, файласуфон Посидоний ва Панетий фаъолияти худро дар Рим давом медоданд.

Дар ҳамин давра римиён бо мақсади нишон додани хайрхоҳии худ нисбати юнониҳо таърихи Римро ба забони юнонӣ таълиф менамоянд,ки дар он тавассути образи афсонавии Эней хеш будани римиёну юнониҳо талқин карда мешуд, таъкид мегардид, ки як қатор шаҳрҳои Италия маҳз аз тарафи қаҳрамонони юнонӣ ва троягӣ бунёд ёфтаанд.Дар навбати худ юнониҳо ба ҳумроониии Римиён тан дода низ умумияти муқаррароти римӣ ва юнонӣ, анъанаю одатҳои ҳар ду халқро исбот менамуданд.

Ҳамин тариқ, чӣ дар мифология ва чӣ дар анъанаҳои маданӣ- маънавии халқи Рим тағйиротҳои ҷиддӣ ба амл меод.Бисёр худоҳои Римӣ дар худ хусусиятҳо худоҳои юнониро таҷассум месозанд; Юпитер-Зевс; Юнона-Гера; Нептун-Посейдон; Минерва-Афина; Венера-Афродита ва ғаайраҳо.

Римиён тахминан дар асри IV то милод қиссаи юнонии Энейро ( писари Афродита Анхиз – шоҳи Троя) низ ба манфиати худ истифода мебаранд. Мувофиқи таълифи римии ин қисса Эней баъди ҳалокати Троя бо хости худоҳо душвориҳои зиёдеро паси сар намуда, ба Италия меояд, шаҳри Римро асос мегузорад, шоҳи шаҳри Алба- Лонга ва бобои Ромул ва Рема мегардад.

На фақат мифология, балки адабиёт, санъат ва маданияти Рими қадим низ оҳангҳои ҳеллинӣ пайдо мекунанд. Ин таъсир ба дин ва илми рим низ мегузарад.Маданияти ҳеллинии юнониҳо махсусан дар санъати ҳайкалтарошӣ меъмории римиҳо мавқеъ пайдо мекунад. Ҳайкалтарошон ва рассомони римӣ дар асарҳои худ сужетҳои зиёдеро аз мифологияи юнониҳо истифода менамуданд.

Аз нимаи дуюми асри III то милод дар Рим ва Италия адабиёти бадеӣ ба вуҷуд меояд.Аввалин ассри бадеӣ, ки ба забони лотинӣ тарҷума шуд ҳамоно асарҳои муаллифони юнонӣ – достони Ҳомер « Одиссея» ва якчанд фоҷиаҳо буданд.

Тадриҷан дар Италия ва Рим дар заминаи сурудҳои халқӣ назми лирикӣ ба вуҷуд омад. Вале шакли бештар маъмули жанрҳои адабӣ ҳаҷв( сатира) ва мазҳака ( комедия) ҳисоб мешуданд.

Яке аз аввалин намояндагони фарханги римиён шоир ва мутафаккир Архий буда , Ситсерон ўро устоди худ шинохта , шеъру асарҳои бузургашро «Дар бораи давлат», « Дар бораи ҷумҳурӣ», «Дар бораи қонунҳо», «Дар бораи ўҳдадориҳо», «Парадоксҳо», «Академикҳо », «Оид ба замони ман», ва ғайраҳо таълиф намудааст.Горатсий-шоир , олим мутафаккир дар дарбори Октавиан Август буд, ки реализм дар адабиёту ашъори вай мавқие асосиро ишғол мекард.Мутафаккирон ба монанди Вергилий- табиатшинос, Балтимус-мунаҷҷим, Овидий-олим, файласуф, Ҷолинус- табиб, Лукретский-файласуф ва ғайраҳо буданд.

Мазҳаканависони римӣ аввал ба муаллифони юнонӣ тақлид мекарданд.

Дар ин мазҳакаҳо сохти иҷтимоии ҷомеа ҳислатҳои бади инсонӣ аз ҷумла пурхўрӣ, танбалӣ, дуздӣ, давлатманди аблаҳ. Файласуфи фиребгар,фоҳишагарӣ,дурўягӣ ва ғайраҳо зери танқид гирфта мешуд.

Назми лирики Рими қадим дар эҷодиёти Катулл(87-54томил.) ба авҷи баланди худ расида буд.Барои шоирон низ назми Юнон ҳамчун намуна хизмат мекард.

Дар санъати тасвирии Римиҳо низ таъсири саъати ҳеллинӣ хеле калон буд. Дар Италия ва Рим махсусан саъати портретӣ, мучассамасозӣ васеъ инкишоф ёфта буд. Римиён нисбат ба юнониҳо дар сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ ( театр, сирк. Амфитеатрҳо, гулгаштҳо. Ҳаммом, ҳавзҳо ) хеле пешрафта буданд.

Саъати рақс ва мусиқӣ дар Рим кори паст ҳисоб меёфт, аз ин рў ба ин намуди санъат диққати даркорӣ дода намешуд.

Вале ин умумияте ки дар натиҷаи омехташавии ин ду маданият ба вучуд омада бу ҳаргиз маънои онро надорад,ки римиён ба пуррагӣ маданияти юнониҳоро нусхабардори карданд.Таърих, адабиёт, маданият , саъат, дин ва илми Рими қадим дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки маданияти Рими қадим дар таърихи тамаддуни антиқа давраи нав мебошад. Бо сабаби бисёр омехтагиҳо дар маданияти Рими қадим як қатор умумиятҳо бо дигар маданиятҳо дида шаванд ҳам , аммо римиён тавонистанд тавассути баъзе кашфиётҳои нави бадеӣ ба маданияти давраи нав роҳ кушояд.

Дар ташаккули маданияти давраи нав ба римиёни қадим пеш аз ҳама мифология таъсири калон расонидааст.Яке аз талаботҳои асосӣ дар мифҳо ин садоқат ба Рим мебошад.Талаботи дигар бошад , мардонагӣ мебошад. Талаботи сеюм боша , озодӣ мебошад.Хамин тариқ , римиёни қадим тавассути қиссаҳои таърихии худ усулҳои давлатдориро муайян сота буданд.мафҳумҳои адоқат, Садоқат , Мардонагӣ ва зодагӣ арзишҳои асосии ахлоқии римиёнро дар давраи шукуфонии шаҳр – давлати Рим ташкил медоданд. Ичрои бегуфтугўи онҳо барои тамоми халқи Рим ҳатмӣ буд.Ҳар як шаҳрванди Рим вазифадор буд, ки дар роҳи ҳифзи Рими муқаддас ва Озодии халқи назаркардаи он Садоқат ва Мардонагӣ нишон диҳад..

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *