Фанни Сиёсатшиноси

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм

Афкори сиёсӣ дар ҳамон даврае пайдо шуд, ки дар ҷомеа тақсимоти меҳнат, ба табақахо ҷудошавии одамон ва давлат ба вуҷуд омад. Бинобар ин, ба илми сиёсатшиносӣ ҳамчун омили муҳими санъати идоракунии ҷомеа назар кардани ҷоиз аст. Ба воситаи ин илм инсоният имконият пайдо кард, ки роҳҳои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва нигоҳ доштани онро аз худ намояд.Аз ин лиҳоз тадкикотчиён ба ин ҷараёни илм таваҷҷӯҳ пайдо намуданд. Дар нимаи асри Х1Х дар як катор мамалакатҳои Европа ва Амрико ба омӯзиши ин илм ҳамчун фанни алоҳида оғоз намуданд. Дар инкишофи ин илми сиёсаишиносӣ олимони Европа К.Маркс, Макс Вебер, Р.Михелс, Г.Моска, В.Парето, А.Токвил ва сиёсатшиносони рус Г.В.Плеханов, В.И. Ленин, М.М. Ковалевский,Б.Чичерин ва дигарон хело калон мебошад. Дар аввали асри ХХ ҳама тадқиқотҳо дар атрофии илми сиёсатшиносӣ тасдиқ гашта ва асосан баъди соли 1948 дар ҳама донишкадаҳои мамалакатҳои тараққикарда кафедраҳои сиёсатшиносӣ ба фаъолияти худ оғоз намуданд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ аз соли 1979 чунин ҷамъият фаъолият дорад ва аввалин раиси ин ҷамъияти сиёсатшиносони Тоҷикистон С.А. Раҷабов, собик вазири маорифи Точикистон буданд. Дар асоси донишҳои ҷаҳонии политологии дар раванди омӯзши ҷомеашиносии кишвари мо, бо ба инобат гирифтани анъана ва таҷрибаи таърихӣ, донишҳои сиёсиро чунин силсилабандӣ намудан мумкин аст:

а) донишҳои сиёси махсус, ба ин гурӯҳ илмҳои таърихии сиёсӣ, таърихи давлат

ва ҳуқуқ, таърихи ҳизбҳо ва ҳаракатҳо, ҳуқуқи давлат, сохтори давлатӣ дохил

мегарданд.

б) донишҳои сиёсии омехта: фалсафаи сиёсӣ, сотсиологияи сиёсӣ, иқтисоди сиёсӣ, психологияи сиёсӣ, географияи сиёсӣ ва ғаира.

в) худи фанни сиёсатшиносӣ.

Сиёсатшиносӣ- илм дар бораи қонуниятхои раванди ҳаёти сиёсӣ, барқароршавӣ ва инкишофи ҳокимияти сиёсӣ, шаклу усулҳои идоракунии хаёти сиёсии ҷомеа ва фаъолияти сиёсии одамон мебошад.

2

Чунин маънидод намудани фанни сиёсатшиносӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мазмун ва мундариҷаи илми сиёсатшиносӣ хеле гуногунҷабҳа буда, он тамоми паҳлуҳои фаъолияти сиёсии одамонро фаро мегирад.

Сиёсатшиносӣ асосан дар ду равия инкишоф меёбад: назариявӣ ва амалӣ.

Сиёсатшиносии назариявӣ қонуниятхои инкишофи раванди сиёсӣ, моҳият ва аҳамияти онро барои инсон ва ҷомеа, муносибатҳои мутақобилаи байни синфҳо, миллатҳо, инчунин муносибати сиёсии байни шахс ва ҷамъияту давлатро меомӯзад.

Конуниятҳо дар асоси чунин равандҳо инкишоф меёбанд: пайдоиш ва инкишофи манфиятҳои сиёсии субъектхои иҷтимоӣ ва ба ҳам алоқамандии манфиятҳои иқтисодию иҷтимоии байни онхо; барқароршавӣ ва инкишофи ҳокимияти сиёсию давлат; инкишофи фаъолияти сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ дар раванди ҳаёти сиёсӣ.

Сиёсатшиносии амалӣ масъалаҳои алоҳидаи сиёсиро омӯхта, дар ташаккули донишҳои сиёсие, ки дар ҳаёти ҳаррузаи ҷомеаи сиёсӣ вомехуранд, ёрии амалӣ мерасонанд.

Ҳангоми омӯзиши сиёсатшиносӣ қайд намудан лозим аст, ки мазмун ва

мундариҷа ва таркиби фанни онро чунин масъалаҳо дар бар мегиранд:

-асосҳои назариявӣ ва методологии тадқиқу таҳлили равандҳо ва муносибатҳои сиёсии байни одамон;

-марҳалахои асосии ташаккульёбӣ ва инкишофи афкори сиёсӣ(шарқ ва ғарб): моҳият ва хусиятҳои онҳо ;

-асосҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва ахлоқии сиёсат. Таҳаввулот дар назарияхо. Объект ва субъектҳои сиёсат.

-ҳокимияти сиёсӣ ,моҳият ва хусусиятҳои он. Шаклҳои ҳокимият.

— системаи сиёсии ҷомеа:

-давлат: моҳият ва пайдоиш, шаклҳо, шаклҳои идоракунӣ, сохтор, режими сиёсӣ, вазифаҳои давлат;

— ҳизбҳои сиёсӣ: моҳият ва хусусиятҳои онхо. Системаҳои ҳизбӣ.

— мақом ва накши ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонхои ичтимоӣ;

— маданияти сиёсии омма.

 Категорияҳои фанни сиёсатшиносӣ – рукнҳое мебошанд, ки ҳар яке онхо фанни мустақилро ташкил менамоянд.

3

Инҳо чунинанд: категоряҳои умумӣ ва махсус. Ба категорияхои умумӣ дохил мешавад сиёсат, сохтори иҷтимоӣ, сохтори сиёсӣ, ҳокимияти сиёсӣ.

Ба категорияҳои махсус: синфҳо, миллатҳо, давлат, хизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои оммавӣ, ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти пешво.

Дар омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ мақоми методҳои илмӣ аҳамияти калон дорад.

Метод – ин кулли шаклу усулҳои ташаккули донишҳои илмӣ дар бораи ин ё

он ҳодисахои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ба воситаи онхо раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа

ҳамаҷониба таҳлил карда мешавад.

Дар илми сиёсатшиносии муосир ҳам методҳои анъанавӣ ва ҳам методҳои нав истифода карда мешаванд:

-методи таърихӣ  имконият медихад, ки воқеаҳои сиёсии рухдодаи таърихӣ гузашта дар ҳамбастагӣ бо воқеаҳои сиёсии ҳозира омӯхта шаванд ва ба ҳар яки онҳо вобаста ба давру замон баҳои сазовори объективию сиёсӣ дода шавад;

-методи анъанавӣ институтсионалӣ имконият медиҳад, ки мақоми давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо,ҳаракатҳои оммавӣ ва дигар институтҳои давлатию ғаиридавлатӣ ҳамаҷониба омӯхта шаванд:

методи меъёрӣ ҳодисаҳои сиёсиро таҳлил намуда, дараҷаи меъёрии ин ҳодисаҳоро мувофиқи меъёрхо баҳо медихад;

-методи сотсиологӣ имконият медиҳад, ки ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологию маданӣ пурра таҳлил карда шуда, бо ҳамин вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеаъ муайян карда шавад;

-методи антропологияи сиёсӣ, ин метод рафтори шахсиятҳои сиёсиро дар ягонагӣ бо ҳолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии раванди инкишофи ҷомеа меомӯзад, ва шаклхои шахсиятҳои сиёсиро дар ҳар давраи таърихӣ муайян менамояд;

методи психологӣ— ин метод ба инсон на фақат ҳамчун руйдоди сиёсиӣ назар мекунад, балки рафтор, тафаккур, рӯҳия ва авзои инсонро ҳамаҷониба таҳлил менамояд.

Ба ғаири ин методҳо методҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки моли хоси фанни сиёсатшиносӣ мебошанд:

а)- методи муқоисавӣ имконият медиҳад, ки ҷиҳатҳои умумӣ ва чузъии ҳаёти

4

сиёсии халқҳои гуногун, мамлакатҳо, тамоюлҳои умумии раванди ҳаёти сиёсӣ ҳамаҷониба таҳлилу муқоиса карда шуда, характери системаҳои сиёсиву режимҳои сиёсӣ муайян карда шаванд;

б)-методи системанокӣ , ба воситаи ин метод ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ карда мешавад;

в)-методи бихевиористӣ моҳиятан раванди ҳаёти сиёсиро бо роҳи таҳлили рафтор ва авзои одамон ба воситаи пурсишхои сотсиологӣ, шифоҳӣ, гузаронидани маъракаҳои интихобӣ, райъпурсиҳо муайян намудани рафтори одамонро меомӯзад.

г)-методи баҳодихии экспертӣ, ба воситаи ин метод маълумотҳои ҷамъ оварада мешавад, ки тавассути онхо раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа ба таври объективона баҳо дода шуда, пешгӯиҳои сиёсӣ пешниҳод карда мешаванд;

ғ)–методи тақлиднамоию моделкунонӣ. Ба воситаи ин метод таҳаввули инкишофи ҳаёти сиёсӣ таҳкиқ шуда, шаклҳои гуногуни алтернативии ҳодисаҳои сиёсии дар ҷамъият баамаломада низ таҳлил карда мешаванд;

д)-методи бозиҳои корӣ –ин метод имконият медиҳад, ки ҳаёти сиёсии ҷомеа мӯтадил гардонида шуда, стратегияи дипломатӣ ва ҳарбии мамлакатҳои калон ҳамаҷониба таҳлил карда шавад.

е) -методи миқдорӣ , яке аз тарафҳои ин метод таҳлили оморӣ мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *