Фанни Педагогика

Мактабшиносӣ ва роҳбарӣ ба кори мактаб

Зермавзӯъҳо:

  1. Мактабшиносӣ ва идоракунии соҳаи маориф.
  2. Фаъолияти шӯрои мактаб ва моҳияти он дар баланд бардоштани таълиму тарбия.
  3. Мазмун ва фаъолияти шӯрои методии мактаб.
  4. Назорати дохилимактабӣ воситаи муҳими роҳбарӣ ба кори мактаб.
  1. Мактабшиносӣ — соҳаи муҳими педагогика буда, масъалаҳои роҳбарӣ ва идоракунии муассисаҳои таълиму тарбиявии системаи маорифро меомӯзад. Мактабшиносӣ асосан масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: роҳбарӣ ба кори мактаб ва принсипҳои идоракунии он, роҳбарии органҳои маориф аз рки мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, талаботҳо нисбати сохтмонҳои таълимию тарбиявӣ, бо пул таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ, назорат аз болои органҳои маориф ва корҳои таълимию тарбиявии мактаб, ташкили ёрии методӣ ба муаллимону мураббиён, тафтиши кордои муассисаҳо, конференсияи умумимактабӣ, шӯрои методи мактаб, кабинети методӣ, иттиҳодияҳои методӣ, ҷалб кардани ҷамоатчигӣ, роҳбарӣ ба худидоракунии хонандагон, ҳисоботи муассисаҳои соҳаи маориф.

Мафҳуми идоракунии соҳаи маориф – маънои истифодаи чорабиниҳои ташкилӣ, услубӣ, тарбиявӣ, таъинотиро дорад, ки метавонад фаъолияти муътадили муассисаҳои таълиму тарбиявӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳоро мувофиқи талаботи мавҷудаи давлатӣ таъмин намояд.

Системаи мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар мамлакат аз инҳо иборат аст:

а) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

б) Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

в) Вазорати идораҳое, ки муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд.

г) Шӯроҳои ҳукумати маҳаллӣ ва воҳидҳои сохтори онҳо.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатро дар соҳаи маориф мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал тадбиқ мекунад.

Вазорати маориф дар кори амалӣ гардонидани сиёсати давлатро дар соҳаи маориф давлатӣ дар таълимгоҳҳои мамлакат роҳбарӣ мекунад.

Вазорату идораҳое, ки муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, барои кори таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои беруназмактабӣ масъул мебошад.

Шӯроҳои Ҳукуматҳои маҳаллӣ  ва воҳидҳои сохтори онҳо сиёсати давлатро дар қаламрави худ, мувофиқи хусусиятҳои маҳал, иқтисодиёт, фарҳанг ва демографи амалӣ мегардонад.

  1. Шӯрои мактаб органи роҳбарикунандаи коллективонаи мактаб ба шумор меравад. Шӯрои мактабро органии олии роҳбарикунандаи мактаб конференсияи умумимактабӣ интихоб мекунад. Ба Шӯрои педагогии мактаб, ки раисаш директори мактаб буда, духтур, китобдори мактаб, раиси комитети падару модарон, раиси созмони талабагии мактаб аъзо мешавад. Маҷлиси шӯрои педагогии мактаб дар ду моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурият шӯрои ғайринавбатӣ ҳам гузаронида мешавад.

Вазифаҳои шӯрои мактаб аз инҳо иборат аст: дараҷаи таълимию тарбиявии мактабро баланд бардорад; муносибати хуби ягонаро дар тарбияи бачагон таъмин намояд; таҷрибаи пешқадами муаллимон ва дастовардҳои илми педагогикаю психологияро ҷорӣ кунад; дар мактаб тартиби рӯзро муқаррар намояд; аттестатсияи кормандони педагогии мактабро гузаронад;  буҷети ба мактаб таъминшударо назорат кардан.

Шӯрои мактаб дар робитаи мустаҳкам бо маъмурият, иттифоқи касаба, кумитаи хонандагон дар асоси принсипҳои демократӣ, ошкоро ва ба таври васеъ хабардоркунии коллективи хонандагон, муаллимон, волидайн ва ҷамоатчигӣ нисбати фаъолияти худ кор мекунад. Он дар ҳаллу фасли масъалаҳои ташкили омӯзиш ва тарбияи хонандагон нақши муҳим мебозад.

  1. Дар мактаб ғайр аз шӯрои педагогӣ боз шӯрои методӣ дар асоси нақшаи махсус коргузорӣ мекунад. Ба кори методӣ дар мактаб ҷонишини директор оид ба кори мактаб чун раиси шӯрои методӣ роҳбарӣ мекунад. Дар мактабҳо кобинети методӣ ҷиҳозонида мешавад, ки дар он доир ба роҳҳову усулҳои таълими фанҳои ҷудогона маводҳои гуногун, адабиётҳо, таҷрибаи пешқадами омӯзгорону роҳбарони синф гирд оварда мешаванд.

Бо ташаббуси кабинет маърӯзаҳову корҳои беҳтарини муаллимон дастраси дигарон гардонида мешаванд. Шӯрои методӣ узви коркунони педагогӣ буда, он дар фаъолияти худ масъалаҳои зеринро ҳал мекунад: интихоби равияҳои таълим, реҷаи кори мактаб, иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ, таъмини китобҳои дарсӣ, истифодаи методҳои нави таълимӣ, сифати таълими фанҳо, натиҷаи корҳои контролӣ, лабараторӣ, амалӣ, имтиҳонҳои хонандагон, ҷобаҷогузории кадрҳо ва тақсимотҳои соатҳои муаллимон, кори кабинетҳои фаннӣ, маҳфилҳо, факултативҳо, ҳолати санитарию гигиении мактаб, вазъияти саломатии хонандагон, ташкили олимпиадаҳо, озмунҳо, хонишҳои педагогӣ, семинарҳо, аттестатсияи омӯзгорон ва ғайра.

Шӯрои методии мактаб органи маслиҳатдиҳандаи коллективи педагогии мактаб мебошад. Он тамоми риштаҳои кори методиро бо ҳам муттаҳид карда, методҳои муаллимони навовар, пешқадам ва ғояҳои педагогикаи ҳамкорӣ, қарорҳою дастурҳои шӯрои мактаб, маорифро дастгирӣ намуда, барои дар амал тадбиқ кардани таҷрибаҳои пешқадам чораҳо меандешад ва коллективи педагогӣ дастур медиҳад.

  1. Воситаи муҳими роҳбарӣ ба кори мактаб ин назорат ва тафтиши корҳои таълиму тарбиявӣ мебошад. Санҷиши саривақтии  фаъолияти муаллимони мактаб аз тарафи директори мактаб ва ҷонишинони ӯ нафақат масъулияти муаллимонро дар иҷрои вазифа мебардорад, балки кӯмак мерасонад, инчунин камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор карда онро боз медорад. Дар таълимгоҳҳое, ки назорати дохилимактабӣ хуб ба роҳ монда шуда бошад, дар онҷо ҷараёни таълиму тарбия мувофиқи мақсад пеш меравад.

Назорат бояд холисона ба манфиати кор нигаронида шуда бошад. Ба назорату санҷиш талаботҳои зерини педагогӣ гузошта шудааст:

  • назорати хусусиятҳои фардию оммавӣ дошта, он ба ҳамаи аъзоёни коллектив дахолатнопазир бошад;
  • дар ҳар марҳала ҷараёни фаъолияти назорат системанок сурат гирад;
  • натиҷаи назорату санҷиш холисонаю дӯстона ва таҳти талаботи ягона баррасӣ гардад.

Назорати муаллимон аз тарафи роҳбарияти мактаб таҳти шаклҳои: ҷабҳаӣ, гурӯҳӣ, фардӣ ва комбинатсионӣ (боякҷоягӣ) сурат мегирад.

Назорати дохилӣ-мактабӣ ҳар муаллимро водор мекунад, ки вазифаҳояшонро бо масъулиятнокии баланд иҷро кунад, моликияти мактаб, воситаҳои техникии таълимро нигоҳдорӣ намояд ва дар синфхонаҳо тартиботи зарурро ҷорӣ гардонад. Ба ташкили кори мактаб бо хонандагону муаллимон асосан директори мактаб ҷавобгӯ буда дар назди давлат ва ҷомеа масъул аст. Бояд гуфт, ки назорати дохилимактабӣ ба се нафар вогузор шудааст: директори мактаб; ҷонишини директор оид ба таълим; ҷонишини директор оид ба тарбия.

Адабиёт

  1. Кандакова М.И., Вопросы школоведения. — Москва 1982.
  2. Искандаров Ҳ. Демократикунонии идораи мактаб – талаботи бозсозӣ, Душанбе, 1992.
  3. Раҳимов Х. Педагогика.- Душанбе, 1997.
  4. Раҳмонов М. Педагогикаи мактаб.- Душанбе, 1988.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *