Фанни Таърих

Давлати Тоҳириён

СУЛОЛАИ ТОҲИРИЁН.

Асосгузори давлати Тоҳириён Тоҳир мебошад. Тоҳир ибни Ҳусейн аз ашрофзодагони тоҷики шаҳри Фушанги Ҳирот буд. Ин шаҳр алҳол Зиндаҷон ном дорад.

Гарчанде ки Тоҳир асосгузори сулолаи Тоҳириён аст, вале тибқи шаҷараномаи ин сулола пеш аз ӯ 9 пушти дигар гузашта будааст. Онҳоро аз аввал то Тоҳир бо тартиби пайдарҳамӣ ном мебарем: Баҳром, Мои Хусрав, Бодон, Асъал, Зурайқ, Моҳони Фушангӣ, Зурайқ, Мусъаб ва Ҳусейн.

Чи тавре ки ба шумо азмавзӯъи «Хилофати Аббосиён» маълум аст, халифаҳои Бағдод ба муттаҳидии Хилофат ва ба худ тобеъ кардани тамоми музофотҳои он муваффақ шуда натавонистанд. Яке аз чунин музофотҳо Эрон буд. Барои ҳамин онҳо маҷбур мешуданд, ки аз ҳокимони бонуфузи маҳаллӣёрӣ талабанд. Аҳволи халифа Маъмун (813-833) маҳз ҳамин тавр буд.

Давлати Тоҳириён.

Вайронаҳои шаҳри Бам.

Тоҳир ибни Ҳусейн ба халифа ёрӣ расонд, то ки ӯ ҳокимияти худро дар Бағдод нигоҳ дошга тавонад.

Ба ивази хизмати сазовор Маъмун аъзоёни хонадони Тоҳириёнро дар хилофати Бағдод ба вазифаҳои баланди давлатӣ сарфароз гардонд. Масалан, Мансур ибни Талхаро ҳокими Марву Хуросон ва Абдулло ибни Тоҳирро ҳокимн вилояти Табаристон таъйин кард.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН.

Маъмун музофотҳои калонтарини дар қисмати шарқибудаи Хилофат — Хуросон ва Мовароуннаҳрро соли 821 ба ихтиёри Тоҳир ибни Ҳусейн супорид. Ин сана оғози салтанати давлати Тоҳириён ба ҳисоб меравад.

Баъди соли 651 аз тарафи Марвоннёни Уммавӣ барҳам дода шудани давлати Сосониён дар Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр ноибони халифаҳои араб ҳукмронӣ мекарданд. Тоҳир ибни Ҳусейн баъди 170 сол дар ин ҷо ба ҳукмронии сулолаи тоҷикон ибтидо гузошт. Вале ӯ Хуросонро зиёда аз 2 сол идора карда натавонист.

Ҳангоми ҳукмронии худ Тоҳир нбни Ҳусейн эълон кард, ки давлати ӯ соҳибистиклол аст. Ба ин эълони худ ӯ халифа Маъмунро ранҷониданӣ буд. Марги бармаҳал нагузошт, ки Тоҳир давлати Тоҳириёнро то ба охир соҳибистиклол кунад. Гузашта аз ин, баъди марги Тоҳир давлати Тоҳириён мумкин буд аз байн равад. Барои Тоҳириён, хушбахтона, он вақт Маъмун агар мехост ҳам, дар Хуросон ноиби дилхоҳи худро таъйин карда наметавонист, чунки мардуми ин ҷо ба ӯ итоат намекарданд. Аз ин рӯ, ночор маҷбур шуд, ки писари Тоҳир Талҳаро ҳокими ин музофоти калони хилофат таъйин кунад, вале на ҳамчун ба давлати соҳибистиқлоли Тоҳириён. Дар замони ҳукмронии Талҳа (822-828) Хуросон соҳибистиқлол набошад ҳам, бемайлон бо ҳамин роҳ мерафт.

Дар замони ҳукмронии Талҳа ибни Тоҳир давлати Тоҳириён акнун на аз Бағдод, балки аз пойтахти ин давлати нав — Нишопур идора карда мешуд. Тамоми корҳои давлатӣ аз рӯи амри Талҳа сурат мегирифтанд. Тобеияти давлатиТоҳириён ба Хилофати Аббосиён танҳо дар он ифода меёфт. ки Талҳа ҳар сол аз халқ андоз ҷамъоварӣнамуда, ба хазинаи халифа мефиристонд. Инчунин Тоҳириён ҳангоми лашкаркашиҳои халифа болашкари худ ҳамроҳи ӯ буданд.

Талҳа намегузошт. ки намояндагони халифа ба корҳои дохилии давлати Тоҳириён дахолат кунанд. Ӯ Ҳамза ном намояндаи вилояти Сиистонро барои он саркӯб кард,ки ӯ баҳригаравондани суннимазҳабон ба мазҳабишиъа даст зада буд, гарчанде ки ин вилоят то иқдоми Ҳамза ҳанӯз дар ҳайати давлати Тоҳнриён набуд. Баъди саркӯб карданн Ҳамза Талҳа Сиистонро ба давлати худ ҳамроҳ кард.

Баъди вафоти Талҳа дар вазифаи ҳокими Хуросон ӯро писараш — Алӣиваз намуд, валеҳокими нав дар натиҷаисӯиқасд кушта шуд. Ин тоҳирӣбо ҳидояти халифа ба Миср лашкар кашида, онро бо яке аз шаҳрҳои ободу зебояш Искандария аз нав ба Хилофати Аббосиён ҳамроҳ кард.

Дар замони ҳукмронии Абдуллоҳибни Тоҳир давлати Тоҳириён бо тамоми унсурҳояш таъсис ёфт ва халифаҳо дигар бар ӯ фармонфармоӣ карда наметавонистанд.

ИҚТИДОРИ ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН.

Абдуллоҳибни Тоҳир кӯшиш ба харҷ дод, ки ҳудудҳои давлати худро васеъ кунад. Ӯ Мовароуннаҳрро ба воситаи хонадониСомониён идора мекард. Ӯ Нӯҳ нбни Асади Сосонӣ- ҳокими саркаши Истаравшанро, ки даъвоиҳукмронии Мовароуннаҳрро дошт, дастгир карда,ба шаҳри Нишопур, назди Абдуллоҳравон кард.

Абдуллоҳ ибни Тоҳир барои соҳибистиклол шудани давлати Тоҳириён ва аз ҳисоби Мовароуннаҳр васеъ кардани ҳудудҳо, пешрафти хоҷагиютиҷорат ва маданияти он хизмати бузург кардааст. Ӯ бо маънии пурра амири давлати Тоҳириён буд. Мисоле дар ин бора шаҳодат медиҳад. Солҳои834-835 дар Сиистон хушксолиишадид ба амал омад ва мардумҳоли табоҳдоштанд. Бо амри Абдуллоҳ аз хазинан давлатӣ ба мардуми гуруснаи ин вилоят 300 ҳазор дирам тақсим карда шуд.

Баъд аз вафоти Абдуллоҳ ба тахти подшоҳии Тоҳириён Тоҳирибни Абдуллоҳ, ки ӯро ТоҳириII ҳам меноманд. менишинад. Тоин вақт ҳокимият ва давлати Тоҳириён чунон пурзӯр шуд, ки баъзе аз намояндагонаш дар идораи Хилофати Аббосиён ҳам ширкат меварзиданд. Масалан, халифа Восиқ пешннҳодиТоҳири II дар бораи додараш — Муҳаммадро ба вазифаи лашкаркаши Бағдод таъйин кардан бо дилу ҷон қабул кард.

Тоҳирибни Абдуллоҳсоли 862 вафот кард ва ба тахти подшоҳии Тоҳириён тоҳирии охирин- Муҳаммад ибни Абдуллоҳ нишаст.

Ин вақт сулолаи дигари тоҷикие,ки Саффориён ном дошт, ба майдон баромад. Соли 813 Яъқуб ибни Лайси Саффорӣпойтахти Тоҳирнён -шаҳри Нишопурро ишғол намуда. Муҳаммадро асир гирифт. Ҳамин тариқ, давлатиТоҳириён барҳам хӯрд.,

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *