Фанни Педагогика

Назарияи педагогии Ж. Ж. Руссо

                             

Зермавзўъҳо:

  1. Ҳаёт ва фаъолияти Жан Жак Руссо.
  2. Тарбияи табиӣ ва озод.
  3. Давраҳои синнусолӣ аз нигохи Ж.Ж. Руссо.
  4. Назарияи педагогии Руссо.

                                 

Ҳаёт ва фаъолияти Ж.Ж.Руссо.

Руссо соли 1712 дар Женева, дар оилаи ҳунарманд — соатсоз таваллуд шудааст. Ў маълумоти пурра гирифта дар си солагиаш ба Париж меояд, ки дар онҷо  соли 1749  дар академияи Дижон доир ба мавзўи «Прогрессӣ илм ва санъат дар беҳтаршавии хулқ ёри мерасонад ё зарар меоварад» озмун эълон карда машавад. Руссо бо маслиҳати Дидро оиди ин масъала асар навишта нобаробариҳои ҷамъияти феодалиро фош карда бар зидди аристократҳо мебарояд. Барои ин асараш ў соҳиби мукофоти академияи «Дижон»  мегардад.

Соли 1755 асари дуюми Руссо «Мулоҳизаҳо оид ба пайдоиш ва асосҳои нобаробари дар байни одамон» нашр мегардад. Соли 1762 китоби «Шартномаи ҷамъияти»-ро навишта назарияи Ч. Локкро инкишоф медиҳад. Ба ақидаи Руссо одамон дар асоси шартномаи ҷамъиятии аввал баъзе хуқуқҳои худро ихтиёрӣ ба ҳокимияти интихоб кардаашон медиҳанд, аз ин рў ин ҳокимият бояд ба халқ хизмат кунад. Ин асари даъватие буд дар либоси бадеӣ, барои сарнагун кардани шоҳ ва пояҳои феодалӣ.

Соли 1762 роман — рисолаи Руссо «Эмил ё ки дар бораи тарбия» интишор мешавад.  Ин асар барои муаллиф шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Руссо дар он роҳҳои тарбияи одамони озоди нав, яъне ҷамъияти буржуазиро нишон додаст. Ин китоб барои дар он баён ёфтани озодфикрӣ ҳарчанд, ки ў асоси набуд, дар яке аз майдонҳои Париж сўзонда шуда, худи Руссо ба хориҷа гурехтан мачбур мешавад. Вай соли 1778 дар Париж вафот мекунад.

Тарбияи табиӣ ва озод.

Ба фикри Руссо тарбияи бачагонро бо роҳи инкишофи табиӣ ба роҳ мондан лозим аст. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар тарбияи бача мувофиқи табиати ў ва хусусиятҳои синнусолиаш ба назар гирифта шавад. Вай мегуяд, ки бача аз се манбаъ: табиат, одамони атроф ва ашёҳо (маводҳо) тарбия мегирад.

Руссо дар алоқамандии бевосита бо тарбия ба воситаи табиат масъалаи «Тарбияи озод» — ро пешниҳод мекунад. Ў ба муқобили мактаби схоластикии — қориёна азёдкунӣ, интизоми сахт, ҷазои чисмонӣ ва ба шахсияти бача фишороваранда мебарояд.

Вай ҳурмат намудани шахсияти бача ва ба назар гирифтани манфиату дархостҳои ўро талаб мекунад. Ҷиҳатҳои мусбати тарбияи озод аз тарафи ў ҳамин аст.

Тарбиятгар гуфтааст вай  шогирди худро танҳо ба ҳал намудани масъалаҳо раҳнамуд намуда, шавқу ҳаваси ўро тавре дар зери роҳбари мегирад, ки онро худи бача ҳатто ҳис намекунад. Руссо маҷбуркуниро ҳамчун методи тарбия инкор мекунад.

Давраҳои синнусолӣ аз  нигоҳи   Ж. Ж. Руссо.

Руссо ҳаёти бачаҳоро ба чор давра тақсим кардааст:

Давраи 1-ум – аз рузи таваллуд то сини 2-солагӣ,- дар ин давра ба тарбияи чисмонии бачагон бештар эътибор додан лозим меояд.

Давраи 2-юм  — аз 2 то 12 солагӣ давраи «Хоби хирад», ки бача ханўз муҳокима рондан ва мантиқи фикр карданро надорад, «Ҳиссиёти беруниро инкишоф додан лозим аст».

Давраи 3-ум – аз 12 то 15 солагӣ, дар ин давра ба бачагон тарбияи ақли дода мешавад, аз ин лиҳоз талаботи фикрӣ — эҷодии онҳоро қонеъ гардонидан лозим аст.

Давраи 4-ум – аз 15 то болиғӣ «Давраи туфон ва рағбатҳо» мебошад, ки ба тарбияи маънавии бачаҳо эътибори махсус бояд дод.

Ба ақидаи Руссо ба давраҳо тақсим намудани синнусолӣ бачаҳо дар хусуси мувофиқ кунонидани тарбия бо табиат мутобиқат мекунад. Бояд гуфт, ки ў қонуниятҳои инкишофи бачаро дуруст нишон дода натавонистааст. Ақидаи Руссо, ки гуё бачагони аз 2 то 12 сола лаёқати мантиқан фикр кардан надошта бошанд хатост ва ҳамчунин гуё ки бачагони ин синнусол ба мафҳумҳои маънавӣ сарфаҳм намераванд низ нодуруст мебошад.

Аммо ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолии бача аз тарафи ў аҳамияти калон дошт. Вай мухолифи тарбияи муносибати якхела буд. Руссо гуфта буд: «Донистани хусусиятҳои синнусоли бача, майл ва рағбати ўро чуқур омўхтан яке аз вазифаҳои асосии тарбиятгар ба шумор меравад. Ў бар зидди парпеч кунонидани кўдак дар 2 солагӣ буд».

Назарияи педагогии Руссо ва аҳамияти он.

Ақидаҳои педагогии Руссо, сарфи назар аз як қатор хатогиҳо, нақши таърихии прогрессивӣ бозидааст. Назарияҳои вай бар хилофи педагогикаи феодалӣ буда, методҳои фаъоли таълим, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусоли бача, тарбияи меҳнатӣ, алоқаи зичи таълим бо ҳаётро талаб кардааст.

Фикрҳои ў дар бораи одами фаъол, мустақил фикркунанда ва озод ба идеологияи реаксионии хамонвақтаи буржуазӣ зид буд.  Руссо се вазифаи тарбияи маънавиро пешниҳод мекунад:  парваридани ҳиссиёти нек, муҳокимаронии нек ва иродаи нек.

Дар синни 16 солагӣ ба духтарон тарбияи ҷинсӣ доданро зарур медонад. Руссо ба бачагони 17-18 сола, дар бораи дин сухан ронданро ҷоиз намедонад, ў муқобили ба бачагон таълим додани аҳкоми дин буд. Дини ҳақиқи дар дил аст мегуфт. Руссо хамчун деист: «Худоро офаридгори олам шуморида мудохилаи минбаъдаи онро дар табиату инкишофи ҷамъият инкор мекунад».

Руссо дар бораи тарбияи занон сухан ронда   масъалаи чигуна зан интихоб намудани Эмилро бо диққат санҷида мебарояд. Аз рўи фаҳмиши Руссо вазифаи занон нисбат ба вазифаи мардон мутлақо дигар аст. Зан барои корҳои хона бояд тарбия ёбад. Ба фикри дигарон мувофиқ намудани фикри худ, надоштани мулоҳизаи мустақил, дини хоси худ, итоат кардан ба иродаи дигарон — чунин аст қисмати зан.  Ба касе  тобеъ будан, мегуяд Руссо – ин: «Вазъияти табиӣ» зан аст ва «Духтарон барои итоат намудан офарида  шудани худро ҳис мекунанд» ва барои духтарон ҳеҷ гуна машғулиятҳои ҷиддии ақлӣ лозим нест.

Оид ба мазмуни тарбияи мардҳо ва занҳо ақидаи бо ҳам зид доштани Руссо маълум аст, чункӣ вай дар мисоли оилаи ҳунарманд ва буржуазияи майда оилаи идеалии худро тасаввур мекард.

Адабиёт

  1. Н. А. Константинов «Таърихи педагогикаи ҷаҳон», М-1982
  2. А.Н. Джуринский «Таърихи педагогика», М-1999.
  3. И.А. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот», М-2001.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *