Фанни Педагогика

Пайдоиш ва инкишофи педагогика

Тарбия ҷараёни хеле қадимӣ буда, он бо баробари пайдоиши одамони аввалин арзи вуҷуд кардааст. Аввалҳо кӯдакон бе ҳеҷ як педагогика тарбия карда мешуданд, ҳатто барои вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надоштанд. Биноан илми тарбия хеле дер, баъди ғун шудани таҷрибаҳои инсоният пайдо мешавад. Он дар ҷомеа яке аз соҳаҳои илми ҷавон ба шумор меравад. Зеро ҷамъбасти аввалин, маълумотҳои эмпирикӣ, хулосаҳо аз таҷрибаи зиндагӣ назария шуда наметавонад, сарчашма мебошанд баҳри назария.

Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша дар инкишоф аст, чунки наслҳои минбаъда пай дар пай дар таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии дар собиқ андӯхтаи наслҳои калонсол пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, такмил медиҳанд ва худ таҷрибаҳои бикри зиндагӣ ба даст меоранд. Зарурати зиндагӣ аз наслҳои наврас тақозо мекунад, ки ҳамқадами замонашон бошанд, ба дараҷаи инкишофи марҳалаи даврашон бардошта шаванд, таҷрибаҳои мавҷударо аз худ кунанд ва бахусус барои пешрафти ҷамъият саҳми фаъол гузоранд. Чунин интиқоли таҷриба тавассути соҳаи муҳими педагогика – тарбия сурат мегирад. Таҷрибаҳои иҷтимоии зарурати зиндагӣ ва меҳнати ҷомеа, ки тавассути наслҳои калонсол барои фаъолона азхудкунии наслҳои наврас ёд дода мешавад, тарбия ном дорад. Аз ин рӯ тарбия дар ҷомеа хусусияти муқаррарӣ дорад.

Тарбия баробари пайдоиши ҷамъият пайдо шуда, дар тамоми марҳалаҳои инкишофи иҷтимоӣ арзи вуҷуд мекунад. Волидон ба фарзандон, калонсолон ба хурсолон, кордонҳо ба навкорон таҷрибаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро меомӯзанд ва наслҳои нав ба ин мактаби зиндагӣ фаъолона ва шуурона муносибат карда, дониши худро ғанӣ мегардонанд. Билохира одамон дар меҳнат, рафтор, маданият, равобити муҳити атроф бо худфаъолиятӣ ташаккул меёбанд, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо мекунанд.

Ҳамин тавр, фаъолияти тарбиявӣ ҳамчун дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ба шароиту хусусиятҳои таърихии ҳар давру замон мунтазам такомулот ёфта омада аст. Ҳоло баъзе марҳалаҳои инкишофи таърихи тарбияи ҷамъиятро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ ба насли наврас тарбия дар асоси ёд додани тарзи пайдокунии ризқу рӯзӣ баҳри зиндагӣ, омӯхтани асбобу олоти истеҳсолӣ сурат гирифтааст. Писарбачаҳо аз синни бармаҳал ба моҳидорӣ ва шикори калонсолон ҳамроҳӣ мекарданд, духтарон ба пухту паз, тайёр кардани сару либос тайёр кардани халтаю зарфҳо ёрӣ мерасонданд. Дар ин давр тарбия аз меҳнати басо душвори рӯзгузаронӣ иборат буд. Маҳсули истеҳсолкарда моликияти умумиҷамъиятӣ дониста мешуд. Зеро дар он замонҳо моликияти хусусӣ ва синфҳо вуҷуд надоштанд, тарбия низ ба ҳама якхела дода мешуд.

Дар замони обшинаи ибтидоӣ мардум ба корҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ шуғл меварзиданд, байни қабилаҳои бештар таъминбуда ва камбизоат кашмакашу ҷангҳо шуда меистод. Дар ин марҳала илова ба тарбияи деҳқонию чорводорӣ тарбияи ҷанговарӣ низ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ мегардад. Дар давраҳои аввали обшинаи ибтидоӣ маълумоти ақлонӣ аз омӯзиши истеҳсолӣ ҷудо мешавад, ба бачаҳои оилаҳои доро коҳинон, пешвоёни ниёзманд таълиму тарбия медоданд. Бачаҳои мардуми камбизоат дар оила баҳри пайдо кардани малакаҳои меҳнатӣ маҳдуд карда мешуданд.

Тарбия дар сохти ҷамъияти ғуломдорӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ овард. Назар ба маълумотҳои маводи мавҷуда ва бозёфтҳои илми бостоншиносӣ дар Юнони қадим тарбия ба дасти синфи ҳукмрон мегузарад. Маводҳо собит мекунанд, ки дар ҷамъияти ғуломдорӣ меҳнати ақлӣ ба ашрофон, меҳнати ҷисмонӣ ба ғуломон мансуб мегардад. Барои фарзандони синфи ҳоким баҳри пойдор намудани давлатдорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии давлатӣ таълиму тарбияи замонавӣ гирифтан имтиёзҳои зиёд дода мешуд. Онҳо машқҳои ҳарбӣ, гимнастикӣ, хондану навиштан, мусиқию сурудхонӣ меомӯхтанд. Духтарон дар оила бо тарбияи ҷисмонӣ, рӯзғордорӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ, ёрирасонии тиббӣ шуғл меварзиданд. Фарзандони ғулом бидуни тарбияи меҳнатӣ дигар намудҳои тарбияро намеомӯхтанд.

Сохти ҷамъияти феодалистӣ ду табақаи ҳукмрон дошт: рӯҳониён (феодалони калисо) ва дворянҳо (феодалони аъёну ашроф). Ҳар кадоми ин табақа системаи тарбия ва маълумоти ба худ хос доштанд. Мазмун ва методикаи тарбияи колисо вазифаи бо донишҳои динӣ мусаллаҳ намудани одамон буд. Аъёну ашрофон ва рӯҳониён меҳнати ҷисмонӣ ва пешаи кишоварзиро намеписандиданд, меҳнаткашонро таҳқир мекарданд. Агарчи дар ду табақаи номбурда мазмуни тарбия ва маълумот фарқ кунад ҳам, байни ҳамдигар алоқаи узвӣ доштанд: ба манфияти нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани синфи худ нигаронида шуда буданд. Бачаҳои деҳқон дар мактаб маълумоти системанок гирифта наметавонистанд, онҳо ба меҳнати ҷисмонӣ машғул буданд.

Дар шароити феодализм мактабҳои назди масҷиду мадрасаҳои Оиёи миёна, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳам, на ҳамаи бачаҳо имконияти таҳсили илмгирӣ доштанд. Бештари фарзандони сармоядор имконияти хондан доштанд. Сониян дар ин мактабҳо саводбарорӣ хеле душвор буд. Илова бар ин толибилмон аз тарафи мактабдор таъдиб дода мешуданд. Дар мактаб зери шиори «Беадабро ҳар куҷо ёбӣ, бикӯб, Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» амал карда мешуд. Барои духтарон ғайр аз мактабҳои бибихалифа дигар даргоҳҳои таълимӣ ва тарбиявӣ вуҷуд надоштанд. Мактабҳои бибихалифа ҳам, на дар ҳамаҷо, балки дар ҷойҳои марказӣ дар ҳавлии зани босавод бибихалифаҳо вуҷуд доштанд. Бо вуҷуди ин духтарону писарбачаҳо ҳунару касбҳои аҷдодонро, аз қабили гулдӯзӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, гилему қолинбофӣ,санъати меъморӣ, нақшу нигор, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайраҳоро дар ҳузури волидайни ҳунарманди худ ва ё ҳунарпешае ёд мегирифтанд.

Аммо он системаи тарбияи аз ҷамъияти феодалистӣ мерос гузошта сохти буржуазии ба арсаи таърих омадаро қаноат кунонда наметавонист. Буржуазия дар шароити болоравии техникӣ барои роҳбарӣ намудан ба истеҳсолот ба одамони қобилиятдошта эҳтиёҷ дошт. Омили дигаре, ки дар шароити сохти капиталистӣ ба инкишофёбии мактабҳо таъсири муайян бахшид, ин муборизаи синфи коргар баҳри маорифи халқ буд.

Дар ҷамъияти капиталистӣ системаи маорифи халқ рӯ ба беҳбудӣ овард. Ду системаи маълумотгирӣ ҷорӣ шуд. Барои фарзандони заҳматкаш мактабҳои маълумоти умумӣ ва касбӣ: мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои ибтидоии олӣ, муассисаҳои таълимии касбӣ ва барои қисми аҳолии имтиёзманд мактабҳои миёнаи донишҳои гуногундиҳанда: гимназияи классикӣ, литсей, коллеҷҳо кушода шуданд.

Гарчи буржуазия мактаб ба манфиати умуми ҷамъият хидмат мекунад, гӯён эълон кунад ҳам, дар асл ин тавр нест, он ҳамаро фаро гирифта натавонист. Ба ин теъдоди зиёди бесаводу чаласаводону мамолики сармоядории тараққикардаи имрӯза гувоҳӣ медиҳад.

Инак, дар ҷамъияти синфӣ тарбия хусусияти синфӣ дорад. Муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии мамлакат манфиати синфи ҳукмрони худро ҳимоя мекунад. Чӣ тавре ки дидем, тарбия бо баробари табдилёбии сохти ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия дар ҳар давру замони таърихӣ ба худ хусусияти хоси синфӣ дорад. Вале дар тарбия ҷиҳатҳое ҳам ҳастанд, ки дар чандин давру замони таърихӣ бе тағйирот омада расида меоянд, хусусияти умумии худро гум намекунанд. Чунончи, дарс, дар давоми асрҳо шакли асосии ташкили таълимӣ мактабҳо буд ва ҳаст. Инчунин мазмуни таълими иддаи фанҳо асрҳои аср дар мактабҳои башарият бидуни тағйирот омӯзонида мешаванд.

Аммо бояд тазаккур дод, ки системаи дарсӣ синфӣ ва бархе аз фанҳои таълими умумиҷаҳонӣ дар мактабҳои мамолики исломӣ, аз он ҷумла дар мактабҳои Тоҷикистон, фақат баъди инқилоби октябр ҷорӣ карда шуд. То ин дам ин мактабҳои пешазинқилобӣ бо усули асримиёнагӣ шакли таълимии инфиродӣ амал мекарданд ва баъзе фанҳои ҳаётан муҳим омӯзонида намешуданд.

Сохти ҷамъияти сотсиалистӣ солҳои аввал (то солҳои 20 – уми асри ХХ) дар таърихи башарият бори аввал шаҳрвандони сермиллати худро комилан ба оғӯши мактаб кашид, тарбияро ба пояи умумихалқӣ овард. Мардум, сарфи назар аз аслу насаб, аҳволи иҷтимоӣ ва молу мулк, нажод ва мансубияти миллӣ, ҷинс, муносибат ба дин ҳуқуқи баробарии илмгирӣ пайдо кардаанд.

Он вақтҳо педагогикаи шӯравӣ дар заминаи назарияҳои пешқадами замонҳои гузашта ва омӯхтану фаҳмидани таҷрибаи муборизаҳои асрҳои тӯлонии оммаи заҳматкаш баҳри ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маълумотгирӣ муваффақ шуд.

Аммо сипас педагогикаи шӯравӣ аз педагогикаи классикии тарбияи воқеии табиатворонагӣ тадриҷан дур шудан гирифт, ба насли наврас солиёни сол дар рӯҳияи идеалҳои коммунистӣ печида, якқолиба таълиму тарбиядиҳиро пеш гирифт ва бо нишондодҳои идеологӣ аз як марказ ҳукмнамоӣ пардохт. Ин нисбати қобилияти модароварӣ – табиатворонагии тарбияи асрҳо санҷидашуда комилан мухолиф буд, зеро ки ҳамаро дар як сатҳу меъёр тарбия кардан имконнопазир аст.

Ҳамин тавр, дар замони шӯроҳо ҳаёти чандин наслҳои мактабӣ ва муаллимони мо дар муборизаи байни педагогикаи идеалистӣ ва сотсиалистӣ гузашт, ки ин яке аз сабабҳои асосии дар сатҳи умумиҷаҳонӣ пасмонии педагогикаи ватании мо шуд. Ин боиси ба принсипи табиатворонагӣ (сирати табии кӯдакон) – Я. А. Коменский риоя накардан мебошад, он «идеалистӣ» пиндошта шуда буд.

Дигар ин ки нисбати тарбия дар педагогика бо дахолаткунии ҳизби коммунист маҳз иҷрои супоришҳо аз як марказ сурат мегирифт ба хусусиятҳои педагогии миллии ҷумҳуриятҳо чандон эътибор зоҳир карда намешуд. Ҳоло он ки дар рушду нумӯи педагогика хусусиятҳои мамолики Шарқ ҳам метавонист бо анъанаҳо, расму русумҳо ва афкори педагогии миллии худ саҳми босазо гузорад. Аз ҷумла олимон, файлосуфон, адибон, мутафаккирони классики форсу – тоҷик дар асарҳои илмӣ, назмию насрии худ баробари зидди ҷабру зулм ва беадолатии синфҳои ҳукмрон баромадан, масъалаҳои марбути илмӣ, тадрису парвариши хоси замонашон хеле фикрҳои муфид гуфтаанд, ки ба ин гуфтаи зайли сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабулло Рӯдакӣ (858 – 941) мисол шуда метавонад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В – аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Инчунин афкори педагогии Шоҳиди Балхӣ (879 – 937), Абӯшукури Балхӣ (915 – вафоташ номаълум), Дақиқӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан 977 – 79), Фирдавсӣ (934 – 1021), Ибни Сино (980 – 1037) ва дигарон нисбати парвариши насли наврас аҳамияти худро ҳоло ҳам гум накардаанд. Чунончи, дар боби тарбият ва одоб Абӯшукури Балхӣ овардаанд:

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ

Ба дониш тавони ёфтан зӯракӣ.

Дарахт ки хурдак бувад, боғбон

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон,

Чу гардад калон, натвонадаш,

Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.

Афкори халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле бой аст. Бештари асарҳои вакилони барҷастаи адабиёти классикии форс – тоҷик, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, мардию ҷавонмардӣ, донишу амал – ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Табири манзил», «Шифо», «Урҷуза фит – тиб», фаслҳои аввали «Ал – қонун» — и Ибни Сино, «Саодатнома» — и Носири Хисрави Қабодиёнӣ (1004 – 1088), «Бӯстон» ва «Гулистон» — и Саъдии Шерозӣ (1203/8 – 1292), «Баҳористон» — и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) ва дигарон.

Ҳамчунин дигар шоҳасарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома» — и Унсурулмаолии Кайковус (1020 – 1099), «Ахлоқи Носирӣ» — и Насируддини Тӯсӣ, ки соли 1235, «Ахлоқи Ҷалолӣ» — и Ҷалолиддини Девонӣ, ки солҳи 1475, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» — и Ҳусайн Возизи Кошифӣ, ки солҳои 1500 – 1501 таълиф ёфтаанд ва ғайраҳо дар тарбияи авлоди кишвар аҳамияти бузург доранд. Баъзе ин асарҳо дар давоми қарнҳо дар мактабу мадрасаҳо ҳамчун дастури тадрисӣ ва дар хонаводаҳо, ба хусус барои волидайн ҳамчун воситаи тарбияи кӯдакон истифода шуда омадаанд. Бояд гуфт ки классикони адабиёти форс – тоҷик ҳамеша ҷамъияти адолатпаноҳу беистисморро орзу мекарданд ва билохира итминон доштанд, ки оқибат дар ҷомеа ақлу хиради инсон ва адолат тантана мекунад.

Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино (980 – 1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия фикрҳои муфид пешгӯӣ кардааст, ки имрӯз ба дарди касби педагогӣ низ даво аст. Аз онҳо фақат чанд лаҳзаи марбутро зикр кардан кифоя аст, ки бо гуфтаҳои боло ҳамоҳангӣ доранд.

  1. Ибни Сино тарафдори таълими тафриқа буд. Дар рисолаи «Тадбири манзил» навиштааст: «Устод…бояд бидонад, кӣ наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуба медиҳад»[1].
  2. Мутафаккири бузург ба алайҳи таълими инфиродӣ таълими гурӯҳиро, ки дар замони мо маълум ба таълими коллективист, ташвиқ мекард. Ибни Сино калимаи «синфро» ифода накардааст, вале ифодаи «таълими гурӯҳии» вай маънои «дарси синфии» баъди 700 соли гузаштааш дар Аврупои ғарбӣ арзи вуҷуд намуда мебошад (М. Лутфуллоев)[2]*

Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (1218 – 1293) дар «Ахлоқи Носирӣ» фикри Ибни Синоро тақвият дода, «табиати кӯдак ва сиришти ӯро» ба назар гирифта менависад: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, назар ва тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чи навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд. Зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад»[3].

Нисбати табиат, сиришту ба чи шавқу ҳавас доштани кӯдакон такя намуда таълим доданро дар афкори педагогии дигар классикони адабиёти форсу тоҷик низ бараъло дидан мумкин аст.

Алалхусус, илми тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб се ҳазор сол пеш, ҳамчунин дар китоби«Авасто» арзи вуҷуд мекунад – «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек». «Агар тамоми китобҳои Шарқу ғарбро варақ – варақ биҷӯед, волотаре, арзандатаре, гуворотаре аз ин се ибора пайдо намекунед»[4].

Дар инкишофи тарбия саҳми афкори педагогии сотсиалистони хаёлӣ ҳам калон аст. Онҳо – Томос Мор (1478 – 1535) дар китоби худ «Утопия» (1516) инчунин дар асарҳои Томазо Компанелла (1568 – 1639), Анри де Сен – Симон (1760 – 1825), Шарл Фурье (1772 – 1838), Роберт Оуэн (1771 – 1858) ва дигарон зарурати бештар мукаммал гардонидани системаи иҷтимоӣ, аз доираи фаҳмиши таърихи берун баромада принсипҳои хирад, адолат, озодӣ, баробарӣ, бародариро эълон намуданд. Онон барои дар шаҳру деҳот зарурати таъсис намудани муассисаҳои ҷамиятӣ, нест кардани фарқияти байни меҳнати ақлию ҷисмонӣ ва ғайраҳо як қатор пешниҳодҳо кардаанд, ки ин ақидаҳои фалсафӣ барои бештар васеътар тасаввур кардани инкишофи мутаносиби шахсият роҳ кушод. Дар ин идеал онон ба сифати унсури асосӣ меҳнатро пиндоштанд, ки мувофиқи қавоиди тартиб додаашон вобастагии таълим бо меҳнати истеҳсолӣ дохил мегардид. ғояҳои ин сотсиалистон инкишофи ҳамаҷонибаро барои ҳама табақаҳои ҷамъият зарур медонистанд, инчунин онҳо баъзе принсипҳои тарбияро пешгӯӣ карданд, ки минбаъд дар педагогика инъикоси худро ёфтанд.

Сотсиалистони номбурда амалӣ гардидани лоиҳаҳои худ, аз он ҷумла тағйир додани сохти ҷамъиятиро, бидуни инқилоби сиёсӣ бо роҳи осоишта ва тарбия намудани одамон писанд дида буданд.

Аммо классикони марксизм – ленинизм алайҳи ин ақида баҳри ба дигар шакли муносибати ҷамъиятӣ гузаштанро дар зарурияти муборизаи сиёсии инқилобӣ сарнагун кардан ва баъди ба даст гирифтани ҳокимият тарбия ва маърифатнок кардани оммаро ба миён гузоштанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди задухӯрдҳои шадиду мадид ва қурбониҳои зиёд инқилоби сотсиалистӣ пирӯз гашт.

Дар сохти ҷамъияти сотсиалистӣ, агарчи дар соҳаи мактабу маориф ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошем ҳам, оқибат дар масъалаҳои миллӣ, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, истеҳсолию иқтисодӣ ва тазодҳои зиёде дучор омадем. Ҳоло барои аз ин бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ баромадан муборизаи умумӣ меравад.

Бахусус дар инкишофи мактаб ва педагогикаи давраи сотсиалистӣ ҳиссаи фаъоли педагогии Н. К. Крупская (1869 – 1939), комиссари аввалини маорифи халқӣ А. В. Луначарский (1875 – 1933), М. И. Калинин (1875 – 1946) калон аст. Барои рушди педагогика ҷустуҷӯҳои педагог С. Т. Шатский (1878 – 1934) ва муаллифони дастурҳои аввалини илми педагогикаи сотсиалистӣ П. Б. Блонский (1884 – 1941), Л. П. Пинкевич (1884 – 1939), агарчи дар дастурҳои таълимии онҳо хатогиҳои илмӣ – назарӣ ҷой доштанд, дар инкишофи педагогика саҳми муайян гузоштанд.

Дар инкишофи педагогикаи сотсиалитӣ ва ҳалли вазифаҳои амалии тарбия педагоги бузург А. С. Макренко (1888 – 1939) нақши муайян дорад. Фаъолияти педагогии ӯ солҳои 30 – юм, 40 – ум сурат гирифта бошад ҳам, ақидаҳои муфиди педагогиаш сол аз сол эътибор пайдо карда истодааст.

В. А. Сухомлинский (1918 – 1970) педагоги намоёни давру замон низ дар пешрафти илми педагогика саҳми фаъол гузошт.

Ҳоло дар шароити пешрафти илмӣ – техникӣ мактаб нисбати таълиму тарбия ва тайёрии касбии насли наврас дар адои вазифаҳои муҳими ба миён гузоштаи ислоҳоти мактаби маълумоти умумӣ ва касбӣ фаъолият намуда вазифаҳои асосии зайлро иҷро мекунад: баланд бардоштани сифати таълиму маълумот ва тарбия дар мактаб, ба дараҷаи баланди илмӣ таълим додани ҳар як фан,устуворона аз худ намудани асосҳои фан, беҳтар намудани сифати тарбияи меҳнатӣ, ахлоқӣ, инкишофи эстетикӣ ва ҷисмонии хонандагон:

беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи меҳнат ва касбинтихобкунии хонандагон, тақвият додани таълими политехникӣ ва амалия;

баланд бардоштани обрӯю нуфузи иҷтимоии муаллимон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, тайёрии назарӣ ва амалии онон.

Ин вазифаҳои умдаи таълимӣ ва тарбиявӣ дар шароити имрӯзаи ҷумҳурии мо аз ҳарвақта дида ниҳоят зарурат пайдо карданд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриятҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуқуқи худистиқлолиятӣ пайдо кард, давлати соҳибихтиёри мустақил гашт. Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон кунун ба кадрҳои миллии баландихтисоси техникӣ ва истеҳсолии паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. Аввалҳо ҷумҳурӣ ба марказ ашёи хом дода, ба ивазаш маҳсулот ва маводи тайёри ниёзи мардум мегирифт. Зеро дар бисёр соҳаҳо мо корхонаҳои коркарди маҳсулоти тайёр надоштем. Ҳоло бошад, ашёи хомро бидуни хароҷотҳои иловагӣ ва зиёдатӣ бояд дар ҷумҳурӣ кор кард ва ба маҳсулотҳои тайёр табдил дод. Барои ин корхонаҳо, заводу фабрикаҳои гуногун таъсис намудан лозим аст. Ҳалли ин масъалаҳои басо муҳим бештар ба зиммаи мактаб меафтад. Чунки таҳкурсии чунин соҳибкасбонро мактаб мегузоард, мактаби миллӣ.

Пештар таълиму тарбия дар мактабҳо бештар ғолибӣ сурат гирифта, аз бисёр ҷиҳат аз решаҳои миллӣ: илму фарҳанг, санъату маданияти ҳазорсолаҳои ниёгон дур буданд. Ҳол он ки ҳар халқу миллат метавонад маҳз дар таҳкурсии хоси миллии худ иморати навбунёди замонавӣ гузорад, гул – гул бишкуфад.

Кунун мактаби тоҷик новобаста аз башоратдиҳии марказ, бидуни маҳдудияту мамоният майли маҷрои мустақили миллӣ гирифт. Мактаби миллӣ бояд Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, тибқи талабот ва анъаноти миллӣ шуғли тарбияи насли наврас бинмояд. Пӯшида нест, ки рушди ҷомеа нисбати қувваҳои истеҳсолӣ шуурона муносибаткунии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро талаб мекунад. Дар истеҳсоли соҳаҳои гуногуни ниёзи мардум аз соҳибкасб донишу таҷрибаи соҳавӣ, ҳамкорию дӯстии халқҳо, эътиқоди баланди миллӣ, меҳнати софдилонаи сермаҳсул ва аз истеъмолкунандагон қадршиносӣ ва сарфакориву боинсофиро тақозо мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯҳияи солим тарбия бояд қарор ёбад.


[1] Осори мунтахаб, ҷилди дуюм. «Ирфон», 1983, саҳ 25.

[2] Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. Душабе, 2001, саҳ. 17; *Хатҳоро муаллифони китоби «Педагогика» кашидаанд.

[3] Афзалов Х. Раҳимов Б. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик 1994, саҳ 79.

[4] Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам. Душанбе, 1997, саҳ. 45.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *