Фанни Педагогика

Соҳаҳо ва ҷараёнҳои илми педагогика. Алоқаи он бо илмҳои дигар

Зермавзӯъҳо:

1.Ҷараёнҳо дар педагогика

2.Соҳаҳои асосии илми педагогика

3.Алоқаи илми педагогика бо илмҳои дигар

1. Ҷ араён ҳ о дар педагогика асосан ба ду самт та қ сим шуда бар хилофи якдигаранд: авторитар ӣ ва инсонпарварона (демократӣ).

а) Авторитарӣ – итоати кӯр-кӯрона ба ҳокимият аст. Ин ҷараёни тарбияро педагоги немис И.Ф. Гербарт (1776-1841) аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда буд. Тарафдорони ин ҷараён мегуфтанд, ки насли наврасро ба воситаи тарсу ҳарос ва итоаткорӣ тарбия кардан лозим аст.

Дар мубориза ба муқобили тарбияи авторитарӣ назарияи тарбияи озод ба вуҷуд омад, ки аз тарафи Ж. Ж. Руссо пешниҳод гардид. Вай бо ҳамфикронаш даъват мекарданд, ки дар кӯдак инсони инкишофёбандаро дида ҳурмат намоянд, маҳдудкуниро нисбати кӯдак раво набинанд ва инкишофи табиии кӯдакро дар рафти тарбия аз ҳар ҷиҳат рағбатнок кунанд.

б) Инсонпарварона (демократӣ) – низоми назарияи илмиест, ки дар симои тарбиягирандагон иштирокчиёни фаъол, шуурнок, баробарҳуқуқи раванди таълиму тарбияро мебинад. Педагогикаи инсонпарварона мақсад мегузорад, ки ҳар тарбиягиранда фаъолият ва муомиларо ёд гирифта, шахсияти озоду мустақил шуда ба воя расад. Ин ҷараён инкишофи психикӣ, ҷисмонӣ, ақлонӣ, ахлоқии шахсиятро афзал мешуморад. Инсонпарварона гардонидани кори таълиму тарбия чунин маъно дорад, ки аз талаботи педагогикаи авторитарӣ – фишороварӣ даст кашида, байни муаллим ва хонанда муносибатҳои мӯътадилу хуб ба роҳ монда шавад.

2. Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва он ҳар як соҳаи муҳимро тадқиқ мекунад. Соҳаҳои асосии илми педагогика инҳо мебошанд:

а) Педагогикаи умум ӣ ё педагогикаи мактаб – он қ онуният ҳ ои таълим ва тарбияи мактаби та ҳ силоти умумиро меом ӯ зад;

б) Педагогикаи синну сол ӣ – хусусият ҳ ои тарбияи инсонро вобаста ба давра ҳ ои инкишофи синну солашон меом ӯ зад;

в) Педагогикаи махсус ё дефектология – қонуният ва хусусиятҳои инкишофи бачагони аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ нуқсдорро меомӯзад, ки он инҳо мебошанд: сурдопедагогика (кару гунгҳо), тифлопедагогика (нобиноён – барои таълими ин гурӯҳи бачаҳо Л. Брайл (1809-1852) системаи таълимии релефиро ҷорӣнамуд), олигофренопедагогика (ноқисулақлон), логопедия (лакнатзобон – туталаҳ о);

г) Методикаҳои омӯзиш – қонуниятҳо ва тарзу усулҳои таълими фанҳои алоҳидаро меомӯзад;

д) Таърихи педагогика – инкишофу хусусиятҳои кори таълиму тарбияро мактабро дар давраҳои гуногуни таърихӣ меомӯзад.

Бояд гуфт, ки зиёда аз 30 соҳа ва ҷараёнҳои илми педагогика маълум аст.

3. Ҳарчанд ки фанни педагогика илми мустақил бошад ҳам, вале он бо як қатор илмҳо наздикӣ дошта бо онҳо алоқамандӣ дорад. Хусусан, алоқаи педагогика бо равоншиносии синну солӣ ва педагогӣ назаррас аст. Равоншиносӣ асрори ба амал омадани инкишофи психикаи одамони синну соли мухталиф, тағйирёбии равонии онҳоро ба таъсири таълиму тарбия кушода медиҳад.

Педагогика ба илмҳои фалсафа, сотсиология, этика, эстетика, психология, анатомия – физиологияи одам, математика, адабиёт, забон ва дигарҳо низ алоқаманд мебошад. Ин алоқамандиҳо барои чуқур омӯхтани моҳияти тарбия ва коркарди назарияи педагогика ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро расонида, худ низ инкишоф меёбад.

Адабиёт:

1. Атахонов Т., Сулаймонӣ С. Тамаддун. — Душанбе, «Ирфон», 2003.

2. Бабанский Ю. К. Педагогика. – Москва, 1988.

3. Гончаров Н. К. Основқ педагогика. – Москва, 1947.

4. Лутфуллоев М. Педагогикаи аҷам, Душанбе, 1997.

5. Раҳимов Х. Педагогика. — Душанбе, 1997.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *