Фанни Таърих

Мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза

Нақша:

1.Ваҳдати милли ва ҷараёни бунёди давлати соҳибихтиёри

Тоҷикистон.

2.Дастовардҳои даврони истиқлол.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва воқеаҳои 8-21 августи соли 1991 дар Москва соҳибистиқлолии Россия эълон гардид. Тоҷикистон низ роҳи соҳибистиқлолиро пеш гирифт. 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд. Дар моддаи аввали Эъломия омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ (сентябри соли1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рӯзи истироҳат эълон кард. Ҳамин тавр, пас аз барҳам хӯрдани аввалин давлатҳои тоҷикон – давлати Сомониён дар таърих бори дуюм халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии соҳибистиклоли худ гардид. Ин воқеа дорои аҳамияти оламшумули таърихӣ мебошад. «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ – қайд мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих »- амалӣ гардид. Дар асл чунин ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиклолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он- масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад».

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас оид ба расмият даровардани қонуну қоидаҳои ҷадид шурӯъ гардид. Пас аз эълони истиқлолияти давлатӣ фавран қонунҳои зерин «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (31 августи 1991)», «Дар бораи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 сентябри 1991)» ва ғайра қабул гардид. Дар мамлакат зарурияти қабули конститутсияи нав ба миён омад. Ин зарурият аз он бармеояд, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта буд. Дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд . Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки дар асоси қоидаҳои нав коргузорӣ карда шавад. Бо ин мақсад 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таври райъпусии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ҳар сол 6 ноябр, ҳамчун рӯзи Конститутсия дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар моддаи якуми конститутсия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад». Мувофиқи конститутсия ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқ тааллуқ дорад. Тибқи моддаи 9-и Сарқонун ва моддаи 3-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат тавассути мақомоти қокунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Президент мувофиқи Конститутсия сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар Тоҷикистон3 кас президент шуданд –Қаҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев ва солҳои 1994,1999 ва соли 2006 аз нав дар интихоботи умумихалқӣ Э.Ш. Раҳмонов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Органи олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ аз ду палата иборат буда ба муддати 5 сол интихоб мегардад. Дар маҷлисҳои палата Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Сайдулло Хайруллоев Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд. Соли 2000 ба парламенти нав – Маҷлиси Олӣ 97 вакил ва аъзо интихоб гардидаанд, 63 вакил ба маҷлиси намояндагон ва 33 вакил ба маҷлиси Миллӣ интихоб гардиданд.Маҷлиси Олӣ қонун қабул намуда, буҷети давлатиро мебинад, сиёсати дохилӣ, берунӣ ва мӯҳлати раъйпурсиро муайян мекунад.

Тоҷикистон тибқи моддаи 3-и Сарқонун рамзҳои зерин: Нишон, Парчам, ва Суруди Миллиро қабул намуд, ки онҳо хусусиятҳои хоси ҷумҳурии соҳибихтиёрро ифода мекунад. Матни гимнро Гулназар Келдӣ ва оҳангашро Сулаймон Юдаков эҷод карданд.

Мувофиқи Сарқонун ва қонуну фармонҳои қабулгардида дар мамлакат кӯшиши гузаронидани ислоҳотҳои сиёсӣ идома ёфта истодааст. Тибқи Конститутсияи нав сохтори пештара барҳам хӯрда, структураи нави сиёсии ҷамъият ба амал омад. Аз ҷумла, сохтори ҳокимияти иҷроия тағйир ёфта, тарзи идоракунии президентӣ ҷорӣ гардида, ислоҳотҳои ҳокимияти қонунбарор ва судӣ гузаронида шуд.

Яке аз самтҳои татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ин ба амал омадани сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Акнун дар ҷумҳурӣ 8-ҳизби амалкунанда:

1.Ҳизби Халқии демократӣ Тоҷикистон (10-августи 1990) роҳбараш Э.Ш. Раҳмонов,

2. Ҳизби коммунисти (аз соли 1918 амал мекунад). роҳбараш Шодӣ Шабдолов

3.Ҳизби наҳзати Исломӣ роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ(аз 26-октябри 1991)

4. Ҳизби Содсиалистиии Тоҷикистон (15-июни 1996) роҳбараш Раҳматулло Зоиров.,

5.Ҳизби Аграрии Тоҷикистон роҳбараш Қароқулов (аз сентябри 2006), ва зиёда аз 600 созмони гуногун амал мекунад.

6. Ҳизби демократии Тоҷикистон роҳбараш Ғаффоров Абдусалим,

7. Ҳизби сотсиалист-демократӣ Бобоев Олимҷон,

8. Ҳизби иқтисодии Тоҷикистон- роҳбараш …

Ҳараккати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 18-июли соли 1997 таъсис ёфт, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов роҳбарӣ мекунад. Ин Ҳаракат дар муттаҳид гардидани ҷумҳурӣ ва пеш гирифтани роҳи сулҳ нақши мусбӣ бозида истодааст.

Ҳар як ҳизб, созмон ба барнома ва оинномаи худ такя карда, мехоҳад ба халқи худ хизмат намояд. Кадом ҳизб, созмон баҳри ваҳдат ва инкишофи ҷумҳурӣ бештар хизмат мекунад, онро таърих исбот хоҳад кард.

Яке аз рукнҳои ҷумҳурии соҳибистиқлол ин зарурияти вуҷуд доштани забони давлатӣ мебошад. Соли 1989 Қонун «Дар бораи забон» тасдиқ карда шуд, мувофиқи он ба забони тоҷиқӣ мақоми забони давлатӣ дода шуд. Дар тӯли солҳои гузашта оид ба иҷрои қонун корҳои зиёд карда шуд, аз ҷумла, фарҳанг инкишоф ёфта, қонунгузории давлатӣ ба низоми муайян даромад.

Ҷомеаи соҳибистиқлол ҳамон вақт пойдор мегардад, ки агар масъалаҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ ҳал гарданд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дигаргуниҳои куллӣ бе иқтисодиёти калон ба амал намеояд.

Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ваҳоказо шаҳодат медиҳанд.

Вале ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хӯрдани ИҶШС аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуда, аз тарафи дигар бо нарасидани ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русзабон низ сабаби нарасидани як қисми корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд.

Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд.

Дар базаи ин ислоҳот қабули қонун оид ба моликият коперативҳо, соҳибкорӣ, андози даромад, буҷҷаи давлатӣ пардохти истифодаи замин қабул карда шуд. Натиҷаҳои ҷанги граждани ҳоло ҳам ба иқтисодиёти давлатӣ зарбаи сахт расонда истодаанд. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кушишу ғайрат намудаат. Иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифтааст. Қариб ҳамаи зуводу корхонаҳои истеҳсолотии пеш аз ҷангӣ ба кор дароварда шуданнд ва корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ ва канданиҳо мебошад. Бо ёрии инвиститсияҳои хориҷи ва бо қувваи шаҳрвандон саноат пурра барқарор шудданд.

Тоҷикистон дорои маъданҳои бои зеризаминӣ ва захираҳои обӣ мебошад. Аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ва занон ташкил дода, бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Захираҳои зиёди меҳнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, метавонанд иқтисодиёти онро баланд бардоранд. Сарфи назар аз мушкилиҳо ислоҳоти иқтисодӣ оҳиста- оҳиста ҷомаи амал пӯшида истодааст. Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Э.Ш. Раҳмонов аввал 50 ҳазор, баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда дода шуд. Чунин тадбир натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ акнун аз кишварҳои хориҷ ғалла нахарида, бозори давлатии мамлакатро бо мева ва сабзавоти худ таъмин карда истодааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: хусусӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурӣ тавонист пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амвол ва бозори пулиро ташкил диҳад.

Бо ташаббуси Э.Ш. Раҳмонов ба сохтмони ГЭС-ҳои Сангтӯда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Курғонтеппа — Кӯлоб, роҳи мошингарди Қулма- Қароқурум, нақби Анзоб шурӯъ карда шуда буд, ки пурра иҷро гардидани онҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт.

Фарҳанг ва маданияти ҷумҳурӣ низ баъди ҷанг зарари калон дид лекин натиҷаҳои он бо шарофати Приздент ва сиёсати хирадмандонаи ҳукумат бартараф шудаистодаанд. Қонун дар бораи фарҳанг қабул карда шуд, ки таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон бо фаъолияти озоди фарҳангиро таъмин мекунад. Бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайри имкон аст. Соли 1997 аз ин лиҳоз дар ҷумҳурӣ қариб ҳафсадҳазор мактаб ба таҳсил шуруъ карданд. 27-июни соли 1993 маҷлиси олӣ қонун дар бораи маориф қабул кард роҳи гузаронидани ислоҳоти макотиби ҳамагони пеш гирифта шуд. Литсейҳо, гимназияҳо колеҷҳо руз то руз меафзояд. Унвони бакалавр магистр дар макотиби олӣ ҷори шуд. Дар Академияи илмҳои Ҷ.Т. ки соли 1957 таъсис шуда буд зиёда аз 7-ҳазор корманди илм ко рва фаъолият мекунанд. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо аз соҳаҳои гуногуни илмӣ чоп мешаванд. Каналҳои нави тилвизионии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо барномаҳои фарҳангӣ тарбиявӣ ва намоишӣ нишон дода мешаванд.

Адабиёт

1.Раҳмонов Э.Ш. Аз Ориён то Сомониён – Душанбе.1999.

2.Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих- Душанбе. 2000.

3.Раҳмонов Э.Ш. – Ваҳдати миллӣ-мароми мост.-Душанбе. Ирфон.

1997.

4.Юнусов С. Внешняя политика Республики Таджикистан на

современном этапе.-Душанбе. 1994.

5.Набиева Р.А, Зикриёев Ф. Б. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе ,2001.

6.Алимов Р., Лебедев М., Қосимов Э. Таджикистан – ООН. М.1995.

7.Актуальные проблемы истории таджикского народа. Душ. 1992.

8.Усмонов И. Соли Набиев. Д., 1993.

9.Достиев А. Тоҷикистон – шикастанҳо ва бастанҳо. Д.2003.

10.Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Д1993.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *