Фанни Педагогика

Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти феодалӣ

Зермавзўъҳо

  1. Тарбия дар давраи ибтидои феодализм.
  2. Мактабҳои калисоӣ дар Европаи ғарбӣ.
  3. Тарбияи феодалҳои дунявӣ.
  4. Мактаб ва ақидаҳои педагогии давраи эҳё.

 

1.Тарбия дар давраи ибтидои феодализм.

Дар ин давра мазмуни маълумот ва тарбия ба дин омезиш ёфта буд. Дар Эрон, Сурия, Фаластин, Миср, соҳилҳои Африка дар натиҷаи истилои арабҳо давлати бузурге ба вуҷуд омад, (VII-VIII), ки он бо Хитой, Ҳиндустон, Европа алоқаи мустаҳками иқтисодӣ барқарор намуд.

Дар асри VIII арабҳо нимҷазираи Принейро истило карда, дар ҳудуди Европаи ғарбӣ як қатор мактабҳои мусулмони ташкил карданд. (мадрасаҳо).

Дар империяи Рим (асри IV) мактабхои олӣ пайдо шуданд. Дар ин мактабҳо баробари таълими матни китобҳои муқаддас, асарҳои философҳо, шоирон ва нависандагони  антиқӣ ҳам омухта мешуданд.

  1. Мактабҳои калисои дар Европаи ғарбӣ.

Калисои католики корҳои таълиму тарбияро дар дасти худ нигоҳ медошт. Дар он давра мактабҳои: монастирӣ, кафедралӣ ва ҷамоатӣ ташкил карда шуданд, ки дар назди калисоҳо амал мекарданд.

  • Мактабхои манастирӣ – дохилӣ ва берунӣ буданд. Дар мактабҳои дохилӣ писарбачаҳое қабул мешуданд, ки падару модарашон онҳоро ба роҳибӣ додаанд ва онҳо дар манастир зиндагӣ мекарданд. Дар мактабҳои берунӣ бошад, бачаҳои халқи деҳотии ибодаткунанда қабул карда мешуданд.
  • Мактабҳои кафедралӣ — дар назди кафедраи эпископ амал мекарданд. Дар мактабҳои кафедралии берунӣ фарзандони халқи оддӣ таҳсил намуда, дар дохили бошад толибилмон зиндагӣ мекарданд. Дар мактабҳои кафедралии берунӣ бошад фарзандони дворянҳо ва (аз фарзандони шаҳрвандони номдор) баъзан фарзандони калоншавандагони шаҳр мехонданд.
  • Мактабҳои ҷамоатӣ — дар ин қабил мактабҳо фақат писарбачаҳо мехонданд. Он дар ягон бинои калисо ё дар манзили руҳонӣ, ки таълими бачаҳоро ба ўҳдааш гирифтааст, ҷой мегирифтанд.

Дар ин мактабҳо дуо ва хондани сурудҳои калисоиро  ба забони лотинӣ ёд медоданд. Дар мактабҳои номбурда руҳониёне, ки таҷрибаи педагогӣ доштанд дарс мегузаштанд. Калисо ҷазои ҷисмониро маъқул шуморида мегуфт, ки «одамизод табиатан гуноҳдор аст» аз ин лиҳоз ҷазои ҷисмонӣ барои наҷоти рўҳ ва аз тани инсон рондани «мабдаи шайтонӣ» мадад мерасонад.

Баъдан дар назди калисоҳо мактабҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо арифметика, геометрия, астрономия, мусиқӣ таълим дода мешуд. Ба ҳамаи фанҳои таълимӣ тобиши динӣ — мистикӣ дода шуда буд.

 

Тарбияи (мактабҳои) феодалҳои дунявӣ.

Фарзандони ритсарҳо — «Ҳокимони замин ва деҳқонон» ба таври дигар тарбия мегирифтанд, ки онҳо чунин буданд:

  1. Тарбияи ритсарӣ — парваридани «ҳафт накукории хоси ритсарҳо»-ро: маҳорати саворӣ, шиноварӣ, найзапартоӣ, ханҷарзанӣ ва сипардорӣ, шамшербозӣ, шикор, шоҳмотбозию шеъргўи ташкил мекард. Хондан ва навиштанро донистани ритсор шарт набуд.
  2. Тарбияи писарҳои калони феодалҳо – то синни 7-солагӣ дар оила, пас аз 7-солагӣ онҳо ба қаср ба назди феодали болонишин (сюзерен) фиристода мешуданд, дар 14-солагӣ ба онҳо шамшер супорида аспсаворӣ ва аслиҳадориро меомухтанд. Дар синни 21-солагӣ ба сафи ритсарӣ қабул мегардиданд.
  3. Тарбияи писарҳои хурди феодалҳои намоён — дар хона монда «накукориҳои ритсарӣ» — ро машқ мекарданд, аз капеллани аҳром (маъбат) таълими динӣ мегирифтанд, каме хондан ва навиштанро низ меомухтанд. Баъзеи онҳо ба аҳроми эпископ рафта, барои ишғоли вазифаҳои олии калисо тайёр мешуданд.
  4. Тарбияи духтарони аёну ашрофҳо — назар ба писарҳояшон дар дараҷаи баландтар меистод. Аксарияти онҳо ба манастирҳои занона фиристода мешуданд, ки онҳо курси махсуси таълимро гузашта, дарсҳои мусиқӣ, тарзу усули ибодатро омухта ба мутолиаи асарҳои бадеи машғул мешуданд.

 

Схоластика. Пайдоиши университетҳо, мактабҳои сехӣ,  гилдеӣ ва шахрӣ.

Дар ин давра ақидаҳои фалсафавии «Схоластика» пайдо шуданд, аз рўи гуфтаҳои онҳо «ҳар чизеро, ки ба он эътиқод мебанӣ, бояд бидонӣ». Ин вазифаро дар асрҳои XII-XIII схоластика ба души худ гирифта мақсад гузошта буд, ки имон ва ақлу идрок, дин ва илмро ошти диҳад.

         Схоластика дар соҳаи мактаб ҳолатеро падид овард, ки талабаҳо таърифоти тайёрро азёд мекарданду халос, ки ин ба фикрронии мустақилона роҳ намедод.

Дар асри XII дар Италия, Франсия, Англия баъдтар дар асри XIV дар Чехия (Прага), Полша (Краков) университетҳо кушода шуданд. Ин мактабҳои олӣ, ҳуқуқӣ худидоракуни доштанд, шахсони мансабдор (Ректор ва дигарҳо)-ро худашон интихоб мекарданд. Намуди асосии машғулият лексия буд: профессор аз рўи китоб матнро хонда шарҳ медод. Дар асоси тезисҳо, маърузаҳо, мунозираҳо муҳокимаҳо ташкил мешуданд.

Ҳунармандон мактабхои сехии худро кушоданд, ки онҳо бо забони модарӣ: хондан, навиштан, ҳисоб ва аҳкоми динро меомухтанд, ҳунар бошад дар хона – устухонаи падар омухта мешуд.

Тоҷирҳо низ аз рўи ҳамон барнома, мактабҳои ба ном «гилдеи»-ро кушодандМактабҳои сехӣ ва гилдеи тадриҷан ба мактабҳои ибтидоии шахрӣ табдил ёфтанд, ки хароҷоти онҳо ба зиммаи идораҳои шаҳр (магистратҳо) гузошта шуда буданд.

Мактаб ва ақидахои педагогии давраи эҳё (XIV-XVI)

Дар ин давра илми математика, астрономия, механика, география, табиатшиносӣ бағоят тараққи кард, дастгоҳҳои китобчопкунӣ ихтироъ шуд. Педагогҳо – гумманистҳо пайдо шуданд, мақоми  инсонро дар ҷои аввал гузошта зидди тарбияи схоластикӣ буданд. Яке аз онҳо  олими италявӣ Викторино да – Фельтре  (1378 — 1446) —  философ гумманист буд, ки мактаб бо номи  «Хонаи хурсандӣ»  ташкил кард. Ў намояндаи педагогикаи фикрӣ ва нависанда гумманист буд.

                              

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *