Фанни Педагогика

Принсипҳои тарбия

 Хусияти присипҳои тарбия

Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» — ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин қоидаҳои умумие, ки педагогҳо мавриди ҳалли вазифаҳо ба роҳбарӣ мегиранд, инъикос менамоянд. Талабот, изҳороти ба принсипҳо гузошташударо тавзеҳ медиҳем.

  1. Зарурият. Принсипҳои тарбия – ин на маслиҳат, на тавсия; онҳо ҳатман пурра ва муҷассам дар амал татбиқкуниро талаб мекунанд. Дағалона ва системанок вайронкунии принсипҳо нафақат самарабахшии раванди тарбиявиро суст, инчунин асоси онро вайрон мекунанд. Тарбиягаре, ки талаботи принсипро вайрон мекунад, аз роҳбарии он дур карда мешавад.
  2. Комплекснокӣ. Присипҳо дар худ талаботи комплекснокиро гирифта, дар як вақт тахминшавии иҷроишро доранд, вале на бонавбат. Дар ҳамаи давраҳои раванди тарбия ҷудогона истифода мегарданд. Принсипҳо на ҳамчун занҷира, вале дар мавридҳои зарурии пешомада истифода бурда мешаванд.
  3. Баробараҳамиятдорӣ. Принсипҳои тарбия ҳамчун қоидаи мустаҳкам баробарқиматӣ доранд, дар байни онҳо асосӣ ва дуюмдараҷагӣ шуда наметавонад, тавре ки якеро аввал, дигареро сонӣ иҷрокунӣ ҳам надорад. Ягона эътибордиҳӣ ба ҳамаи принсипҳо низ мумкин аст ба вайронкунии ҷараёни тарбия орад.

Алалхусус принсипҳои тарбия – ин нусха ва дастури тайёре нестанд, ки тарбиятгарон ба таври автоматикӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гарданд. Онҳо дониши махсус, таҷриба ва маҳорати мураббиро иваз карда наметавонанд.

Ба принсипҳое, ки раванди тарбия такя мекунад, системаро ташкил менамояд. Дар тарбия бисёр системаҳо буданд ва ҳастанд. Ва табиист, ки хусусият, талаботҳои алоҳидаи онҳо, баъзан худи онҳо бетағйирот намемонанд. Системаи муосири принсипҳои тарбия инҳо мебошанд:

  • самти иҷтимоӣ доштани тарбия;
  • робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат;
  • дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан;
  • тарбияи гуманистӣ;
  • рафтори шахсӣ;
  • дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия.

Сохти иҷтимоӣ доштани тарбия

Педагогҳои прогрессивӣ тарбияро ҳамчун «институти иҷтимоӣ, аз синни поёнӣ майл додани омодагии одамон бо ёрии панддиҳӣ ва ибрат, этиқод ва зарурат бо кӯшиши амалӣ ва дар ҳаёт собитқадамона истифода бурдани қоидаҳои азхудкарда» мефаҳмиданд (Г. Сент – Джон). Ин принсип дар давраҳои гуногуни иҷтимоӣ тағйир ёфт, баъзан моҳияти иҷтимоии зиёд, гоҳо давлатӣ ва баъзан самти шахсиятӣ ҳам гирифт. Дар педагогикаи ватанӣ ҳам он борҳо ба дигаргунӣ дучор шуд. Аз қоидаи моҳиятан умумӣ – тарбия бояд одамро  ба ҳаёти хушабахтонаи фаъоли ҷамъиятӣ тайёр кунад, кам нигоҳ дошта шуд. Ба ин принсип такя намуда бештари системаҳои тарбиявӣ дар ҳаёт бо муваффақият нишондодҳои мафкуравӣ, доктринаҳои сиёсӣ мебаранд. Тарбия бо дастгирӣ ва устувории сохти давлатӣ, институтҳои он, органҳои давлатӣ, ташаккули шаҳрвандӣ ва сифати иҷтимоӣ дар асоси идеалогияи қабулкардашуда ва қабулкардаи давлат, конститутсия, қонунҳо нигаронида шуд. Ин принсип итоакунии тамоми фаъолияти педагогиро баҳри вазифаҳои тарбияи насли наврас мувофиқи нишондодҳои давлатӣ, тарбия ва майл додани  фаъолияти тарбиягарон, барои ташаккули иҷтимоии зарурии навъи шахсиятро талаб мекунад. Тарбиягар супориши давлатиро нисбати тарбия адо менамояд. Агар аҳамияти давлат ва ҷомеа ба ин мувофиқ ояд, ин чунин ба рағбати шахсии шаҳрванд созиш кунад,  онгоҳ талаботи принсип табиатан дар сохти худ мақсад ва вазифаҳои тарбияро барилова мегирад. Дар акси ҳол иҷрои ин принсип душвору имконнопазир мегардад. Ба тарбягар маводи аниқи воқеӣ баҳри тарбияи пурқимат намерасад. Мактаб – на идораи давлатӣ, балки институти иҷтимоӣ, системаи иҷтимоӣ – давлатӣ, майли қонеъгардонии талаботи маълумотдиҳӣ, ки дар он меъёри дархости давлатӣ, дар ҳамин қатор ҳамчун талаботи ҷамъият ва шахсиятамали мекунад. Вайрон кардани ин ҳамкорӣ мактабро ба беҳаракатӣ меорад. Мактаб ҳамчун институти иҷтимоӣ – давлатӣ метавонад фақат бо мадади давлат зинда бошад. Зуд ё сонӣ ҷомеа боз аз нав ба ёрии он меояд.

Робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат

Ин принсип талаб мекунад, ки раванди тарбия (ва омӯзиш) – и мактабиён дар робита бо ҳаёти давру замон пайваста сурат гирад, то ки онон аз хурдӣ баҳри зиндагӣ омода гарданд, дар таҷрибаи меҳнат обутоб ёбанд.

«На барои мактаб – барои ҳаёт» — ин даъвати римиёни қадим аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  педагогҳои давраи атиқа моҳияти бо ҳаёт ва таҷриба алоқамандии тарбияи насли наврасро фаҳмидаанд. Ташаккули шахсити инсон асосан аз худи вай ба корҳои оммавӣ ва меҳнатӣ иштирок намуданаш вобаста аст. Аҳамияти сифатан инкишкофдиҳии меҳнат: ҳар қадаре, ки он зиёд, гуногун ва мақсаддор бошад, ҳамон қадар дараҷаи иникшофёбии иҷтимоии шахсият инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам дар корҳои ҳаёти иҷтимоӣ, корҳои гуногуни фоиданок, иштирок ва муносибат кардани тарбиятгирандагон ҳатман зурур аст. Дар меҳнати ҳадди ақал иштирок карда, дар комилҳуқуқии аъзоёни он тарбияёбандагон таҷрибаи рафтори маънавӣ мегиранд, аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаҳмидани мотивҳои муҳими иҷтимоӣ ҳосил мекунанд, сифатҳои маърифатии хешро мустаҳкам ва такомулот медиҳанд.

Мактаби ҳаёт – мактаби беҳтарини тарбия аст. Барои ҳамин принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт яке аз муҳимтарин системаи тарбия шуда истодааст. Аз муаллимон  ва мураббиён дар ду майли асосӣ фаъолияткуниро талаб мекунад: 1) васеъ ва фаврӣ шинос намудани тарбиягирандагон бо ҳаёти иҷтимоӣ ва меҳнати одамон, ки дар он дигаргуниҳо рӯй медиҳанд; 2) ҷалб кардани тарбиягирандагон ба муносибат бо ҳаёти воқеӣ, намудҳои гуногуни фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ иборат аст.

Дар натиҷаи ин амалиётҳо дар онон таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ ба малака табдил меёбад. Меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ – ин яке аз воситаҳои муҳими иҷтимоигардонии шахсияти мактабиён  мебошад.

Дуруст иҷро кардани принсипи алоқаи тарбия бо ҳаёт аз педагог инҳоро талаб мекунад:

  • ба талабагон фаҳмондани моҳияти меҳнат дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳар як шахс;
  • эҳтиром ба одамони меҳнатӣ, ки мавод ва арзишҳои рӯҳи бунёд мекунанд;
  • инкишоф додани қобилияти бисёр ва фоиданок меҳнаткунӣ, бо хоҳиш виҷдонан ва эҷодкорона меҳнаткунӣ ба манфиати ҷомеа ва нафъи шахсии худ;
  • фаҳмидани асосҳои замонавии истеҳсолот, кӯшиш ба вусъат додани доираи дониши политехникӣ, азхуд кардани маданияти умумӣ ва асосҳои илмии ташкили меҳнатӣ;
  • якҷоякардани манфиати фаъолияти меҳнатии шахсӣ бо ҷомеа, дархости ҷомеа ва талаботи хоҷагӣ;
  • муносибати эҳтиёткорӣ ба моликияти ҷамъиятӣ ва боигариҳои табиӣ, кӯшиши бо меҳнати худ афзун гардонидани онҳо;
  • тоқатнопазирӣ нисбати бепарвоии хоҷагидорӣ, бемасъулиятӣ, вайронкунии интизоми меҳнат, коҳилӣ, муфтхӯрӣ, талону тароҷкунии моликияти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ва муносибати ваҳшиёна ба боигариҳои табиӣва uайраро дар бар мегирад.

Принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат дар лаҳзаи риояи қоидаҳое, ки паҳлӯҳои алоҳидаи ин принсипро возеҳ мегардонад, амалӣ гардонда мешавад:

  1. Бояд мавҳумоти догматизмро дар меҳнати иҷтимоӣ ва тарбияи мактабӣ бартараф кард, онҳоро ба фаъолияти аниқ ва ба қадри ҳол ҷалб намуд. Бояд барои амалӣ гардонидани талаботи принсип дар дарсҳо ва корҳои беруназсинфӣ барнома дошт, дар иҷрои он ба қоидаи тадриҷӣ риоя бинмуд.
  2. Мураббие, ки амалиёти худро бо оилаҳо маслиҳат карда, кор пеш мегирад, ба ҳар як тарбияёбанда мефаҳмонад, ки ганҷинаи асосии вай дар истеҳсоли ҷамъиятӣ – меҳнати таълимӣ, ёрирасонӣ ба хонадон ва мактаб аст. Ба хоҳиши наврасон ва ҷавонон, ки дар кооперативҳои истеҳсолӣ якҷошавӣ, ба бригадаҳои ҳисоби хоҷагӣ мавридҳои таътил кор кардан мехоҳанд, монеъ шудан мумкин нест.
  3. Кӯдакон одатан ба фаъолияткунӣ кӯшиш мекунанд; кӯдаки суст, беҳаракат, бекори худро канорагир низ ёфт мешавад. Тарбиягаре, ки ҳамаи инҳоро бо инобат намегирад, мазмуни раванди иҷтимоии шахсиятро вайрон мекунад ва нигоҳ медорад.
  4. Дар амал тадбиқкунии принсип истифодабарии маводҳои маҳаллии кишваршиносиро дар дарсҳо ва корҳои тарбиявии беруназсинфӣ талаб мекунад.
  5. Ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаётӣ баробар иштироккунии мактабиёнро бо калонсолон талаб мекунад, онҳо дар чунин робитакунӣ масъулиятҳискунӣ, ташаккули вазифадории шаҳрвандиашонро низ инкишоф медиҳанд.
  6. Бо муваффақият иҷро кардани принсипи мазкурро бидуни мунтазам дидабароӣ ва навшавии мазмун, ташкилкунӣ ва методҳои тарбия тасаввур кардан мумкин нест.
  7. Раванди тарбия бояд тавре ташкил карда шавад, ки бачаҳо ҳис кунанд, ки меҳнати онҳо барои одамон, ҷомеа лозим аст, то ки онҳо ҳисси қаноатмандӣ ҳосил кунанд.

Дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан

Агар шумо дар дастпарвари худ заррае ҷиҳати хубро зоҳир намоед ва ба он беҳбудӣ такя карда кор гиред, онгоҳ муаммои ботини ӯро кашф мекунед, дар тарбияи вай ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳед шуд. Педагогҳои донишманд суботкорона ҷустуҷӯ мекунанд, ки ақалан дар толибилми тарбияаш душвор ягон сифати мусбатро дарёбанд ва ба он такя намуда, дар ташаккули вай ва дигарон таъсири мусбат расонанд. Ин тарзи корбарӣ нафақат ба худи вай, ҳамчунин ба ҳамсинфонаш низ намунаи ибрат мегардад. Дар ин масъала мардуми мо аз андарзи «Дар, ба ту мегӯям, девор, гӯш дор» хуб истифода мебаранд.

Талаботи принсипи мазкур – дар тарбия ба хислатҳои хуб такя кардан аст. Педагог бояд дар дастпарварон сифатҳои ба мардум писандшавандаро пайдо кунад ва ба он пайравӣ намуда, рафторҳои ношоямро ислоҳ намояд. Ин принсипро ҳангоми худтарбиякунӣ ва азнавтарбиякунӣ бештар истифода мебаранд.

Асоси фалсафии ин принсип – қоидаи маълуми файласуфӣ «мухталифият» нисбати табиати инсонаст. Дар одаме, ки сифатҳои муҳим (дӯст доштани ҳайвонот, паррандаҳо, некхоҳии табиӣ, меҳрубонӣ, олиҳимматӣ ва ғ.) ҳаст, метавонад бо осонӣ  ва осоиштагӣ бо рафторҳои ношоями худ (ноистодагарӣ дар қавли худ, сохтакорӣ, дурӯғгӯӣ, фитнагарӣ, хасисӣ, коҳилӣ ва ғ.) хайру хуш кунад, ба рафторҳои неки инсонӣ рӯ оварад. Одами комилан сад фоиз ҷиҳатҳои «мусбатдошта» ё тамоман ҳаматарафа «бадрафтор» намешавад. Фақат ба он саъю кӯшиш кардан лозим аст, ки одам сифатҳои муфидро зиёд гирад, рафторҳои ғайримақбулаш кам шавад. Вазифаи асосии тарбиявии ин принсип ҳаминро тақозо мекунад.

Барои он ки фаъолияти мураббӣ барор гирад ва зуд натиҷаҳои хуб диҳад, ба қоидаҳои иҷроиши принсип риоя кардан лозим аст.

Дар раванди тарбия тақобул, муборизаи мураббӣ бо тарбияёбанда, муқобил гузоштани нерӯ ва мавқеъ мумкин нест. Фақат ҳамкорӣ, тоқатоварӣ ва ба тақдири тарбиягиранда ғамхорӣ намудани тарбиягар натиҷаҳои судбахш медиҳад.

Диққатро фақат ба таъкиди саҳву хатоҳо ва камбудиҳои рафтори мактабиён равона кардан ҳам мумкин нест. Устодони тарбия бархилофи ин ҳаракат карда, ҷиҳатҳои муфидро дастгирӣ мекунанд. Албатта сифатҳои ғайримақбулро маҳкум ва ислоҳ намудан лозим аст. Муҳимаш хусусиятҳои шоистаро ташаккул додан, афзун гардонидан мебошад.

Ҳамеша ба ҷиҳатҳои мусбӣ пайравӣ намуда, сифатҳои манфиро рафъ намудан роҳи дурусти педагогӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин роҳ вазифаҳо фаҳмидагирӣ, дӯст доштани табиат ва вазифаҳои зиёди тарбияи меҳнатӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ ва ғ. – ро ҳал кардан мумкин аст.

Ҷанбаи муҳими дигари принсипи такягоҳи аз рӯҳафозоӣ иборат аст. Ҳамин ки заррае пешравӣ дида шуд тарбияёбандаро бо ифодаҳои рӯҳафзоӣ («офарин», «бале», «қобилак шудаӣ», «фикрат ба ҷо», «оянда дори» ва ғ.) ҳавасманд гардонидан аст. агар тарбиягар мудом камбудиҳои бачаро ёдовар шавад, вай ба қувва ва қобилияти худ бовариро гум мекунад.

Тарбиягарони таҷрибакор бештар бо рӯҳафзоӣ ба олами ботини ниҳони бача такон оварда, ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегаранд. Аз ин лиҳоз педагогро муҳандиси рӯҳи одамизод меноманд.

Тарбияи гуманистӣ

Ин принсип ба принсипи ба мусбат такякунӣ зич алоқамандӣ дорад. Тарбияи гуманистӣ (инсондӯстӣ) талаб мекунад: 1) муносибати гуманистӣ кардан ба шахсияти тарбиягиранда; 2) эҳтиром кардани ҳуқуқ ва озодии вай; 3) ба тарбиягиранда талаботи алоқадри ҳол ва оқилонаи аниқ гузоштан; 4) вазъияти дастпарварро эҳтиром намудан, ҳатто вақте, ки иҷрои вазифаи супоридашударо ҳам рад мекунад; 5) ҳурмат кардани ҳуқуқи одам дар ҳоли худаш; 6) ба шуури тарбиягиранда мақсади аниқи тарбияи ӯро баррасӣ намудан; 7) талаботи сифатро ба вай зӯран бор накардан; 8) аз ҷазои ҷисмонӣ ва дигаре, ки қадру қимати ӯро паст мекунад, даст кашидан; 9) эътироф кардани ҳуқуқи шахсият барои комилан рад кардани он мухолифатҳое, ки бо ягон сабаб ба сифати ташаккули эътиқоди вай монеъ мешавад (гуманитарӣ, динӣ ва ғ.).

Дар моддаи аввалини Декларатсияи умумии ҳуқуқи одам гуфта мешавад: «ҳамаи одамон озодона тавлид меёбанд ва дар шаъни худ ҳуқуқи барбарӣ доранд. Онҳо ба ақлу фаросат ва виҷдон тақсим шудаанд ва бо якдигар дар рӯҳияи бародарӣ муносибат кунанд». Дида мешавад, ки дар тарбиягиранда мустақилият ҳаст, вале на бандавор мутеъшавӣ ба одамон, тарбиягар нисбати тарбиягир набояд аз иқтидори худ омирона сӯиистеъмол кунад, балки барои оянда беҳбудии онон дар якҷоягӣ мубориза барад.

Алалхусус, педагог насли наврасро  тавре тарбия бинмояд, ки ба гуфтаи волои инсонпарварии Саъдии бузургвор ҷавобгӯ бошад:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Рафтори шахсӣ

Дар ин ҷо моҳияти ду принсип дода мешавад: ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну соли тарбиягирандагон ва иҷро кардани тарбия дар асоси муносибаткунии инфиродӣ. Тадқиқотҳои психологию педагогии даҳ соли охир нишон доданд, ки моҳияти аввалиндараҷа на он қадар дониши тарбиядиҳанда нисбати синну сол ва хусусиятҳои фардӣ, балки ҳамон қадар ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои шахсият ва имкониятҳои тарбиягирон вобаста аст. Муносибати фардӣ ҳамчун такягоҳ ба сифати шахсият фаҳмида мешавад. Охирин барои тавсифи тарбия хеле муҳим аст – майл додани шахсият, арзиши тавҷеҳи вай, нақшаҳои ҳаётӣ, мақсади ташаккулёбӣ, мотивҳои  бартаридоштаи фаъолият ва рафтор. На синну сол, на хусусиятҳои фардии шахсият (тавсиф, мизоҷ ирода ва ғ.), аз барандагии сифатҳои номбурда сифати баланди тарбияи пешбинишудаи шахсиятро таъмин карда наметавонанд. Арзиши пешбинишуда, нақшаҳои ҳаётӣ, майли шахсият бевосита ба синну сол ва хусусиятҳои фардӣ алоқаманд аст. Аммо аввалааш фақат ба асоси шахсият тааллуқ дорад.

Принсипи рафтори шахсият дар тарбия аз тарбиягар инҳоро талаб мекунад: 1) мунтазам омӯхтан ва хуб донистани хусусияти мизоҷи фардӣ, хислат, андешаҳо, табъ, одати дастпарварони худ; 2) ташхис карда тавонистан ва донистани дараҷаи ташаккулёбӣ, чунин сифатҳои шахсият аз қабили тарзи фикркунӣ, мотивҳо, рағбат, мавқеъ, майли шахсият, муносибат ба ҳаёт, меҳнат, арзишҳои минбаъда, нақшаҳои ҳаётӣ ва дигарҳо; 3) ба фаъолияти ба қадри ҳолашон мунтазам ҷалб кардани тарбиягирандагон, ки пешравии онҳоро таъмин мекунад; 4) сари вақт ошкор кардан ва бартараф намудани камбудиҳо ва агар сабабҳо дар вақташ маълум нашаванд, фавран рафти тарбияро мувофиқи шароити нав дигар кардан; 5) бештар ба фаъолгардонии шахсият эътибор додан; 6) тарбияро бо худтарбиякунӣ пайвастан, ба интихоби мақсад, методҳо, шаклҳои худтарбиякунӣ ёрӣ расонидан; 7) мустақилият, ташаббускорӣ, худфаъолиятии тарбияивиро инкишоф додан, ҳар қадаре, ки метавонад, ҳамон қадар ташкил кардан ва майл додани фаъолияти муфид ва uайра.

Мавҷудияти комплексии ин талаботҳо барои бартарафкунии муносибати синну сол ва фардонагӣ корро осон мегардонад, тарбиягарро водор мекунад, ки ба раванди инкишоф на сатҳӣ, балки чуқур эътибор диҳад.

Ҳини рафтори шахсӣ ба ҳисоб гирифтани синну сол ва хусусиятҳои фардӣ майлҳои навро пайдо мекунад. Қудрати имконият, вазифаҳои наздиктаринро ташхис менамояд. Мо медонем, ки дар синни хурдсолӣ ташаккули сифатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ зуд азхуд карда мешавад. Барои ҳамин ҳам дар синни хурди мактабӣ ва наврасӣ одатҳои муфидро омӯзонидан осон аст. Мактабиёни калонсол ба мустақилӣ майл доранд. Ба ин хусусиятҳо такя намуда дар онҳо идеалҳои баланди ахлоқӣ, ҳисси масъулият инкишоф меёбад.

Дар қатори хусусиятҳои инфиродӣ, ки бояд мураббӣ эътибор диҳад, инҳо мебошанд: фаҳмидагирӣ, тафаккур, хотира, нутқ, характер, мизоҷ, ирода.

Ба назар гирифтани болоравии сатҳи дониши мактабиёни муосир, шавқмандии гуногуни онҳо, мураббӣ бояд худаш ҳамаҷониба иникшоф ёфта бошад. Вай нафақат дар соҳаи ихтисоси худ, ҳамчунин дар сохаҳои сиёсӣ, санъат, маданияти умумӣ маълумот дошта бошад ва барои дастпарваронаш намунаи ибрат гардад.

Бо суръати тез ташаккулёбии сифатҳои шахсият дар синни кӯдакӣ, наврасӣ ба таври муайян амалкуниро талаб мекунад. Талаботҳои ғайриалоқадри ҳол метавонад ба қувва ва қобилияти тарбиягирандагон нобоварӣ орад. Махсусан ба тарбиягарон лозим аст, ки ба сифатҳои муҳими шахсият аз xумла нақшаҳои ҳаётии фаъолият ва рафтор эътибор диҳанд, зеро онҳо қонеъгари шахсият ва талаботи ҷомеа мебошанд.

Иддаи тарбиягарон гумон доранд, ки муносибати фардӣ фақат ба мактабиёни «душвортарбия» тааллуқ дорад, ин тавр гумон кардан хатои маҳз аст. Зеро «беҳтаринҳо» ҳам метавонанд фикр, мотивҳо, кирдорҳои ноҷӯя дошта бошанд, биноан ба ҳама эътибор додан лозим аст.

Амиқ фаҳмидагирифтани тавсифи шахсият аз намуди зоҳирии рафтор хеле мураккаб ва на ҳамавақт имконпазир мегардад. Барои ин худи тарбиягирандагон ба тарбиягар бояд ёрӣ расонанд. Инро бо меҳнати худ, ҳаммаслакон, ҳамкорон кардан мумкин аст. ин роҳи кӯтоҳтарину дурусти ташхиси сифат мебошад.

  1. Дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия

Ин принсип ба пурқувват кардани умури тарбия дар ягонагии мактаб, оила ва ҷамоатчигӣ нигаронида шудааст. Дигар хел карда гӯем, принсипи фаъолияти ҳамкории муаллимон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва оила нисбати тарбияи насли наврас мебошад. Он талаб мекунад, ки ҳамаи шахсон, ташкилотҳо, институтҳои ҷамъиятии дахлдор ба кори тарбия якҷоя амал кунанд, талаботҳоро ба тарбиягирандагон мутобиқ гардонанд, бо якдигар даст ба даст дода, ба ҳамдигар ёрӣ расонанд ва ба пурқувват таъсирбахшии кори педагогӣ мададрасон бошанд. Оила ва ҷамоатчигӣ ба сони ду «боли» мактаб ва агар онҳо хуб кор кунанд, мактаб нисбати таълиму тарбияи ворисон дар фазои баланд ба парвоз меояд. Агар чунин ҳамкорӣ «шал» ё канда бошад, талабҳои гузошта натиҷаҳои пурраи дилхоҳ дода наметавонад. Ҳол он ки рушди ҷомеа ба ворисони ҳамаҷониба камолёфта вобаста аст. Моҳияти принсипи мазкур дар ҳамин якҷоамалкунӣ дида мешавад, ки дар қонунҳои давлатӣ низ инъикоси худро ёфтааст.

Дар амал дуруст бароҳмонии принсип ба тарбиягарон оиди ҳамаҷониба таъсирбахшии корҳои тарбиявӣ ёрӣ мерасонад, вале бо назардошти риоя намудани нишондодҳои зерин:

  1. Шахсияти тарбиягиранда бо таъсири оила, рафиқон, одамони калонсоли атроф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективи талабагӣ ва ғ. ташаккул меёбад. Дар байни онҳо нақши таъсирбахшии коллектив ва шахсияти тарбиягар ҳам калон аст, вале тарбиягар бояд ҳамеша дар бораи дигар соҳаҳои таъсирбахши тарбия низ фикр кунад. Ниҳоят муҳим аст, ки талаботе, ки аз онҳо ва тарбиягар сар мезанад, бояд ягона ва бе мухолифати байни ҳамдигарӣ бошад.
  2. Нақши бениҳоят муҳими ташаккулёбии шахсиятро оила мебозад. Муносибати самимӣ, таъсирбахшии инфиродӣ, муносибатҳои такрорнаёбанда ба тарбия бо назардошти якҷоя ба ҳисобгирии хусусиятҳои кӯдакон, ки волидайн аз тарбиягар дида бештар медонанд, ивазнашаванда аст. Аз ин ҷиҳат талаботи дастгирӣ ва мустаҳкам кардани робита бо оила дар мавридҳои ҳалли ҳамаи вазифаҳои тарбия бо маслиҳат кор кардан зарур аст.

Воситаи робитаи мактаб бо оила ин рӯзномаи мактабиён мебошад. Агар ин ҳуҷҷат аз нигоҳи педагогӣ дуруст ташкил карда шавад, робитаи мустаҳками волидайн ва муаллимон самарабхш мутобиқат мекунад. Ҳозир дар баъзе мактабҳо муаллимон аз боиси бетартиб ва чиркин нигоҳ доштани рӯзнома ба он эътибор намедодагӣ шуданд. Дар мактабҳои ғарб карточкаҳои фардии компютерӣ пайдо шудаанд, дар гумон, ки онҳо ба зудӣ ба мактабҳои мо омада мерасанд. Ҳозир барои фаврӣ нигоҳ доштани алоқаи байни мактабу оила дигар воситаи беҳтарин надорем, аз рӯзнома самарабахш истифода бурдан зарур аст.

  1. Тарбиягар бояд худаш тарбия ёфта бошад. Вай бояд роҳҳои эҷодкорона алоқакуниро бо волидайн нисбати тарбияи кӯдакон пайдо кунад.
  2. Дар таҷрибаи тарбия баъзан дар байни тарбиягару аъзоёни оила нисбати талаботҳо низоъҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро бояд бо хушмуомилагӣ ҳатман ҳал кард, то ки риштаи алоқа канда нашавад.
  3. Ин тавр ҳам мешавад, ки тарбиягар ба фикри коллектив, ташкилотҳои оммавӣ ва дигарон розӣ намешавад, ки ин ба тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин тарбиягар ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳз дастгирии талаботи оқилонаи ҳамдигар бурдбириҳо оварда метавонад.
  4. Амалан иҷро кардани ин принсип барпо кардани системаи ягонаи тарбия дар машғулиятҳо ва берун аз корҳои тълимиро талаб мекунад. Систематикии раванди тарбия, пайдарҳамӣ ва мунтазамӣ, ташаккулёбии шахсиятро таъмин мекунад.
  5. Тариқи ноилшавии таъсирбахшии ягонагии тарбия – мутобиқати пурқуввати одамони ба умури тарбия дахлдор, институтҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Барои ҳамин ҳам тарбиягарон, роҳбарони синф набояд қувваи худро нисбати устувор кардани робитаи байни ҳамаи алоқадорони тарбия: кормандони ҷавон ва ташкилотҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ дареғ донанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *