Фанни Таърих

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1929-1990

Нақша:

1.ҶШС Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи сосиалистӣ.

2. Халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

3.Тоҷикистон дар давраи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ. Даврони бозсозӣ.

Адабиёт:

1. История таджикиского народа. – М., 1990. Том 5.

2.История таджикской ССР – под ред. Антоненко Б.А. – Душанбе: 1983.

3.Мухторов А. Раҳматуллоев А. – Очеркҳои таърихи Тоҷикистон советӣ- Душанбе, Ирфон. 1989.

4.Турсунов Н. Таърихи халқи тоҷикон. Хуҷанд. 2001.

5.Набиева Р.А. Зикриёев Ф.Б.- Таърихи халки тоҷик.Д.2001.

6.Шукуров М.Р. Револютсияи маданӣ дар Тоҷикистон.

7.Абдуллоев М. Ҷумруҳии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Душанбе, 1985.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаҳои панҷсолаи солҳи сиюм Тоҷикистон бояд ба қафомонии техникӣ, иқтисодию фарҳангии худ хотима дода, ба халқҳои пешқадам баробар мегардид. Яке аз роҳҳои ба даст даровардани ин мақсад саноатикунонии ҷумҳурӣ буд, ки дар ин роҳ душвориҳои калон меистоданд. Агар дар ноҳияҳои шимолӣ каму беш корхонаҳои хурди саноатӣ вуҷуд дошта бошанд, дар Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ ба истиснои корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, равғанкашӣ ва пахтатозакунӣ дигар чизе вуҷуд надошт, дуюм дар Тоҷикистон солҳои 20-ум синфи коргари касбӣ ҳанӯз ташаккул наёфта буд, сеюм, набудани роҳҳо, истгоҳҳои барқӣ, сохтори алоқа низ ба саноатикунонӣ халал мерасонид.

Дар солҳои аввали саноатикунонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки корхонаҳои коркарди мева, ғалладона, нонпазӣ, равғанкашӣ, пахтатозакунӣ, машрубот, дӯзандагӣ ва бофандагӣ сохта шаванд. Инчунин заводҳои равғани Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, винокашии Душанбе, Ӯротеппа, Исфара, Хуҷанд, Панҷакент, консерваи Хуҷанд комбинатҳои орди Кофарниҳон, Қурғонтеппа, заводҳои пахтатозакунии Душанбе, Қулоб, Уялӣ, фабрикаҳои ресмонресии Хуҷанд, Душанбе, Ғарм, истгоҳи барқии обии Варзоб, роҳи автомобилии Душанбе – Қурғонтеппа, Ҷиликӯл, Сарой – Камар, Кӯлоб – Кангурт, Янгибозор – Душанбе, фабрикаи қаннодии Конибодом, заводҳои нон ва хишти Душанбе, Пролетар, фабрикаи дӯзандагии Душанбе, роҳи оҳани Тоҷикистон зиёда аз 100 корхонаҳои хурду калони саноатӣ бояд ба кор сар мекарданд. Маблағи умумии ба саноат сарфшуда 80млн. сӯмро ташкил медод. То инқилоби Октябр бо сабабҳои вуҷуд надоштани роҳҳои оҳан ва мошингард робитаи мардум ҳатто дар дохили Тоҷикистон мӯътадил набуд. Бинобар ин, дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ба сохтмони роҳҳо диққати махсус медоданд. Бо ёрии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 20-ӯм ва 30-ӯм роҳҳои оҳан ва мошингард дар ҷумҳурӣ сохта шуданд, ки онҳо ноҳияҳоро бо пойтахти Тоҷикистон мепайвастанд. Ба кор андохтани роҳҳои оҳани Тирмиз – Душанбе, Мельниково – Шӯроб, Душанбе – Кофарниҳон, роҳҳои автомобилгарди Сталинобод – Қурғонтеппа, Сталинобод – Обигарм, сарбанди канали Вахш то бандари Панҷи поён ва ғайра аҳамияти калони хоҷагӣ ва иқтисодӣ доштанд.

Саноатикунонӣ дар Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дошт. Яке аз ин хусусиятҳо набудани корхонаҳои калони саноатӣ ва синфи коргари миллӣ буд. Дигар хусусияти хоси саноатикунонӣ аз он иборат буд, ки дар Тоҷикистон аввал саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ мекард. Азбаски дар солҳои аввали саноатикунонӣ занон бо мардон дар як корхона кор карда наметавонистанд, бинобар он барои онҳо корхонаҳои махсуси занона ташкил дода шуда буд. Тараққиёти минбаъдаи саноатикунонӣ ба барпо намудани дигар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати вазнин, оварда расонд. Саноатикунонӣ дар Тоҷикистон бо ёрии бевоситаи синфи коргари рус ва дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ гузаронида мешуд Дар қатори саноати пахтатозакунӣ, саноати шоҳибофӣ низ тараққи мекард. Дар солҳои 1932-1933 комбинати шоҳибофии Хуҷанд ва фабрикаи шоҳибофии Душанбе ба кор даромад, ки дар ин корхонаҳо қувваи асосии коргаронро занон ташкил медоданд.

Саонати хурокворӣ низ тарққӣ меёфт. Заводҳои винокашии Хуҷанд, Ӯротеппа ва Панҷакент, заводҳои равғани Кӯлоб, Қурғонтеппа ба кор даромаданд.

Дар Тоҷикистон солҳои 30-ум ба омӯзиши сарватҳои табиӣ аҳамияти зиёде дода мешуд. Барои омӯхтани боигариҳои табиӣ АФ ИҶШС ва як қатор институтҳои илмӣ – тадқиқотӣ экспедитсияҳои комплексӣ ташкил дода буданд. Дар ин солҳо комбинати маъдантозакунии Консой сохта шуд, кони ангишти Шӯроб ва заводи нафти “Санто” аз нав сохта шуданд. Истеҳсоли ангиштсанг аз 13 ҳазор тонна ба 15 ҳазор тонна ва истеҳсоли нафт аз 10,9 ҳазор. тонна то ба 17,3 ҳазор тонна расид.

Соли 1931 сохтмони комбинати полиметалии Консой, заводи механики ба номи С. Орджоникедзе дар ш. Душанбе сар шуд. Дар Душанбе заводҳои хишт ва чӯб, дар Пролетар заводи хишт сохта шуданд. Сохтмони матбаи Душанбе сар шуда, дар ҷумҳурӣ 8 матбаи ноҳиявӣ ба кор даромад.

Бо заҳмати қаҳрамононаи меҳнаткашон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулот афзуда, ҳосилнокии меҳнат баланд гардид. Маҳсулоти умумии саноат соли 1937 назар ба соли 1932 зиёда аз 200 фоиз афзуд, дар натиҷа некуаҳволии халқ сол аз сол беҳтар гардид.

Дар рафти саноатикунонӣ синфи коргари ҷумҳурӣ ташаккул ёфта, дар охири солҳои 30-ӯм зиёда аз 140 ҳазорро ташкил медод. Синфи коргари Тоҷикистон миллатҳои гуногунро дарбар гирифта, дар ҳайати он русҳо, украинҳо, белорусҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо ва дигарон буданд.

Бояд гуфт, ки дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос Федератсияи Русия ва дигар ҷумҳуриҳои бародар кӯмаки калон расониданд. Ин ёрӣ пеш аз ҳама дар он баён меёфт, ки ба Тоҷикистон мутахассисони зарурӣ, муҳандисону техникҳо фиристода мешуданд. Ғайр аз ин мутахассисон дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тайёр карда мешуданд.

Аммо шахспарастӣ, мавҷудияти идоракунии маъмурию фармондеҳӣ ба саноатикунонии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Дар давраи пешазҷангӣ дар гузаронидани саноатикунонӣ, дар тайёр намудани кадрҳо камбудиҳо ҷой доштанд. Масалан, базаи суст ба тараққиёти ҳамаи соҳаҳои саноат, сохтмони корхонаҳо, рафъи бекорӣ имконият надод; кадрҳои инженерию техникӣ, аз ҷумла коргарон, махсусан занони миллати маҳаллӣ кам тайёр карда мешуд; занони маҳаллӣ ба корҳои роҳбарикунанда кам пешбарӣ карда мешуданд, сохтмони муасссаҳои иҷтимоию маишӣ ғайриқаноатбахш буд.

Азбаски Тоҷикистон дар ҳайати Идтиҳоди Шӯравӣ буд, инкишофи соҳаи саноати сабук ба назар гирифта шуд ва ба тараққиёти соҳаҳои саноати вазнин диққат дода намешуд, синфи коргари маҳаллӣ хело кам буд, он асосан аз ҳисоби коргарони рус, украин, белорус, тотор, узбек ва ғайра иборат буд, дар баъзе ноҳияҳо, ба монанди Бадахшони Кӯҳӣ, Зарафшон, ки сангҳои зиёди қимматбаҳо вуҷуд дорад, ба сохтмони корхонаҳо аҳамият дода намешуд. Дар ин ноҳияҳо низ корхонаҳои дузандагӣ ва бофандагӣ кушодан мумкин буд. Хулоса, ба инкишофи иқтисодиёт тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон якхела аҳамият дода намешуд. Ин камбудиҳоро бояд давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барҳам дода ба инкишофи ҳаматарафи саноат диққат диҳад.

Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ яке аз ҷумҳуриҳои ақибмонда ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо, дар роҳи азнавсозии содсиалистии хоҷагии қишлоқ як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла ақибмонии моддию техники кишоварзӣ, дида мешуданд. Қисми зиёди заминҳои Тоҷикистони мустамликавӣ дар дасти феодалон, амирон ва боён буд. Аксари деҳқонон дар заминҳои феодалон кор мекарданд ва пурра ба онҳо тобеъ буданд. Деҳқонон на камтар аз 75-80 фоизи ҳосили ками худро ба гурӯҳҳои гуногуни истисморгарон медоданд.

Заминаи муҳимтарини коллективонӣ индустриякунонии мамлакат ба ҳисоб мерафт. Дар рафти саноатикунонӣ дар ҷумҳурӣ саноат барпо карда шуд, ки он хоҷагии қишлоқро бо техника таъмин мекард. Бо шарофати сохтори нави ҷамъиятӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон механиконии хоҷагиҳо имконпазир гардид.

Дар солҳои 30-ум аҳолии ҷумҳурӣ асосан дар деҳот зиндагӣ мекард, аз ин сабаб сиёсати ба амал баровардани хоҷагиҳои коллективонӣ пеш аз ҳама пурқувват намудани кори байни аҳолиро талаб мекард. Деҳқони тоҷик таърихан бештар дар танҳои меҳнат мекард ва кӯшиш менамуд, ки ҳосили бо дастони худ истеҳсол кардаро истеъмол намояд. Бинобар он, дар шароити Ҳокимияти Шӯравӣ шаклу усулҳои гуногуни кори тарбиявии байни деҳқонон бурда мешуд, то ки онҳо аз хоҷагиҳои яккадаст ба коллективӣ гузаранд.

Коллективонии хоҷагии қишлоқ дар ҳама ноҳияҳо якхела номгузашт. Шароитҳои мавҷударо ба назар гирифта гузаронидани коллективонӣ ба се гурӯҳи ноҳияҳо тақсим карда шуда буд. Тоҷикистон аз ҷиҳати дараҷаи инкишофи иқтисодӣ ба гурӯҳи сеюми давраи коллективонии хоҷагии қишлоқ дохил мешуд. Қафомонии иқтисодӣ, суст будани базаи моддӣ – техники зироатчигӣ, камшумор будани нуфузи коргарони маҳаллӣ садди роҳи коллективонӣ мешуданд. Вале ғамхории Ҳукумати Шӯравӣ, ёрии амалии синфи коргари мамлакат, фаъолияти самарабахши Иттифоқи Ҷуфтгарон, мустаҳкам шудани ташкилотҳои давлатӣ ва ҳизбӣ дар деҳот имконият дод, ки суръати коллективонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аз дигар ноҳияҳои Иттифоқи Шӯравӣ ақиб намонад.

Дар ИҶШС се шакли коллективонӣ: коммунаҳо, ТОЗ-ҳо ва артелҳо вуҷуд доштанд. Аммо дар аввали коллективонии Тоҷикистон бештари кооператсияҳо дар шакли ТОЗ-ҳо амал мекарданд.

Дар рафти коллективонӣ ба хатогиҳо ва каҷравиҳо ҷой дода мешуд. Дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ принсипи ихтиёрӣ ба колхоз дохил шудан вайрон карда мешуд, ҳосилнокии меҳнат паст буд, даромад нодуруст тақсим карда мешуд.

Ҳукумати марказӣ барои ҳалли истиқлолияти пахта ба Тоҷикистон ёрии мушаххаси модӣ-техникӣ мерасонд. Ташкил намудани истгоҳҳои мошинию тракторӣ (МТС) дар гузаронидани коллективонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонд. Баҳори соли 1930 дар ҷумҳурӣ

4 МТС то 300 трактор дар ноҳияҳои Арал, Шаҳртус, Сарой – Қамар ва Чиптура ташкил карда шуд, ки онҳо барои гузаронидани кишт ёрии калон мерасониданд. Шумораи МТС-ҳо сол аз сол меафзуд. Агар соли 1932 дар ҷумҳурӣ 23 МТС мавҷуд бошад, пас 1937 шумораи онҳо ба 48-то расид.

Дар гузаронидани коллективонӣ дар Тоҷикистон саҳми коргарони корхонаҳои саноатии мамлакатамон низ хеле калон буд. Ба колхозҳои Тоҷикистон қариб 150 коргар аз корхонаҳои Россия омада кори зиёди оммавӣ гузаронидаанд. Коргарон колхозҳои Тоҷикистонро ба шефӣ гирифта, маҷлисҳо, митингҳо, конферентсияҳоро дар қишлоқҳо мегузарониданд, ба деҳқонон устави артели хоҷагии қишлоқ ва ТОЗ-ро фаҳмонда медоданд.

Аз 14 июли соли 1939 сохтмони канали калони Фарғона аз ноҳияи Кирови Ӯзбекистон то Конибодоми РСС Тоҷикистон шурӯъ шуд. Канал сохта шуда, аз ҷумла 55 гектар зимини Ашт обёрӣ гашт. Соли 1940 сохтмони канали Ҳисор аз дарёи Варзоб то Қаратоғ сар шуд.

Ҷомеаи сотсиалистӣ ҳамон вақт мустаҳкам мегардид, ки инқилоби маданӣ дар мамлакат ба амал бароварда шавад. Мақсади инқилоби мадании Давлати Шӯравӣ пеш аз ҳама тарбия ва тайёр намудани шаҳрвандоне буд, ки дорои маданияти баланди умумӣ ва сиёсӣ бошанд. Инқилоби маданӣ идеалиро тараннум мекард, ки вай ҷомеаи демократиро ба амал оварда, манфиати синфҳои меҳнаткашро авло медонист.

Гарчанде халқи тоҷик дорои маданияти бою қадима бошад ҳам, вале дар ибтидои асри ХХ кулли мардум онро истифода карда наметавонист. Дар арафаи инқилоби Октябр дар Тоҷикистон маориф, илм, санъат, идораҳои маданӣ-маърифатӣ дар пояи сусти тараққиёти худ меистоданд.

Дар натиҷаи саноатикунонӣ ва коллективонии хоҷагии қишлоқ ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ беҳтар гардида, барои инкишофи фарҳанг имконият фароҳам оварда шуд.

Маҳви бесаводӣ, инкишофи маорифи халқ яке аз самтҳои инқилоби маданӣ буд. Аз рӯзҳои аввали ғалабаи инқилоби Октябр азнавсозии мактабҳо ва тамоми сохтори маорифи халқ шурӯъ шуд.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 1924 Комисариати маорифи халқи Тоҷикистон ташкил дода шуда буд, ки вай бевосита ба сохтмони мактабҳои нав шурӯъ намуд.

Дар кори минбаъда ҳам инкишоф ёфтани маориф, ки 11 октбри соли 1930 қабул шуда буд, нақши муҳим дошт. Мувофиқи он як қатор чораҳо, аз ҷумла «азназаргузаронии якмоҳаи таълими умумӣ» гузаронида шуд. Дар натиҷа соли 1931 шумораи хонандагон ба 102 ҳазор расид, аз онҳо 25 ҳазор нафарашон духтарон буданд, ҳол он ки соли 1930 ҳамагӣ 3 ҳазор духтарон мехонданд. Дар баробари чорабиниҳои умумӣ ҳукумати ҷумҳурӣ хусусияти хоси зиндагии мардуми маҳаллиро ба назар гирифта, ҳамчунин бо мақсади бештар ҷалб намудани ҷавонзанон ба таҳсил, соли 1930 ба волидони духтарон имтиёзҳо муқаррар кард. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар кори рафъи бесаводӣ комёбиҳо ба даст омаданд. Чунончӣ, дар соли таҳсили 1930-31 бештар аз 97 ҳазор шаҳрвандон, аз ҷумла 5600 нафар занон бесаводии худро рафъ намуданд. Дар ин солҳо ҳам муаллимони бомаҳорат намерасид. Ҳамагӣ дар соли таҳсили 1932-33 дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи нопурраи ҷумҳурӣ 483 нафар муаллимҳо кор мекарданд.

Бо сабабҳои набудани омӯзгорони пуртаҷриба дар ибтидои кор таълими якчанд фанҳо ҳанӯз ба дараҷаи паст мегузашт. Мактабҳои миёнаи нопурра ва миёна хеле кам буданд. Китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ намерасиданд, базаи моддии мактабҳо хело суст буда, ба талабот ҷавоб намедоданд.

Муаллимон асосан дар курсҳои махсус, техникумҳои педагогӣ тайёр карда мешуданд, ки ин фақат ба талаботи мактаби ибтидоӣ ҷавоб медод. Соли 1931 нахустин институтҳои педагогӣ дар Душанбе ва соли 1932 дар Хуҷанд кушода шуданд. Дар назди институҳо шӯъбаҳои тайёрӣ низ кушода шуда, барои ба мактабҳои олӣ дохил шудан шунавандагонро тайёр мекарданд.. Дар 30 техникуму омӯзишгоҳҳо 5,9 ҳазор кас таҳсил мекарданд. Соли 1939 Институти тиббӣ кушода шуда, аввалин донишҷӯёнро қабул кард.

Маорифи халқи Тоҷикистон дар панҷсолаи пешазҷангӣ ба мувафаққияти калон ноил гардид. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки чунин муваффақият тасодуфӣ набуд, зеро дар ин кор саҳми ҳукумати умумииттифоқӣ ва ёрии амалии ҷумҳуриҳои бародарӣ хело калон мебошад. Чунин ёрӣ пеш аз ҳама дар ду ҷабҳа, дар тайёр намудан ва фиристодани кадрҳои педагогӣ ба Тоҷикистон ва кумаки мушаххас дар мустаҳкам кардани моддӣ – техникии мактабҳо баён меёфт.

Дар дохили ҷумҳурӣ низ оиди ҳалли масъалаи маориф таҷрибаи мусбӣ ба даст оварда шуд. Аз он ҷумла, фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои ҷорӣ намудани маълумоти ҳамагонӣ, гузаронидани маъракаҳои «дуҳафтагии маориф», «якмоҳагии маорифи халқ» хело муфид буданд.

Барои бо омӯзгорон таъмин намудани мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дар баъзе ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, мактаб – интернатҳо ташкил ёфтаанд. Хусусан Донишкадаи маорифи Тоҷикистонии шаҳри Тошкент, Интитути педагогии шаҳри Душанбе ва Институти педагогии шаҳри Хуҷанд дар тайёр намудани муаллимон саҳми босазо гузоштанд..

Дар охири солҳои 20-ум ва 30-юм дар Ҷумҳӯри ду ислоҳоти алфавит гузаронида шуд, ки ин албатта душвориҳои зиёдеро дар пешрафти илму фарҳанг ба миён овард. Ба нуқтаи назари гуногун оиди алифбо нигоҳ накарда бояд гуфт, ки алифбои кириллӣ – русӣ дар маҳви бесаводӣ ва инкишофи илму фарҳанг дар ҷумҳурӣ хизмати босазо кардааст. 21 маи соли 1940 қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ба алфавити кириллӣ гузаштан ба имзо расид.

Дар охири солҳои 20-ум ва 30-юм ба инкишофи илм дар Тоҷикистон низ диққати хоса дода мешуд. Соли 1930 истгоҳи таҷрибавии институти илмӣ – тадқиқоти умумииттифоқии пахтакорӣ дар Вахш кушода шуд. Соли 1932 институтҳои меваю сабзавот ва токпарварӣ, инчунин расадхонаи Душанбе ба кор шурӯъ карданд. .

Соли 1932 базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои ИҶШС ташкил шуд, ки он олами набототу ҳайвонот ва боигарии зеризаминии ҷумҳуриро момӯхт. Соли 1932 Академияи фанҳои Иттифоқи Шӯравӣ ба Тоҷикистон Экспедитсияи махсусро фиристод, ки ба ҳайати он академикҳо А.Е. Ферсман, Е.И. Вавилов, профессорон Д.И. Мушкетов, Д.В. Наливкин, Д.И. Шербаков ва дигарон дохил мешуданд. Экспедитсия ба омӯхтани қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон машғул буд

Соли 1941 базаи Тоҷикистонии АФ Иттифоқи Шӯравӣ ба филиали Тоҷикистонии АФ Иттифоқи Шӯравӣ табдил дода шуд, ки сардори он академик Е.Н. Павловский буд. Шӯъбаҳои он ба институтҳои илмӣ-тадқиқотии: геология, ботаника, зоологияю паразитология, таърих, забону адабиёт табдил ёфтаанд. Ба ҳайати филиали расадхонаи Душанбе, истгоҳи хокуобсанҷии Вахш низ дохил шуданд ва ҳамаи онҳо масъалаҳои муҳими илмиро ҳал менамуданд.

Гарчанде халқи тоҷик адабиёти қадими аз ҷиҳати шакл рангоранг ва мазмунан бой дошта бошад ҳам, вале он дар аввали қарни ХХ дастраси оммаи васеъ набуд. Бинобар ин, Ҳокимияти Шӯравӣ мавқеи адабиётро дар ҷомеаи нав ба тариқи мушаххас муайян намуд, ки вай аз ҷиҳати мазмун сотсиалистӣ ва аз ҷиҳати шакл бояд миллӣ бошад. Ҳамин тавр, зери таъсири адабиёти классикӣ ва халқҳои бародар адабиёти нави шӯравии тоҷик ташаккул меёфт.

Шоир ва нависандагон С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Р.Ҷалил, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Турсунзода ва дигарон дар асарҳои худ сохтмони сотсиалистро таҷассум менамуданд. Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагон маҳфилҳои адабӣ ташкил карда мешуданд. Соли 1935 дар Тоҷикистон 15 маҳфили адабӣ (Душанбе 8, Хуҷанд, 5, Ӯротеппа, Панҷакент яктогӣ) буд. Танҳо дар як маҳфили адабии мактаби миёнаи Душанбе 38 нафар хонандагон иштирок мекарданд, ки 12 нафарашон духтарон буданд.

Дар охири солҳои 30-юм адабиёти тоҷик хело тараққӣ кард. Эҷодиёти шоиру нависандагони ҷавони тоҷик равнақ ёфт, мавзӯи ҳаёти нав бартарӣ дошт. Дар ҷои аввал С.Айнӣ меистод. Соли 1940 ӯ повести “Ятим ”-ро чоп кард. Қисми якӯми романи “Шодӣ”-и Ҷ. Икромӣ нашр шуд, ки дар он сохтмони ҷамъияти нави деҳот нишон дода шудааст.

Дар солҳои 30-ум ба мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техники фарҳанг диққати махсус дода шуд. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ сохтмони васеи идораҳои маданӣ – маърифатӣ сар шуд. Дар ҳамин солҳо аввалин китобхонаҳо, клубҳо, чойхонаҳои сурх, музейҳо сохта шудаанд. Соли 1937 дар Тоҷикистон 1936 идораҳои фарҳангӣ амал мекарданд. Бо кӯмаки Ҳукумати умумииттифоқӣ идораҳои маданӣ бо воситаҳои техникӣ таҷҳизонида мешуданд, бори аввал дар давраи шӯравӣ соҳиби радиостансия, баландгуяк шуда, дар клубҳо дастгоҳҳои кино бароинамоиши филмҳо гузошта шуданд.

Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ, ки 68 ҳазор аъзо дошт, дар зери роҳбарии меҳнаткашонро ҳизби коммунист меҳнаткашонро барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаҳои давлатӣ – хоҷагӣ сафарбар мекард.

Ҳизби коммунист фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро барои нест кардани ҳар гунна падидаҳои маҳалчигӣ ва миллатчигӣ равона менамуд.

Дар қатори ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ сохтори давлатӣ низ мустаҳкам карда мешуд. Азбаски дар сохтори давлатӣ дар қатори кадрҳои маҳаллӣ, намояндагони дигар ҷумҳуриҳои бародар кор мекарданду забони тоҷикиро намедонистанд, дар назди муассисаҳо курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дода мешуданд. Барои тайёр намудани кадрҳои ҳизбӣ ва Шӯравӣ курсҳои шашмоҳа ва мактабҳои доимӣ – ҳизбӣ кушода буданд. Дар беҳтар гардонидани кори сохтмони давлатӣ роли муҳимро Комиссариати халқии инспектсия коргару деҳқон бозид. Вай бар зидди бюрократизм, сохтакорӣ, муносибати нодуруст нисбати оммаи меҳнаткашон мубориза мебурд.

Мавқеи Шӯроҳо дар идоракунӣ рӯз аз рӯз меафзуд. Барои хубтар ба роҳ мондани идоракунӣ соли 1930 округҳо барҳам хӯрданд, ба ҷои онҳо ноҳияҳо чун маркази ягонаи маъмурӣ ҳисобида шуданд.

Авали соли 1931 интихоботи навбатӣ ба Шӯроҳои маҳаллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки дар он 56 фоиз интихобкунандагон иштирок карданд. Иштироки занон дар маъракаҳои интихобот ба Шӯроҳо сол аз сол меафзуд. Чунончӣ, агар соли 1928-1929 занон 22 фоизро ташкил кунанд, пас дар соли 1932-1933 фоизи онҳо ба 36 расид. Пас аз интихобот фаъолияти Шӯроҳои қишлоқ беҳтар гардид. Онҳо муборизаро барои мустаҳкам намудани колхозҳо пурзӯр гардониданд. Вале ба ҳайати баъзе Шӯроҳо унсурони бегона дохил шуданд. Аъзоён аксаран бесаводу чаласавод буданд. Дар баъзе мавридҳо Сессияи Шӯроҳои қишлоқ дар вақташ даъват карда намешуд. Савияи сиёсӣ ва умумии роҳбарон ва аъзоёни Шӯроҳоро баланд бардоштан зарур буд.

17 феврали соли 1931 Анҷумани IV Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон кори худро сар кард. 24 феврал Анҷуман дар асоси конститутсияи соли 1924 ИҶШС Конститутсияи ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд, ки он замин, ҷангал, боигариҳои зеризаминӣ, фабрикаю заводҳо, воситаҳои алоқаро моликияти ҷамъиятӣ эълон намуд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқи озодии сухан, матбуот, маҷлисҳо, ҷамомадҳо, намоишҳо, таҳсил, меҳнат, баромадҳо бо забони модарӣ дода шуда буд.

Конститутсия боёнро аз ҳуқуқи идоракунии давлатӣ маҳрум кард. Рӯҳониён, хизматчиёни собиқи амиру ҳкумати подшоҳӣ аз ҳуқуқи интихоб шудан маҳрум гардиданд. Аз рӯи Конститутсия интихобот ба мақомоти давлатӣ бисёрдараҷа ва кушод буд..

Дар солҳои 30-юм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ меафзуд. Халқи тоҷик низ дар маъракаҳои сиёсӣ: интихобот, муҳокимаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ, Конститутсияҳои нав фаъолона ширкат меварзид.

1-уми марти соли 1937 Анҷумани IV Шӯроҳҳо Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Конститутсияи навро қабул кард, ки мувофиқи он асоси сиёсии Ҷумҳуриро Шӯроҳо ташкил медоданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон баробарҳуқуқ буданд, ҳуқуқ ба меҳнат, рухсатӣ, хондан, ёрии моддӣ дар давраи беморӣ ва пирӣ ва ғайра доштанд. Мувофиқи моддаи IV Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ дошт бо хоҳиши худ аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ барояд ва чун давлати алоҳида вуҷуд дошта бошад. Сарқонуни нав кӯшиши демократикунонии ҷамъиятро дошт.

24-уми июни соли 1938 мувофиқи Конститутсия аввалин интихобот ба Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид ва 282 нафар депутат ба мақоми Олии Ҳокимияти Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар байни онҳо 84 нафар занон буданд.

24-уми декабри соли 1939 интихобот ба Шӯроҳои маҳаллӣ мувафақият гузашт, аз ҷумла 34 фоиз занон интихоб гардиданд.

Октябри соли 1939 меҳнаткашони Тоҷикистон 10-солагии таъ-сиси Ҷумҳурии Шӯравии Содсиалистии Тоҷикистонро ҷшн гириф-танд. Дар ин муддат ҷумҳурӣ дар соҳаи саноат, хоҷагии кишоварзӣ ва фарҳанг мувафаққиятҳои назаррас ба даст даровард.

Марти соли 1940 Анҷумани IV Ҳизби коммунисти Ҷумҳурӣ шуда гузашт, ки он ба хониши сиёсии ҳизбиён диққати махсус дод.

Фаъолияти Шӯроҳо, ташкилотҳои ҷавонон ва иттифоқи касаба дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ меафзуд. Махсусан ҷавонон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият нишон медоданд. Саҳми онҳо махсусан дар сохтмони каналҳои Ҳисор ва Фарғона хело калон буд. Ҳизби коммунист ба воситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ мекушид, ки алоқаи худро бо шаҳрвандони Тоҷикистон мустаҳкам намояд..

Ҳамин тавр, дар натиҷаи меҳнати каҳрамононаи халқи Шӯравӣ ва бо мувафақият иҷро гардидани панҷсолаҳои якӯм ва дуюм дар ИҶШС ҷомеаи сотсиалистӣ барпо гардид. Аммо солҳои 90-ум дар адабиёти илмии хориҷӣ ва дар мақолаҳои баъзе олимони ҷомеашиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷомеа чун «сотсиализми давлат», «сотсиализми Сталиниӣ», сохтори тоталитарӣ ва ғайра номида шудааст.

Бо туфайли татбиқ гардидани нақшаи ленинӣ оид ба саноати-кунонӣ, коллективонии хоҷагии кишоварзӣ ва инқилоби маданӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дигаргуниҳои кулии иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсӣ ба амал омаданд. Ба ҷои панҷ уклади иҷтимоӣ – иқтисодӣ танҳо тарзи хоҷагидории сотсиалистӣ боқӣ монд, яъне ба ҷои шаклҳои гуногуни моликият танҳо моликияти умумихалқӣ ва кооперативӣ колхозӣ вуҷуд дошт. Дар мамлакат диктатураи пролетариат дар шакли Ҳокимияти Шӯравӣ мустаҳкам шуд. Бо туфайли инқилоби маданӣ шаҳрвандон дорои мафкураи ҷомеаи сотсиалистӣ гардиданд. Дар натиҷаи тадбиқ гардидани сиёсати миллӣ, дӯстии байни халқҳои ИҶШС мустаҳкам шуда, ба қувваи тавонои ҷомеа табдил гардид. Принтсипи ҷомеаи сотсиалистӣ «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ» ҷомаи амал пӯшид.

Дар Тоҷикистон низ дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба амал омаданд. Тарзи нави зиндагӣ ва сохтори сиёсии ҷомеаро бо Қонуни Асосии мамлакат мувофиқ кардан зарур буд. Анҷумани VI Фавқулоддаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон Конститут-сияи ИҶШС-ро ба ҳисоб гирифта, Конститутсияи Ҷумҳуриро, ки дигаргуниҳои баамаломадаро акс карда буд, тасдиқ намуд. Ба ҳамаи камбудиҳо ва каҷравиҳои ҷомеаи сотсиалистӣ нигоҳ накарда, халқи тоҷик дар қарни ХХ соҳиби давлат, миллат, ва ободӣ гардид.

Назарияи илмӣ дар бораи он ки мамлакатҳои қафомонда бо ёрии ҷумҳуриҳои пешқадам метавонанд давраи капитализмро аз сар нагузаронида ба сохтори шӯравӣ гузаранд, дар мисоли Тоҷикистон татбиқ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар ҳаёти иҷтисодӣ ва фарҳангӣ музаффариятҳои бузург ба даст овард ва ба яке аз мамлакатҳои тараққик4арда табдил ёфт.

Бо туфайли ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон синфи коргар ташаккул ёфта, зани тоҷик комилҳуқуқ гашта, шумораи бисёри зиёиёни касбу кори гуногуни тоҷик ба камол расиданд. Тоҷикистон, ки то инқилоб саноати калон надошт, соҳиби корхонаҳои калони замонавӣ, роҳҳои оҳану мошингард, барқ, санъати касбӣ, сети васеи мактабу идораҳои фарҳангӣ, деҳоти шаҳрҳои навбунёд гардид. Бештари аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ ва кор карда шаҳрвандонро ба маводи хурокворӣ, саноатро бо ашёи хом таъмин мекарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми ҷудонашвандаи ИҶШС буд, ҳамаи ин воқеаҳои мудҳишро аз сар гузаронидааст. Хусусан, як зумра ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, ба монанди Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулло Раҳимбоев, Урунбой Ашӯров, Иброҳим Исмоилов, Абдулло Фозилов, ва дигарон қурбони шахспарастӣ гардиданд.

Дар қатори ходимони давлатӣ – ҷамъ\иятӣ кормандони илму фарҳанг низ зарари маънавӣ ва иҷтимоӣ дидаанд. Дар маҳалҳо ҳатто зери шиорӣ «бо мувафаққият гузаронидани маъракаи мубориза бар зидди кулакҳо» мардум аз охирин чорвою кӯрпаи худ маҳрум гардида, ҳабс ва ба ҷойҳои ноободи Қазоқистону Сибир бадарға мешуданд.

Вазъияти байналхалқӣ дар охири солҳои 30-ум ва авали солҳои 40-ум ниҳоят мураккаб гардида, давлатҳои нав торафт ба ҷанг кашида мешуданад. Дар чунин шароит халқӣ шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дар ақибгоҳ қаҳрамонона меҳнат карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро пурқувват намуда, саҳми арзандаи худро дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон мегузоштанд.

Субҳи 22 июни соли 1941 ба сари лашкари иттиҳоди Шуравӣ, ки қад-қади сарҳади Ғарбӣ қарор дошт, ба дастаҳои сарҳадӣ, майдони ҳавоии низомӣ,истгоҳҳои роҳи оҳан сели гулӯлаҳои нирӯҳҳои душман, яъне Германияи фашистӣ фурӯ рехт. Германия тамоми иқтисодиёти Аврупоро зидди Шуравӣ бархезонд. Меҳнати осоиштаи давлати Шуравӣ дар натиҷаи ҳуҷуми аҳдшиконаи Олмони фашистӣ халалдор шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи ИҶШС, тамоми мушкилиҳои солҳои ҷангро аз сар гузаронида, саҳми худро дар торумори фашизм гузоштааст. Азбаски давлати Шуравӣ ҳеҷ гуна ҷангро хоҳон набуд ва сарҳади ғарбии мамлакат мустаҳкам набуд, аз ин рӯ дар рӯзҳои аввали ҷанг қӯшунҳои армияи сурх талафоти зиёд дода ақибнишинӣ карданд. Хатари даҳшатнок ватани шӯравиро таҳдид мекард. Тамоми халқи Шуравӣ барои ҳифзи ватани сосиалистии худ бархост. 22-июни соли 1941 Ҳукумати шуравӣ ба воситаи радио ба халқи Шуравӣ муроҷиатнома қабул карда ҳамаро ба мудофиаи ватан даъват намуд. 30-июни с 1941 Кумитаи Давлатии Мудофиа ташкил дода шуд, вазъи зиндагии мардумро дар ҳолати фавқулода эълон кард. Ин кумита фаъолияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва иқтисодию маданиро танзиму роҳбарӣ мекард.

Халқи тоҷик низ чун тамоми халқҳои иттиҳоди Шуравӣ ба дифои ватани сосиалистӣ бархост. Аз рӯзҳои аввали ҷанг сафарбаркунии қувваҳо ба ҷанг сар шуд. Ҷанг дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифаҳои бузург гузошт, ки бояд дар муддати кӯтоҳтарин ҳал карда мешуданд. Аз ҷумла фабрикаҳою заводҳо бояд ба зуддӣ ба истеҳсолоти барои фронт зарур буда сафарбар гардонда мешуданд. Аҳоли ба ақибгоҳ кӯчонда шуда бо кор таъмин карда мешуд. Зарур буд, ки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба манфиати фронт нигаронида шавад.

Аз рӯзҳои аввали ҷанг барои Армияи Шуравӣ тайёр кардани захираҳои ҷангӣ зарур буд. Ба фронт снайперчӣ, пулеметчӣ,артилерист, танкист, духтур, ҳамшираи шафқат лозим буд.

Дар Тоҷикистон дивизияи 20-юми савораи кӯҳгард вуҷуд дошт,ва дар ин рӯзҳои вазнин алайҳи фашизм нигаронида шуд. Аз 1декабри соли 1941 дар Тоҷикистон таълими ҳарбӣ сар шуд.

Дар Тоҷикистон низ мувофиқи талаботи замони ҷанг аз навсозии хоҷагии халқ оғоз ёфт. Фабрикаҳои либосдӯзию пойафзол, комбинатҳои бофандагию консерва ва хӯроквории ҷумҳурӣ барои аскарон лавозимот ва хӯрокворӣ тайёр мекарданд.

Аз 16-уми августи с 1941 СДМ қарор қабул кард, ки мувофиқи он муассисаҳои саноатии монотиқи Ғарбии Ватанро мебоист ба ақибгоҳ: Поволже, Сибир, Қазоқистону Осиёи Миёна, ва Урал кӯчонанд.

Рӯзи кории 8-соата ба 10-12 соат расонида шуд. Ҷои коргарони ба ҷанг рафтаро занону ҷавонон иваз мекарданд. Шиорҳои «Ҳама чиз барои ғалаба» «Ҳама чиз барои фронт», «Ҳам ба ҷои худ ва ҳам ҷои рафиқи ба фронт рафта» кор ва зиндаги мекарданд.

Баъди ба ҳимояи Москва сафарбар шудани дивизияи 20-уми саворои кӯҳгарди Тоҷикистон, тирамоҳи с 1941 дивизияи нави 61-и савораи кӯҳгард ташкил ёфт. Ин двизия роҳи ҷангии худро аз муҳорибаҳои назди Москва сар мекунад.

Оғози ҷанг ба пешрафти зироат низ таъсири манфӣ расонд. Зеро тамоми техникаи коршоями зироатро ба ихтиёри армия доданд. Истеҳсоли тухмиҳои навъи баланд кам гардид, таъмини деҳот бо нуриҳои маъданӣ кам гардид. Пеш аз саршавии ҷанг ба Тоҷикистон аз ноҳияҳои марказии Россия сузишворӣ меоварданд. Акнун Тоҷикистон мебоист худашро бо сузишвори таъмин мекард. 17-ноябри с 1941 дар назди МТС-ҳо шӯъбаҳои сиёсӣ ташкил карданд. Барои бо хӯроквори таъмин кардан тартиботи корточкагиро ҷорӣ намуданд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки дар он мамлакате, ки интизом, меҳнатдӯстӣ, ягонагӣ ва дӯстии халқҳо вуҷуд дорад, душман ғолиб баромада наметавонад.

Аз рӯзҳои аввали ҷанг дар паҳлӯи аскарони сермиллати советӣ фарзандони тоҷик низ вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи ватанро иҷро мекарданд. Номи садҳо фиристодаҳои тоҷик дар остонаи бисёр шаҳрҳо бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

2-октябри соли 1941 фашистон шаҳри Москваро муҳосира карданд. Дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддас ҳимояи Масква истода буд. Дар чунин вазият моҳи ноябри соли 1941 двизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон ба ҷанг даромад, ки онро полковник Ставенков роҳбарӣ мекард. Аввалин ордени Лелиниро тоҷикписар Иброҳимов дар муҳорибаи Москва гирифтааст.

Баъди муҳорибаи Москва, Сталинград муҳорибаи 2-юми калонтарин буд, ки он 200 шабонарӯз давом кардааст. Двизияи 61- уми савораи куҳгарди Тоҷикистон роҳи ҷанги худро аз муҳорибаи Сталингарад сар мекунад, ки он аз 19 ноябри соли 1942 сар мешавад.

5 июни соли 1943 муҳорибаи Курск сар шуд, ки дар он аз ҳарду тараф 2 млион аскар иштирок доштанд. Дар ин муҳориба Ҳодӣ Кенҷаев сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ гардид.

Дар муҳорибаи Днепр Тоҷикистониҳо Д. Азизов, Ҳ. Қосимов, Қаюмов, С Турдиев, Давлатов, Якубов, сазовори номи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.

Дар озодкунии ҷумҳуриҳои назди Балтика Чутак Урозов, Сафар Амиршоев, дар озод кардани Украина Исмат Шарипов, дар озодкунии Полша Эргаш Шарипов қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.

Домулло Азизов соли 1942 ба Армия даъват мешавад. Командири расчети пулемётчиҳо шуда хизмат карда, 15 сентябри соли 1943 ҳангоми аз дарёи Днер гузаштан қаҳрамони нишон додааст. Октябри соли 1943 ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд. Ӯ дар озодкунии Гамаев ҳалок мешавад.

Сафар Амиршоев –сержанти калони гордияи дар озод намудани Литва иштирок менамояд. 15 июни соли 1944 қаҳрамонӣ нишон дода ҳалок мешавад. Ба ӯ 25 сентябри соли 1944 пас аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Ӯрунбек Ёқубов соли 1939 ба хизмати аскарӣ меравад. Дар ҷанги соҳили рости дарёи Днепр қаҳрамонӣ нишон дода, аз 22 апрел соли 1941 унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб мешавад. Баъди ҷанг солҳои зиёд директории фабрикаи тирикотажи Уротеппа муда кор мекард.

Чӯтак Урозов – с 1943 ба фронт рафта, соли 1944 дар озодкунии Латвия қаҳрамонӣ нишон медиҳад.Ӯ 24 марти с 1945 соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад.

Исмат Шарифов — соли 1942 ба фронт рафта дар озодкунии Украина қаҳрамони нишон дода, 13 сентябри с 1942 соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Эргаш Шарифов соли 1943 ба фронт меравад. 15 май с 1946 соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегарад.

Тӯйчи Эригитов – с 1941 ихтиёри ба фронт меравад. Дар муҳорибаи Сталинград бо танаи худ нуқтаи оташӣ душманро пӯшонда қаҳрамонона ҳалок мегардад. 21 феврал с 1944 ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Раҳимбой Раҳматов – соли 1941 ба фронт рафта дар озодкунии Польша қаҳрамони нишон дода, 27 июли с 1945 соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад.

Саидқул Турдиев- с Дар муҳорибаи назди Днепр қаҳрамонӣ нишон дода ҳалок мешавад. Ба ӯ 10 январи с 1944 пас аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешавад.

Исмоил Файзалиев –Дар муҳорибаи Курск қаҳрамони нишон дода 16 августи с 1943 дар госпитал вафот мекунад. 8 сентябр с 1943 пас аз маргаш ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Ҳодӣ Кенҷаев – тобистони соли 1943 дар муҳорибаи Курс қаҳрамонӣ нишон медиҳад. 21 сент с 1943ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Соли 1946 аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шуда то охири умр раиси ҷамоат шуда кор мекунад.

Ҳайдар Қосимов – Аз соли 1941 то 1942 дар Алмаато курси минометчиро хатм карда, соли 1943 ҳангомӣ аз дарёи Десна гузаштанаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегирад.

Тӯйчӣ Назаров с –24 январи с 1945 ҳангоми гузаштан аз дарёи Днепр қаҳрамони нишон дода аз 16 феврали соли 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравро соҳиб мегардад.

Меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷӣкистон аз рӯзҳои саршавии ҷанг масъулиятро дарк мекарданд. Аз ин рӯ лозим буд, ки ба таври куллӣ аз нав саноатро тараққи диҳанд. Аз ибтидои ҷанг корхонаҳои саноати сабук ба истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ, либос, чарм, матоҳои пахтагин, хӯрока, пӯшока сар карданд. Мусобиқаҳо сар шуд, ки дар он ҳаракати 200 -300 ба миён омад. Дар байни солҳои 1941-1946 дар Тоҷикистон 20 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ба Тоҷикистон, чун манбаи ашёи хом, аз ноҳияҳои дури ақибгоҳ зиёда аз 10 кохонаи саноати сабук, аз он ҷумла заводҳои собунбарории Москва ва Харьков, комбинати шоҳибофӣ ва подшипникбарории Москва, қисман бо коргаронаш ба Сталинобод кӯчонда шуданд ва соли 1942 ба кор шурӯъ намуданд.

Хамин тавр коргарони корхонаҳои саноатии Тоҷикистон вазифаи худро дар назди халқу Ватан дар солҳои ҷанг сарбаландона иҷро карданд.

Дар солҳои 50-80-ум вазъияти байналхалқӣ мураккаб буд . Дар байни ду сохтори ҷаҳонӣ аз як тараф сохтори сотсиалистӣ ва аз тарафи дигар капиталистӣ, мухолифат шиддат мегирифт.

Халқҳои ҷаҳон, ки оқибатҳои ҷанги дуюми ҷаҳонро нағз медонистанд, такрор шудани онро нахоста, фаъолияти худро барои пешгирӣ кардани он равона мекарданд. Дар сафи пеши зидди ҷанги нави ҷаҳонӣ мамлакатҳои сотсиалистӣ, ҳаракати байналхалқии коммунистӣ-коргарӣ, мамлакатҳои бетараф, ки ба аҳдономаҳои ҳарбӣ дохил намешуданд, меистоданд. Ин амалиётро инчунин ташкилотҳои оммавии байналхалқӣ, Федератсияи занон, ҷавонон, Иттифоқҳои касаба ва ғайра дастгирӣ мекарданд. Дар ин солҳо мавқеъ ва обрӯи Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам афзуд. Он дар ин солҳо барои нигоҳ доштани сулҳ ва роҳ надодани ҷанги нави ҷаҳонӣ чораҳои мушаххас меандешид. Дар ин бора тадбирҳои зерини СММ шаҳодат медиҳанд: Изҳорот (с.1960) дар бораи ба ҳамаи мустамликаҳо, халқҳо додани ҳуқуқи истиқлолияти миллӣ, қарори сессияи XVI Ассамблеяи Генералии СММ (с.1961) оиди минтақаи беяроқи ядроӣ эълон шудани қитъаи Африка ва қабули Изҳорот дар хусуси манъи истифодаи яроқи ядроӣ ва термоядроӣ, қабули аҳднома (с.1969) оиди манъи ҷойгиркунии яроқи ядроӣ ва дигар намудҳои яроқҳои қатли Ом дар зери баҳру уқёнус ва ғайра.

Созмони ягонагии Африка, ки соли 1963 бо кӯшиши 32 давлати қитъаи Африка ташкил гардида буд, саҳми арзандаи худро низ дар пойдории сулҳ дар ҷаҳон гузошт.

Бар хилофи блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) моҳи маи соли 1955 Шартномаи Варшава ташкил ёфт. Чунин мувозинат пеши роҳи хавфи ҷанги навро боздошт.

Мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ИҶШС буд, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ сиёсати ягонаро бо дигар ҷумҳурияҳои иттифоқӣ пеш мебурд. ИҶШС ба сиёсати ҳамзистии осоиштаи мамлакатҳои сохти сиёсиашон гуногун такя намуда, бо ташаббусҳои наҷиб баромад намуд. Аз он ҷумла, моҳи Марти соли 1958 Шӯрои Олии ИҶШС қарорро оид ба манъи озмоиши яроқҳои атомӣ ва водородӣ қабул намуд; соли 1960 қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС кам карда шуданд; Иттифоқи Шӯравӣ муносибатҳои байналхалқиро инкишоф дода, бо бисёр давлатҳо аҳднома имзо кард.

Вале таҳти сарварии ИМА боз чанд блокҳо, ба монанди АНЗЮС, СЕАТО, СЕНТО, дар ҳудиди давлатҳои хориҷӣ чандин базаҳои ҳарбии Амрико, Англия ва дигар давлатҳои муттарақии капиталистӣ сохта шуданд. Дар тӯли 20 соли баъдиҷангӣ муносибати байни давлатҳои сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС ва капиталистӣ бо сардории ИМА боиси «ҷанги сард» гардид.

Дар солҳои 50-60-ум вобаста ба воқеаҳои Венгрия (с.1956), Куба (с.1962), Чехословакия (с.1968) дар вазъияти байналхалқӣ хавфи «ҷанги оташфишон» ба амал омад.

ИҶШС инчунин мамлакатҳои аз низоми мустамликавӣ озодшу-даро пуштбонӣ карда, саҳми худро дар хомуш намудани ҷангҳои маҳаллӣ мегузошт. Инро дар мисоли ҳуҷуми давлатҳои Англия, Франтсия ва Исроил ба муқобили Миср (с.1956), ҳуҷуми ИМА, Англия ба Ироқ (с. 1958), ҳуҷуми ҳарбии Исроил ба муқобили Миср, Сурия ва Иордания (с.1967) ва ғайра мушоҳида кардан мумкин буд. Солҳои 50-60-ум дар инкишофи ҷамъиятии ҷаҳон масъалаи шикасти низомии мустамликадорӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар ин давра зиёда аз 70 мамлакат истиқлолияти сиёсӣ ба даст даровард. Вале дар аксари ин мамлакатҳои нав озодшуда ба ҷои зулми мустамликавӣ боз шакли дигари мустамликадорӣ ба вуҷуд омад, чунки чанде аз мамлакатҳои Африка ва Америкаи Лотинӣ на танҳо қарзи импералистонро дода натавонистанд, балки имкони адои фоизи онро надошта, сол аз сол қарзи онҳо меафзуд.

Мамлакатҳои сотсиалистӣ принсипҳои демократиро пеш гирифта, ба давлатҳои ҷавони озодшуда ёрии илмию техникӣ ва фарҳангии беғаразона расонданд. Танҳо бо кӯмаки ИҶШС 680 корхонаи саноатӣ ва дигар объектҳои сохтмонӣ қомат рост карданд. Дар натиҷаи чунин кӯмакҳои аксарияти ин давлатҳо ҳаёти иҷтимоию иқтисодии худро пурқувват намуда, ба сатҳи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон наздик шуданд.

Дар авали солҳои 70-ум ИҶШС Барномаи сулҳро қабул намуд, ки татбиқи он муносибатҳои байни давлатҳои сохтори сотсиалистиро бо капиталистӣ то як андоза муътадил гардонд. Барнома хусусан дар таъмини бехатарии коллетивӣ дар Аврупо, кам кардани базаҳои ҳарбии хориҷӣ, барҳам додани нуқтаҳои оташи ҷанг ва хотима додани моҷароҳои минтақавӣ хизмат кард.

Равобити байналхалқии иқтисодии Тоҷикистон низ ин солҳо дар шакли содироти маснуоти саноатӣ, кишоварзӣ, иштирок дар ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналхалқии саноатӣ инкишоф ёфтааст. Тоҷикистон маҳсулоти хешро ба бештар аз 40 мамлакати хориҷӣ мефиристод. Вале маблағи маҳсулоти бароварда шуда ба арзи хориҷӣ (валюта) ба хазинаи Иттифоқ мерафт ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ онро истифода бурда наметавонист.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми асри ХХ дар таърихи башар солҳое буданд, ки лавозимоти ҷангии ҳаставии қатли Ом бештар истеҳсол шуда, қисмҳои ҳарбии якчанд мамлакатҳо бо он мусаллаҳ гардиданд..

Инсоният таркиши бомбаҳои атомиро дар шаҳрҳои Хиросима, Нагасаки ва оқибатҳои даҳшатангези онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Дар солҳои «ҷанги сард» истеҳсол ва озмоиши яроқҳои ҳарбӣ, хусусан ҳаставӣ ва водородӣ мардуми ҷаҳонро ба изтироб овард. Сарфи назар аз низомҳои сиёсӣ дар ҷаҳон хушбахтона қувваҳои солиме пайдо гардиданд, ки кори сулҳро дар рӯи замин таъмин намуданд.

Солҳои 50-80-ум дар таърихи башар чун давраи инқилоби илму техника дохил шудаанд. Дар ин давра дар байни ду сохтори сиёсии ҷаҳон рақобат шиддат ёфта, оиди ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ прогрессии илму техника истифода карда шуд. Бо ҷорӣ гардидани техникаи нав ва технологияи пешқадам зарурати такмили касб ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ба амал омад. Мутаассифона, дар ИЧШС ва давлатҳои демократӣ мактабҳои таълими ихтисос ва омӯхтани касби нав, хусусан дар соҳаи саноат, аз давлатҳои мутараққии ҷаҳони капиталистӣ торафт қафо мемонданд.

Ҳарчанд бо сарварии ИЧШС давлатҳои низоми сотсиалистӣ дар соҳаи аз худ кардани коинот, истеҳсоли техникаи ҳарбӣ бартарӣ пайдо карда бошанд ҳам, вале дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ аз давлатҳои капиталистӣ қафо мемонданд. Масалан, дар ИЧШС бо меҳнати вазнини ҷисмони 50 млн. шахс машғул буд, аз он ҷумла дар саноат 40 фоиз, сохтмон 60 фоиз ва хоҷагии кишоварзӣ қариб 70 фозро ташкил медоданд. Давлатҳои капиталистӣ пеш аз ҳама ИМА, Англия, Фаронса, Италия, ҶФГ, Япония дар асоси прогрессии илму техника тавонистанд пеши бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодиро гиранд. Онҳо бо комёбиҳои илму техника такя намуда, баъзе масъалаҳои иҷтимоиро низ ҳал карда, ба саршавии ҷунбишҳои инқилобӣ роҳ надоданд.

Дар Тоҷикистон ходимони намоёни давлатӣ, фаъолони ҳизбию ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Н. Махсум, А . Раҳимбоев,Ш Шотемур, Ч. Имомов, И. Исмоилов, С.К. Шадунц, У. Ашӯров, А.Т. Федин ва бисёр дигарон гирифтори шахспарастӣ гардида, бегуноҳ ҷазои сиёсӣ диданд. Ҳамчунин дастнависҳои нодири қадимаи соҳаи адабиёт, санъати халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ гирифтори идеологияи шахспарастӣ шуда, нобуд гардиданд.

Шахспарастӣ инчунин дар солҳои баъдиҷангӣ ба инкишофи ҳаматарафаи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриҳои Иттифоқи зарари худро низ расонид. Масалан, гарчанде дар Тоҷикистон канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ғанӣ ва табиати он барои инкишофи кишоварзӣ қулаӣ бошад ҳам, вале то Анҷумани ХХ ҲКИШ маблуғгузорӣ ва азхудкунии он қаноатбахш набуд. Бинобар он, як қисми объектҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ сари вақт ба кор намедаромаданд. Ҳатто дар сохтмони манзилгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ архитектураи замонавӣ истифода шуда, ба нақшу нигори қадимаи ниёгон диққат дода намешуд.

Маҳкум кардани шахспарастӣ ва амалӣ гардидани қарорҳо оиди ин масъала дар ҷомеаи шӯравӣ муҳити эҷодкорӣ фароҳам овард, кори ташкилотҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ҷоннок гардиданд. Дар Тоҷикистон барои барқарор кардани номи неки ходимони давлатӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касаба, ки аксарияти онҳо ноҳақ маҳкум шуда буданд, кӯшишҳои зиёд карда шуд.

Баъд аз он ки Анҷумани ХХ ҲКИШ шахспарастиро маҳкум намуд дар миқёси байналхалқӣ ва дохилии мамлакат раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Дар кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои баъзе ҳизбҳои коммунистӣ, сотсиал-демократӣ нисбати ҲКИШ беҳтар гардида, сиёсати баъзе мамлакатҳои капиталистӣ оиди ИҶШС тағийр ёфта, равобити иқтисодӣ ва фарҳангии худро беҳтар намуданд.

Сарфи назар аз мушкилӣ ва камбудиҳо дар тӯли нимаи дуюми солҳои 50-80-ум дар мамлакат дигаргуниҳои зерин ба амал омаданд: демократикунонии ҳаёти ҷамъиятии мамлакат; мавқеи ҳар як ташкилоти оммавӣ – сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва байналхалқӣ муайян гардид; дар асоси Сарқонуни Иттифоқи ва ҷумҳуриявӣ тарзи зиндагӣ, меҳнат ба роҳ монда шуда, барои иҷро гардидани қонунияти сотсиалистӣ тадбирҳо андешида, иқтисодиёту қонунияти сотсиалистӣ тадбирҳо андешида, иқтисодиёту фарҳанг инкишоф меёфт.

Бо сабаби ба амал омадани тағйироти куллӣ дар мамлакат, барои риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳофизати ҳуқуқи инсон аз тарафи Шӯрои Олӣ қонунҳои гуногун ва Конститутсияи нав қабул карда шуд.

Барои дуруст бурдани сиёсати байналхалқӣ ва дохилӣ зарурати аз нав қабул кардани Қонуни асосӣ ба миён омад . Баъди қабули Конститутсияи соли 1936 зиёда аз 40 сол гузашт, дар ҳаёти дохилӣ ва байналхалқии ИҶШС дигаргунаҳои куллӣ ба амал омаданд. Аз ин сабаб баъди муҳокимаи тӯлонӣ Конститутсия нави ИҶШС 7 октябри соли 1977 қабул гардид.

Ба Конститутсияи ИҶШС такя карда, тағйироту музаф-фариятҳои Тоҷикистонро ба назар гирифта, 14апрели соли 1978 Сессияи ҳаштуми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШС тоҷикистон Конститутсияи (Қонуни Асосии) нави Ҷумҳуриро тасдиқ кард. Конститутсияи аз 10 фасл, 19 боб ва 174 модда иборат буда, хусусиятҳои хоси Тоҷикистонро дарбар гирифта буд.

Мутаассифона дар кори байни занон камбудиҳо низ буданд. Чунончӣ барои фаъолияти занон на дар ҳама ноҳияҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шуда, фоизи муайяни онҳо аз надоштани ихтисос бок ор таъмин карда намешуданд. Аз 338 ҳазор нафар занони бекор 245,8 ҳазорашон дар деҳот истиқомат мекарданд. Хусусан серфарзандӣ, бо муассисаҳои томактабӣ пурра таъмин набудан, механизатсияи нокифояи истеҳсолоти кишоварзӣ, набудани ҷои кор дар нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин ва ғайраҳо ба истифодаи самараноки қувваҳои меҳнатӣ халал мерасонданд.

Шумораи ҳизбиён дар ташкилотҳои комсомолии Тоҷикистон мунтазам зиёд мешуд. То 1 январи соли 1986 дар комсомол 14229 нафар коммунистон кор мекарданд, ҳамаи котибони якӯм ва дуюми комитетҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии комсомол аъзои ҳизб буданд.

Дар анҷумани ҶҶIV комсомоли Ҷумҳурӣ (с.1987) қайд карда шуд, ки сифати ҳайати ташкилот хеле беҳтар гардида, шумораи комсомолони коргар 30,1 фоизро ташкил медод. То 1 январи соли 1987 дар сафҳои комсомоли Тоҷикистон 215058 нафар коргар ва 122496 нафар колхозчӣ буд.

Сазовори таҳсин аст, ки дараҷаи маълумотнокии комсомолон пайвастабаланд мегардид. Аз шумораи умумии комомолони ҷумҳурӣ 60 фоизашон маълумоти олӣ ва миёна доштанд.

Комсомоли Тоҷикистон ба баланд бардоштани фаъолияти аъзоёни ВЛКСМ аҳамияти бағоят калон медод. Бо ҳамин мақсад дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо комсомолон сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида, ҳисоботу рапортҳои онҳо дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои қабулшуда, супоришҳои комсомолӣ дар бораи баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ ва идеявию сиёсиашон шунида мешаданд.

Ҳамин тавр, ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон фаро расидани сулҳ ва маҳкум карда шудани шахспарастӣ дар мамлакат ба саршавии раванди демократикунонии ҷомеа мусоидат намуд. Дар Тоҷикистон солҳои 50-80-ум ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ бо куллӣ тағйир ёфта ба пешравии ҷумҳурӣ мусоидат менамуд.

Ба камбудию хатогиҳо нигоҳ накарда, баланд шудани мавқеи идораҳои давлатӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ омили муҳими пешравии ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардид.

Нимаи дуюми солҳои 80-ум дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба сабаби сар шудани бо ном бозсозӣ тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Бозсозӣ натанҳо дар таърихи халқҳои собиқ, Иттиҳоди шӯравӣ, балки мамлакатҳои Аврупои Шаркӣ давраи дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ба амал овард.

Давлати Шӯравӣ дар миқёси байналхалкӣ дар зарфи солҳои мавҷудияти худ мақом бузург бозӣ мекард. Дар солҳои охир аз сабаби роҳ додани камбудиҳои дар ситемаи фармонфармоӣ дар структураи давлатӣ пеши роҳи тараққиёти мамлакат боз дошта шуд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат ба мақсади наҷот додани системаи сиёсии давлатӣ роҳи бозсозиро пеш гирифтанд. Онҳо тасавур карда наметавонистанд, ки иқдоми пешгирифтаи онҳо ба чӣ ба анҷом мерасад. Дар амал бозсозии сар-шуда ба аз навсозии тамоми ситемаи сиёсӣ ва стрктураи иктисодӣ оварда расонд.

Бозсозӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз моҳи апрели соли 1985 сар шуд. Мақсади асосии он хотима додан ба вазъи бӯҳронӣ дар мамлакат, муайян намудани тараққиёти минбаъдаи ҷомеа иборат буд.

Аз нимаи дуюми солҳои 80-ум дар мамлакат нақшаи стратегӣ кор карда баромада шуд. Аз ҷиҳати сиёсӣ мақсади бозсозӣ-барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармон-фармоёнаи маъмурӣ ва минбаъд инкишоф додани протсесси демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ иборат буд.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ- дар асоси истифодаи прогрессии илмӣ-техникӣ дар истеҳсолот баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ба нақша гирифта шуда буд.

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ-бемайлон бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар назар дошта шуда буд.

Дар соҳаи сиёсати байналхалқӣ- аз нигоҳи тасавуроти синфӣ даст кашида дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ мувофиқи тафаккури нав роҳҳои ба малакатҳои капиталистӣ ҳамкорӣ намудан ва пойдор намудани сулҳ вазифаи асосӣ нишон дода шуда буд. Хулоса, равандҳои ислоҳоти куллӣ соҳаҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва муносибатҳои байналхалқиро дар бар мегирифт.

Яке аз самтҳои асосии бозсозӣ ин демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ аз як тараф барпо кардани механизми боэътимод дар назар дошта мешуд, ки ба воситаи он шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои давлатӣ-ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда тавонанд. Аз тарафи дигар барои ба фарханги умумибашарӣ роҳ ёфтан имконият дода шуда, ҳуқуқҳои инсон поймол карда нашавад.

Яке аз самтҳои демокракунии ҷомеа ошкорбаёнӣ ҳисобида мешуд. Ошкорбаёнӣ мебоист дар доираи қонун амали гашта, ба ҳодисаҳо аз нуқтаи назари реалӣ баҳо дода мешуд. Дар ҷомеа плюрализм (бисёрандешӣ) ҷорӣ карда шуда ҳизбҳои сиёсӣ ташкил ёфтанд. Сохтори нави интихобот ҷорӣ шуда, масъалаҳои муҳими характери сиёсӣ дошта ба тариқи райпурсӣ бо иштироки васеи шаҳрвандон қабул мешуданд.

Иқдоми гузаронидани бозсозӣ бевосита аз тарафи ХКИШ тайёр карда шуда буд. Равандҳои бозсозӣ, ки дар заминаи ошкорбаёнӣ мегузашт, боиси тезутунд гаштани вазъияти ҷомеа гардида боиси ташкил ёфтани се гурӯҳи мухталиф гардид.

Гурӯҳи аввал хоҳиши ба таври куллӣ тағйир додани тамоми сохтори ҷомеаро намехостанд. Шиори асосии онҳо сотсиализми таҷдидшуда, федератсияи таҷдидшуда, бозори танзимшаванда ва ҳоказо буд.

Гурӯҳи дуввум- тарафдори бозсозии радикалӣ, тамоман бекор кардани сохтори маъмурӣ-фармондиҳӣ, барпо намудани иттиҳоди озоди мамлакатҳои соҳибихтиёр, эътироф намудани ҳуқуқи миллатҳо, бозори озод ва ҷорӣ намудани шаклҳои гуногуни моликият ва ғайра.

Гурӯҳи сеюм онҳое буданд, ки гоҳ ошкоро гоҳ пардапӯш муқобили бозсозӣ мебаромаданд. Онҳо тарафдори нигоҳ доштани системаи мавҷуда ва мавқеи роҳбарикунандаи ХКИШ буданд.

Бозсозии ҷомеаи Шӯравӣ, ки ислоҳоти радикалии сиёсию иқтисодиро талаб мекард, нотамом монд. Илова аз он каҷравиҳое, ки дар рафти ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ба онҳо роҳ дода шуданд, бӯҳрони иқтисодии сотсиализмро тезониданд. Кӯшишҳои зиёде, ки аз давраи салтанати Хурушов сар шуда, Брежнев, Андропов ва махсусан бозсозии Горбачёв пеши роҳи ин бӯҳронро гирифта натавонистанд. Дар мамлакат низому тартиб вайрон шуданд. Демократия ба бесарусомонии тамоми ҳаёти ҷомеа оварда расонд. Мафия, ки то ин давра пинҳонӣ амал мекард ва қариб тамоми иқтисодиётро ба даст гирифта буд, ба амалиёти ошкор гузашт. Садҳо бо ном кооперативҳо, ки чизеро истеҳсол намекарданд бо роҳи ғайриқонунӣ миллион сумро соҳиб шуданд.

Гурӯҳҳои ҷинояткор ба фаъолияти рӯи рост гузашта, тамоми амволи давлатро харида гирифтанд.

Пеш аз он, ки сабабҳои пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро дида бароем, чанд Сухан роҷеъ ба мавқеи Тоҷикистон дар давлати Шуравӣ иброз мекунем.

Замони сотсиалистӣ ва умуман сотсиализм зуҳуроти пурихтилоф ва гуногунпаҳлӯ мебошад. Аз ин ҷиҳат таъсири он низ ба зиндагии миллатҳои собиқ ИҶШС мухталиф аст. Ин таъсирро танҳо аз ҷиҳати танқидӣ чун зӯроварии ғайриқонунӣ бар кули халқҳо ва чун зуҳури сиёсати абарқудрати шовинизми русӣ на бояд эҳзо дод.

Сотсиализм ба тамоми каҷравиҳо, фаъолияти авомфиребонаи хизматчиёни зинаҳои гуногун моҳияти худро зоҳир намуд, манфиатҳои меҳнаткашон, аз ҷумла манфиати Милли онҳоро низ дар худ таҷассум намуд. Сотсиализм ба манфиати халқ арзи вуҷуд карда буд ва дар 74 соли ҳукумати шӯроҳо барои халқ бисёр чизҳо дод. Танҳо шахсони кӯрботин ҳамаро сиёҳ карда, намебинанд, ки мамлакати қафомондатарин аз ҷиҳати пешрафти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба ҷои дуюм баромад, қудрати мудофиавии пурқувват ба вуҷуд овард, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошт.

Ин бахусус дар кори боло бардоштани хоҷагӣ, фарҳанг, маорифи халқ, баръало ҳис карда мешавад. То солҳои 30-юм дар Тоҷикистон ягон донишкада вуҷуд надошт. Соли 1940 шумораи донишкадаҳои олӣ ба 6-то ва миқдори донишҷӯёни онҳо 2300-нафар ташкил медод. (народное хозяйство СССР в 1922-1962гг). Дар ҷумҳурӣ дар давраи Шӯравӣ чандин корхонаҳои саноатӣ сохта шуда, шаҳрҳо бо иморатҳои замонавӣ бунёд ёфтанд. Ҳамаи ин танҳо бо дасти тоҷикон сохта нашудаанд. Дар таълим ва тарбияи зиёиёни тоҷик профессорони рус пеш аз ҳама саҳмгузор буданд. Маҳз дар замони Шӯравӣ нобаробарии Амалии халқҳои собиқ мамлакат бартараф карда шуд.

Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр манфиат бардошт. Сатҳи саноат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин давраро ба замони пеш аз инқилобӣ муқоиса кардан мумкин нест. Албатта дар 25 соли охири мавҷудияти ИҶШС (ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон камтарин қисмати маблағгузорӣ ҷудо карда мешуд. Ин натиҷаи сиёсати шовинизми бузургдавлатии русӣ буд, ки тавассути фаъолияти идораи марказии ҳукумати ИҶШС зоҳир мегарид. Ҳатто дар давраи шахспарастии Сталин ҳам барои инкишофи саноати Осиёи Миёна бештар ғамхорӣ зоҳир карда мешуд. Дар он вақт саноати Осиёи миёнаро аз нестӣ ба вуҷуд оварда буданд. Дар солҳои охир қафомонии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ сол то сол шиддат мегирифт.

Масалан, барои инкишофи минтакаи сиёзамин аз буҷаи марказ 35 млрд сум харҷ карда шуд, ки ин ба тамоми хароҷоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ баробар буд. (ниг. Литературная газета, 1987, 4 март).

Дар натиҷаи чунин сиёсати сармоягузорӣ бекории барзиёд ба вуҷуд омад. Дар Тоҷикистон бештар аз 200 ҳазор нафар бекорон буданд. (ниг., Правда, 1989, 16 сентябр).

Тамоми ин ба даромади миллии ҷумҳурӣ ва сатҳи талаботи аҳолӣ бетаъсир намонд. Даромади миллӣ ба сари ҳар каси машғули меҳнат дар Осиёи Марказӣ аз 83 % соли 1970 ба 75 % дар соли 1979 ва 66% соли 1989 фаромад. (социалическые исследования. 1989, №1,-с.9).

Нобаробарӣ дар истеҳсолот боиси нобаробарии сохтори иҷтимоӣ гардид. Масалан, дар Тоҷикистон дар соҳаи саноат 28 % аҳоли банд буда аҳолии шаҳрнишини Тоҷикистон 28 % умумии аҳолии ҷумҳуриро ташкил медод. (социологическое, № 3,-с. 29). Ин нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо нишондиҳандаи пастарин буд.

Тарафи дигари сиёсати ҳукумат бар тадриҷан аз байн рафтани забонҳои миллӣ асос ёфта буд. Забонҳои миллӣ ИҶШС аз соҳаҳои коргузорӣ торафт танг карда мешуд. Таълим дар мактабҳо ба забони русӣ ҷараён меёфт. Ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ русҳо нисбат ба дигар миллатҳо бартарият пайдо мекарданд. Зеро миллатҳои гар рус забони русиро хуб аз худ карда наметавонистанд. Аз ин сабаб дар корхонаҳои саноатӣ, ки дар Ҷумҳуриҳои миллӣ сохта мешуданд, коргарони баландихтисос аз ҳисоби русҳо интихоб карда мешуд.

Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои дигар сустар тараққӣ мекард. Ин ба сармоягузорӣ вобаста буд. Масалан, аз соли 1976 то соли 1990 ба ҳар сокини Иттиҳод 9089 сум рост омада бошад, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3071 сумро ташкил медод. (Народное хозяйство СССР в 1990г.-с.67).

Ҳамин тариқ, сиёсати шовинизми бузурги давлатӣ, ба он оварда расонд, ки халқҳои миллӣ чӣ аз ҷиҳати истеҳсолӣ, чи аз ҷиҳати сохтори иҷтимоӣ ва чӣ аз ҷиҳати сатҳи истеҳсолот қафо монданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *