Фанни Педагогика

Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар

Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яке соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад:

  1. Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
  2. Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
  3. Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад: тифлопедагогика – масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон сустро, сурдопедагогика – онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд, олигофренопедагогика – кӯдакони модарзоди заифақл, логопедия – кӯдакони дар нутқ нуқсдор – лакнатзабон (тутулаҳо) – ро меомӯзонад.
  4. Методикаҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегирад.
  5. Таърихи педагогика – инкишофи ғоя, афкор ва амалиёти фаъолияти тарбиявии марҳалаҳои гуногун ва уламое, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҳиссаи фаъол гузоштаанд, дар бар мегирад.
  6. Педагогикаи оила – ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омӯхта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.

Инчунин дар солҳои охир бо шиддат соҳаҳои дигари улуми педагогӣ, аз қабили педагогикаи халқӣ, педагогикаи касбӣ, педагогикаи мактаби олӣ, педагогикаи ғарбӣ ва ғайраҳо инкишоф ёфта истодаанд.

Илми педагогика дар равобати илмҳои дигар инкишофу такомулот ёфта меояд. Педагогика аслан бо фалсафа, сотсиология, эстетика, этика, психология, анатомия – физиологияи одам, ҳифзиссиҳа (гигиена), этнография, математика, педиатрия (муолиҷаи касалиҳои бачагона), адабиёти бачагона ва ғайраҳо алоқадор аст. Ин алоқамандиҳо барои чуқур омӯхтани моҳиятҳои тарбия ва коркарди асосҳои назарияи педагогика ёрӣ мерасонанд. Масалан, фалсафа дар коркарди назарияи илмии педагогика нисбати муайян кардани мавқеи аввалини тадқиқоти ҳодисаҳои педагогӣ барои олимон роли методологӣ мебозад. Сотсиология, этика, эстетика ҳам нисбати педагогика аз бисёр ҷиҳат вазифаи методологиро адо мекунад. ғояҳои илмҳои дигар низ бевосита барои коркарди масъалаҳои асосии мушаххаси педагогӣ хизмат мекунанд. Чунончи, ғояҳои психологӣ мавриди коркарди қонуниятҳои ташкили фаъолияти дарккунии хонандагон дар раванди таълим васеъ истифола бурда мешаванд. ғояҳои анатомӣ ва физиологӣ оиди фаъолияти рефлексҳои шартӣ, инкишофи қисмӣ баҳри ифшо намудани асосҳои илмии он дигаргуниҳое, ки тавассути таъсироти ботинии шахс зоҳир мегардад ва ба ташаккули маҳорату малакаҳо ва одат вобастаанд, кӯмак мерасонанд.

Ҳамин тавр, ғояҳои илмҳои дигар, ки мансуб ба одамият доранд, ба педагогика имконият медиҳанд, ки қонунияти тарбияро амиқ ва аз ҳар ҷихат тадқиқ бинмоянд. Нисбати ин масъала К. Д. Ушинский дар пешгуфтори ҷилди аввалини «Антропологияи педагогӣ» чунин оварда буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан ҳоҳад, он бояд пеш аз ҳама ӯро низ аз ҳар ҷиҳат донад»[1]. Бо ин вай барои амиқ омӯхтан ба педагогика зарурати донистани ҳамаи маълумотҳои илми антропологиро (ташаккул ва инкишофи биологии инсонро) тавсия додааст.

Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро мерасонад.


[1] К. Д. Ушинский. Собр. соч.: В II т. Т. 8. М. – Л., 1950, с.23.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *