Фанни Педагогика

Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона

Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он

Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст.

Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика (юн. еthica, аз etos — хулқшиносӣ), фанни фалсафиро гӯянд, ки масъалаҳои ахлоқиро меомӯзад. Ахлоқ аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ сарчашма гирифтааст, ки он замонҳо баҳри муборизаи алайҳи офатҳои табиӣ ҳамчун зарурат ба миён меояд, зеро бидуни ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ одамон зиндагӣ карда наметавонистанд. Бинобар ин ахлоқ барои ба тартиб овардани муносибатҳои байни одамон ҳамчун омили муҳим хизмат кардааст.

Ахлоқ таърихан баробари тараққиёти ҷамъият тағйир меёбад. Дар ҳар давру замон, махсусан дар сохти ғуломдорӣ, феодалистӣ ва капиталистӣ, ахлоқи ягонаи халқҳо вуҷуд надошт: табақаи болонишин ахлоқи ҳукмравоӣ ва табақаи поён ахлоқи фармонбардорӣ доштанд, бахусус ахлоқ хусусияти синфӣ гирифта буд. Аз ин лиҳоз ахлоқ категорияи доимии тағйирёбанда буда, он бо мурури замон таҷдид ва бо эътибори афкори ҷомеа дастгирӣ меёбад. Дар ҳамин қатор талабот ба ахлоқ, нормаҳо, феълу одат, ғояҳои муайян афзоиш ёфта, ба тарзи пешниҳод нисбати одам чӣ гуна бояд зиндагӣ кунад, дар ҷомеа чӣ тавр рафтор намояд низ қабул карда мешавад.

Танҳо сохти демократӣ доштани ҷомеа тафовути байни ахлоқи нобаробарии синфиро аз байн бардошта, ҳуқуқи баробарию бардорарии одамонро таъмин карда метавонад, чунки он комилан гуманистӣ аст.

Демократия (юн. demokқatia – ҳокимияти халқ), шакли созмони сиёсии ҷамъият, ки аз рӯи иштироки шаҳрвандон дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, қатъиян эҳтироми қонун ва дар асоси қонунҳои аз тарафи ҷамъият эътирофшуда кору фаъолият кардан, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад. Дар шакли демократии давлат ба таври расмӣ эътироф кардани принсипи тобеияти ақалият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандон, интихобӣ будани органҳои давлатӣ дар назар дошта мешавад. Ба демократия таносуби пурраи мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои демократӣ, қонунҳо ва ҳокимияти халқ хос буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро аз рӯи қонун таъмин ва ҳимоя мекунад. Ҳамаи сокинони давлати демократӣ, сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинсашон, дар соҳаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ҳуқуқҳои якхела дошта, дар кори роҳбарии давлатӣ баробар иштирок мекунанд. Дар корҳои идоракунии ҷамъият, инкишофи минбаъдаи қобилияту истеъдоди шахс имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Давлат нисбат ба ҷавонони боистеъдод пайваста ғамхорӣ карда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд ва имкон медиҳад, ки дар беҳтарин муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо таҳсил кунанд ва таҷриба омӯзанд»[1]. Демократияро бидуни гуманизм тасаввур кардан мумкин нест.

Гуманизм (аз лот. humanus – одамият, инсонгарӣ) – ин принсипи ахлоқӣ одамро ба дараҷаи баланд қадр мекунад. Дар ҳамин қатор сифатҳои шахсияти одамиро, ки ба принсипи номбурда роҳбарӣ мекунанд, ифода менамояд. Гуманизм – инсонпарварӣ ҳуқуқи одамон, қадру қисммати онон, озодӣ, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро ҳимоя мекунад. Дар гуманизми шахсият, пеш аз ҳама, гап дар бораи эҳтироми одам ҳамчун шахсияти ҳассос, мушфиқ, хайрхоҳ, орзукунандаи зиндагӣ натанҳо барои худ, инчунин барои дигарон ҳам, пайвастани орзуҳои худ бо орзуву умедҳои умум меравад.

Гуманизм хислати хоси тамоми башарият, аз ҷумла халқи тоҷик ҳам мебошад. Гуманизми мардуми мо ҳанӯз пеш аз ислом ибтидо гирифта буд, сипас он дар асарҳои Рӯдакию Фирдавсӣ,   Ибни   Синою   Хайём,   Низомию   Саъдӣ,    Носири Хисраву Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Ҷомӣ ва дигарон пайваста ба ахлоқ баҳри нест кардани зулм, барҳам додани муносибатҳои мухолифи иҷтимоӣ ва низои одамон равона карда мешуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» овардааст: «Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар ниҳонӣ ки он ошкор нагардад ва бо ҳама кас ба хулқи некӯ ҳосил тавонӣ кард ва чунон ки гуфтаанд:

Ба ҳама халқи ҷаҳон хулқи писандида намоӣ,

Ки сӯи хулқи барин роҳ бар он аст, эй дил!»[2].

Ё ки сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ фармудаанд:

Гар бар сари нафси худ амири – мардӣ,

Бар кӯру кар – ар нукта нагирӣ – мардӣ,

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фидоае бигирӣ – мардӣ[3].

Ташаккули ахлоқ ё тарбияи маънавии шахсият нафақат ба донистани меъёр, қоида ва принсипҳои ахлоқ, инчунин ба ҳатман риоя кардани онҳо вобаста аст. Амалӣ гардидани ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, бар дӯши мактабу муаллимон аст. Мактаб метавонад ба дастпарварони худ меъёри ахлоқ, қоида ва талабот ба рафтори шахсиятро дуруст баррасӣ намояд. Меъёр ҳамчун ифодаи муносибатҳои муайян, амри ахлоқии ҷамъият ба рафтору хислатҳои шахсият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ, инчунин дар алоқа ва ҳамкорӣ бо одамон мебошад. Мувофиқи қоидаи ахлоқ ҳар як шахс дар ҷомеа бояд софдилона муносибат кунад, одамони меҳнатиро эҳтиром намояд, ба моликияти хусусӣ ва умумихалқӣ ва табиат сарфакорона рафтор кунад, ба давлату халқи худ содиқ бошад, коллективи меҳнатиро дӯст дорад, бовиҷдон, ростқавл, хоксор бошад, шарафу шӯҳрати дигаронро дасгирӣ намояд, бо адлу инсоф бошад ва ғайра.

Ахлоқи ҷомеаи демократӣ муносибатҳои зиёдро дар бар мегирад. Агар онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кунем, онгоҳ дар бораи мазмуни корҳои тарбиявӣ нисбати ташаккули тарбияи ахлоқи хонандагон тасаввуроти возеҳ пайдо карда метавонем. Тарбияи ахлоқ асосан чунин муносибатҳои ташаккули маънавиётро фаро мегирад:

муносибат нисбати ғояҳои давлати худ: садоқат ба идеалҳои демократӣ; фаҳмидани дурнамои инкишофи ҷаҳонӣ; дуруст изҳор намудани воқеаҳои дохили кишвар ва арсаи байналхалқӣ; расидан ба қадри инсон; оштинопазирӣ нисбати душманони сулҳу озодии халқҳо;

  • муносибат ба Ватан, ба мамлакат ва халқҳои дигар: муҳаббат ба кишвари худ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ: суруди миллӣ, нишон ва парчами давлатӣ, дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳамаи сокинони он, оштинопазирӣ нисбати кинаву адоватҳои миллӣ ва наҷодӣ; ҳамфикрии бародарона бо меҳнаткашони ҳамаи давлатҳо, бо ҳамаи халқҳо;
  • муносибат ба меҳнат: меҳнати софидилона баҳри худ ва ҷомеа; манфиати зиёд овардан ба давлат; мубориза бо вайронкунандагони интизоми меҳнат;
  • муносибат нисбати комёбиҳои ҷамъиятӣ: кӯшиши ҳар фард барои муҳофизаткунӣ ва афзунгардонии комёбиҳои иҷтимоӣ; ҳифзи табиат;
  • муносибат бо одамон: ёрии дӯстонаи байниҳамдигарӣ ва коллектив; муносибати башардӯстона ва эҳтироми ҳамдигарӣ; одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар; эҳтироми аҳли хонавода, ғамхорӣ ба кӯдакон;
  • муносибати худӣ: баланд бардоштани шуурнокӣ, тоқатнопазирӣ нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ; шарафмандӣ ва ҳақгӯӣ, ахлоқи ҳамида, фурӯтанӣ ва камтарӣ дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва ғайра.

Ахлоқ дар ҷомеа асосан на ба чорабиниҳои юридикӣ ё маъмурӣ, балки тибқи афкори ҷамъиятӣ, тибқи изҳории он ё маҳкумкунии рафтори шахсият муайян карда мешавад.

Рафторҳои манфии солҳои бачагӣ, ки бештар аз нофаҳмӣ ва камтаҷрибагӣ ба миён меоянд, ба одат табдил ёфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо таъсири бад мерасонанд. Аз ин сабаб вазифаҳои ислоҳкории тарбияи ахлоқ айёми кӯдакӣ басо муҳим ва масъулиятнок аст.

Бояд тазаккур дод, ки барои бо нормаҳои ахлоқи ҷамъият муносибат кардан раванди басо мураккаб аст. Чунки нормаҳои ахлоқи нав, одатан, дар замони вуҷуддоштаи нормаҳои ахлоқи кӯҳан пайдо шуда, алайҳи он боқимондаҳои ҷонсахт, аз қабили рӯҳияи ношоями миллатчигӣ – рӯҳияи солими дӯстии халқҳо, зидди беадолатӣ – раҳму шавқат ва хайрхоҳӣ, бархилофи ришвахӯрӣ – ҳалолкорӣ ва поксириштӣ мубориза барда, мавқеи худро устувор мегардонад. Албатта ислоҳи онҳое, ки устухонашон бо ахлоқи ғайримақбул сахт шудааст, хеле душвор аст. Ин вазифаро бо роҳи азнавтарбиякунӣ анҷом медиҳанд. Дар ин ҷо нафақат ба як системаи муайян даровардани барномаи васеи симои ахлоқи одами сабзидаистода, балки муҳайё намудани шароити қулай, ташкили фаъолият ва муносибат, ташкили тамоми ҳаёти дастпарварон барои дар онҳо ташаккул додани муносибатҳои ҳақиқии ахлоқӣ низ талаб карда мешавад.

Чунин вазъиятро ҳам бояд дар назар дошт, ки ба бедории ахлоқӣ ва рафтори кӯдак натанҳо системаи муташаккилонаи тарбияи ахлоқӣ дар мактаб таъсир мерасонанд, балки бисёр омилҳои стихиявӣ, аз қабили таъсири муҳити кӯча, муносибати озодона бо ҳамсолон дар муҳити беруна, муносибат бо калонсолони ба ҳаёти кӯдакон сарукордошта низ таъсир мерасонанд. Бояд иқрор шуд, ки нисбат ба таъсиротҳои тарбиявии мактаб ин таъсиротҳо пурқувватанд. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса бармеояд, ки системаи таъсиррасонии мактабиро шояду бояд пурқувват кард, то ки кӯдакон ба худтарбиякунӣ майл ёбанд ва солиму беғаш калон шаванд. Зеро хушахлоқ касест, ки нормаҳою қоида ва талаботҳои ахлоқи ҷомеаи демократӣ барояш ҳачун эътиқоди шахсӣ, ҳамчун шакли одати ахлоқии вай пиндошта шавад. Бахусус шахси ахлоқан тарбияёфта тибқи талаботи эҳсосоти ботинии худ, бидуни назорату таҳқиқи махсус дуруст рафтор мекунад.

МАЗМУНИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МАКТАБИЁН

Мазмуни ахлоқро муносибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва базиси иқтисодӣ муайян мекунад. Баробари тағйир ёфтани базис тасаввуроти одамон дар бораи адолат, некӣ ва бадӣ ҳам тағйир меёбад. Агар норма ва принсипҳои ахлоқ ба ҷиҳатҳои асосии рафтори ботинии шахсият гузориш ёбад ва шаклҳои одати ӯро муайян кунад, онгоҳ онҳо ба сифати шахсият табдил мегарданд. Аз ин рӯ дар назди мактаб мақсад гузошта шудааст, ки ба дастпарварони худ мувофиқи мазмуни тарбияи ахлоқ чунин сифатҳои мақбули ахлоқиро ташаккул диҳад: ғояҳои эътиқоди ахлоқӣ, ватандӯстӣ, байналмилалӣ, виҷдонан муносибаткунӣ ба меҳнат, муносибати эҳтиёткунӣ ва сарфакорӣ ба дастовардҳои шахсӣ ва умуминсонӣ, ҳифзи табат, тарбия дар рӯҳияи коллективизм, интизоми бошуурона, рафтори маданӣ адлу инсоф, тарбияи ҷинсӣ ва ғ. Ҳамаи ин сифатҳои ахлоқӣ бояд дар заминаи демократӣ комплексона пардохта шавад.

Демократияи мактабиён зимни фаъолиятҳои гуногуни худидоракунӣ ва ташаббускории талабагон бояд ба тариқи зайл сурат гирад: интихоби фаъолони синф ва мактаб, ошкорбаёнӣ, ростқавлӣ, танқиди холисона ва дӯстона нисбати зоҳиршавии камбудиҳо, ҳисоботдиҳӣ дар ҳузури коллектив роҷеъ ба анҷоми супоришҳо, риояи қатъӣ ба Қоидаҳо барои хонандагон ва ғайра. Ҳамаи ин фаъолиятҳо принсипи демократизми мактабро устувор мегардонад.

Демократизми мактаббачагон дар шакли коллективизм ташаккул меёбад. Дар шароити бо роҳи демократӣ интихоб кардани роҳбарон фаъолияти онҳо назорат карда мешавад ва ин моҳияти дар рӯҳияи демократӣ тарбияёбии онҳоро боз ҳам баланд мебардорад. Коллектив ҳам дар навбати худ барои ривоҷу равнақи қобилияти шахсии ҳар узви худ ғамхорӣ мекунад. Талабагон ҳам ба коллектив бояд итминон дошта бошанд ва онро бо тамоми қувва дастгирӣ намоянд, ки ин яке аз шартҳои муҳими ҳаётии мактабиён ба шумор меравад. Дар коллектив ҷамъи ақлҳои солим амал мекунад ва он намегузорад, ки ягон узви ӯ аз чорчӯбаи муқаррароти қабулгардидаи ахлоқ берун барояд, бо ҳар васила ӯро тарбия мекунад.

Норма (меъёр) ва аломатҳои тарбияи ахлоқи шахсият аз инҳо иборат аст: фаъол будан, хизмати беғаразона баҳри идеали демократӣ дар меҳнати омӯзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва рафтори мадании худ, мунтазам ғанӣ гардонидани тарбияи ахлоқ, ақоид, эътиқод, одатҳои солим, обутоб додани ҷисм ва ғайра.

Тарбияи ахлоқи мактабиён ҳоло натанҳо тавассути фанҳои марбут (хониш, забони модарӣ, таърихи дин, одоби оиладорӣ, инсон ва ҳуқуқ, таърихи умумӣ, инсон ва ҷомеа, табиатшиносӣ ва ғ.), инчунин дар тамоми ҷараёни корҳои тарбиявӣ сурат мегирад.

Донистани нормаҳои ахлоқ барои шуурона фаъолият кардани шогирдон имконяит медиҳад ва мо онҳоро ба тариқи зайл тавзеҳ медиҳем.

Ахлоқи боэътимод. Дар муносибатҳои иҷтимоии шахсият ахлоқи боэътимод нақши муҳим мебозад. Эътиқод ин инъикоси субъективии воқеияти объективӣ, натиҷаҳои азхудкунии таҷрибаҳои иҷтимоӣ – таърихист. Одамон донишҳои дар тӯли таърих, дар ҷараёни инкишофи таҷрибаҳои ҷамъиятӣ ғуншударо меомӯзанд. Дониш қисмати шуурнокии фард ва хиради шахсият аст. Эътиқод бошад, ин натиҷаҳои дониши ба ботин гузаштаи ӯст.

Ахлоқи шуурона, дар кадом савияе набошад, ҳамеша натиҷаҳои муайяни арзандаи худро дорад ва он як хели дониш аст. Ин ҷо гап дар бораи донишҳои шахсии нормаҳои ахлоқ, қоида, принсипҳои ҷамъиятӣ меравад. Дар асоси донишҳои ахлоқ дар раванди фаъолияти амалӣ ба шахс эътиқоди ахлоқӣ ҳамчун водоркунии бевосита ташаккул меёбад ва  донишҳои ахлоқӣ ба амали ахлоқӣ мегузаранд.

Аммо донишҳои этикӣ барои рафторҳои ахлоқ фақат замина мегузоранд. Чунки дар асоси инкишофи ахлоқи шахсият ташаккули таҷрибаҳои ахлоқии он ниҳон аст. Бояд дар назар дошт, ки ин ҷо на ҳамаи таҷрибаи ахлоқии рафтори одам, балки, пеш аз ҳама, он амалиёти ахлоқӣ, ки барои ӯ аҳамияти муайян дорад ва зарурати зеҳнӣ ва эҳсосотиро ба миён меорад, синтез карда мешавад.

Ташаккули таҷрибаи ахлоқ ба тарбияи ҳисси маданӣ ҳамроҳи мекунад. Одами маданӣ ҳамеша рафтори оқилона дорад.

Мазмуни асосии тарбияи ахлоқиро ҳисси чуқури ватандӯстӣ ва байналмилалӣ ташкил мекунад. Ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо ин эҳсосоти баланди инсонӣ, қисмати ҷаҳонбинӣ ва муносибати шахсият нисбати кишвари азиз, нисбати башардӯстӣ мебошад.

Ватандӯстӣ аслан аз зодгоҳ оғоз мегирад, зеро инсони комил пораи Ватан, зодгоҳи азазишро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва меарзад ки бигӯем:

Зодгоҳ беназир аст бо маъвою иқлими софаш,

Бо он чакидаҳои хуни мубароки нофаш,

З – ҷунбиши гаҳвораи тифливу лафзи модарӣ,

Сарчашма ёбад Ватан бо ин нахҳои зарбофаш.

Ғояи ватандӯстии мардуми мо аз замонҳи қадим арзи вуҷуд мекунад, ки инро мо дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик бараъло дида метавонем. «Қурбони ватан бош, ки қурбонат шаванд» — мегӯяд мақоли мардумӣ. Оре, ватан муқаддас аст. дар гузашта ҳам фарзандони  сарзамини мо бо ёди ватан зиндагӣ мекарданд, бо ёди ватан ҷон қурбон менамуданд. Дар очерки таърихии устод С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» омодааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо карданд, ки дар вай як каф хок ва хатчае буд. Дар хат ин гуфтаҳо сабт шуда буданд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!». Дар охири хат ин байт ҳам оварда шудааст:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!.

Ҳамзамонони мо ҳам аз мусофират ба ватан бар гашта, аз ҳадди шодиву сурур ашки шодӣ мерезанд, хоки ватанро тӯтиё мекунанд, замини азиз мебӯсанд чун устод Мирзо Турсунзода:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Шахс маҳз зимни тарбия ватандӯсту инсонпарвар мегардад. Биноан кӯдакони диёр чунон бояд тарбия ёбанд, ки онон нафақат зодгоҳ, кишвар ва мардуми диёри хеш, ҳамчунин тамоми сайёра ва мардуми онро қадр намоянд.

Ватан обод бо мардумаш, диёрро бидуни одамони гуногунмиллат тасаввур кардан мумкин нест. Ҳар шаҳрванди кишвар хоҳ зодаи сарзамин, хоҳ ташрифоварда баҳри обу ободонии манзилу диёр ҳиссагузор аст.

Ғояи ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо аз бисёр ҷиҳат ба донистани таърихи кишвар ва мардуми он вобаста аст. Нафақат донистани таърихи кишвар ва мардуми кишвари худ, инчунин таърихи дигар мамолик ва забонҳои мардуми онҳо низ лозим аст.

Яке аз намудҳои тарбияи ахлоқ ин ба меҳнат софдилона муносибат кардан аст. Хусусиятҳои ахлоқӣ, одамон, тамоили тамоми фаъолияти зиндагии одамро муайян мекунад, чунки меҳнат – асоси зиндагӣ, бе меҳнати ҳалол ва маҳсули он ҳаётро тасаввур кардан нашояд. Охир, кӯдаконро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ ба меҳнати коллективонаи ҳаддалимкон, инчунин меҳнати гарони омӯзиш ҳавасманд кардан қимати ахлоқиии калон дорад. Онҳо бояд ба неъматҳои меҳнатӣ, хоҳ шахсианду хоҳ ҷамъиятӣ сипосгузор, қадршинос, эҳтиёткор ва сарфакор бошанд, ба исрофкорию ношукрӣ роҳ надиҳанд.

Ҳифзи табиат – муҳити зист ҳам яке аз вазифаҳои умдаи ахлоқии кӯдакон ба шумор меравад. Ба поймол кардани зироат, шикастани буттаву дарахтон, ифлос намудани обу ҳаво, ба зараррасонии паррандаҳо, моҳиён ва ҳайвонот роҳ надодан, шаъну шарафи инсонии онҳост. Зеро ҳамаи ин рукни ҳаёт аст.

Тарбия ҳарбӣ – ватандӯстӣ.  Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии талабагони мактаби ибтидоӣ ҳанeз аз муҳити оила ва кeдакистон ибтидо мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки кӯдакон ҳанӯз дар синни томактабӣ фуражкаи низомиёнро ба сар пӯшида, чун ҳарбиён қадам задан, даст ба пешонӣ бурда салом кардану рапорт доданро хуш донанд, ки ин тақлид аст.

Дар синфҳои ибтидоӣ ҳам нисбати тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ тасаввуроти умумии ибтидоӣ ҳосил кунонидан ба маврид мебошад. Воқеан, ба қавли шоир, орзуи деринаи кӯдакон калон шудан, қаҳрамон шудан, дар ватани худ посбон шудан аст. Пас бигзор онҳо аз айёми кӯдакӣ то тадриси фанни «Омодагии дифоъӣ» (синфҳои X – XI) қарзи дифои модар – ватанро дарк кунанд, дар ҳамин рӯҳияи мардонагиву шуҷоат камолот ёбанд ва оянда бо сарбаландӣ қарзи фарзандии халқу ватани азизро ба ҷо оранд.

Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ – қисми муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва байналмилалӣ аст. Асоси ин намуди тарбия дар мактаб тайёрии ибтидоии талабагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сурат мегирад. Албатта, кишваре, ки артиши миллӣ надорад, боғи бепосбонро мемонад.

Мазмуни тарбияи ибтидоии ҳарбию ватандӯстӣ, қабл аз ҳама, фаҳмондани қоидаҳои Қонуни асосии давлат нисбати муқаддас будани хизмати халқу ватан, дифоъи сарватҳои миллӣ, сарҳад, марзи модар – ватан, муаррифӣ бо ҳаёти сарбозону сардоронро фаро мегирад. Ҷиҳати муҳими ин намуди тарбияи ҳавасмандгардонӣ ба сафи низомиён дохилшавӣ ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ ва коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ишғол мекунад. Ҷиҳати муҳими дигари тайёрии ибтидоии ҳарбии мактаббачагон ин омӯхтани машқҳои гуногуни обутобдиҳии ҷисм, донистани силоҳҳои оташфишон, воситаҳои муҳофизатии зидди атомӣ, зидди кимиёвӣ, шиносоӣ бо машқҳои тактикӣ мебошад.

Барои ташаккул додани маҳорату малакаҳои корҳои сарбозӣ робитаи мактаб бо қисмҳои ҳарбӣ, сарҳадчиёни шуҷоъ, ветеранҳои ҷанг ва ёрии онон барои ташкил кардани маҳфилҳо оиди омӯхтани техникаи замонавии ҳарбӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо сарбозон, мусобиқаҳои ҳарбию спортӣ ва ғайраҳо аҳамияти калон дорад.

Тарбияи ҷинсӣ – қисми муҳими таркибии тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва ҳифзиссиҳа (чорабиниҳои тиббӣ) мебошад. Ин намуди тарбияро ҳам чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб бо ҳар васила ва мулоҳизаҳо ҳаргиз пас гузоштан мумкин нест, зеро ин барои рафтори ҳамида ва ҳаёти ояндаи бенуқси оиладорӣ бағоят зарур аст. Тарбияи ҷинсӣ ҳам хеле бармаҳал, ҳатто аз рӯзи тавлиди кӯдакон оғоз мегирад. Тифли навзодро момоҳои рӯзгордидаи мо мувофиқи анънаҳои миллӣ бо оби ширгарми намаку гилин се – чор маротиба оббозӣ медоронанд, то ки пӯсти баданаш мустаҳкам гардад. Минбаъд ҳар рӯз бо оби ширгарми муқаррарӣ ду – се бор шустани узвҳои таносули тифлакон мувофиқи талаботи ҳифзиссиҳа аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар оила волидайн бояд хонаи хоби кӯдаконро аз чор – панҷсолагӣ ҷудо кунанд.

Дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ба якҷоя нишастани писару духтарон дар як парта одат кунонидан, якҷоя дарс тайёр кардан, саёҳат намудан, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок доштан онҳоро аз бармаҳал бедоршавии ҳирси ҷинсӣ боз медорад. Айёми ба балоғатрасӣ тарбияи ҷинсӣ эътибори хоса тақозо мекунад. Дар ин лаҳза, ҳатто каме пештар, роҷеъ ба рӯйдодҳои таҳаввули анатомӣ – физиологӣ ва табиӣ ба наврасон моҳирона фаҳмондан шарт аст, то ки онҳо аз тасодуфҳои ҷинсӣ ба воҳима наафтанд. Ин ҷо нақши волидайн, муаллимон ва духтури мактаб калон аст. Бояд модар духтарро аз ҳайзбинӣ, падар писарро аз эҳтилому нигаҳдории нафси шаҳвонӣ огоҳ кунад. Дар мактаб илова ба омӯзиши фанҳои марбут ва «Одоби оиладорӣ» — и синфи VIII, ҳафтае як соатӣ пешбинӣ шудааст, муаллимону духтурон нисбати риояи ҳифзиссиҳаи ҷинсӣ, касалиҳои узвҳои таносул сӯҳбату маслиҳатҳои алоҳида – алоида гузаронанд.

Дар синфҳои болоӣ байни писарону духтарон муносибати дӯстиву рафоқат устувор гашта, баъзан он рафта – рафта ба ишқи самимӣ табдил меёбад, ки  ин табиист. Мутаассифона, зумрае аз волидон ва муаллимон «Матаб ҷои ошиқон нест» — гӯён садди роҳи эҳсосоти баланди онон мешаванд. Ҳол он ки ба ишқи самимию аввалини онҳо рахна задан маънӣ надорад. Ин миёни ҳаёти ду ҷавонро шикастан, гирифтори ҳодисаҳои нохуш кардан асту бас.

Дар чунин ҳолат муаллим бояд писару духтарро ба хотири ишқи пок алайҳи рафтори зишт – бешарафӣ, булҳавасӣ, донишандӯзӣ, вафодорӣ, поктиннатӣ, қавииродагиро муқобил гузорад, ба покдоманӣ ҳидоят намояд, то ки ба шаъни одаму одамгарӣ доғ наоранд, ба муҳаббати ҳамдигар сазовор бошанд.

Дар ҳузури ноболиғон, ҷавонон ҳар гуна гапҳои фачу лач, латифаҳои аз одоб берун, дашномҳои қабеҳ, намоиши филмҳои фаҳшу суратҳои бараҳна нишон додан бархилофи тарбияи ҷинсӣ аст. Мутолиаи китобҳои ба синну солашон номувофиқ ҳам манъ аст, чунки ҳамаи ин бемаврид буда, ҳисси ҷинсии онҳоро бармаҳал бедор мекунад.

Педагогика ва психология барои бармаҳал бедор нашудани ҳисси ҷинсии ноболиғон танзими дурусти низоми меҳнати ҳамарӯза, шуғли мунтазами варзишро тавсия медиҳанд. Зеро шуғли муфид ҷисму рӯҳи онҳоро бардам нигоҳ дошта, аз ҳар гуна рафторҳои зишт: тамокукашӣ, машруботнӯшӣ, нашъамандӣ, бадахлоқӣ нигоҳ медорад, ба камолоти мӯътадилии онҳо мадад мерасонад.

Воқеан, агар кӯдакон ва наврасон ба роҳи нодуруст майл ёбанд ва ба рафторҳои зишт одат кунанд, ислоҳи онҳо басо душвор аст, чунки «Тарки одат – амри маҳол» — гуфтаанд.

Мутаассифона, иддаи ноболиғон аз боиси беназоратӣ ва бепарасторӣ аз доираи ахлоқ берун монда, ба сигаракашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ ва дигар корҳои ношоям майл медиҳанд, ки ин ба ғайр аз худситамкунӣ, хубзабунсозӣ, худношиносӣ чизи дигаре нест. Агар ин кирдорҳои зишт зуд ҷилавгирӣ карда нашаванд, ба одат табдил меёбанд ва солиёни сол, ҳатто баъзеҳо аз он умрбод халосӣ намеёбанд. Ин гуна одамон, ки нисбат ба худ дар бераҳмӣ устухон сахт кардаанд, ба ҳодисаҳои нохуш: вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, ғоратгарӣ, бешарафӣ низ даст мезананд ва барилова зомини наслҳои носолиму ногирои худ мешаванд.

Барои он ки нохушиҳои зикрёфта рух надиҳад, дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва оила заррае суст накардани тарбияи ҷинсӣ зарур аст. Дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ ва шаҳватшиносӣ гарави хуши ҳаёти оиладорӣ, устувории ақти никоҳ ва наслҳои солими оянда аст.

Одатҳои ахлоқӣ. Одат амал ва ё рафтори устувори одам, ки ба он омӯхта шудааст. Дигар хел карда гӯем, одат – малакаи автоматишудаи рафтори ашхос аст. Одатҳои ахлоқӣ дар системаи тарбияи ахлоқ мақоми хоса доранд. Одатҳо ҳамида ва зишт мешаванд. Дар хонандагон одатҳои хубро ташаккул додан мақсади умдаи тарбияи ахлоқ аст. Дар синфҳои ибтидоӣ қабл аз ҳама, талаботҳои «Қоидаҳо барои хонандагон» — ро ба одати ҳамарӯзаи шогирдон табдил додан аҳамияти калон дорад. Дигар ин ки барои тақвият додани одатҳои муфид, анъанаҳои синф, худтарбиякунӣ, намунаи ибрат будани калонсолон, фаъолон, муаллимон, волидон таъсири мусбӣ мерасонанд.

Одатҳои зишт, чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, аз беназоратӣ ва сустии корҳои тарбияи мактаб сар мезанад. Бинобар ин тамоми саъю кӯшишро ба он бояд равона кард, ки ба ахлоқи шогирдон одатҳои бад роҳ наёбанд ва «Дили одаткарда – балои ҷон» нагардад.

Интизоми бошуурона. Интизом – тартиб ва низом, нормаҳои ахлоқи рафтори ҷамъиятӣ ва шахсии ашхосро гӯянд. Одаме, ки сифатҳои ахлоқиро дорост, ба қоидаҳо ва нормаҳои рафтори қабулкардаи умум дар ҳамаҷо ва дар ҳама кор риоя мекунад ва дар ҳолати вайрон кардани онҳо, агарчи беихтиёр рӯй додааст, аз паи ислоҳи он хатоҳо мешавад, то шаъни одамгариаш коста нагардад.

Интизоми мактаб асоси интизоми ахлоқии пешқадами умумиҷамъиятиро инъикос дорад, ки он аз интизоми меҳнат, таълими коллективӣ, муҳофизати моликияти хусусӣ ва ҷамъиятӣ, таҳқир накардани шахсияти одамонро фаро мегирад. Ҳамаи ин зимни шуурона рафторкунӣ бояд сурат гирад. Нишондодҳои дараҷаи интизомнокии бошууронаи мактабиён дар дохили мактаб, берун аз он, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар рафтори шахсӣ тибқи худназоратӣ, мубориза бо беинтизомии дигарон ва вайронкунандагони он муайян карда мешавад. Нишонаҳои беиродагӣ ва беинтизомӣ: коҳилӣ, дурӯғгӯӣ, гарданшахӣ, беҷуръатӣ, дудилагӣ,чоплӯсӣ, бахилӣ, суханчинӣ (хабаркашӣ), беташаббусӣ ва амсоли инҳо.

Ислоҳи нишонаҳои беинтизомӣ аз қадами аввалини ба мактаб шомилшавии кӯдакон оғоз меёбад, ки нисбати ислоҳи бархе аз онҳо мо дар аввали ҳамин мавзӯъ ва мавзӯъоти пешин маълумот дода будем. Тарбияи интизоми бошууронаи талабагонро худтарбиякунӣ ва азнавтарбиякунӣ тақвият медиҳад.

Барилова таъкид мекунем, ки ҳар кас неку бад кунад ба худ кунад, зеро неку бад чун косаи давр чархзанон аст.

Шакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ.

Таҷриба собит мекунад, ки шуурнокии мактаббачагон ҳамон вақт бомуваффақият ташаккул меёбад, ки агар он ба ягонагии дониш ва таҷрибаи рафтор такя карда шавад. Аз ҳамдигар ҷудоии онҳо донишҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи фардӣ ба инкишофи яктарафаи тарбияи ахлоқии шахсият меорад. Натиҷаи меъёри тарбияи ахлоқ ягонагии омехтаи донишҳо, итминон ва фаъолияти амалӣ мебошад. Маълумот ва фаҳмиши ташаккули ахлоқӣ дар бораи некӣ ва бадӣ бе эътиқод ва ақидаи шахсӣ табдил ёфтани онҳо шаклҳои дарс, лексия, ҳикоя, сӯҳбат мубоҳисаи этикӣ, маҳфилҳо, хониши берун аз синф ва ғайраҳо мадад мерасонанд.

Дар таҷрибаи тарбияи ахлоқ бештар сӯҳбати этикӣ маъмул гаштааст. Он ҳамчун як шакли эътирофшуда ба талабагон фаҳмондани назария, принсип ва нормаҳои ахлоқ, инчунин чун методи ба муҳокимаронӣ, баҳсу таҳлили падидаҳо, рафтор ва амал водоркунӣ ва ба мақсади дар онҳо коркарди баёни ахлоқӣ, мулоҳиза, маъно ва эътиқод ҷои муайянро ишғол мекунад.

Вазифаҳои муҳими сӯҳбати этикӣ – ба талабагон барои муайян кардани масъалаҳои мураккаби ахлоқӣ ёрӣ расонидан ба кӯдакон ташаккул додани мавқеи устувори ахлоқӣ, ба ҳар як талаба баҳри муайян кардани таҷрибаи рафтори шахсиаш мадад расонидан, ба онҳо маҳорати коркарди ақидаҳои ахлоқро ёд додан, изҳор кардан, мулоҳизаронӣ дар асоси донишҳои ҳосилшударо дар бар мегирад. Дар раванди сӯҳбатҳои этикӣ барои он ки талабагон ба муҳокимаи масъалаҳои ахлоқӣ фаъолона иштирок кунанд, худашон хулосаҳои муайян бароранд, зарур аст, ки дар фикри худ устувор буданро ёд гиранд, рафиқони худро бовар кунонида тавонанд.

Сӯҳбати этикӣ зимни таҳлил ва муҳокимаи  исботу далелҳои мушаххаси аз ҳаёти ҳамарӯзаи худи кӯдакон гирифта шуда, бо мисолорӣ аз адабиёти бадеӣ, матбуоти даврӣ, филмҳо ва ғайра баргузор мегардад. Хусусияти сӯҳбати этикӣ дар он аст, ки тибқи ин метод худи бачаҳо ба коркарди дурусти баҳодиҳӣ ва муҳокимаронӣ нисбати тарбияи ахлоқ ҷалб карда мешаванд. Дар мактаб сӯҳбатҳои этикӣ, синфӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ гузаронида мешаванд. Муаллим системаи мавзӯъҳои муайянеро, ки ба нақша мегирад ва пай дар пай системанок хонандагонро бо нормаҳои ахлоқ шинос мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ сӯҳбатҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки ба маданияти рафтор, ба қоидаҳо барои хонандагон ва ғайра дахл дошта бошанд. Ба ғайр аз сӯҳбатҳои этикии барномавӣ сӯхбатҳои ғайримунтазам низ бо синф гузаронида мешаванд. Сӯхбатҳои ғайримунтазами этикӣ бештар ба масъалаҳои дар коллектив бамиёномада баргузор мегардад. Баъзан ба муаллим лозим меояд, ки бо синф ва ё гурӯҳ сӯҳбати этикии бадеҳатан гузаронад. Сӯҳбатҳо дар мавридҳое баргузор мегарданд, ки зарурати ба рафтори хонандагон фавран баҳодиҳӣ ва ислоҳи мухолифатҳои пайдо шуда бошанд.

Натиҷаҳои муфид он сӯҳбатҳо дода метавонанд, ки ба он хуб тайёрӣ дида шуда бошад. Аксари муаллимон барҳақ қайд мекунанд, ки гузаронидани сӯхбати этикии самарабахш аз дарс ҳам душвор аст. Душвории гузаронидани сӯҳбати этикӣ дар чист? Пеш аз ҳама, сӯҳбат набояд пандомез бошад. Дар рафти сӯҳбат муаллим бештар ба муҳокимаронии осудаҳолона, ки мубодилаи фикр доранд, эътибор медиҳад.

Сӯҳбати эитикӣ аз муаллим бо талабагон хеле наздикӣ доштанро талаб мекунад. Кӯдакон бояд ба муаллим боварӣ дошта бошанд, ӯро дӯст доранд, фақат дар ҳамин ҳолат ба онҳо кӯшиши фикрбаёнкунӣ пайдо мешавад. Дар ҷараёни сӯҳбат муаллим бо олами ботини онҳо эҳтиромона, эҳтиёткорона, беғаразона ва одобона рафтор мекунад.

Интихоби мавзӯи сӯҳбат аз хусусиятҳои синну соли кӯдакон, дараҷаи тарбияи ахлоқии онҳо, инкишофи коллективи бачагона вобаста аст. Муаллим бо кӯдакон маслиҳат карда, мавзӯеро сӯхбати этикӣ қарор медиҳад, ки ба он иштиёқ дошта бошанд. Сӯҳбати марбути мактаббачагони хурдсол бояд аз нигоҳи образнокӣ ва мушаххасӣ ба талаботи онҳо мувофиқат кунад. Пас аз муайян кардани мавзӯи сӯҳбат ба номгузории он ҳам эътибор дода мешавад, то номи он такрор наёбад, чунки дар тарбияи ахлоқ борҳо ба як мавзӯъ баргаштанро тақозо мекунад.

Натиҷаи дилхоҳ додани сӯҳбати этикӣ аз бисёр ҷиҳат ба мавзӯи баҳси тавсияшуда иштиёқманд будани талабагон вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳам муаллим ҳангоми омодагӣ гирифтан дар барномаи сӯҳбат ба шогирдонаш хондани маводҳои ба мавзӯъ дахлдорро зикр мекунад, то ки синф рӯҳан ба мавзӯи сӯҳбати этикӣ тайёр бошад.

Сӯҳбатҳои этикӣ бо ду роҳ– индуктивӣ ва дедуктивӣ гузаронида мешаванд. Дар синфҳои ибтидоӣ бештар роҳи индуктивӣ (аз ҷузъ ба кулл фикрронӣ) истифода бурда мешавад. Дар сӯҳбат аз далелҳои возеҳ ва мушаххас сар мекунанд. Дар асоси таҳлили далелҳо муаллим ба хулосаҳои ахлоқӣ, ба тасвияи мафҳумоти ахлоқӣ меорад. Дар синфҳои ибтидоӣ сӯҳбати дедуктивӣ ҳам имконпазир аст. Сӯҳбати дедуктивӣ аз мафҳуми ахлоқӣ бо далелҳои возеҳи проблемавӣ (аз кулл ба ҷузъ) ва бештар ба хулосаҳои амиқ мегузаранд.

Хусусияти гузаронидани сӯҳбати этикӣ дар синфҳои ибтидоӣ боз дар он аст, ки дар он саҳнабобкунии асарҳо (нақшофарӣ), хондани таъсирноки парчаҳо аз асарҳои бадеӣ ва сухангариро низ дохил кардан мумкин аст. Дар ҳамин радиф зимни сӯҳбати этикӣ мубодилаи фикрҳо, диалогро ҳам фаромӯш набояд кард. Баъди гузаронидани сӯҳбати этикӣ муаллим, роҳбарони синф барои тақвият додани маънои падидаҳои ахлоқӣ, нормаҳои рафтор фаъолияти амалии кӯдаконро ташкил мекунанд.

Дар системаи тарбияи ахлоқ муҳимаш он аст, ки дар кӯдакон қоидаҳои ахлоқи ҳамида устувору пойдор гарданд. Ин ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки мо барои машқкунии хонандагон шароит муҳайё кунем. «Ҳар чӣ бештар рафтори наҷибонаи бедоркунии хоҳиш, саъю кӯшиши шахсият ба идеали ахлоқӣ – ана яке аз қоидаҳои тиллоии тарбияи наврасон» — тасдиқ карда буд В. А. Сухомлинский[4].

Тавассути дигар шаклҳо (дарс, маҳфил, хониши берун аз синф ва ғ.) ҳам тарбияи ахлоқ ва дигар намудҳои тарбия дода мешавад. Аз ин шаклҳои тарбия мо хониши берун аз синфро ба тарзи мухтасар шарҳ медиҳем, зеро он ҳам ба хусусияти тарбияи ахлоқи талабагон (хусусан синфҳои ибтидоӣ) бештар мувофиқат мекунад.

Хониши беруназсинфӣ. Толибилмон мувофиқи тавсияи барномаи таълимӣ ва пешниҳоди муаллимони синфҳои ибтидоӣ бо асарҳои беҳтарини бачагона, асарҳои илмию бадеӣ, илмию оммавӣ, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳо  нашр  мешаванд, шинос мегарданд. Хуб мешуд, агар муаллимон роҷеъ ба ташаккул додани тарбияи ахлоқи шогирдон порчаҳои ахлоқии асарҳои зерини ниёгонро, ки аз китобхонаи мактаб дастрас кардан мумкин аст, низ тавсия медоданд: «Калила ва Димна», «Қобуснома» — и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» — и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғайраҳо. Ин асарҳо саросар аз панду ҳикматҳои ҳокимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборатанд. Аз онҳо чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд.

Ба методҳои ташаккули таҷрибаи рафтори ахлоқии мактабиён ёддиҳӣ ва машқ қимати хоса доранд.

Ёд додан. Азбаски кӯдакон, хусусан синни томактабӣ ва хурдимактабӣ, дар бисёр масъалаҳо таҷрибаи ҳаётӣ надоранд, ба онҳо ёд додани қоидаҳои рафтори ахлоқӣ лозим аст. Ба ёддиҳӣ таъкиди пандомези зайли Саъдии Шерозӣ мисол шуда метавонад: «Таом он гаҳ хӯранд, ки иштиҳо ғолиб ояд ва сухан он гаҳ гӯянд, ки зарурат бошад ва сар он гаҳ ниҳанд, ки хоб ояд, сӯҳбат он гаҳ кунанд, ки шавқ ба мунтаҳо бирасад».

Машқ барои ҳосил кардани маҳорату малака пай дар пай иҷро намудани амалиётест.

Натиҷаи ёддиҳӣ ва машқро методҳои мушоҳида, назорат ва худназоратӣ таҳти баён қарор медиҳанд.

Яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим дар мактаб муҳайё кардани вазъиятҳои махсуси тарбиявӣ мебошад. Талабагон ҳар яке аз он шакли ба худ маъқулро интихоб мекунанд. Дар инҷо вазифаи тарбиятгар аз идора карда тавоннистани вазъияти педагогӣ иборат мешавад. Чунки ҳар вазъият хусусиятҳои худро дорост. Агар яке хусусияти ҳиссиёти ахлоқии ватандӯстӣ дошта бошад, дигаре хусусияти барангезиши ҳисси мулоҳизакунӣ, рафтору амал, ғамхорӣ байни ҳамдигар ва ғайраро дорад.

Акнун мактабхони хурдсол рафторҳои ахлоқии ботини худ: виҷдон, қурбу манзалат, шарму ҳаёро дарк ва идора карда метавонад. Вай акнун ба калонсолон ҷой додану надодан, ба бозӣ рафтан ва ё дар назди бемор нишастан, ба ҳамсоли қафомондааш дасти ёрӣ дароз карданро дарк мекунад. Барои ҳамин ҳам дар мактаб ташкил кардани вазъиятҳои озодона интихобкунии рафтор, аз қабили рассомӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозӣ, шӯъбаҳои шоҳмотбозӣ, дамкабозӣ, варзиш, поси хотир, мададрасонӣ, пайшиносӣ, гулу ниҳолпарварӣ ва ғайра дар раванди тарбия хеле заруранд. Онҳо нафақат воситаи муҳими ташаккулдиҳии рафтори ахлоқӣ, инчунин нишондиҳнадаҳои маънавиёти зоҳиран ва ботинан дуруст тарбияёбии кӯдакон низ ба шумор мераванд.

Дар назарияи тарбияи ахлоқ муайян кардани меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактабиён яке аз масъалаҳои мураккаб аст. Доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун мавҷуданд: муносибати мактаббача ба талаботи муаллиму рафиқон намунаи ахлоқан тарбия ёфтани ӯст; меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактаббача аз амалиёти ӯ маълум мешавад ва асоси инро баҳои дар муҳокима додашуда ташкил мекунад; одату хусусиятҳои ахлоқии дар шахсият ташаккулёта асоси ахлоқан тарбияёбӣ ҳисоб меёбад; дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кардани мактаббача меъёри ахлоқии тарбия ёфтани ӯро муайян мекунад.

Дар муносибатҳои зикршуда ҳақиқияте мавҷуд аст, вале ҳар кадоме аз онҳо ба ин масъала ҷавоби том дода наметавонанд. Воқеан дар фаъолият, дар муносибат бо калонсолон, рафиқон, иштирок дар корҳои муҳокимарониҳо ва ғайра ин ҳоло дар ҳақиқат ахлоқан тарбия ёфтани мактабиёнро ифода намекунад. Чунки барномаи ташаккули ахлоқии шахсият хеле васеъ аст, бо зоҳир намудани якчанд сифатҳои мақбули ахлоқӣ дар бораи дараҷаи умумии ахлоқан тарбия ёфтани талаба ҳукм баровардан нашояд. Дар таҷриба борҳо дидаем, ки талаба дар мактаби ибтидоӣ дар доираи ахлоқи писанддида фаъолият мекунад, вале баъди ба мактаби асосӣ гузаштан бо кадом сабабе аз чорчӯбаи ахлоқ берун мебарояд, яъне сифатҳои ахлоқии ӯ устувор нестанд.

Ба фикри мо, меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактабиёнро ба се зина, ҳамчун Қоидаҳо барои хонандагон (мактаби ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи ҳамагонӣ) тақсим карда, баён намудан беҳтар аст. Ин мувофиқи синну сол, сатҳи умумии азхудкунии барномаи ахлоқии ҳар зина ва устуворию ноустувории нормаҳои рафтори ахлоқиро муайян кардан ба талаб мувофиқ аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *