Фанни Педагогика

Баҳисобгирии фаъолияти тарбиявӣ ва меъёрҳои баҳогузорӣ аз рўи натиҷаи рафтору ахлоқи хонандагон

Зермавзўъҳо:

  1. Баҳисобгирии меъёрҳои тарбия.
  2. Ташхиси тарбия.
  3. Меъёрҳои баҳогузорӣ аз рўи рафтору ахлоқи хонандагон.
  1. Муайянкунии сатҳи тарбияи хонандагон бо роҳи санҷиши рафтори амалии он дар вазъияти муайян бурда мешавад, то ки сифати иҷро шудан ё намудани талабот возеҳ гардад. Дар меъёрҳои ҳозираи тарбия як қатор тавсифҳои муайянкунандаи дараҷаи дониш нисбати ину он нишондиҳанда истифода бурда мешавад. Меъёри тарбияро шартан ба “сахт” ва “мулоим” ҷудо кардан мумкин аст. Меъёри “сахт” дар педагогика нисбатан кам истифода бурда мешавад, чунки ба он нишондодҳои муҳими эҳсосият вобаста карда шудааст. Дар комплекси сатҳи умумии тарбиявии ҷавонон инҳо нишон дода шудааст: миқдори ҳуқуқвайронкунии хонандагон ва анъанаҳои тағъирёбии онҳо; кўдакони бепарастор; тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар нишондодҳои ношоям.

Барои тавсифи тарбияи меъёри “мулоим” ба тарбиядиҳандагон оиди раванди тарбия натиҷаи тассавуроти умумӣ ҳосил кардан ёрӣ мерасонад, вале ба чуқур ва дилпурона ташхискунии сифати пўшида имконият намедиҳад. Ин меъёр барои ислоҳи камбудиҳо на ҳамчун комплексӣ балки фақат барои сифатҳои алоҳидаи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ғ. истифода бурда мешавад.

Меъёрҳои бисёри тарбиявиро ба ду гурўҳ тақсим мекунанд: пурмазмун ва мувофиқ. Аввалинаш- ба нишондиҳандаи чуқури омўзиш мувофиқ меояд, вале дуюминаш- ба имкониятҳои каму беши дақиқ, ва ба ҳисоб гирифтани сифати ташхиси тарбия вобаста аст. Ба ғайр аз меъёрҳои пурмазмуну мувофиқ боз меъёрҳои “умумӣ” ва “ҷузъи” ҳаст. Аввалинаш- талаботро мутобиқи тавсияи мақсади гузашташуда гуфта мекунад; дуюмаш- вазифаи мушаххаси раванди тарбияро муайян менамояд.

Меъёрҳо муайян кардани ҳолати тарбияи хонанда ба ду гурўҳ тақсим мешавад:

  1. Ба зоҳиршавии натиҷаи хулқу рафтор вобаста ба тарбия;
  2. Ба зоҳиршавии аз чашми тарбиятгар ниҳон.
  3. Чунон, ки маълум аст, ташхиси тарбия раванди бомухолифон ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рўй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои ташхиси тарбия гоҳҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки дар ба ҳисобгириҳои онҳо душворӣ меорад. Ташхиси тарбияи пеш аз мактаб омадан сарчашма гирифта, дар раванди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад.

Ташхиси тарбия- ин кори басо мураккаб буда, дар педагогикаи муосир проблемаи ҳалли худро пурра наёфтааст. Илм фақат барои коркарди боэътимоди бо натиҷабахшии тарбия тасаввуроти тахминӣ карда, ба иҷрои мураккабу бушвори он бо таҳлили тартиби ташхис натиҷагирӣ кардан мумкин аст.

Қайд кардани ташхис бо шаклҳои гуногун бурда мешавад. Баъзе педагогҳо аз ҷадвали рақамии шаш балла истифода мебаранд. Дар он се баҳои мусбат (+1, +2, +3), ки сатҳи ахлоқан тарбияёфта ифода меёбад ва се баҳои манфӣ (-1, -2, -3) сатҳи ахлоқии тарбияёфта (беназорат) ифода меёбад. Баҳо бо миқдори эквивалентҳо ба таври зайл карда мешавад:

+1 (тайёрӣ ба зоҳиршавии амалиёти мусбат);

+2 (кўшиш ба амалиёти мусбат);

+3 (устувор, фаъол барои баҷооварии амалиёти мусбат);

-1 (тайёри ба зоҳиршавии манфӣ);

-2 (кўшиш ба амалиётҳои манфӣ);

-3 (рафтори корҳои зидди ҷамъиятӣ).

Бояд дар назар дошт, ки дар асоси ташхиси тарбия баҳои ахлоқи умумии шахсият гузошта мешавад, вале на ба сифатҳои алоҳида тааллуқ дорад.

  1. Мувофиқи фармони Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 1995 дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб интернатбои ҷумҳурӣ, гимназия ва литсейҳо аз рўи рафтору одоби ахлоқи хонандагон тартиби зерини баҳогузорӣ амал мекунад: “намунавӣ”, “қаноатбахш” ва “ғайриқаноатбахш”.

Ба ахлоқи талабагони 1- 4 муаллимони ҳамон синф ва ба талабагони синфҳои 5- 11 (12) роҳбарони синфҳо баҳо мегузоранд. Ҳангоми баҳогузорӣ ба талабагони синфҳои 5- 11 (12) фикри муаллимони ба ҳамин синф дарсдиҳанда ва ташкилотҳои ҷамъиятии мактаб ба назар гирифта мешавад. Баҳогузорӣ ба ахлоқи хонандагон рафтори методӣ ва педагогиро талаб мекунад. Баҳогузорӣ бояд холисона бошад, рафтори (одоби) ҳақиқати талаба ва меъёрҳои аз тарафи ў иҷро шудани талаботҳои ҷомеаи демократиро пурра инъикос ёбад.

Баҳои “қаноатбахш” ба талабагоне гузошта мешавад, ки онҳо талаботи асосии низомномаи мактаби таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мактабро иҷро мекунанд, дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб ва корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ иштирок менамояд. Ин баҳо ахлоқи қисми зиёди мактаббачагонро тавсиф медиҳад. Гузаштани чунин баҳо бояд чун ҳодисаи фавқулодда қабул карда нашавад.

Баҳои “намунавӣ” ба талабагоне гузошта мешавад, ки нисбатан беҳтар мехонанд ва махсусан ба ҳаёти ҷамъиятии синфу мактаб ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунад, дар мактаб, кўча ва хона боодобанд, талаботи низомномаи мактаби таҳсилоти умумӣ ва Оинномаи мактабиро пурра иҷро мекунад. Баҳои “намунавӣ” фақат ба он қисми талабагон гузошта мешавад, ки рафтори онҳо барои мактабиёни дигар намунаи ибрат бошанд.

Баҳои “ғайриқаноатбахш” ба талабагоне гузошта мешавад, ки онҳо вазифаи асосии худро, ки дар Низомномаи мактаби таҳсилоти умумӣ ва Оинномаи мактаб дарҷ гардидааст, доимо иҷро намекунанд, дар мактаб, хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бадахлоқӣ мекунанд. Дар мавридҳои дигар баҳои “ғайриқаноатбахш” ба талабагоне, ки бадахлоқӣ кардаанду натиҷаи вайронкунии қонунро мемонад, гузошта мешавад.

Баҳо барои рафтору ахлоқ, аз рўи ҷамъбасти чоряк ё соли хониш гузошта мешавад ва он дар рўзнома сабт шуда падару модарон огоҳонида мешаванд. Аз рўи ҷамъбасти як ҳафтаи хониш муаллимони синфҳои 1- 4 ва роҳбарони сифҳои 5- 11 (12) мувофиқи зарурат доир ба ахлоқи талаба дар рузнома фикри худро мухтасар менависанд.

Баҳои солонаи “ғайриқаноатбахш”- и ахлоқ ба талабагон танҳо баъди қарори шўрои педеагогии мактаб гузошта мешавад. Талабагони хатмкунандаи синфи 11 (12), ки аз рафтору ахлоқ баҳои солонаи “ғайриқаноатбахш” доранд, мувофиқи банди 7- и дастуруламал “Дар бораи имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунии хонандагони ҳаммаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ” ба супоридани имтиҳонҳо иҷозат дода намешавад, лекин ба онҳо барои хатми мактаби миёна маълумотнома (справка) дода мешавад.

Хонандагони синфҳои 9, ки аз ахлоқу одоб баҳои солонаи “ғайриқаноатбахш” доранд шаҳодатномаи маълумоти асосӣ (9- сола) мегиранд, лекин дар сатри он баҳои ахлоқӣ қайд карда мешавад. Масъалаи ба сифи 10 қабул кардани онҳоро баъди аз озмун гузаштан шўрои мактаб ҳаллу фасл мекунад. Талабагони аз синф ба синфгузаронидашуда, ки аз ахлоқ баҳои солонаи “ғайриқаноатбахш” гирифтаанд ба синфҳои дигар шартан гузаронида мешаванд. Агар талаба ин баҳоро такроран гирад ва ба муаллимону роҳбарони мактаб мунтазам итоат накунад, қоидаҳои рафторро дағалона вайрон кунад, шўрои педагогӣ масъалаи аз мактаб хориҷ кардани ўро дида мебароянд.

Адабиёт

  1. Дастуруламал оиди баҳогузорӣ ба ахлоқи талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ.- Душанбе, 1995.
  2. Измерения в исследовании проблем воспитания.- Тарту, 1973.
  3. Раҳимов Х, Нуров А. Педагогика.- Душанбе, 2007.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *