Фанни Таърих

Ҷангҳои Македонӣ ва муқаррар гардидани ҳокимияти Рим дар Балкан

(солҳои 201 – 146 то милод)

ҶАНГИ ЯКУМИ МАКЕДОНӢ (СОЛИ 201 ТО МИЛОД). Рим баъди ба анҷомрасии Ҷанги Дуюми Пунӣ дар амал ба низоъҳои сершумори Балкан ва Осиёи Хурд кашида мешавад, аниқтараш ба истилои Шарқ оғоз мекунад. Дар охири асри III то милод мамлакатҳои олами эллинистӣ аллакай ба давраи буҳрон ворид шуданд, вале чунин мамлакатҳо, ба монанди Македония ва шоҳаншоҳии Селевкиён дар зери ҳокимияти шоҳҳо Филиппи V ва Антиохи III ҳоло ҳам қувваи даҳшатнокро ифода менамуданд. Аз заифии рақибони худ ва, пеш аз ҳама, аз заифии Миср ва Пергам истифода бурда, онҳо ҷангҳои истилогаронаи худро (солҳои 202 – 201 то милод) дар Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик бомуваффақият пеш мебурданд. Тобистони соли 201 то милод аз Пергам, Родос ва баъзе ҷамоаҳои дигари юнонӣ ба Рим сафирон омада, бар зидди Филиппи V кӯмак хоҳиш карданд. Римиҳо дар хотир доштанд, ки дар замони барои онҳо хеле мушкили Ҷанги Дуюми Пунӣ шоҳи Македония бо Ганнибал иттифоқ баста буд, ки натиҷаи он Ҷанги Якуми Македонӣ (солҳои 215 – 205 то милод) гардид, ки он дар сарзамини Юнон ба амал омада буд ва он ба ягон тараф ғолибият наовард. Аз ин рӯ, Рим худаш мақсад дошт, ки ба Филиппи V ҷазо диҳад. Вале ҷанг бо Карфаген аз мамлакат ва мардуми он қувва ва хароҷоти калонро талаб мекард. Дар баробари ин, ғалаба дар ҷанг имкон дод, ки шикасти вазнин фаромӯш шавад. Рим шаҳди ғалабаро соли 201 то милод чашида буд ва ба Македонгия ҷанг эълон мекунад.

ҶАНГИ ДУЮМИ МАКЕДОНӢ (СОЛҲОИ 201 – 197 ТО МИЛОД). Баҳори соли 201 то милод қӯшунҳои Рим ба нимҷазираи Балкан ворид гардида, бар зидди Филиппи V амалиётҳои ҳарбиро сар карданд. Вале дар давраи аввали ҷанг, баҳори ҳамон сол, барои римиҳо ғалабаи дипломатӣ муҳим буд. Бо ҳамин роҳ ба ҳукумати Рим муяссар шуд, ки Македонияро бе иттифоқчӣ ва яккаю танҳо мононад. Иттифоқчии асосии Филипп Антиохи III дар рафти ҷанг бетарафиро ихтиёр кард. Қисми зиёди юнониҳо ба тарафи римиҳо гузаштанд, ғайр аз ин, варварҳои бо Македония ҳамсоя аз аввал дар мавқеи душманӣ қарор доштанд.

Дуруст аст, ки дар ду соли аввал амалиётҳои ҷангӣ суст сурат гирифтанд. Танҳо соли 198 то милод дар баробари ба ҷанг воридшавии консули Рим Тит Фламинин, римиҳо ба амалиётҳои ҳарбии фаъол гузашта, дар якҷоягӣ бо иттифоқчиён Филиппи V-ро дар ҳамаи самтҳо фишор дода, ақиб партофтанд. Муҳорибаи ҳалкунандаи ҷанг тобистони соли 197 то милод дар водие бо номи «Кинескофил» («Сари саг») ба амал омад. Рақибон қӯшунҳои аз ҷиҳати шумора баробар — 25 ҳазорнафарӣ дошта бошанд ҳам, римиҳо пурра ғалаба ба даст оварданд. Легионҳои Рим бори аввал ба фалангаҳои даҳшатноки юнониҳо рӯ ба рӯ шуда, зарбаи аввали онҳоро зада гардонида, баъд рақибро пурра торумор намуданд. Баъди ин шикаст Филиппи V сулҳ талаб кард. Мувофиқи созишномаи сулҳ Македония ӯҳдадор шуда, ки аз истилогариҳо ва флот даст мекашад ва товони ҷанг пардохт мекунад .

22 Тит фламинин Марк Портсий Катон

Ганнибал Тит Фламинин Марк Портсий Катон

«ОЗОДКУНИИ ЮНОН». Соли 196 то милод ҳангоми доир гардонидани бозиҳои Истмий проконсули Рим Тит Фламинин қарори Сенати Римро қироат намуд, ки мувофиқи он ба ҳамаи ҷамоаҳои юнонӣ озодӣ ҳадя карда мешавад, яъне ҳуқуқ дода мешуд, ки андоз напардозанд, хароҷоти гарнизонҳоро ба зима нагиранд, дар асоси қонунҳои Юнон зиндагӣ кунанд. Ин хабар дар байни юнониҳо чунон хушу хурсандии калонеро ба вуҷуд овард, ки ба Филиппи V лозим омад аз оммаи тамошобинон рӯ ба гурез ниҳад. Дар амал бошад, «озодии Юнон» аз як чизи пуч бештар набуд. Рим гарнизонҳои худро ҳатто аз баъзе шаҳрҳои Юнон набаровард. Вале, дар айни замон, тавассути шиорҳои олиҷаноби сиёсии худро дар мубориза бар зидди Филиппи V ва Антиохи III устокорона истифода бурд.

ҶАНГ БО АНТИОХИ III (СОЛҲОИ 192 – 188 ТО МИЛОД). Сарфи назар аз эълони «озодии Юнон» юнониҳои зиёд диданд, ки Рим ҷаноби нави раияти Юнон гардидааст. Аз ҳама бештар этолийҳо ба хашму ғазаб омада буданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки бо Филиппи V ва Антиохи III иттифоқ банданд, то ки римиҳоро аз нимҷазираи Балкан пеш кунанд, вале Филиппи V ҳанӯз барои иҷрои ин тасмим тайёр набуд. Умеди ягона Антиохи III буд. Ӯ дар римиҳо хатари калонро бар зидди амалишавии нақшааи худ оид ба аз нав барқарор кардани қудрати пешинаи давлати Селевкиён дид. Аз ин рӯ, тирамоҳи соли 192 то милод ба даъвати юнониҳо ҷавоби мусбат дода, артиши начандон калони худро ба Фессалия фуроварда, қувваҳои юнониҳоро боқуввваттар кард. Вале орзую умеди Антиохи III ҷомаи амал напӯшид. Қисме аз шаҳрҳои ин ҷо бетарафиро ихтиёр карданд. Афина, Иттифоқи Ахей ва ҳатто Македония бошанд, аз тарафи римиҳо баромад карданд. Бинобар ин, соли 191 то милод дар задухурди назди Фермопил римиҳо бе ягон мушкилии зиёд артиши Антиохи III-ро торумор карданд, вале артиши Рим бо ин муваффақияти худ ҷангро бо Антиохи III бас накард.

Соли 190 то милод қӯшунҳои Рим дар зери фармондеҳии Лутсий Стсипион, бародари Ганнибалро мағлуб карда, ба Осиёи Хурд мегузарад. Бо ҳамроҳии бародараш дар ситоди қӯшун Стсипиони Африқоӣ низ буд ва дар амал роҳбарӣ ба қӯшунро ба зима дошт. Тирамоҳи ҳамон сол артиши 30-ҳазорнафараи Рим дар задухурди назди Магнезия артиши 70-ҳазорнафараи Антиохи III-ро торумор кард. Баҳори соли 188 то милод созишномаи сулҳи барои Антиохи III хеле вазнин ба имзо расид. Мувофиқи он давлати Селевкиён дар Осиёи Хурд аз ҳамаи мустамликаҳояш, аз флот, иттифоқҳои ҳарбӣ даст кашид ва ӯҳдадор шуд, ки ба Рим 15 ҳазор талант товони ҷанг пардохт мекунад. Ғалабаи Рим дар ҷанг бо Антиохи III оқибатҳои хеле вазнин ба бор овард:

Антиох 3 1212 21

Антиохи III Андриск Филиппи V

ҶАНГИ СЕЮМИ МАКЕДОНӢ (СОЛҲОИ 171 – 168 ТО МИЛОД). Давлати ягонаи эллинистие, ки умеди муқобилистӣ ба Рими истилогар дошт, танҳо Македония монда буд. Бо шарофати заҳмати беҳамтои Филиппи V Македония натанҳо талафотеро, ки ба он ду ҷанги қаблӣ бо Рим расонида буд, барқарор карда тавонист. Филиппи V (соли 179 то милод. вафот кардааст) ба меросхӯри худ давлати пурзури дорои артиши 50-ҳазорнафараро мерос гузошт. Вале Филиппи V бо қатъияти том амал накарда, ҳамаи иттифоқчиёни худро аз даст медиҳад. Соли 168 то милод дар назди Пидне задухурде ба амал омад, ки он ба мавҷудияти давлати Македония хотима гузошт. Қӯшуни 40-ҳазорнафараи Персей қариб пурра несту нобуд карда шуд. Дере нагузашта худи шоҳи Македония дастгир ва ба Италия фиристода шуд. Македония ба 4 вилояти аз Рим мустақил тақсим карда шуд ва соли 148 то милод баъди пахши шӯриши Андриск (Филиппи Қалбакӣ) вилоятҳои Македония ба музофоти Рим табдил дода шуданд.

ИСТИЛОИ ЮНОН. Торумори Македония дар соли 168 то милод шиори римиҳо «озодӣ ба Юнон» ва пурзӯршавии фишори Римро ба шаҳрҳои Юнон нолозиму бемаънӣ гардонид. Солҳои 148 – 146 то милод юнониҳо кушиши беҳудае карданд, то ки аз зери ҳокимияти Рим раҳоӣ ёбанд. Сарварии шӯриши юнониҳоро Иттиҳоди номдори Ахей ба зима дошт. Вале қувваҳои тарафҳо баробар набуданд. Римиҳо шӯриши юнониҳоро (соли 146 то милод) бераҳмона пахш карда, ҳамаи иттиҳодҳои юнониро пароканда ва маркази шӯриш – шаҳри Коринфро ба хок яксон намудандд. Юнон аз тарафи Рим пурра таслим гардонида шуд. Дуруст аст, ки юнониҳо зоҳиран истиқлолияти худро баъд аз соли 146 то милод ҳам нигоҳ доштанд, зеро қаламрави он танҳо дар аҳди Октавиан Август ба музофот табдил дода шуд. То ин вақт Юнон аз тарафи ноиби Рим идора карда мешуд.

Ҷангҳои македонӣ ва муқаррар гардидани ҳокимияти рим дар балкан (солҳои 201 – 146 то милод)

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *